вторник, 3 июня 2014 г.

Васиятҳои Паёмбари Акрам ба духтарон ва занон

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Ҳамду сипос Худовандро, ки Парвардигори оламиён аст ва дуруду таҳият бар фиристодаи амини ӯ Муҳаммади Мустафо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} то рӯзи қиёмат.
Аммо баъд, ба дурустӣ, ки Ислом занро гиромӣ дошта ва инсофро дар ҳаққи ӯ риоят намуда ва истеҳкому бақои ҷомеаро вобаста ба вуҷуди ӯ намуда ва сарчашмаи ҳаёту зиндагӣ дар ҷомеаро вобаста ба ӯ кардааст.
Паёмбари бузургвори мо } низ мардро ба эҳтирому икроми зан суфориш намуда ва ба фарзандон тавсия кардаанд, ки нисбат ба модарони хеш эҳтиром намоянд. Ҳамон гуна ки занро ба риояти ҳуқуқи шавҳар ва фарзандонаш тавсия намудаанд; ба иборати дигар зан бояд нисбат ба адои ҳуқуқи шавҳар ва фарзандон кӯтоҳӣ накунад ва онҳо низ бояд риояти ҳоли зан ва модарро бинамоянд.
Ибни Асокир аз Амири мӯъминон Алӣ {разияллоҳу анҳу} нақл мекунад, ки он ҳазрат аз Расули Акрам } ҳадисе нақл карда, ки фармуданд:
«Касе ҷуз инсонҳои бузургвор занҳоро икром намекунад ва иҳонаткунанда ба зан касе ҷуз инсони паст ва фурӯмоя намебошад».
Ва низ Паёмбар } дар Ҳаҷҷат-ул-видоъ фармуданд:
«Занҳо кӯмаккунандаи шумо ҳастанд ва молики чизе намебошанд (ва чизеро барои худ намехоҳанд) ва шумо онҳоро ба амонат аз Худованд гирифтаед ва издивоҷи шумо бо онҳо бо номи Худо (ва сиғаи шаръӣ) сурат пазируфтааст, пас дар мавриди рафтор бо онҳо аз Худо битарсед ва рафторе муносиб ва хуб бо онҳо дошта бошед ва дар мавриди онҳо ба некӣ суфориш намоед».
Пайғамбари Акрам } дини мустаҳкам ва оини пур меҳру муҳаббат овард ва зулми мардҳо нисбат ба занҳоро аз миён бардошт ва иҳонатҳои онҳо нисбат ба занҳоро решакан намуд.
Бузургии занро ҳифз намуд, чун ҳаққи ӯро дар интихоб намудани ҳамсаре, ки муносиби ӯ бошад ва зан дар канори ӯ оромиши дарунӣ дошта бошад, озод гузошт. Пас, дар издивоҷ ҳаргиз маҷбур нахоҳад буд ва бе ризоят ва майлу рағбати воқеӣ (на зоҳирӣ) ҳеҷ издивоҷе эътибор надорад ва ботил аст. Ва чӣ зебо фармуд Паёмбари Акрам }:
«Занон ихтиёрдори худ ҳастанд ва духтарон (агарчӣ издивоҷашон бо иҷозати сарпарасти онҳо мебошад, аммо) бояд дар мавриди издивоҷ аз худи онҳо низ ризоят гирифта шавад (онҳо дар издивоҷ маҷбур карда нашаванд) ва албатта иҷозат ва ризояти ӯ бо сукут низ маълум мешавад».
Ислом ҳамон гуна ки суфориши занонро намудааст, занҳоро низ ба риояти умури некӯ ва хайр тавсия кардааст, зеро саодату растгории ҷомеа вобаста ба занҳо мебошад.
Асли умумӣ дар аҳкоми ибодатҳо ва муомилот дар Ислом воҷиб, ё мустаҳаб, ё ҳаром ва ё макрӯҳ (ва ё мубоҳ) мебошад ва ин ба ҷиҳати фазоил ва разоили нуҳуфта дар умури мухталиф мебошад. Ва агарчӣ мардҳову занҳо ба таври мусовӣ ва баробар нисбат ба он аҳком таклиф доранд, валекин дини муқаддаси Ислом баъзе аз аҳкомро ба мардҳо ва баъзе дигарро ба занҳо ихтисос додааст. Ин ба ҷиҳати табиати махсуси ҳар як аз зану мард мебошад, чун зан ва мард ҳар кадом бофти вуҷудии махсус ба худро доранд ва ҳар як комилкунандаи дигарӣ дар бақои насли башар ва пешрафти ҷомеаи инсонӣ мебошанд. Ба ин сабаб ҳар кадом мутаносиб бо табиати худ метавонанд амал кунанд ва ба ҳамин хотир аст, ки Набии гиромӣ } аз монандшавии мардҳо ба занҳо ва баръакс наҳй карда ва фармуд:
«Худованд занҳоеро, ки худро шабеҳи мардҳо ва мардҳоеро, ки худро шабеҳи занҳо кунанд, лаънат кунад».
Аз ҷумла аҳкому одоби махсуси занон умуре аст, ки барои пешгирӣ аз решаи фасод ва ҳифзи шарофату каромати зан аз дастбурди мардони аҳмақу нодон, қарор дода шуд; мардоне, ки бо ниятҳои нопок ва хабосати зотии худ дар садади ба инҳироф кашидани занон мебошанд; мисли равиши фосиқони ҷафокор, ки дар ҳар замону макон дар паи аз байн бурдани ҳурмати бонувон ва таҷовуз ба каромату иффати онҳо дар бадтарину зишттарин сурати ҷурмҳои башарӣ ҳастанд, ки завқи солим ва табиату фитрати пок аз он нафрат дорад.
Барои пешгирӣ аз решаи фасод ва беиффатӣ, Паёмбари муаззами мо } аз хилват кардани зану марди бегона наҳй кардааст. Зеро ин амр асоси шарру балои пинҳон аст. Ва аз ҳамин ҷиҳат аст, ки шариати муқаддаси Ислом аз мусофирати зан бе яке аз наздикони худ ва аз дохил шудани мард дар ҷое, ки зани танҳо ва номаҳрам вуҷуд дорад, шадидан наҳй кардааст.
Ва ин мусаллам аст, ки дӯстӣ ва улфату унс маъмулан дар сафар бештар аст ва эҳтимоли хатари инҳироф низ афзун мебошад. Ва зарару зиёне, ки дар дунё аз ин гуна инҳирофот бар сари занон меояд ба маротиб бештар аз зарарҳои иҷтимоие аст, ки ба сӯи мардон меояд ва дар охират ҳам ҳисоби ҳар яке аз онҳо бо Худованди Мутаол аст.
Расули Худо } фармуд:
Бо духтарони бокира издивоҷ кунед, ки покизатар ва поктару оростатар ҳастанд.
Далели суфориши Қуръони Маҷид ба масъалаи ҳиҷоб барои хонумҳо низ, ки баъдан ба он мепардозем, пешгирӣ аз шарру офатҳое аст, ки беҳиҷобӣ омили он мебошад, зеро барои занҳо фитнае шадидтар аз мардҳо ва барои мардҳо фитнае шадидтар аз занҳо вуҷуд надорад.
Ин аз он ҷиҳат аст, ки нигоҳи зану марди номаҳрам ба якдигар ҳамон гуна, ки Паёмбар } фармуд, тири заҳролуде аз тирҳои шайтон аст, махсусан агар зан дорои чеҳра ва андоми зебо бошад ва худро ороста намояд, ки дар он сурат бебандубории ӯ дар либос пӯшидан, доми шайтонӣ барои худи ӯ ва барои ҷомеа мебошад, балки бадбахтии абадӣ ва хасорати ухравии шадиде аз он эҷод мешавад ва ин Ислом аст, ки бар иффату покӣ ва оростагии зан ҳарис мебошад.
Зане, ки худро ба дигарон менамоёнад, пайваста суханҳо ва гумонҳои норавои бисёре дар борааш ҷараён дорад ва ин ки Ислом хилват кардани мард бо зани номаҳрамро ҳаром донистааст, ба ҳамин сабаб аст, ки фитнае эҷод нашавад ва бояд аз иллати фитна дурӣҷуста шавад ва роҳи фасод бояд баста гардад ва ба ин хотир нигоҳе, ки хавфи эҷоди фитна дар он бошад, ҳаром аст.
Ин як қоидаи усулӣ, шаръӣ ва қатъӣ аст, ки дафъ намудани фасод муҳимтар аз ҷалби маслиҳат аст ва худнамоию ороиш кардани зан барои ғайри шавҳараш фасодовар аст ва дафъи он лозиму воҷиб мебошад ва сустию кӯтоҳӣ дар он ҷоиз нест.
Мо дар ин китоб суфоришоти Расули Худо } ва насиҳатҳои он ҳазрат ба зани мусалмон, ки пояи саодати дунёву охират аст, ҷамъ кардаем, ки Расули Акрам беҳтарин бандагони Худо ва охирин Паёмбар ва муштоқтарини мардум нисбат ба саодати уммат ва пойбандтарини мардум дар амал намудан ба дастуроти илоҳӣ ва ҳаристар аз дигарон нисбат ба наҷоти уммат аз оташи ҷаҳаннам мебошанд.
Ба духтарони мусалмон тавсия мекунем, ки суфоришоти Расули Акрам }-ро комилан (пурра) ба кор банданд, ки онҳо ҷавонони имрӯз, модарони фардо ва модарбузургҳои оянда ҳастанд.
Балки бар ҳар зане лозим аст, ки ин суфоришотро дар зеҳни худ нигоҳ дорад ва худро дар амал ба онҳо пойбанд намояд, зеро ин дастурот аз маҳбубтарин бандагони Худо, ки дилсӯз ба ҳоли мо мебошад, содир шудааст.
Умед аст Худованд, аз ин нафъе оиди муслимин намояд.

Комментариев нет:

Отправить комментарий