вторник, 12 марта 2013 г.

Ислом ба зоти худ надорад айбе..


Ислом ба сифати як дини ваҳдонӣ маншаи ифтихори ҷаҳонист. Вале, мутаассифона, баҳсҳои мазҳабӣ ва фирқаву ҷараёнӣ дар дохили ин дини муқаддас парокандагӣ ва даргириҳои зиёдеро ба вуҷуд овардааст. Ва таассуф, имрӯзҳо ҳамон аломати нотифоқиву гурӯҳсозиҳои фирқавӣ бо исми "салафӣ"-ву "суннатӣ" ҷо-ҷо заминаи тафриқаҳои ҷомеа гашта истодааст. Пӯшида нест, ки азизони зиёде дар гироиши мазҳабӣ фароҳам наомада, балки аз тафриқаҳои мазҳабӣ безоранд, зеро маҳз дар заминаи ҳамин тафриқаҳо бар сари ҷомеаи исломӣ ва мардуми мусалмон хориҳои зиёде расида.  

Ҷомии бузургвор аст, ки ахлоқи ҳамидаи исломии ӯро ҳеҷ мазҳабе натавониста, ки бар таассуб ва гироиши якҷониба муттаҳим сохта бошад. Ин бузургвор аз эҳсоси дард ва дилсӯзии парокандагии исломӣ аз мақоми мазҳаб фармуда: 
Эй муғбачаи даҳр бидеҳ ҷоми маям, 
К-омад зи низои шиаву суннӣ қаям. 
Гӯянд, ки Ҷомиё, чӣ мазҳаб дорӣ, 
Сад шукр, ки …суннию …шиа наям.  

Ин гуфтори ҳазрати Ҷомӣ на таҳқири муслиме, балки хулоса аз дарди ҷонкоҳи хуношомиҳои ду мазҳаби исломӣ шуда. Абу-ал-Ало ал-Мавдудӣ таърихи исломро ба чаҳор давра, исломи давраи Расули акрам; давраи мутлақият; давраи мустамликакунонии колонизатсионӣ ва давраи ҷадид тақсим намуда, барҳақ нигоштааст, ки ислом дар замони Расули акрам дар як давлатчае (Мадина дар назар аст) эҳё шуд, ки ҳудуди он деҳаро мемонд ва шумори мардуми он аз 6-7 ҳазор кас зиёд набуд. Ва бо ҳамин ҳудуду шумора вай ба минтақаи ҷаҳонӣ табдил шуд ва сафи пайравонаш ба андоза афзуд. Яъне, бузургии Расули акрам он буд, ки дар айёми ӯ зоҳиру ботини сиёсати исломӣ ба ислом созгору ҷавобгӯ буд ва ҳар ҷо, ки ислом қадам мениҳод мардуми аз ҷаҳолату қабоҳати замони ҷоҳилияи араб ба дод омада дар чеҳраи ислом наҷоти худро дармеёфтанд ва ба истиқболи он мешитофтанд.  
Имрӯз бо андешаҳои зиёди ифротӣ танобкашии мазҳабӣ мекунем, болои ҳам бӯҳтон месозем, рангҳои таърихро барои "об додан"-и манфиатҳои имрӯзии худ ранг мерезем. 
Ман бад кунаму ту бад мукофот диҳӣ, Пас, фарқ миёни ману ту чист, бигӯ?!  
Болотар аз ин, дар ояҳои "Қуръони маҷид" таъкидҳои фазилатии Худованди таборак ва таъоло нозил шуда, ки "Ҳамагӣ ба ресмони илоҳӣ чанг занед ва пароканда нашавед ва ёдовари неъматҳои Илоҳӣ бошед" (Оли Имрон, ояти 103). Ва ё: "Ин роҳи мустақими ман роҳи тавҳид, роҳи ҳақ ва адолат, роҳи покӣ ва тақвост, аз он пайравӣ кунед ва ҳаргиз дар роҳҳои инҳирофӣ ва пароканда гом маниҳед, ки Шуморо аз роҳи Худо мунҳариф ва пароканда мекунад ва тухми нифоқ ва ихтилофро дар миёни шумо мепошад…" (сураи Инъом,ояти 153). 
Дар олам ҳеҷ дине аз динҳои ваҳдонӣ то динҳои ғайриваҳдонӣ қоидаи аз тариқи зулм, ситам ва ҷабр бар сари мардум бор кардани эътиқодро таклиф накардаанд. Пас, ошкор аст, ки иддае аз мардум барои пӯшонидани ғаразҳои дунёхоҳии худ парчами динеро сипар кардаву ба ғорат ва тасхири дигарон пардохтаанд, ки ин аъмол дар фаҳми орифон ва зоҳидон ва фақеҳон ва сӯфиёне, ки ин мақомро берун аз реву риё дар худ доштанд, нағунҷидааст ва нахоҳад ғунҷид. Ва Худованд гуфт: Инсонро дар Замин халифаи худ кардем, то он чиро офаридем идора ва истифода кунад. Ва халифаро мақом ин аст, ки сифатеро аз сифоти устод дошта бошад ва коре аз корҳои ӯро ба сомон расонад. Аз ин ҷост, ки чанд сифате аз сифоти Худо бар инсон гузашта. Он гуна, ки инсон чун Худованд эҷодгари қоида дар замин аст, аммо ин эҷодгарӣ набояд аз андозаи таъин берун бошад, яъне инсон ҳар қоидае, ки дар назми кори замин эҷод мекунад, нашояд, ки хилоф бар қоидаи эҷоди Илоҳӣ ояд,  

Ислом динест, ки тамоми ҷанбаҳои ҳаёти инсониро дар бар гирифта, хусусан ҷанбаи ахлоқии онро ба дараҷаи камол расонидааст, ки пайғамбар Муҳаммад (саллаллоху алайхи вассалам) дар ин бора мефармояд: "Фиристода шудам то дунёи ахлоқро ба камол расонам". Пас бародарию баробарӣ дар ислом яке аз бузургтарин амрҳоест, ки шариат ва қонуни исломӣ барои он мавқеъ ва мақоми хоссаеро интихоб намуда ва иҷрои ин амрро аз тарафи пайравонаш ҳатмӣ ва лозимӣ донистааст. 
Аммо чаро имруз мо мусалмонон ваҳдат ва якпорчагӣ надорем ва бо якдигар муҳаббат ва аз якдигар пуштибонӣ надорем? Мутафаккирон олами ислом омилҳои ин парокандагиро чунин шарҳ додаанд: 
) Мусалмонон аз исломи ҳақиқӣ хеле дур шудаанд. 
2) Ифтихори исломӣ аз байн рафтааст. 
3) Мусалмонон ба муҳаббати дунё ва роҳату танпарастӣ гирифторшудаанд. 
4) Ба Қуръон тааммул намекунанд ва ин китоби раббониро паси пушт андохтаанд. 
5) Моддиёти онҳо аз маънавиёташон болотар рафтааст. 
Ҳамаи ин омилҳои зикршуда сабабҳои асосии парокандагии мо мусалмонон гаштааст, ки ҳатто дар баъзе минтақаҳо мусалмон хуни бародари мусалмонаш мерезад. Худованд пайванди бародарии имонии мо мусалмонони муосирро ҳамрангу буи пайванди асҳоби киром бигардон!   

Комментариев нет:

Отправить комментарий