воскресенье, 31 марта 2013 г.

Зан чи гуна офарида шуд?



Дар асотири бостони ривояте дар бораи чигунагии офариниши зан махфуз мондааст, ки он чи аз лихози балогат ва чи аз чихати маъони аз тамоми он киссахое ки дар бораи зан ва табиати у гуфта шудааст, волост ва дар макоми баланд буда, посухгуи хамаи пурсишхои шумост.
Дар он устура омада:
Офаридгор дар ибтидо олам, осмонхо, замин ва тамоми мавчудоти онро офарид, сипас мардро халк фармуд. Хангоме, ки хост занро биофарад, тааммул кард.
Сипас, аз мох сурат ва зебоиро, аз офтоб ишрок ва тулуъашро, аз ситорахо фурузонию чашмакзаниро, аз абрхо ашкро, аз гулхо рангро, аз шохахо алвончу тамоилро, аз хашиш ларзишро, аз насим лутфу навозишро, аз варак сабукиро, аз наботот раъшаву ларзишро, аз амвоч маду чазрро, аз оташ хароратро, аз барф сардиро, аз оху чашмонро, аз харгуш тарсро, аз кабутар садояшро, аз саг вафояшро, аз асал лаззатро, аз алмос салобатро, аз паланг хашму кувватро, аз тилло дурахшишро, аз турна нифокро, аз гунчишк пургуиро, аз булбул нагмасароиро, аз гизол назораро, аз хазандагон хазиданро, аз букаламун талаввунро, аз мор хикматро, аз рубох макрро, аз замон гадру хиёнатро, аз бунафша буяшро, аз бахор лабхандро баргирифт. Ин хама ашёро даромехта занро офарид ва пешкаши мард кард…
Баъди хашт руз мард ба назди Офаридгор омад ва гуфт:
-Худоё, он махлуке, ки ба ман армугон карди, хаётамро ба азоб, хушбахтиамро ба бадбахти, шодиамро ба гам, умедамро ба яъс кашид… У нихоят пургуй аст ва забонаш ороми надорад. Бе хеч сабаб гиря мекунад. Талаботаш хад надорад. Аз хар чи шикоят мекунад ва аз хама чи алам мекашад. Ва ба гамхории доим мухточ аст… Аз ин ру омадам, ки уро ба ту баргардонам ва наметавонам, ки бо у зиндаги кунам. Уро бигир ва маро аз у рахо бубахш…
Офаридгор тааммул намуд ва гуфт: Хайр.
Пас аз як хафта мард назди Офаридгор омад ва гуфт:
-Худоё, аз даме, ки ман махлуки хадякардаатро баргардонидам, хаётамро беранг ёфтам. Холо ба ёдам меорам, ки чи сон чун гизоли зебо дар наздам мераксид ва чи гунна бароям бо садои чун булбул месуруд. Чи тавр бо ман бози мекарду ба ман фарах меовард… Маро ёд меояд, ки чи зайл ба ман лабханд мезаду нишотам мебахшид, ках-ках мезаду гамхорам буд…Чи тавр дастонашро ба гарданам халка мекарду худро ба огушам меафганд. Чи гуна дарду аламамро сабук месохт. Лаззати хаёт ва умеду орзуям буд. Худоё, уро ба ман баргардон…
Офаридгор занро ба мард баргардонд.
Баъди се руз мард боз назди Офаридгор бо шикваю гиря омад ва гуфт:
-Худоё, ман ин махлукатро хеч намефахмам. Гуё асрори пушидаест, ки кушоишаш гайриимкон аст. Нихоят ба хулосае омадам, ки уро ба ту баргардонам. Зеро у шабехи шаробест, ки зиёнаш аз судаш фузун аст…
Офаридгор ба у гуфт:
-Ба худ ой, эй мард ва дар амрат тадбир бичуй!
Мард гуфт:
-Худоё, хеч имконе вучуд надорад, ки бо у зиндаги кунам.
Офаридгор посух дод:
- Хеч имконе надори, ки бидуни у зиндаги куни. Ва уро тарк кард…
Мард бо яъсу алам фарёд кашид:
-Аз фирокаш наметавонам сабр намоям…ва рухам наметавонад бо у бисозад…
…Хамин аст зан дар рузгори мард…

Комментариев нет:

Отправить комментарий