пятница, 14 марта 2014 г.

Рӯзгори бонӯи садри ислом Хадиҷа бинти Хувайлид


Хадиҷа бинти Хувайлид зани бешавҳар ва бошарофату молдор буд. Вақте росткорӣ, амонатдорӣ ва ахлоқи неки Муҳаммад (с) ба гӯши Хадиҷа (р) расид аз ӯ хост, то моли ӯро ба Шом барои тиҷорат барад ва барои ӯ музди бештар аз дигаронро пешниҳод кард. Муҳаммад (с) инро пазируфта, ҳамроҳи Майсара, ғуломи Хадиҷа (р) ба сӯи Шом сафар намуд. Муҳаммад (с) ҳама молро бо арзиши дучанд фурӯхта, бо моли зиёде ба Макка баргашт. Дар натиҷаи ин сафар суди калоне насиби Хадиҷа (р) гардид. Илова бар ин паёмбари Худо (с) аз ин сафар манфиати бештаре бардошта буд. Аз ҷумла, аз роҳи Мадинаи мунаввара убур намуда буд, ки баъдан ба он ҷо ҳиҷрат намуд ва он ҷоро маркази даъват ба сӯи Худо қарор дод. Ҳамзамон убури паёмбар (с) аз сарзаминҳое, ки баъдан ислом онҷо пирӯз гашт ва ин сафар муқаддимае барои издивоҷи паёмбари Худо (с) бо Хадиҷа (р) гардид. Вақте Хадиҷа (р) росткорӣ ва ахлоқи неки Муҳаммад (с)-ро дид, ба дӯсти худ Нафиса бинти Мунаббиҳ рози дил гуфта, аз ӯ хост то роҳе барои издивоҷ бо Муҳаммад (с)-ро пайдо намояд. Нафиса назди Муҳаммад (с) рафта, бо ӯ сухан оғоз кард ва пешниҳод намуд, то бо Хадиҷа (р) издивоҷ намояд. Муҳаммад (с) аз ин пешниҳоди Хадиҷа (р) розӣ гашта, бо амакҳояш машварат намуд, ки ҳама ба ин розигӣ доданд ва Ҳамза ибни Абдулмутталиб назди Хадиҷа (р)рафта, ӯро барои Муҳаммад (с) хостгорӣ кард. Паёмбари Худо (с) дар синни биступанҷсолагӣ бо Хадиҷа (р), ки чилсола буд, издивоҷ намуд ва маҳрашро бист модашутури ҷавон қарор дод. Хадиҷа (р) нахустин зане буд, ки паёмбар (с) бо ӯ издивоҷ намуд ва то он дам, ки Хадиҷа (р) ин дунёро видоъ нагуфта буд, Муҳаммад (с) бо зани дигаре издивоҷ накард. Паёмбари Худо (с) аз Хадиҷа (р) соҳиби ду писар ва чор духтар гардид. Писарони ӯ Қосим, ки паёмбари Худо (с) бо ӯ куния дошт, яъне Абулқосим гуфта мешуд ва Абдуллоҳ, ки бо Тоҳир ва Тайиб (лақабҳои Абдуллоҳ мебошанд), ёд мешуд.
Қосим пас аз як соли умраш ва Абдуллоҳ дар тифлӣ ва навзодияш вафот ёфтанд, ки ин қабл аз биъсати паёмбар (с) буд. Аммо духтаронаш Зайнаб, Руқия, Умми Кулсум ва Фотима ҳама ислом пазируфта, ба Мадина ҳиҷрат намуданд ва ҳама издивоҷ карданд.
Амонатдорӣ ва росткории Муҳаммад (с) Хадиҷа (р)-ро водор сохт, то молашро ба ӯ диҳад, ки ба Шом бурда тиҷорат намояд ва ҳамин тавр Худо дар тиҷораташ баракат ато фармуд ва ҳама дарвозаҳои хайрро ба рӯяш кушод.
Издовоҷи Мустафо (с) бо Хадиҷа (р) бар асоси тақдири илоҳӣ буд ва Худо баҳри баргузидааш ҳамсаре ихтиёр намуд, ки ӯро муносиб ва дар ҳама мусибату сахтиҳо бо ӯ буд.
Шайх Муҳаммад Ғазолӣ мефармояд: « Хадиҷа (р) намунаи зани беҳамтоест, ки зиндагии марди бузургро мукаммал мекунад ва бо ӯ дар зиндагӣ шарик мешавад. Паёмбарон ва соҳибони рисолат дилҳои бисёр ҳассос доранд, сахтиҳои зиёдеро таҳаммул мекунанд ва худро масъули чизе медонанд, ки бар дӯшашон фарз гаштааст. Аз ин рӯ, чунин шахс ниёзманд ба касест, ки ӯро дар ҳама гуна ҳолатҳо ҳамроҳӣ намояд. Хадиҷа (р) намуна ва мисоли шахсоне аст, ки дар зиндагии Муҳаммад (с) асар ва ҷойгоҳи бузургеро дорост.
Паёмбари акрам (с) талхии аз даст додани фарзандонро чашид, ҳамон гуна, ки қаблан ба сабаби аз даст додани падару бобояш Абдуллоҳ ва Абдулмутталиб, ин талхиро низ чашида буд. Чунин хост ва тақдири Худо буд, то ҳеҷ яке аз фарзандони писар ба дунё омадааш зинда намонад, то барои баъзеҳо баҳона ва дастовезе барои мубтало гаштан ба фитна нашавад. Худо баҳри такмили фитрати башарият ва қазои ҳоҷоти нафсонӣ ба паёмбараш (с) фарзандони писар ато фармуд, то нуқсоне дар камоли мардияш ба чашм нарасад ва на касе бар ӯ бо сухане аз пас санг андозад. Пас Худованд фарзандони ӯро дар синни кӯдакӣ дубора ба пеши худ хонд, то мавриди дилҷӯӣ ва тасаллияте бошад барои касоне, ки фарзанди писар надоранд ё соҳиби писар мешаванд ва сипас писаронашон дар кӯдакӣ мемиранд ва ин худ як намунаи ибтило ва озмоиш бар мардум аст ва анбиёи илоҳӣ, ки беш аз дигарон мавриди ибтило ва санҷишу имтиҳони илоҳӣ қарор мегиранд.
Гӯё ин хости Худо буд, то ин ҳама дарду алам бахше аз фурӯтании паёмбараш гардад, зеро мардоне, ки як қавм ва ё миллатеро роҳбарӣ менамоянд, ба худ болоназарӣ доранд, магар онон, ки аз қабл дард ва аламе барояшон ибрате гашта бошад ва чунин мардум ба дарди дигарон ва давои маҷрӯҳон ба осонӣ мерасанд.
Аз хилоли қиссаи издивоҷи паёмбар (с) бо Хадиҷа (р) ошкор ва равшан мегардад, ки паёмбар (с) ба эҳтимоми лаззати баданӣ намепардохт, зеро агар чунин мебуд, монанди дигар ҷавонон рағбат ба ҷавондухтаре менамуд. Аммо рағбати Муҳаммад (с) ба Хадиҷа (р), баҳри шараф ва маконати ӯ буд, ки дар замони ҷоҳилият ба афифаи покдоман машҳур гашта буд.
Издивоҷи паёмбар(с) бо Хадиҷа (р) бар забони кинаҷӯён ва душманони ислом, ки Муҳаммад (с)-ро ҳамчун марди шаҳвоние мешуморанд, мӯҳрест, то аз сухан гуфтан алайҳи ин дин ва паёмбари он боз монанд. Муҳаммад (с) то синни биступанҷсолагӣ дар ҷомеае, ки марбут ба ҷоҳилият буд, бидуни он ки пеши буте сар хам намояд, ҳамчунон поку муназзаҳ ҳаёт ба сар мебурд. Муҳаммад (с) бо зани ду шавҳардидае, ки умраш наздик ба дучанди ӯ буд, издивоҷ намуд ва беҳтарин рӯзҳои ҷавониашро, ки даврони мастӣ ва лаззати ҳаёт аст, ба сар бурд. То он, ки ин зани афифа ва покдоман аз дунё реҳлат накард, паёмбар (с) бо зани дигаре издивоҷ накард ва ҳатто майле ба дигар ҷавонзане ҳам надошт. Пӯшида нест, ки беҳтарин лаҳзаи умри инсон аз синни бистсолагӣ то гузашти чил ва панҷоҳсолагӣ аст, аммо ҳеҷ нишонаи издивоҷе аз паёмбари Худо (с) дар ин муддат мушоҳида нашуд ва агар майле барои зан гирифтан менамуд, зердастон ва канизони бешуморе буд, ки маҳрашон камтар аз нӯшидани як қатра об буд.
Аммо издивоҷи паёмбар (с) баъд аз Хадиҷа (р) бо уммулмуъминин Оиша (р) ва дигар модарони муъминон, ки Худованди меҳрубон аз ҳамагӣ хушнуд ва розӣ бошад, ҳар якеро сабаб, ҳикмат ва қиссаест, ки имони мусалмон аз чунин издивоҷ ва хушахлоқии паёмбар (с) баҳра мегирад.
Паёмбари Худо (с) бо дили ларзон назди Хадиҷа (р)  ворид гашта гуфт: «Маро печонед! Маро печонед!» Ӯро печониданд ва чун тарс аз дили ӯ (с) дур гашт, Хадиҷа (р)-ро хабар дода фармуд: «Ман аз ҷони худ тарсидам». Хадиҷа (р) гуфт: «Ҳаргиз на, қасам ба Худо, ки Худо туро хор намесозад! Ту пайванди хешовандиро барқарор медорӣ ва бенавоёнро кӯмак мекунӣ ва бори дигаронро бар дӯш мекашӣ ва меҳмоннавоз ҳастӣ ва касонеро, ки дар роҳи ҳақ дучори гирифторӣ ва мушкилот мешаванд, ёрӣ медиҳӣ».
Мавқеи Хадиҷа (р) дар ин ҳодиса баёнгари қуввати қалбии ӯст, зеро аз ин ҳодисаи пурҳайбат наҳаросида, бо оромӣ паёмбари Худо (с)-ро таскин медод. Илова бар он, рафтани ӯ назди Варқа ибни Навфал ва огаҳ карданаш аз ин моҷаро, низ далолат бар қуввати қалбии ӯ дорад. Вокуниши Хадиҷа (р) дар баробари хабари ваҳй далолат бар сиҳҳати идрок ва фаҳми комили ӯ менамояд. Зеро он чӣ, ки аз паёмбар (с) шунид, онро ба воқеъияти ҳоли паёмбар (с) муқоиса карда, дарк намуд, ки ҳар касе ки соҳиби чунин ахлоқи накӯ ва волост, Худо ӯро ҳаргиз хор нахоҳад кард. Тавсифи Хадиҷа (р) (р) дар мавриди паёмбар (с), ки пайванди хешовандиро барқарор медорад, баёнгари ин матлаб аст, ки ҳар кас чунин кунад омодагии лозимро дорад, ки ба ҳама мардум некӣ ва хубӣ карда тавонад. Зеро рафтори инсон бо хешовандонаш оинае барои ҳувайдо шудани ахлоқи ӯст. Агар дар ба даст овардан ва ҷамъ намудани хешовандонаш, бо хубӣ кардани ба онҳо муваффақ шавад, пас табиист, ки дар ҷалб намудани дигарон ҳам комёб хоҳад гардид.
Дар дастуроти иҷтимоии ҷаҳони ҳастӣ ҳаргиз чунин нашуда аст, ки Худо яке аз бандагонашро ба фитрати ахлоқи накӯ ороиш намуда, пас ӯро дубора дар зиндагӣ хор ва залил карда бошад.
Хадиҷа (р) танҳо ба ин иктифо накарда, балки назди писари амакаш Варқа ибни Навфал (р) рафт, то ӯро аз ин моҷаро огаҳ созад. Варқа ибни Навфал (р), ки наздикшавии биъсати паёмбари охири замонро аз уламои аҳли китоб дониста буд, худ мунтазири зуҳури чунин хабаре буд. Суханони Варқа ибни Навфал (р) баҳри тасбит ва тақвияти қалби мубораки паёмбар (с) асари бузурге гузошта, ӯ (с)-ро огаҳ намуд, ки он касе ки ба ӯ (с) чунин хитобро намудааст, соҳиби сирри бузург буда, сафире миёни Худо ва паёмбарони илоҳӣ мебошад. Варқа ибни Навфал (р) рисолати Муҳаммад (с)-ро тасдиқ намудааст ва паёмбар (с) низ ба биҳиштӣ будани ӯ гувоҳӣ додаанд. Дар ҳадисе, ки онро Ҳоким аз Оиша (р) ривоят намудааст, омада: Паёмбари Худо (с) фармуданд: «Варқа ибни Навфалро носазо нагӯед, зеро ман дидам, ки ӯро як Биҳишт, ё ду Биҳишт аст».
Ва аз Оиша (р) нақл аст, ки: «Хадиҷа (р) паёмбари Худо (с)-ро дар мавриди Варқа пурсид. Паёмбари Худо (с) гуфтанд: «Ӯро дидам, ки бо либоси сафед аст ва чунин медонам, ки агар ӯ аз аҳли оташ мебуд, бар тани ӯ либоси сафед намешуд».
Ҳайсамӣ мегӯяд, ки Абӯяъло бо санади ҳасан аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ (р) ривоят карда аст, ки паёмбари Худо (с)-ро аз Варқа ибни Навфал (р) пурсиданд, паёмбари Худо (с) гуфт: «Ӯро дар миёнаи Ҷаннат дидам, ки ба тан либоси абрешимин дорад».
Хадиҷа (р) дар зиндагии паёмбар (с) нақши муҳиме дошт, зеро ӯ дар миёни қавмаш шахсияти бошарофате буд ва бо меҳрубонию бурдборӣ шинохта мешуд. Пас, ҳикмати Худованд дар мавриди издивоҷи паёмбар (с) бо Хадиҷа (р) ин буда, ки чун паёмбар (с) пешвои ҷаҳониён, ба хусус саркарда ва роҳбари даъватгарони ба сӯи Худо аст, пас издивоҷи ӯ (с) бо чунин зани намунавие чун Хадиҷа (р), дар воқеъ илҳоме аст аз ҷониби Худованд ба тамоми ҳомилони даъвати исломӣ, ки дар ин замина ба доъии бузург ва пешвои олами башарият Муҳаммад (с) пайравӣ намоянд, то ҳадафҳои олиеро, ки онҳо барои ба даст оварданаш талош доранд, барояшон муҳаққақ гардад.
Хадиҷа (р) намунаи зебо ва волое барои ҳамсарони доъиёни дин аст. Доъии роҳи Худо на монанди дигар мардоне аст, ки аз мушкилот ва сахтиҳои даъват канор мегирад, балки ӯ бардорандаи ғаму андӯҳи тамоми мардум ва ба хусус мардуми мусалмон буда, ҳамеша аз интишору паҳн гаштани фасод дар ҷомеъа ранҷ мебарад ва он чи ки бар муъминон аз осебу зулму беадолатие, ки мерасад, ба дил дард дошта, баҳри иззату шарафи халқу миллаташ мекӯшад. Ва бояд донад, ки ӯ соҳиби рисолатест, ки ба дигарон расондани он воҷиб аст. Ва ин ҳамон ҳисси масъулият ва воҷибест, ки аз соҳибаш барои муддатҳои тӯлонӣ лаззати хобу роҳатро рабуда, аз ӯ мехоҳад, ки дар ин роҳ аз молу дороияш сарфи назар намояд ва баҳри дарёфти ризои Худо ва расулаш бикӯшад. Пас, ҳатман чунин шахс ниёз ба ҳамсаре дорад, ки дорои ахлоқи накӯву ҳамида буда, ботақвою бурдбор бошад ва заруриёти роҳи даъват ва муҳимияти онро, ки ҳамсараш дар ин роҳ бархоста аст, ба хубӣ дарк намояд. Машаққатҳо ва сахтиҳои даъвати роҳи Худоро таҳаммул намуда, бо ҳамсари худ ҳамдил бошад ва ӯро водор созад, то дар ин ҷода лаҳзае кӯтоҳӣ накунад.
Чунончӣ аз мавқифи ҳамсари паёмбари Худо (с), Хадиҷа (р) равшан мегардад, ки таъсир ва асаргузории зани покдоман ва фаҳмида дар даъват ба сӯи Худо ниҳоят бузург аст. Хадиҷа (р), ҳатто дар лаҳзаҳои аввалини нузули ваҳй дар паҳлӯи паёмбари Худо (с) истода, қувватбахшанда ва тасаллидиҳандаи ӯ буд. Табиист, ки ҷойгоҳи ҳамсари покдоман дар комёбии шавҳар, хусусан дар муомила бо мардум хеле назаррас аст. Даъвати ба сӯи Худо аз бузургтарин муҳиммотест, ки башарият онро ба дӯш мегирад. Пас агар доъӣ ва солики ин роҳ дар ихтиёр кардани ҳамсари покдоман муваффақ гардад, метавон гуфт, ки ӯ бо муҳимтарин сабаби комёбии бар дигарон муваффақ гаштааст.
Паёмбари Худо (с) дар ин маврид чӣ хуб фармуданд:
«Дунё матоъ аст ва беҳтарин матои дунё ҳамсари солеҳа ва некӯкор аст».
Вафодории паёмбар (с) бо Хадиҷа (р)
Паёмбари Худо (с) намунаи беҳамтое дар вафодорӣ аст. Ӯ (с) бо ҳамсари мухлисаи худ Хадиҷа (р), дар зиндагӣ ва ҳатто пас аз маргаш бағоят вафодор буд. Ва ӯро дар зиндагӣ ба қасре дар Биҳишт мужда дод ва саломи Худо ва Ҷабраил (а)-ро бар ӯ расонид.
Аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки фармуданд: «Ҷабраил (а) назди паёмбари Худо (с)омада гуфт: «Эй Расули Худо! Ин Хадиҷа аст, ки назди ту омада истодааст ва зарфе пур аз обу ғизо бо худ дорад, чун назди ту омад, саломи Парвардигораш ва саломи маро ба ӯ бирасон ва ӯро ба соҳиб шудани қасре дар Ҷаннат, ки аз қасаб (лӯлӯ ё тилло) сохта шудааст ва доду фарёд ва ранҷу заҳмате онҷо нест, муждаҳбидеҳ».
Вафодории паёмбари Худо (с) бо Хадиҷа (р)-ро пас аз вафоташ Оиша (р) зикр намуда, бад-ин мазмун гуфтааст:
«Ончунон, ки бар Хадиҷа (р) рашк намудам, бар касе аз ҳамсарони паёмбари Худо (с)рашк накардаам, ӯро надида будам, аммо паёмбари Худо (с) зикри ӯро бештар менамуд ва гоҳе гӯсфандеро мекушт ва барои дугонаҳои Хадиҷа (р) мефиристод ва боре чунин шуд, ки бар паёмбари Худо (с) гуфтам: Дар дунё ғайр аз Хадиҷа зани дигаре вуҷуд надошта аст? Паёмбари Худо (с) мегуфт: «Хадиҷа чунин ва чунон буд ва ман аз ӯ фарзанд доштам».
Ҳангоме, ки яке аз хоҳарони Хадиҷа иҷозаи вуруд ба назди паёмбари Худо (с)-ро хост, паёмбар (с) ба ӯ иҷозаи вуруд дод ва аз омадани ӯ ба ёди Хадиҷа (р) афтода, изҳори хушӣ ва шодмонӣ намуд.
Аз Оиша (р) ба ин мазмун ривоят аст, ки гуфт: «Ҳола бинти Хувайлид, хоҳари Хадиҷа (р)иҷозат хост назди паёмбари Худо (с) ворид шавад ва паёмбари Худо (с) ӯро аз садояш, ки ҳамсони садои Хадиҷа (р) буд, шинохт ва хушҳол шуду гуфт: «Худоё! ИнҲола бинти Хувайлид аст!». Ман аз шиддати рашкам, ки бар Хадиҷа доштам гуфтам: «Пиразане аз пиразанони Қурайшро, ки бедандон буду хеле вақт шуда, ки вафот кардааст, чӣ қадар ту ёд мекунӣ ва ҳол он ки Худованд занони беҳтареро ба ту дода аст».
Он Ҳазрат (с) ҳамчунин занонеро, ки дар замони Хадиҷа (р) назди ӯ меомаданд, мавриди эҳтиром қарор медод ва мефармуд:
«Нигоҳ доштани паймон ва равобит аз имон аст».
Идома дорад
Нигинаи Наҷот

Комментариев нет:

Отправить комментарий