суббота, 19 мая 2012 г.

Издивоҷи занони мусулмон бо мардони ғайри мусулмон

Оё зани мусулмон ҳақ дорад, ки бо марди ғайри мусулмон издивоҷ кунад?
- Аз нуқтаи шариати Ислом зани мусулмон ҳақ надорад, ки бо марди ғайри мусулмон, чӣ китобӣ ва чӣ ғайри китобӣ издивоҷ намояд ва ба ҳеҷ ваҷҳе чунин издивоҷ барои ӯ ҳалол нест. Худованд дар сураи «Бақара» дар ояти 221 мефармояд: «Занони мусулмонро ба ақди никоҳи мушрикин дарнаёваред, то он даме, ки мусулмон шаванд».
Худованд дар шаъни занони муҳоҷир мефармояд: «Заноне ба хотири ҳифзи динашон аз пеши мушрикон мегурезанд ва пеши шумо меоянд, агар донистед, ки мусулмон ҳастанд, ононро ба тарафи мушрикон барнагардонед, чунки на ин занҳо барои кофирон ҳалоланд ва на кофирон барои онон. (Сураи «Мумтаҳана», ояти 10).
Аммо далели дигар ин ки чаро Ислом, ба марди мусулмон иҷозат додааст, ки зани яҳудӣ, насрониро ба никоҳ дарорад, вале зани мусулмонро иҷозат намедиҳад бо марди яҳудӣ ва насронӣ издивоҷ намояд. Зеро ки мард, раиси хонавода, масъули хона ва зиндагӣ аст ва Ислом озодии ақида ва ҳуқуқи озодии зани китобиро дар сояи марди мусулмон нигоҳдор меҳисобад ва ба ҳар марди мусулмон дастур додааст, ки эҳтироми ӯ ва занашро маҳфуз дорад. Аммо динҳои дигар, монанди яҳудӣ ва насронӣ барои занони ғайр чунин ҳифз ва ҳуқуқро надоданд.

Аз рӯи нуқтаи назари Ислом мурод аз зани мушрик он аст, ки бутпараст мебошад.
Худованд издивоҷи марди мусулмонро бо зани мушрик ҳаром кардааст. «Бо зани мушрик издивоҷ накунед, то он даме имон наоваранд, қайтиян канизи боимон беҳтар аз зани мушрик аст, ҳарчанд зебоии ӯ шуморо ба шугуфтагӣ оварад. (Сураи «Бақара», ояти 221).
Чи тавре ки аз ин оят маълум мешавад, ба он шарт бо зани мушрик издивоҷ мумкин аст, ки пеш аз никоҳ Исломро қабул кунад ва аз дини пешинаи худ рӯй гардонад, яъне то Ислом наораду имондор нашавад, бо ӯ издивоҷ ҷоиз нест.
Фалсафаи таҳрими ин издивоҷ зоҳир ва ошкор аст ва он вуҷуд надоштани ҳамоҳангӣ ва якдигарфаҳмӣ миёни Ислом ва будоӣ аст, зеро ин дин дорои китоби осмонӣ ва пайғамбар нест ва дар ду тарафи муқобил меистанд. Ба ҳамин хотир «Қуръон» иллати ин издивоҷро ин гуна баён медорад: «Онон (мушрикон) шуморо ба сӯи оташ мебаранд ва Худованд шуморо ба сӯи биҳишт ва омӯрзиш мехонад». (Сураи «Бақара», ояти 221). 
Издивоҷ бо зани муртад ҳаром аст
  Муртад он касеро меноманд, ки баъд аз имон овардан, кофир шудааст, яъне дар дини Ислом буд ва пас аз он дини дигареро қабул намудааст, ё инки аз дини Ислом баромада, ба ҳеҷ дини дигар ворид нашавад ва ҳама чизро инкор кунад. Хоҳ он дини қабул кардааш китобӣ бошад ё ғайри китобӣ, ё дини масеҳӣ бошад ё дини яҳудӣ ё бутпарастӣ ва ғайри онҳо, ё аз динҳои фалсафии дигар, балки озод ва бидуни дини дигар ва мазҳаби дигар.
Ислом маҷбурӣ ҳеҷ касеро водор ба мусулмон шудан намекунад. Қонуни шариат имони иҷбориро мӯътабар намедонад ва онро нахоҳад пазируфт. Аммо ҳар касе озодона ва ба иродаи худ дохили он дин шуд, дигар набояд аз он хориҷ шавад.
Муртаддан дорои аҳкоме ҳастанд, ки баъзе марбут ба қиёмат ва баъзе марбут ба умури дунявӣ мебошанд.
Дар иртибот ба қиёмат: ҳар касе дар ҳолати иртидод бимирад, тамоми аъмоли солеҳаш ва накӯяш аз байн мераванд ва дар оташи дӯзах абадӣ хоҳад монд. Худованди мутаъоло мефармояд: «Ва касоне аз шумо аз дини худ баргарданд ва дар ҳоли куфр бимиранд, онҳо кордорҳояшон дар дунё ва охират табоҳ мешавад ва эшон аҳли оташанд ва дар он абадӣ хоҳанд монд». (Сураи «Бақара», ояти 217).
Дар иртибот бо аҳкоми дунявӣ эътиборе аз тарафи ҷомеъаи исломӣ нахоҳад дошт ва зиндагии заношӯӣ миёни як марди мусулмон ва зани муртад ва ҳамчунин миёни марди муртад бо як зани мусулмон чӣ дар оғоз ва чӣ дар давоми умр қатъиян ҷоиз нест. Бинобар ин ҳар марди мусулмоне бо зани муртад издивоҷ намояд, он издивоҷ ботил мебошад. Агар зан пас аз издивоҷ муртад шуда бошад, ҳатман бе ҳеҷ таъхир миёни он зан ва мард ҷудоӣ афканда шавад. Ин ҳукм мавриди иттифоқи ҳамаи фуқаҳои Ислом аст.
Мо бидуни далели қатъӣ мусулмонеро аз ин асл хориҷ насозем, бояд бидонем, ки ба яқин аз ин дин хориҷ шудааст.

Комментариев нет:

Отправить комментарий