понедельник, 10 ноября 2014 г.

Гул туҳфаи беҳтарин аст барои зан

Дар ҳадиси шариф омадааст: "Байни ҳам ҳадя диҳед, то дӯстатон биафзояд". Маросимҳои зиёде барои  занон вуҷуд дорад, ки мард онҳоро медонад ва сазовор аст, ки ҳамсарашро дар онҳо фаромӯш накарда, аз ҳадяҳо истифода барад.
Бисёриҳо ба ин андешаанд, ки занҳо бештар ҳамчун тӯҳфа гулро дӯст медоранд. Гул  барои зан  ин чизи муҳим аст ва он аз ҷиҳати моддӣ ҳадяи бисёр оддист, лекин аз ҷиҳати маънавӣ нисбат ба занҳо чизи хеле арзанда аст. Пас оё шумо ягон маротиба фикр кардаед, ки барои  занатон як даста гули зебо тӯҳфа бибаред. Бигузор бе ҳеҷ муносибат, ё зодрӯз ва ғайра. Ё ҳатто барои изҳори муҳаббат як дона гул барои  ӯ ҳозир кардаед?
Ҳадя ин бисёр чизи муҳим ва зарурист, он муҳаббатро байни ду тараф меафзояд. Баланд ё арзон будани нархи тӯҳфа шарт нест. Шахсе,ки ба қиммати ҳадя менигарад, ҳаргиз маънои ҳадяро дарк накардааст. Ӯ инсони моддист, маънои муҳаббатро дар ҳақиқат нафаҳмидааст. Агар ман ҳадяи оддие ба шахсе пешниҳод намудам, ҳаргиз ин маънои онро надорад, ки ман ӯро дӯст намедорам.
Инчунин пешниҳод намудани ҳадяи қимматбаҳо маънои онро надорад, ки ҳадякунанда ӯро бисёр дӯст медорад. Гоҳо ин дуруст мебарояд ва гоҳо шояд чунин набошад. Ҳеҷ алоқае байни андозаи муҳаббат ва қиммати ҳадя вуҷуд надорад, магар ки инсон бахил бошад ва ин чизи дигар аст, лекин ба шакли умум ҳадя нишонаи дӯстию муҳаббат аст.
Ривоят мекунанд, ки Худованд накҳат аз гул, нӯш аз ангубин, гармӣ аз офтоб, тароват аз борон, шукӯҳ аз осмон, борондагӣ аз абр, равшанӣ аз субҳ, зебоӣ аз баҳору хушилҳомӣ аз андалебро қатра – қатра ҷамъ оварду занро офарид, то ҷаҳонро равшану инсониятро хушбахт гардонад.

вторник, 4 ноября 2014 г.

Гуфтугу бо ҳазрати Одам

Номат чи буд?
Одам
Фарзанди?
Манро на модаре на падаре, бинавис аввалин ятими хилқат
Маҳалли таваллуд?
Биҳишти пок
Инак маҳалли сукунат?
Замини хок
Он чист бар пушт ниҳодӣ?
Амонат аст
Қаддат?
Рузе чунон баланд буд, ки ҳамсояи Худо, инак ба қадри сояи бахтам ба руи хок
Аъзои хонавода?
Ҳаввои хубу пок, Қобили хашмнок, Ҳобили зери хок
Рузи таваллуд?
Рузи ҷумъа, ба гумонам рузи ишқ
Рангат?
Инак фақат сиёҳ, зи шарми чунон гуноҳ
Чашмат?
Ранге ба ранги бориши борон, ки биборад зи осмон
Вазнат?
На ончунон сабук, ки парам ба ҳавои дуст... на ончунон вазнин, ки нишинам бар ин хок
Ҷинсат?
Ними маро зи хок, ними дигар Худо
Шуғлат?
Дар кори кишти умедам
Шокии ту?
Худо
Номи вакил?
Он ҳам Худо
Ҷурмат?
Як себ аз дарахти васваса
Танҳо ҳамин?
Ҳамин!!!
Ҳукмат?
Табъид дар замин
Ҳамдаст дар гуноҳ?
Ҳаввои ошно
Тарсидаӣ?
Каме
Оё касе ба мулоқотат омадааст?
Бале
Ки?
Гоҳе фақат Худо
Дорӣ гилояе?
Дигар гилоя на?, вале...
Вале чӣ?
Ҳукме чунин, он ҳам як гуноҳ!!!?
Дилтанг гаштаӣ?
Зиёд
Барои кӣ?
Танҳо Худо
Овардаӣ санад?
Бале
Чӣ?
Ду қатра ашк
Дорӣ ту зомине?
Бале
Чи касе?
Танҳо касам Худо
Дар охирин дифоъ?
Мехонамаш, ки чунон иҷобат кунад дуо...

Нархи чашм, гуш, даст ва пой



Яке дар пеши бузурге аз фақри худ шикоят мекарду сахт менолид. Гуфт: мехоҳӣ, ки даҳ ҳазор дирҳам дошта бошию чашм надошта бошӣ? Гуфт: албатта, ки не, ду чашми худро бо ҳамаи дунё иваз намекунам
Гуфт: ақлатро бо даҳ ҳазор дирҳам иваз мекунӣ?
Гуфт: на.
Гуфт: дасту пои худро чи?
Гуфт: ҳаргиз.
Гуфт: пас ҳамакнун Худованд, садҳо ҳазор дирҳам дар домони ту гузошта аст. Боз шикоят дорӣ ва гила мекунӣ? Балки ту ҳозир нахоҳӣ буд, ки ҳоли хешро бо ҳоли бисёре аз мардумон иваз кунӣ ва худро хуштару хушбахттар аз бисёре аз мардумони атрофи худ мебинӣ. Пас ончӣ туро додаанд, басе бештар аз он аст, ки дигаронро додаанд ва ту ҳануз шукри ин ҳамаро ба ҷой наёварда, хоҳони неъмати бештаре ҳастӣ.

Баргирифта аз: Имом Муҳаммад Ғаззолӣ, Кимёи саодат, ҷ2, саҳ 380

Худоё


Худоё! Ман гумшудаи дарёи муталотуми рузгорам ва ту бузургворӣ. Пас эй Худо! Ҳеҷ медонӣ, ки бузургвор он аст, ки гумшудаеро ба мақсад бирасонад? То абад муҳтоҷи ёрии ту, раҳмати ту, таваҷҷуҳи ту, ишқи ту, гузашти ту, афви ту, меҳрубонии ту ва дар як калом муҳтоҷи туам.

Садои Худоро мехостам бишнавам
Нидо омад: ба нола ва тавбаи гунаҳкор гуш кун
Мехостам Худоро навозиш кунам...
Нидо расид: кудаки ятимро навозиш кун.
Мехостам дастони Худоро бигирам...
Гуфтанд: дастони афтодаеро бигир
Хостам чеҳраи Худовандро бинам...
Нидо омад: ба чеҳраи модарат бингар
Хостам ранги Худоро бинам
Гуфтанд: берангии орифонро бинигар
Хостам ба хонаи Худо равам
Садо омад: қалби инсони муъминро зиёрат кун
Хостам садои нафаси Худоро эҳсос кунам
Нидо омад: садои нафаси ошиқи содиқро бишунав
Хостам Худоро дар арш бибинам
Нидо расид: ба инсоне, ки ба дастури Худо ҳаракат мекунад нигар
Хостам нури илоҳиро мушоҳида кунам
Гуфтанд аз пурхурию шиками сер фосила гир
Мехостам ба Худо пайвандам
Нидо омад: аз бақия бибур... ҳатто аз худат
Хостам сабри Худоро бинам
Садо омад: бар захми хабони бандагон таҳаммул кун
Хостам сиёсати илоҳиро мушоҳида кунам
Нидо расид: оқибати гарданкашонро бубин
Хостам Худоро ёд кунам
Нидо омад: арҳому хешонатро ёд кун
Хостам, ки дигар нахоҳам
Нидо омад: умуратро ба Ӯ вогузор куну бирав...

воскресенье, 2 ноября 2014 г.

Неъматҳои абади барои инсон



Асоси ба даст овардани неъмати абади ва безавол се чиз аст: 
1. Зикри Худованд 
2. Шукри Парвардигор. 
3. Дарки неъмати ато кардаи Аллоҳ. 
Яъне, вақте ки мо Бисмиллоҳ мегӯем Худовандро зикр мекунем ва бо ба забон овардани калимаи Алҳамдулиллоҳ уро шукр мегӯем. Тафаккури он ки ин ҳама неъмат натиҷаи қудрату меҳрубонии Холиқи якто аст-ин худ фикру андеша ва дарки он мебошад. 
Ин ҳама неъмат худ имон аст, ки онро қадр бояд кард. Чунки гавҳари имон ин тухми саодати ҷовидонист, ва Парвардигор ба мо ин неъматро додаст ва тухми имон дар қалби поки мо ниҳодааст. Парвариши он тухмро ба уҳдаи худи мо вогузоштааст ва гуфтааст, ки ин тухмро бо оби таоту ибодат парвариш кун, то дарахте шавад, ки решаи он ба каъри замин фуру раваду шохи он ба осмон авҷ кашад. Чунон ки дар Куръон омадааст:
"Оё надидаи чи тавр Худованд мисол овард сухани покизаро монанди
дарахти покиза, ки бехаш устувор аст дар замин ва шохаш дар осмон" (сураи Иброхим, ояти 24).


Дар огози китоб имом Газоли кимиёи саодати одамиро дар пайдо кардани унвони мусулмони мебинад. Он ба чор кисм таксим мешавад: 
1. Дар шинохтани нафси хеш 2. Дар шинохтани хакк Субхонаху Таъоло 3. Дар маърифати дуньё 4. Дар маърифати охират Агар нихоят мухтасар баён кунем чунин аст: Худованд махлуқи беҳтарини худ Одамизодро барои бозию беҳудагарди наофаридааст. Аҳамияту роли одами ниҳоят бузург аст, ҳарчанд уро аз хок сириштаанд, вале ҳакикати рухи вай раббони аст ва гавҳари вай агарчи дар ибтидо бо сифатхои хайвонию шайтони омехта аст, аммо дар натичаи кушишу гайрати нахй, аз ин омезишу олоиш пок гашта хамчувори хазрати таъоло мегардад ва аз асфала-с- софилин ("пасттарини пасттарон") То ба аъло иллиййин ("бартарини бартарон") рафта мерасад. Хислатҳои пастарини у ин аст, ки агар ба дарачаи хайвону дарранда фарояд асири шахвату газаб мегардад. Дарачаи баландтарини вай ин аст, ки то ба дарачаи малоика расад, ба шарте ки аз дасти шахвату газаб халоси ёбад ва хар дуро роми хеш созад, он вакт шоистаи бандагии худованд мегардад. Махз хамин шоистаги сифати малоика аст ва камоли дарачаи одамист . Одам вакте бе чамоли хазрати субхонаху таъоло зиндагии худро тасаввур карда натавонад ва наззора кардани он чамол бихишти вай гардад, пас шахвату газаб худ аз худ бартараф хохад шуд. Дар натича инсон имконият пайдо мекунад, ки ба хакикати кимиёи саодати абади (яъне саодати ду чахон) расад. Лозим ба ёдоварист, ки чи хеле кимиё (яъне тиллову зар ) дар хонае хар кас пайдо намешаваду, танхо дар хазинаи давлат ё подшох мавчуд аст, кимиёи саодати абади низ, танхо дар хазинаи худованд чойгир аст. Хазинаи Худои Таъоло бошад дар осмон гавхари фариштагон асту дар замин дили пайгамбарон мебошад. Пас, хар кас ин кимиёро дар чои дигар, на аз пеши хазрати нубувват чуяд, кори вай каллобию фиреб мебошад , ки дар киёмат ин палидии вай ошкор шавад ва худ шармсор гардад. Дар иртиботи ин тоифа дар Куръони мачид омадааст : "Боз бурдему баркашидем аз ту пардаи гумони ту, чашми ту имруз тезбин аст" . (сураи Коф -ояти 22). 
Эхтимол нишонахои охирзамон бошад, ки ин тоифа мардум дар хамин дунёи фонии мавриди парастиши худ шармандаву шармсор хастанд. Аз ин ру хамаи гуфтахои боло барои осоиштагию бехтар намудани хаёти дунявии шумо низ таалук дорад. Пас суоле ба миён меояд, ки барои ичро намудани дастури Худованд ва ноил гаштан ба хотири чамъу дили бегам чи кор бояд кард? Чавоби ин суол дар хаёти хамарузаамон нухуфта аст,яъне мо бояд кори орому маоши арзанда пайдо кунем ва пеш аз хама ба таври конуни дар кишвари мавриди мухочират карор дошта бошем. Барои ин хуччатхои регистрациони, ва ичозатномахои кории мо дурусту хаккони бояд бошанд ва ихтисосу касби интихобкардаи мо мавриди ниёзи чомеа бошанд. Хамчунон шартномахои кори тавре баста шаванд, ки дар сурати напардохтани музди кори тавассути суду прокуратура аз ташкилоту корхонахои карздор он ситонида шавад. Сугуртаи тибби (страховой медицинский полис) тавре гирифта шавад, ки дар мавриди лозима ба бемор ёри кунад. Хулоса проблемахо чунон бисёранд, ки кас ба танхои наметавонад хамаи онхоро паси сар намояд. Аз ин ру шумо метавонед ба хукукдонону координаторхои мо барои ба даст овардани хуччатхои лозима мурочиат намоед.