пятница, 30 мая 2014 г.

ОИЛА

Оила- ин тӯҳфа аз ҷониби Худост, ки ба одамизод баъд аз офариниши олам ба одам дода шуд. Ин аввалин чизе, ки Худо ба одам тӯҳфа кард. Оила барои одам сарчашмаи лаънат ё баракат шуда метавонад. Оила ҳаёти туро ба дӯзах ё ҷанат табдил дода метавонад . Ин аз он вобаста аст ки ту чи гуна ба он муносибат мекунӣ. Имрӯз бисёр одамонеро вохурдан мумкин аст, ки оилаи онҳо ҷудо шуда аст. Одамон ҷудо шуда хушбахтиро дар ҳаёт намебинанд. Барои он ки аз оила онҳо чизҳоеро интизоранд, ки дода наметавонанд. Никоҳ аз он ҷумла мебошад.Бисёриҳо пеш аз оиладоршавӣ фикр мекунанд; «Ана оиладор шуда хушбахт ҳам мешавам» ва умед доранд, ки мушкилиҳои онҳо баъд аз оиладоршавӣ ҳали худро меёбад. Маҳз аз ин ҷо мушкилиҳо сар мезанад. Одамон оиладор ва ҷудо мешаванд , фоизи ҷудошавихо зиёданд. Барои чӣ ва бо кадом сабаб ин рӯй медиҳад ? Сабаб яктост: пеш аз никоҳ одамон фикр мекунанад ки оиладорӣ ба онхо хушбахтӣ меоварад ва баъд онро наёфта дилхунук мешаванд, «ин аст оиладорӣ?»
Бисёр ҷавонон писарон тамоми ҳаёт кӯдак монанданд, лекин мегӯянд; «Ман бояд, ки зан гирам» Аҷоиб, чӣ хел вай зан мегирад? Ё модар мегӯяд; Писарамро ба донишгоҳ даровардам, аллакай онро хатм кард, акнун бояд, ки зан гирон диҳам». Медонед, ҷавон ҳоло мард нашудааст, чунки дар ҳаёти ӯ модараш қарор қабул мекунад. Марди ҳақиқи худаш қарор қабул мекунад. Писаронро лозим аст, ки одам пеш аз зангириаш қарор қабул кунад, ки марди ҳақиқи гардад, барои он ки қарори марди ҳақиқи гаштан ӯро аз хиёнатҳо нигоҳ  медорад.
Дар аввал, зани ҳақиқи монанди гул аст, ки ҳеҷ  кас ва хеҷ вақт поймол кардан намехоҳад.  Ӯ бояд ин мавкеъи гул буданро дар худ нигоҳ дорад. 
Яроқи зан-ин латофати ӯст.Зан ин асрорест, ки барои ҳама пинҳон аст ва танҳо барои як нафар кушодааст. Ӯ бояд худро шиносад, қадри худро донад ва ба худ боварӣ дошта бошад.Никоҳ ягон бор хушбахт намекунад. На оила одамро хушбахт мекунад, балки одам оилаи худро хушбахт мегардонад.
 Оила, ин дар ибтидо -ин механизиме буд, ки одам бояд онро биомӯзад. Гуфтан мумкин аст, ки одаме, ки оиладор мешавад мисли он ки ба хонадони донишгоҳ қабул мешавад. Одаме, ки қобилият ва хоҳиши хонданро надорад оилаи хушбахт дошта наметавонад. Вақте, ки гап дар барои оила меравад баъзеҳо фикр мекунад, ки дар ин соҳа онҳо ҳама чизро медонад ва ҳоҷати омӯхтан надоранд. Дар хотир доред, ки оила худ аз худ бино намегардад, оила ба воситан омӯзиш бино мегардад, донишро мо хонда ба даст меорем. Хизмати зан дар он аст, ки барои иҷро шудани орзуи шавҳараш мадад расонад.
Зан бояд бо корҳои мард ёри расонад ва гуфтаи  Ӯ бошад. Барои офаридани зан Худо қабурғаи Одамро гирифта аз он занро  ба вуҷуд овард. Албатта савол ба миён меояд: барои чӣ махсусан қабурға? Ман фикр мекунам, ки вай аз дигар чизҳо дида ба дил наздик аст. Бале, Худо занро аз соҳаи дил на аз соҳаи ақл гирифт. Ин маънои онро дорад, ки ҷои зан бояд дар дили шавҳар на дар ақли ӯ бошад. Зан бояд доимо бо розигии дили ӯ бошад, на ин ки ба ақли ӯ таъсир расонад.
Зан бояд, ки ба шавҳари худ гапдаро бошад.
Ба якдигар дар тарси Худованд итоат кунед
 Зан бояд мавқеъи худро назди шавҳар пайдо кунад.
 Шавҳарро шахси обрӯманд эътироф кунад, сухани ӯро иззат кунад ва ба он сухан вазн диҳад.
 Зан бояд худаш худро мутеъи шавҳар гардонад.
Зан дар моҳияти худ бояд ҳалиму фурӯтан бошад –ин латофат аст. Латофат бо зебогии зоҳирӣ ҳеҷ чизи умумӣ надорад. Бисёр духтарони зебо ҳастанд, ки белатофат мебошанд. Зебогӣ ва латофат – мафҳуми гуногун аст. Имрӯз тамоми ҷаҳон аз қафои зебогӣ меравад, одамон фикр мекунанд, ки зебогӣ ин латофат аст.
            Одоби занона мавҷуд аст. Дар давраи қадим ҳатто ба тарзӣ нишасти зан диққати калон ҷалб карда мешуд. Ҳозир бисёр духтарон худро озодақида ҳисоб карда бо рафтори худ ба мардон монандӣ доранд. Онҳо ба суханҳои худ ва тарзӣ суханрони эътибор намедиҳад.

ЗИНДАГИ БО ЗАН ХУШ АСТУ УМР БО ЗАН БАРДАВОМ

Худованд дар олам як мавҷуди қавиро халқ карду номашро мард гузошт . Аз у пурсид : - Оё рози ҳасти аз ҳаёт?  
Ҷавоб дод : - Ҳаргиз ! 
Пурсид : Чи мехоҳи ? 
Гуфт : - Оинае мехоҳам , ки дар он бузургии худро бинам .
 -Сандуқчае мехоҳам , ки ҷавоҳири худро дар он ҷой диҳам . 
- Болиште мехоҳам , ки ба он такя кунам .
 - Ниқобе мехоҳам , ки дар пушти он панаҳ гардам.
 - Бозичае мехоҳам , ки бо он шод бошам .
 - Муҷассамае мехоҳам , ки зебоияш чашмро навозиш диҳад . 
- Андешае мехоҳам , ки дар он ғутавар гардам .
 - Машъале мехоҳам , ки раҳнамоиям кунад .
   
   Пас Худованд Занро офарид.

   Зан беҳтарин муъҷизаи парвардигор аст. Худованд ба зан зебоӣ, иффат, дилрабоӣ, шуҷоат, садоқату ҳунармандӣ, меҳру муҳаббат, наслофарӣ ва фариштахӯиро эҳдо кардааст. Дар хонадоне, ки аз меҳру навозиш ва файзу нусрати зан баҳравар нестанд, он ҷо баракат нест. Охир, беҳуда нагуфтаанд: "Саодати зиндагӣ дар калимаи зан нуҳуфтааст."
  Дар ривояти ҳиндӣ овардаанд: «Атр аз гул, нӯш аз шаҳд, шодобӣ аз баҳор, риққат аз абр, ҳарорат аз офтоб ва зиндагӣ аз замин бардоштаанд. Ин ҳамаро ба ҳам омехтаву зан офариданд, то ғамҳоро бизудояд».
 Асолату иффати зан пеш аз ҳама дар ору номус, ватандорӣ, тозакорию сарфаҷӯйӣ, вафодорию ҳалимӣ ва рӯзгордорию фарҳангдӯстӣ таҷассум мегардад.
Зан кист? Зан ҳамон инсоне аст, ки офариниши воҳиде бо мард дорад, чунон ки Қуръони шариф мефармояд: «Эй мардум, тақво пеша кунед, дар баробари Худое, ки шуморо аз як тан биёфарид ва барои шумо аз ҷинси худатон ҳамсароне падид овард». 
    Вақте Худои таъоло Одам алайҳи салому Момо ҳавворо  офарид , ба ҳазрати Одам (а) қувваи қудрат , уҳдабарои , тадбиркори ва шафқат ато намуд . 
Ба МОМО ХАВВО калиди сеҳрноке дод , ки номи он назокат ва шарму ҳаёст. У чунин калидест , ки қулфи дилҳоро мекушояд . Занон мардонро ба ҳамин калиди сеҳрнок мафтун месозанд . Ин калидро ба дасти занон додаанд , то ки онро маҳкам нигоҳ доранд. Зане , ки онро хуб нигахдори менамоянд , хонадонашон пурфайзу пурбаракат мешавад.

Зан  чу бошад  ҳунарвару  доно,
Чун биҳишти барин шавад дунё.
Зан чу ҳушёру  кордон  гардад,
Хона  чун  равзаи ҷинон гардад.
Хуррамиҳо  бувад  дар  он хона,
Ки    дар  он   бонуест   фарзона.
Ишқу  шӯру ҳунар бувад аз зан,
Пешрафти  башар бувад аз зан.
Бо камоли боварӣ метавон гуфт, ифтихороте, ки дар ин чанд мисраи шеърӣ гуфта шуд, насиби он ҷинси шариф ва латифест, ки аввалан бо зевари шарму ҳаё, иффату покдоманӣ, амонатнигаҳдорӣ ва соири камолоти инсонӣ ботин ва зоҳири хешро ороста бошад.
Зан офаридест аз ҷониби Худованд, ки хайри зиёдеро Парвадигор барояш арзонӣ дошта, ки ҳатто сабқат бар мардон доранд.Зан модар аст; беҳтарин неъмати рӯи замин, ки аз доманаш паёмбарон, сиддиқону солиҳон ва донишмандону абармардон то кунун по ба арсаи вуҷуд ниҳодаанд.
Танҳо як зан  дар зиндагӣ метавонад чанд нафар бошад: дар баробари модар буданаш метавонад, модаркалон, хола, амма, хушдоман, келин, хоҳар, духтар ва ғайраҳо бошад. Пас бешак ӯ метавонад моҳавл ва ё аторифиёни хешро зери таъсири хеш қарор диҳад. Табиист, ки қодир аст ба ҳама он афроде, ки пайванди хешутаборӣ дорад, нақши мусбат ва созандаеро аз худ боқӣ гузорад.
Муҳақиқон ва донишмандон исбот кардаанд, ки таваҷҷӯҳ ва аҳамияти зан  нисбат ба дин аз мардон бештар аст. Худованд фитратан рӯ овардан ва муҳаббат ба динро дар вуҷуди занон бештар ато кардааст.
Бо таваҷҷӯҳ ба дарки ин масъала, олами Ғарб таҳоҷуми густардаеро дар чаҳорчубаи фарҳанги хеш рӯз аз рӯз тақвият мебахшад.

Зан ба ман маълум шуд , ки офтоби будааст .
Кори у ҳам дилбари , ҳам дилхароби будааст.
Пас ҳама гуянд , ки : бигзор зан бошад мудом
Зиндаги бо зан хуш асту умр бо зан бардавом.
Чеҳра бикшояд агар зан шаб чароғон мешавад,
Аз нигоҳаш зиндагони файзборон мешавад.
Ҳар куҷо пои муборак у гузорад бо мурод.
Чули беоб аз қудуми зан гулистон мешавад.

Агар тамоми неъмати дунё аз байн биравад, ба шарте ки зан дар саҳнаи ҳаёт вуҷуд дошта бошад,зиндагӣ боз ҳам қобили таҳаммул аст.(Жан Жак Руссо.)

Зан барои башарият аз олитарин неъматҳои худоист.
Ӯ шабу рӯз нигаҳбони ҳаёту созандаи шахсият аст.
                                                                                                  Август Кант

Зан кист?
Зан модари ман, модари ту, модари ом аст,
Зан шарбати ҳар маъракаву косаи ҷом аст.
Бе зан чӣ бувад,зиндагиву зист дар олам,
Зан ҳусни замин, ҳусни само, ҳусни замон аст.

вторник, 27 мая 2014 г.

Насиҳат

Як зани бо хаё ва бо хичоб ин вижагихо ва имтиёзотро доро мебошад: 
1- Барои падару модараш фахру обру мебошад.
2- Изате барои бародаронаш мебошад.
3- Барои шавхараш хазина ва бойгари мебошад.
4- Барои фарзандонаш бехтарин улгу ва намуна мебошад.
Эй хохари мусалмон хаё ва хичобро интихоб намо то худ ва атрофиёнатро хушбахт ва хучаста бисози 


Чойгохи вокии зан дар се чумла аст.
1) Замоне, ки духтар аст, дарвозаи чаннатро ба рои падараш боз мекунанд.
2) Замоне, ки хамсар аст, дини шавхарашро такмил мекунад.
3) Замоне, ки модар аст, чаннат зери кадамхояш аст.





Мехрубони бо зан камоли мардонпгист
Марде бо ҳамсараш но гапи шуд,ҳамсараш норохат гашта либосҳояшро ҷамъ намуд то хонаи падараш равад ,мард норохати хонумашро эҳсос намуда уро бо сухани ширину нарм пурсид,чи кор мекуни? 
Хонумаш гуфт ҳеҷ чиз либосҳои тобистонаамро дар чомадон гузошта либосхои зимистонаамро баровардам.
Занон чунон диле доранд ки барои хушҳол карданашон як меҳрубони ва сухани нарм кофи мебошад.
Паёмбар ( с а в) мефармояд: 
Занонро касе эҳтиром мекунад ки у бузургвор аст,ва касе таҳқиру тавҳин мекунад ки одами бад бошад.

четверг, 8 мая 2014 г.

Тақво чист?

Тақво чист? Баҳси мо дар ин навиштор ва иншоаллоҳ дар мақолаи баъд, дар бораи тақво хоҳад буд. Тақво, яке аз калимаҳоест, ки бисёр бар забонҳо ҷорӣ мешавад. Ин калима, як калимаи арабист аз решаи “виқоя” ба маънои “ҳифз” ва “нигаҳдорӣ”. Роғиб дар “Муфрадотул-Қуръон” мегӯяд: “Виқоя иборат аст аз муҳофизати чизе аз ҳар он чи ба он зарару зиён мерасонад, ва “тақво” яъне ҳифзи нафс аз он чи бим меравад. Маънои аслии “тақво” ҳамин аст… Тақво дар истилоҳи шариат ҳам иборат аст аз: нигаҳдории нафс аз он чи инсонро ба гуноҳ мекашонад. Ва ин, бо тарки чизҳои манӯъ ва ҳаром сурат мегирад”. Тақво, тарс нест, балки худнигаҳдорист Марҳуми шаҳид Мутаҳҳарӣ дар ин замина ба як нуктаи зарифе ишора кардаанд, мегӯянд, дар забони форсӣ, одатан “тақво”-ро ба “парҳезгорӣ” ё “тарс” тарҷума мекунанд. Масалан, дар тарҷумаи “Ҳудан лил-муттақин” мегӯянд: “Ҳидояте барои парҳезкорон”, ё дар мавриди “Иттақул-лоҳ” гуфта мешавад: “Аз Худо битарсед”. Ҳар чанд ин маъноҳо хато ҳам нест, аммо дар мавриди калимаи “тақво” бояд таваҷҷӯҳ дошт, ки агарчи лозимаи тақво ва муҳофизати нафс аз чизе, тарки он чиз ё дурӣ гузидан аз он аст, вале чунин нест, ки маънои “тақво” ҳамон тарк ва парҳез бошад, бинобар ин, шояд беҳтар бошад “тақво”- ро ба “худнигаҳдорӣ” тарҷума кунем. Сабабаш ҳам ин аст, ки вақте “тақво”-ро ба парҳез ва ё тарс тарҷума мекунем, шояд мардум бо шунидани калимаи “тарс аз Худо”, ин суол барояшон пеш ояд, ки магар Худованд касест тарснок? Ӯ, ки камоли мутлақ ва шоистатарин зот барои дӯст доштан аст, чаро аз ӯ битарсем? Посух ин аст, ки ба қавли марҳум шаҳид Мутаҳҳарӣ, худи Худованд ҳаргиз мӯҷиби тарс нест, балки аз адолати илоҳӣ бояд тарсид. Дар дуо ҳаст, ки “Ё ман ло йурҷо илло фазлуҳ ва ло йухофу илло адлуҳ!” яъне “Эё он касе ки ҷуз ба фазлу марҳаматаш умед намебанданд, ва ҷуз аз адолаташ бим намеравад!” Боз, адолат ҳам ба навбати худ, амри ваҳшатноке нест, балки инсоне ки аз адолат метарсад, дар ҳақиқат аз худ метарсад, ки дар гузашта гуноҳе аз ӯ сар зада, ё бим дорад, ки дар оянда нисбат ба ҳуқуқи дигарон таҷовуз кунад. Бинобар ин, масъалаи хавфу раҷо низ ҳамин аст, ки аз тарафе мӯъмин бояд аз туғёну саркашии нафси аммораи худ биҳаросад, ки мабодо зимоми умур ба дасти нафс бияфтад, ки ин ҳамон “хавф” аст, ва аз тарафи дигар, нисбат ба зоти Худованд эътимод ва итминон дошта бошад, ки ҳамеша ӯро ёрӣ хоҳад кард, ки ин ҳамон “раҷо” аст. Пас, “тақво” аз назари ислом ҳамин аст, яъне “худнигаҳдорӣ”. Инсон агар бихоҳад зиндагии дурусте дошта бошад, ки ҳар инсоне новобаста аз худонобовар ва ё худобовар буданаш, хоҳони зиндагии дурусте мебошад, ночор бояд аз як хатти муайяне дар зиндагии худ пайравӣ намояд, ва маълум аст, ки лозимаи ҳаракат дар як масири муайян, он аст, ки худро аз умуре, ки мувофиқи ҳавасҳои зудгузари вай буда, вале бо ҳадафе, ки пеши рӯй гирифтааст мунофот доранд, нигаҳдорӣ кунад. Масалан, як ҷавон пеши рӯи худ чунин ҳадафе қарор бидиҳад, ки дар оянда як олим ва донишманд ва барои ҷомеаи худ фарди судманде бошад, он гоҳ биравад ба думболи донишомӯзӣ. Ҳар чанд ҳаваси ҷавонияш ӯро ба тарафи айшу нӯш мехонад, вале ӯ ҳамаи ин умури зудгузарро барои худ ҳаром гардонида, шабу рӯзи худро бо хондану мутолеа мегузаронад, чаро? Чун мехоҳад ба ҳадафи худ бирасад. Кори ин ҷавон ҷуз “тақво” нест, яъне ӯ худро аз умуре, ки монеи расидан ба аҳдофаш аст, нигаҳ медорад. Касе ки ҳадафе ҷуз Худо надорад, барои расидан ба матлуби худ, хештанро аз чизҳое, ки монеи расидани Ӯ ба матлубаш аст нигаҳ медорад. Ин, тарс нест, балки худнигаҳдорист, ки гуфтем тақво ҳамин аст. Тақвои заъф ва тақвои қувват Матлаби дигаре, ки марҳуми шаҳид дар ин замина ёдовар мешавад, ин аст, ки мегӯяд, ҳифзу нигаҳдорӣ аз хатоҳо ва гуноҳонро ба ду шакл метавон баррасӣ кард: тақвои заъф ва тақвои қувват. Дар навъи аввал, инсон барои муҳофизати худ аз олудагии гуноҳон, аз мӯҷиботи онҳо, яъне чизҳое ки сабабгори вуқӯъ дар гуноҳон мешавад, фирор мекунад; яъне худро ҳамеша аз муҳити гуноҳ дур нигаҳ медорад. Аммо тақвои қувват ин аст, ки инсон дар руҳи худ ҳолат ва қуввате падид оварад, ки ба вай як масунияти руҳӣ ва ахлоқӣ бидиҳад; яъне инсон аз лиҳози руҳӣ ба қадре қавӣ шавад, ки агар фаразан дар муҳите, ки васоили гуноҳ ҳам фароҳам аст қарор бигирад, он ҳолат ва малакаи руҳӣ, монеъ аз олудагии вай ба гуноҳон шавад. Дар замони мо, бештари мардум тасаввурашон азтақво, ҳамон навъи аввал аст ва шояд иллати пайдоиши ин тасаввур он бошад, ки аз аввал, тақворо барои мо “парҳезгорӣ” тарҷума кардаанд ва тадриҷан парҳез аз гуноҳ, ба маънои парҳез аз мӯҷиботи гуноҳ талаққӣ шуда ва бад-ин шакл, калимаи “тақво” маънои инзиво аз ҷомеаро ба худ гирифтааст. Дар китобҳои ахлоқӣ гоҳе аз иддае ёд мекунанд, ки барои ҷилавгирӣ аз зиёдии калом ва гуфтани сухани беҳуда, сангрезае дар даҳон мениҳоданд, то сухан гуфтан барояшон мушкил шавад; яъне иҷбори амалӣ барои худ дуруст мекарданд, ва ин, намунаест барои тақвои заъф. Ин гуна иҷтинобу дурӣ гузиданҳо агар камол маҳсуб шавад, ба унвони муқаддимае аст, ки дар мароҳили аввалия барои пайдо шудани малакаи тақво фоида доранд, аммо ҳақиқати тақво ва камоли воқеии он ҳамон руҳияи олӣ ва муқаддасе аст, ки боис шавад бидуни иҷбори амалӣ ва ҳатто бо муҳайё будани васоили гуноҳ, инсон аз он дурӣ гузинад. Тақво маҳдудият нест Пас, тақво маҳдудият нест, чунон ки бархе гумон мекунанд, балки масуният аст. Тақво барои руҳ, монанди хона барои зиндагӣ ва либос барои тан аст. Хонаву либосро маҳдудкунандаи озодии башар намедонем, балки онро боиси масунияти зиндагии инсон аз балоҳо, сармо, гармо ва ғайра мешуморем. Тақво низ чунин аст.

Хушбахти чист?

Мафҳуми саъодат ва маънои онро фаҳмидан яке аз матолиби муҳими ҳар як фард ва муҷтамаъи инсоният ба шумор меравад, ва яке аз саволҳои муҳим дар зиндагии инсон пин аст ки:
Саъодат чист? Саъид ва хушбахт кист?  Саъодати воқиъи дар чист? Ва чигуна инсон метавонад саъодати воқиъиро пайдо кунад?
Албатта пайдо кардани ҷавоби дуруст ба ин саволҳо сабаби ҳал барои бисёре аз мушкилоти мову шумо шуда метавонад.
Пас фаҳмидани маънои саъодат амри бисёр муҳиме дар зиндагии мову шумо ба шумор меравад.
Саъодат дар фарҳанги ҳар миллат ва ҳатто ҳар инсон мафҳум ва таърифи мухталифе дорад.ҳар гуруҳе саъодатро ба шакли хос ва завқи худ таъриф ва шарҳ дода, ва барои худ мафҳуми хосе дар саъодат дорад.
Уламо дар таърифи саъодат ва хушбахти мегуянд:
Хушбахти: Расидан ба ҳар навъ камолеки инсон қудрати расидан ба онро дошта бошад.
Ва ё ба иборати дигар: Саъодат иборат аз истифода бурдании саҳиҳ ва дуруст аз неруҳои мухталифи модди ва маънавиеки парвардигор онро дар тасарруф ва ихтиёри инсон гузошта аст.
Ин мафҳуми саъодатро Худованд дар Қурони карим бо зебои хоси худ муарифи карда аст, Худованд мефармояд:
Ва савганд ба нафси одами,ва ба онки уро сохта ва пардохта карда аст,сипас гуноҳ ва тақворо барои у илҳом карда аст, ( қасам ба ҳамаи инҳо) касе растагор ва комиёб мегардад ки нафси худро покиза дорад.( аз маъсияту гуноҳ).
Ва касе ноумед ва ноком мегардад ки нафси худро пинҳон бидорад ва бипушонад онро ( бо маъсият ва гуноҳ) .
Аз ин оятҳои бузург мо сароҳатан маълум мегардад ки  фалоҳ ва хушбахтии инсон дар (пок нмгоҳ доштани  нафс аз гуноҳу маъсият) .
Ва агар мо тааммул ба ҳақиқати пайдоиши инсон дар ин дунё кунем, барои мо зоҳиран маълум мегардад ки ҳадаф аз пайдшши ҷаҳон ва инсон расонидани инсон ба камоли фазилат ва болотарин камоли инсоният аст.
Бинобарин метавонем гуфт ки инсогн фитратан махлуқи саъодат талаб аст, ва ҳамаи инсонҳо мехоҳанд худро ба саъодати гум кардаи худ бирасонанд.
Вале  дар ин шаке нест ҳар инсон барои расидан ба хушбахти роҳҳо ва васоили мухталиферо истифода ва пешбини менамояд.
Баъзе инсонҳо хушбахтиро танҳо дар расидан ба (лаззати) зоҳири медонанд.
Ва баъзе дигар хушбахтиро дар расидан ба лаззатҳои ботини муарифи мекунанд, монади лаззат ёфтани инсон дар ёди Худо.
Уламо чунин ақида доранд ки ҳар кадом аз (хушбахти ва бадбахти) барои худ маънои хосе доранд масалан: руҳ дорои хушбахти ва бадбахти аст, ва ҷисмҳам  хушбахти ва бадбахти ба таври хоси худ аст. Бинобарин Қурони карим инсонро мавҷуди мураккаб аз ҷисму руҳ шиносои карда аст, руҳи абади ва ҷисми тағир ёбанда.
Барои ҳамин ончизеки танҳо марбут ба саъолати руҳ аст монанди илм, тақво ва амсоли он, аз саъодатҳои инсон ба шумор мераванд.
Ва ҳамчунин умуреки саъодати ҷисм ва руҳро дар бар мегирад, аз саъодатҳои инсон ба шумор меравад монанди неъмати мол ва фарзанд ба шарти онки инсон аз ёди Парвардигораш дур нашавад ва дилбастаги ба ҳаёти дунё надиҳад.
Ҳамчунин аз хушбахтии инсон корҳое аст ки бар ҷисм ва бадан сахтиро ба вуҷуд меорад вале аз хушбахтии руҳ ба шумор меравад, монанди қабули сахтиҳо ва мушкилоти ҷисмони дар роҳи Худо, нафақа кардани молҳо дар роҳи Худо.
Аммо корҳоеки дар руҳ бадбахтир ба вуҷуд меорад ва мнчунин хушбахтии ҷисмонироҳам дар бар мегирад монанди: корҳоеки танҳо лаззати дуняви ва ғайри машруъ дршта бошад.
Ва ингуна корҳо сабаби фаромуши аз ёди Худо мегардад.
Ингуна корҳоро Худованд на саъодат балки шақоват ва азоб барои инсон шуморида аст. Дини мубини ислом инсонро огоҳ месозад ки мафҳуми зиндаги ин нест ки танҳо инсон худро ба лаззат ва ранҷҳои дуняви машғул ва саргардон кунад. Балки зиндагии абади ва ҷовидона он аст ки инсон худро ба лаззатҳо ва ранҷҳоеки вобастаги дар роҳи Худо доранд машғул кунад.
Ва худи инсон метавонад ин ду намуд зиндагиро барои худ интихоб кунад.
Ва дини мубини ислом дар ин корҳо адлро муроот карда барои истифода бурдан аз лаззатҳои модди ва маънави барои инсон ҳудуд муаян карда  аст ки инсон пайрави кунад аз дини ислом ки дини дунё ва охират аст ва ҳидоят ёбад.
Ва пайрави аз усули дини ислом сабаби саърдат ва хушбахтии дунё ва охирати инсон хоҳад шуд. Албатта саъодат ва хушбахти барои худи инсон аст то оромиши бештар дошта бошад.
Ва барои касонеки саъодатро танҳо дар моли дунё медонанд бояд гуфт ки: мол ва сарвату қудрат ҳеҷвақт сабаби хушбахти ба ҳисоб намераванд зеро молу сарват сатҳи зиндагии инсонро баланд мекунанд аммо ҳамеша барои инсон ороми намебахшанд.
Яке аз донишмандони Ангилис мегуяд: барои мардуми оқил молу сарват сабаби изтироб ва бадбахти аст.
Ва масалаи муҳим барои мо ин аст ки кушиш кунем молики молики молу сарвати худ бошем, на бандаи молу сарватамон шавем.
Ва мо бояд амири нафс бршем на асири он.
Чун касонеки дар ишқи молу сарват фуру рафтаанд ҳамеша худро асири он сохтаанд, ва ҳамеша дар фикри он ҳастанд ки молу сарвати худро аз даст надиҳанд инчунин ҳамеша дар фикру ғами он гирифтор ҳастанд.
Бояд донист ки ингуна инсонҳо ҳеҷвақт хуши ва хушбахтиро нахоҳанд дид.
Ва  инчунин бояд донист ки дар кафан ҷайб нест » Агар дар гумон боши ки сарвати худро бибари ё набари».
Инсон чигуна метавонад саъодати ҳақиқиро дарёбад?
Якум: касб кардани ризогии Худованд.
Аввалин чизеки инсонро ба саъодати ҳақиқи мерасонад он касб карлани ризогии Хадоҷванд аст.
Худованд мефармояд:
Савганд ба замон инсонҳо ҳама дар хасоратанд, магар касонеки эмон меоваранд, ва корҳои шойста мекунанд, ва ҳамдигарро барои дастгири ба ҳақ насиҳат амекунанд, ва якдигарро ба сабр тавсия мекунанд.
Пас мебинем ки Худованд дар ин сура танҳо касонеро аз ҳалокат ва бадбахти истисно карда аст ки аъмоли неки ки сабаби ризогии Худост анҷом медиҳанд.
Уламои илми ахлоқ мегуянд: Хушбахт касе аст ки зиндагии хуш дошта бошад, ва ингуна зиндагиро инсон ба ғайр аз ризогии Худо дар дигар чиз ба даст оварда наметавонад.&
Дуюм: Тақво ва парҳезгори.
Дуюумин кореки инсонро ба саъодати ҳақиқи мерасонад Худованд онро дар Қурони карим баён карда  мефармояд:
Касе комиёб мешавад ки нафси худро покиза дорад» аз маъсият ва гуноҳ».
Пас саъодат ва хушбахти насиби касоне мегардад ки  нафси худро аз маъсият ва гуноҳҳо нигоҳ доранд.
Ва бадбахт касест ки ба гуноҳ ва маъсият ру биёварад.
Яке аз сабабҳои фиристодани китобҳои осмони  ва Пайғамбарони Худо дар руй замин ин буд ки барои мардум роҳи зиндаги ва расидан ба зиндагии хушбахтонаро нишон диҳанд.
Пайғамбарони Худо фиристода шуданд то роҳи хайр ва роҳи расидан ба саъодатро ба  мардум тиълим диҳанд. Ва ахлоқт хайрхоҳи ва меҳрубониро ба онҳо бифаҳмонанд.&
Сеюм: Ёди Худованд.
Муҳимтарин кореки дар руҳи инсон оромиш ва хуши мебахшад он ёди Худо мебоошад.
Худованд мефармояд:
Он касонеки эмон меоваранд ва дилҳояшон ба ёди Худо оромиш пайдо мекунад, ҳамоно дилҳо ба ёди Худо оромиш мегиранд.
Албатта ру гардонидан аз ёди Худо сабаби сияҳ рузи ва бадбахти мебошад.
Худованд мефармояд:
Ва ҳар касе аз ёди ман ру гардонад зиндагии танг хоҳад дошт ва рузи қиёмат уро нобино бар мехезоронем.
Касонеки саъодатро дар ҷамъи мол ва сарват медонанд дар иштибоҳанд.&
Таҷриба ҳақиқатро баён карда аст ки мол, ва дороии зиёд ҳеҷ вақт инсонро ба хушбахти намерасонад балки ғолибан мол ва сарват аст ки сабаби мусибатҳо ва фалокатҳои гуногун мешавад.
Чаҳорум: Амали нек .
Худованд дар Қурони карим аъмоли некро монанди ҷиҳод дар роҳи худо, амр кардан ба кори хайр, манъ кардан аз кори  бад, баҷо овардани шукри неъматҳо ва тавба карданро мояи зиндагии хушбахтона муарифи карда аст.
ПанҷумҲамнишини бо уламо ва бузургон.
Пайғамбари худо мефармояд:
«Хушбахтарини инсонҳо касоне ҳастанд ки бо уламо ва шахсиятҳой бузургвор ҳамнишини дошта бошанд».
Шашум: Доштани фарзандони солиҳ.
Зани солиҳ ва манзили шойста аз сабабҳое аст ки dj-tmан инсонро ба хушбахтии ҳақиқи мерасонад.
Дар ҳадиси дигаре аз Пайғамбари Худо ривоят шуда аст ки мефармояд:
» من سعادة المرء المسلم : الزوجة الصالحة, والمسكن الواسع, والمركب الهنيء, والولد الصالح»
Тарҷума:» Аз хушбахтии марди мусалмон доштани зани солиҳа, ва хонаи кушод, ва савораи хуб, ва фарзанди солиҳ аст «.
Бародарон ва хоҳарони муҳтарам ва гироми:
Насиҳат ва тавсияи ихлосмандона ва дустонаву бародаронаи ман барои расидан ба зиндагии хушбахтона ин аст: Бо худ аҳд кунем ки муртакиби гуноҳ нашавем.
Ман муътақидам ки ҳарчи гуноҳ камтар бошад зиндаги хушбахтонатар хоҳад шуд.
Инчунин ахлоқи хубро набояд фаромуш кунем, ва ҳарчизеки сабаби  бадбахтии мо мешавад аз он дури бояд ҷуст, ва инсон набояд думболи мол ва дунё рафта ҳамеша дар фикри пулу мол ва дорои дунё бошад.
Ва дар ин ҳеҷ шаке нест ки инсон бояд дар зиндаги заҳмат бикашад то муҳтоҷи дигарон набошад, ва дасташро барои дигарон дароз накунад.
Ва худро пурра ба дунё ва талаби он надиҳад.
Дар охир аз худованд талаби дуъо мекунем ки моро аз ҷумлаи саъодатмандон бигардонад. Парвардигоро бар нафсҳои худ зулм кардаем ва агар моро тараҳҳум накуни аз ҷумлаи ҳалокшавандагон хоҳем шуд.
Нависанда: Аминудин Саъиди.
Тарҷума: Абдуссатори Ҳақназар.

среда, 7 мая 2014 г.

Тозагию поки ва хушбӯи барои ҳама воҷиб аст

.
     Зане назди Умар (р.а) омада, аз шавҳари худ шикоят намуда, аз халифаи мусалмонон талаб намуд, ки уро талок диҳад. Умар (р.а) мардеро назди шавҳари Ӯ равон карда, назди худ хонд. Шавҳари зан омад ва Умар (р.а) уро дид, ки либосҳои даридаву фарсуда ва муйи жулида дораду ба покии бадану сару либоси худ бепарво аст. Пас Умар (р.а) асҳоби худро амр намуд, то он мардро бурда сару либосашро дигар кунанд ва ба Ӯ бигӯянд, то гармоба равад ва муйи сарашро ба тартиб дарорад ва ба худ аҳаммият диҳад. Ҳангоме ки мард ин фармудаҳоро иҷро кард, Умар (ра) уро назди ҳамсараш даровард. Вакте, ки назди ҳамсараш ворид шуд дар лаҳзаи аввал ҳамсараш уро нашинохт ва аз у ҳаё намуд. Мард гуфт: ман шавҳари ту ҳастам, оё маро намешиноси? Чун зан бо диққат назар кард, шавҳарашро шинохт ва хушнуд шуд. Зан дарк намуд, ки амирулмуъминин Умар (р.а) сабаби ислоҳи шаклу андоми шавҳараш ва ислоҳи ҳоли ҳардуи онҳо шудааст. Умар (р) дар он ҳангом фармуд: «Савганд ба Худо (ҷ.ҷ), ҳамоно занхо дӯст доранд, ки шумо мардҳо барояшон худро зинат диҳед, ҳамчуноне шумо мехоҳед, ки онҳо бароятон худро зинат диҳанд». Ҳамоно дини мубини Ислом дини покию назофат ва интизом аст, мову шумо мардону занонро ба аҳамият додан ба покию назофат ва хайёти зебо амр мекунад. Паёмбари гироми (с.а.с) мефармоянд: «Шахсе, ки дорои муйи дароз бошад, пас бояд онро нигоҳубин намояд». (Ин ҳадисро Молик ривоят кардааст) Яъне ба покию тозагии он аҳамият диҳад, онро шона занад. Худи Паёмбар (с.а.с) дар чашмаи об нигариста мӯяшро шона мезад, яъне чашмаи обро ҳамчун ойина истифода мебурданд. (Ин ҳадисро Муслим ривоят кардааст)
Истифода аз атр ва анвои хушбӯиҳо равиши бисёр писандида ва мавриди алоқаи Расули Акрам (с.а.с) мебошад. Бӯйҳои хуш ва гуворо боиси оромии асаб мешаванд. Истифодаи хушбӯӣ дар баъзе мавридҳо савоб ҳам дорад. Масалан, рӯзи ҷумъа, ҳангоми ба намози ҷамоат рафтан, рӯзи ид, ширкат дар маърака истифода аз хушбӯӣ мустаҳаб аст.
Расули Акрам (с.а.с) гоҳе аз хушбӯиҳо истифода мекарданд, аммо аҳли тасаввуф ва уламои тариқат эътиқод доранд, ки ҷисми поки Расулуллоҳ (с.а.с) ба таври табиӣ муатару хушбӯ буд. Аз арақи бадани Расулуллоҳ (с) бӯи хуш меомад. Ҳазрати Муҳаммад (с.а.с) аз куҷое, ки мегузаштанд, аз он ҷо бӯи хуш ба атроф паҳн мешуд. Бо вуҷуди ин расули Худо (с.а.с) бо мақсади таълим ба саҳобагон аз бӯйҳои хуш истифода мекарданд. Чунончи, Анас ибни Молик (р) ривоят мекунад, ки Паёмбари Акрам (с.а.с) зарфе пур аз хушбӯй доштанд, ки аз он истифода мебурданд. Мушку анбар хушбӯии табиӣ буда, аз ҳар гуна маводи химиявӣ пок ҳастанд ва тақвиятдиҳандаи мағзи сари инсонанд.
Бибиоишаи Сиддиқа (р) бар бадану либоси мубораки Расули Акрам (с.а.с) хушбӯӣ мемолиданд. Аз ин хулоса кардан мумкин аст, ки хушбӯ намудани мард ба воситаи ҳамсараш суннат аст. Муаттар кардани риш низ амали писандида мебошад, зеро Паёмбари гиромӣ (с.а.с) чунин менамуданд.
Касе ки ба ҳазрати Муҳаммад (с.а.с) хушбӯӣ ҳадя мекард, онро рад намекарданд. Аз ин рӯ хушбӯӣ ҳадя додану гирифтан дар ислом аз одати писандида маҳсуб мегардад. Пазируфтани ҳадя боиси дилҷӯии ҳадядиҳанда мегардад.

вторник, 6 мая 2014 г.

Эй мардум

ЭЙ ИНСОН!!! Аз торикии шаб метарси аммо аз торикии қабр чаро на? 
-Дар ҷаннат мехоҳи дохил шави аммо дар масҷид чаро на? 
-Ришваю пора дода метавони аммо ба як бечора ғизо чаро на ? 
-Китобҳои гуногунро хонда метавони аммо Қуръони покро чаро на?
-Оҳангҳои шарқию аврупоиро гӯш карда метавони аммо сураҳои Қуръонро чаро на?
-Барои комёб шудани имтиҳони дунявиат тамоми шаб бедор мемони аммо барои имтиҳони охират чаро на?
-Ба хотири филмҳои туркию ҳинди ҳар рӯз ашк мерези аммо барои дидори -Аллоҳи бе мислу монанд охир чаро на?
-Паёмҳои мунхарифу фосиқиро ба дӯстонат интишор мекуни аммо панду насиҳатро чаро на?

Аллоҳ бузургу тавон аст Ҳамеша ба ёди Ҳолиқи якто бошед азизони дил.
Эй мардум! Тавба намоед ва ба сӯи Худо бозгардед нияту қасди худро поку ҳалол гардонед.Аллоҳи якто шунаво ва қабулкунандаи тавба аст. Тавбакунандагонро мебахшад.
«Агар ёд кунед Худованди барҳақро ӯ шуморо кӯмак ва нусрат мебахшад».

воскресенье, 4 мая 2014 г.

Насиҳатнома

Писари азизам  агар ҳар касе набошӣ, писандкор бошу қонеъ, то бузургтару бебоктар (далертар) дар ҷаҳон ту бошӣ. Оқилӣ ҳаргиз ба ситам натавон омӯхт.
Ва бидон, ки ақл аз ду гуна аст: яке ақли табиат дода, дигаре ақли ба заҳмат ба даст омада, яъне ғайритабиӣ. Онро, ки ақли табии бувад, хирад хонад. Ақли табиӣ ҳадяи худост, онро ба таълим аз муаллим натавон омӯхт. Агар ҳақтаоло ба ту ақли табиӣ дода бошад, ту барои ақли ғайритабиӣ ранҷ бару биомӯз. Ақли худододаро бо ақли бадастовардаат ёр кун, то беназири замон бошӣ.
Пас агар худодод набошад, ману ту илоҷ надорем. Барои ба даст овардани ақл зиёдтар бикӯш, чандон, ки тоқат бошад биёмӯз, то агар аз ҷамъи донишмандон набошӣ, боре аз ҷамъи доноён бошӣ. Аз ин ду якеро дошта бошӣ, беҳ аз он ки надошта бошӣ.
Акнун бидон, эй писар ва биёмӯз, ки хирад ба ҳикмат тавон ёфт. Чунонки Аристотолиси ҳакимро пурсиданд, ки қуввати хирад аз чист?
Гуфт: Ҳама касро қувват ва ғизо бошад ва ғизои хирад ҳикмат аст.
Унсурулмаолии Кайковус.

Пандҳои Анушервони Одил

Дар рӯзгори Анӯшервони одил ҳеҷ чиз аз ҳикмат азизтар набуда ва одамони он аср парҳезгор буданд. Як рӯз Анӯшервони Абузарҷмеҳрро талаб кард ва гуфт: «Мехоҳам Сухане чанд муфид, дар лафзи андак, маъноии бисёр ҷамъ созӣ, чунонки дар дунё ва охират судманд бошад».
Абузарҷмеҳр як сол мӯҳлат хост ва ин чанд каламотро ҷамъ кард ва «Зафарнома» ном ниҳод ва ба назди Анӯшервон бур два ӯро хуш омад ва фармуд, ки ин каломат ба оби зар навиштанд ва доим бо худ медошт ва аксаран вақт ба мутоилаи ин китоб мешуд.
Абузарҷмеҳр забон бикшод ва Гуфт: « — Аз устоди худ истифода менамудам ва ӯ ҷавоб мегуфт». Гуфтам: « Эй устод аз худои азза ва ҷалла чӣ хоҳам, ки ҳамаи некӯиҳо хоста бошам? « Гуфт: 
« Се чиз: тандурустӣ ва эминӣ ва тавонгарӣ». 
Гуфтам: « Корҳо ба ки супорам? « Гуфт: 
«Ба он кас, ки хештан шоиста бошад. 
« Гуфтам: « Аз ки эмин бошам?» 
Гуфт: « Аз дӯсте, ки ҳосид набошад». 
Гуфтам: « Чӣ чиз аст, ки биҳиштро сазовор бошад?» 
Гуфт: « Илм омӯхтан ва ҷавонӣ ба кори ҳақ машғул будан».
 Гуфтам: « Кадом айб аст, ки наздики мардум мӯътабар намояд?»
Гуфт: « Ҳунари худ гуфтан». 
Гуфтам: «Чун дӯстӣ падид ояд, чӣ гунна аз вай бибояд бурид?» 
Гуфт: « Бе се чиз: ба зиёраташ кам рафтан, аз ҳолаш нопурсидан ва ҳоҷат нахостан». 
Гуфтам: « Корҳо ба кӯшиш бувад ё ба қазо?» 
Гуфт: « Кӯшиш қазоро сабаб аст». 
Гуфтам: « Аз ҷавонон чӣ беҳтар ва аз пирон чӣ некӯтар?» 
Гуфт: « Аз ҷавонон шарму далерӣ ва аз пирон донишу оҳистагӣ». 
Гуфтам: « Ҳазар аз кӣ бояд кард, то растагор шавам?»
 Гуфт: « Аз мардуми чоплус ва хасис, ки тавонгар шуда бошанд». 
Гуфтам: « Сахӣ кист?» 
Гуфт: « Он кас, ки саховат куна два дилшод шавад». 
Гуфтам: « Чӣ чиз аст, ки мардум ҷӯянд ва касе тамом дарнаёфт?» 
Гуфт: « Се чиз: тандурустӣ ва шодӣ ва дӯсти мухлис».
Гуфтам: « Некӯӣ беҳтар ё аз бадӣ дур будан?» 
Гуфт: « Аз бадӣ дур будан сари ҳамаи некӯиҳост».
Гуфтам: « Ҳеҷ ҳунар бошад, айб шавад?» 
Гуфт: « Саховате, ки бо миннат бувад».
Гуфтам: « Чӣ чиз аст, ки донишро биафзояд?» 
Гуфт: «Ростӣ». Гуфтам: « Чӣ чиз аст, ки ба далерӣ нишон аст?»
 Гуфт: « Авф кардан чун қодир шавӣ».
Гуфтам: « Он кас, ки ҳаргиз намирад?» 
Гуфт: « Ҷалла- ул – ало». 
Гуфтам: « Кӣ ӯро айб набошад?» 
Гуфт: « Азза ва ҷалла».
 Гуфтам: « Корҳо, ки ақлан кунанд, чӣ накӯтар?»
 Гуфт: « Он ки бадро аз бадӣ нигоҳ доранд». 
Гуфтам: « аз айбҳои мардум кадом зиёнкортар аст?». 
Гуфт: « Он айб, ки аз мардум пӯшида набошад». 
Гуфтам: « Аз зиндагонӣ кадом соат зоеътар аст?» 
Гуфт: « Он аст, ки некӯ дар ҳаққи касе тавонад кард ва накунад». 
Гуфтам: « Аз фармонҳо хор набояд дошт?» 
Гуфт: « Се аввал фармони худо – дувум – фармони оқилон: — савум- фармони падару модар». Гуфтам: « Беҳтарин зиндагонӣ чист?. 
Гуфт: « Муфлисӣ». 
Гуфтам: « Чӣ беҳтар» 
Гуфт: « Хушнудии ҳақ». (« Пирӯзнома»)


Юнони дастур нома навишт ба Анӯшервони одил ва пайғомҳо дод дар боби хирад, яъне он чи хирад фармояд. Нӯшервон чун нома бихонд, биписандид ва ҷавоб фармуд ва гуфт: «Эй ҳакими некӯ, гузаронидӣ пайғоми хирад, зеро ки мо ва он касон, ки пеш аз мо буданд, ҳама аз хирад ороста гаштанд. Ман акнун чигуна мухолиф бошам хирадро, ки хирадманд наздиктарин касест бо Эзиди таоло ва хирад ҳамчун офтоби ҷаҳон аст ва дили некиҳост ва хирад бо ҳама кас некӯст ва бо меҳтарону бузургон некӯтар ».
Хирад бар тани мардум ҳамчун тариест дар дарахт. Чун дарахт тар бошад, ҳама халқ аз бӯйи гулу баҳор ва меваи ӯ шодмона бошанд ва чун тарӣ аз ӯ шуд, ҷуз кандан ва сӯхтанро нашояд. Пас мардум низ ҳамчунин аст, то ба хирад аст, сӯҳбати ӯ муборак аст ва пайвастан бо вай некӯст. Ва чун хирад аз ӯ шуд, ҷуз маргро нашояд.
Нӯшервон гӯяд: «Ман чигуна хирадро рад кунам ва он чи хирад фармояд, накунам, ки ҳеҷ чиз подшоҳро ва ғайри подшоҳро беҳтар аз хирад нест, ки ба рӯшноии хирад зишт аз накӯ ҷудо шавад ва нек аз бад ва дурӯғ аз рост».

Таълим ба фарзандон

Ҳар чӣ падару модар гӯянд, фарзанд нек бишнавад ва ба ҷон қабул намояд. Ҳар чӣ фармоянд, ки дар он маъсият (гуноҳ) набошад, зуд ба ҷо орад. Агар эшон аз ҷой бархезанд, ҳамроҳ аз ҷояш хезад. Овозашро дар ҳузури онҳо баланд накунад. Чун даъват кунанд, зуд ҳозир шавад. Ҳамеша дар хушнудии онҳо ҳарис бошад. Худро пеши онҳо ботавозӯъ ва шикастанафс дорад, Хоксору сар дар пеш бошад. Хидматашро ба онҳо ҳаргиз миннат накунад. Дар вақти мурооту муомила ва сухангӯӣ, дар рӯи онҳо нанигарад, пушаймонӣ изҳор нанамояд. Бе дастору иҷозати онҳо сафар накунад. Дар наздашон боодоб нишинад, мисле ки дар намоз менишинад. Дар ҳузурашон сар бараҳна накунад, пой дароз накунад. Дар ҷояшон нанишинад, мисле, ки шогирд дар ҷои устод ҳаққи нишастанро надорад.
Агар ӯро узве дард кунад, то тавонад ба онҳо нагӯяд, то ки ранҷидахотир нашаванд. Агар гурусна бошанд, таъом бидиҳад. Агар бараҳна (луч) бошанд, либос пӯшонад, ба онҳо раҳмдил меҳрубон бошад. Онҳоро ба ном нахонад. Агар ба ҷое раванд, аз паси онҳо қадам гузорад, агар шаб бошад, пешопеши онҳо равад, то агар хатаре пеш ояд, дур созад.
Ғамшарику ҳамдарди онҳо бошад: агар бемор бошанд, дар талаби шифои онҳо бошад ва хайру эҳсонҳо кунад, ки онҳо дар вақташ ба ӯ кардаанд. Ба онҳо пулу мол диҳад, шояд хоҷате дошта бошанду натавонанд гуфтан, то ба он ҳоҷати худ сарф кунанд. Дасти худро дар моли худ кушода кунад ва гӯяд, ки ин молҳои ман фидои шумост. Пеш аз хона баромадан аз онҳо дуо гирад. Ин як шамма аз ҳақҳое, ки бояд дар ҳаёти падару модар аз ҷониби фарзанд риоя шаванд.