понедельник, 6 мая 2013 г.

Дарёфти калиди биҳишт барои занон



Тамоми ибодат ва парҳезгории зан беҳуда аст агар ӯ нофармонӣ аз шавҳар кунад, нофармонӣ ва саркашии ӯ аз шавҳар як амалӣ ғайри машруъ ва бехирадонаи ӯ аст ва дар шариъати исломӣ қобили қабул нест. Аммо вақте, ки итоъат ва фармонбардории шавҳарашро кард калиди дарвозаи биҳишт ба ӯ дода мешавад. Дар хадиси Паёмбар (с) омадааст:
 «Се касоне ҳастанд, ки ба онҳо сухан гуфтан дуруст нест, зеро ибодаташон назди Парвардигор мақбул нест: ғуломе, ки аз моликаш гурехта то замоне, ки ба назди ӯ барнагардад, зане, ки шавҳараш аз ӯ хафа ва норозӣ аст, масте, ки то ба худ наояд»
Имом Тирмизӣ дар мавриди хушнуд гардонидани шавҳар аз тарафи зан аз Паёмбар (с) чунин мефармояд:
«[ар зане, ки бимирад модоме, ки шавҳараш аз ӯ розӣ бошад ба биҳишт меравад».
Рузе Паёмбар (с) дар роҳ занеро дид ба ӯ гуфт: Бингар, ки бо шавҳарат чи гуна рафтор мекунӣ, зеро биҳишту дузахи ту ӯ аст.
Рузе Алӣ (р) ҳамроҳ бо Фотима (р) ба дидорӣ Паёмбар (с) рафтанд, ӯро дар ҳолати ғамгинӣ дарёфтанд, ҳатто аз чашмонаш ашк мерехт. Алӣ (р) ба ӯ (с) гуфт: падару модарам фидоят эй Паёмбар! барои чи гиря мекуни? гуфт: эй Алӣ (р) шаби меъроҷ, ки маро ба осмон бурданд бисёри занони уматамро дар азоби сахт дидам, ба ёдӣ онон гирён шудам. Занеро дидам, ки аз мӯи сараш овезон буд, мағзи сараш аз сахтии ҳарорат меҷушид, занеро дидам, ки аз забонаш овезон буд ва обӣ ҷушонӣ ҷаҳаннам ба ҳалқаш мерехт, занеро дидам, ки аз пистонҳояш овезон буд ва дигаре гушти бадани худашро мехурд ва оташ дар зери пойҳояш шуълавар буд, занеро дидам, ки дасту пойҳояш баста дар назди мору ақрабҳо партофта ва зани куру кар дидам, ки ӯро дар тобути оташин гузошта мағзи сараш аз танаш берун баромада баданаш пора пора шуда, занеро дидам, ки ӯро дар оташи танур овезон карда, занеро дидам, ки гушти баданашро аз пешу қафо бо кордҳои аташин мебуриданд, занеро дидам, ки сараш монанди сари хук ва баданаш монанди бадани чорпоён буд ва дигаре ба сурати саг буд ва оташро аз пушташ дохил мекарданд ва аз даҳонаш мебуромад ва малоика бо гурзҳои оташин ба сару баданаш мезаданд.
[азрати Фотима (р) ба Паёмбар (с) гуфт: Кори ин занон чи буд, ки ба ин азоби дарднок гирифтор шуданд.
Паёмбар (с) гуфтанд: Зане, ки аз мӯи сараш овезон буд зане буд, ки мӯи сарашро аз номаҳрамон намепушонид, зане, ки аз забонаш овезон буд шавҳарашро азият медод ва онки аз пистонаш овезон буд баданаш бараҳна буд ва онки аз пойҳояш овезон буд бе иҷозати шавҳраш берун мебаромадааст, ва зане, ки гушти баданашро мехурд барои номаҳрамон худашро зинат медодааст, он зане, ки дасту пойҳояшро баста буданд худро намешустааст ва либосҳояшро пок намекардааст ва аз ҷанобат худро пок намекардааст ва ба намоз таваҷуҳ намедодааст ва он зане, ки кару кур буда аз зино фарзанд тавалуд карда ва онро нисбат ба шавҳараш мекардааст ва зане, ки баданашро мебуриданд худашро зинат дода то мавриди таваљҷуҳӣ мардон гардад ва он зане, ки баданашро месузоданд ва рудаҳои худашро мехурдааст зане будааст, воситаи зино байни марду зан мешудааст ва зане, ки сараш монанди хук ва баданаш ба чорпоён монанд буд зани суханчин ва дуруғгӯи будааст ва онки ба сурати саг буд ва оташ аз пушташ медаромад ва аз даҳонаш мебаромад зани хонанда ва овозхон будааст. Баъд аз он Паёмтар (с) фармуд: Вой бар зане, ки шавҳари худро азият диҳаду ба хашм орад, хушо ба ҳоли зане, ки шавҳараш аз ӯ розӣ бошад.
Абдулқодири Зайдуллоҳ

Ҳамаи мо чор зан дорем



Марди сарватманде чор зан дошт ва зани чорумашро маҷнунвор дӯст медошту ҳамеша дар хидматаш буд. Зани сеюмиро низ дӯст медошт, аммо на ба андозаи зани чорум, бинобар ин, гоҳ гоҳе ба ӯ майлу рағбат нишон медод.
Зани дуюмро бошад, танҳо дар ҳолатҳои зурурӣ ва ночор монданҳо ба наздаш мерафт. Аммо ба зани якум, бо вуҷуди он ки ӯ мардро аз ҳама бештар дӯст медошт ва ҳамеша дар фикри пойдории молу мулки ӯ буд, ҳеҷ таваҷҷӯҳе надошт. Мард бемор шуд ва эҳсос намуд, ки фурсати маргаш наздик шудааст, гуфт: ман соҳиби чор зан ҳастам ва намехоҳам, ки дар гӯр танҳо бошам.

Аз ин рӯ, аз ҳамсари чорум, ки аз ҳама бештар дӯсташ медошт пурсид: Медони ки ман аз ҳама бештар туро дӯст медорам ва ба ҳамаи майлу рағбатҳоят бале мегӯям. Ман гумон намекунам аз ин беморӣ ҷони солим бадар барам ва дар қабр аз танҳоӣ метарсам, мехоҳам дар қабр бо ман бошӣ.

Зан гуфт: пн номумкин аст. Ту бубин, аз сад гулам як гулам нав шукуфта. Чӣ гуна мешавад ман аз ҷони ширинам даргузарам ва дар қабр ҳамроҳи ту бошам ?
Мард дилсард шуда зани сеюмро ба наздаш хонд ва гуфт: ман туро дар тамоми зиндагӣ дӯст доштаам ва акнун мехоҳам дар қабр бо ман бошӣ.
Зан гуфт: ҳаргиз не, ҳаёт ширину зебост ва мехоҳам боз зиндагӣ кунам ва бо каси дигаре ба шавҳар бароям.
Зани дуюмро ба назди мард ҳозир карданд. Мард ба ӯ гуфт: ман гоҳ-гоҳ ба назди ту меомадам ва ту дастгири ман будӣ, оё маро дар қабр ҳамроҳӣ мекунӣ?
Зан гуфт: маро бубахш, танҳо чизе, ки барои шумо метавонам анҷом бидиҳам, то назди гӯр ҳамроҳи шумо рафтан аст.
Мард аз шунидани ин суханҳо ғамгин ва беморияш бештар гардид, ногаҳон овозеро шунид, ки мегӯяд: ман туро дар қабр ҳамроҳӣ мекунам, ҳар куҷо, ки меравӣ ман бо туам.
Мард ба садо гӯш дода дид, ки ин овози ҳамон ҳамсари аввалаш аст, ки аз сабаби беэҳтимомӣ ва бетавҷҷӯҳияш нисбат ба ӯ пиру нотавон гаштааст. Мард камбудию хатояшро дарк карда аз кардаҳояш пушаймон шуд ва гуфт: бояд аз ҳама бештар ба ту эҳтимом медодам, агар аҷалам фаро нарасида бошад аз ин пас аз ҳама бештар ба ту эҳтимом хоҳам дод.
Дӯстонам! Дар ҳақиқат ҳамаи моро чор зан аст:
Зани чорум:
пн ҳамон ҷасад ва тани мо аст, ки агар ҳар чӣ аз хӯрдану пӯшидан ба он эҳтимом дода шавад, ҳангоми марг моро зуд тарк мекунад.
Зани сеюм:
пн дороӣ ва сарвати мо аст, ки пас аз марг моро тарк карда бо каси дигаре меравад.
Зани дуюм:
Ҳамон аҳл ва дӯстон ҳастанд, ки ҳар чӣ дар дунё бароямон ҷоннисориҳо мекунанд, аммо пас аз марг, фақат то қабр бо мо ҳастанд.
Зани якум:
Амалҳои неки мо ҳаст, ки аз барои шаҳвату рағбат шуда аз он фаромӯш мекунем, дар ҳоле ки танҳо ҳамон амалҳои некамон ҳаст, ки дар қабр ҳам бо мо ҳастанд.
Дӯстонам!!!
Акнун худ биандешед, ки агар мо амалҳоямонро ба монанди як инсон тасаввур намоем, чиро мушоҳида хоҳем кард?
Албатта, амалҳои некамонро монанди як пиразани заифу нотавоне, ки дар ҳасрати дастгирии дигарон аст, хоҳем дид.
Пас ҳамеша ҳамсари аввалро аз ҳама бештар дӯст бидоред.
Тарҷума ва таҳияи
Абдулҳаннони Абдурраҳмон

Дуоҳои Қуръонӣ .




رَبَّنَا آتِنَا فِي الدُّنْيَا حَسَنَةً وَفِي الآخِرَةِ حَسَنَةً وَقِنَا عَذَابَ النَّارِ
«Эй Парвардигори мо, моро ҳам дар дунё хайре бахш ва ҳам дар охират ва моро аз азоби оташ нигоҳ дор»! (Бақара: 201)
رَبَّنَا أَفْرِغْ عَلَيْنَا صَبْرًا وَثَبِّتْ أَقْدَامَنَا وَانصُرْنَا عَلَى الْقَوْمِ الْكَافِرِينَ رَبَّنَا لاَ تُؤَاخِذْنَا إِن نَّسِينَا أَوْ أَخْطَأْنَا رَبَّنَا وَلاَ تَحْمِلْ عَلَيْنَا إِصْرًا كَمَا حَمَلْتَهُ عَلَى الَّذِينَ مِن قَبْلِنَا رَبَّنَا وَلاَ تُحَمِّلْنَا مَا لاَ طَاقَةَ لَنَا بِهِ وَاعْفُ عَنَّا وَاغْفِرْ لَنَا وَارْحَمْنَا أَنتَ مَوْلاَنَا فَانصُرْنَا عَلَى الْقَوْمِ الْكَافِرِينَ
«Эй Парвардигори мо, агар фаромўш кардаем ё хатое кардаем, моро бозхост макун! Эй Парвардигори мо, он гуна, ки бар умматҳои пеш аз мо таклифи гарон ниҳодӣ, таклифи гарон бар мо манеҳ ва он чиро, ки тоқати он надорем, бар мо таклиф макун! Гуноҳи мо бубахш ва моро биёмурз ва бар мо раҳмат овар! Ту мавлои мо ҳастӣ. Пас моро бар гурўҳи кофирон пирўз гардон!» (Бақара: 286)
رَبَّنَا لاَ تُزِغْ قُلُوبَنَا بَعْدَ إِذْ هَدَيْتَنَا وَهَبْ لَنَا مِن لَّدُنكَ رَحْمَةً إِنَّكَ أَنتَ الْوَهَّابُ
«Эй Парвардигори мо, пас аз он, ки моро ҳидоят кардаӣ, дилҳои моро ба ботил моил масоз ва раҳмати худро бар мо арзонӣ дор, ки ту бисёр бахшояндаӣ!» (Оли Умрон: 8)
رَبَّنَا إِنَّنَا آمَنَّا فَاغْفِرْ لَنَا ذُنُوبَنَا وَقِنَا عَذَابَ النَّارِ
«Эй Парвардигори мо, имон овардаем, гуноҳи моро биёмурз ва моро аз азоби оташ ҳифз намо» (Оли Умрон: 16)
رَبِّ هَبْ لِي مِن لَّدُنْكَ ذُرِّيَّةً طَيِّبَةً إِنَّكَ سَمِيعُ الدُّعَاء
«Эй Парвардигори ман, маро аз ҷониби худ фарзанде покиза ато кун, ҳамоно, ки Ту дуоро мешунавӣ» (Оли Умрон: 38)
رَبَّنَا آمَنَّا بِمَا أَنزَلَتْ وَاتَّبَعْنَا الرَّسُولَ فَاكْتُبْنَا مَعَ الشَّاهِدِينَِ
«Эй Парвардигори мо, ба он чӣ нозил кардаӣ, имон овардем ва аз расул пайравӣ кардем, моро да шумори гувоҳидиҳандагон бинавис!» (Оли Умрон: 53)
ربَّنَا اغْفِرْ لَنَا ذُنُوبَنَا وَإِسْرَافَنَا فِي أَمْرِنَا وَثَبِّتْ أَقْدَامَنَا وانصُرْنَا عَلَى الْقَوْمِ الْكَافِرِينَِ
«Эй Парвардигори мо, гуноҳони мо ва зиёдаравиҳои мо дар корҳоро биёмурз ва моро собитқадам гардон ва дар баробари кофирон ёрӣ кун» (Оли Умрон: 147)
رَبَّنَا مَا خَلَقْتَ هَذا بَاطِلاً سُبْحَانَكَ فَقِنَا عَذَابَ النَّارِ رَبَّنَا إِنَّكَ مَن تُدْخِلِ النَّارَ فَقَدْ أَخْزَيْتَهُ وَمَا لِلظَّالِمِينَ مِنْ أَنصَارٍ رَّبَّنَا إِنَّنَا سَمِعْنَا مُنَادِيًا يُنَادِي لِلإِيمَانِ أَنْ آمِنُواْ بِرَبِّكُمْ فَآمَنَّا رَبَّنَا فَاغْفِرْ لَنَا ذُنُوبَنَا وَكَفِّرْ عَنَّا سَيِّئَاتِنَا وَتَوَفَّنَا مَعَ الأبْرَارِ رَبَّنَا وَآتِنَا مَا وَعَدتَّنَا عَلَى رُسُلِكَ وَلاَ تُخْزِنَا يَوْمَ الْقِيَامَةِ إِنَّكَ لاَ تُخْلِفُ الْمِيعَاد ِ
«Эй Парвардигори мо, ин ҷаҳонро беҳуда наёфаридаӣ, Ту покӣ моро аз азоби оташ боздор! Эй Парвардигори мо, ҳар касро, ки ба оташ афканӣ, расвояш кардаӣ, Ту покӣ моро аз азоби оташ боздор! Эй Парвардигори мо, шунидаем, ки нидокунандае ба имон фаро мехонад, ки ба Парвардигоратон имон биёваред! Ва мо имон овардем. Пас эй Парвардигори мо, гуноҳони моро биёмурз ва бадиҳои моро аз мо дур кун ва моро бо некон бимирон! Эй Парвардигори мо, ато кун ба мо он чиро, ки ба забони паёмбаронат ба мо ваъда додаӣ ва моро дар рўзи қиёмат расво макун, ки Ту ваъдаи хеш хилоф намекунӣ» (Оли Умрон: 191-194)
رَبَّنَا ظَلَمْنَا أَنفُسَنَا وَإِن لَّمْ تَغْفِرْ لَنَا وَتَرْحَمْنَا لَنَكُونَنَّ مِنَ الْخَاسِرِينَ
«Эй Парвардигори мо, ба худ ситам кардем ва агар моро наёмурзӣ ва бар мо раҳмат наёварӣ, аз зиёндидагон хоҳе буд». (Аъроф: 23)
رَبَّنَا لاَ تَجْعَلْنَا مَعَ الْقَوْمِ الظَّالِمِينَ
«Эй Парвардигори мо, моро дар шумори ситамкорон қарор мадеҳ!» (Аъроф: 47)
رَبَّنَا أَفْرِغْ عَلَيْنَا صَبْرًا وَتَوَفَّنَا مُسْلِمِينَ
«Эй Парвардигори мо, бар мо шикебоӣ бибор ва моро мусалмон бимирон!» (Аъроф)
حَسْبِيَ اللّهُ لا إِلَـهَ إِلاَّ هُوَ عَلَيْهِ تَوَكَّلْتُ وَهُوَ رَبُّ الْعَرْشِ الْعَظِيمِ
«Худо бар мо кофист, худое барҳақ ҷуз Ў нест, бар Ў таваккул кардам ва Ўст Парвардигори Арши бузург!» (Тавба: 129)
رَبَّنَا لاَ تَجْعَلْنَا فِتْنَةً لِّلْقَوْمِ الظَّالِمِينَ وَنَجِّنَا بِرَحْمَتِكَ مِنَ الْقَوْمِ الْكَافِرِينَ
«Эй Парвардигори мо, моро маѓлуби ин мардуми ситамкор макун, ва ба раҳмати худ моро аз ин кофирон раҳоӣ бахш!» (Юнус: 85-86)
رَبِّ إِنِّي أَعُوذُ بِكَ أَنْ أَسْأَلَكَ مَا لَيْسَ لِي بِهِ عِلْمٌ وَإِلاَّ تَغْفِرْ لِي وَتَرْحَمْنِي أَكُن مِّنَ الْخَاسِرِينَ
«Эй Парвардигори ман, паноҳ мебарам ба Ту, агар аз сари ноогоҳӣ чизе бихоҳам ва агар маро наёмурзӣ ва ба ман раҳмат наёварӣ, аз зиёнкардагон хоҳам буд» (Ҳуд: 47)
رَبِّ اجْعَلْنِي مُقِيمَ الصَّلاَةِ وَمِن ذُرِّيَّتِي رَبَّنَا وَتَقَبَّلْ دُعَاء
«Эй Парвардигори ман, маро ва фарзандони маро барпойдорандагони намоз гардон. Эй Парвардигори мо, дуъои моро бипазир». (Иброҳим: 40)
رَبَّنَا اغْفِرْ لِي وَلِوَالِدَيَّ وَلِلْمُؤْمِنِينَ يَوْمَ يَقُومُ الْحِسَابُ
«Эй Парвардигори мо, маро ва падару модарам ва ҳамаи мўъминонро дар рўзи шумор биёмурз!» (Иброҳим: 41)
رَّبِّ أَدْخِلْنِي مُدْخَلَ صِدْقٍ وَأَخْرِجْنِي مُخْرَجَ صِدْقٍ وَاجْعَل لِّي مِن لَّدُنكَ سُلْطَانًا نَّصِيرًا
«Эй Парвардигори ман, маро ба ростив некўӣ дохил кун ва ба ростиву некўӣ берун бар ва маро аз ҷониби худ пирўзиву ёрӣ ато кун!» (Исро: 80)
رَبَّنَا آتِنَا مِن لَّدُنكَ رَحْمَةً وَهَيِّئْ لَنَا مِنْ أَمْرِنَا رَشَدًا
«Эй Парвардигори мо, моро аз сўи хур раҳмат иноят кун ва кори моро ба роҳи растагорӣ андоз». (Каҳф: 10)
رَبِّ اشْرَحْ لِي صَدْرِي وَيَسِّرْ لِي أَمْرِي وَاحْلُلْ عُقْدَةً مِّن لِّسَانِي يَفْقَهُوا قَوْلِي
«Эй Парвардигори ман, синаи маро барои ман кушода гардон. Ва кори маро осон кун. Ва гиреҳ аз забони ман бикушой, то гуфтори маро бифаҳманд» (Тоҳо: 25-28)
رَّبِّ زِدْنِي عِلْمًا
«Эй Парвардигори ман, ба илми ман биафзой» (Тоҳо: 114)
لا إِلَهَ إِلا أَنتَ سُبْحَانَكَ إِنِّي كُنتُ مِنَ الظَّالِمِينَ
«Ҳеҷ худое барҳақ ҷуз Ту нест. Ту пок ҳастӣ ва ман аз ситамкорон ҳастам» (Анбиё: 87)
رَبِّ لَا تَذَرْنِي فَرْدًا وَأَنتَ خَيْرُ الْوَارِثِينَ
«Эй Парвардигори ман, маро танҳо магузор. Ва Ту беҳтарини ворисонӣ» (Анбиё: 89)
رَّبِّ أَعُوذُ بِكَ مِنْ هَمَزَاتِ الشَّيَاطِينِ
«Эй Парвардигори ман, аз васвасаҳои шаётин ба ту паноҳ мебарам» (Муъминун: 97)
رَبَّنَا آمَنَّا فَاغْفِرْ لَنَا وَارْحَمْنَا وَأَنتَ خَيْرُ الرَّاحِمِينَ
«Эй Парвардигори мо, имон овардем, моро биёмурз ва бар мо раҳмат овар, ки Ту беҳтарини раҳмоварандагонӣ» (Муъминун: 109)
رَّبِّ اغْفِرْ وَارْحَمْ وَأَنتَ خَيْرُ الرَّاحِمِينَ
«Эй Парвардигори ман, биёмурзу раҳмат кун ва Ту беҳтарини раҳматкунандагон ҳастӣ» (Муъминун: 118)
Таҳияи
Абдулҳаннони Абдурраҳмон

40 васияти Луқмон ба фарзандаш .



Фарзандам ҳеҷ кас ва ҳеҷ чизро ба Худованд шарик насоз.
Ба ҷуз Худованд ҳеҷ кас ва ҳеҷ чизро фармонраво ва фарёдраси хеш машмор!
Вуҷуди падару модаратро ғанимат бишмор!
Устодатро ҳамчун падар дӯст бидор!
Сарчашмаи зиштиҳоро дунёпарастӣ ва мастӣ ва нодонӣ бидон!
Агар биҳиштро металабӣ аз фасоду ситам ва гарданкашӣ парҳез кун!
Умрро барои амалу ибодат ва покию парҳезкорӣ ғанимат бидон!
Дар мол ва мақоми дигарон тамаъ накун!
Бо Худованд содиқ ва бо мардум боинсоф бош!
Дар ҳузури меҳмон бар касе хашм нагир!
Меҳмонро бар ҳеҷ коре дастур надеҳ!
Аз пеши дигарон ғизо ва мева барнадор!
Дар роҳ рафтан аз бузургон пешӣ нагир!
Аз мурдагон ба некӣ ёд кун!
Аз ҷангандозӣ ва хусумат парҳез кун!
Аз хостаҳои нобаҷои зан ва фарзандон пайравӣ накун!
Ҳурмати ҳар касро дар ҳадди худ нигоҳ дор!
Ҳеҷ касро пеши дигарон хиҷил ва расво накун!
Бо чашм ва абрӯ бо дигарон сухан нугӯ!
Ҳеҷ гоҳ покон ва парҳезгоронро ғайбат накун!
Худхоҳ ва мутакаббир набош!
Кори хуби дигаронро кори худ нишон надеҳ!
Бо падару модарат беҳтарин рафторро ихтиёр кун.
Бидон, ки ҳеҷ чиз аз Худованд пинҳон намемонад.
Бо мардум ором сухан бигӯ ва фарёд назан!
Андарзеро, ки ба дигарон медиҳӣ худат бештар амал кун!
Суханро ба андоза бигӯ!
Ҳаққи мардумро ба хубӣ адо кун!
Рӯзҳои ҷавониро ғанимат бишумор!
Марди дунё ва ҳам марди охират бош!
Дар маҷолис чашм ва забонро аз гуноҳ боз дор!
Назофатро ҳеҷгоҳ фаромӯш накун!
Дӯстон ва ҳамкешонатро ҳеҷгоҳ тарк накун!
Фарзандонатро дониш ва диндорӣ биёмӯз!
Ҳеҷ кореро пеш аз андеша ва тадбир анҷом надеҳ!
Кори нокардаро кардаи худ надон!
Бо бузургтар аз худ мазоҳ накун!
Бо бузургон сухани тулонӣ нагу!
Ҳолати хастагиро дар ҳузури дигарон зоҳир накун!
Дар роҳ рафтан миёнарӯ бош!
 Абдулҳаннони Абдурраҳмон.

воскресенье, 31 марта 2013 г.

Зан чи гуна офарида шуд?



Дар асотири бостони ривояте дар бораи чигунагии офариниши зан махфуз мондааст, ки он чи аз лихози балогат ва чи аз чихати маъони аз тамоми он киссахое ки дар бораи зан ва табиати у гуфта шудааст, волост ва дар макоми баланд буда, посухгуи хамаи пурсишхои шумост.
Дар он устура омада:
Офаридгор дар ибтидо олам, осмонхо, замин ва тамоми мавчудоти онро офарид, сипас мардро халк фармуд. Хангоме, ки хост занро биофарад, тааммул кард.
Сипас, аз мох сурат ва зебоиро, аз офтоб ишрок ва тулуъашро, аз ситорахо фурузонию чашмакзаниро, аз абрхо ашкро, аз гулхо рангро, аз шохахо алвончу тамоилро, аз хашиш ларзишро, аз насим лутфу навозишро, аз варак сабукиро, аз наботот раъшаву ларзишро, аз амвоч маду чазрро, аз оташ хароратро, аз барф сардиро, аз оху чашмонро, аз харгуш тарсро, аз кабутар садояшро, аз саг вафояшро, аз асал лаззатро, аз алмос салобатро, аз паланг хашму кувватро, аз тилло дурахшишро, аз турна нифокро, аз гунчишк пургуиро, аз булбул нагмасароиро, аз гизол назораро, аз хазандагон хазиданро, аз букаламун талаввунро, аз мор хикматро, аз рубох макрро, аз замон гадру хиёнатро, аз бунафша буяшро, аз бахор лабхандро баргирифт. Ин хама ашёро даромехта занро офарид ва пешкаши мард кард…
Баъди хашт руз мард ба назди Офаридгор омад ва гуфт:
-Худоё, он махлуке, ки ба ман армугон карди, хаётамро ба азоб, хушбахтиамро ба бадбахти, шодиамро ба гам, умедамро ба яъс кашид… У нихоят пургуй аст ва забонаш ороми надорад. Бе хеч сабаб гиря мекунад. Талаботаш хад надорад. Аз хар чи шикоят мекунад ва аз хама чи алам мекашад. Ва ба гамхории доим мухточ аст… Аз ин ру омадам, ки уро ба ту баргардонам ва наметавонам, ки бо у зиндаги кунам. Уро бигир ва маро аз у рахо бубахш…
Офаридгор тааммул намуд ва гуфт: Хайр.
Пас аз як хафта мард назди Офаридгор омад ва гуфт:
-Худоё, аз даме, ки ман махлуки хадякардаатро баргардонидам, хаётамро беранг ёфтам. Холо ба ёдам меорам, ки чи сон чун гизоли зебо дар наздам мераксид ва чи гунна бароям бо садои чун булбул месуруд. Чи тавр бо ман бози мекарду ба ман фарах меовард… Маро ёд меояд, ки чи зайл ба ман лабханд мезаду нишотам мебахшид, ках-ках мезаду гамхорам буд…Чи тавр дастонашро ба гарданам халка мекарду худро ба огушам меафганд. Чи гуна дарду аламамро сабук месохт. Лаззати хаёт ва умеду орзуям буд. Худоё, уро ба ман баргардон…
Офаридгор занро ба мард баргардонд.
Баъди се руз мард боз назди Офаридгор бо шикваю гиря омад ва гуфт:
-Худоё, ман ин махлукатро хеч намефахмам. Гуё асрори пушидаест, ки кушоишаш гайриимкон аст. Нихоят ба хулосае омадам, ки уро ба ту баргардонам. Зеро у шабехи шаробест, ки зиёнаш аз судаш фузун аст…
Офаридгор ба у гуфт:
-Ба худ ой, эй мард ва дар амрат тадбир бичуй!
Мард гуфт:
-Худоё, хеч имконе вучуд надорад, ки бо у зиндаги кунам.
Офаридгор посух дод:
- Хеч имконе надори, ки бидуни у зиндаги куни. Ва уро тарк кард…
Мард бо яъсу алам фарёд кашид:
-Аз фирокаш наметавонам сабр намоям…ва рухам наметавонад бо у бисозад…
…Хамин аст зан дар рузгори мард…

вторник, 12 марта 2013 г.

Ислом ба зоти худ надорад айбе..


Ислом ба сифати як дини ваҳдонӣ маншаи ифтихори ҷаҳонист. Вале, мутаассифона, баҳсҳои мазҳабӣ ва фирқаву ҷараёнӣ дар дохили ин дини муқаддас парокандагӣ ва даргириҳои зиёдеро ба вуҷуд овардааст. Ва таассуф, имрӯзҳо ҳамон аломати нотифоқиву гурӯҳсозиҳои фирқавӣ бо исми "салафӣ"-ву "суннатӣ" ҷо-ҷо заминаи тафриқаҳои ҷомеа гашта истодааст. Пӯшида нест, ки азизони зиёде дар гироиши мазҳабӣ фароҳам наомада, балки аз тафриқаҳои мазҳабӣ безоранд, зеро маҳз дар заминаи ҳамин тафриқаҳо бар сари ҷомеаи исломӣ ва мардуми мусалмон хориҳои зиёде расида.  

Ҷомии бузургвор аст, ки ахлоқи ҳамидаи исломии ӯро ҳеҷ мазҳабе натавониста, ки бар таассуб ва гироиши якҷониба муттаҳим сохта бошад. Ин бузургвор аз эҳсоси дард ва дилсӯзии парокандагии исломӣ аз мақоми мазҳаб фармуда: 
Эй муғбачаи даҳр бидеҳ ҷоми маям, 
К-омад зи низои шиаву суннӣ қаям. 
Гӯянд, ки Ҷомиё, чӣ мазҳаб дорӣ, 
Сад шукр, ки …суннию …шиа наям.  

Ин гуфтори ҳазрати Ҷомӣ на таҳқири муслиме, балки хулоса аз дарди ҷонкоҳи хуношомиҳои ду мазҳаби исломӣ шуда. Абу-ал-Ало ал-Мавдудӣ таърихи исломро ба чаҳор давра, исломи давраи Расули акрам; давраи мутлақият; давраи мустамликакунонии колонизатсионӣ ва давраи ҷадид тақсим намуда, барҳақ нигоштааст, ки ислом дар замони Расули акрам дар як давлатчае (Мадина дар назар аст) эҳё шуд, ки ҳудуди он деҳаро мемонд ва шумори мардуми он аз 6-7 ҳазор кас зиёд набуд. Ва бо ҳамин ҳудуду шумора вай ба минтақаи ҷаҳонӣ табдил шуд ва сафи пайравонаш ба андоза афзуд. Яъне, бузургии Расули акрам он буд, ки дар айёми ӯ зоҳиру ботини сиёсати исломӣ ба ислом созгору ҷавобгӯ буд ва ҳар ҷо, ки ислом қадам мениҳод мардуми аз ҷаҳолату қабоҳати замони ҷоҳилияи араб ба дод омада дар чеҳраи ислом наҷоти худро дармеёфтанд ва ба истиқболи он мешитофтанд.  
Имрӯз бо андешаҳои зиёди ифротӣ танобкашии мазҳабӣ мекунем, болои ҳам бӯҳтон месозем, рангҳои таърихро барои "об додан"-и манфиатҳои имрӯзии худ ранг мерезем. 
Ман бад кунаму ту бад мукофот диҳӣ, Пас, фарқ миёни ману ту чист, бигӯ?!  
Болотар аз ин, дар ояҳои "Қуръони маҷид" таъкидҳои фазилатии Худованди таборак ва таъоло нозил шуда, ки "Ҳамагӣ ба ресмони илоҳӣ чанг занед ва пароканда нашавед ва ёдовари неъматҳои Илоҳӣ бошед" (Оли Имрон, ояти 103). Ва ё: "Ин роҳи мустақими ман роҳи тавҳид, роҳи ҳақ ва адолат, роҳи покӣ ва тақвост, аз он пайравӣ кунед ва ҳаргиз дар роҳҳои инҳирофӣ ва пароканда гом маниҳед, ки Шуморо аз роҳи Худо мунҳариф ва пароканда мекунад ва тухми нифоқ ва ихтилофро дар миёни шумо мепошад…" (сураи Инъом,ояти 153). 
Дар олам ҳеҷ дине аз динҳои ваҳдонӣ то динҳои ғайриваҳдонӣ қоидаи аз тариқи зулм, ситам ва ҷабр бар сари мардум бор кардани эътиқодро таклиф накардаанд. Пас, ошкор аст, ки иддае аз мардум барои пӯшонидани ғаразҳои дунёхоҳии худ парчами динеро сипар кардаву ба ғорат ва тасхири дигарон пардохтаанд, ки ин аъмол дар фаҳми орифон ва зоҳидон ва фақеҳон ва сӯфиёне, ки ин мақомро берун аз реву риё дар худ доштанд, нағунҷидааст ва нахоҳад ғунҷид. Ва Худованд гуфт: Инсонро дар Замин халифаи худ кардем, то он чиро офаридем идора ва истифода кунад. Ва халифаро мақом ин аст, ки сифатеро аз сифоти устод дошта бошад ва коре аз корҳои ӯро ба сомон расонад. Аз ин ҷост, ки чанд сифате аз сифоти Худо бар инсон гузашта. Он гуна, ки инсон чун Худованд эҷодгари қоида дар замин аст, аммо ин эҷодгарӣ набояд аз андозаи таъин берун бошад, яъне инсон ҳар қоидае, ки дар назми кори замин эҷод мекунад, нашояд, ки хилоф бар қоидаи эҷоди Илоҳӣ ояд,  

Ислом динест, ки тамоми ҷанбаҳои ҳаёти инсониро дар бар гирифта, хусусан ҷанбаи ахлоқии онро ба дараҷаи камол расонидааст, ки пайғамбар Муҳаммад (саллаллоху алайхи вассалам) дар ин бора мефармояд: "Фиристода шудам то дунёи ахлоқро ба камол расонам". Пас бародарию баробарӣ дар ислом яке аз бузургтарин амрҳоест, ки шариат ва қонуни исломӣ барои он мавқеъ ва мақоми хоссаеро интихоб намуда ва иҷрои ин амрро аз тарафи пайравонаш ҳатмӣ ва лозимӣ донистааст. 
Аммо чаро имруз мо мусалмонон ваҳдат ва якпорчагӣ надорем ва бо якдигар муҳаббат ва аз якдигар пуштибонӣ надорем? Мутафаккирон олами ислом омилҳои ин парокандагиро чунин шарҳ додаанд: 
) Мусалмонон аз исломи ҳақиқӣ хеле дур шудаанд. 
2) Ифтихори исломӣ аз байн рафтааст. 
3) Мусалмонон ба муҳаббати дунё ва роҳату танпарастӣ гирифторшудаанд. 
4) Ба Қуръон тааммул намекунанд ва ин китоби раббониро паси пушт андохтаанд. 
5) Моддиёти онҳо аз маънавиёташон болотар рафтааст. 
Ҳамаи ин омилҳои зикршуда сабабҳои асосии парокандагии мо мусалмонон гаштааст, ки ҳатто дар баъзе минтақаҳо мусалмон хуни бародари мусалмонаш мерезад. Худованд пайванди бародарии имонии мо мусалмонони муосирро ҳамрангу буи пайванди асҳоби киром бигардон!   

воскресенье, 10 марта 2013 г.

Шарму ҳаё зебогист. Тарси Худо олиҳимматист.


Ба номи худованди бахшанда ва бахшояндаи меҳрубон.
Ҳаким Тирмизӣ нақл мекунад, ки Расули Худо(саллаллоху

алайхи вассалам)) фармудаанд: «Шарму ҳаё зебогист.
Тарси Худо олиҳимматист. Беҳтарин чизе, ки инсон савори он мешавад, сабр аст.
Аз Худо умеди кушоиш доштан ибодат аст».
Имом Замахшарӣ дар китоби «Мақомот»-и худ, ки китоби ахлоқист,
мефармояд: «Хислати хуб инсонро мисли себи Лубнон месозад, ки ҳам
хушранг асту ҳам хушбӯю хушмазза. Ба ҳар ҷониб, ки онро бигардонӣ, туро
ба сӯи худ ҷалб мекунад. Хислати бад мисли хори саъдон аст, ки ба ҳар
ҷониби он нигарӣ, намехоҳӣ ба он даст бизанӣ». 
Дар ҳама кор пешвоест ва пешвои ахлоқ ҳазрати Муҳаммад (С) ҳастанд, ки фармудаанд: «
Ман барои он фиристода шудаам ки ахлоқи накӯро пурра баён бисозам».
Вобаста ба ин Саъдии Шерозӣ мегӯянд: 

Мапиндор Саъдӣ, ки роҳи сафо 
Тавон рафт ҷуз аз паи Мустафо. 

Парҳез намудан аз ахлоқи бад мағзи ахлоқи ҳамида аст. 

Ҳар кӣ дар ӯ сирати некӯ бувад, 
Одамӣ аз одамиён ӯ бувад. 
Паёмбари Худо (салом ва дуруди Худованди маннон барУ) саодати дунё ва
охиратро барои занони мусалмон бо ин харфи гухарборашон нишон додаанд,
гуфторамонро ба поён мерасонем. Паёмбар (салом ва дуруди Худо бар У)
фармуданд: «Агар зане панч вакт намозро адо намояд ва мохи Рамазонро
руза бигирад ва иффат ва покдомании худро хифз намояд ва аз шавхари хеш
дар амре, ки маъсият ва нофармонии Худованд набошад, итоат намояд, дар
рузи киёмат ба у гуфта мешавад; Аз хар даре, ки мехохи дохили Бихишт
шав!» Пас эй хохари мусамон! Агар вокеан тасмим бигири ва ахд куни ин
кор чандон мушкил нест. Кори хеле содда ва осон аст. Дарвозахои Бихишт
ба руят боз мегардад. Факат хамин холо аз чо бархез вузу бигир ва ду
ракаат намоз бихон ва бо Худованди худ ахд намо, ки аз ин ба баъд
фармонбардори У боши. Агар ту аз хамин холо ба ин кор шуруъ куни хичоби
исломиро, ки Худоят туро ба он амр кардааст ба бар куни ва аз гузаштахо
тавба намои, мутмаин бош, ки Худованд гузаштаи туро афв мекунад. Инро
худи Худованд ваъда намудааст. Дар иваз Худованд ба ту Бихиштеро насиб
мегардонад, ки аз зери богхо ва дарахтони он нахрхо чори аст. Хар
неъмате, ки орзу дошта боши, дар он чо насибат хохад гашт .
Мо низ тарафдори онем ва таманно  аз Худованди мутаъол дорем то сафи занҳои худотарс дар ҷомеаи имрўза зиёд гарданд. Чунки маҳз зан-модар ҳасту ҳаёт идома ёфта истодааст. Зан сарчашмаи ҳаёт мост ва аз Худованд дар талаби онем, ки оби ин сарчашма
доимо софу буғубор бошад.
Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ ба духтарони мусулмон хитоб карда мегӯяд:
Фитрати ту ҷазбае дорад баланд,
Чашму ҳуш аз усваи Заҳро мабанд.
То Ҳусайне шохи ту бор оварад,
Мавсими пешин ба гулзор оварад.


понедельник, 11 февраля 2013 г.

Муҳаббати Худову Расулаш ин неъмати бузург аст.



Дили ман волаву Шайдои Муҳаммад бошад, 
Сари ман хоки қадамҳои Муҳаммад бошад. 
Ин тани хокии ман бе рухи ӯ зинда мабод, 
Ҷон фидои қаду болои Муҳаммад бошад. 
Ҷибриил буд, ки ӯ сидранишини малакут, 
Дар фироқи рухи зебои Муҳаммад бошад. 
Маҳу хуршед ба хоки дари ӯ саҷда баранд, 
Аршу Курсӣ ба таманнои Муҳаммад бошад 
Рӯзи маҳшар ба шафоат чу барад дасти дуо, 
Ҳама олам ба тамошои Муҳаммад бошад. 
Ҷазбиё, халқи ҷаҳонро ҳама дар рӯзи ҷазо, 
Чашм бар ҳиммати аълои Муҳаммад бошад 




Ҷон бод фидои қаду болои Муҳаммад,
Бо гесӯи мушкини сумансои Муҳаммад.
Ҷибрил ҷилавдори Буроқаш шаби меъроҷ,
Ҳӯрон сафи дар саф ба тамошои Муҳаммад.
Арш аст сарафроз зи ташрифи қудумаш,
Курсист ба болиш зи таманнои Муҳаммад.
Хуршед гирифт хӯшае аз хирмани ҳуснаш,
Маҳ рӯйканон бӯса зад аз пои Муҳаммад.
Ташрифи заминаш ҳамаро вола намуда,
Ташрифи само ҷумла ба ғавғои Муҳаммад.
Шуд гулшани олам зи туфайли гули рӯяш,
Аз шавқ ҳама булбули гӯёи Муҳаммад.
Омад ба қадаш хилъати лавлок мувофиқ,
Тоҷе ба сараш қавси "авадно"-и Муҳаммад.
То-ҳо лақабаш, васфи қабояш ба Музаммил,
Баҳри зафари хасм "фатаҳно"-и Муҳаммад.
Фардо, ки кунад ҷилва ба бозори қиёмат,
Маҳшар шавад он рӯз ба тамошои Муҳаммад.
Аз баҳри шафоъат ба ҳама уммати осӣ,
Бандад камари ҳиммату аъло Муҳаммад.
Хоки қудумаш сурма ба чашмони Ҷунунӣ,
К-ӯ ҳаст ба ҷон волаву шайдои Муҳаммад.
(Саллаллоҳу алайҳи васаллам) 

Ҳарчи доранд ин ҷамоат аз дуои модар аст.

Модар- сарчашмаи хушкнашавандаи инсоният маҳсуб меёбад. Чӣ калимаи зебову пурмаъноест, Модар! Бо овардани ин калима ба забон дар дили кас меҳру муҳаббати зиёде пайдо мешавад. Модар мӯъҷизаи офаридаи Худои муттаъол аст.
Аз ин рӯ мо фарзандон, модарони худро чун гавҳараки чашм бояд азиз донем. Зеро, ки модар барои фарзанд аз ҳама чизи нодиртарин ва муқаддастарин ба ҳисоб меравад. Бале, модарон сарчашмаи ҳаётанд, ки чун чароғ хонадони ҳар яки моро равшан месозанд. Ва онҳо мехоҳанд, ки фарзандонашон номбардори миллату ватан бошанд. Чун кабутарон дар осмони софу беғубор болу пар зада, ба қуллаҳои баланди умеду орзуҳои худ бирасанд. Аз ин хотир модарон дар ғами мо мӯи сари хеш сафед менамоянд.
                                                     Аё модар дилу ҷонам фидоят
Ҳамехоҳам бибӯсам хоки поят.

Заминро саҷдаҳо баҳри ту созам,

Ки шояд ман бигирам як дуоят.
Маҳз дуои модар дили моро чун чароғ равшан мекунад. Ва хушбахтии фарзанд ин хушбахтии модар аст. Ҳамаи он коре, ки бо дуои модар оғоз мекунем, бо файзу бо баракат хоҳад шуд. Зеро дуои модарон роҳнамои ҳаётамон аст. Аз ин хотир мо фарзандон бояд, бо кадри шири покаш, бо қадри дили бузургаш бирасему дасташ гирем ва ҳамеша аз ҳолу аҳволаш воқиф бошем. Сари таъзим наздаш фуруд оварем.
Биҳишт, ки ризои модарон аст, дар зери қудуми Модарон аст. Бале Модар қиматарин неъмати дунё, сарчашмаи муҳабати беканор, химматбаландтарин шакхси башар аст. Канори модар худ мақсади аввалини ҳаёти мост. Мисли оғӯши модар биҳиштосо макони дигаре нест. Модар мисли замин танҳо ва яктост. Модар дар ҳама ҳолат чӣ ҳозиру чӣ ғоиб пайваста дар ёди фарзанд ҳаст. Аз даст рафтани Модар барои фарзанд фоҷеаи хело гарон аст;Оре, давлати фарзандон модар аст. Зиндагӣ худ шеър аст, ки бо аллаи модар ибтидо гирифта, бо номи он хотима меёбад. Ҳар фарзанде,ки қимати модарро донад бо дуояш хушбахту шӯҳратёр мегардад.
Паёмбар дар ҷои дигар фармуда: «Хушнудии Худо дар хушнудии падару модар аст ва хашми Худо дар хашми падару модар аст». Дар ин маъно шоире фармуда:
Ҷаннат, ки ризои модарон аст,
Дар таҳти қудуми модарон аст.
Хоҳӣ, ки ризои мо биёбӣ,
Он кун ки ризои модарон аст.

Ҷаннат талабӣ, талаб ризои модарон,
Мекун ту тавоф хоки пои падарат.
Аз амри Худо муайяд аст амри падар,
Хушнудии ҳақ аст ризои падарат.