пятница, 18 мая 2012 г.

МУҲОҶИРАТИ ЗАНОН.


МУҲОҶИРАТИ ЗАНОН.
Ҳар сол ҳазорҳо нафар ҳамватанони мо барои таъмин намудани рӯзгори аҳли оилаи хеш рӯ ба мусофират меоранд. Солҳои пеш танҳо мардон ба ин кор даст мезаданд, оҳиста-оҳиста сафи муҳоҷирин аз ҳисоби занҳо низ афзуд. Бонувони тоҷикро сатҳи пасти зиндагӣ, набудани ҷои кор ва маоши ночиз ба мусофират мебарад.

Тавре ки мегӯянд, зиндагӣ маҷмӯаи пастиву баландиҳост. Ин аст, ки инсони комил ва пухта аз пастиҳои рӯзгораш шукргузорӣ мекунад ва аз баландиҳояш худро дар кӯчаҳои саргумӣ қарор намедиҳад.
Бӯҳрони иқтисодӣ, ки саросари оламро фаро гирифтааст ва имрӯз ин падида ба Тоҷикистони мо низ бетаъсир намондааст. Гурӯҳе аз занҳо ба мардикорӣ рафтани шавҳаронашонро, ки солҳост аз худ дарак намедиҳанд, баҳона оварда танфурӯширо пешаи худ қарор додаанд. Ин гурӯҳ бехабар аз онанд, ки қадами наҳси онҳо дар ин ҷода чӣ касофатиҳоеро ба сари авлодашон ва хешону наздиконашон меорад. Натиҷаи даҳшатбораш он аст, ки бо «шарофати» ин гуна занҳо фасоду фисқ дар ахлоқи ҷомеа роҳ меёбад ва сафи ин қабил занҳо зиёд мегардад. Бузургон беҳуда нагуфтаанд, ки агар мард зинокор гардад, наҳси он ба як пушташ ва агар зан ба зино даст занад, касофатии он ба ҳафт пушташ таъсир мерасонад. Бо касофатии як ё якчанд зани бадкора исми шарифи занҳои порсову боиффат доғдор мегардад, ки ин барои аксарият аламовару дарднок аст.
Занҳоро камақлу кӯтоҳназар хондану таҳқири рӯирости онҳо аз рӯи инсоф нест. Модоме, ки мо дар бораи ин гуна занҳо мисол меорем, бояд дақиқу мушаххас исмашро зикр кунем, то боиси ранҷишу озори аксари занҳо нагардад. Шахсан, аъмоли ношоистаи гурӯҳи занҳоеро, ки боиси бадномии дигарон гардидаанд маҳкум менамоям.
Ба хотири покии рӯзгору саодати ҳамешагии мову шумо пеш аз ҳама аз даргоҳи Худованд илтиҷо менамоям, ки дилу нияти ҳар кадоме аз мо зану мардро пок нигоҳ дорад ва фисқу фасод, зинову риёро аз мо дур гардонаду зану мард мавқеи муҳими худро дар ҷомеа пайдо кунанд, фисқу фасод аз байн биравад. Ҳар гоҳ мардҳо занҳои нимбараҳна ва бадтинатро бубинанд, астағфируллоҳ бигӯянд ва васвасаи шайтониро аз худ дур созанд. Он гоҳ мо метавонем дар тарбияи ахлоқии ҷомеа саҳми босазо бигирем ва дар солимгардонии муҳит фаъолона кӯмак расонем. Иффату покдомании насли мо ва умуман ахлоқи башарӣ мегардад.

Комментариев нет:

Отправить комментарий