вторник, 7 мая 2013 г.

ИТОЪАТ ВА ФАРМОНБАРДОРИИ ЗАНОН.

Хуб бидонед, ки миёни зан ва шавҳар иртиботе ҳаст, ки бо он тамоми умри худро сипарӣ мекунӣ ва агар ҳамдилӣ байни зану шавҳар барқарор бошад, пас ҳеҷ неъмате бузургтар аз ин нахоҳад буд. Агар Худо нахоста ҳамдилӣ байни онҳо набошад, дар дилҳо ҷудоӣ меояд ва ҳеҷ мусибате бузургтар аз ин нахоҳад буд. Ба ҳамин хотир, то ҷое ки имкон дорад, бояд дили шавҳарро ба даст овард. 
Ба даст овардани дили шавҳар, ин яъне чӣ? Яъне дастурамалест, ки аз рӯи он бояд амал кунӣ ва барномаи хушбахтии худро бисозӣ.

ЗАРУРАТИ РИОЯТИ ОДОБ ВА ЭҲТИРОМИ ШАВҲАР
Ҳамеша бо таваҷҷӯҳ ба ҳолати шавҳар муҳаббататро оғоз кун. Агар дидӣ, ки шавҳар дар ҳолати хушҳолӣ асту механдад, ту ҳам бо ӯ бо хушҳоливу ханда муносибат кун. Вале чун нороҳату хаста аст, пас ту ҳам худро хушҳол нишон мадеҳ. Инчунин, ҳеҷ вақт ҳарф ё сӯҳбате, ки бар хилофи майли шавҳар аст, ба миён маёр.
Хуллас, ба ҳар сурате, ки ҳолати шавҳарро дидӣ, ҳамон гуна бо ӯ ҳарф бизан ва ба ёд дор, ки иртиботи зану шавҳар фақат муҳаббати холӣ нест, балки тавъам бо риояти одоб ва эҳтироми шавҳар аст.
Ҳаргиз аз шавҳар анҷоми кореро нахоҳ ва агар шавҳар бо муҳаббат ва ризоият худаш коре кардан хост, ё дар анҷоми он зарурате буд, зарар надорад.

ЧИЗЕ БОЛОТАР АЗ ТАВОНИ ШАВҲАР НАХОҲ
Болотар аз тавоноии шавҳар чизе нахоҳ ва он чизе, ки ба ту мерасад, гарчӣ нони холӣ бошад, онро дар хонаи худат бихӯр.
Ҳатто агар, шавҳар сарватманд ҳам бошад, аз шавҳар чизе дархост макун, чунки инсон аз талаб ва дархост намудан аз дигарон, дар дидаи онҳо кӯчак мешавад ва дар ниҳоят ҳарфи ӯ беарзиш мегардад.

ҚАДРДОНӢ ВА СИПОС АЗ ТӮҲФАИ ШАВҲАР
Агар шавҳар барои ту чизе овард, писандидӣ ё не, дар муқобили шавҳар изҳори хушҳолӣ кун ва ҳаргиз нагӯ, ки ин чизи бад аст ва писанди ман нест. Чунки эҳтимол дорад, ки аз ин гуфтаи ту дили шавҳар би шканад ва дубора бароят чизе наёварад. Ва агар тӯҳфаи шавҳарро таъриф кунӣ, ҳам ӯро хурсанд мегардонӣ ва ҳам ҳавсалаашро барои тӯҳфаи навбатӣ меафзоӣ.
Ҳар гоҳ нороҳат шудӣ, аз шавҳар носипосӣ накун ва чунин ҳарфҳоро ба забон наёр: Ман дар ин хона ҳеҷ чиз надидам, наход тамоми умрамро бо мусибат ба сар барам? Ман аз заҳмати бисёр хаста шудаам. Падарам маро ба ин мусибат андохт!
Баъд аз ин гапҳо бароят ҷое дар дили шавҳар боқӣ намемонад ва дар ҳадиси Паёмбар (саллаллоху алайхи вассалам) омадааст, ки "Бештарини аҳли дӯзах занон ҳастанд". Шахсе савол дод, ки чаро занон ин қадар зиёд ба ҷаҳаннам мераванд? Паёмбар ҷавоб гуфт: "Чунки занон нафрин ва лаънати зиёд хонда, аз шавҳар носипосӣ мекунанд".ЗАРУРАТИ ТОЗА ВА МУРАТТАБ БУДАНИ ХОНА ВА АНҶОМИ ШАВҲАР
Анҷоми шавҳар ва хонаро бо салиқаи худат ба тартиб биёр. Хонаат бояд ҳамеша покиза бошад, агар ҷое ифлосу анҷомҳо парешон шуда бошад, ҳатман пеш аз он ки шавҳар бигуяд, дуруст кун.
Лутфу муҳаббат он ҷо аст, ки ҳама чизро бе он ки шавҳар чизе бигӯяд, мураттаб кунӣ ва он чизҳое, ки дар ихтиёрат ҳаст, онҳоро муҳофизат намоӣ.
Ба хотири бетартибу пок набудани хона баҳонаҷӯиву дурӯғ нагӯ, чунки ҳатман маълум мешавад. Мардҳо агарчӣ дурӯғи занро пай баранд ҳам, аксарият аз рӯи ҷавонмардӣ худро ба нофаҳмӣ мезананд, аммо яқинан аз ин рафтори зан хафаву нороҳат мешаванд ва дар натиҷа эътибори инсон аз байн меравад.

ПАРҲЕЗ АЗ БАДЗАБОНӢ
Занони камфаҳм ва беандеша баъзан гапҳое мезананд, ки дар дили мард бадбиниву нороҳатӣ эҷод мекунад. Гоҳе, ки сахт асабӣ мешаванд, аз даҳонашон ҳарфи таънаву маломат берун меояд ва чун оромтар шуданд, пушаймону шарманда ба гирякунӣ сар мекунанд.
Бидон! Баъд аз эҷоди бадбиниву дилмонӣ, агар чор шабу чор рӯз гиря кунӣ ҳам, он ҳолати аввала барнамегардад. Ҳазору як баҳона ҷустан, тавбаву зорӣ кунӣ ҳам, лекин он тавре, ки дар аввал буд; дили софу беолоиш ва он муҳаббати пештараро барқарор карда наметавонӣ. Ҳар вақт, ки сӯҳбат ва ҳатто шӯхӣ мекунӣ, ҳатман дар зеҳнаш ҳамон гапҳои сахту дилхарош бедор мешаванд.
Бинобар ин, бо шавҳари худ бо фикру андеша зиндагӣ намуда, аз нофаҳмие, ки нороҳат мешавӣ ба пурсиданаш шитоб накун. Ба оянда ҳавола кун ва аз вақт интизор бош, то худаш бароят рӯшан кунад.
Шавҳари ман мегӯяд, ки ҳеҷ гоҳ ба ҷои ман фикр накун ва ба ҷои ман хулоса набарор. Ман, албатта, чанд боре ба фикру хулосаи худ эътимод карда чунин кардам ва оқибат то ҷое расидам, ки вақте шавҳарам аз ман носазо хафа шуд, гуфтам: Ҳеҷ гоҳ ба ҷои ман фикр накун ва ба ҷои ман хулоса набарор. Бале, аз ин гуфта акнун худам сабақ гирифтам.
Нофаҳмиро дар вақти хашму асабоният фаҳм намекунанд. Пас, бигузор мавзӯъ хомӯш шавад, кӯшиш накун, бафоида аст. Аммо баъд, дар як вақти муносибе ба шавҳар оромона фаҳмон. Агар дидӣ, ки боз ҳам ба ӯ сахт расид ва нороҳат кард, пас, дигар ҳеҷ гоҳ аз ин мавзӯъ ҳарфе накушо ва бо рӯи кушода мавзӯи хушҳолиро оғоз кун.ЗАН НАБОЯД БЕ ИҶОЗАТИ ШАВҲАР ЧИЗЕРО БАХШИШ КУНАД

Мувофиқи талаботи дини мубини ислом зан бояд дар ғайби шавҳараш молу сарват ва номуси ӯро ҳифз намояд. Бе иҷозати шавҳар касеро ба манзил роҳ надиҳад. Зеро Расули Худо (саллаллоху алайхи вассалам) фармудаанд: "Занон нигаҳбони хонаи шавҳаронашон ҳастанд"
Занони пок, парҳезкор ва солеҳа заноне ҳастанд, ки ҳар гоҳ шавҳар онҳоро бинад, шодмон мешавад ва ҳар гоҳ ба онҳо дастуре бидиҳанд, итоат мекунанд. Рӯзи "Ҳаҷҷатул видоъ" ҳазрати Муҳаммад (саллаллоху алайхи вассалам) зимни васият ва супориш ба ҳамаи мусулмонон фармуданд: " Шумо бар занонатон ҳуқуқе доред. Ҳамчунин онҳо низ бар шумоён дорои ҳуқуқи зиёд ҳастанд. Ҳаққе, ки шумо ба онон доред яке ин аст, ки (занон) онҳоеро, ки шумо онҳоро намеписандед, ба манзилатон роҳ медиҳанд, бо онҳо муошират (сӯҳбат) мекунанд. Ҳаққи занон бар шумоён ин аст, ки бо беҳтарин шева бо онон муомила кунед ва либосу ғизои онҳоро фароҳам созед".
Дар ҳадиси дигари он ҳазрат (саллаллоху алайхи вассалам) омадааст: "Зан набояд бе иҷозати шавҳараш чизе аз амволи ӯро ба дигарон бибахшад". Шахсе аз ишон пурсид: -Ҳатто иҷозат надорад, ки маводи ғизоиеро ба дигарон бидиҳад?
Расули Акрам (саллаллоху алайхи вассалам) гуфтанд: -Беҳтарин дороии инсон маводи ғизоӣ аст.
Зан танҳо аз ғизои худ метавонад чизеро ба дигарон бибахшад.
 


Дар биҳишт издивоҷ нест.





Ва барои хидматгузории биҳиштиён (ғилмон)-ҳое вуҷуд дорад ва дар ин фарқе миёни зану  мард нест, қуръони маҷид дар ин маврид мефармояд: «ғуломонашон чу марвориди пинҳон дар садаф ба гирдашон мечарханд». Сураи Тўр, ояти 24. Оё занони дунявӣ ҳам чунинанд ё на? Шояд битавонанд гуфт, ки агар аҳли биҳишт ҳар он чизе, ки дар биҳиш бихоҳанд барояшон омодааст, аммо ҳаргиз  дархосте ба унвони таъаддиди завҷот надоранд ва ҳамон гуна, ки занони пок дар дунё чашм ба ғайр аз ҳамсари худ надоранд дар биҳишт ҳам, ки ҷои покон аст хоҳони завҷҳои мутъаддид барои худ нестанд.
Зан агар дар дунё ду шавҳар карда бошад дар охират ҳар кадомашро, ки беҳтар дид (аз ҳисси ахлоқӣ) ҳамонашро интихоб мекунад.Бинобар ин аксари муфассирон бар чунин назаранд, ки издивоҷ ба маънои дунявии он дар биҳишт вуҷуд надорад, пас инҷо наздик кардан ва ато кардани ҳуриёни биҳиштӣ аз тарафи Худованд ба бандагони биҳиштияш мардон аст. Аз сифоти баён шуда барои ҳуриён дар қуръон ва баъзе ривоёт метавонем чунин истифода кард, ки ҳуриёни биҳишт беш аз як ҳамсар надоранд, зеро Худованд дар мавриди сифоти ҳуриёни биҳишт мефармояд: «… на ҳеҷ инсоне қабл аз ишон (пеш аз он шахси биҳиштӣ) онҳоро ламс карда ва на ҳеҷ ҷине» (сураи Ар-раҳмон, ояти 56).  Худованд дар мавриди онон мефармояд: «ҳурони биҳиштиро ба издивоҷи онҳо дар меоварем» сураи Сод, ояти, 28.??????Чуноне, ки Худованд мефармояд: «ҳар кас кори баде бикунад, ҷуз ҳаммонанди амалаш кайфар наёбад. Ва ҳар касе аз марду зан, ки муъмин бошад ва амали солеҳе ба ҷой орад, ба биҳишт дохил шавад ва беҳисоб рўзиаш диҳанд: (сураи ғофир, ояти 40). Дар сураи Фусиллат, ояти 31 чунин зикр шудааст: «Мо дар дунё дўстдори шумо будем ва низ дар охират дўстдори шумоем. Дар биҳишт ҳар чӣ дилатон бихоҳад ва ҳар чӣ талаб кунед, бароятон фароҳам аст». Аз маҷмўи оятҳо ва ривоятҳо пайдост, ки, ки ҳар чизе, ки биҳиштиён бихоҳанд  дар ихтиёрашон гузошта мешавад, аз ҷумла яке аз неъматҳои биҳишт  ҳурони биҳиштӣ аст, ки дар ихтиёри мардони муъмин гузошта мешавад. Дар ривояте чунин омадааст: агар мақом ва манзалати зан боло бошад ва бихоҳад бо шавҳари дунёияш издивоҷ кунад метавонад ўро интихоб кунад (ва мард наметавонад вайро интихоб кунад), ки дар ин сурат мард ҳамсари ў мегардад вале агар рутбаи  мард болотар буд, ў метавонад занро интихоб кунад (инҷо зан чунин ҳақе надорад), ки дар ин сурат зан яке аз ҳамсарони мард мешавад. Калимаи ҳур ҷамъи ҳуроъ ба маънои зане аст, ки сафедии чашмонаш аз ҳад зиёд аст ва сиёҳии чашмонаш ҳам бисёр сиёҳу зебост ва ё ба маънои зане аст, ки дорои чашмони сиёҳе чун чашми оҳў бошад, ва ҳурони биҳиштӣ мавҷудоти ғайр аз занони дунёянд.ҳамчунин дар мавриди чандҳамсарии занон дар биҳишт ба таври иҷмолӣ бояд гуфт. Аз маҷмўи оятҳо ва ривоятҳо метавон чунин натиҷа гирифт, ки занони муъмине, ки ба биҳишт ворид шудаанд, чунин  дархост надоранд, агарчӣ дархост ҳам кунанд дар ихтиёрашон қарор мегирад. Яке аз неъматҳои бузурге, ки Худованд барои бандагони муъмин ва ботақво дар назар гирифта аст, биҳишт ва неъматҳои фаровону  ҷовидони он аст, албатта ризо ва хушнудии Худованд аз онҳо болотар меистад. Танҳо чизе, ки сабаби ворид шудан ба биҳишт мегардад имон ва амали солеҳи инсон дар ин дунё аст ва ҳар қадаре имони инсон беҳтару  амали солеҳаш фаровонтар бошад, мақом ў дар биҳишт болотар аст ва фарқе миёни зану мард нест, ҳамзамон бояд гуфт, ки  ҳар инсоне метавонад ба чунин мақомоте бирасад.      Барои ворид шудан ба биҳишт, фарқ миёни зану мард нест ва яке аз подошҳои Худованд дар биҳишт «حورالعین» аст, ки қуърон ва ривоёт ба он ишора кардааст. Бинобар ағлаби муфассирин дар биҳишт издивоҷ нест ва тазвиҷи «ҳур-ул-айн» ба маънои қаринӣ кардан ва ато кардани  «ҳур-ул-айн» аз тарафи Худованд ба бандагонаш тафсир шудааст.Ба  саволҳои зикршуда дар асоси  оятҳои қуръони карим ва ривоятҳо посух хоҳем гуфт:Оё барои занҳо низ «ҳур-ул-айн»-ҳои мардона вуҷуд дорад? Оё ҳар ҳуре метавонад фақат як шавҳар дошта бошад?Оё мардҳо дар биҳишт бо ҳуриёни биҳиштӣ издивоҷ мекунанд? Перомуни  ҳурони  биҳиштӣ, ки дар қуръони  карим ба унвони яке аз подошҳони ухравии некўкорон шуморида мешаванд, саволоти зайл матраҳ аст:Дар биҳишт издивоҷ нест.(Идимохи Абдурахим)

понедельник, 6 мая 2013 г.

Туҳфа барои наварусон.




Бале Худованд неъматҳои бе арзиши худро барои бандагонаш арзонӣ дода аст, на вобаста бар онки онон шукургузор ҳастанд ё не, пурсиши ононро ба рӯзи растохез вогузор намуда аст, инсони ғофил тасаввур мекунад, ки ин неъматҳо барои ӯ аз ҳаво ба даст омадаанд, аз он рӯзе, ки зери пурсиш аз неъматҳо қарор мегирад фаромуш карда аст, ғофилӣ ва саркашии ӯ сабаби зарар ва хусрони ӯ шуда аст.
Худованди бузург мефармояд ҳар оина инсон дар зарару хусрон аст магар касоне, ки шукургузории Худованд ва пайравии Паёмбарашро мекунанд. Аз ҳама неъмати бебаҳои Худованд онаст, ки инсон ба роҳи дуруст издивоҷ кунад ва як хонаводаи исломӣ ва хушбахт барпо кунад, аммо ин хушбахтиро чи гуна бояд дастрас кард?

Аз муҳимтарин авомили таҳқиқи ин хушбахтӣ барои як шахс ва ҷомеа барпой намудани хонавода ба роҳи дуруст ва бар асоси ҳақ мебошад, Зеро Худованди мутаъол бо ҳикмати худ хонаводаро дар ҷойгоҳи арзишманде қарор дода аст, ки дар ихтиёри зан ва мард аст, то дар он ором ва сукунат ёбанд ва ба саъодат бирасанд, Худованд мефармояд
Ва яке аз нишонаҳои Худо инаст, аз ҷинси худатон ҳамсаронеро барои шумо офарид то дар канори онон оромиш ёбед, ва дар миёни шумо маваддат ва раҳмат қарор дод, дар ин нишонаҳое аст барои гуруҳе, ки меандешанд.
(Сураи Рум, 21)
Бале, ҳамсар барои ором ва сукунат гирифтан офарида шуда аст, ояти Қуръони карим нагуфта «лияскӯна маъаҳо» балки фармуда «лияскӯна илайҳо» то маънои оромиш ва осоишро бештар ва беҳтар дар бар гирад ва роҳатӣ ва оромишро дар болотарин маъно баён карда бошад, бинобар ин ҳар як зану шавҳар ҳангоми дилтангӣ ва тарсу ҳарос аз будани дигараш ором мегирад ва мушкилотро ба осонӣ пушти сар мекунад, ҳангоми сахтӣ якдигаро дастгири мекунанд. Дар он ҳангом ояти Худованд «лияскӯна илайҳо» ба пурагӣ амалӣ мегардад.
Асоси робитаи хонаводагӣ ҳамнишинӣ ва суҳбат кардани зану шавҳар аст, ки бар дустӣ ва улфат устувор мебошад, робитае аст, ки решаҳои тулонӣ ва устувор дорад. Аз ҳама робитаи наздиктарин барои инсон ин робитаи оилавӣ ва хонаводагӣ аст, ҳамон қадар наздик аст, ки Худованд ҳамдигаро либоси ҳамдигар васф карда аст. Худованд ин мафҳумро чунин баён мекунад:
Занон либоси шумо ҳастанд ва шумо либоси онҳо.
(Сураи Бақара, 187)
Илова бар инки хонавода ва робитаи хонаводагӣ заминаи муносибе барои тарбияти фарзандон ва кафили парвариши як сулола аст, сулолае, ки
ҷуз дар сояи модари дилсуз ва падари заҳматкаш маъно пайдо намекунад.
Хонандаи гиромӣ! чандин умур ва масъалоҳои фаровоне вуҷуд дорад, ки равиши хонавода бар он устувор буда ва робитаи хонаводагӣ аз он неру ва қувват мегирад ва ба василаи он аз боди ҷудоӣ ва туфони вайронкунанда аз ҳам дур шудан ва аз ҳам буридан дар амон мемонад.
1- Имон ба Худо ва парҳезгорӣ:
Авалин ва муҳимтарин пояҳои хонавода, ин чанг задан ба ресмони мустаҳками имон аст. Имон ба Худо ва рӯзи охират ва тарс аз Худованде, ки ба ҳар ончи синаҳо дар дохили худ мепушонанд огоҳ аст, устуворӣ ба парҳезгорӣ ва муҳофизат бар он, дурӣ аз зулм ва устувор дар роҳи талаби ҳақ ва ҳақиқат. Худованди карим чунин мефармояд:
Ҳар киро ба Худову рӯзи қиёмат имон дорад, инчунин панд дода мешавад. Ва ҳар кӣ аз Худо битарсад, барои ӯ, барои берун шудан (аз ҳар мушкиле) роҳе қарор хоҳад дод.
Ва аз ҷое, ки гумонашро надорад рӯзияш медиҳад. Ва ҳар кӣ ба Худо таваккул кунад, Худо ӯро кофист. Ҳаройна, Худо кори худро ба иҷро мерасонад. Ва ҳар чизро андозае қарор додааст.
( Сураи Талоқ, 2-3)
Кушиш дар итоъати Худо ва ибодати ӯ таъоло ва ҳирс бар он, тарғибу ташвиқи зану шавҳар ҳамдигаро ба корҳои нек ва Худотарсӣ, боиси неруманд шудани эмон мегардад, чунончи Паёмбар (с) мефармояд: «Раҳмати Худо бар бандае бод, ки шабонгоҳ аз хоб бархезаду намоз бихонад ва ҳамсарашро бедор кунад то намоз бихонад, ҳар вақто, ки ӯ сустӣ ва танбалӣ кард ба рӯяш об бипошад, раҳмати Худо бар зане бод, ки шабонгоҳ бархезаду намоз бихонад ва шавҳарашро бедор кунад то намоз бихонад, ҳарвақто, ки ӯ сустӣ ва танбалӣ кард ба рӯяш об бипошад»
Робитаи байни зану шавҳар робитаи дунёи модӣ ва ё ҳайвони шаҳвонӣ ва фонишаванда нест, балки робитаи арзишманд ва дуруст аст, ки баъд аз марг ба он дунё низ бо ҳамдигаранд, Худованд мефармояд:
Бағҳои ҷовидони биҳишт аст, ки ҳам худашон вориди он мешаванд ва ҳам падарон ва ҳамсарон ва фарзандони неки онҳо.
(Сураи Раъд, 23)
2- Муъоширати нек ва писандида:
Ончи боиси ҳифзи ин робита ва муҳофизат аз он мешавад муъоширати писандида мебошад ва ин амр амалӣ намегардад магар инки зану шавҳар ба ҳуқуқ ва вазифаҳои худ ошно бошанд ва бояд нисбати масъулияти худ хунукназарӣ накунанд,чунки ҳамдигарфаҳмӣ дар як хонавода душвор аст. Дар талоши сифатҳои писандида ва дуруст бошанд, муъомилаи дуруст бо дигарон барпой кунанд. Инаст хонаводаи хушбахт, ки орзӯи онро мекунем.
Агар хоҳем, ки хонаводаи хушбахт бунёд кунем бояд пайравии Худо ва Паёмбарашро кунем, он вақт мо комёбу пирӯз мешавем ва як хонаводаи хушбахту саодатманд бунёд мекунем, дар акси ҳол аз ин неъмати бебаҳо маҳрум хоҳем монд.
Таҳияи
Абдулқодири Зайдулло

Эй бонуи гиромӣ! оё мехоҳи маҳбуби ҳамсарат бошӣ?




Дар ҳақиқат маҳбуб шудан душвор аст, чунки маҳбубият ҳам дустурот ва қавонини худро дорад, агар он дустурот пиёда карда нашаванд маҳбубият ҳосил намешавад, аз ҳамин хотир бар худ лозим донистам, ки дастурот ва қавонине, ки бонувони муҳтарамро маҳбуби ҳамсаронашон мегардонанд бинависам,  
аз Худованди якто умед аст, ки агар бонувон ин дастуротро дар ҳаёти худ пиёда кунанд ҳатман маҳбуби ҳамсаронашон хоҳанд гашт ва хушбахтарин занони олам хоҳанд шуд.

1- Пайравӣ аз Худованд ва Паёмбараш (с) аланӣ ва пинҳонӣ.
2- Хиёнат накардани зан дар нафси худ ва моли шавҳар дар вақти набудани шавҳар.
3- Хушнуд гардонидани шавҳар бо табасум ё коре, ки сабаби хушнудии шавҳар гардад.
4- Набаромадани зан аз хона магар ба иҷозати шавҳар.
5- Мубтасим будани зан дар рӯи шавҳар дар ҳама ҳолат.
6- Сипосгузор буданӣ зан барои шавҳар ва шукр кардани Худованд, ки шаҳду шакари арусиро ба ӯ чашонда аст ва ӯро аз ҷумлаи модарон гардонида аст.
7- Ихтиёр намудани услуби хуб ва вақти муносиб барои талаб кардани чизе аз шавҳар то хоҳишашро рад накунад.
8- Дорои рафтору кирдор ва гуфтори хуб бошад.
9- Аз хона бараҳна набарояд.
10 - Ҳангоми сухан гуфтан бо шавҳар овозашро ба рӯи ӯ баланд накунад.
11- Агар шавҳараш фақир бошад сабр кунад, агар сарватманд бошад сипосгузор бошад.
12- Хайрхоҳ будан ва фаро хондан ба он.
13- Ба ростгӯи одат кардан ва аз дӯруғгӯи дурӣ ҷӯстан.
14- Муҳаббати Худо ва расулашро дар дили фарзандон ҷой кардан.
15- Дурӣ ҷӯстан аз ғазаб.
16- Дигаронро мавриди масхараи худ қарор надодан.
17- Аз кибру ғурур ва фахру худнамои дурӣ ҷустан.
18- Ҳангоми аз хона баромадан бар ҳар тараф нигоҳ накардан.
19- Зуҳду тақво ва Худотарсиро дар дунёи фони ихтиёр кардан бо умеде, ки дар охират бо Парвардигори хеш мулоқот мекунад.
20- Тавакал ба Худо кардан дар пинҳонӣ ва аланӣ, аз раҳмати Худо ноумед нашудан.
21- Анҷом додани ибодатҳое, ки Худованд фармуда аст.
22- Иътироф кардан ба инки шавҳараш саийдаш аст.
23- Иътироф кардан бар инки муҳимтарин чиз барои ӯ ҳақи шавҳар аст.
24- Агар муртакиби хато шуд ба зудӣ иътироф кунад ва сабаби дар хато воқеъ шуданашро баён кунад.
25- Ҳамеша дар зикри худо бошад ва забони худро ба зикри Худованд машғул кунад.
26- Бо зебои, ҷавонӣ ва донои фахр накунад, зеро инҳо ҳама заволанд.
27- Дар бадану либос ва рафтор аз ҷумлай покдаманон бошад.
28- Итоъат аз шавҳар кунад агар дар маъсияти худо набошад.
29- Агар чизе барои шавҳараш ҳадя кард, минат накунад.
30- Рузаи нафлӣ нагирад магар ба иҷозати шавҳараш.
31- Иҷоза ворид шудан ба манзилаш барои номаҳрамон надиҳад дар ҳолати набудани шавҳар, зеро зери шубҳа қарор мегирад.
32- Вақте, ки шавҳараш ба ҳамбистарӣ даъваташ кунад рад накунад, зеро то субҳудам мавриди лаънати малоикаҳо қарор мегирад.
33- Аз моли шавҳар садақа накунад магар ба иҷозати шавҳар.
Таҳияи
Абдулқодири Зайдулло

Аҷиб зане, ҳатто барои хархари шавҳараш шукр мегӯяд.



Занеро чунин одат буд, ки ҳар рӯз субҳгоҳ Худоро барои чизҳое, ки ба ӯ дода ва бахшидааст, шукр кунад. Яке аз рӯзҳо навишт:
Худоро шукр, ки дар поёни рӯз аз хастагӣ аз по меафтам.
Ин яъне: тавони сахт кор карданро дорам.
Худоро шукр, ки либосҳоям каме дар танаам танг шудаанд.
Ин яъне: ғизои кофӣ барои хурдан дорам.
Худоро шукр, ки тамоми шабҳо садои хархари шавҳарамро мешунавам.
Ин яъне: ӯ зинда ва солим дар канори ман хобидааст.
Худоро шукр, ки духтари навҷавонам ҳамеша аз шустан зарфҳои хона дар шикоят аст.
Ин яъне: ӯ дар хона аст ва дар кучаҳо намегардад.
Худоро шукр, ки молиёт намепардозам.
Ин яъне: шуғл ва даромаде дорам ва бекор нестам.
Худоро шукр, ки бояд фарши хонаро бишӯям ва тирезаҳоро пок кунам.
Ин яъне: ман хона дорам.
Худоро шукр, ки сару садои ҳамсояҳоро мешунавам.
Ин яъне: тавоноии шуниданро дорам.
Худоро шукр, ки либосҳое барои шустану дарзмол кардан дорам.
Ин яъне: ман либосе барои пушидан дорам.
Худоро шукр, ки ҳар рӯз субҳ бояд бо занги соат бедор шавам.
Ин яъне: ман ҳануз зиндаам.
Худоро шукр, ки гоҳ гоҳе бемор мешавам.
Ин яъне: ба ёд меорам, ки бештари вақтҳо солим ҳастам.
Худоро шукр, ки аз харидани ҳадяҳо кисаам холӣ мешавад.
Ин яъне: дӯстону наздиконе дорам, ки метавонам барояшон ҳадя бихарам.
Дӯстонам! Медонед? Ин зан мехоҳад ба мо бигӯяд, ки дар ҳама ҳолоти аз зиндагӣ бояд шукргузор бошем.
Яъне доштани ночиз беҳтар аз надоштани чиз аст.
Таҳияи  Абдулҳаннони Абдурраҳмон
Аз китоби
«Бозигари зиндагӣ бошем на бозичаи он»

Зани некӯ чи кассе аст?



Аз   ҳазрати  Абӯимома  (р)  ривоят  шудааст,  ки  Раслуллоҳ (с) фармудаанд: « Ҳеҷ  муъмине  баъд   аз неъмати  тақво амалкардаш фаротар  ва  бартар  аз  зани  некӯ  ва  муъмина  нахоҳад  буд  ва  ӯ (зани муъмина) касе  аст,  киҳаргоҳ  шавҳар  сӯхане  гӯяд  онро  комил  кунад, агар  шавҳар  ба  сӯяш  бингарад  ӯро  хурсанд  гардонад, ва  агар  шавҳар нисбат   ба   маврид  вайро  қасам  диҳад  онро   такмил  намояд, ва  ҳаргоҳ  шавҳар   ба  ҷое  равад (он  зан) дар мавриди  худаш  ва  молаш  бар хӯрди некӯӣ   дошта  бошад».[1]
Шарҳ:

Дар  ин  ҳадис  баъд   аз  неъмати  тақво, мартабаи зани некӯсират  ва  покдоман  қарор    гирифтааст. Воқеан  як шахси мӯъмин ва   парҳезкор  чи   қадар  хушбахт  хоҳад  буд, ки   шарики зиндагиаш  ботақво   ва    Худотарс  бошад. Чунончи  дар   ҳамин  ривоят  ба  бархе аз   аломатҳои  як  зани  боимон  ва  некӯ   ишора     гардидааст:
1. Ҳаргоҳ  шавҳар  ба   вай  бингарад  ӯро  шод  гардонад, воқеан ин  аломати  бузург   дар  шиносоӣ  ва  арзиши  як  зан  мебошад, ҳадаф ин  аст, ки  вазъи  зоҳирӣ  ва  ороиш  ва  покизагиаш  мутобиқ  ба хоҳиши  шавҳараш  бошад  ва   маҳз ин, ки  ӯро  нигоҳ кунад хушҳол  бишавад,  осори  сурур  ва  табассумаш  бар   симояш  намудор  бошад, омадани   шавҳар  ба   манзил  бар  вай тавре  бархурд  намояд, ки асбоби  шодиашро  фароҳам  гардонад  на  ин  ки  ҳаргоҳ  шавҳараш  ба манзил  омад  (зан)  чеҳраашро   гирифта  бо  турушрӯӣ  ба  пеши шавҳараш   ояд  ва   ба ҷои  ин, ки  асбоби  оромиш  ва итминонашро  фароҳам   намояд   баракс  муҷиби  андӯҳ  ва  нороҳатиш   бишавад, бинобар  ин ороиши  зоҳириаш  набояд  тавре  бошад, ки  мушоҳида  карданаш  осори   ноумедии   шавҳарро   дар   бар   бигирад. Ин  тавр набошд, ки  дар  пеши  шавҳар   ба вазъи  зоҳириаш таваҷҷӯҳи чандоне  намекунад, аммо  дар  мавриди  ширкат  дар маҷолиси  арусӣ  ва дигар маросиму  ҷашнҳо  ба сару либос ва вазъи берӯни биояд, ки муҷиби ҷалби  назари  дигарон   қарор   гирад.
Эй    зани   мусалмон  ба  хуби  огоҳ   бош   қабл   аз   издивоҷ, ороише, ки муҷиби  ҷалби  назари  дигарон  ва  бегонагон бошад ҷоиз намебошад  ва  баъд  аз  арусӣ  ороиш  намудан   боке   надорад башарти ин, ки  ороиш  дар  баробари  ҷалби  розогии  шавҳараш  бошад  на барои  лутфандӯзии  бегонагон  ва  номаҳрамон. Дар  баъзе   аз ривоёт  омадааст, ки  зане   ба хотири  ҷалби таваҷҷӯҳ ва  назари номаҳрамон хештанро  оромиш  медиҳад   вайро  дар мартабаи  ҳамон заноне қарор додаанд, ки  дар  паи  зино  ва  бадкорӣ  мебошад. Бо   ин бархӯрди  номашрӯъ  гӯё   дигаронро   ба иртикоби  зинои чашм ва  дил фаро мехонанд  ва   мардумро  аз  ин  тариқ  ба   сӯи  худашон  мекашонанд  ва ё  қасд  аз  ороиш  ин  бошад, ки ҳадди ақал дигарон ононро тамошо намуда   ва   ба   ҳайрат  биафтанд  ва  ононро мавриди таъриф  қарор диҳанд. Воқеан   чигуноҳ  ва   фаҳҳоши  хатарноке  аст, ки  воқеиятро ҷаҳт  намуда  ва  ҷаҳти   хештанро   дар   ончунон   гуноҳ  мубтало  намоянд, ки  ҳеҷгуна  лаззате   надошта   бошад.
2)  Мақсад   аз   такмили   қасам   ин   аст, ки   шавҳар   нисбат  ба ҳамсараш   ба  андозае  эътиқод   мекунад, ки   қасам  ёд   мекунад. Ба таври  мисол  шавҳар   савганд   мехӯрад   ва   ба ҳамсараш  мегӯяд  фалон  корро  бикун, зан  ҳам  ба  хотири  ҷалби  ризогии  шавҳараш  он корро  анҷом  медиҳад, агарчи   анҷоми  он  кор   барояш  мушкил  ва бар  хилофи   майлаш   бошад.
З)  Ҳадаф  аз   ин  ки  дар  набудани   ҳузури   шавҳараш  нисбат ба   мол  ва   нафс   муомилаи  хубе   намояд, ин  аст  ки   озодона  ба инҷо  ва  онҷо   наравад,бо   бегонагон   робита   барқарор    накунад  зеро бисёр  вақтҳо   баъзе   аз   занон   тавре   мушоҳида   шудаанд, ки  ҳангоми  ҳузур   набудани   шавҳаронашон   нисбат  ба риоя  намудани  ҳиҷоб  ва  дигар  аҳкоми  шаръӣ   таваҷҷӯҳи   чандоне  намекунанд  ё ҳангоми  гуфтугӯ   бо   номаҳрамон   ҳеҷ   гуна   парешонӣ   ба худашон  роҳ   намедиҳанд. Мақсад   аз   иродаи   хайр  бо   амвол  ин аст, ки  дороиро   беҷо  (исрофкорона) харҷ  намекунанд  ва  муртакиби исроф  ва   табзир   ҳам    намегарданд. Асбобҳои  манзилро бо  ҳифозати  комил  мавриди   истифода  қарор  медиҳанд, ба   касоне, ки  ҳангоми  ҳузури  шавҳараш  бо  онон   чизе   намедод, ҳангоми   набудани  ҳузураш  ҳам ба  онон  чизе   намедиҳад, фарқе   намекунад, ки   онон  аз хешовандонаш  бошанд   ва  ё аз   бегонагон.
Раҷабалӣ   Муҳаммад

Дарёфти калиди биҳишт барои занон



Тамоми ибодат ва парҳезгории зан беҳуда аст агар ӯ нофармонӣ аз шавҳар кунад, нофармонӣ ва саркашии ӯ аз шавҳар як амалӣ ғайри машруъ ва бехирадонаи ӯ аст ва дар шариъати исломӣ қобили қабул нест. Аммо вақте, ки итоъат ва фармонбардории шавҳарашро кард калиди дарвозаи биҳишт ба ӯ дода мешавад. Дар хадиси Паёмбар (с) омадааст:
 «Се касоне ҳастанд, ки ба онҳо сухан гуфтан дуруст нест, зеро ибодаташон назди Парвардигор мақбул нест: ғуломе, ки аз моликаш гурехта то замоне, ки ба назди ӯ барнагардад, зане, ки шавҳараш аз ӯ хафа ва норозӣ аст, масте, ки то ба худ наояд»
Имом Тирмизӣ дар мавриди хушнуд гардонидани шавҳар аз тарафи зан аз Паёмбар (с) чунин мефармояд:
«[ар зане, ки бимирад модоме, ки шавҳараш аз ӯ розӣ бошад ба биҳишт меравад».
Рузе Паёмбар (с) дар роҳ занеро дид ба ӯ гуфт: Бингар, ки бо шавҳарат чи гуна рафтор мекунӣ, зеро биҳишту дузахи ту ӯ аст.
Рузе Алӣ (р) ҳамроҳ бо Фотима (р) ба дидорӣ Паёмбар (с) рафтанд, ӯро дар ҳолати ғамгинӣ дарёфтанд, ҳатто аз чашмонаш ашк мерехт. Алӣ (р) ба ӯ (с) гуфт: падару модарам фидоят эй Паёмбар! барои чи гиря мекуни? гуфт: эй Алӣ (р) шаби меъроҷ, ки маро ба осмон бурданд бисёри занони уматамро дар азоби сахт дидам, ба ёдӣ онон гирён шудам. Занеро дидам, ки аз мӯи сараш овезон буд, мағзи сараш аз сахтии ҳарорат меҷушид, занеро дидам, ки аз забонаш овезон буд ва обӣ ҷушонӣ ҷаҳаннам ба ҳалқаш мерехт, занеро дидам, ки аз пистонҳояш овезон буд ва дигаре гушти бадани худашро мехурд ва оташ дар зери пойҳояш шуълавар буд, занеро дидам, ки дасту пойҳояш баста дар назди мору ақрабҳо партофта ва зани куру кар дидам, ки ӯро дар тобути оташин гузошта мағзи сараш аз танаш берун баромада баданаш пора пора шуда, занеро дидам, ки ӯро дар оташи танур овезон карда, занеро дидам, ки гушти баданашро аз пешу қафо бо кордҳои аташин мебуриданд, занеро дидам, ки сараш монанди сари хук ва баданаш монанди бадани чорпоён буд ва дигаре ба сурати саг буд ва оташро аз пушташ дохил мекарданд ва аз даҳонаш мебуромад ва малоика бо гурзҳои оташин ба сару баданаш мезаданд.
[азрати Фотима (р) ба Паёмбар (с) гуфт: Кори ин занон чи буд, ки ба ин азоби дарднок гирифтор шуданд.
Паёмбар (с) гуфтанд: Зане, ки аз мӯи сараш овезон буд зане буд, ки мӯи сарашро аз номаҳрамон намепушонид, зане, ки аз забонаш овезон буд шавҳарашро азият медод ва онки аз пистонаш овезон буд баданаш бараҳна буд ва онки аз пойҳояш овезон буд бе иҷозати шавҳраш берун мебаромадааст, ва зане, ки гушти баданашро мехурд барои номаҳрамон худашро зинат медодааст, он зане, ки дасту пойҳояшро баста буданд худро намешустааст ва либосҳояшро пок намекардааст ва аз ҷанобат худро пок намекардааст ва ба намоз таваҷуҳ намедодааст ва он зане, ки кару кур буда аз зино фарзанд тавалуд карда ва онро нисбат ба шавҳараш мекардааст ва зане, ки баданашро мебуриданд худашро зинат дода то мавриди таваљҷуҳӣ мардон гардад ва он зане, ки баданашро месузоданд ва рудаҳои худашро мехурдааст зане будааст, воситаи зино байни марду зан мешудааст ва зане, ки сараш монанди хук ва баданаш ба чорпоён монанд буд зани суханчин ва дуруғгӯи будааст ва онки ба сурати саг буд ва оташ аз пушташ медаромад ва аз даҳонаш мебаромад зани хонанда ва овозхон будааст. Баъд аз он Паёмтар (с) фармуд: Вой бар зане, ки шавҳари худро азият диҳаду ба хашм орад, хушо ба ҳоли зане, ки шавҳараш аз ӯ розӣ бошад.
Абдулқодири Зайдуллоҳ

Ҳамаи мо чор зан дорем



Марди сарватманде чор зан дошт ва зани чорумашро маҷнунвор дӯст медошту ҳамеша дар хидматаш буд. Зани сеюмиро низ дӯст медошт, аммо на ба андозаи зани чорум, бинобар ин, гоҳ гоҳе ба ӯ майлу рағбат нишон медод.
Зани дуюмро бошад, танҳо дар ҳолатҳои зурурӣ ва ночор монданҳо ба наздаш мерафт. Аммо ба зани якум, бо вуҷуди он ки ӯ мардро аз ҳама бештар дӯст медошт ва ҳамеша дар фикри пойдории молу мулки ӯ буд, ҳеҷ таваҷҷӯҳе надошт. Мард бемор шуд ва эҳсос намуд, ки фурсати маргаш наздик шудааст, гуфт: ман соҳиби чор зан ҳастам ва намехоҳам, ки дар гӯр танҳо бошам.

Аз ин рӯ, аз ҳамсари чорум, ки аз ҳама бештар дӯсташ медошт пурсид: Медони ки ман аз ҳама бештар туро дӯст медорам ва ба ҳамаи майлу рағбатҳоят бале мегӯям. Ман гумон намекунам аз ин беморӣ ҷони солим бадар барам ва дар қабр аз танҳоӣ метарсам, мехоҳам дар қабр бо ман бошӣ.

Зан гуфт: пн номумкин аст. Ту бубин, аз сад гулам як гулам нав шукуфта. Чӣ гуна мешавад ман аз ҷони ширинам даргузарам ва дар қабр ҳамроҳи ту бошам ?
Мард дилсард шуда зани сеюмро ба наздаш хонд ва гуфт: ман туро дар тамоми зиндагӣ дӯст доштаам ва акнун мехоҳам дар қабр бо ман бошӣ.
Зан гуфт: ҳаргиз не, ҳаёт ширину зебост ва мехоҳам боз зиндагӣ кунам ва бо каси дигаре ба шавҳар бароям.
Зани дуюмро ба назди мард ҳозир карданд. Мард ба ӯ гуфт: ман гоҳ-гоҳ ба назди ту меомадам ва ту дастгири ман будӣ, оё маро дар қабр ҳамроҳӣ мекунӣ?
Зан гуфт: маро бубахш, танҳо чизе, ки барои шумо метавонам анҷом бидиҳам, то назди гӯр ҳамроҳи шумо рафтан аст.
Мард аз шунидани ин суханҳо ғамгин ва беморияш бештар гардид, ногаҳон овозеро шунид, ки мегӯяд: ман туро дар қабр ҳамроҳӣ мекунам, ҳар куҷо, ки меравӣ ман бо туам.
Мард ба садо гӯш дода дид, ки ин овози ҳамон ҳамсари аввалаш аст, ки аз сабаби беэҳтимомӣ ва бетавҷҷӯҳияш нисбат ба ӯ пиру нотавон гаштааст. Мард камбудию хатояшро дарк карда аз кардаҳояш пушаймон шуд ва гуфт: бояд аз ҳама бештар ба ту эҳтимом медодам, агар аҷалам фаро нарасида бошад аз ин пас аз ҳама бештар ба ту эҳтимом хоҳам дод.
Дӯстонам! Дар ҳақиқат ҳамаи моро чор зан аст:
Зани чорум:
пн ҳамон ҷасад ва тани мо аст, ки агар ҳар чӣ аз хӯрдану пӯшидан ба он эҳтимом дода шавад, ҳангоми марг моро зуд тарк мекунад.
Зани сеюм:
пн дороӣ ва сарвати мо аст, ки пас аз марг моро тарк карда бо каси дигаре меравад.
Зани дуюм:
Ҳамон аҳл ва дӯстон ҳастанд, ки ҳар чӣ дар дунё бароямон ҷоннисориҳо мекунанд, аммо пас аз марг, фақат то қабр бо мо ҳастанд.
Зани якум:
Амалҳои неки мо ҳаст, ки аз барои шаҳвату рағбат шуда аз он фаромӯш мекунем, дар ҳоле ки танҳо ҳамон амалҳои некамон ҳаст, ки дар қабр ҳам бо мо ҳастанд.
Дӯстонам!!!
Акнун худ биандешед, ки агар мо амалҳоямонро ба монанди як инсон тасаввур намоем, чиро мушоҳида хоҳем кард?
Албатта, амалҳои некамонро монанди як пиразани заифу нотавоне, ки дар ҳасрати дастгирии дигарон аст, хоҳем дид.
Пас ҳамеша ҳамсари аввалро аз ҳама бештар дӯст бидоред.
Тарҷума ва таҳияи
Абдулҳаннони Абдурраҳмон

Дуоҳои Қуръонӣ .




رَبَّنَا آتِنَا فِي الدُّنْيَا حَسَنَةً وَفِي الآخِرَةِ حَسَنَةً وَقِنَا عَذَابَ النَّارِ
«Эй Парвардигори мо, моро ҳам дар дунё хайре бахш ва ҳам дар охират ва моро аз азоби оташ нигоҳ дор»! (Бақара: 201)
رَبَّنَا أَفْرِغْ عَلَيْنَا صَبْرًا وَثَبِّتْ أَقْدَامَنَا وَانصُرْنَا عَلَى الْقَوْمِ الْكَافِرِينَ رَبَّنَا لاَ تُؤَاخِذْنَا إِن نَّسِينَا أَوْ أَخْطَأْنَا رَبَّنَا وَلاَ تَحْمِلْ عَلَيْنَا إِصْرًا كَمَا حَمَلْتَهُ عَلَى الَّذِينَ مِن قَبْلِنَا رَبَّنَا وَلاَ تُحَمِّلْنَا مَا لاَ طَاقَةَ لَنَا بِهِ وَاعْفُ عَنَّا وَاغْفِرْ لَنَا وَارْحَمْنَا أَنتَ مَوْلاَنَا فَانصُرْنَا عَلَى الْقَوْمِ الْكَافِرِينَ
«Эй Парвардигори мо, агар фаромўш кардаем ё хатое кардаем, моро бозхост макун! Эй Парвардигори мо, он гуна, ки бар умматҳои пеш аз мо таклифи гарон ниҳодӣ, таклифи гарон бар мо манеҳ ва он чиро, ки тоқати он надорем, бар мо таклиф макун! Гуноҳи мо бубахш ва моро биёмурз ва бар мо раҳмат овар! Ту мавлои мо ҳастӣ. Пас моро бар гурўҳи кофирон пирўз гардон!» (Бақара: 286)
رَبَّنَا لاَ تُزِغْ قُلُوبَنَا بَعْدَ إِذْ هَدَيْتَنَا وَهَبْ لَنَا مِن لَّدُنكَ رَحْمَةً إِنَّكَ أَنتَ الْوَهَّابُ
«Эй Парвардигори мо, пас аз он, ки моро ҳидоят кардаӣ, дилҳои моро ба ботил моил масоз ва раҳмати худро бар мо арзонӣ дор, ки ту бисёр бахшояндаӣ!» (Оли Умрон: 8)
رَبَّنَا إِنَّنَا آمَنَّا فَاغْفِرْ لَنَا ذُنُوبَنَا وَقِنَا عَذَابَ النَّارِ
«Эй Парвардигори мо, имон овардаем, гуноҳи моро биёмурз ва моро аз азоби оташ ҳифз намо» (Оли Умрон: 16)
رَبِّ هَبْ لِي مِن لَّدُنْكَ ذُرِّيَّةً طَيِّبَةً إِنَّكَ سَمِيعُ الدُّعَاء
«Эй Парвардигори ман, маро аз ҷониби худ фарзанде покиза ато кун, ҳамоно, ки Ту дуоро мешунавӣ» (Оли Умрон: 38)
رَبَّنَا آمَنَّا بِمَا أَنزَلَتْ وَاتَّبَعْنَا الرَّسُولَ فَاكْتُبْنَا مَعَ الشَّاهِدِينَِ
«Эй Парвардигори мо, ба он чӣ нозил кардаӣ, имон овардем ва аз расул пайравӣ кардем, моро да шумори гувоҳидиҳандагон бинавис!» (Оли Умрон: 53)
ربَّنَا اغْفِرْ لَنَا ذُنُوبَنَا وَإِسْرَافَنَا فِي أَمْرِنَا وَثَبِّتْ أَقْدَامَنَا وانصُرْنَا عَلَى الْقَوْمِ الْكَافِرِينَِ
«Эй Парвардигори мо, гуноҳони мо ва зиёдаравиҳои мо дар корҳоро биёмурз ва моро собитқадам гардон ва дар баробари кофирон ёрӣ кун» (Оли Умрон: 147)
رَبَّنَا مَا خَلَقْتَ هَذا بَاطِلاً سُبْحَانَكَ فَقِنَا عَذَابَ النَّارِ رَبَّنَا إِنَّكَ مَن تُدْخِلِ النَّارَ فَقَدْ أَخْزَيْتَهُ وَمَا لِلظَّالِمِينَ مِنْ أَنصَارٍ رَّبَّنَا إِنَّنَا سَمِعْنَا مُنَادِيًا يُنَادِي لِلإِيمَانِ أَنْ آمِنُواْ بِرَبِّكُمْ فَآمَنَّا رَبَّنَا فَاغْفِرْ لَنَا ذُنُوبَنَا وَكَفِّرْ عَنَّا سَيِّئَاتِنَا وَتَوَفَّنَا مَعَ الأبْرَارِ رَبَّنَا وَآتِنَا مَا وَعَدتَّنَا عَلَى رُسُلِكَ وَلاَ تُخْزِنَا يَوْمَ الْقِيَامَةِ إِنَّكَ لاَ تُخْلِفُ الْمِيعَاد ِ
«Эй Парвардигори мо, ин ҷаҳонро беҳуда наёфаридаӣ, Ту покӣ моро аз азоби оташ боздор! Эй Парвардигори мо, ҳар касро, ки ба оташ афканӣ, расвояш кардаӣ, Ту покӣ моро аз азоби оташ боздор! Эй Парвардигори мо, шунидаем, ки нидокунандае ба имон фаро мехонад, ки ба Парвардигоратон имон биёваред! Ва мо имон овардем. Пас эй Парвардигори мо, гуноҳони моро биёмурз ва бадиҳои моро аз мо дур кун ва моро бо некон бимирон! Эй Парвардигори мо, ато кун ба мо он чиро, ки ба забони паёмбаронат ба мо ваъда додаӣ ва моро дар рўзи қиёмат расво макун, ки Ту ваъдаи хеш хилоф намекунӣ» (Оли Умрон: 191-194)
رَبَّنَا ظَلَمْنَا أَنفُسَنَا وَإِن لَّمْ تَغْفِرْ لَنَا وَتَرْحَمْنَا لَنَكُونَنَّ مِنَ الْخَاسِرِينَ
«Эй Парвардигори мо, ба худ ситам кардем ва агар моро наёмурзӣ ва бар мо раҳмат наёварӣ, аз зиёндидагон хоҳе буд». (Аъроф: 23)
رَبَّنَا لاَ تَجْعَلْنَا مَعَ الْقَوْمِ الظَّالِمِينَ
«Эй Парвардигори мо, моро дар шумори ситамкорон қарор мадеҳ!» (Аъроф: 47)
رَبَّنَا أَفْرِغْ عَلَيْنَا صَبْرًا وَتَوَفَّنَا مُسْلِمِينَ
«Эй Парвардигори мо, бар мо шикебоӣ бибор ва моро мусалмон бимирон!» (Аъроф)
حَسْبِيَ اللّهُ لا إِلَـهَ إِلاَّ هُوَ عَلَيْهِ تَوَكَّلْتُ وَهُوَ رَبُّ الْعَرْشِ الْعَظِيمِ
«Худо бар мо кофист, худое барҳақ ҷуз Ў нест, бар Ў таваккул кардам ва Ўст Парвардигори Арши бузург!» (Тавба: 129)
رَبَّنَا لاَ تَجْعَلْنَا فِتْنَةً لِّلْقَوْمِ الظَّالِمِينَ وَنَجِّنَا بِرَحْمَتِكَ مِنَ الْقَوْمِ الْكَافِرِينَ
«Эй Парвардигори мо, моро маѓлуби ин мардуми ситамкор макун, ва ба раҳмати худ моро аз ин кофирон раҳоӣ бахш!» (Юнус: 85-86)
رَبِّ إِنِّي أَعُوذُ بِكَ أَنْ أَسْأَلَكَ مَا لَيْسَ لِي بِهِ عِلْمٌ وَإِلاَّ تَغْفِرْ لِي وَتَرْحَمْنِي أَكُن مِّنَ الْخَاسِرِينَ
«Эй Парвардигори ман, паноҳ мебарам ба Ту, агар аз сари ноогоҳӣ чизе бихоҳам ва агар маро наёмурзӣ ва ба ман раҳмат наёварӣ, аз зиёнкардагон хоҳам буд» (Ҳуд: 47)
رَبِّ اجْعَلْنِي مُقِيمَ الصَّلاَةِ وَمِن ذُرِّيَّتِي رَبَّنَا وَتَقَبَّلْ دُعَاء
«Эй Парвардигори ман, маро ва фарзандони маро барпойдорандагони намоз гардон. Эй Парвардигори мо, дуъои моро бипазир». (Иброҳим: 40)
رَبَّنَا اغْفِرْ لِي وَلِوَالِدَيَّ وَلِلْمُؤْمِنِينَ يَوْمَ يَقُومُ الْحِسَابُ
«Эй Парвардигори мо, маро ва падару модарам ва ҳамаи мўъминонро дар рўзи шумор биёмурз!» (Иброҳим: 41)
رَّبِّ أَدْخِلْنِي مُدْخَلَ صِدْقٍ وَأَخْرِجْنِي مُخْرَجَ صِدْقٍ وَاجْعَل لِّي مِن لَّدُنكَ سُلْطَانًا نَّصِيرًا
«Эй Парвардигори ман, маро ба ростив некўӣ дохил кун ва ба ростиву некўӣ берун бар ва маро аз ҷониби худ пирўзиву ёрӣ ато кун!» (Исро: 80)
رَبَّنَا آتِنَا مِن لَّدُنكَ رَحْمَةً وَهَيِّئْ لَنَا مِنْ أَمْرِنَا رَشَدًا
«Эй Парвардигори мо, моро аз сўи хур раҳмат иноят кун ва кори моро ба роҳи растагорӣ андоз». (Каҳф: 10)
رَبِّ اشْرَحْ لِي صَدْرِي وَيَسِّرْ لِي أَمْرِي وَاحْلُلْ عُقْدَةً مِّن لِّسَانِي يَفْقَهُوا قَوْلِي
«Эй Парвардигори ман, синаи маро барои ман кушода гардон. Ва кори маро осон кун. Ва гиреҳ аз забони ман бикушой, то гуфтори маро бифаҳманд» (Тоҳо: 25-28)
رَّبِّ زِدْنِي عِلْمًا
«Эй Парвардигори ман, ба илми ман биафзой» (Тоҳо: 114)
لا إِلَهَ إِلا أَنتَ سُبْحَانَكَ إِنِّي كُنتُ مِنَ الظَّالِمِينَ
«Ҳеҷ худое барҳақ ҷуз Ту нест. Ту пок ҳастӣ ва ман аз ситамкорон ҳастам» (Анбиё: 87)
رَبِّ لَا تَذَرْنِي فَرْدًا وَأَنتَ خَيْرُ الْوَارِثِينَ
«Эй Парвардигори ман, маро танҳо магузор. Ва Ту беҳтарини ворисонӣ» (Анбиё: 89)
رَّبِّ أَعُوذُ بِكَ مِنْ هَمَزَاتِ الشَّيَاطِينِ
«Эй Парвардигори ман, аз васвасаҳои шаётин ба ту паноҳ мебарам» (Муъминун: 97)
رَبَّنَا آمَنَّا فَاغْفِرْ لَنَا وَارْحَمْنَا وَأَنتَ خَيْرُ الرَّاحِمِينَ
«Эй Парвардигори мо, имон овардем, моро биёмурз ва бар мо раҳмат овар, ки Ту беҳтарини раҳмоварандагонӣ» (Муъминун: 109)
رَّبِّ اغْفِرْ وَارْحَمْ وَأَنتَ خَيْرُ الرَّاحِمِينَ
«Эй Парвардигори ман, биёмурзу раҳмат кун ва Ту беҳтарини раҳматкунандагон ҳастӣ» (Муъминун: 118)
Таҳияи
Абдулҳаннони Абдурраҳмон

40 васияти Луқмон ба фарзандаш .



Фарзандам ҳеҷ кас ва ҳеҷ чизро ба Худованд шарик насоз.
Ба ҷуз Худованд ҳеҷ кас ва ҳеҷ чизро фармонраво ва фарёдраси хеш машмор!
Вуҷуди падару модаратро ғанимат бишмор!
Устодатро ҳамчун падар дӯст бидор!
Сарчашмаи зиштиҳоро дунёпарастӣ ва мастӣ ва нодонӣ бидон!
Агар биҳиштро металабӣ аз фасоду ситам ва гарданкашӣ парҳез кун!
Умрро барои амалу ибодат ва покию парҳезкорӣ ғанимат бидон!
Дар мол ва мақоми дигарон тамаъ накун!
Бо Худованд содиқ ва бо мардум боинсоф бош!
Дар ҳузури меҳмон бар касе хашм нагир!
Меҳмонро бар ҳеҷ коре дастур надеҳ!
Аз пеши дигарон ғизо ва мева барнадор!
Дар роҳ рафтан аз бузургон пешӣ нагир!
Аз мурдагон ба некӣ ёд кун!
Аз ҷангандозӣ ва хусумат парҳез кун!
Аз хостаҳои нобаҷои зан ва фарзандон пайравӣ накун!
Ҳурмати ҳар касро дар ҳадди худ нигоҳ дор!
Ҳеҷ касро пеши дигарон хиҷил ва расво накун!
Бо чашм ва абрӯ бо дигарон сухан нугӯ!
Ҳеҷ гоҳ покон ва парҳезгоронро ғайбат накун!
Худхоҳ ва мутакаббир набош!
Кори хуби дигаронро кори худ нишон надеҳ!
Бо падару модарат беҳтарин рафторро ихтиёр кун.
Бидон, ки ҳеҷ чиз аз Худованд пинҳон намемонад.
Бо мардум ором сухан бигӯ ва фарёд назан!
Андарзеро, ки ба дигарон медиҳӣ худат бештар амал кун!
Суханро ба андоза бигӯ!
Ҳаққи мардумро ба хубӣ адо кун!
Рӯзҳои ҷавониро ғанимат бишумор!
Марди дунё ва ҳам марди охират бош!
Дар маҷолис чашм ва забонро аз гуноҳ боз дор!
Назофатро ҳеҷгоҳ фаромӯш накун!
Дӯстон ва ҳамкешонатро ҳеҷгоҳ тарк накун!
Фарзандонатро дониш ва диндорӣ биёмӯз!
Ҳеҷ кореро пеш аз андеша ва тадбир анҷом надеҳ!
Кори нокардаро кардаи худ надон!
Бо бузургтар аз худ мазоҳ накун!
Бо бузургон сухани тулонӣ нагу!
Ҳолати хастагиро дар ҳузури дигарон зоҳир накун!
Дар роҳ рафтан миёнарӯ бош!
 Абдулҳаннони Абдурраҳмон.