понедельник, 6 мая 2013 г.

Аҷиб зане, ҳатто барои хархари шавҳараш шукр мегӯяд.



Занеро чунин одат буд, ки ҳар рӯз субҳгоҳ Худоро барои чизҳое, ки ба ӯ дода ва бахшидааст, шукр кунад. Яке аз рӯзҳо навишт:
Худоро шукр, ки дар поёни рӯз аз хастагӣ аз по меафтам.
Ин яъне: тавони сахт кор карданро дорам.
Худоро шукр, ки либосҳоям каме дар танаам танг шудаанд.
Ин яъне: ғизои кофӣ барои хурдан дорам.
Худоро шукр, ки тамоми шабҳо садои хархари шавҳарамро мешунавам.
Ин яъне: ӯ зинда ва солим дар канори ман хобидааст.
Худоро шукр, ки духтари навҷавонам ҳамеша аз шустан зарфҳои хона дар шикоят аст.
Ин яъне: ӯ дар хона аст ва дар кучаҳо намегардад.
Худоро шукр, ки молиёт намепардозам.
Ин яъне: шуғл ва даромаде дорам ва бекор нестам.
Худоро шукр, ки бояд фарши хонаро бишӯям ва тирезаҳоро пок кунам.
Ин яъне: ман хона дорам.
Худоро шукр, ки сару садои ҳамсояҳоро мешунавам.
Ин яъне: тавоноии шуниданро дорам.
Худоро шукр, ки либосҳое барои шустану дарзмол кардан дорам.
Ин яъне: ман либосе барои пушидан дорам.
Худоро шукр, ки ҳар рӯз субҳ бояд бо занги соат бедор шавам.
Ин яъне: ман ҳануз зиндаам.
Худоро шукр, ки гоҳ гоҳе бемор мешавам.
Ин яъне: ба ёд меорам, ки бештари вақтҳо солим ҳастам.
Худоро шукр, ки аз харидани ҳадяҳо кисаам холӣ мешавад.
Ин яъне: дӯстону наздиконе дорам, ки метавонам барояшон ҳадя бихарам.
Дӯстонам! Медонед? Ин зан мехоҳад ба мо бигӯяд, ки дар ҳама ҳолоти аз зиндагӣ бояд шукргузор бошем.
Яъне доштани ночиз беҳтар аз надоштани чиз аст.
Таҳияи  Абдулҳаннони Абдурраҳмон
Аз китоби
«Бозигари зиндагӣ бошем на бозичаи он»

Комментариев нет:

Отправить комментарий