воскресенье, 9 марта 2014 г.

Ҳуқуқ ва масъулиятҳои дуҷонибаи зам ва мард

Хонавода рукни асосии ҷомеъа мебошад. Агар он ислоҳ шавад , тамоми ҷомеъа ислоҳ мешавад. Бинобар ин, дини Ислом таваљҷўњи зиёде ба хонавода дода ва бар зану мард масъулиятҳои дуҷониба ва вазифаҳои умумиеро воҷиб гардонидааст, ки риъояи онҳо саъодату хушбахтӣ ва муҳити солими хонаводаро таъмин менамояд.
Ислом хонаводаро муассисаи хурде медонад, ки аз ду шахсият (мард ва зан ) бино ёфтааст ва мард масъулияти сарпарастӣ, пешбурд ва ҳифозати онро бар ӯҳда дорад. Қуръони карим дар ин замина мефармояд:
«Мардон бар занон сарпарастанд (ва дар ҷомеъаи кўчаки хонавода ҳаққи роҳбарӣ доранд ва ҳифзу нигаҳбонии занон бар ӯҳдаи онҳост), ба он хотир, ки Худованд (барои ҳифзи низоми ҷомеъа ва танзими хонавода, мардонро дар баъзе сифатҳо бар занон бартариҳое бахшидааст) ва баъзеро бар баъзе фазилат додааст. Ҳамчунин барои он. ки (маъмулан мардҳо ранҷ мекашанд) ва аз моли худ (барои хонавода) харҷ менамоянд. Пас занони солеҳа онҳое ҳастанд, ки фармонбардори (амрҳои Худо ва Паёмбар (с) ва мутеъи гуфтаҳои шавҳарони худ ) буда, ҳифзкунандаи асрор (-и заношавҳарӣ) мебошанд, зеро Худованд ба ҳифзи он (асрор) дастур додааст».
Масъулиятҳои шавҳар
Аз нигоҳи Ислом зан ҳуқуқҳои зиёде бар шавҳари худ дорад. Дар Қуръони карим, дар ояти 228, сураи Бақара маълумоте зикр шуда, ки он асоси ҳуқуқии занонро дар ҳаёти оилавӣ ташкил медиҳад:
«(Занон) ба монанди масъулиятҳо ва ҳуқўқҳое, ки бар онон аст, ба таври шоиста ҳуқуқе ҳам бар (ўҳдаи мардон) доранд» .
Аз ҷумла:
1- Таъмини хўроку пўшок ва ҷои хобашон ба сурати шоиста ва муносиб ба ҳоли ҳардуяшон.
2- Анҷоми робитаҳои ҳамсарӣ дар ҳадди маъмул.
3- Риъояи ҳуқуқ ва баробарӣ дар байни онҳо, агар аз як зан зиёд дошта бошад.
4- Барои мард хуб аст, ки ба ҳамсараш иҷозат диҳад то ба аёдат ва дидорбинии хешовандони бемораш биравад ва дар ҷанозаи онҳо иштирок намояд ва дигар хешовандон ва бастагони худро хабар гирад. Албатта, бояд дар назар дошт, ки ин амалҳои анҷом медодаи зан бар хилофи масолеҳи шаръии мард набошанд.
Масъулиятҳои зан
Мардон ҳам бар занони худ ҳуқуқҳое доранд. Худованд дар ояти 228, сураи Бақара мефармояд:
«(Занон) ба монанди масъулиятҳое, ки ( дар баробари шавҳарони худ ) доранд, онҳо низ бар мардон ҳуқуқҳое шоиста доранд».
Аз ҷумла:
1- Зан бояд дар тамоми корҳо аз шавҳараш итоъат намояд. Албатта, бояд дар назар гирифт, ки мурод аз тамоми корҳо, корҳое аст, ки дар онҳо гуноҳ ва нофармонии Худованд нест ва корҳое аст, ки аз тавону тоқати зан берун намебошанд.
2- Зан бояд, ки амволу дороӣ ва хонаву манзил ва инчунин номусу ҳайсияти шавҳарашро ҳифз намояд. Бе ризоият ва огоҳии шавҳар аз хона ва манзили истиқоматиаш берун наравад.
3- Зан дар сурати зарурат ва бо дархости шавҳар ба ҳамроҳи вай ба сафар биравад.
4- Зан бояд ба хостаҳои фитрӣ ва ниёзҳои машрўъи шавҳар посухи мусбат диҳад.
5- Вақте шавҳар дар хона ҳузур дошта бошад ва мусофир набошад, зан бе иҷозати вай наметавонад рузаи нафлӣ бигирад.
6- Занро лозим аст, ки фарзандонашро ба хубӣ тарбият намояд ва дар ҳузури шавҳараш аз фарзандонаш нороҳат ва ғазабонӣнашавад. Онҳоро дашном надиҳад ва дар ҳаққашон дуъои бад накунад, зеро ин корҳо боиси нохушӣ ва ранҷиши шавҳар мешаванд.
7- Бо падару модар ва хешону наздикони шавҳар хушмуъомила бошад, зеро зане, ки бо падару модар ва наздикони шавҳар бадӣ ва муъомилаи беҷо менамояд, дар ҳақиқат ба шавҳараш бадӣ кардааст.

Комментариев нет:

Отправить комментарий