среда, 10 декабря 2014 г.

Ибодатҳо

Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим
Вақте, ки ҳаёти қалб бо имон ҳадафе бошад, ки ба воситаи он бандагии Аллоҳ таъоло амалӣ мешавад, пас инҷо суоле матраҳ мегардад, ки мусалмон ба ин ҳадаф чигуна метавонад бирасад?
Аллоҳ таъоло василаҳоеро, ки моро ба он ҳадафи олӣ хоҳад расонд, раҳнамоӣ кардааст. Ин василаҳо, ибодатҳо бо ҳарду қисме, ки доранд, яъне ибодатҳои қалбӣ ва ибодатҳои баданӣ, мебошанд.
"Эй инсонҳо, Парвардигоратонро, ки шуморо ва касонеро, ки пеш аз шумо буданд офаридааст, ибодат кунед, шояд тақводор шавед". Сураи Бақара. Ояти: 21.

Ибодатҳо давоҳои бисёр фоидабахшанд, онҳо қалбро ёрӣ медиҳанд, то битавонад бандагии комилашро ба Аллоҳ таъоло амалӣ кунад.
Мо барои ин гуфтаҳо мисолҳо меорем:
Намоз ибодате аст, ки инсони мусалмонро ба фурӯтанӣ ва варшикастагӣ дар пешгоҳи Парвардигораш эҳсос мекунонад. Ин василаи ниҳоят бузурге аст барои пайвастан ба Аллоҳ таъоло, барои муноҷот бо Ӯ намудан, эҳсоси қурби онро дарёфтан, ба ӯ усн гирифтан ва шавқ дар қалб пайдо кардан, эҳсос мекунонад. Дар натиҷаи он хузуъ ва фурӯтании бештарашро ба Аллоҳ таъоло ҳис мекунад. Ба ин сурат имон аз хилоли ин намоз зиёда мегардад ва осори он имон дар ангезаҳои инсон ва рафтораш зоҳир мегардад. Пас барои анҷоми корҳои хайр шитоб мекунад, ангезаи дохилиаш қувват мегирад ва муқовамати он бар зидди корҳои маъсият ва наздик шудан ба онҳо, қавӣ мешавад. Пас ин ояти Худовандӣ таҳаққуқ пайдо мекунад, ки: "Намозро барпой дор, ки намоз аз фаҳшо ва мункар манъ мекунад" Сураи Анкабут. Ояти:45.
Садақа ибодати бузург аст, ки қалбро аз бемориҳои дустдории дунё ва ба он тааллуқ гирифтан, илоҷ мекунад. Яъне он қалбро пок месозад ва қувваташро бештар мегардонад. "Аз молҳояшон садақа бигир, ки онҳоро пок бисози ва ба воситаи он тазкияашон намои" Сураи Тавба. Ояти: 103.
Рӯза доштан, инсонро барои ҳоким шудан бар нафси худ ва онро ба тақвои Худованд маҷбур намудан, ёрӣ мерасонад. "Бар шумо рӯза доштан фарз гардонида шуд, ҳамчуноне ки бар касоне, ки пеш аз шумо буданд, шояд ки тақводор шавед" Сураи Бақара. Ояти: 183.
Зикр намудан, ҳадафаш ба ёд овардани Аллоҳ таъоло мебошад. Ба ёд овардани азамату бузургӣ ва ҷамолу икроми Ӯ таъоло. Пас инсон ба ин сурат итминон ва боварию имонаш бештар мегардад. "Огоҳ бошед, ки ба зикри (ёд намудани) Аллоҳ қалбҳо мутмаину ором мешаванд". Сураи Раъд. Ояти: 28.    
Ба ҳамин сурат аст дар боқии ибодатҳои қалбӣ ва ибодатҳои баданӣ. Он ибодатҳое, ки як манзумаи мутакомилро ташкил медиҳанд ва аз хилоли дуруст анҷом додани онҳо, он ҳадафи бузург аз вуҷуди мо дар рӯи ин замин, амалӣ мегардад.
Ҳеч ибодате нест, ки Аллоҳ таъоло моро ба он раҳнамоӣ кардааст магар ин ки ба монанди василае ва маркабе аст, ки моро ба сӯи пеш дар иттиҷоҳи қурби Худованди субҳон мебарад, то ба он ҳадафи бузург дар дунё бирасем. " Аллоҳро чунон ибодат намоӣ, ки гӯё онро медида боши" ва дар охират "Ва Худованд касонеро, ки тақворо пеша кардаанд ба растагриашон наҷот медиҳад" Сураи Зумар. Ояти:61, ноил гардем.

Неки кардан ба Падару Модар

Ба падару модар некӣ кардан васияти Расулуллоҳ (с) аст.
Ба далели ҳадиси Абудардо (р) ки гуфт: Расулул­лоҳ (с) маро ба нуҳ чиз васият кард: “Ба Худованд чизе­ро шарик маёвар, агарчи пора-пора карда шуди ва сӯзонда шуди ва намози мактубаро (панҷвақта, ки фарз мебо­шад) албатта қасдан тарк нанамои, касе онро қасдан тарк намуд аз ӯ зимма бардошта мешавад (зимма: барои ҳар як нафаре аҳде аз Худованд аст ба ҳифозат кардан ва нигаҳбонӣ, пас вақте худашро ба ҳалокатгоҳ партофт ё чизеро ки бар вай ҳаром буда анҷом дод ё он чизеро ки фармон дода шуда буд мухолафат намуд, зиммаи Худованд барояш азбайн меравад) ва албатта майро манӯш, ки он калиди ҳама бадиҳост. Ва падару модаратро итоат кун, агарчи туро фармон диҳанд, ки аз дунёят берун шав, пас барои онҳо бибаро. Ва соҳибони амрро (сардор ва раҳбаронро) мунозаъа макун, агарчи худатро танҳо диди (яъне дар ҳақ). Ва аз ҳамла магу­рез, агарчи ҳалок шуди ва рафиқонат гурехтанд. Ва аз сарватат бар аҳли хонаводаат харҷ намо ва асоятро аз аҳли хонаводаат мабардор (яъне задани ба ҳақ, ҳамчуноне ки дар ояти 34 сураи Нисо омадааст. Ва маънои дигараш ин ки манъ намудани аҳл аз фасод аст ва адаб додани онҳост. Ин мафҳумро ҳадиси ибни Аббос (р) таъйид мекунад, ки Паёмбар (с) ба овезон кардани тозиёна дар хона (ҷиҳати тарбия на ҷазо) фармоиш додааст) ва онҳоро дар бораи Худованди азза ва ҷалла битарсон

Некӣ ба падару модар кардан дар вақти ҳаёт будан ва баъди маргашон низ мешавад. Пас агар касеро эҳсон намудан ба падару модараш дар ҳаёташон фурсат нашуда бошад, Аллоҳ таъоло барои ӯ инро баъди маргашон муяссар гардонидааст, баробар аст, ки бо садақа додан аз ҷои онҳо бошад ё ба истиғфор кардан ё бо дуо намудан дар ҳақи онҳо, қарзи онҳоро додан, иҷро кардани аҳди онҳо баъд аз маргашон ва силаи раҳм (пай­вандии хешутабор)-е, ки танҳо аз тариқи онҳо пайвандӣ карда мешавад, пайвандӣ ба дӯстонаш ва ғайри инҳо аз навъҳои некӣ ва эҳсон намудан ба онҳо мебошад.
Худованд салоту салом бар Расули ҳабибаш, ва маҳбуби мо муъминон Муҳаммад (с) бифиристад ва бар олу асҳобаш ва бар тамоми касоне, ки аз онҳо ба некӣ то рӯзи қиёмат пайравӣ намуданд, ва бар падару модарам низ. Парвардигоро онҳоро раҳмат намо ҳамчуноне, ки маро дар хурдсолӣ тарбия намуданд ва ҳар кӯтоҳӣ ва хатое дошта бошанд, бо лутфу карамат, бори Илоҳо, мағфи­раташон намо. Ва ҳар ҳасаноте, ки дошта бошанд, бар онҳо ба андозаи илму карамат ба сазовории ҷоҳу ҷалолат, афзун бигардон. Бори Илоҳо! Аз падару модарам розӣ бош ва онҳоро аз Худат розӣ бигардон. Бори Илоҳо! Пада­ру модарамро аз ман розӣ бисоз. Бори Илоҳо! Фир­давси Аълоро насибашон гардон ва мақомашон бисоз. Онҳоро бо ҳамроҳии паёмбарон, сиддиқон, шаҳидон ва солеҳон ҷой бидеҳ, ки беҳтарин рафиқон ҳастанд. Омин.

ЗИНДАГИИ ҚАЛБ БО ИМОН АСТ

Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим

Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло моро офарида ва дар рӯи замин барои сукунат кардан имкон додааст, то як вазифаи бузургеро анҷом дода бошем, ки он иҷро намудани бандагии Аллоҳ таъоло аст.
"Ва ман ҷину инсро танҳо барои ибодати худам офаридаам". Қуръон. Сураи Зориёт, ояти 56.
Ин бандагӣ ҳақиқате дорад, ки бояд исбот карда шавад. Ва бар асоси он ҳақиқат лозим аст инсон дар фазои он бандагӣ умр ба сар барад ва осори бандагӣ дар рафтору гуфтор ва муомилоту муносибатҳояш зоҳир гардад.

Бандагии Аллоҳ таъоло маънояш варшикастагӣ, хоксорӣ, тасмили комил шудан ба Аллоҳ таъоло, итоати амрҳои Ӯро намудан, бардавом аз Ӯ тарсидан, эҳсоси эҳтиёҷмандии мутлақ ба он доштан ва муҳтоҷии комилро ба Ӯ эҳсос кардан аст. Бинобар ин аз Ӯ таъоло бардавом талабу дархост намудан, ба ӯ эҳтиёҷмандии худро изҳор кардан, бар ӯ таваккул намудан, холисона ва бо муҳаббати Ӯ таъоло ба тарафаш таваҷҷӯҳ кардан ва баргузидани ончӣ ӯ дуст медорад ва ҳар чизеро, ки хушнӯдии Ӯ таъоло дар он аст, мебошад. То ин ҳама дар рафтори инсон намудор гардад ва дар натиҷа ҳама диққати андешаи ӯ анҷом додани он ҷизҳое бошад, ки мавлояшро розӣ месозад ва ба сабаби он амалҳо раҳмату фазл ва подошеашро, ки барои бандагони муттақиаш ваъда додааст, ба худ ҷалб менамояд. Аз ин ҷиҳат саъю кӯшиши ӯ барои анҷоми ҳар коре, ки ба ҷаннат наздикаш месозад ва аз оташи дӯзах дураш мегардонад, зиёда мешавад.
Бандагии ҳақиқӣ ин ғолиб омадани имон дар қалби инсон ва шуъури ӯ мебошад. Яъне вақте, ки имон тамоми қалби ӯро фаро гирифт ва дар шуъураш танҳо ин имон ҷой дошта бошад, ки дар он дигар чизе вуҷуд надошта бошад, ин ҳолатро бандагии ҳақиқӣ метавон номид. Ин инсон дигар дустдориаш ба Аллоҳ субҳонаҳу ва таъолоро маҳбубтарин чизҳо медонад ва тарси ӯ аз Аллоҳ таъоло тарсноктарин чизҳо хоҳад шуд.
Ин аст, ки дигар танҳо ба Худованд итминон дорад ва ба Ӯ таъоло бовар мекунад ва ба қудрати беинтиҳо ва қурбу наздикии Ӯ таъоло ва илм доштанаш ва иҳота карданаш ба ҳами чиз бовар мекунад ва бар он такя менамояд. Бинобар ин бар Ӯ таваккул мекунад ва тақвои Ӯро пеш мегирад, дӯсташ медорад ва муштоқи Ӯ таъоло мебошад.
Бар Аллоҳ таъоло таваккул намудан, дӯсташ доштан ва аз Ӯ тарсидан, инҳо далел бар қуввати имон ва қуввати бандагиаш ба Аллоҳ таъоло мебошад:
-         "Ва бар Худованд таваккул кунед, агар имондор бошед" Сураи Моида. Ояти: 23.
-         "Пас Худованд ҳақноктар аст, ки аз Он битарсед, агар имондор бошед" Сураи Тавба. Ояти: 13.
-         "Ва тақвои Аллоҳро пеша бигиред, агар имондор бошед" Сураи Моида. Ояти: 57.
Ба кадом андозае, ки имон дар қалби инсон ҷой гирифт, рафтори инсон мутобиқ ба ҳамон андоза хуб мешавад. Аз ин ҷиҳат аст, ки Расулуллоҳ (с) фармуданд: "Огоҳ бошед, ки дар ҷасад як гӯштпорае аст, ки агар дуруст шавад, тамоми ҷасад дуруст мешавад ва агар вайрон шавад тамоми ҷасад вайрон мешавад, огоҳ бошед, ки он қалб аст" Муттафақун алайҳ.
Имон ин ангезае барои истиқомат варзидан ва рафтори дуруст доштан аст.
"Ва ҳеч марди муъмин ва зани муъминро нарасад, ҳангоме, ки Худо ва Паёмбараш кореро ҳукм кунад, он ки онҳо дар корашон ихтиёре бошад" Сураи Аҳзоб. Ояти: 36. Яъне дар баробари амри илоҳӣ ва паёмбараш дар ҳар коре набошад, дигар марду зани муъмин ихтиёре надоранд, ҷуз амри онҳоро барои иҷро намудан ихтиёр кардан.
"Ва Худо ва расулашро итоат кунед, агар имондор бошед" Сураи Анфол. Ояти: 1.
"(Ҳукм) ин аст ва касе ки шаъоири илоҳиро бузург дорад, пас бегумон ин (кор) аз тақвои қалбҳо аст" Сураи Ҳаҷ.  Ояти: 32.

понедельник, 10 ноября 2014 г.

Гул туҳфаи беҳтарин аст барои зан

Дар ҳадиси шариф омадааст: "Байни ҳам ҳадя диҳед, то дӯстатон биафзояд". Маросимҳои зиёде барои  занон вуҷуд дорад, ки мард онҳоро медонад ва сазовор аст, ки ҳамсарашро дар онҳо фаромӯш накарда, аз ҳадяҳо истифода барад.
Бисёриҳо ба ин андешаанд, ки занҳо бештар ҳамчун тӯҳфа гулро дӯст медоранд. Гул  барои зан  ин чизи муҳим аст ва он аз ҷиҳати моддӣ ҳадяи бисёр оддист, лекин аз ҷиҳати маънавӣ нисбат ба занҳо чизи хеле арзанда аст. Пас оё шумо ягон маротиба фикр кардаед, ки барои  занатон як даста гули зебо тӯҳфа бибаред. Бигузор бе ҳеҷ муносибат, ё зодрӯз ва ғайра. Ё ҳатто барои изҳори муҳаббат як дона гул барои  ӯ ҳозир кардаед?
Ҳадя ин бисёр чизи муҳим ва зарурист, он муҳаббатро байни ду тараф меафзояд. Баланд ё арзон будани нархи тӯҳфа шарт нест. Шахсе,ки ба қиммати ҳадя менигарад, ҳаргиз маънои ҳадяро дарк накардааст. Ӯ инсони моддист, маънои муҳаббатро дар ҳақиқат нафаҳмидааст. Агар ман ҳадяи оддие ба шахсе пешниҳод намудам, ҳаргиз ин маънои онро надорад, ки ман ӯро дӯст намедорам.
Инчунин пешниҳод намудани ҳадяи қимматбаҳо маънои онро надорад, ки ҳадякунанда ӯро бисёр дӯст медорад. Гоҳо ин дуруст мебарояд ва гоҳо шояд чунин набошад. Ҳеҷ алоқае байни андозаи муҳаббат ва қиммати ҳадя вуҷуд надорад, магар ки инсон бахил бошад ва ин чизи дигар аст, лекин ба шакли умум ҳадя нишонаи дӯстию муҳаббат аст.
Ривоят мекунанд, ки Худованд накҳат аз гул, нӯш аз ангубин, гармӣ аз офтоб, тароват аз борон, шукӯҳ аз осмон, борондагӣ аз абр, равшанӣ аз субҳ, зебоӣ аз баҳору хушилҳомӣ аз андалебро қатра – қатра ҷамъ оварду занро офарид, то ҷаҳонро равшану инсониятро хушбахт гардонад.

вторник, 4 ноября 2014 г.

Гуфтугу бо ҳазрати Одам

Номат чи буд?
Одам
Фарзанди?
Манро на модаре на падаре, бинавис аввалин ятими хилқат
Маҳалли таваллуд?
Биҳишти пок
Инак маҳалли сукунат?
Замини хок
Он чист бар пушт ниҳодӣ?
Амонат аст
Қаддат?
Рузе чунон баланд буд, ки ҳамсояи Худо, инак ба қадри сояи бахтам ба руи хок
Аъзои хонавода?
Ҳаввои хубу пок, Қобили хашмнок, Ҳобили зери хок
Рузи таваллуд?
Рузи ҷумъа, ба гумонам рузи ишқ
Рангат?
Инак фақат сиёҳ, зи шарми чунон гуноҳ
Чашмат?
Ранге ба ранги бориши борон, ки биборад зи осмон
Вазнат?
На ончунон сабук, ки парам ба ҳавои дуст... на ончунон вазнин, ки нишинам бар ин хок
Ҷинсат?
Ними маро зи хок, ними дигар Худо
Шуғлат?
Дар кори кишти умедам
Шокии ту?
Худо
Номи вакил?
Он ҳам Худо
Ҷурмат?
Як себ аз дарахти васваса
Танҳо ҳамин?
Ҳамин!!!
Ҳукмат?
Табъид дар замин
Ҳамдаст дар гуноҳ?
Ҳаввои ошно
Тарсидаӣ?
Каме
Оё касе ба мулоқотат омадааст?
Бале
Ки?
Гоҳе фақат Худо
Дорӣ гилояе?
Дигар гилоя на?, вале...
Вале чӣ?
Ҳукме чунин, он ҳам як гуноҳ!!!?
Дилтанг гаштаӣ?
Зиёд
Барои кӣ?
Танҳо Худо
Овардаӣ санад?
Бале
Чӣ?
Ду қатра ашк
Дорӣ ту зомине?
Бале
Чи касе?
Танҳо касам Худо
Дар охирин дифоъ?
Мехонамаш, ки чунон иҷобат кунад дуо...

Нархи чашм, гуш, даст ва пой



Яке дар пеши бузурге аз фақри худ шикоят мекарду сахт менолид. Гуфт: мехоҳӣ, ки даҳ ҳазор дирҳам дошта бошию чашм надошта бошӣ? Гуфт: албатта, ки не, ду чашми худро бо ҳамаи дунё иваз намекунам
Гуфт: ақлатро бо даҳ ҳазор дирҳам иваз мекунӣ?
Гуфт: на.
Гуфт: дасту пои худро чи?
Гуфт: ҳаргиз.
Гуфт: пас ҳамакнун Худованд, садҳо ҳазор дирҳам дар домони ту гузошта аст. Боз шикоят дорӣ ва гила мекунӣ? Балки ту ҳозир нахоҳӣ буд, ки ҳоли хешро бо ҳоли бисёре аз мардумон иваз кунӣ ва худро хуштару хушбахттар аз бисёре аз мардумони атрофи худ мебинӣ. Пас ончӣ туро додаанд, басе бештар аз он аст, ки дигаронро додаанд ва ту ҳануз шукри ин ҳамаро ба ҷой наёварда, хоҳони неъмати бештаре ҳастӣ.

Баргирифта аз: Имом Муҳаммад Ғаззолӣ, Кимёи саодат, ҷ2, саҳ 380

Худоё


Худоё! Ман гумшудаи дарёи муталотуми рузгорам ва ту бузургворӣ. Пас эй Худо! Ҳеҷ медонӣ, ки бузургвор он аст, ки гумшудаеро ба мақсад бирасонад? То абад муҳтоҷи ёрии ту, раҳмати ту, таваҷҷуҳи ту, ишқи ту, гузашти ту, афви ту, меҳрубонии ту ва дар як калом муҳтоҷи туам.

Садои Худоро мехостам бишнавам
Нидо омад: ба нола ва тавбаи гунаҳкор гуш кун
Мехостам Худоро навозиш кунам...
Нидо расид: кудаки ятимро навозиш кун.
Мехостам дастони Худоро бигирам...
Гуфтанд: дастони афтодаеро бигир
Хостам чеҳраи Худовандро бинам...
Нидо омад: ба чеҳраи модарат бингар
Хостам ранги Худоро бинам
Гуфтанд: берангии орифонро бинигар
Хостам ба хонаи Худо равам
Садо омад: қалби инсони муъминро зиёрат кун
Хостам садои нафаси Худоро эҳсос кунам
Нидо омад: садои нафаси ошиқи содиқро бишунав
Хостам Худоро дар арш бибинам
Нидо расид: ба инсоне, ки ба дастури Худо ҳаракат мекунад нигар
Хостам нури илоҳиро мушоҳида кунам
Гуфтанд аз пурхурию шиками сер фосила гир
Мехостам ба Худо пайвандам
Нидо омад: аз бақия бибур... ҳатто аз худат
Хостам сабри Худоро бинам
Садо омад: бар захми хабони бандагон таҳаммул кун
Хостам сиёсати илоҳиро мушоҳида кунам
Нидо расид: оқибати гарданкашонро бубин
Хостам Худоро ёд кунам
Нидо омад: арҳому хешонатро ёд кун
Хостам, ки дигар нахоҳам
Нидо омад: умуратро ба Ӯ вогузор куну бирав...

воскресенье, 2 ноября 2014 г.

Неъматҳои абади барои инсон



Асоси ба даст овардани неъмати абади ва безавол се чиз аст: 
1. Зикри Худованд 
2. Шукри Парвардигор. 
3. Дарки неъмати ато кардаи Аллоҳ. 
Яъне, вақте ки мо Бисмиллоҳ мегӯем Худовандро зикр мекунем ва бо ба забон овардани калимаи Алҳамдулиллоҳ уро шукр мегӯем. Тафаккури он ки ин ҳама неъмат натиҷаи қудрату меҳрубонии Холиқи якто аст-ин худ фикру андеша ва дарки он мебошад. 
Ин ҳама неъмат худ имон аст, ки онро қадр бояд кард. Чунки гавҳари имон ин тухми саодати ҷовидонист, ва Парвардигор ба мо ин неъматро додаст ва тухми имон дар қалби поки мо ниҳодааст. Парвариши он тухмро ба уҳдаи худи мо вогузоштааст ва гуфтааст, ки ин тухмро бо оби таоту ибодат парвариш кун, то дарахте шавад, ки решаи он ба каъри замин фуру раваду шохи он ба осмон авҷ кашад. Чунон ки дар Куръон омадааст:
"Оё надидаи чи тавр Худованд мисол овард сухани покизаро монанди
дарахти покиза, ки бехаш устувор аст дар замин ва шохаш дар осмон" (сураи Иброхим, ояти 24).


Дар огози китоб имом Газоли кимиёи саодати одамиро дар пайдо кардани унвони мусулмони мебинад. Он ба чор кисм таксим мешавад: 
1. Дар шинохтани нафси хеш 2. Дар шинохтани хакк Субхонаху Таъоло 3. Дар маърифати дуньё 4. Дар маърифати охират Агар нихоят мухтасар баён кунем чунин аст: Худованд махлуқи беҳтарини худ Одамизодро барои бозию беҳудагарди наофаридааст. Аҳамияту роли одами ниҳоят бузург аст, ҳарчанд уро аз хок сириштаанд, вале ҳакикати рухи вай раббони аст ва гавҳари вай агарчи дар ибтидо бо сифатхои хайвонию шайтони омехта аст, аммо дар натичаи кушишу гайрати нахй, аз ин омезишу олоиш пок гашта хамчувори хазрати таъоло мегардад ва аз асфала-с- софилин ("пасттарини пасттарон") То ба аъло иллиййин ("бартарини бартарон") рафта мерасад. Хислатҳои пастарини у ин аст, ки агар ба дарачаи хайвону дарранда фарояд асири шахвату газаб мегардад. Дарачаи баландтарини вай ин аст, ки то ба дарачаи малоика расад, ба шарте ки аз дасти шахвату газаб халоси ёбад ва хар дуро роми хеш созад, он вакт шоистаи бандагии худованд мегардад. Махз хамин шоистаги сифати малоика аст ва камоли дарачаи одамист . Одам вакте бе чамоли хазрати субхонаху таъоло зиндагии худро тасаввур карда натавонад ва наззора кардани он чамол бихишти вай гардад, пас шахвату газаб худ аз худ бартараф хохад шуд. Дар натича инсон имконият пайдо мекунад, ки ба хакикати кимиёи саодати абади (яъне саодати ду чахон) расад. Лозим ба ёдоварист, ки чи хеле кимиё (яъне тиллову зар ) дар хонае хар кас пайдо намешаваду, танхо дар хазинаи давлат ё подшох мавчуд аст, кимиёи саодати абади низ, танхо дар хазинаи худованд чойгир аст. Хазинаи Худои Таъоло бошад дар осмон гавхари фариштагон асту дар замин дили пайгамбарон мебошад. Пас, хар кас ин кимиёро дар чои дигар, на аз пеши хазрати нубувват чуяд, кори вай каллобию фиреб мебошад , ки дар киёмат ин палидии вай ошкор шавад ва худ шармсор гардад. Дар иртиботи ин тоифа дар Куръони мачид омадааст : "Боз бурдему баркашидем аз ту пардаи гумони ту, чашми ту имруз тезбин аст" . (сураи Коф -ояти 22). 
Эхтимол нишонахои охирзамон бошад, ки ин тоифа мардум дар хамин дунёи фонии мавриди парастиши худ шармандаву шармсор хастанд. Аз ин ру хамаи гуфтахои боло барои осоиштагию бехтар намудани хаёти дунявии шумо низ таалук дорад. Пас суоле ба миён меояд, ки барои ичро намудани дастури Худованд ва ноил гаштан ба хотири чамъу дили бегам чи кор бояд кард? Чавоби ин суол дар хаёти хамарузаамон нухуфта аст,яъне мо бояд кори орому маоши арзанда пайдо кунем ва пеш аз хама ба таври конуни дар кишвари мавриди мухочират карор дошта бошем. Барои ин хуччатхои регистрациони, ва ичозатномахои кории мо дурусту хаккони бояд бошанд ва ихтисосу касби интихобкардаи мо мавриди ниёзи чомеа бошанд. Хамчунон шартномахои кори тавре баста шаванд, ки дар сурати напардохтани музди кори тавассути суду прокуратура аз ташкилоту корхонахои карздор он ситонида шавад. Сугуртаи тибби (страховой медицинский полис) тавре гирифта шавад, ки дар мавриди лозима ба бемор ёри кунад. Хулоса проблемахо чунон бисёранд, ки кас ба танхои наметавонад хамаи онхоро паси сар намояд. Аз ин ру шумо метавонед ба хукукдонону координаторхои мо барои ба даст овардани хуччатхои лозима мурочиат намоед. 

вторник, 14 октября 2014 г.

Худованд бо мост

    Шодиро ҳадя кун, ҳатто ба касоне, ки онро аз ту гирифтанд. Ишқ биварз ба  онҳое, ки дилатро шикастанд. Дуо кун барои онҳое, ки нафринат карданд. Дарахт бош, ба рағми табарҳо. Бипар ба курии чашми куршапаракҳо. Баҳор шав ва биханд, ки ХУДОВАНД бо мост .
  Гар ишқ мехоҳи дуъое кун ишқи Иллоҳи насибат гардад
Гар зиндагӣ мехоҳи дуъо кун зиндагӣ Қуръони насибат гардад.
Гар зан мехоҳи дуъо кун,ки зани Исломию бо тақво насибат гардад.
Гар фарзанд мехоҳи дуъо кун фарзанди бо ИМОН насибат кунад Аллоҳ Таъло.
Ишқи Иллоҳи нигашдор аст.
Зани Исломи бо имону  бо тақво вафодор аст.
Зиндагии Қуръони ваъдаи Биҳишт дорад.

Фарзанди бо имон шавад дастгири волидон дар ду олам мешаванд Ин Ша Аллоҳ.

четверг, 2 октября 2014 г.

ИДИ САИДИ ҚУРБОН МУБОРАК БА ҲАМАИ МУСАЛМОНОН



Ба номи Худои Бузург ибтидо мекунам,ки Меҳрубони ҳама дар ин Дунё ва танҳо Меҳрубонтарин меҳрубони муъминон дар Рўзи Ҷазост.
Он Худованде ки дар дил нури Имон офарид,
Дар шаби торик бингар моҳи тобон офарид.
Теғро бар ҳалқи Исмоили пайғамбар ниҳод,
Баъд аз он бар муъминонаш иди Қурбон офарид
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ бародарону хоҳарони аҳли Ислом! Пеш аз ҳама тамоми мардуми мусалмони кишварро ва дар шахси мардуми мусулмон тамоми мусулмонҳои дунёро ба фаро раси иди саиди Қурбон ,Иди Фидокорӣ,нисор,Қурбонӣ,ихлосу ишқу бандагӣ,  муборак бод гуфта ба ҳамаи шумо имони комил тавфиқ дар тоату бандаги, тани сиҳат хотири ҷамъ, хонаю манзили обод таманно карда аз Худованди мутаъол хоҳони онам,ки дар ин даҳҳаи муборак аз савобу самараш ҳамаи мою шуморо бонасиб гардонад!Аз ҳама болотарин таманниёт ҳамин аст, ки Худованд ҳоли ҳамаи мусулмонҳоро хуб гардонаду ҳама мушкилоте, ки мусулмонҳо доранд, Худованд он мушкилотҳои онҳоро дур гардонад. Дар ин айёми Ид дуо мекунем, ки Худованди Таборак ва Таъоло шарму ҳаё, иффат, инсофу тавфиқ, адолат, меҳру муҳаббат ва файзу баракатро дар диёри мо зиёда бигардонаду ҳамаи моро ба роҳи рост ҳидоят намояд
Эй азизон ба Шумо ҳадяи Яздон омад
Иди фархундаи нуронии Қурбон омад.
Ҳоҷиён саъйи Шумо  шуд ба ҳақиқат мақбул,
Раҳмату луф аз ҳазрати Субҳон омад.
Иди Қурбон ба ҳақиқат зи Худованди Карим
Офтобе ба шаби зулмати инсон омад.
Хок месухт дар андӯҳи оташ бо ҳасрат,
Нақши дар синаи  ин хок гулистон омад.
Амр шуд то ки ба қурбонии Исмоилиаш,
Он халиле, ки пазируфта зи Раҳмон омад.
Имтиҳон дод ба хубӣ ба Худо Иброҳим,
Ҷои он забҳи азиме,ки ба қурбон  омад.
Иди Қурбон  гарчи оини халили озар аст,
Миллати Исломро имруз зебу  зевар аст.
Ҳаббазо иде,ки  сурх аз хуни қурбонии ӯ,
Гунаи Ислому руи миллати пайғамбар аст.
Иди Қурбон гарчи оини халили озар аст,
Миллати Исломро имруз зебу зевар аст. 
Ҳаббазо иде,ки сурх аз хуни қурбонии ӯ, 
Гунаи Ислому руи миллати пайғамбар аст.
-Биёед дар баҳри тоатҳо шино кунем ,то ба соҳили бахшишу атоҳо бирасем .
-Дорандаи ҳиммати баланд ҳамеша дар ҷустҷуи чизҳои баланду бузург аст ,ва чашми дилаш ҳамеша ба суи Ҷаннат муштоқу доиман дар назар аст .
-Фастабикул-хайрот-ро шиъори худ карда , басирати сокибаш пай бурда ки ибодат санъату ҳунарест ки маошаш Ҷаннати Фирдавс аст .
-Ва роҳати абадро ба тоати соат харидор асту ғами дунёро аз андоза зиёд дар худ надорад ,чун медонад ки дунё амири талабгорон ва ходими ториконаш аст .
Марҳабо , кавме,ки доди бандаги сар додаанд,
Тарки дунё кардаанду в-аз ҳама озодаанд.
Рузҳо бар руза андар гушае биншастаанд,
Боз шабҳо дар макоми бандаги истодаанд….
-У шабҳои дарозро ба хоб кутоҳ накарда рузҳои бо сафоро ба лагжишу гуноҳ олуда намесозад.
-Қалбашро аз муҳаббати дунё хароб накарда , бал ба иштиёқу талаби охират маъмуру ободаш сохта аст...
-Хонаи қаъбарро пеш аз рафтан таъмир карда , Худовандро пеш аз мулоқоташ рози намуда аст.
-Аз рафтани молу динору дирҳамаш дида ба рафтани соатҳои умраш бештар андухгин мегардад .
-Нишонаи муштоки , ки пойбанди бар тоаташ аст дар худ таҳаққук намуда аз адои навофил мақоми муҳаббатро талаб дорад...
-Бо аспи ирода дар майдони тоат шитофта ва дар расидан ба пирузи бо аҳли тоат мунофасаву мусобақа дорад