суббота, 29 марта 2014 г.

Намоз мисли хуршед аст

Намоз  мисли хуршед аст,ки инсонҳо ба Ӯ  ниёз доранд.
Агар ҳамаи мардум рӯ ба хуршед хона бисозанд чизе ба хуршед изофа намешавад ва агар ҳамаи мардум пушт ба хуршед хона бисозанд чизи аз хуршед кам намешавад. Хуршед ниёзе ба мардум надорад, ки рӯ ба ӯ кунанд ин мардум ҳастанд ки барои дарёфти нур ва гармо бояд хонаҳои худро рӯ ба хуршед бисозанд.
Худованд ба ибодоти мардум ниёзе надорад, ки фармон додааст намоз бихонанд ин мардум ҳастанд, ки бо рӯ кардан ба Ӯ аз алтофи хоси илоҳӣ бархурдор мешаванд ва рушд мекунанд.
Қуръон мефармояд: Агар ҳамаи мардум кофир шаванд зараре дар Худованд асар надорад, зеро Ӯ аз ҳама инсонҳо бениёзаст. إِن تَكْفُرُوا أَنتُمْ وَمَن فِي الْأَرْضِ جَمِيعًا فَإِنَّ اللَّـهَ لَغَنِيٌّ حَمِيدٌ”.(сураи Иброҳим, ояи 8)
«Намоз  яке  аз асосҳои шариати ӣслом аст. Намоз  боиси ризои Парвардигор ва сират (роҳ) –и пайғамбарон ба сӯи Худост. Барои  намозгузор дӯстии фариштагон, ҳидоят ва имон, нури маърифат ва шинохти Парвардигор, ташхиси (ҷудокунии) ҳақ аз ботил, баракат дар ризқу рӯзӣ, роҳату саломатии бадан, кароҳат ва нороҳатии Шайтон (таъмин) мебошад.
Намоз  шафоаткунандаи намозгузор дар назди малакулмавт (фариштаи марг), мӯнис дар қабр,фарш (гилем)-и некӯ, ҷавоб барои  Мункару Накир (пурсандагони қабр) мебошанд. Намоз  барои  банда тоҷест дар маҳшар, либоси бадан ва пардаест миёни намозгузору оташи дӯзах. Намоз  бурҳон (ҳуҷҷат)-и хубе байни ӯву Парвардигор буда, боиси наҷоти банда аз ҷаҳаннам ва як  василаи гузаштан аз Пули Сирот мебошад. Намоз  сабаби фатҳу кушоиши дарҳои биҳишт ба сӯи намозгузор, маҳрияи ҳурони биҳиштӣ ва баҳои ҷаннат аст».
Вақт қимат аст, онро барои  корҳои қимат истифода бурдан лозим аст. Қиматтарин кор бошад ибодат кардани Худованд аст.
Ба намоз  нагӯ, ки кор дорам,
Ба кор бигӯ, ки намоз  дорам

Комментариев нет:

Отправить комментарий