понедельник, 6 мая 2013 г.

Эй бонуи гиромӣ! оё мехоҳи маҳбуби ҳамсарат бошӣ?




Дар ҳақиқат маҳбуб шудан душвор аст, чунки маҳбубият ҳам дустурот ва қавонини худро дорад, агар он дустурот пиёда карда нашаванд маҳбубият ҳосил намешавад, аз ҳамин хотир бар худ лозим донистам, ки дастурот ва қавонине, ки бонувони муҳтарамро маҳбуби ҳамсаронашон мегардонанд бинависам,  
аз Худованди якто умед аст, ки агар бонувон ин дастуротро дар ҳаёти худ пиёда кунанд ҳатман маҳбуби ҳамсаронашон хоҳанд гашт ва хушбахтарин занони олам хоҳанд шуд.

1- Пайравӣ аз Худованд ва Паёмбараш (с) аланӣ ва пинҳонӣ.
2- Хиёнат накардани зан дар нафси худ ва моли шавҳар дар вақти набудани шавҳар.
3- Хушнуд гардонидани шавҳар бо табасум ё коре, ки сабаби хушнудии шавҳар гардад.
4- Набаромадани зан аз хона магар ба иҷозати шавҳар.
5- Мубтасим будани зан дар рӯи шавҳар дар ҳама ҳолат.
6- Сипосгузор буданӣ зан барои шавҳар ва шукр кардани Худованд, ки шаҳду шакари арусиро ба ӯ чашонда аст ва ӯро аз ҷумлаи модарон гардонида аст.
7- Ихтиёр намудани услуби хуб ва вақти муносиб барои талаб кардани чизе аз шавҳар то хоҳишашро рад накунад.
8- Дорои рафтору кирдор ва гуфтори хуб бошад.
9- Аз хона бараҳна набарояд.
10 - Ҳангоми сухан гуфтан бо шавҳар овозашро ба рӯи ӯ баланд накунад.
11- Агар шавҳараш фақир бошад сабр кунад, агар сарватманд бошад сипосгузор бошад.
12- Хайрхоҳ будан ва фаро хондан ба он.
13- Ба ростгӯи одат кардан ва аз дӯруғгӯи дурӣ ҷӯстан.
14- Муҳаббати Худо ва расулашро дар дили фарзандон ҷой кардан.
15- Дурӣ ҷӯстан аз ғазаб.
16- Дигаронро мавриди масхараи худ қарор надодан.
17- Аз кибру ғурур ва фахру худнамои дурӣ ҷустан.
18- Ҳангоми аз хона баромадан бар ҳар тараф нигоҳ накардан.
19- Зуҳду тақво ва Худотарсиро дар дунёи фони ихтиёр кардан бо умеде, ки дар охират бо Парвардигори хеш мулоқот мекунад.
20- Тавакал ба Худо кардан дар пинҳонӣ ва аланӣ, аз раҳмати Худо ноумед нашудан.
21- Анҷом додани ибодатҳое, ки Худованд фармуда аст.
22- Иътироф кардан ба инки шавҳараш саийдаш аст.
23- Иътироф кардан бар инки муҳимтарин чиз барои ӯ ҳақи шавҳар аст.
24- Агар муртакиби хато шуд ба зудӣ иътироф кунад ва сабаби дар хато воқеъ шуданашро баён кунад.
25- Ҳамеша дар зикри худо бошад ва забони худро ба зикри Худованд машғул кунад.
26- Бо зебои, ҷавонӣ ва донои фахр накунад, зеро инҳо ҳама заволанд.
27- Дар бадану либос ва рафтор аз ҷумлай покдаманон бошад.
28- Итоъат аз шавҳар кунад агар дар маъсияти худо набошад.
29- Агар чизе барои шавҳараш ҳадя кард, минат накунад.
30- Рузаи нафлӣ нагирад магар ба иҷозати шавҳараш.
31- Иҷоза ворид шудан ба манзилаш барои номаҳрамон надиҳад дар ҳолати набудани шавҳар, зеро зери шубҳа қарор мегирад.
32- Вақте, ки шавҳараш ба ҳамбистарӣ даъваташ кунад рад накунад, зеро то субҳудам мавриди лаънати малоикаҳо қарор мегирад.
33- Аз моли шавҳар садақа накунад магар ба иҷозати шавҳар.
Таҳияи
Абдулқодири Зайдулло

Комментариев нет:

Отправить комментарий