среда, 16 апреля 2014 г.

Зиндагӣ партави Қуръон аст

Яке аз рафторҳое, ки инсон метавонад дар зиндагӣ ба воситаи он ҳаёт ба сар барад ин аз роҳи итоат кардан аз офаридгор аст ва рафтори дигаре, ки дар муқобили ин меистад зиндагӣ дар адами тоат, зиндагӣ дар ҳолати саркашӣ ва аз ҳадду ҳудуд гузаштан аст. Яъне инсонҳо гурӯҳе ҳаёташонро дар асоси тоат мегузаронанд ва барои расидан ба саодат ин роҳро интихоб намудаанд ва гурӯҳи дигаре аз инсонҳо мебошанд, ки онҳо ин роҳро роҳи саодат надониста акси ин роҳро барои расидан ба саодат паймудаанд, ки он роҳи саркашӣ намудан, аз ҳама ҳадду марзҳо гузаштан, мебошад.
Пас дар пеши инсон ду намуд роҳпаймудани ҳаёт вуҷуд дорад, дар тоат ё дар саркашӣ. Ҳар ки роҳеро интихоб намуд, албатта гумон мекунад, ки барои ӯ беҳтар ин роҳ аст. Аз ин роҳ метавонад, ки ба муроди дилаш барасад. Вале инҷо суоле матраҳ мешавад, ки дар ҳақиқат кадоми инҳо инсонро ба саодат мерасонанд? Суоли дигар ин аст, ки кӣ муайян мекунад, ки ин роҳ дуруст аст ва дигараш нодуруст?
Барои донистани кадоме аз ин роҳҳо инсонро ба саодат мебарад, лозим меояд, ки аввалан сарчашмаи муайянкунандаи ин роҳҳоро бидонем. Яъне кӣ метавонад муқаррар намояд ва бигуяд, ки ин роҳ ва ин рафтон дуруст ва дигараш нодуруст аст?
Албатта агар ҳама як сарчашмаро интихоб мекард, шояд масъала ба ин мушкилиҳо намекашид, вале чун дар интихоби сарчашма инсон ихтилоф мекунад, натиҷаи он ҳам ба хато мерасад. Баъзе инсонҳо ҳама чизро бо ақли муҷарради худ баҳо медиҳанд, ақли онҳо онро месанҷад ва муқаррар менамояд, ки чигуна бояд бошад. Вале инсонҳои дигаре мебошанд, ки дар ҳар масъала ба нишондодҳои офаридгори худ Аллоҳ таъоло руҷӯъ мекунанд. Мебинанд, ки масъаларо Ӯ чигуна муқаррар намудааст. Агар муқаррароти онро пайдо карданд, ҳамон муқаррарот дигар барои ин тоифа инсонҳо ҳатмӣ мебошад. Зеро назарашон чунин аст, ки чун Ӯ таъоло онҳоро офаридааст, пас Ӯ таъоло ба ҳоли онҳо ва талаботи онҳо донотар аст. Вале гурӯҳи аввал ба ин назаранд, ки ақли онҳо чизеро қабул кард ва ба он маъқул афтод, ҳамон барояшон беҳтар аст. Дар ҳоле, ки барои ҳамагон маълум аст, ки ақлҳои инсонҳо мухталиф мешаванд ва он ҳам вобаста ба табиати инсон, маълумот ва фарҳанги андӯхтааш мебошад. Пас инсонҳо дар муайян кардани як чиз ҳама ба як намуд муқаррарот намерасанд, балки муқаррароти онҳо мухталиф мешаванд.
Бармегардем ба Сураи Фаҷр, ва дар он намунаҳоеро мебинем, ки Худованди мутаъол барои бандагонаш зикр намудааст. Ва он чунин шурӯъ мешавад:
Оё надонисти, ки Парвардигорат ба қавми Од чӣ кард? Оди Ирам, ки дорои кохҳои босутун буд. Монанди онҳо дар шаҳрҳо сохта нашуда. Ва надиди чӣ кард бо қавми Самуд, ки санги сахт дар он водӣ мебуриданд. Ва чӣ кард бо Фиръавн соҳиби он мехҳо. Онон, ки дар шаҳрҳо туғён карданд. Пас дар онҳо (шаҳрҳо) фасод бисёр карданд. То Парвардигорат бар эшон тозиёнаи азобро фурӯ рехт. Зеро Парвардигорат дар камин аст. Сураи Фаҷр:6-14.
Худованд инҷо барои бандагонаш намунаҳое аз мардумонро зикр кард, ки яке аз онҳо қавми Од буд. Од қавме аст, ки дар он Ҳуд (а) ҳамчун паёмбар фиристода шуда буд. Онҳо дорои ҷуссаҳои бузург буданд. Монанди онҳо дар ягон шаҳре офарида нашуда буд. Онҳо бисёр тануманд ва дорои саломатӣ ниҳоят хуб буданд. Қуввате, ки барои онҳо дода шуда буд гумон мекарданд, ки онҳоро ба саодат мерасад, вале чун барояшон роҳи саодат пешниҳод гардид, онҳо роҳи саодатро нашинохтанд ва аз он пайравӣ накарданд. Онҳо гумон карданд, ки ҷуссаҳои бузургашон ва саломатиашон онҳоро аз ҳарчӣ бениёз месозад. Вале чун итоат накарданд ва роҳи саркаширо пеш гирфтанд, ки дар натиҷа дар ҷамеъа фасодро ривоҷ доданд, Худованд онҳоро бо як бонги ҳалокатбор аз байн бурд.
Мисоли дигар қавми Самуд мебошанд, ки Солеҳ (а) барои ҳидояти онҳо фиристода шуда буд. Он мардум аз куҳҳо ва сангҳои бузург хона метарошиданд ва дар онҳо сукунат мекарданд. Солеҳ (а) барои онҳо роҳи ҳидоятро ва расидан ба саодатро пешниҳод намуд, вале онҳо итоат накарданд ва роҳи саркашӣ ва туғёнро дар баробари ин таълимот пеш гирифтанд. Чун инҳо низ туғёнкор буданд, дигар аз дасти ин гуна инсон фақат фасод ва вайрон кардани ҷомеъаҳо бабор меояд. Ин буд, ки суннати илоҳи ва қонунаш сари онҳо амалӣ гардид ва ҷазои илоҳӣ сарашон равона шуд, ки он хонаҳои мустаҳкамашон онҳоро аз азоби Худованд натавонист ҳимоят намоянд. Онҳоро Худованд ҳалок кард.
Мисоли савум, ин Фиъавн мебошад. Фиръан яке аз қудратмандтарин подшоҳон дар таърихи башарият, гузаштааст. Гумон мекард, ки қудрат ва ҳокимияташ онро метавонад ба саодат бирасонад. Чун Мусо (а) барои ҳидояташ фиристода шуд, онро гӯш фаро наниҳод ва аз таълимоти илоҳӣ пайравӣ накард. Балки дар баробари ҳодиёни роҳи ҳақ соҳиронро овард, то бо онҳо мубориза баранд ва нишон диҳанд, ки ин даъвояшон асос надорад. Ҳама ин корашон бардурӯғ буд, худашон инро медонистанд. Ин сабаб гашт, ки соҳирон имон оварданд. Зеро онҳо диданд, ки ин нишододҳо ва муъҷизаҳои паёмбари илоҳӣ сеҳру соҳирӣ нестанд ва ба сеҳр ягон алоқае надоранд, балки сеҳрро ботил мекунанд. Вале Фиръавн ба мансабу мақоми худ меболид ва гумон дошт, ки ҳама чизе ҳаст дар дасти он аст. Ба ҳама чизе мехоҳад ба воситаи ин мақомаш мерасад. Вале нарасид. Балки дар нимароҳ ғарқ шуд, чунон ғарқе, ки ӯро маҷбур намуд пеш аз марг ба ҳақиқат эътироф намояд, зеро дигар наҷотдиҳандае дар пеши рӯяш надошт. На молу мулкаш ба ӯ манфиате бахшид ва на мақому лашкараш. Ҳатто он эътирофе, ки дар охирон лаҳзаи ҳаёташ кард, он ҳам судаш накард. Балки Худованд гуфташ, ки туро бо ин баданат наҷот медиҳам, то барои дигарон ибрат боши. Барои касоне, ки ба онҳо чун мақому мансаб дода шуд, Худояшонро фаромуш накунанд, онро итоат намояд, албатта ба саодат мерасанд. Дар ҳадисе омадааст, ки “...ҳафт гурӯҳе мебошанд, ки фардо дар рӯзи қиёмат зери сояи Арши Раҳмон мебошанд, дар рӯзе ки ягон сояи дигаре ҷуз он вуҷуд надорад: Подшоҳи одил...”. Бубинед, ки аввалин касе, ки дар ин гурӯҳи ҳафтгона зикр шуд, подшоҳи одил аст, зеро агар ин вазифаро хуб анҷом дода аҷру подошаш низ ниҳоят бузург хоҳад буд, зеро бандагони Худоро барои расидан ба саодаташон сабаб шуда раҳнамоӣ кардааст. Яъне танҳо ба ҳаёти шахсии худ машғул набуда, ғами мардумро низ дар сар дошт. Бешак ин амали ниҳоят бузург аст ва подоши он низ аз ҷониби Аллоҳ таъоло бузург хоҳад буд. Вале чун саркашӣ карданд ва аз ҳама ҳадду ҳудуд ва марзҳое, ки Худованд кашида буд, гузаштанд, Худованд ҳалокро сари онҳо фуруд меорад.
Ин буд намунаҳое, ки Худованд зикр намудааст. Ин тоифаҳои сегона, ки дар таҷрибаи ҳаёти башарӣ ҳамеша вуҷуд доранд, роҳи итоатро пеш нагирифтанд, балки роҳи фасод карданро барои худ муносиб донистанд. Ин буд, ки Худованд тозиёнаи азобро сари онҳо рехт, танҳо задан не, балки рехт, ҳамчуноне ки об рехта мешавад. Вале ҳоло тозиёна аст. Аз ин тозиёна ҳам сахттар чизҳоеро Худованд дорад. Ва дар охир гуфта, ки Парвардигори ту дар камингоҳ аст. Ҳамаро мебинад ва ҳамаро мушоҳида мекунад. Вале мӯҳлат медиҳад, ки шояд баргарданд ва роҳи ислоҳро пеш гиранд. Вале фасодро чун зиёд карданд ва итоат нанамуданд онҳоро ҳалок менамояд.
Мизони зиндагии дуруст ва барои расидан ба саодат, аз гуфтаҳо маълум мегардад, ки дар итоати Аллоҳ таъоло будан аст на дар маъситу нофармонии Он офаридагор. Итоат мояи саодат ва нофармонию саркашӣ ва аз ҳадду ҳудуд гузаштан, мояи ҳалок мебошад.
Итоат кардан иморат ва бунёдро дар шаҳрҳо ва ҷомеъаҳо бабор меорад. Нофармонӣ ва саркашӣ фасодӣ ва вайронӣ намудан дар рӯи заминро бабор меовардааст.
Пас зиндагии саодатмандонаро касе мехоста бошад ба даст орад ин мизонро истифода барад. Касе дар ин мизон паллаи нофармонӣ ва итоат накарданро ихтиёр намуд, зиндагии нохуберо ихтиёр намудааст, ки на дар ин дунё саодат дорад ва на дар дори охират ба он мерасад.
Итоат кардан ва нофармонӣ намудан мизони дигаре аст дар зиндагӣ, ки ҳаёти саодатмандона ва бадбахтона дар асоси қарор доштааст.
Талош дар зиндагӣ аз заруроти инсон аст. Талош барои расидан ба саодат, талош барои зиндагӣ дар партави адолат, талош барои раҳои ёфтан аз сахтиҳо ва мушкилиҳои зиндагӣ. Талош барои оянда.
Зеро инсон офаридае аст, ки бояд бо талоши худ ба саодат бирасад, адолатро барпо намояд, роҳи ҳалли баромад аз сахтиҳо ва мушкилиҳоро пайдо кунад, ва ояндаашро бисозад. Ояндае, ки ба ин умри инсонӣ тамом намешавад. Ояндае, ки ба умри ин дунё интиҳо намеёбад. Ояндае, ки аз ин дунё шурӯъ мешавад ба охират ва абадият мерасад.

Талоши мо дар ин сатрҳо иборат аз ин аст, ки мизони зиндагиро пайдо намоем. Чигуна, ки ҳар чиз ченаке дорад, ё бо тул чен карда мешавад ё бо баркашидани вазн ва амсоли инҳо. Ва бе ин ченак касе намехоҳад сару кор гирад. Ба тариқи мисол вақте инсон ба бозор меравад, мебинад, ки дар пеши ҳама савдогарон тарозӯе аст ва дар асоси он тарозӯ доду гирифт сурат мегирад. Ва ҳар кас мехоҳад, ки бо тарозӯи дуруст кораш анҷом гирад. Дигаре мехоҳад заминеро соҳиб шавад ва барои гирифтани он замин низ мизоне ва ченаке вуҷуд дорад, ки он метр ва ончӣ ба ин намуд ченакҳо алоқаманд аст, мебошад.
Бубинед, ки барои як матоъи андак ки он чӣ дар бозор аст ва чӣ як миқдори замин аст, мизоне вуҷуд дорад. Пас, зиндагии инсон, ки сармояи асосии он ба шумор меравад, мешавад бе мизон сару кор намояд? Аз ҳама чизи қимате, ки инсон дорад ва ба воситаи он аз мушкилиҳо мераҳад, адолатро барпо мекунад, ба саодат мерасад, ин ҳаёт аст. Лаҳзаҳои зиндагии инсон аст. Пас оё бо ин чизи қиматбаҳо бе мизон метавон сару кор намуд?
Мо инҷо бо ҳам мизони зиндагиро аз ҳар паҳлӯяш хоҳем дид, ҳамчун намунаҳое, то зиндагии хубе дошта бошем. Ва бояд ёдовар шавем, ки на ҳамаи он паҳлӯҳро метавонем баён намоем. Вале бо ҳам шояд тавонем ба ончӣ зарурат дорем талош менамоем, то бирасем.
Шоири ширинзабон Муҳаммадиқбол гуфтааст:
Гар ҳамехоҳи мусалмон зистан,
Нест мумкин ҷуз ба Қуръон зистан.
Яъне яке аз сарчашмаи асосии мизонҳоро дар зиндагӣ ин шоири бузургвор дар партави Қуръон зиндагӣ намудан, медонад. Барои ҳамагон маълум аст, ки Қуръон ин гуфтаҳои Офаридгори ҳама ҳастӣ аст. Чӣ инсон ва ҳайвон, растанӣ ва ҷамодот ва ғайри инҳо. Худованд чун моро офарида аст, пас Ӯ мизони зиндагии моро муайян мекунад, зеро аз махлуқи худ огоҳ аст. Медонад, ки чигуна махлуқ аст, талаботи он чист ва чӣ чиз онро ба саодат мерасонад.
Мо ба тариқи намуна, каме ба сураи “Фаҷр” ворид мешавем. Ин сура Макӣ аст ва дорои сӣ оят мебошад. Чун назари аввали худро ба ин сура меандозем чунин ба назар мерасад, ки Аллоҳ таъоло қасам мехурад. Қасам хурдани Аллоҳ таъоло барои кӣ? Барои бандагонаш. Оё зарурат дошт, ки Худованд қасам хӯрад? Оё бандагонаш наметавонистанд бе қасам, гуфтаи Ӯ таъолоро қабул намоянд? Ин як аломат ва ишорат ба табиати инсон аст, ки ба ҳақиқати чизҳо бисёр вақт ба осонӣ ва ба шакли одӣ сарфаҳм намеравад. Ва низ қасам хӯрдан маънои онро низ дорад, ки масъалае, ки гуфта мешавад он дорои аҳамияти бузург аст. Инчунин чизҳое, ки ба онҳо қасам хӯрда мешавад, чизҳое мебошанд, ки Худованд мехоҳад назари бандагонашро ба онҳо ҷалб намояд. Назари инсонҳо ба ашёе, ки ба онҳо қасам хӯрда мешавад, бояд нигаронида шавад. Дар инҷо қасам ба фаҷр, шабҳои даҳгона, ҷуфту тоқ ва шаб ҳангоме, ки меравад, мебошад. Фаҷр ҳамон субҳгоҳ аст, шабҳои даҳгона даҳ рӯзи аввали моҳи зулҳиҷҷа мебошад, ба қавле, ҷуфту тоқ бошад аз ҳар чиз ё намозҳои ҷуфту тоқ ва шаб ҳангоме, ки меравад ва аз пушти он субҳ меояд. Дар ин ҷо субҳгоҳ, шабҳои даҳгона ва шаб вақти ҳаракат карданаш ҳама далолат ба вақт ва замон мекунанд. Фаҷр ин замоне аст, ки намози бомдод фаро мерасад. Яъне яке аз вақтҳо зикр шудааст. Шаб ва рӯз бошанд, низ чизҳое мебошанд, ки ба вақт алоқамандии зич доранд. Ҷуфту тоқ бошад, агар ба маънои намозҳои ҷуфт ва тоқ бошад, ин ҳам умуре аст, ки дар вақти муайян анҷом мегирад. Охирон чизе, ки инҷо қасам ба он сурат гирифтааст, он шаб аст ҳангоме, ки меравад. Пас ин ҳам далолат ба амре мекунад, ки ба вақт алоқамандӣ дорад. Ва агар ба тартиб назар намоем хоҳем дид, ки аввал фаҷр омад, сипас шаб омад, сипас ибодати ҷуфту тоқ ва сипас рафтани шаб. Инсон набояд гумон кунад, ки ҳама ҳаёт яксон аст, на дар он субҳи содиқ аст, дар он шаб аст ва дар баробари вуҷуд доштани шаб ва торики ибодат ва алоқамандии инсон ба Худованд бояд ҳамешагӣ бошад. Торикии шабҳо набояд ӯро аз ибодат ва итоати Аллоҳ таъоло монеъа шавад. Ва дар ниҳоят чунин хоҳад шуд, ки ин шаб ва ин торикӣ пушт мегардонад, меравад ва аз паси он боз субҳи нурафкан хоҳад омад. Ҳама ҷоро баъди оне, ки дар торикӣ ва ваҳму даҳшат фаро гирифта буд, бо омадани нур ва рӯшноии фаҷр, зебогӣ ва унс гирифтан ба манзараҳои дилфиреби дунё фаро мегирад. Дигар инсон хавф, ваҳшат ва даҳшат дар дилаш намебошад. Ҳама чизҳое хоҳанд буд, инсон аз будан дар он лаззат мебарад.
Чун гуфта гузаштем, ки сармояи асосии инсон ин умри ӯ мебошад ва он иборат аст аз дақиқаҳои ҳаёташ. Ин аст, ки Расулуллоҳ (с) фармудааст: “Ду неъмате мебошанд, ки бештари мардумон дар он фиреб хӯрдаанд(яъне дар истифода кардани аз он ба хубӣ баҳра набурдаанд); саломатӣ ва бемашғулиятӣ” бемашғулиятӣ ё бекорӣ ин истифода накардан аз вақт аст аз замонҳои зиндагӣ аст. Дар ҳадиси дигар Расулуллоҳ (с) фармудаанд: “Вақт мисли шамшер аст, агар онро набуриди ӯ туро мебурад”. Яъне дар баробари вақт ниҳоят эҳтиёти сахт кардан лозим аст, ки агар инсон онро набурид, албатта он инсонро мебурад. Агар инсон барои саодаташ аз он истифода накард, албатта он вақт инсонро барои акси саодат омода мекунад. Яъне бар алайҳи вай ҳуҷҷат мешавад, ки ин фурсатҳоро дошт, вале аз онҳо баҳра набурд.
Аз инҷо маълум мегардад, ки барои инсон вақт аҳамияти ниҳоят зиёд доштааст. Ва ин сармоя аст, ки ба воситаи он метавонад дар он фурсат ёфта ба муродаш бирасад. Вақт аз чизҳои муҳимтарин ба шумор меравад, аз ин ҷиҳат аст ки Худованди мутаъол ба он дар чандин ҷои Қуръон савганд хӯрдааст. Дар ин савганд хӯрданҳо назари мардумро ба ин масъалаи пураҳамият ҷалб намудааст.
Мизоне, ки дар инҷо барои худ метавонем бигирем ин аст, ки инсони мусалмон вақтро муҳим мешуморад. Дар муддати ин вақт аст, ки ризогии Аллоҳ таъолоро ба даст меорад. Агар ин вақтро бо маъсият ва хашму ғазаби Аллоҳ таъоло пур кунад, алъаёзу биллоҳ, пас чӣ чизеро ба даст овардааст. Кадомин саодатро бо ин рафтораш хоҳад дарёфт? Дигар кадом вақте барои ӯ муяссар мегардад, ки хатои худро ислоҳ кунад ва Худояшро розӣ намояд. Ин умр такроршаванда нест. Пас бояд ин мизон дуруст ба роҳ монда шавад, ки дар ин муддат ҳама чизҳои ҳақиқӣ ва муфид барои инсон анҷом гирад.
Худованди мутаъол вақте муъминони комёбро дар сураи Муъминун зикр мекунад сифатҳои онҳоро ёдовар мешавад, ки сифати аввалашон ин аст, ки дар намоз фурӯтан мебошанд ва сифати дуввумашон ин аст, ки аз лағв рӯйгардон мбошанд. Лағв яъне ҳар чизе, ки беҳӯда аст. Мизони аҳамият ба вақт додан инро тақозо мекунад, ки инсон гапи беҳӯда назанад, гапи беҳӯдаро гӯш фаро надиҳад, ба беҳӯда назар нанамояд, бефоида кореро анҷом надиҳад, умуман ҳар чизе ки аз анҷом додани он манфиате нест, инсони муъмини комёб аз он чиз рӯйгардон аст. Ба он корҳо машғул намешавад, ҳама ҳаёташ саршор аз манфиат аст. Ин аст муъмини комёб. Аз ҳама чизе ки беҳӯда ва беманфиат аст рӯй барметобад.
Пас мизонеро, ки мо аз ин гуфтаҳо бардошт мекунем ин аст, ки вақт муайянкунандаи саодати инсон ва акси он аст. Агар он вақт дуруст истифода шуд саодатро ба бор меорад ва агар истифодаи нодуруст шуд, шақоват ва бадбахтиро ба бор меорад. Ҳар фард вақтҳои гузаштаи худро дар мизони манфиати вақт ва зарари он бисанҷад, то натиҷааш барояш маълум гардад. То вақтҳои боқимондаи худро барои саодати воқеӣ ва ҳақиқии худ истифода намуда бошад.

Комментариев нет:

Отправить комментарий