пятница, 4 июля 2014 г.

Поймол кардани ҳуқуқи инсон

Амри ҳуқумат болотар аз амри Аллоҳ будаст...

Маълум аст, ки аксари аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мусалмонҳо ташкил медиҳанд.Вақтҳои охир масъалаи поймол кардани ҳуқуқи хоҳарони исломи нисаби пушиш исломи сатру ҳиҷоб бисёр ба чашм мерасад.
Имрӯз соати 8 сӯбҳ дар толори Донишгоҳи Милли Тоҷикистон,ки яке аз донишгоҳҳои бонуфузи мамлакат мебошад ва садҳо нафар ҷавонон ин даргоҳро хатм мекунанад супоридани дипломҳои”Сурх” ба донишҷӯйон баргузор гардид.Банда ҳам барои табрики хоҳарзодаам,ки имсол ҳамин донишгоҳ факултаи шарқшиноси ҷузъи арабиро ба итмом расонид бо диплои сурх барои табрикоаташ рафтам вале дар даромадгоҳи донишгоҳ муҳофизон маро нагузоштанд,ки вориди толори маҷлисгоҳ шавам.
Гуфтанд,ки шуморо мумкин нест апа гузаштанд.Пурсидам ба чи хотир: гуфтанд,ки шумо сатр доред. Ба шунидани ин суханон рости бисёр дар хиҷолат мондаму дар ғазаб шудам ва нигоҳ накарда ба сухани муҳофиз вориди бино шудам. Баъди дохил бино шуданам мисле,ки ман ягон ҷинояткор бошад дарҳол 4 нафар, сармуҳофиз Расулов ва 3 нафар устодон,ки танҳо номи яке аз онҳоро фаҳмидам Абдуллоев маро иҳота карданду гуфтанд,ки апа шумо инҷоро тарк кунед,ки аз ҳуқумат меҳмонҳо ҳастанд шумо бо ин сатр дароед моро гап мерасад. Оё дар ягонҷои сарқонуни Ҷумҳури Тоҷикистон омадааст,ки бо сатр дар ягон мақомот занҳо роҳ дода нашаванд!!
Соли 2007 Вазорати маорифи Тоҷикистон дастур нашр кард, ки тибқи он пӯшидани ҳиҷоб дар таълимгоҳҳо манъ аст.Лекин куҷост он қонуне,ки волидайн ҳам бе сатр дар толорҳои донишгоҳо ворид шаванд!!
Ҳиҷоб фаризаи илоҳист ва риояи он барои ҳамаи занону духтарони мусалмон, ки ба балоғат расидаанд, ҳатмӣ ва воҷиб аст, Ислом миёни арабу аҷам фарқе қоил нест ҳама мо мусалмонем ва бояд,ки фарзияи илоҳиро ба ҷо орем на ин,ки аз тарси ҳукуматдорон сатру ҳиҷоби худро гиртфа баъдан вориди ин донишгоҳое,ки худро таълимдиҳандаи ҷавонон мепиндоранд ворид шавем.
«Эй Паёмбар! Бигу ба занони худ ва духтарони худ ва занхои муъминон, ки хешро аз сар то по бипушонанд. Ин кор барои онаст, ки ба иффат ва иззат шинохта шаванд. То аз таарруз(зуровари бар онхо) ва азияти хавасронон озор накашанд ва ин хиҷоб барои онхо бехтар аст. Ва Худованд омурзандаву мехрубон аст.» (Сураи «Ахзоб» ояти59
Бояд аз вазир то фақир ва ҳама Сарқонунро эҳтиром намуда ҳуқуки инсонҳоро поймол накунем.Вале чи илоҷ,ки об аз боло лой аст. Тоҷикистон давлати озод ва ҳуқуқбунёду демократист, бояд ҳич кас ба чи гуна либос пӯшидани шаҳрвандон кордор набошад, агар касе ба сатри мо бонувон кор мегирад бояд дигаронро низ барои мини юбка пӯшиашон ва пешу пушташ намудор будан ҷанг кунанд, аз донишгоҳ биронад ва ё мисле,ки маро имрӯз аз толори донишгоҳи милли Тоҷикистон барои сатр ронданд ронд кунанд ё ин урёнии онҳо маъқул асту пӯшиши исломии як хоҳари мусалмонатон шуморо нороҳат месозад. Ин ҳақро ба шумо кӣ додааст, ки Сарқонунро бишканед! Ҳуқуқи инсонро поймол мекунед!
Ҳукуматдорони мо имрӯзҳо дар минбарҳои баланд даъвои мусалмони доранд.Пас масъулини мӯҳтарам бигӯед, ки оё равост, мо бонувон пайравони Имоми Аъзам,ки фарзанди марди тоҷик буд ва имрӯз бештар аз 200 миллион мусалмони ҷаҳон ӯро пайравӣ доранд, бо тани нимурёну бо мини юбка бошем. Ақаллан мо пайравони содиқи Абӯҳанифаро ва ҳам касоне аз бонувони тоҷикро, ки мехоҳанд иҷоза бидиҳед то бо он либосе, ки чароғи уммат- Имоми Аъзам пӯшидани онро фарз гуфтаанд ва модару ҳамсару духтару хоҳари эшон онро ба бар доштанд, онро ба бар дошта бошем.
Баъди аз толор баромадан бо кумаки бародарам Иброҳим ба редакцияи рӯзномаи “Озодагон” зан задам ,ки омада аз наздик ҳамон лаҳза воқеъаро бубинанд вале ҳайҳот,ки ба ҳар ду рақамҳои 987 51 57 70; 935 81 04 61 хизмат расонида намешуд.Аз ин рӯй ин воқеъаро инҷо рӯйи кор овардам то ки хонандагон хонанду қазоват кунад ки бо ин муносибат мо то ба куҷо мерасида бошем.
Дар ин рӯзҳои моҳи шарифи Рамазон аз Худованд бузург хоҳони онам,ки ин гумроҳонро ба роҳи рост ҳидоят кунад.Ин ҳодисае,ки имрӯз ба сари ман омад ва ман аз алам бо оби дида аз ин даргоҳ рафтам илоҳо дигар ҳеҷ хоҳари мусалмон набинад. Воқеъан имрӯз худро дар назди ин мардоне,ки маро ронданад ва гашта гуфтанд,ки мо мусалмонем вале супориши болоро иҷро мекунем ба мусалмони бисёри мардони ватан шубҳа дорам,ки дар ин ҳол ба дифоъи хоҳар мусалмони худ даст дароз накарданд. Ба онҳо аз амри фармони Аллоҳ амру фармони ҳуқумат болотар будааст.
Парвардигоро сафи занҳои худотарсу бо тақою ғайрро дар ҷомеаи имрўза зиёд гарданд. Чунки маҳз зан-модар ҳасту ҳаёт идома ёфта истодааст. Зан сарчашмаи ҳаёт мост ва аз Худованд дар талаби онем, ки оби ин сарчашма доимо софу буғубор бошад ва мардон низ кумак расон дар ин ҷода бошанд ба бонувон .

вторник, 1 июля 2014 г.

Рӯза гиред, тандуруст мешавед

Тавре мебинем, рӯзаи моҳи Рамазон барои мӯъминон ибодати бузургест. Рӯза доштан инчунин дорои манфиатҳои зиёде мебошад, ки чанде аз онҳоро ёдрас мекунем.
Ҳазрати Муҳаммад (саллаллоху алайхи вассалам) дар як ҳадиси муборакашон фармудаанд: “Суму тасиҳҳу!” (Рӯза гиред, тандуруст мешавед!) Дурустии ин ҳадисро олимони гузаштаву муосири тиб дар амал дидаанд. Имрӯзҳо бисёр табибони маъруф беморони гирифтори касалиҳои меъда, атеросклероз, буғумдард ва фишори баланди хунро ба воситаи рӯзадорӣ табобат мекунанд. Таҷрибаҳо нишон доданд, ки манфиати рӯза дар ин бобат хеле назаррас аст.
Дуюм, ин ки рӯза манфиати равонӣ дорад. Яъне, дар ин моҳи муборак рӯҳи инсон ба нафси ҳайвонӣ ғолиб меояд. Зеро рӯзадор ба хотири ризои Худованд хоҳишоти нафсониро зери по карда, бо вуҷуди будани имконот рӯзи дароз худро аз хӯрдану нӯшидан ва алоқаи ҷинсӣ нигоҳ медорад. Яъне, рӯзадор рӯҳи худро бар нафс ғолиб месозад. Дар рӯза инсон бо хоҳиши нафс нею бо фармони ақл кор мекунад. Аз ин хотир, рӯзаро шифои рӯҳ мегӯянд.
Сеюм, рӯза манфиати ахлоқӣ дорад. Дар моҳи Рамазон на танҳо шикам, балки тамоми бадан бояд рӯза бигирад. Чунончӣ, рӯзадор дурӯғ, ғайбат, тӯҳмат, суханони фаҳшу лаънат ва дашномро бояд ба забон наорад. Бо атрофиён мулоим рафтор намуда, дилозорӣ накунад, ки савоби рӯзааш кам мешавад. Чунончӣ гуфтаанд:
Ҳар кас, ки дар ин моҳ дилозорӣ кунад,
На рӯи Биҳишт бинад, не бӯи Биҳишт.
Бинобар ин, Рамазонро моҳи поксозии ахлоқ мегӯянд. Зеро инсон дар ин моҳ имтиҳони сабру матонат ва худдорӣ аз гуноҳонро мегузарад. Хушо ба ҳоли касоне, ки дар ин имтиҳон комёб мешаванд!
Чаҳорум, рӯза манфиати иҷтимоӣ дорад. Инсон ҳангоми рӯзадорӣ аз азоби гуруснагию ташнагӣ огоҳ мешавад ва аз ҳоли касоне, ки ба нони шаб ва ғизои рӯз (қути лоямут) мӯҳтоҷанд, бохабар мегардад. Ҳамин тариқ, ӯ дарк мекунад, ки нодорию бечизӣ чӣ қадар сахт аст ва онҳое, ки мӯҳтоҷанд, чӣ гуна азоб мекашанд. Дар натиҷа сарватмандон ва ашхоси доро майл пайдо мекунанд, ки ба фақирон кӯмак намуда, гуруснагонро сер созанд.
Яъне, рӯза гирифтан дар дили мӯъминон ҳисси некхоҳӣ ва инсондӯстиро бедор месозад.
Панҷум, рӯза барои даст кашидан аз одатҳои бад (ба монанди сигору нос кашидан, қиморбозӣ, майпарастӣ, зинокорӣ, дуздӣ, тамошои филмҳои фаҳшу зӯроварӣ...) кӯмак мерасонад.
Яъне, рӯза иродаро мустаҳкам месозад. Бисёриҳоро медонем, ки маҳз бо баракати моҳи мубораки Рамазон аз сигору носкашӣ халос гаштаанд.
Шашум, рӯза хотирнишон месозад, ки ҳама бандагон новобаста аз нажоду забон, рутбаю мансаб ва боию камбағалиашон назди Парвардигор баробаранд ва бояд амрҳои ӯро ба ҷо оранд.
 


понедельник, 30 июня 2014 г.

Моҳи баҳори Қуръон дар фасли тамузи тафсон

Марҳабо,моҳи “Рамазон”, ки бар меҳмонии мо дар фасли тамузи тобистон омадӣ. Дилҳои пуршўру шарар ва муъминон аз иштиёқи ту бе қарор гардида, то ки ҳангоми ибодатҳоямон мунису ҳамдами мо бошӣ. Рамазон моҳест хеле бошараф ва карим, зеро дар ин моҳ ҳасанот меафзояд ва нисбат бар дигар моҳҳои сол ибодатҳои мо аҷрҳои зиёд дорад. 

Аммо вой бар ҳоли ононе, ки қадри ин моҳро намедонанд ва танҳо ин моҳ (Рамазон) барои ин идда ашхос  ҷуз гуруснагӣ ва ташнагӣ чизи дигаре нест ва рӯза доштанашон суде нахоҳад расонд, Ғайр аз сарсониву гуруснагии бе аҷру подош, зеро моҳияти ин моҳи пурфайзу бобаракотро надонистанд.
Рӯза доштанро оғоз намудем бо нурфишонии офтоби сўзоне, ки болои сари мо нурафшонӣ мекунаду бар нафсҳои саркашу аммораи биссуъамон тамаъи лаззотро ба ёд меорад. Имсол ин моҳи муборак дар фасле меҳмони мо гашта, ки бисёре аз мо ҷавонон дар чунин мавсими гармо қудамашро дар ёд надоштем.Тавре ки аз маркази обуњавосанҷӣ маълумот медиҳанд, моҳи мубораки Рамазон то панҷ соли оянда дар мавсими гармои сол хоҳад омад. Вале барои ошиқони ин моҳ гармои он таъсири мусбат дорад, зеро шахси ошиқ ҳаргиз аз маъшуқаш ҷуз таскину оромӣ ва расидан ба висоли он чизи дигареро намебинад. Дар ин моҳи муборак бояд шахси муъмин ҳамеша ба ибодатҳо пештозу пешсаф ва дар анҷоми онҳо чунон бо шавқу иштиёқ бипардозад, ки гуё ин охирин моҳи Рамазон дар ҳаёташ аст ва ин “фурсати тиллоӣ”-ро аз даст надиҳад. Ибодати холис ва бериё дар ин моҳ имонҳоро қавӣ, қалбњоро мамлуъ аз муҳаббати Холиқ ва дидгоҳашро комилан тағйир медиҳад,ки ин ќувваи ба даст омада, дар ин моҳ то чанд моҳи ояндаро фаро мегирад ва аз файзи он баҳравар мегардад,ки ин бузургтарин комёбист бар нафси саркашу  пуртуғён.
Барои мо муъминон ҳаргиз саодати ҳақиқӣ муяссар намегардад, то он даме, ки хушҳол набошем бо он ибодатҳое,ки барои мо шаръиати поки ислом фарз гардонидааст. Ҳаргиз шаръиати поки ислом бар мо машаққатро наоварда, балки барои мо саодат ва хушҳолиро ҳадя ва эњдо намудааст.Вале гоҳе он фароизро нафсҳои саркаш бар худ машаққат ва тоқатфарсо фикр менамояд. Барои рафъи ин фикри ғалат мо ва шумо ба тозагӣ дар моҳе қарор дорем, ки бо истиқомат, пойдорӣ ва ибодатҳои холисона биизниллоҳ нафсҳои саркашу пуртуғёнамонро дар ин моҳ омода ва пуртаҳаммулу софу босубот мегардонем.Пас ин фурсатро бояд аз даст надиҳем ва онро ончунон самаранок истифода барем,ки руҳу  маънавиёти мо аз вуҷуди ин моҳи пурфайз истифода барад ва аҷри бузургеро низ аз он касб намоем.
Мутаассифона имрӯзҳо аз бархе афроди ҷомеъа мешунавем,ки "Оҳ боз Рамазон омад  он ҳам дар ин фасли гармо...." ё "эй кош ин моҳ намеомад ва моро аз роҳату айшу ишрат боз намедошт" ё "эй кош тезтар Рамазон анҷом меёфт аз пушти кору зиндагиамон мешудем" ё баъзе аз афрод Рамазонро чунон моҳи тулонӣ медонанд,ки гуйё сол бошад, мисли ин ки дар дохили мошин дар ишора вақте меистанд, гоҳе ишора каме дертар сабз мешавад, мегўянд: "Ин ишораи роҳ аз Рамазон ҳам зиёдтар моро манъ намуд." Умуман ҳар яки мову шумо чунин алфозу калимоте, ки аз гуфтану навиштани онҳо ќалби инсони муъмин ба дард меояд, шунидаем ва ниёз ба такрори онҳо нест.
Ин бузургтарин иштибоҳест,ки уммати мусалмон чунин алфози нораворо бар ин моҳи бобаракот ба кор мебаранд. Хонандаи гиромӣ Рамазон ба мо ниёз надорад, балки мо ба Рамазон ниёз дорем, то гуноҳоне, ки дар тўли сол анҷом додем бо қудуми ин моҳ он ҳамаро бо ибодатҳои холисамон аз  миён барем ва худро поксозӣ ва тасфия намоем!
Ҳатто гоҳо дар шабакаҳои телевезионӣ, шабакаҳои интернетӣ, рӯзномаҳо ё радиёҳо мешунавем, мехонем ва мебинем,ки баъзеҳо аз пеши худ фатвоҳое ё мазҳакаҳоеро мегўянд,ки аз шунидани онҳо бархе афроде,ки дониши кофии  динӣ надоранд дар ҳайрат мемонанд. Масалан мегўянд: Моҳи Рамазон агар дар фасли тобистон ояд 200 гр об нўшидан ҷойз аст ва ё рӯза ба инсон зарар дорад, ё агар натавонед рӯза доштан худро азият накунед.Ин суханонест,ки аслан дар шаръиати ислом касе онҳоро на фатво додааст ва на иҷозат, зеро инҳо ифтироотеанд дар дини поки ислом ва бояд огоҳ бошед, ки ҳаргиз дар ислом чунин иҷоза вуҷуд надорад. Магар дар ҳолатҳои муайяне,ки ҳамагон аз онҳо иттилоъ доранд. Мисли маризе,ки наметавонад рӯза дорад ё мусофире,ки сафар мекунад ва барояш машаққат аст ё пиронсоле,ки баданаш тавону тоқати гуруснагиро надорад ё занҳо дар ҳолатҳои махсус ҳайз, нифос,ширдиҳандагон, аммо на ҳама ширдиҳандагон. Вале пас аз моҳи Рамазон бояд онро қазо доранд ва ё фидяи муайяне,ки шаръ муайян кардааст онро бипардозанд.
Ҳатто бархеҳо мегўянд: Рамазон дар моҳи гармо аст ман онро намедорам ва таъхир мекунанд ба моҳҳои сард (бе узр). Ё ман дар ҷойе кор мекунам наметавонам рӯза гирам (бидуни узр). Ман нос ё сигор мекашам ва наметавонам рӯза дорам, зеро бидуни онҳо наметавонам (бидуни узр). Њамзамон мебини баъзеҳо рӯзаашро мехўрад, мепурси чаро? Мегўяд, имрӯз бо ҳамсарам ҷанг кардам дар ғазаб хўрдам ва ё як кор буд он ҳал нашуд аз ғазаб хўрдам, сабр накардам (ин ҳолотро бидуни узрҳои шаръӣ мегўянд).
Хонандаи гиромӣ агар он фазилатҳое, ки дар як рӯзи ин моҳи муборак аст донед, ҳаргиз ба чунин амал даст намезанед. Ин ҳама аз надоштани дониши кофӣ  аз ин фаризаи илоҳӣ аст. Бояд шахси мусалмон дар ин моҳ ҳамаро канор гузорад, то ин фаризаро ба таври бояду шояд ба ҷо оварад. Њамзамон аз бархеҳо мешунавем, ки чун фаҳмидаанд, ки мусофир метавонад рӯзаашро хўрад, кўшиш мекунанд ба масофаи муайяне, ки дар ҳукми мусофир дохил мегардад, сафар кунанд, то рӯзаашонро хўранд ва ин корро такрор мекунанд барои надоштани рӯза ва дар моҳҳои сард онро қазо медоранд.Умуман кўшиш бояд намоем аз ҳилаҳо дурӣ ҷўем, зеро рӯза доштан  барои Худованд аст ва ончӣ дар замири мову шумост Худованд аз он огоҳ аст.
Ҳатто дар рӯзгори гузашта чунин қисса мекунанд: муфтиҳое буданд, ки мардумро дар фасли гармо,ки моҳи Рамазон дар он мусодиф меомад, фатво медоданд,ки шумо рўзаро хўред, зеро  машѓулияту касби шумо мушкил аст, баъдан дар моҳҳои муносиб хоҳед дошт.Инҳо як ифтирое ба дину шаръиати исломи поканд аз ин қабил фатвоҳо ва ашхоси фатводеҳ дурӣ ҷўед.
Бархе аз афроде низ ҳастанд,ки моҳи Рамазонро, яъне рӯзњои онро дар хоб сипарӣ мекунанд, то аз гуруснагӣ ва ташнагӣ осеберо ҳис накунанд ва танҳо намоз мехонанд ва боз хоб мераванд. Шабњои ин моҳро назди телевезион то субҳ ба тамошои филмҳои бемаънову беманфиат мегузаронанд. Мақсад аз рӯза доштан ин сабрро омӯхтан аст на аз хўрдану ошомидан худро боз доштан.
Расули Акрам (с)  Рӯзаи моҳи мубораки Рамазонро сабр гуфтанд.
Пас моҳи Рамазон моҳи сабр ва шикебоист.Рӯза доштан дар фасли гармо ва тафсон ниёз ба сабр дорад.Агар мо дар моҳи Рамазон сабрро наомўзем, пас кай бояд онро омӯхт?Агар моҳи Рамазон барои мо донишгоҳи сабр ва тақвияти имон набошад, пас кай мехоҳем онро биомӯзем ва имонамонро таќвият намоем?
Сабрро метавонем ба чанд бахш тақсим намоем:
-Сабр бар тоъати Худованд.
-Сабр аз саркашӣ бар итоати Худованд.
-Сабр бар қазо ва қадари Худованд.
-Сабр аз  таманноҳои нафси саркаш.
Пас  рӯза доштани мо дар ин моҳи тамузи тобистон агар аз рӯйи ихлосу имони росих ба Худовандамон бошад ҳатман қуввати бузурге бар имонамон изофа менамоем,ки бароямон саодат ва хушбахтии ду дунёро ба бор хоҳад овард.
Хело таъассуф мехўрам гоҳо мебинам ашхосеро,ки дар моҳи мубораки Рамазон рӯза медоранд, вале аз машаққати гуруснагӣ,ташнагӣ,беносӣ,бесигорӣ ва амсоли ин тўли рӯз асабониянд,ҳамеша бо дод задан ва оҳанги хасмомез суҳбат мекунанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад,ки гуё Худовандро миннат мекунанд,ки ман барои Ту рӯза доштаам!Ба чунин афрод мегўям: ин рӯзаи доштаи шумо ҷуз гуруснагӣ ва ташнагӣ  чизи дигаре нест. Шахси рӯзадор бояд ҳалим бурдбор пуртоқат бар машаққат бошад, то ҳаловати он рӯзаи доштаашро дарёбад. Вале шумо бо рӯзаи доштаатон баҷойи он ки ахлоқи хубро дар худ бияфзоед, баръакс дар худ ахлоқи бадро афзудаед! Аз чунин ахлоқ бипарҳезед, то аз баракати ин моҳи шариф шарафёбу пурфайз гардед.
Ҳаргиз шахс лаззати ибодатро нахоҳад ёфт, агар дар аснои он ибодат ба машққате рӯбарӯ нагардад. Дар рӯза гуруснагӣ ва ташнагиро дар намоз хондан, варам кардани по бемадор гаштани тан аз рост истодани зиёд дар намозҳои таровеҳу,қиёму,таҳаҷҷуд ва хатми қуръон.
Кўшиш кунед ин рамазонатон аз рамазонҳои гузаштаатон фарқ кунад.
Кўшиш кунед, кинаву ҳасад, бадбинӣ ва нафратро бо касе дар ин моҳ надошта бошед.
Кўшиш кунед фиреб додани касеро аз сар нагузаронед ва  дар дил напарваред.
Дар ин ҳолат ба осонӣ шумо ба сабр дар ин моҳ шарафёб мегардед. Вақте, ки ба сабр даст ёфтед, шумо бузургтарин гавҳареро дарёфтед, ки он калиди ҳама пирӯзиҳост ва шумо ҳаловати имонро дар доштани рӯза эҳсос хоҳед намуд.
Худованд бар мо рӯзаро фарз нагардонида,ки бар мо машаққат оварад.Ё моро ба чизе амр намояд,ки аз анҷоми он мо оҷиз бошем.Ҳаргиз барои мо бандагонаш чизеро фарз намегардонад,ки анҷоми он сабаби саодати мо набошад.
Чуноне ки дар Қуръони карим мефармояд:
" Оё он зоте, ки (махлуқотро) офарида намедонад? Ҳол он ки ӯ борикбину огоҳ аст."
( Сураи Мулк, ояти 14 )
Ва боз дар ин маврид дар китоби ҷовидона чунин мефармояд:
"Худо ҳеҷ касро ҷуз ба андозаи тоқаташ  амр намекунад. Некиҳои ҳар кас  аз они худи ӯст ва бадиҳояш аз они худиӯст. «Эй Парвардигори мо, агар фаромӯш кардаем ё хатое кардаем, моро бозхост макун! Эй Парвардигори мо, он гуна,ки бар умматҳои пеш аз мо таклифи гарон ниҳодӣ, таклифи гарон бар мо  манеҳ ва он чиро, ки тоқати он надорем, бар мо  таклиф макун! Гуноҳи мо бубахш ва моро биёмурз ва бар  мо раҳмат овар! Ту мавлои мо ҳастӣ. Пас моро бар гурӯҳи  кофирон пирӯз гардон!»
(Сураи Бақара,ояти 286)
Бузурге чунин гуфтааст: "Он машаққату ранҷе,ки дар ибодатат  кашидаӣ савобу подоши зиёде меоварад. Мақсад аз гуфтани ин сухан он нест, ки машаққат ва ранҷро бояд рӯбарӯ гардид, вале худи амалро лозим меояд,ки машаққат ва ранҷро  рӯбарӯ гардад."  Машаққатро дини мо,ки аз мо пайравонаш бардоштааст, ҳаргиз бар мо онро  ба бор намеоварад (дар худи ибодат аст манзури ин сухан).Зеро намехоҳад бар мо мушкилие дар адои он фариза бошад (яъне тарзи иҷро ва амалӣ намудани он фариза  бар банда мушкил нест) Намехоҳад бар мо машаққат ба бор оварад.
Рӯза доштан дар ин фасли гармои тобистон ибрати бузургест барои ибратгирандагон.
Рӯза доштан дар ин моҳи гармо моро  водор ба фикри ҷаҳаннам  мекунад.Худованд моро аз он наҷот диҳад.Шахси рӯзадор дар ҳолати  рӯзадориаш   дар чунин ҳавои гармову тоқатфарсо  мебинад, ки чӣ қадар гуруснагӣ,ташнагӣ ӯро фаро гирифтааст ва ҳолаш чӣ тавр шудааст. Агар дорои қалби огоҳ бошад бояд чунин фикр намояд, ки ин гармо аз ҳарорати офтобест,ки чанд миллион километр аз мо дур аст бар ӯ чи қадар таъсири манфӣ расонидааст.Пас ҷаҳаннам чӣ тавр бошад бо он гармие, ки дар он инсоният андохта мешавад.
Бояд шахси рӯзадор дар чунин рӯзҳо ҳолатҳои ҷаҳаннамро, ки он барои бероҳагон ва кофирон аст ва чӣ қадар гарм аст бияндешад ва рӯзҳои гармои ин дунёро дар он тасаввур намояд. Бояд чунин фикр кунад,ки аҳволи мардум чӣ тавр мешуда бошад дар Маҳшар ва Рӯзи Ќиёмат Дар ин ҳолат вазъият хело фарқ хоҳад кард. Инчунин яке аз суннатҳои Расули Акрам (с) аст, ки асҳоби киромашро аз ҳолатҳои рӯзи ҳашр ва ҳолатҳои гуногӯни он, Рӯзи Ќиёмат огоҳ менамуданд.
Дар ҳадисе аз Расули Акрам (с) омадааст, ки чунин мефармояд: "Шахсе як рӯз  дар роҳи Худо рӯза гирад Худованд  чеҳраи ӯро ҳафтод сол аз оташи ҷаҳаннам дур менамояд" (Ҳадиси саҳеҳ Мутафақун Алайҳ)
Яке аз хусусиёти моҳи Рамазон дар фасли гармо ё тобистон мавриди озмоиш қарор гирифтани мо ва шумост, зеро моҳи Рамазон дар ҳама чаҳор мавсими сол баҳор,тобистон ва тирамоҳу зимистон дар гардиш аст. Ин гардиш барои он аст, ки дар ин ҳама фаслҳо имони мо ва шуморо мавриди санҷиш ва озмоиш қарор бидиҳад, то хуби моро аз бадамон ҷудо намояд.
Тавре ки Худованди Субҳон дар ин маврид мефармояд:
" Худо шабу рӯзро мегардонад. Хирадмандонро дар ин ибратест."
(Сураи Нур,ояти 44)
Аҷру подоши рӯза дар фасли гармо бештар аст:
Тавре ки аз баъзе сафарҳои Расули Акрам (с)  дар сирати мутаҳҳарашон мехонем, он Њазрат (с) дар моҳи Рамазон,ки дар фасли гармо буд, бо асҳоби киромашон сафар намуданд, агарчӣ дар сафар рухсат аст барои надоштани рӯза, вале он Њазрат дар чунин гармо рӯза доштанд. Тавре ки дар саҳеҳайн дар ҳадиси Абудардоъ (р) омадааст: "Мо бо Расули Акрам (с) будем дар баъзе сафарҳое, ки хело ҳаво гарму тоқатфарсо буд. Ҳатто инки мард дасташро дар болои сараш  мегузошт аз шиддати гармо.Касе аз мо рӯза надоштем, магар Расули Акрам (с)  ва Абдуллоҳ ибни Равоҳа,ки ин дар моҳи Рамазон буд"
Ба дурустӣ,  ҳангоме, ки шахси рӯзадор  дар фасли гармо рӯза медорад ва бе ниҳоят ташна мемонад ва ин ташнагиро тоқат мекунад барои он аст, ки фармудаи Расули Акрам (с)-ро дар мадди назар дорад,ки фармудааст:
عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ قَالَ قَالَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ : " مَنْ صَامَ رَمَضَانَ إِيمَانًا وَاحْتِسَابًا غُفِرَ لَهُ مَا تَقَدَّمَ مِنْ ذَنْبِهِ رواه البخاري 38 ومسلم 760 "
"Шахсе рӯза дорад моҳи Рамазонро аз рӯйи имон ва эҳтисоб бахшуда мешавад он чи аз гуноҳон анҷом додааст"(Бухорӣ ва Муслим)
Дар ҳадиси дигаре омадааст, ки Расули Акрам (с) мефармояд: "Шахсе як рӯз дар роҳи Худо рӯза дорад, Худованд чеҳраашро аз оташи ҷаҳаннам ба масофаи ҳафтод сол дур менамояд.”
Тибқи ин ҳадис саҳобии ҷалилулқадр Абӯсаъиди Худрӣ (р) ҳамеша рӯзҳои гармро барои рӯза доштан ихтиёр менамуданд, то аҷри зиёдтаре касб намоянд. Њатто дар мавсими ғайри Рамазон ин амалро анҷом медоданд, дар Рамазон бошад онро ҳамеша бо ҳама ҷавонибаш риоя менамуданд.
Имом ибни Раҷаби Ҳанбалӣ (р.а.ҳ)  дар китоби “Латоифул маъориф”-аш менигорад: Гурўњи зиёде аз гузаштагони солеҳи мо рӯза медоштанд дар фасли гармои тобистоне, ки хело гарму тоқатфарсо буд.Умар ибни Хаттоб (р) ҳангоми вафоташ ба писараш Абдуллоҳ (р)  чунин  васият менамояд: Туро бар пойбандӣ бар ҳама хислатҳои имон фаро мехонам ва васият тўлонӣ аст, вале аввалин васияташ ин буд  "Рӯза доштан дар мавсими гармои тоқатфарсои тобистон. "
Аз баъзе аз асҳоби Расули Акрам (с) ривоят шудааст, ки ҳангоми вафоташон  таассуф мехўрданд: "Эй кош дар фасли тобистони гарму тоқатфарсо рӯза медоштем  ин таманноро Абдуллоҳ ибни Масъуд (р)  ва Муъоз ибни Ҷабал (р) ва зиёде аз асҳоб кардаанд.
Абўбакри  Сиддиқ (р): Ҳамеша дар фасли тобистон рӯза медоштанд ва дар фасли сармо кам рӯза медоштанд (ин рӯзаҳои нафлӣ аст, ки барои баҷо оварданаш он бузургон чунин кўшиш мекарданд).
Бисёре аз занҳои солеҳаи тобеъин ҳамеша дар рӯзҳои гарми тобистон рӯза медоштанд ва боз чунин матале ҳам миёни худ барои ин амалашон мегуфтанд: "Агар нархи чизе арзон шавад ҳама дар тавони хариди он ҳастанд" Яъне рӯзаи тобистон машаққат аст ва гуё гарон аст бар ҳама ва ҳама тавони харидории онро надоранд..
Мақоларо намехоҳам зиёд ба дарозо кашам охирин суханамро бо қиссае ва ҳадисе ба поён мерасонам.
Ҳаҷҷоҷ ибни Юсуфи Сақафӣ дар яке аз сафарҳояш,ки он миёни Макка ва Мадина буд, ба роҳ баромад ва вақти ғазои нисфирӯзӣ шуд, дар макони сояе фурӯд омад ва хост ғазояшро тановул намояд. Вақте ғазоро дар наздаш гузоштанд чашмаш ба як аъробие афтод хеле нӯронӣ буд,  ӯро даъват намуд, то бо ў ғазо хўрад. Аъробӣ ба Ҳаҷҷоҷ гуфт: қабл аз ту маро яке дигар даъватам кард ва ман даъвати ӯро пазируфтам дар ҳоле, ки Ў аз ту болотару бузургтар аст. Ҳаҷҷоҷ пурсид: кист ў? Аъробӣ гуфт: Аллоҳ Таъоло маро ба доштани рӯза даъватам кард ва ман ҳам онро иҷобат намудам ва пазируфтам. Ҳаҷҷоҷ гуфт: Дар ин моҳи гармои тафсон рӯза доштан? Аъробӣ гуфт: бале ман аз ин рӯз эътиборан рӯзҳои  гармтареро ҳам рӯза доштаам. Ҳаҷҷоҷ гуфт: Имрӯз бихўр бо ман пас фардо рӯза бигир.Аъробӣ гуфт: бошад ту барои ман замонат медиҳӣ,ки ман то фардо зинда мемонам ва намемирам? Ҳаҷҷоҷ гуфт: Ман ҳаргиз ин корро карда наметавонам. Аъробӣ гуфт: Пас чӣ тавр маро ба таъоми ночизи тезгузаре даъватам менамоӣ дар ҳоле,ки маро аз ин беҳтару хубтар дар интизор аст."
Расули Акарам (с) ба Абӯзар чунин мегўяд: "Агар  хоҳӣ сафар  кунӣ барои он сафарат  тўшаи роҳ омода мекунӣ? Абӯзар гуфт: Бале.Расули Акрам (с) гуфтанд: Пас чӣ гуна аст сафари роҳи қиёмат  оё огоҳат накунам эй Абӯзар  ба он чизҳое, ки туро нафъ мерасонанд аз барои он рӯз? Абӯзар гуфт: бале  фидои шумо бод падар ва модарам. Расули Акрам (с) фармуданд: Рӯза бигир дар рӯзи гармои сахту тоқатфарсо барои рӯзи Маҳшар. Намоз бигузор дар торикии шаб аз барои ваҳшати қабр. Ҳаҷ бикун барои бузург доштани умурат.Садақа бикун ба мискине ё сухани ҳаққе бигӯй ва аз калимаи бад сокит бош."
Бори дигар марҳабо бар моҳи Рамазон дар фасли тамузи тобистон, то ин ки бошад баҳори дилҳои мову шумо. Ба ҳамаи шумо азизонам ин моҳи мубораки пурфайзро табрик мегўям ва аз Худованди кариму корсоз таманнои онро дорам мову шуморо аз бахшудашудагони оташи ҷаҳаннам бигардонад бо баракати ин моҳи бузургу бобаракат.
Илтимоси дуъоҳои неки шумо азизон.
Муҳаммадиқболи САДРИДДИН


суббота, 28 июня 2014 г.

Моҳи Раҳмон ва мавсими имон

Шукру сипос Худовандеро, ки дар моҳи Рамазон ба фазлу раҳматаш ба бандаҳояш наздик шудаву бизоъату матоъи охиратро дар ин моҳ ба арзонӣ пешкаши бандаҳо намуда, мукофоти рузадориро озодӣ аз оташи ҷаҳаннам хонда аст.
Ва дуруду салом бар Паёмбари гиромӣ (с), ки ин меҳмони шарифро ба хушҳолӣ истиқбол намуда дар ҷустуҷӯи шаби қадраш шабҳои зиёдеро зинда дошта, қадамҳои муборакаш дар меҳроби ин моҳи муборак қоим мегашту  қалбаш дар оғуши ин меҳмони карим эътикоф менишаст .
Рамазон! – чӣ донӣ, ки чӣ моҳест, Рамазон!?
Меҳмони ин тобистон
Моҳи бо шарофат
Аёми пурбаракат
Моҳи ибодат ва зироъати охират
Моҳи тиҷорат бо Худо
Моҳи мутаҷаллӣ гаштани раҳмати Худо
Моҳи ба даст овардани ҷаннати бебаҳо
Моҳи имону тақво
Моҳи назари раҳмат бар бандагон
Моҳи кушода шудани дарҳои осмон
Моҳи сабру тоқат ва харидорӣ намудани бизоъатҳои охират
Моҳи шикастаҳолӣ, фурутанӣ ва бурдборӣ
Моҳи азму иродаи имонӣ
Моҳи анҷом додани вазоифи бандагӣ
Моҳи мушарраф гаштан ба мағфирати Худовандӣ
Моҳи машаққати муввақат баҳри роҳати абад…
Моҳи эҳсону ғуфрон ва ҳам моҳи имтинон бар неъмати Қуръон
Мадрасаи имонӣ баҳри омухтани ахлоқи Қуръонӣ
Соатҳои дарсӣ баҳри аз бар намудани фанҳои имонӣ. Дарси сабр, дарси намози шаб, дарси нигаҳ доштани забон, дарси тақвият бахшидани имон, дарси муноҷот бо Худо ва дарси ёрӣ бар мискину гадо
Рамазон моҳи Қуръон. Қуръон дар Рамазон ба осмони дунё барои инсон нозил шуда аст ва Қуръон дар чаҳон табдилу тағйир оварда, торикиҳоро ба нур, ҷаҳолатро ба илм, шақовату бадбахтиҳоро ба саъодат иваз намуда аст.
Рамазон низ моҳи тағйиру дигаргунӣ аст. Ба фаро расидани он дарҳои ҷаннат ва раҳмат боз шуда, дарҳои ҷаҳаннам баста мешавад ва шаётини саркаш дар занҷир баста мешаванд, яъне дар олам ва атрофи инсон табдилоту тағйироте ба вуқуъ мепайвандад. Пас, мебояд дар нафси инсонҳо ва дар даруни мардумон низ ба омадани ин моҳ дигаргуние пайдо гардад. Мебояд нафсҳо аз хоб ба бедорӣ, аз ғафлати Худо ба зикру ёдоварӣ, аз дурии Худо ба қурби Ӯ, аз дунёпарастӣ ба охиратҷӯйӣ, аз талхии гуноҳ ба лаззати тоъату ибодат ва аз ҳар рафтори зишту қабиҳ ба суй ҳар хулқу рафтори нек мунтақил гарданд…
Ва муҳимтарин макон барои тағйир ворид намудан ва дигаргун сохтан  дар бадани ҳар инсоне, ки беҳбуд гаштани дигар аъзо ва ҷавориҳи ӯ ба ҳолати ин узви кучаку бузург бастагӣ дорад. Ин қалби инсон аст, ки дар ин моҳ бояд аҳволу эҳсоси он аввалан дигаргун гардад ва нури тоъат ба даруни он  роҳ ёфта, торикии маъсияту ғафлатро нобуд созад ва дар роҳи расидан ба суи ҷаннат гоме бардорад.
Агар ба манзилҳои дунё ба сайри қадамҳо расида шавад ва масофаҳо ба қадамҳо тай карда шавад, пас бар манозили охират ва дар роҳи расидан ба суи ризои Худо  ба сайри дилҳо дар осмони имон расида мешавад.
Аз ин чиҳат, банда дар сайри рамазониаш ба суи Худо ва хушнудии Ӯ мебояд чанд аз ин манозилро тай кунад, ки нахустинаш; манзалаи шодиву фараҳ, сипас шукру сипос дар қиболи расидан бар ин моҳ аст.
Ӽар бандае мебояд эҳсоси шодиву хурсандӣ намояд ва забонаш ба шукри Мавлояш ҷорӣ бошад, чун Худовандаш ӯро муҳлат дода, ки ин моҳро бубинаду имсол низ дар шумораи бандагони рӯзадор бошад, зеро ин ҳолат худ яке аз нишонаҳои хайр ва аломатҳои қабул аст.
Ибни Атоуллоҳи Искандарӣ фармудааст: «Ҳамин подошу мукофоташ барои ту дар муқобили тоъатат басанда аст, ки туро аҳли тоъаташ карда аст ва ҳаргоҳ, ки забонатро барои пурсидан ҷорӣ намуда аст, яқин дошта бош, ки мехоҳад чизе бар ту ато кунад.»
Ин дар ҳолест, ки нафароне дар ин аёми муборак маҳбуси қабрашон ва асири амалашон дар олами барзах қарор доранд, ки агар дари таманнову орзу барояшон боз шавад, ба ҷуз як лаҳза ҳаёти рамазонӣ чизе дигар таманно надоранд.
Моҳе чун Рамазон, ки ҳар лаҳзааш ганҷе аз охират асту ҳар рӯзаш давлате дар зиндагии абад, мебояд ба расидану қудумаш хушҳолӣ карда шавад.
Биёед, фазилати бештари расидан бар Рамазонро дар ҳадиси Расули Худо (с) бубинем, ки то чи андоза шарофат дораду то кадомин ҳад фазлу каромат.
Имом Ибни Моҷа ва Имом Аҳмад аз Талҳа писари Абдуллоҳ ривоят намудааст: «Аз Қабилаи Қузоъа ду марде назди Расули Худо омаданду якҷо эълони Ислом намуданд ва яке аз аз ин ду мард дар роҳи ибодат кушишаш бештар буду шуғлаш ба дунё камтар ва бо вуҷуди тоъати зиёдаш ба ҷиҳод баромаду дар роҳи Худо ҷонашро нисор кард ва дусташ соле пас аз ӯ умр дида, аз дунё даргузашт. Талҳа дар хоб дид, ки назди дари ҷаннат бо ин ду мард истодаасту мунтазири иҷозаи вуруд бар дори каромат нафаре аз даруни биҳишт берун шуда, бар оне ки як сол пас аз дусташ умр дида ва тоъати нисбат ба рафиқаш камтар дораду ба шаҳодат низ мушарраф нагашта аст, иҷозаи рафтан ба ҷаннат дод. Баъди андаке, барои иҷоза додани шаҳид наздашон баргашт ва бори саввум «ҳоло вақти иҷозаи шумо фаро нарасидааст»- гуфта ба Талҳа хитоб карда рафт..
Ҳазрати Талҳа бо дигар ёрон, ки хабари хобашро шунида буданд аз ҳоли шаҳид, ки ҳам тушаи зиёд аз тоъату ибодат бурдаву ва ҳам бар шарафи шаҳодат даст ёфта, чаро дуввум шуда ба ҷаннат рафта бошад, таъаҷҷуб мекарданд.
Қиссаи хоб бар Расули Худо расиду ёронашро пурсид: «Сабаби таъаҷҷубатон дар чист?!»
Асҳоб сабабҳои ҳайраташонро гуфтанд.
Паёмбари Худо ба баёни зебо тааҷҷуби ёронашро бартараф намуда, фармуд: «Оё пас аз дусташ як сол умр ба сар набурд?!»
Гуфтанд: «Бале»
Расули акрам (с) сабаби бартарии ӯро дар дарёфтани Рамазон ва адо кардани ҳаққи Рамазон шарҳ дода, фармуд: «Инчунин ба Рамазон расиду ин моҳро дарк намуд ва дар ин яксол рӯза гирифту чунон ва чунон намозу саҷда анҷом медод. Бешак фарқ миёни мартабаи ин ду дар ҷаннат мисли масофаи осмону замин аст.»
Пас, офарин бар он кас, ки Рамазонро дарк намуда, ба тоъати Худояш мепардозаду роҳати ҷовидониро дар ҷаннати охират ба заҳмати андаке харидорӣ менамояд.
Сухани Расули Худо (с): «Ҳарки моҳи рамазонро рӯза дорад, гуноҳи гузаштааш мағфират мешавад» фурсати нахустин барои покиза сохтани номаи аъмол ва сабук сохтани бори гуноҳ аст. Баъди он фурсати дигар, ки Расули Худо (с) мегӯяд: «Ҳарки намози шабашро барпо дорад…. ва ҳарки шаби қадрро эҳё кунад…. Ду фурсати дигар низ вуҷуд дорад, ки рӯзадор аз манзили фараҳу шодӣ ба манзалаи ҳиммати олӣ дар роҳи тоъат мунтақил мешавад ва ба камтар аз ҷаннат ба чизи дигар қонеъ намегардад.
Ва аз ҳикмати Иброҳим Таймӣ ибрат омухта, дар роҳи ъамал мекушад, ки фармудааст: «Тасаввур кардам, ки дар ҷаннат қарор дораму аз меваҳои лазизаш тановул мекунам ва аз оби зулолаш менушаму ғарқи роҳат ҳастам... Сипас, худро дар ҷаҳаннам эҳсос намудам, ки аз садидаш менушаму заққумро мехурам ва занҷирҳои дар дасту гардан бастаро бардошта, дар азоб заҳмат мекашам.»
«Дар ин ҳолат будам, ки худро хитоб намуда гуфтам: «Ай Иброҳим, чӣ мехоҳӣ?» Нафсам гуфт: «Мехоҳам ба дунё баргардам, то ъамалҳои нек анҷом диҳам.»  Гуфтамаш: «Ай нафси манн, ту дар ин орзуят ҳастӣ ва фурсати наҷот дар ихтиёр дорӣ…»
Пас, чи қадар Худованд бар мо дар ин моҳ раҳмат намудаву мағфираташро арзонӣ дошта аст.
Аз ин чиҳат аст, ки ҳар кӣ ин фурсатҳоро ғанимат нашуморад ва пас аз ин нидо ва фарёдҳои такрорӣ низ аз хоби ғафлат барнахезад, лоиқу сазовор аст, ки маҳрумаш ном гузошта шаваду аз хайру баракот дар аёми дигар низ бенасиб бимонад.
Барои гунаҳкорон се дарё вуҷуд дорад, ки метавонанд олудагиҳои гуноҳро аз худ пок созанд ва ҳар кӣ ба ин се дарё пок нагардад, ба дарёи чаҳорум дарёи чаҳаннам Шуста мешавад.»- чунин гуфтааст Аллома Ибни Қайим.
Якум, дарёи Тавбаи насуҳ, яъне бозгашт ба суи Худо бидуни баргашт ба суи гуноҳ.
Дуюм, дарёи корҳои нек, ки фурубарандаи гуноҳони соҳил бошад.
Сеюм, дарёи мусибату бало, ки сабр дар муқобилаш шуяндаи гуноҳ аст.
Ӽангоме, ки ояи «Ва изо саалака ибоди…» пас аз ояи Савм ҷой дорад, манзили дигар аз манози солик манзилаи дуъо ва куфтани дари осмон аст ва рӯзадорро аз Ҳабиби Худост мужда аст, ки дуъояшро шунида мешавад.
Пас, муъминро мебояд то дар ин шабҳои башумори боқимонда дар меҳроби умеду раҷо истода, ба фазлу раҳмати Худовандаш такя намуда, аз манзили дуъо даст ба суи Худовандаш бардорад, то бошад, ки ба баландтарин комёбӣ, ки раҳоӣ аз азоби ҷаҳаннам аст, мушарраф гардад.
Худованд мефармояд: «Ҳар киро аз оташи ҷаҳаннам наҷот бахшида шавад ва дохили ҷаннат гардонида шавад, бешак ба комёбӣ расида аст. (сураи Оли имрон, 185)
Домулло Иброҳимҷони Сайиднуриддин

пятница, 20 июня 2014 г.

Ҳоҷи Мирзо Вохури бо Занҳо (амри маъруф барои хоҳарон)

Қуръони карим сар то сар панди Худост

 Тамоми масъалаҳои ҳаёт дар он дарҷ ёфтааст.Яке аз бузургтарин неъматҳои илоҳӣ барои башарият Қуръони Шариф аст. Хондану шунидан, шунавонидан, ёд гирифтану ба дигарон таълим додан, ба фармудаҳояш амал намудан, чоп кардану тақдим кардан, шарҳу тафсири он барои инсон саодати бузургест. 

-Вақте мо аз Каломуллоҳ ном мебарем, сифатҳое аз қабили Карим,Шариф, Маҷид ва ғайраро ҳамроҳ менамоем. Қуръон чанд ном дорад?
-Ба номи он ки Одам офарида,
Барояш ҳар ду олам офарида.
Иддае аз муфассирин номҳои Қуръони Маҷидро бештар аз 90 гуфтаанд. Аллома Абулмаъолӣ ибни Абдулмалик 55 номи Қуръони Каримро шумурдааст. Дарвоқеъ бисёр муфассирон сифатҳои Қуръони Шарифро аз қабили Маҷид, Ҳаким, Карим ва ғайраро ном қаламдод кардаанд.
Мавлоно Муҳаммадтақии Усмонӣ гуфтааст, ки дар ҳақиқат Қуръони Карим 5 ном дорад: Алқуръон, Алфурқон,Аз зикр, Алкитоб ва Аттанзил. Худои Таъоло Каломи худро дар 61 ҷо бо номи Қуръон номбар кардааст.
-Оятҳои Қуръони Шариф чӣ гуна ба ҳазрати Муҳаммад (саллаллоху алайхи вассалам) нозил мешуданд?
-Бибӣ Оишаи Сиддиқа разияллоҳу анҳо дар ҳадисе мефармоянд, ки “Ҳазрати Ҳорис ибни Ҳишом (р) аз Расули Акрам саллаллоҳу алайҳи ва салам пурсид: - Чӣ гуна ба Шумо ваҳӣ нозил мешавад?
Ҳазрати Муҳаммад (саллаллоху алайхи вассалам) дар ҷавоб гуфтанд:
-Гоҳе мисли садои занг меояд ва ин сурат сахттарин қисми ваҳй бар ман аст. Пас аз хатми ин силсила ҳар он чиро, ки садо гуфтааст, дар хотир дорам.Гоҳе фаришта ба шакли марде пешам меояд».
Аз ин ҳадиси «Саҳеҳ»-и Бухорӣ (р) маълум шуд, ки ваҳй ба ду равиш ба ҳазрати Муҳаммад (саллаллоху алайхи вассалам) нозил мешудааст:
1) овозе ба монанди садои зангӯла.
2) Ҷибриили Амин ба сурати марде назди Расулуллоҳ (саллаллоху алайхи вассалам) омада пайғоми Худоро мерасонид.

Бархе аз уламо ба ин ақидаанд, ки он садои мисли зангӯла овози фариштагон будааст. Ба гумони баъзеҳо ин садо овозе буд, ки ҳангоми пар задани фариштагон баланд мешуд. Дар «Файзул борӣ» омадааст, ки идроки дурусти ин кайфият бе мушоҳида кардан мумкин нест. Ҳазрати Муҳаммад (саллаллоху алайхи вассалам) барои фаҳмонидан онро ба садои занг ташбеҳ додаанд. Илми комили кайфияти он назди Худованд асту бас.
-Чаро Паёмбари Худо (саллаллоху алайхи вассалам) мисли садои занг омадани ваҳйро сахттарин гуфтаанд?
-Дар охири ҳадисе, ки дар боло гуфта гузаштем, Бибӣ Оишаи Сиддиқа (р) илова кардаанд: «Ман нозилшавии ваҳйро бар он ҳазрат (саллаллоху алайхи вассалам) дар рӯзҳои бисёр сард дидаам (Бо вуҷуди салқинии ҳаво) пас аз хатми силсилаи ваҳй арақ аз пешонии ишон сарозер мешуд».
Бибӣ Оиша (р) дар ривояти дигар мефармоянд: « Нафаси Расули Акрам (саллаллоху алайхи вассалам) ба ҳангоми нозилшавии ваҳй меистод. Чеҳраи нурониашон тағйир ёфта, мисли шохаи хурмо зард мешуд. Дандонҳои пешашон аз сармо меларзид ва арақ мисли донаҳои марворид мерехт».
Имом Аҳмад дар «Муснад» ин ҳадиси Расули Акрамро овардааст: «Вақте ки ваҳй нозил мешавад, эҳсос мекунам, ки рӯҳам гӯё кашида мешавад».
Ҳазрати Умар разияллоҳу анҳу гуфтаанд: «Ҳангоми нозилшавии ваҳй садое мисли садои визвизи занбӯри асал аз наздики чеҳраи нуронии Расули Худо (саллаллоху алайхи вассалам) шунида мешуд.
-Маълум аст, ки Қуръон ба шакли китоби алоҳида нозил шуда, тӯли 23 сол ба тадриҷ нозил шудааст. Оятҳои онро чӣ гуна нигоҳ медоштанд?
-Худованд дар сураи «Қиёмат», оятҳои 16,17 фармудааст: (Эй Муҳаммад), маҷунбон ба такрори Қуръон забони худро то зуд ба даст орӣ ёд кардани онро. Ҳар оина ваъда аст бар мо дар синаи ту ҷамъ кардани Қуръон ва осон кардани хондани онро».
Ҳамин тавр аз як тараф оёти қуръонӣ нозил мешуд, аз ин тараф ҳазрати Расули Акрам (саллаллоху алайхи вассалам) онро ёд мекарданд. Маҳфузтарин ганҷинаи Қуръони Карим синаи мубораки ҳазрати Муҳаммад (саллаллоху алайхи вассалам) буд. Ишон ҷиҳати эҳтиёти бештар ҳар Рамазон Қуръонро пеши Ҷибриил алайҳиссалом мегузарониданд.
Расули Худо (саллаллоху алайхи вассалам) баъди омадани ваҳӣ Қуръонро ба саҳобагон ёд медоданд. Ҳазрати Абӯбакр, Умар, Усмон, Алӣ,Талҳа, Саъд, Абдуллоҳ ибни Масъуд, Ҳузайфа, Абуҳурара, Абдуллоҳ ибни Умар, Ибни Аббос ва бисёр саҳобагони дигар ҳофизони Қуръон буданд. Яъне, беҳтарин равише, ки барои ҳифозати Қуръони Карим дар ибтидои ислом ихтиёр карда шуд, азбар кардани Қуръон буд. Расули Акрам (саллаллоху алайхи вассалам) илова ба азёдкунонӣ ба китобат (навиштан)-и Қуръон низ аҳамияти хосе медоданд. Яке аз котибони ваҳй Зайд ибни Собит (р) ном дошт.Китобат кунандагони ваҳйро 40 нафар гуфтаанд. Он замон мошинҳои чопӣ набуд. Азбаски коғаз камчин буд, оятҳои алоҳидаро дар сангҳо, пӯстҳо, шохаҳои хурмо, пӯсти дарахтон, устухонҳои ҷонварон ва ғайра менавиштанд. Табаронӣ дар «Мӯъҷам» ин ҳадиси Расули Худоро овардааст:
“Савоби тиловат бе нигоҳ кардан ба Мусҳаф (китоби Қуръон) ҳазор дараҷа ва бо нигоҳ кардан ба Мусҳаф ду ҳазор дараҷа аст» Тавре мебинем аз рӯи китоб хондани Қуръон савоби бештар доштааст. Ҳоло Қуръони Карим серхонандатарин китоб аст. Дақиқае нест, ки дар он Қуръон хонда нашавад Ҳоло аз кассетаву дискҳо низ тиловати Қуръонро мардум гӯш мекунанд. Шунидани тиловати Каломуллоҳ савоби зиёд дорад.
-Мехостем каме дар хусуси мазмуни оятҳои Қуръони Шариф маълумот диҳед?
-Тамоми мазмунҳои Қуръонро ба чаҳор қисм ҷудо кардаанд:
1) Ақоид, 2)Аҳком, 3)Қасас, 4)Амсол.
Дар Қуръон се ақида (тавҳид,рисолат, ва охират) собит карда шудааст. Тавҳид ин аст, ки инсон бояд ҳар зарраи коинотро офаридаи Худои Ягона бидонад. Танҳо Ӯро парастад ва аз Ӯ ёрӣ бихоҳад. Яқин ва боварӣ дошта бошад, ки ҳар зарраи коиноти бекарон дар қабзаи қудрати Худост. Рисолат ин аст, ки инсон бояд ҳазрати Муҳаммад ва тамоми пайғамбарони пешинро расулон (фиристодагон)-и ростини Худо бидонад.Манзур аз охират ин аст, ки инсон ба зиндагии ҷовидон пас аз марг бовар дошта бошад. Имон дошта бошад, ки дар охират инсон подоши амалҳои дунявиашро хоҳад гирифт.
Дар Қуръон аҳкоми ибодат, муомилот (тиҷорат, амонат, гувоҳӣ додан, хӯрдани гӯшти ҷонварони забҳшуда), никоҳ, талоқ, диёнат, қасам ва ғайра мавҷуданд.
Худои Таъоло барои ибрати бандагон қиссаҳои паёмбарону ақвоми гуногунро баён кардааст.
Ҳамчунин дар Қуръони Карим амсол (масалҳо) низ баён шудаанд. Чунончӣ дар сураи «Ар Раҳмон» омадааст: «Ҳал ҷазоул иҳсони иллал иҳсон» (Сазои хубӣ ғайр аз хубӣ чизи дигаре нест).
Барои ашхосе, ки ба мавзӯоти вобаста ба Қуръон таваҷҷӯҳ доранд, ман мутолиаи китоби Мавлоно Муҳаммадтақии Усмонӣ «Улуми Қуръон»-ро тавсия медиҳам. 


пятница, 13 июня 2014 г.

Асбоби қабули тоъат

Яҳё ибни Муоз мегӯяд: "ҳар кӣ бо забонаш истиғфор кунад, аммо дилаш ба гуноҳ баста бошад ва нияташ он бошад, ки баъд аз тамом шудани моҳи Рамазон ба сӯйи гуноҳ баргардад, пас рӯзааш ба худи ӯ бармегардад ва дари қабул ба рӯяш баста мешавад". Маъмулан, бештари касоне, ки тавба мекунанд, ҳамвора мегӯянд: "медонам, ки ба зудӣ ба сӯйи он гуноҳ боз хоҳам гашт…", аммо шумо чунин нагӯед, балки бигӯед: "агар Худо хоҳад, ба сӯйи он гуноҳ дигар барнамегардам", бо боварии тамом, на бо шакку тардид. Аз Худованд (ҷ) ёрӣ бихоҳ ва азматро ҷазм кун, ки дигар ба сӯйи он гуноҳ боз нагардӣ.
Баъд аз анҷоми ҳар тоату ибодате чӣ рӯзаву намоз, ҳаҷҷу умра, садақа ё амали солеҳи дигаре ҳамаи мо сухани Алӣ (р)-ро такрор менамоем, ки фармуд: "эй кош, қабул мегашту табрикаш мегуфтем ва ба маҳрумгашта таъзият мефиристодем". Инчунин баъд аз ҳар ибодате гуфтаи Ибни Масъуд (р)-ро ба кор мебарем, ки мефармояд: "эй қабулгашта, табрик бодат ва эй мардудгашта, Худованд мусибататро таскин диҳад". Алӣ (р) мефармояд: "Ба ночиз будани амал таваҷҷӯҳ накунед, балки ба қабул гаштани он андеша кунед". Оё нашунидаед, ки Худованд (ҷ) мефармояд: "Худованд фақат аз тақвопешагон мепазирад" (сураи "Моида", ояти 27). Дӯстони азиз, монанди баъзе аз мусулмонон, ки бар қабули ибодаташон ҳарис нестанд, набошед. Оре, ба анҷом расонидани амали хуб неъмати бузург аст, аммо қабул гаштани он боз бузургтар аст. Вақте мусулмон асбобу далелҳои қабули дуоро медонад, бо як таваҷҷӯҳи хосса ба анҷоми корҳои хуби дигаре камари ҳиммат мебандад.
Худованд (ҷ) аз тоату ибодати мо бениёз аст, чунонки мефармояд: "ҳар кӣ сипос бигзорад, танҳо барои худ сипос мегузорад ва ҳар кӣ куфрон кунад, дар ҳақиқат Худо бениёзу сутудааст" (сураи "Луқмон", ояти 12). Ҳамчунин Худованди мутаол (ҷ) мефармояд: "агар куфр варзед Худо аз шумо бениёз аст ва барои бандагонаш куфронро хуш намедорад ва агар сипос доред онро барои шумо меписандад" (сураи "Зумар", ояти 7). Мӯъмин ҳамеша дар пайи тоату ибодат ва наздикӣ ба Худованд (ҷ) аз ҳама гуна роҳҳои тақарруб ҷустан ба вай аст, зеро дилаш ба ҳоли хеш месӯзад ва боз бими онро дорад, ки аз қабул гаштани ибодатҳояш маҳрум гардад
Тавфиқи аъмоли солеҳ яке баъд аз дигаре. Нишонаи қабули тоат он аст, ки банда тавфиқи ибодати баъдиро пайдо кунад. Аз нишонаҳои қабули як кори нек анҷоми кори неки дигарест. Амали нек пайваста мегӯяд: хоҳарам-хоҳарам. (кори неки дигареро фарёд мекунад). Ин аз раҳмати Худованд (ҷ) ва бахшиши вай аст, ки бандаашро гиромӣ медорад, ки агар кори неке анҷом диҳад, дарвозаи амали неке ба рӯйи вай мекушояд, то битавонад бештару бештар ба ӯ наздик гардад. Пас амали солеҳ дарахти хубест, ки эҳтиёҷ ба обёриву мувозибат дорад, то рушду нумӯ пайдо карда, пойдор шаваду мева диҳад. Муҳимтарин чизе, ки ба он ниёзмандем он аст, ки ҳамчунон ба аъмоли солеҳе, ки пештар анҷом медодем, пойбанд монда бар онҳо мудовамат намуда, андак-андак бар онҳо бияфзоем.
Бандаи мӯъмин ҳар нафасе агар амале хайре кунад, боз ҳам наметавонад шукронаи неъматҳои бебаҳои Худованд: аз ҷумлаи шунавоию биноӣ ва гӯёиро ба ҷо оварда бошад. Гузашта аз ин, мардуми накӯкор аз анҷом додани корҳои хайр хаста намешаванд, баракс амали худро кӯчак шуморида, ҳар лаҳза дар пайи анҷоми амали дигаре мешаванд . Он чӣ дар хурд намудани аъмол ба мо кӯмак мекунад, иборат аст: аз шинохти Худованд (ҷ), мушоҳида намудани неъматҳои ӯ ва ба ёд овардани гуноҳу хатогиҳои худ. Бояд дар ин бора тааммул кунем, ки чӣ сон Худованди мутаол пас аз дастур ба умури муҳими дигаре ба Паёмбараш (с  ) ин масъаларо супориш намуда, фармуд: "эй кашидаи ридои шаб бар сар. Бархезу битарсон. Ва Парвардигори худро бузург дор. Ва либоси хештанро пок кун. Ва аз палидӣ дур шав! Ва миннат магзору фузунӣ маталаб". Аз рӯйи ин маонӣ Ҳасани Басрӣ мегӯяд: "бо зиёд пиндоштани аъмоли худ бар Худованд (ҷ) миннат магзор".

Соҳиби "Мадориҷ-ус-соликин" мегӯяд: "ҳар гоҳ ки ҳақиқати рубубият ва ҳақиқати бандагиро мушоҳида намудаву Худовандро бишносӣ ва худро низ бишносӣ, бароят намоён хоҳад гашт, ки он тӯшае, ки ҳамроҳи туст ҳеҷ шоистаи ҳақ нест. Агар тамоми аъмоли инсу ҷинро дошта бошӣ ҳам, аз оқибати хеш хоҳӣ тарсид. Худованд онро танҳо бо караму бахшиши хеш ва бо фазли худ мепазирад, ҳамчунин подошу савобе, ки бар ту медиҳад танҳо аз сари лутфу караму фазл асту бас".



Дӯстдоштани тоат ва бад дидани гуноҳ. Яке аз нишонаҳои қабули тоат ин аст, ки Худовандро дӯстдошта, сидқан ӯро итоат намоӣ ва бо ӯ унс гирифта бошӣ ва ба ӯ итминон кунӣ. Худованд (ҷ) мефармояд: "ҳамон касоне, ки имон овардаанд ва дилҳояшон бо ёди Худо ором мегирад, огоҳ бош, ки бо ёди Худо дилҳо оромиш меёбанд"(сураи "Раъд", ояти 28).

Аз ҷумлаи нишонаҳои қабул ин аст, ки шахс гуноҳ ва наздикӣ ба онро нописанд бидонад ва аз Худованд (ҷ) бихоҳад, ки аз он дураш бидорад. Ба монанди дуои зер дуо намояд, ки: Парвардигоро, имонро бароям дӯстдоштанӣ кун ва онро зинати қалбам намо ва куфру нофармонию олудагиро бароям нописанд бидор ва маро ҷузви инсонҳои вораста қарор бидеҳ".

Умедворӣ ва дуои бисёр. Албатта тарс аз Худованд (ҷ) кофӣ нест ва ҳатман бояд нуқтаи муқобили он низ вуҷуд дошта бошад, ки он умедворист. Зеро тарс бидуни умед боиси яъсу ноумедӣ мешавад ва дар иваз умедвории бидуни тарс мунҷар ба итминон аз макри Парвардигор мешавад, ки ҳарду ҳолат нописанд буда, ақидаву ибодати фардро айбнок менамояд.

Умеди қабули амал - ҳамроҳ бо умед аз мардуд гаштани он -дар вуҷуди инсон фурутанӣ ва хушӯъ дар баробари Худованд(ҷ)-ро падид меоварад ва бар имону боварии вай меафзояд. Бо амалӣ гаштани умедворӣ инсон дастони худро барои дархости қабули ибодатҳояш аз Худованд боло мебарад.



Эҷоди осонӣ барои анҷоми тоат ва дурӣ аз маъсият . Субҳоналлоҳ, вақте Худованд (ҷ) тоатеро аз ту мепазирад, роҳи анҷоми дигареро, ки фикрашро ҳам намекардӣ, бароят осон мекунад.



Дӯстӣ ба солеҳон ва душман доштани аҳли маъсияту гуноҳ. Аз ҷумлаи нишонаҳои қабули тоат он аст, ки Худованд(ҷ) дӯстии инсонҳои накӯкорро дар қалбат бияфканад ва инсонҳои фосиду гунаҳкорро дар дили ту нописанду мабғуз дорад. Аз Имом Аҳмад (р) ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармуд: "волотарин имон ҳамонест, ки инсон барои Худо дӯстӣ ва ба хотири ӯ душманӣ кунад".

Дӯсти гиромӣ, бигӯ, киро дӯст медорӣ ва бо кӣ ҳамнишинӣ мекунӣ ва киро мехоҳӣ, то ба ту бигӯям: кӣ ҳастӣ. Атоуллоҳи Искандарӣ гуфтааст: вақте мехоҳӣ ҷойгоҳи худро назди Худованд(ҷ) бишносӣ бубин, ки ҷоятро куҷо қарор додааст. Бояд ҳама амали худро хос барои Худо гардонем ва ба ӯ ҳеҷ шайеро шарик қарор надиҳему супориши Паёмбар (с)-ро итоат намоем, ки мефармояд: "Он кӣ ба хотири Худо дӯст дорад ва ба хотири Худо душман бидорад, ба хотири Худо бидиҳад ва ба хотири Худо аз додан даст бикашад, имони вай комил гаштааст" (Имом Аҳмад).
Талаби омурзиши бисёр. Тамоми ибодатҳо бояд бо тавбаву омурзишталабиҳо ба поён расад. Бинобарин ҳар қадар инсон алоқаманду кӯшишкунанда дар такмил намудани амали худ бошад, боз ҷойи нақзу кӯтоҳӣ дар он боқист. Чунончи Худованд(ҷ) мефармояд: "ва дар саҳаргоҳон (азХудо) талаби омурзиш мекунанд"(сураи "Зориёт", ояти 18). Инчунин Худованд(ҷ) ба Паёмбар(с) чунин амр менамояд: "пас бидон, ки ҳеҷ маъбуде ҷуз Худо нест ва барои гуноҳи худ омурзиш ҷӯй ва барои мардону занони боимон (талаби мағфират кун)".(сураи "Муҳаммад", ояти 19). Ҳамчунин Паёмбар(с) дар рукӯъ ва суҷуди худ мефармуд: "бор илоҳо, поку муназзаҳ Парвардигоро, ситоиш барои туст. Бор илоҳо, маро биёмурз". (Имом Бухорӣ).
Мудовамат бар аъмоли солеҳ. Равиши Паёмбар(с) мудовамат бар аъмоли солеҳ буда аст. Аз Оиша (р) ривоят шуда, ки мефармояд: "Паёмбар(с) вақте амалеро анҷом медод, онро нек анҷом медод"(Имом Муслим). Паёмбар  (с) мефармояд: "Дӯстдоштатарини амал дар назди Худо ва паёмбараш бардавомтаринии онҳост, ҳатто агар андак бошад"(Имом Бухорӣ ва Имом Муслим).

Хушо ба ҳоли касоне, ки корҳои некро ҳамеша анҷом медиҳанд, агар бо сабаби беморӣ ё сафар ё дар хоб мондан анҷом надиҳанд, барояшон амали нек навишта мешавад. Паёмбар  (с) мефармояд: "вақте шахсе бемор шавад ва ё сафар намояд, савоби он чиро, ки дар ҳоли сиҳату иқомат анҷом медод, дар меёбад". Ин башорат барои шахсест, ки тоатеро пайваста анҷом медод, аммо амре монеи идомаи он амал мегардад, дар ҳоле ки Худованд дар номаи аъмоли ӯ савоби он амалро бардавом менигорад.

среда, 11 июня 2014 г.

Омодаги ба моҳи шарифи Рамазон

Моҳи рамазон моҳи бо арзишест. Дар ин моҳ дарҳои биҳишт боз мешавад ва дарҳои ҷаҳаннам баста мешавад. Моҳест, ки Аллоҳи мутаъол онро ба дигар моҳҳо бартарӣ дода ва Аллоҳи мутаъол ин неъматро ба бандагон дода, ки дари раҳмат ва ӯмеди наҷот аз оташро бар эшон бигушояд ва Аллоҳи мутаъол дар ҳар шаб гуруҳеро аз оташ раҳо месозад ва мӯминон бояд барои ин моҳи муборак омода шаванд ва қабл аз расидани ин моҳ худро омода созанд, ки ин моҳ, меҳмони бузургвораст ва дар сол фақат якбор рух медиҳад.
Рамазон шаҳри ишқу ирфон аст,
Рамазон баҳри файзу эҳсон аст.
Рамазон моҳи фитрати Қуръон,
Гоҳ таҷдиди аҳду паймон аст..
Паравардигоро то омадани моҳи Шарифи Рамазон рузҳои башумор мондаанд ҳамаи моро ба ин дарврзаи Раҳматат қабул бикун то ,ки розу ниёзи хешро бо тоъату ибодат бо рузаю исихфор бар шумо иброз кунем ва аз махфирати Шумо ва савобу самари ин моҳи бузург бо насиб гардем.


 Насиҳати Рамазонӣ барои касоне ки воқеан мехоҳанд рӯза бигиранд:
Зимни табрики так-таки азизон ба фарорасии моҳи шарифи Рамазон, ки зоҳиран рӯзи чаҳоршанбе нахустин рӯзи ин моҳ буд, 15 насиҳате, ки бузургони дин барои ҳар рӯзадоре онро тавсия фармудаанд, пешкаши азизон мекунам:
1. Бикӯш, то ин моҳ нуқтаи атфе барои ту ва баргашт аз гуноҳон ва тасҳеҳи зиндагият бошад;
2. Азматро ҷазм кун, то он чиро ки дар Рамазон анҷом медиҳӣ, дар пас аз Рамазон ҳам анҷом бидиҳӣ;
3. Ин моҳ, дар воқеъ моҳи ибодат ва амал аст, на моҳи хобу касолат;
4. Забонат ҳамеша бо зикри Худованд тар бошад;
5. Ҳангоме ки эҳсоси гуруснагӣ ва ташнагӣ кардӣ, ба ёд биёвар гуруснагон ва ташнагон дар саросари дунёро, ки онон дар тӯли сол (на фақат як моҳ) ҳамин вазъро доранд. Ва ҳамин эҳсос боис шавад, то ба кӯмаки онҳо биштобӣ;
6. Барои талаби бахшиш аз касоне ки зулме дар ҳаққи онҳо кардаӣ биштоб;
7. Барои ифторӣ додан ба рӯзадор ҳарис бош, то аз аҷри он бенасиб нагардӣ;
8. Суфраи ифторатро зиёд рангин масоз, зеро ин кор сабаби машғулияти аҳли хона дар ҳангоми рӯзҳои Рамазон мешавад ва онҳоро аз қироати Қуръон ва ибодатҳои дигар бозмедорад;
9. Аз зиёд рафтан ба сӯйи бозор дар шабҳои моҳи Рамазон махсусан шабҳои охир барҳазар бош, то ин авқоти гаронбаҳо аз дастат наравад; зеро рӯзҳову шабҳои ин моҳ барои ибодат аст, на барои рафтан ба бозорҳо;
10. Бикӯш барои анҷоми умуре аз ҷумла: намоз, ҷамоат, закот, силаи раҳм, некӣ ба волидайн, аҳволпурсии ҳамсоя, оштӣ бо касе ки байни ту ва ӯ кудурате вуҷуд дорад, адами исроф, тарбияти зердастонат, эҳтимом ба умури мусалмонон, адами истифода аз амволе, ки ба дасти ту дода шуда барои умури шахсӣ, қабул кардани насиҳат аз дигарон, дурӣ аз риё, барои дигарон онро биписанд, ки барои хеш меписандӣ, кӯшиш барои ислоҳ, парҳез аз ғайбат, тиловати Қуръон ва тадаббур дар маъонии он, хушӯъ дар ҳангоми шунидани Қуръон;
11. Барои ширкат дар намози таровеҳ ҳарис бош;
12. Бар қиёми даҳ шаби охири Рамазон ҳарис бош, зеро ин шабҳо шабҳои боарзише ҳастанд ва шаби қадр, ки беҳтар аз ҳазор моҳ мебошад, дар ин даҳ шаб аст;
13. Аз хӯрдани рӯза бидуни узр барҳазар бош, зеро ҳар кас як рӯз аз рӯзҳои Рамазонаш бидуни узр фавт шавад, рӯзаи даҳр ҳам наметавонад онро қазо ё ҷуброн кунад;
14. Дуо дар ин моҳ мустаҷоб аст, хусусан дар шабҳои он, бинобар ин, барои ҳама дуо кун; падару модар, бародарон ва хоҳаронат, ҳамсояҳо, ҳаммиҳанонат, мусалмонон дар саросари дунё;
15. Аз ҳама муҳим, бикӯш то баъд аз моҳи мубораки Рамазон ҳамон гуна боқӣ бимонӣ, ки дар моҳи Рамазон будаӣ.ва дар охир дар намозхоятон дар хакиман дуо кунед...

Эй ишқи ҷаҳонсӯзам моҳи Рамазон омад
Дар Моварои Ислом моҳи Рамазон омад,
Бар ошиқони ҷонам моҳи Рамазон омад!
Тавфиқ гулафшон шуд аз зикри саҳаргоҳӣ,
Бо лутфи Худоҷонам моҳи Рамазон омад!
Шайтон гурезон шуд аз оташи қалби пок,
Аз гулшани икромам моҳи Рамазон омад!
Гуфтори хато бишкаст аз равнақи бозорам,
Дар кӯлбаву бозорам моҳи Рамазон омад!
Дар моҳи гуноҳсӯзам садбор гунаҳ сӯзам,
Дар дидаи пурсӯзам моҳи Рамазон омад!
Аз оташу дуди дил сад шохи кабоб сӯзам,
Аз дӯди кабобсӯзам моҳи Рамазон омад!
Бутхона хароб омад, хумхона ба дод омад,
Эй ишқи ҷаҳонсӯзам моҳи Рамазон омад!
Озмӯни Худо омад бо лутфи Худовандӣ,
Ё Раб! Гунахгорам моҳи Рамазон омад!
Сармояи хоми мо оғӯшта ба исён аст,
Қуръон ҳамехонам моҳи Рамазон омад!
Оғӯштаи ғам дидам ҳар ҷо ки мунофиқ буд,
Аз раҳмати Яздонам моҳи Рамазон омад!
Мулҳид басе тарсад аз равнақи дини Ҳақ,
Бо равнақи исломам моҳи Рамазон омад!
Авроки ҳаёт рангин аз накҳати Қуръонам,
Дар боғи шаҳидонам моҳи Рамазон омад!
Гулоби муҳаббат нӯш аз косаи зулфи Ёр,
Аз Ёри диловезам моҳи Рамазон омад!
Бо ёри Муҳақкикам, оғӯштаи таҳкикам,
Дар ҷодаи таҳкикам моҳи Рамазон омад!
Дар Моварои Ислом нуру сафо боз омад,
Аз ишқи Худоҷонам моҳи Рамазон омад!
Олимхон Исматӣ

четверг, 5 июня 2014 г.

"Боз гардад осмонро бахри рахмат хар даре"



(Назме дар истикболи мохи Куръон)

Мавсими имон фаро хохад расид бедор бош,
Лутфи Рабб арзон ба савдо мешавад хушёр бош.
Гар ту толиб гаштаи бе шак муродат ин дам аст,
Мохи Рахмон бахри оси чун давое малхам аст.
Ошикони рох, муштокони васлаш тули сол,
Лахзае эшон набини дар фузулу килу кол.
Дар фазилат хам шарофат омада оёти чанд,
Мустафиди лутфи Рахмон шав агар дори ту нанг.
Соимон аз боби Райён вориди Чаннат шаванд,
Бо тахиёти малоик вориси Кавсар шаванд.
Магфират мавъуди савму хам киёму лайли кадр,
Гар сафо хохи зи мах, гарди ту бе шак хамчу бадр.
Аз фуюзоти Илохи андар ин шахри карам,
Мустачоб омад дуъои соимон чун дар Харам.
Боз гардад бахри рахмат осмонро хар даре,
Боби дузах баста гардад, шукр бояд хар даме.
Он шаётин к-аз шурураш нест рохат як даме,
Андар ин мах баста гардану наоянд хар даре.
Гар касе ифтор доди соимеро бахри ачр,
Бонасиб бошад зи ачри соимон дар рузи хашр.
Соимонро худ Худо ачре мукаррар карда аст,
Харки соим нест, айши у мукаддар карда аст.
Ташналаб мохи муборакро муборак доштанд,
Зайфи Рахмонро пазируфта гироми доштанд.
Аз хисоли мохи Рахмат гар касе махрум шуд,
Дар зиёнкориву зулму маъсият махбус шуд.
Аз китоби човидон авроки хурдо нур бахш,
Бо малоик дар шабохат шав, зи тоатхо дурахш.
Зиндагиро мохи Рахмат нуру равнак оварад,
Доги иъсён шуста, пайке бахри асбак оварад.
Гар ба ахли кабру барзах орзу кардан диханд,
Соате дар мохи Рамзон зиндаги соил шаванд.
Пайки охир дар Хиро, суи Хабиби Мустафо,
Мохи Рамзон буд огозаш дар он хилватсаро.
Пас чи маймун мох буди, мохи халват бо Худо,
Мохи зикру мохи савму мохи хавфу хам рачо.
Мохи рахмат, мохи шавкат, мохи ачзу илтичо,
Мохи бахшиш, мохи авфу мохи хайру хам сахо.
Мохи Куръон, мохи имон, мохи таквову ризо,
Мохи анчоми макорим, мохи гаштан аз хато.
Инки аз лутфи Худовандат насибе бурдаи,
Мохи Рахматро расиди, шукри инро кардаи?!
Шукри мохи савм бо тоат музайян гаштан аст,
Чомаи такво аз ин мах бар тани худ кардан аст.
Гар зи макру зуру бухтон рузаат покиза нест,
Савми бе магзат аташ бошад,вале он руза нест.
Эй,ки хохи комро аз шахди Рамзон тар куни,
Хуфту хобу килу кол мебоядат камтар куни.
Гар миёнатро зи тоат рост карди муфлихи,
В-ар сиёмат хуфту хур бошад,ту бе шак муфлиси.
Бор Илохо Ту Рахими мохи Рахматро биёр,
Канзи алтофи Ту бе поён бувад бозаш мадор.
Бор Илохо сад салому сад паёми мо бубар,
Бар равони онки омад исми У Хайрулбашар.
31,05,2014.
Иброхими Саиднуриддин.