пятница, 13 июня 2014 г.

Асбоби қабули тоъат

Яҳё ибни Муоз мегӯяд: "ҳар кӣ бо забонаш истиғфор кунад, аммо дилаш ба гуноҳ баста бошад ва нияташ он бошад, ки баъд аз тамом шудани моҳи Рамазон ба сӯйи гуноҳ баргардад, пас рӯзааш ба худи ӯ бармегардад ва дари қабул ба рӯяш баста мешавад". Маъмулан, бештари касоне, ки тавба мекунанд, ҳамвора мегӯянд: "медонам, ки ба зудӣ ба сӯйи он гуноҳ боз хоҳам гашт…", аммо шумо чунин нагӯед, балки бигӯед: "агар Худо хоҳад, ба сӯйи он гуноҳ дигар барнамегардам", бо боварии тамом, на бо шакку тардид. Аз Худованд (ҷ) ёрӣ бихоҳ ва азматро ҷазм кун, ки дигар ба сӯйи он гуноҳ боз нагардӣ.
Баъд аз анҷоми ҳар тоату ибодате чӣ рӯзаву намоз, ҳаҷҷу умра, садақа ё амали солеҳи дигаре ҳамаи мо сухани Алӣ (р)-ро такрор менамоем, ки фармуд: "эй кош, қабул мегашту табрикаш мегуфтем ва ба маҳрумгашта таъзият мефиристодем". Инчунин баъд аз ҳар ибодате гуфтаи Ибни Масъуд (р)-ро ба кор мебарем, ки мефармояд: "эй қабулгашта, табрик бодат ва эй мардудгашта, Худованд мусибататро таскин диҳад". Алӣ (р) мефармояд: "Ба ночиз будани амал таваҷҷӯҳ накунед, балки ба қабул гаштани он андеша кунед". Оё нашунидаед, ки Худованд (ҷ) мефармояд: "Худованд фақат аз тақвопешагон мепазирад" (сураи "Моида", ояти 27). Дӯстони азиз, монанди баъзе аз мусулмонон, ки бар қабули ибодаташон ҳарис нестанд, набошед. Оре, ба анҷом расонидани амали хуб неъмати бузург аст, аммо қабул гаштани он боз бузургтар аст. Вақте мусулмон асбобу далелҳои қабули дуоро медонад, бо як таваҷҷӯҳи хосса ба анҷоми корҳои хуби дигаре камари ҳиммат мебандад.
Худованд (ҷ) аз тоату ибодати мо бениёз аст, чунонки мефармояд: "ҳар кӣ сипос бигзорад, танҳо барои худ сипос мегузорад ва ҳар кӣ куфрон кунад, дар ҳақиқат Худо бениёзу сутудааст" (сураи "Луқмон", ояти 12). Ҳамчунин Худованди мутаол (ҷ) мефармояд: "агар куфр варзед Худо аз шумо бениёз аст ва барои бандагонаш куфронро хуш намедорад ва агар сипос доред онро барои шумо меписандад" (сураи "Зумар", ояти 7). Мӯъмин ҳамеша дар пайи тоату ибодат ва наздикӣ ба Худованд (ҷ) аз ҳама гуна роҳҳои тақарруб ҷустан ба вай аст, зеро дилаш ба ҳоли хеш месӯзад ва боз бими онро дорад, ки аз қабул гаштани ибодатҳояш маҳрум гардад
Тавфиқи аъмоли солеҳ яке баъд аз дигаре. Нишонаи қабули тоат он аст, ки банда тавфиқи ибодати баъдиро пайдо кунад. Аз нишонаҳои қабули як кори нек анҷоми кори неки дигарест. Амали нек пайваста мегӯяд: хоҳарам-хоҳарам. (кори неки дигареро фарёд мекунад). Ин аз раҳмати Худованд (ҷ) ва бахшиши вай аст, ки бандаашро гиромӣ медорад, ки агар кори неке анҷом диҳад, дарвозаи амали неке ба рӯйи вай мекушояд, то битавонад бештару бештар ба ӯ наздик гардад. Пас амали солеҳ дарахти хубест, ки эҳтиёҷ ба обёриву мувозибат дорад, то рушду нумӯ пайдо карда, пойдор шаваду мева диҳад. Муҳимтарин чизе, ки ба он ниёзмандем он аст, ки ҳамчунон ба аъмоли солеҳе, ки пештар анҷом медодем, пойбанд монда бар онҳо мудовамат намуда, андак-андак бар онҳо бияфзоем.
Бандаи мӯъмин ҳар нафасе агар амале хайре кунад, боз ҳам наметавонад шукронаи неъматҳои бебаҳои Худованд: аз ҷумлаи шунавоию биноӣ ва гӯёиро ба ҷо оварда бошад. Гузашта аз ин, мардуми накӯкор аз анҷом додани корҳои хайр хаста намешаванд, баракс амали худро кӯчак шуморида, ҳар лаҳза дар пайи анҷоми амали дигаре мешаванд . Он чӣ дар хурд намудани аъмол ба мо кӯмак мекунад, иборат аст: аз шинохти Худованд (ҷ), мушоҳида намудани неъматҳои ӯ ва ба ёд овардани гуноҳу хатогиҳои худ. Бояд дар ин бора тааммул кунем, ки чӣ сон Худованди мутаол пас аз дастур ба умури муҳими дигаре ба Паёмбараш (с  ) ин масъаларо супориш намуда, фармуд: "эй кашидаи ридои шаб бар сар. Бархезу битарсон. Ва Парвардигори худро бузург дор. Ва либоси хештанро пок кун. Ва аз палидӣ дур шав! Ва миннат магзору фузунӣ маталаб". Аз рӯйи ин маонӣ Ҳасани Басрӣ мегӯяд: "бо зиёд пиндоштани аъмоли худ бар Худованд (ҷ) миннат магзор".

Соҳиби "Мадориҷ-ус-соликин" мегӯяд: "ҳар гоҳ ки ҳақиқати рубубият ва ҳақиқати бандагиро мушоҳида намудаву Худовандро бишносӣ ва худро низ бишносӣ, бароят намоён хоҳад гашт, ки он тӯшае, ки ҳамроҳи туст ҳеҷ шоистаи ҳақ нест. Агар тамоми аъмоли инсу ҷинро дошта бошӣ ҳам, аз оқибати хеш хоҳӣ тарсид. Худованд онро танҳо бо караму бахшиши хеш ва бо фазли худ мепазирад, ҳамчунин подошу савобе, ки бар ту медиҳад танҳо аз сари лутфу караму фазл асту бас".



Дӯстдоштани тоат ва бад дидани гуноҳ. Яке аз нишонаҳои қабули тоат ин аст, ки Худовандро дӯстдошта, сидқан ӯро итоат намоӣ ва бо ӯ унс гирифта бошӣ ва ба ӯ итминон кунӣ. Худованд (ҷ) мефармояд: "ҳамон касоне, ки имон овардаанд ва дилҳояшон бо ёди Худо ором мегирад, огоҳ бош, ки бо ёди Худо дилҳо оромиш меёбанд"(сураи "Раъд", ояти 28).

Аз ҷумлаи нишонаҳои қабул ин аст, ки шахс гуноҳ ва наздикӣ ба онро нописанд бидонад ва аз Худованд (ҷ) бихоҳад, ки аз он дураш бидорад. Ба монанди дуои зер дуо намояд, ки: Парвардигоро, имонро бароям дӯстдоштанӣ кун ва онро зинати қалбам намо ва куфру нофармонию олудагиро бароям нописанд бидор ва маро ҷузви инсонҳои вораста қарор бидеҳ".

Умедворӣ ва дуои бисёр. Албатта тарс аз Худованд (ҷ) кофӣ нест ва ҳатман бояд нуқтаи муқобили он низ вуҷуд дошта бошад, ки он умедворист. Зеро тарс бидуни умед боиси яъсу ноумедӣ мешавад ва дар иваз умедвории бидуни тарс мунҷар ба итминон аз макри Парвардигор мешавад, ки ҳарду ҳолат нописанд буда, ақидаву ибодати фардро айбнок менамояд.

Умеди қабули амал - ҳамроҳ бо умед аз мардуд гаштани он -дар вуҷуди инсон фурутанӣ ва хушӯъ дар баробари Худованд(ҷ)-ро падид меоварад ва бар имону боварии вай меафзояд. Бо амалӣ гаштани умедворӣ инсон дастони худро барои дархости қабули ибодатҳояш аз Худованд боло мебарад.



Эҷоди осонӣ барои анҷоми тоат ва дурӣ аз маъсият . Субҳоналлоҳ, вақте Худованд (ҷ) тоатеро аз ту мепазирад, роҳи анҷоми дигареро, ки фикрашро ҳам намекардӣ, бароят осон мекунад.



Дӯстӣ ба солеҳон ва душман доштани аҳли маъсияту гуноҳ. Аз ҷумлаи нишонаҳои қабули тоат он аст, ки Худованд(ҷ) дӯстии инсонҳои накӯкорро дар қалбат бияфканад ва инсонҳои фосиду гунаҳкорро дар дили ту нописанду мабғуз дорад. Аз Имом Аҳмад (р) ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармуд: "волотарин имон ҳамонест, ки инсон барои Худо дӯстӣ ва ба хотири ӯ душманӣ кунад".

Дӯсти гиромӣ, бигӯ, киро дӯст медорӣ ва бо кӣ ҳамнишинӣ мекунӣ ва киро мехоҳӣ, то ба ту бигӯям: кӣ ҳастӣ. Атоуллоҳи Искандарӣ гуфтааст: вақте мехоҳӣ ҷойгоҳи худро назди Худованд(ҷ) бишносӣ бубин, ки ҷоятро куҷо қарор додааст. Бояд ҳама амали худро хос барои Худо гардонем ва ба ӯ ҳеҷ шайеро шарик қарор надиҳему супориши Паёмбар (с)-ро итоат намоем, ки мефармояд: "Он кӣ ба хотири Худо дӯст дорад ва ба хотири Худо душман бидорад, ба хотири Худо бидиҳад ва ба хотири Худо аз додан даст бикашад, имони вай комил гаштааст" (Имом Аҳмад).
Талаби омурзиши бисёр. Тамоми ибодатҳо бояд бо тавбаву омурзишталабиҳо ба поён расад. Бинобарин ҳар қадар инсон алоқаманду кӯшишкунанда дар такмил намудани амали худ бошад, боз ҷойи нақзу кӯтоҳӣ дар он боқист. Чунончи Худованд(ҷ) мефармояд: "ва дар саҳаргоҳон (азХудо) талаби омурзиш мекунанд"(сураи "Зориёт", ояти 18). Инчунин Худованд(ҷ) ба Паёмбар(с) чунин амр менамояд: "пас бидон, ки ҳеҷ маъбуде ҷуз Худо нест ва барои гуноҳи худ омурзиш ҷӯй ва барои мардону занони боимон (талаби мағфират кун)".(сураи "Муҳаммад", ояти 19). Ҳамчунин Паёмбар(с) дар рукӯъ ва суҷуди худ мефармуд: "бор илоҳо, поку муназзаҳ Парвардигоро, ситоиш барои туст. Бор илоҳо, маро биёмурз". (Имом Бухорӣ).
Мудовамат бар аъмоли солеҳ. Равиши Паёмбар(с) мудовамат бар аъмоли солеҳ буда аст. Аз Оиша (р) ривоят шуда, ки мефармояд: "Паёмбар(с) вақте амалеро анҷом медод, онро нек анҷом медод"(Имом Муслим). Паёмбар  (с) мефармояд: "Дӯстдоштатарини амал дар назди Худо ва паёмбараш бардавомтаринии онҳост, ҳатто агар андак бошад"(Имом Бухорӣ ва Имом Муслим).

Хушо ба ҳоли касоне, ки корҳои некро ҳамеша анҷом медиҳанд, агар бо сабаби беморӣ ё сафар ё дар хоб мондан анҷом надиҳанд, барояшон амали нек навишта мешавад. Паёмбар  (с) мефармояд: "вақте шахсе бемор шавад ва ё сафар намояд, савоби он чиро, ки дар ҳоли сиҳату иқомат анҷом медод, дар меёбад". Ин башорат барои шахсест, ки тоатеро пайваста анҷом медод, аммо амре монеи идомаи он амал мегардад, дар ҳоле ки Худованд дар номаи аъмоли ӯ савоби он амалро бардавом менигорад.

Комментариев нет:

Отправить комментарий