понедельник, 6 мая 2013 г.

Ҳамаи мо чор зан дорем



Марди сарватманде чор зан дошт ва зани чорумашро маҷнунвор дӯст медошту ҳамеша дар хидматаш буд. Зани сеюмиро низ дӯст медошт, аммо на ба андозаи зани чорум, бинобар ин, гоҳ гоҳе ба ӯ майлу рағбат нишон медод.
Зани дуюмро бошад, танҳо дар ҳолатҳои зурурӣ ва ночор монданҳо ба наздаш мерафт. Аммо ба зани якум, бо вуҷуди он ки ӯ мардро аз ҳама бештар дӯст медошт ва ҳамеша дар фикри пойдории молу мулки ӯ буд, ҳеҷ таваҷҷӯҳе надошт. Мард бемор шуд ва эҳсос намуд, ки фурсати маргаш наздик шудааст, гуфт: ман соҳиби чор зан ҳастам ва намехоҳам, ки дар гӯр танҳо бошам.

Аз ин рӯ, аз ҳамсари чорум, ки аз ҳама бештар дӯсташ медошт пурсид: Медони ки ман аз ҳама бештар туро дӯст медорам ва ба ҳамаи майлу рағбатҳоят бале мегӯям. Ман гумон намекунам аз ин беморӣ ҷони солим бадар барам ва дар қабр аз танҳоӣ метарсам, мехоҳам дар қабр бо ман бошӣ.

Зан гуфт: пн номумкин аст. Ту бубин, аз сад гулам як гулам нав шукуфта. Чӣ гуна мешавад ман аз ҷони ширинам даргузарам ва дар қабр ҳамроҳи ту бошам ?
Мард дилсард шуда зани сеюмро ба наздаш хонд ва гуфт: ман туро дар тамоми зиндагӣ дӯст доштаам ва акнун мехоҳам дар қабр бо ман бошӣ.
Зан гуфт: ҳаргиз не, ҳаёт ширину зебост ва мехоҳам боз зиндагӣ кунам ва бо каси дигаре ба шавҳар бароям.
Зани дуюмро ба назди мард ҳозир карданд. Мард ба ӯ гуфт: ман гоҳ-гоҳ ба назди ту меомадам ва ту дастгири ман будӣ, оё маро дар қабр ҳамроҳӣ мекунӣ?
Зан гуфт: маро бубахш, танҳо чизе, ки барои шумо метавонам анҷом бидиҳам, то назди гӯр ҳамроҳи шумо рафтан аст.
Мард аз шунидани ин суханҳо ғамгин ва беморияш бештар гардид, ногаҳон овозеро шунид, ки мегӯяд: ман туро дар қабр ҳамроҳӣ мекунам, ҳар куҷо, ки меравӣ ман бо туам.
Мард ба садо гӯш дода дид, ки ин овози ҳамон ҳамсари аввалаш аст, ки аз сабаби беэҳтимомӣ ва бетавҷҷӯҳияш нисбат ба ӯ пиру нотавон гаштааст. Мард камбудию хатояшро дарк карда аз кардаҳояш пушаймон шуд ва гуфт: бояд аз ҳама бештар ба ту эҳтимом медодам, агар аҷалам фаро нарасида бошад аз ин пас аз ҳама бештар ба ту эҳтимом хоҳам дод.
Дӯстонам! Дар ҳақиқат ҳамаи моро чор зан аст:
Зани чорум:
пн ҳамон ҷасад ва тани мо аст, ки агар ҳар чӣ аз хӯрдану пӯшидан ба он эҳтимом дода шавад, ҳангоми марг моро зуд тарк мекунад.
Зани сеюм:
пн дороӣ ва сарвати мо аст, ки пас аз марг моро тарк карда бо каси дигаре меравад.
Зани дуюм:
Ҳамон аҳл ва дӯстон ҳастанд, ки ҳар чӣ дар дунё бароямон ҷоннисориҳо мекунанд, аммо пас аз марг, фақат то қабр бо мо ҳастанд.
Зани якум:
Амалҳои неки мо ҳаст, ки аз барои шаҳвату рағбат шуда аз он фаромӯш мекунем, дар ҳоле ки танҳо ҳамон амалҳои некамон ҳаст, ки дар қабр ҳам бо мо ҳастанд.
Дӯстонам!!!
Акнун худ биандешед, ки агар мо амалҳоямонро ба монанди як инсон тасаввур намоем, чиро мушоҳида хоҳем кард?
Албатта, амалҳои некамонро монанди як пиразани заифу нотавоне, ки дар ҳасрати дастгирии дигарон аст, хоҳем дид.
Пас ҳамеша ҳамсари аввалро аз ҳама бештар дӯст бидоред.
Тарҷума ва таҳияи
Абдулҳаннони Абдурраҳмон

Комментариев нет:

Отправить комментарий