вторник, 1 мая 2012 г.

Эй нафс!




Эй нафс!

Чи қадар аз ту хаста шудам. Чи қадар маҷбурам кардӣ ба хотири ту мушкилиҳоро таҳаммул кунам. Ба хотири иштибоҳи ту зиндагиро бар худ танг кунам. Ба хотири пушидан ва сер кардани шикам ва роҳати ту муртакиби рибо, қаллобӣ, фиребгарӣ… шавам. Хобу роҳатро тарк кунам, ҳарому ҳалолро фаромуш кунам, шабу рузам як шавад.
Эй нафс! Бо гуноҳ ва васваса маро ҳалок кардӣ. Аз раҳматҳои Худо маҳрумам кардӣ. Аз биҳишти ҷовидона ва аз неъматҳои он ва аз ризои Парвардигор дурам кардӣ. Эй нафс! То кай, то кай умри азизамро ба хотири лаззати ту сарф кунам ва ба хотири ту бояд дар ҷаҳаннам ва азоби илоҳӣ гирифтор шавам!? Ту сабаб шудӣ аз ҷамъоварии тушаи охират боз монам ва ба оташе бисузам, ки тавоноии онро надорам. Охир ман аз гушту пусту хун ҳастам. Чи қадар таҳаммул дорам? Эй нафс, эй золим, эй душмани Худо, бечораам кардӣ! Ҳасадхурӣ ва суханчиниро ёдам додӣ ва васвасаам кардӣ, то обруи бародари мусалмонамро бирезам. Васвасаам кардӣ, то ҷони бародари муслмонамро бигирам.
Оҳ, эй нафс агар ту набудӣ ҳама инсонҳо бо ҳам баробар буданд.
Агар хоҳишоту бозиҳои ту набуд, дуздӣ ва ғорат набуд.
Агар таманно ва ҷоҳталабии ту набуд, бародаркушӣ ва ғорат, фиреб ва кулоҳбардорӣ набуд. Худро мусалмон медонӣ дар ҳоле, ки ислом аз ту безор аст. Чи гуна мусалмон ҳастӣ, ки бо мусиқӣ ҳаяҷонзада мешаваӣ, вале калом ва сухани Парвардигор туро такон намедиҳад. Панд мешунавӣ, бедор намешавӣ, ҳақро мешиносӣ, вале пайравии он намекунӣ… Оҳ, эй мутакаббири мағрур, аз корвони некон ва бандагони мухлиси Худо дурам кардӣ ба гунае, ки роҳро гум кардам ва асаре аз он корвон намеёбам. Лутф ва назари Худоро аз ман ҷудо кардӣ ба гунае, ки ҳар чи дуо мекунам, таъсире надорад. Дунёро ширин нишон додаӣ ба гунае, ки ҳароми он бар даҳонам талх нест. Сад афсус, ки ҷойгоҳи ту зери по буд ва ман туро бар дида гузоштам. Эй нафс тавба кун! Ва ба суи Парвардигорат баргард!
Мегуӣ пушаймонам, вале куҷост ашки пушаймонии ту!?
Ҳаргиз туро қонеъ наёфтам ва ҳаргиз сер нашудӣ.
Мегуям; тоат ва бандагӣ, мегуӣ; фардо. Мегуям; намози субҳ, мегуӣ; каме хоб. Мегуям; садақа, мегуӣ; надорам. Мегуям; руза, мегуӣ; тоқат надорам. Мегуям; ҷиҳод, мегуӣ; мемирам. Мегуям; марг ва қабре дар пеш аст, мегуӣ; ҳануз фурсат аст. Мегуям; тавба ва инобат, мегуӣ; ҳануз зуд аст. Вой бар ту, кай ашки надомат ва пушаймониро бар гунаат бинам!(  Мухаммади Чамолзихи)

Комментариев нет:

Отправить комментарий