пятница, 7 марта 2014 г.

ҚИМАТИ МОДАР

Қиммати модар Дар замоне ду бародар зиндагӣ мекардан ва модари пире доштанд, ки эҳтиёҷ ба хизмат дошт. Ҳар шабе бо навбат хизмати модар менамуданд ва дигаре бо ибодат машғул мешуд. Шабе бародаре, ки бояд хизмати модар мекард ба додараш гуфт: - Имшаб ҳам ту хизмати модар бикун ва ман ибодат мекунам. Додар қабул намуд. Бародар ибодат намуд. Дар саҷда хобаш бурд ва хобе дид. Садое баромад: - Додаратро авф кардем, туро ҳам ба хотири ӯ авф кардем. Бародар: - Ман ба Аллоҳ Таъоло (ҷ.ҷ.) ибодат дорам. Додарам хизмати модар дорад. Маро ба хотири амали додарам авф кардед? Садо: - Бале, мо ба ибодати ту эҳтиёҷ надорем, аммо модарат ба хизмати додарат эҳтиёҷ дорад. *** Аз ибодати нафл хизмати модар афзал аст. Султон Увайси Қаранӣ (р.а.) фармудааст: - Хизмат ва эҳтироми модар, ҷомаи пайғамбар мепӯшонад. Хизмат ва дуои модар буд, ки Расулуллоҳ (с.а.с.) ҷомаи мубораки худро ба Увайси Қаранӣ (р.а.) равон намуд. Аллоҳ Таъоло (ҷ.ҷ.) дар сураи Луқмон ояти 14 фармудаст: - Одамиро дар бораи падару модараш супориш кардем. Модараш ба ӯ ҳомила шуд ва ҳар рӯз нотавонтар мешуд ва пас аз ду сол аз шираш бозгирифт. Васупориш кардем, ки Марову падару модаратро шукр гӯй, ки бозгашти ту назди Ман аст. ХУДОБАХШ( Субҳон)

Комментариев нет:

Отправить комментарий