суббота, 19 мая 2012 г.

ЧАРО РАФТАНИ ЗАНОН БА ҚАБРИСТОН МАНЪ АСТ?

Зиёрати қабристон ба хотири он ки дунёи дигарро ба инсон ёдовар мешавад ва барои мурдагон талаби мағфирату омурзиш анҷом мегирад, мустаҳаб мебошад. Зеро Расули Худо (с) мефармоянд: «Ман пештар шуморо аз рафтан ба қабристон манъ намуда будам, аммо акнун ба зиёрати қабристон биравед, чунки шуморо ба ёди охират меандозад».
Дар «Минҳоҷул муслим» омадааст: «Аҳли илм дар мавриди ҳаром будани рафту омади беш аз ҳадди занон ба қабристон иттифоқи назар доранд. Чунки Паёмбари Акрам (с) фармуда буданд: «Худованд занонеро, ки зиёд ба қабристон рафтуомад менамоянд, нафрин кунад».
Аммо рафтуомади ками онҳоро ба қабристон бархе аз аҳли илм ба хотири ҳамон ҳадис макрӯҳ медонанд. Бархе онро бидуни кароҳият ҷоиз медонанд.
Зеро ривоят шуда, ки ҳазрати Оиша (р) ба зиёрати қабри бародараш Абдураҳмон рафтааст ва чун аз ишон дар мавриди он савол шуд, фармуд: «Дуруст аст, ки Расули Худо (с) пештар аз зиёрати қабр наҳй фармуд, аммо баъдҳо ба мардум иҷозат дод, (ба хотири ёдоварии охират) ба зиёрати қабристон бираванд».
Касоне ки рафтуомади ками занонро ба қабристон ҷоиз мешуморанд, онро шарт гузоштаанд, ки амолу ҳаракатҳои номашрӯъ, мисли фиғону зорӣ бо садои баланд, беҳиҷобӣ , сухан гуфтан бо мурдагон ва дархости рафъи эҳтиёҳ (Хоҷат хостан аз аҳли қабр…) тавассути онҳо сурат нагирад. Мутаассифона, иддае аз занон ин қоидаҳоро риоя намекунанд.

 

Комментариев нет:

Отправить комментарий