пятница, 25 мая 2012 г.

Аз зани асир асирзода мерӯяд

Аз зани асир асирзода мерӯяд.
Дар яке аз маҷмуаҳои маҷаллаи «Оила ва Ҷамъият», ки дар Узбакистон ба нашр расидааст, дар мавриди мавқеъи зан дар ҷомеъа назарияи таассубовар баён шудааст. Ин маҷалла ба назар ҳамчун василае барои контроли мавқеъи зан дар ҷомеа буда, аз сару либос пӯшии зан шурӯъ карда то аҷзои зиндагии фардии ӯро мехоҳад мутобиқ бар суннатҳои ҳоким дар ҷомеъа танзим кунад ва шахсияти ӯро бо кору бори зиндагии оилавӣ маҳдуд кунад ва ҳаргиз нагзорад то ӯ по фаротар аз ин маҳдуда бигзорад. Маҷаллаи мазкур ба занон меомӯзонад, ки чи гуна шавҳарро истиқбол бояд гирифт ва чи тавр эҳтироми ӯро ба ҷо овард, таъбашро хуш гардонд... ва ғайра. Воқеан дар фарҳанги мардуми Осиёи марказӣ дар мавриди мавқеи зан як фаҳмиши асримиёнагӣ боқист, ва мувофиқи он зане, ки шавҳар мекунад, насиҳати ҷониби падару модар ба ӯ чунин аст, ки ҳамеша бо гапу кори шавҳар ва падару модари шавҳар амал кунад, ҳаргиз амале накунад, ки боиси хашми шавҳар ё падару модари шавҳар бигардад. Хулоса ин аст, ки барои зан як муҳити тарсу ваҳм офарида мешавад ва ӯ мисли як одами дуюмдараҷа дар хонаи шавҳар рӯзгор дошта доимо дар андешаи он аст, ки мабодо як ҳаракат ё амали ӯ боиси хушунат ё ҷангу ҷидоли оилавӣ гардад. Чунки ҳаққу ҳуқуқи ин зан дар хонаи шавҳар на танҳо аз шавҳар ва падару модар, балки бародарону хоҳарони шавҳар ҳам камтар аст. Дар натиҷа тарсу ҳарос ҳамеша дар вуҷуди зан нуҳуфтааст ва чуноне ки медонем, тарсу ҳарос нишонае аз хӯйю атвори ғуломианд. Модаре, ки дар ин миён фарзанд ба дунё меорад, он атвори ғуломиро ба фарзандаш тавассути шири синааш интиқол медиҳад. Чуноне ки Хоҷа Ҳофиз мефармояд; «бо шир андарун шуду бо ҷон бадар шавад». Бар идомаи суханони Хоҷа Ҳофиз, гуфтаи Абдурауф Фитрат хеле мувофиқ аст дар ин маврид; «зане, ки асир бошад, аз ӯ асирзода мерӯяд». Дар чунин фарҳанг, ки зан - модарро ба ғуломӣ мубталло сохтааст, аз ин гуна модар ғуломзода мерӯяд, яъне манкурт (ишора ба асари Чингиз Айтматов). Ин манкурти асри бисту якум шахси ғайри фаъол аст, ғайри фаъол ин ҷо ба маъниест, ки ӯ танҳо олами мавҷударо ба хотири хӯрдан ва зебоии одамиро танҳо дар сару либос пӯшидан мебинаду халос.
Вазиронро ҳам занони асир зодаанд
Зан, ки ҳастии ҳамаи мо ва ҷомеъаи мо зи ҳастии ӯст, мо дар ниҳодаш хӯю хавоси ғуломӣ ниҳодаем ва ӯро иҷборан ба як фарди ғайри фаъол дар ҷомеъа мубтало кардаем ва ӯро аз воқеъияти ҳастии худ бехуд кардаем. Ва ҳамагии мо, аз доро шурӯъ карда то фақир, аз олим то вазир зодаи ҳамин модари асирзодаем. Мутаассифона аз ин гуна зан - модар танҳо ҳамон фарди сустаносирро мунтазир будан лозим асту халос, зеро ингуна фарҳанге, ки ин модар зодаи он аст, ҳаргиз қудрати «шери худову рустами дастон» зоиданро надорад. Ин сустаноcир як шахси ғайри фаъол буда, на аз аслу на аз воқеияти ҳоли хеш воқиф аст, чунки сустаносир фарде аст беҷавҳар. Фикру фаҳми сустаносир танҳо ба як чиз банд асту халос; чи гуна ба афроди масъул хушомад бигӯяд, то ки дар ҷомеъа соҳибмансаб ва соҳиби иззату эҳтиром гардад, ӯ роҳи дигарро барои таборузи шахсияти худ намебинад.
Даҳшатнок ин аст, ки ин гуна ашхос яъне сустаносир, аз ғизои маънавӣ маҳрум буда, тафаккури ин гуна ашхос барои дарки олами воқеъӣ ё шинохти асли хеш (Худӣ - ба истилоҳи Меҳмоншоҳ) ҷавҳари одамӣ қодир нест ба мисли Манкурт - қаҳрамони асари машҳури Чингиз Айтматов. Аз ин ҷиҳат ҷисми ӯ ғизо мегираду ишкамбузургии ӯ ин андешаро собит месозад. Ӯ маънии зиндагиро аз ин бештар дарк нахоҳад кард, чунки дарки олами воқеъӣ дар табиати ин гуна афрод нест, ва ҳатто агар мебуд ҳам, ӯ дарк кардан намехост, зеро ки барои ӯ ҳастӣ он чизе аст, ки дар ихтиёр доранд. Яъне ҷавҳари сустаносир хушомад гуфтан аст ва бо ин амал хуш аст, чунки ӯ қодир нест, ки берун аз ин доира назар дошта бошад ва ё тафаккур кунад ва каму костагии худ ё ҷомеъаеро, ки дар он рӯзгор дорад, бубинад.
Дагихудо Дагиев, доктори илми  сиёсатшиносӣ – Ландан

воскресенье, 20 мая 2012 г.

Ҳичоб шиъори зани покдоман аст

Мухаммадикболи Садриддин. 
Хохари муъмин ва мусалмон! Занони сабур ва шуҷоъи кишварам! Ононе, ки бо имон ва фидокорӣ дар мукобили мушкилот истодаанд! Имруз душманони касамхурдаи ислом сарсахтона мекушанд то чодари иффат ва иззати туро аз сарат бардоранд. Зеро онхо аз хиҷоби ту метарсанд ва медонанд, то хиҷоби ту хаст наметавонанд барномахои шуми худро амалӣ созанд. Аммо ин душманон, ки монанди мор хар вакт пусти худро иваз мекунанд ором наменишинанд. Мутаассифона баъзе мусалмонони фиребхурда онхоро хамрохӣ мекунанд. Бо шевахои гунонгун вале хадафи ягона мехоханд,ки онхам бошад чигуна зарба ба ислом бизананд .Гохе шиори дифоъ аз хукуки занро баланд мекунанд ва гохе хам мусовот ва баробарии байни зану мардро унвон менамоянд. Вале хадафашон баракси шиорашон мебошад.
Оре! Ҳадафи онхо хукуки зан нест, балки мехоханд занони мусалмони моро чун матоъи беарзиш бар сари бозори хавасронон бифурушанд ва ба вартаи бадбахтӣ ва бе иффати бикашанд.
Бале, хохари гиромӣ! Хукук бо аз сар гирифтани хиҷоб ва ё бехиҷобӣ бадаст намеояд. Ё ин, ки духтарон бехиҷоб ба мактаб хозир шаванд накше дар бадаст овардани хукукашон бозӣ намекунад. Ё ин, ки занону мардони корманд дар идорахо зери як сакф бидуни риояти хиҷоб кор намоянд хукуки мусовӣ ва баробарӣ нест. Балке зане, ки мехохад ба хиҷоб бошад ин хукуки вай аст ва набояд поймол гардад. Ин аст хукук.
Душманони ислом дар пушти пардаи ин шиорхо хадафхои шуму вахшатноке доранд. Якинан хохарони мусалмони мо фиреби ин шиорхои кухна ва аз мўд афтодаро намехуранд ва душманон хадафхои палидашонро иншоаллох ба гўр хоханд бурд.
Хохари мусалмон! Дар ин майдон хиҷоб силохи туст. Бо ин силохи худ ба душманони дин ва акидаат нишон бидех, ки ту пайрави Хадиҷа ва Оишаи Сиддика ва Фотимаи Захро ва вориси иффат ва хашамати онхо хастӣ. Бо хифзи хиҷоб ба душманони дин бифахмон, ки хиҷоби ту аз имони ту сарчашма мегирад. Имон ба Худованди якто, имон ба китоби Худо ва пайравӣ аз Паёмбари Худо (Салавот ва дуруди Худо бар У ва хонадони У ва асхоби гиромиаш бод). Ҳиҷоби ту чун тегест бурранда бар гардани душманони дин ва акидаат ва ба ононе, ки худро ба тамаддуни бебанду бор ва разолати гарб фурухтаанд.
Пас эй хохари мусалмон! Дар хифзи хиҷоби худ кушиш бикун ва онро аз сари латифпт берун наор! Зеро хиҷоби ту санади иззат ва сарбаландии шумост. Зебоӣ ва фазлу камол дар бехиҷобӣ ва бехаёӣ нест. Балки фазли камол дар зебоӣ ба ахлок ва такво ва андешаи солим аст.
Худованди Таъоло Ҳазрати Мухаммад (салом ва дуруди Худо бар У)-ро барои хидояти башарият ва даъвати онхо ба дини хак фиристод. Бар У китоби Мукаддас қуръонро нозил намуд, то олами башариятро аз торикихои ҷахлу гумрохӣ ба нури рохи хак хидоят намояд. Уро фиристод, то мардумро ба ибодати Худои Бузургвор бихонад ва амру боздоштахои Худовандро ба инсонхо биёмузад ва эшонро аз пайравии Шайтон ва шахвату хавову хаваси нафс боздорад. Худованди Тавоно Уро фиристод, ки дар замони гумрохи ва бадбахтӣ бо рахнамунхои олимонаи худ ба хар васила инсонро ба ахлоки неку даъват дихад. Аз ҷумлаи ахлоки неку, ки Паёмбари Худо ба он даъват намуданд хаё мебошад. Худи Паёмбар амалан намуна ва улгуи ошкори татбики он буданд ва онро шохае аз шохахои имон номиданд. Дар ин шакке нест, ки хаё ҷузъи фитрати инсон буда ва бехаёӣ ҷузъи хислатхои хайвонот мебошад. Ҳаё дар зан бидуни хиҷоби исломӣ муяссар намешавад.Мебахши хохари гироми зеро ин шиъоре,ки дар мо расм ва одат аст ,ки мегуянд дил тоза бошад ин шиъори яхудият аст то мову шуморо бо ин сухан аз мухимтарин шиъори иффат номус покдомани дурр намоянд Ҳиҷобе, ки ба занон азамат, иффат ва иззат мебахшад.
Иддае аз занони мусалмон ба ин акида хастанд, ки хиҷоб ҷузъи одот ва расму оини баъзе ҷомеахои башарӣ буда ва ё ба воситаи падару бародар ва шавхар иҷборан болои занхо бор гашта аст ва ё аз тарафи гурухе маҷбуран ба ҷомиа кабулонида шудааст. Дар холе, ки хакикат комилан хилофи тасаввури чунин афкори чохилона мебошад. Зеро хиҷоби зани мусалмон ба хукми Худованд дар Қуръони Маҷид фарз буда ва оятхои зиёде шохиди ин ва дар исботи ин масъала омадааст. Чунончи Худованди Ҳаким ва тавоно дар робита ба занхои мусалмон чунин мефармояд: «Эй Паёмбар! Бигу занони мусалмонро, то бипушонанд чашмхои худро аз дидани нораво ва харом ва нигах доранд шармгохи худро аз амалхои зишт ва бар бегона ошкор насозанд зиннати худро магар ончи зохираст ва кобили пушондан нест. Бояд, ки бипушонанд гиребон ва синаи худро ва зиннат ва ҷамоли худро ошкор насозанд, магар ба шавхарони худ ва ё падарони хеш ва ё падарони шавхарони хеш ва ё писарони хеш ва ё писарони шавхарон, ё бародарон ва ё писарони бародарон ва ё писарони хохарон ва ё занони хонавода ва ё канизони онхо ва ё атбои хонавода, ки ба занон рагбат надоранд ва ё атфоле, ки хануз бар аврат ва махорими занон огох нестанд. Ба гайр аз инхо аз касони дигар дар хиҷоб бошанд ва тавре пой бар замин назананд, ки зиннати онхо ошкор шавад. Эй ахли имон хама ба даргохи Худованд тавба кунед! Бошад, ки растагор шавед.» (Сураи Нур, ояти 31)
Аз ин ояти муборак собит мегардад, ки хиҷоб яъне пушондани бадан фарз мебошад.
Дар Куръони Карим оятхои фаровоне дар бораи фарз будани хиҷоб омадааст. Аз ҷумла Худованд чунин фармудааст:
«Эй Паёмбар! Бигу ба занони худ ва духтарони худ ва занхои муъминон, ки хешро аз сар то по бипушонанд. Ин кор барои онаст, ки ба иффат ва иззат шинохта шаванд. То аз таарруз(зуровари бар онхо) ва азияти хавасронон озор накашанд ва ин хиҷоб барои онхо бехтар аст. Ва Худованд омурзандаву мехрубон аст.» (Сураи «Ахзоб» ояти59). Хохари мусалмон аз пайравӣ ба дунёи гарб, ки худ гарки дар дарёи шахват аст бипархез!
Расули Худо (Салавот ва дуруд бар равони поки У бод) чи зебо гуфтаанд:
« Замоне меояд, ки шумо рафтори онхоеро, ки пеш аз шумо буданд ваҷаб ба ваҷаб думболагирӣ хохед кард. То ҷое, ки агар дар сурохи «забб» (навъе ҷонвари сахроӣ ё сусмор ) дохил шаванд ба дунболи онхо шумо низ дохил хохед шуд». Сахобагон пурсиданд: Эй Расули Худо оё манзури Шумо яхуд ва насронихо аст? Эшон ҷавоб доданд: «Пас чи каси дигаре бошад».
Хохари мусалмон! Шуморо мебояд ба тарзи шоиста ба либосат ахамият дихи ва барои худ шахсияте,хаисаяте ва викоре дошта бошӣ. Ту бояд дар сарфи молу ҷон ба Хадиҷа ва дар фикх ба Оиша ва дар сабру нигахдорӣ ва хифзи дини Худованд ба Сумая иктидо кунӣ! Хохари мусалмонам! Агар ту дорои симои зишт ва чехраи нозебо мебудӣ, оё касе хозир мешуд, ки факат ба ин иллат, ки зани равшанфикр ва доно хастӣ сурататро дар ҷилди маҷалла чоп кунад? Оё касеро меёфти, ки барои рекламаи махсулоташ тасвири чехраи туро чун барои ба фуруш рафтани махсулоташ хамчун сипар бар овезахо (плакатхо) чоп кунад? Оё касеро меёфтӣ, ки ба бахонаи камбуди васоили таълиму тарбият аз ту химоят кунад?
Пас бидон, ки онхо факат мехоханд аз чехраи зебову садои латифи ту бахраманд шаванд ва лаззат баранд. Харгох, ки ин хисолро дар ту наёфтанд, монанди либоси кухна ва кадимӣ, ки муддати салохияташ ба поён расидааст, туро рахо мекунанд ва ту фаромуш хохӣ шуд.Зебо тарин зани солхои 80-умро ки бо чамолаш меболид дар он солхо. Аз у пурсиданд пас аз он,ки ту солхурда шуди ва чои туро духтари чавони дигаре сохиб гашт чи фикр дори дар посух чунин гуфт:Ман дар он солхо фикр мекардам,ки танхо манам маликаи чамол ва он дар ман хамеша аст на фикри оила барпо кардан доштам ва на ба фикри эътикоде ва дине ва на фарзанде дорам ва на феълан дар чомеъа чоигохе ва на дар охират бозгашти хубе акнун фахмидам,ки факад аз ман истифода бурданд,ва маро чун мол мехариданду мефурухтанд.Бале хохарам инаст окибати ин мочарохо пас хушёриатро аз хозир ки фурсат дар даст дори табох накун ва онро василаи чанголи хавасронон ва шахватронони гург сифат нагардон зеро хар субхеро шомест ва хар шомеро субхест ва аз чигуна омадани он касеро дарак нест ва кудрат танхо дасти он Холикест ки моро офаридааст ва мо бандагони Уем имруз ва фардо дар дасти уст ва Уро хеч зурманде нест.
Душманони Ислом ба хубӣ дарк кардаанд, ки фасоди комили хар ҷомиа бо фасоди занон имконпазир мегардад. Яке аз саркардагони ҷамоатхои масехӣ мегуяд: Ҷоми шароб ва як зани хонанда дар тахриби уммати Мухаммад он гуна асар дорад, ки харгиз хазор тонк аз паси анҷоми он бар намеояд. Пас онхоро дар ишк ба моддиёт ва шахват гарк кунед! Якеи дигар аз масехиён мегуяд: Бар мо воҷиб аст, ки занонро ба суи худ ҷалб кунем. Харгох як зани мусалмон дасташро ба суи мо дароз кунад ба натиҷаи дилхох расидаем ва лашкари ансори дини Мухаммадро аз пой дароварда аз хам пошидаем. Ба хама касоне, ки мехоханд фахшу фуҷур ва бехаёиву бехиҷобӣ дар кишвари мо густариш пайдо кунад, ин амри илохиро пешкаш мекунам:
«Ба ростӣ касоне, ки дуст доранд, то фохишагӣ дар байни муъминон пахн гардад, дар дунё ва охират азоби дарднок кашанд. Ва Худованд медонад ва шумо намедонед» (Сураи Нур, ояти 19)
Паёмбари Худо (салом ва дуруди Худо бар У) фармуданд;
«Ду гурух аз ахли дузахро ман надидаам. Мардумоне,ки шаллокхои монанди думи гов ба даст дошта ва бо он мардумро мезананд ва заноне, ки либос пушидаанд, аммо аз нозукии либос бадани онхо урён менамояд, дур аз рохи хак, дур кунандаи дигарон аз рохи хак, ки сари онхо монанди пушти шутураст. Онхо ба бихишт дохил намешаванд ва харгиз буи он низ ба машомашон намерасад. Хол он, ки буи бихишт аз масофахои дур ба машом мерасад.»
Ин буд намунае аз хидоят ва иршодоти хакимонаи Ислом, ки агар мо мусулмонон чи марду чи зан чи пиру чи ҷавон ба он амал намоем ва монанди он рафтор кунем ба дарачахои олии фазилат ва саодат ва муваффакият хохем расид. Суроги рохи рост ва хидоятро аз Куръон бояд ҷуст. Дар охир ин хадиси муборак ва ин дастагули зебо, ки Паёмбари Худо (салом ва дуруди Худованди маннон барУ) саодати дунё ва охиратро барои занони мусалмон бо ин харфи гухарборашон нишон додаанд, гуфторамонро ба поён мерасонем. Паёмбар (салом ва дуруди Худо бар У) фармуданд: «Агар зане панҷ вакт намозро адо намояд ва мохи Рамазонро руза бигирад ва иффат ва покдомании худро хифз намояд ва аз шавхари хеш дар амре, ки маъсият ва нофармонии Худованд набошад, итоат намояд, дар рузи киёмат ба у гуфта мешавад; Аз хар даре, ки мехохӣ дохили Бихишт шав!» Пас эй хохари мусамон! Агар вокеан тасмим бигирӣ ва ахд кунӣ ин кор чандон мушкил нест. Кори хеле содда ва осон аст. Дарвозахои Бихишт ба руят боз мегардад. Факат хамин холо аз ҷо бархез вузу бигир ва ду ракаат намоз бихон ва бо Худованди худ ахд намо, ки аз ин ба баъд фармонбардори У бошӣ. Агар ту аз хамин холо ба ин кор шуруъ кунӣ хиҷоби исломиро, ки Худоят туро ба он амр кардааст ба бар кунӣ ва аз гузаштахо тавба намоӣ, мутмаин бош, ки Худованд гузаштаи туро афв мекунад. Инро худи Худованд ваъда намудааст. Дар иваз Худованд ба ту Бихиштеро насиб мегардонад, ки аз зери богхо ва дарахтони он нахрхо ҷорӣ аст. Ҳар неъмате, ки орзу дошта бошӣ, дар он ҷо насибат хохад гашт .
Оё меарзад, ки ин умри кўтоху андозашударо дар
корхои бехудаву нолозим зоеъ карда, машгули гуноху
маъсият бошем?
– Оё ба чуз ин умре, ки дар лахву бози гузаронида
истодаи, умри дигаре њам дори?
– Оё ба чуз ин рузхо, ки имконияти дар киштзори
охиратат кишт кардани тухми савобу амалхои некро
дори, рузхои дигаре хам дар интизорат хаст?
– Оё аз Худованд ахду паимоне гирифтаи, ки ту
харгиз намемирї?
– На, савганд ба Худо харгиз чунин нест, балки
инхо хаёлу гумонхои дуругин ва орзухои бар абас
рафтаанд:
Илохи, партави нури хидоят бахш чонамро,
Ба хамди зоти поки хеш чорї кун забонамро.
Ба бахри назм монанди садаф кун дилнишин назмам,
Чу дар чода ба гуши нуктаороён баёнамро.
Заифу хаставу бечора афтодам ба даргохат,
Тавонои карам фармой мар чисму чонамро.
Диламро дар вафо парвонаи базми саодат кун,
Бигардон шамъи фонуси мухаббат устухонамро.
Гизоли вахшии икболро сайди камандам кун,
Расонї бар нишони муддао тири нишонамро.
Зи доної агар аз чодаи тоат бурун тозам,
Бигардон аз рахи исён зи лутфи худ инонамро.
Ту Сатториву Заргом гунахкор асту мехохад,
Ки дар махшар насозї бармало айби нихонамро
Пирузу комёб бошед бонувони афифа ва покдомани Точики ман бо арзи сипос ва эхтиром бардари имонии шумо Мухаммадикболи Садриддин.

суббота, 19 мая 2012 г.

Издивоҷи занони мусулмон бо мардони ғайри мусулмон

Оё зани мусулмон ҳақ дорад, ки бо марди ғайри мусулмон издивоҷ кунад?
- Аз нуқтаи шариати Ислом зани мусулмон ҳақ надорад, ки бо марди ғайри мусулмон, чӣ китобӣ ва чӣ ғайри китобӣ издивоҷ намояд ва ба ҳеҷ ваҷҳе чунин издивоҷ барои ӯ ҳалол нест. Худованд дар сураи «Бақара» дар ояти 221 мефармояд: «Занони мусулмонро ба ақди никоҳи мушрикин дарнаёваред, то он даме, ки мусулмон шаванд».
Худованд дар шаъни занони муҳоҷир мефармояд: «Заноне ба хотири ҳифзи динашон аз пеши мушрикон мегурезанд ва пеши шумо меоянд, агар донистед, ки мусулмон ҳастанд, ононро ба тарафи мушрикон барнагардонед, чунки на ин занҳо барои кофирон ҳалоланд ва на кофирон барои онон. (Сураи «Мумтаҳана», ояти 10).
Аммо далели дигар ин ки чаро Ислом, ба марди мусулмон иҷозат додааст, ки зани яҳудӣ, насрониро ба никоҳ дарорад, вале зани мусулмонро иҷозат намедиҳад бо марди яҳудӣ ва насронӣ издивоҷ намояд. Зеро ки мард, раиси хонавода, масъули хона ва зиндагӣ аст ва Ислом озодии ақида ва ҳуқуқи озодии зани китобиро дар сояи марди мусулмон нигоҳдор меҳисобад ва ба ҳар марди мусулмон дастур додааст, ки эҳтироми ӯ ва занашро маҳфуз дорад. Аммо динҳои дигар, монанди яҳудӣ ва насронӣ барои занони ғайр чунин ҳифз ва ҳуқуқро надоданд.

Аз рӯи нуқтаи назари Ислом мурод аз зани мушрик он аст, ки бутпараст мебошад.
Худованд издивоҷи марди мусулмонро бо зани мушрик ҳаром кардааст. «Бо зани мушрик издивоҷ накунед, то он даме имон наоваранд, қайтиян канизи боимон беҳтар аз зани мушрик аст, ҳарчанд зебоии ӯ шуморо ба шугуфтагӣ оварад. (Сураи «Бақара», ояти 221).
Чи тавре ки аз ин оят маълум мешавад, ба он шарт бо зани мушрик издивоҷ мумкин аст, ки пеш аз никоҳ Исломро қабул кунад ва аз дини пешинаи худ рӯй гардонад, яъне то Ислом наораду имондор нашавад, бо ӯ издивоҷ ҷоиз нест.
Фалсафаи таҳрими ин издивоҷ зоҳир ва ошкор аст ва он вуҷуд надоштани ҳамоҳангӣ ва якдигарфаҳмӣ миёни Ислом ва будоӣ аст, зеро ин дин дорои китоби осмонӣ ва пайғамбар нест ва дар ду тарафи муқобил меистанд. Ба ҳамин хотир «Қуръон» иллати ин издивоҷро ин гуна баён медорад: «Онон (мушрикон) шуморо ба сӯи оташ мебаранд ва Худованд шуморо ба сӯи биҳишт ва омӯрзиш мехонад». (Сураи «Бақара», ояти 221). 
Издивоҷ бо зани муртад ҳаром аст
  Муртад он касеро меноманд, ки баъд аз имон овардан, кофир шудааст, яъне дар дини Ислом буд ва пас аз он дини дигареро қабул намудааст, ё инки аз дини Ислом баромада, ба ҳеҷ дини дигар ворид нашавад ва ҳама чизро инкор кунад. Хоҳ он дини қабул кардааш китобӣ бошад ё ғайри китобӣ, ё дини масеҳӣ бошад ё дини яҳудӣ ё бутпарастӣ ва ғайри онҳо, ё аз динҳои фалсафии дигар, балки озод ва бидуни дини дигар ва мазҳаби дигар.
Ислом маҷбурӣ ҳеҷ касеро водор ба мусулмон шудан намекунад. Қонуни шариат имони иҷбориро мӯътабар намедонад ва онро нахоҳад пазируфт. Аммо ҳар касе озодона ва ба иродаи худ дохили он дин шуд, дигар набояд аз он хориҷ шавад.
Муртаддан дорои аҳкоме ҳастанд, ки баъзе марбут ба қиёмат ва баъзе марбут ба умури дунявӣ мебошанд.
Дар иртибот ба қиёмат: ҳар касе дар ҳолати иртидод бимирад, тамоми аъмоли солеҳаш ва накӯяш аз байн мераванд ва дар оташи дӯзах абадӣ хоҳад монд. Худованди мутаъоло мефармояд: «Ва касоне аз шумо аз дини худ баргарданд ва дар ҳоли куфр бимиранд, онҳо кордорҳояшон дар дунё ва охират табоҳ мешавад ва эшон аҳли оташанд ва дар он абадӣ хоҳанд монд». (Сураи «Бақара», ояти 217).
Дар иртибот бо аҳкоми дунявӣ эътиборе аз тарафи ҷомеъаи исломӣ нахоҳад дошт ва зиндагии заношӯӣ миёни як марди мусулмон ва зани муртад ва ҳамчунин миёни марди муртад бо як зани мусулмон чӣ дар оғоз ва чӣ дар давоми умр қатъиян ҷоиз нест. Бинобар ин ҳар марди мусулмоне бо зани муртад издивоҷ намояд, он издивоҷ ботил мебошад. Агар зан пас аз издивоҷ муртад шуда бошад, ҳатман бе ҳеҷ таъхир миёни он зан ва мард ҷудоӣ афканда шавад. Ин ҳукм мавриди иттифоқи ҳамаи фуқаҳои Ислом аст.
Мо бидуни далели қатъӣ мусулмонеро аз ин асл хориҷ насозем, бояд бидонем, ки ба яқин аз ин дин хориҷ шудааст.

ЧАРО РАФТАНИ ЗАНОН БА ҚАБРИСТОН МАНЪ АСТ?

Зиёрати қабристон ба хотири он ки дунёи дигарро ба инсон ёдовар мешавад ва барои мурдагон талаби мағфирату омурзиш анҷом мегирад, мустаҳаб мебошад. Зеро Расули Худо (с) мефармоянд: «Ман пештар шуморо аз рафтан ба қабристон манъ намуда будам, аммо акнун ба зиёрати қабристон биравед, чунки шуморо ба ёди охират меандозад».
Дар «Минҳоҷул муслим» омадааст: «Аҳли илм дар мавриди ҳаром будани рафту омади беш аз ҳадди занон ба қабристон иттифоқи назар доранд. Чунки Паёмбари Акрам (с) фармуда буданд: «Худованд занонеро, ки зиёд ба қабристон рафтуомад менамоянд, нафрин кунад».
Аммо рафтуомади ками онҳоро ба қабристон бархе аз аҳли илм ба хотири ҳамон ҳадис макрӯҳ медонанд. Бархе онро бидуни кароҳият ҷоиз медонанд.
Зеро ривоят шуда, ки ҳазрати Оиша (р) ба зиёрати қабри бародараш Абдураҳмон рафтааст ва чун аз ишон дар мавриди он савол шуд, фармуд: «Дуруст аст, ки Расули Худо (с) пештар аз зиёрати қабр наҳй фармуд, аммо баъдҳо ба мардум иҷозат дод, (ба хотири ёдоварии охират) ба зиёрати қабристон бираванд».
Касоне ки рафтуомади ками занонро ба қабристон ҷоиз мешуморанд, онро шарт гузоштаанд, ки амолу ҳаракатҳои номашрӯъ, мисли фиғону зорӣ бо садои баланд, беҳиҷобӣ , сухан гуфтан бо мурдагон ва дархости рафъи эҳтиёҳ (Хоҷат хостан аз аҳли қабр…) тавассути онҳо сурат нагирад. Мутаассифона, иддае аз занон ин қоидаҳоро риоя намекунанд.

 

пятница, 18 мая 2012 г.

МУҲОҶИРАТИ ЗАНОН.


МУҲОҶИРАТИ ЗАНОН.
Ҳар сол ҳазорҳо нафар ҳамватанони мо барои таъмин намудани рӯзгори аҳли оилаи хеш рӯ ба мусофират меоранд. Солҳои пеш танҳо мардон ба ин кор даст мезаданд, оҳиста-оҳиста сафи муҳоҷирин аз ҳисоби занҳо низ афзуд. Бонувони тоҷикро сатҳи пасти зиндагӣ, набудани ҷои кор ва маоши ночиз ба мусофират мебарад.

Тавре ки мегӯянд, зиндагӣ маҷмӯаи пастиву баландиҳост. Ин аст, ки инсони комил ва пухта аз пастиҳои рӯзгораш шукргузорӣ мекунад ва аз баландиҳояш худро дар кӯчаҳои саргумӣ қарор намедиҳад.
Бӯҳрони иқтисодӣ, ки саросари оламро фаро гирифтааст ва имрӯз ин падида ба Тоҷикистони мо низ бетаъсир намондааст. Гурӯҳе аз занҳо ба мардикорӣ рафтани шавҳаронашонро, ки солҳост аз худ дарак намедиҳанд, баҳона оварда танфурӯширо пешаи худ қарор додаанд. Ин гурӯҳ бехабар аз онанд, ки қадами наҳси онҳо дар ин ҷода чӣ касофатиҳоеро ба сари авлодашон ва хешону наздиконашон меорад. Натиҷаи даҳшатбораш он аст, ки бо «шарофати» ин гуна занҳо фасоду фисқ дар ахлоқи ҷомеа роҳ меёбад ва сафи ин қабил занҳо зиёд мегардад. Бузургон беҳуда нагуфтаанд, ки агар мард зинокор гардад, наҳси он ба як пушташ ва агар зан ба зино даст занад, касофатии он ба ҳафт пушташ таъсир мерасонад. Бо касофатии як ё якчанд зани бадкора исми шарифи занҳои порсову боиффат доғдор мегардад, ки ин барои аксарият аламовару дарднок аст.
Занҳоро камақлу кӯтоҳназар хондану таҳқири рӯирости онҳо аз рӯи инсоф нест. Модоме, ки мо дар бораи ин гуна занҳо мисол меорем, бояд дақиқу мушаххас исмашро зикр кунем, то боиси ранҷишу озори аксари занҳо нагардад. Шахсан, аъмоли ношоистаи гурӯҳи занҳоеро, ки боиси бадномии дигарон гардидаанд маҳкум менамоям.
Ба хотири покии рӯзгору саодати ҳамешагии мову шумо пеш аз ҳама аз даргоҳи Худованд илтиҷо менамоям, ки дилу нияти ҳар кадоме аз мо зану мардро пок нигоҳ дорад ва фисқу фасод, зинову риёро аз мо дур гардонаду зану мард мавқеи муҳими худро дар ҷомеа пайдо кунанд, фисқу фасод аз байн биравад. Ҳар гоҳ мардҳо занҳои нимбараҳна ва бадтинатро бубинанд, астағфируллоҳ бигӯянд ва васвасаи шайтониро аз худ дур созанд. Он гоҳ мо метавонем дар тарбияи ахлоқии ҷомеа саҳми босазо бигирем ва дар солимгардонии муҳит фаъолона кӯмак расонем. Иффату покдомании насли мо ва умуман ахлоқи башарӣ мегардад.

пятница, 4 мая 2012 г.

ТАРБИЯИ ДУХТАР.


Дини мубини ислом дар хусуси эҳтиром ба зан нисбати дигар адён дастуроти зиёде дорад. То паҳншавии ислом миёни аъроб таваллуди духтар мояи нангу бадномӣ буд. Бо зуҳури ислом ин одати бад аз миён бардошта шуд. Барои баланд бардоштани мартабаи зан ҳазрати Муҳаммад (с) фармуданд: «Ҳар касе аз уммати ман се духтар ё се хоҳарро дар тарбияи худ гирифта, ба онҳо некӣ бикунад, онҳо барои ӯ аз оташи дӯзах пардае мешаванд». Яъне, тарбияи неки духтарон сабаб мешавад, то ин шахс аз оташи дӯзах наҷот ёбад.
Ҳар чизе, ки нозук аст, тарбияаш низ нозуку душвор аст. Тарбиятгарони ботарбия лозиманд, то аз ӯҳдаи ин кори душвор бароянд. Барои тарбиятгар сарчашмае лозим аст, то ҳамчун қутбнамо аз он истифода намояд. Сарчашмаи беҳтарин Қуръон аст, сипас ҳадисҳои Расули Худо (с) ва ёрони ӯ, сипас фармудаҳои ҳакимон, сипас таҷрибаи рӯзгордидагон. Сифатҳое, ки духтар бояд дошта бошад, инҳоянд: «Мӯъмину мусулмон, ростгӯй, босабр, худотарс, садақадиҳанда, рӯзагиранда, шармгоҳи худро аз зино ҳифзкунандаву нигоҳдоранда бисёр ёдкунандаи Худо. Ин фармоишот аз ояти 35-и сураи «Аҳзоб» гирифта шудааст: Дар сураи «Таҳрим», ояти 5 ду сифати дигарро зикр кардааст, ки инҳоянд: тавбакунанда, Худоро ибодаткунанда.
Дар сураи «Мумтаҳана» ояти 12 ин сифатҳоро барои занон лозим медорад: «Ҳеҷ касро бо Худо шарик насозанд, дуздӣ накунанд, зино накунанд, фарзандони худро накушанд, фарзандеро, ки аз шавҳараш нест, ба дурӯғ ба ӯ нисбат надиҳанд, дар корҳои нек нофармонии Пайғамбар (с) накунанд». Қуръон аз аввал то ба охир моломол аз авсофу ахлоқест, ки бояд ҳар як духтари мусулмон онҳоро дошта бошад. Ҳамаи он авсофу ахлоқро наметавон дар як варақу ду варақ баён намуд. Дар ҳадис омадааст, ки Расули Худо (с) ба Оиша (р) фармуданд: «Кореро, ки сабаби узроварӣ шавад, тарк намо!» Ин ривояти Дайламист.
Ҳазрати Муҳаммад (с) дар ҷои дигар фармудаанд:
«Беҳтарини занон касест, ки дасти дарозтар дошта бошад». Ин дасти дарозтар ба маънии саховати бештар мебошад.
Ҳаким Тирмизӣ нақл мекунад, ки Расули Худо(с) фармудаанд: «Шарму ҳаё зебогист. Тарси Худо олиҳимматист. Беҳтарин чизе, ки инсон савори он мешавад, сабр аст. Аз Худо умеди кушоиш доштан ибодат аст». Ин гуна ҳадисҳо зиёданд.
Дар китоби «Унвонул баён», ки китоби тарбиявист, ба ин мазмун масале омадааст. Модасаге модашереро таъна зада гуфт: « Ман баякборагӣ то ҳашт фарзанд ба дунё меораму ту беҳунар ҳамагӣ як-то».
Модашер дар ҷавоб гуфт: «Рост аст, ки ту ҳашт- то ва ман як – то, аммо фаромӯш макун , ки ман шербача ба дунё меораму ту сагбача. Пас якеи ман аз ҳашттои ту беҳтар аст».
Ин масал ба занон меомӯзонад, ки як фарзанди нек ва бетарбия беҳтар аст аз чандин фарзандоне, ки бад ва бетарбияанд. Мутаассифона, имрӯз бархе аз падарон насиҳат ба духтарони худро фаромӯш кардаанд. Талаботи моддии онҳоро аз дандони тилло сар карда, то қолину мебел бароварда месозанд, аммо ба маънавиёт аҳамият намедиҳанд. Ҳамин аст, ки дере нагузашта духтари бетарбия коре мекунад, ки оилаашро вайрон месозад ва бори сари падару модар мешавад. Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ ба духтарони мусулмон хитоб карда мегӯяд:
Фитрати ту ҷазбае дорад баланд,
Чашму ҳуш аз усваи Заҳро мабанд.
То Ҳусайне шохи ту бор оварад,
Мавсими пешин ба гулзор оварад.
Барои ҳама падару модаррон дар тарбияи неки духтарон муваффақиятро хоҳонем.

Эй Хоҳарон аз Худо битарсед!!!


Эй Хоҳарон аз Худо битарсед!!! Бузургии зан-модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад. Пайғамбари ислом ҳазрати Муҳаммад дар яке аз ҳадисҳои худ мефармояд: “Чаҳор чиз саодати шахс аст: ҳамсари шоиста, фарзандони хайрхоҳ, рафиқони хуб ва рӯзӣ дар Ватан”.
Ба ин маънӣ, занону модарон ҳамеша дар тарбияи фарзандони соҳибмаърифату хайрхоҳ ва дорои ахлоқи ҳамида кӯшиш намуда, онҳоро ба ҳаёти мустақилона омода созанд. Зеро фарзанди аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва маънавӣ солим ба қадру манзалати падару модар, Ватан ва таъриху тамаддуни миллат мерасад ва барои давлату миллати худ хизмат мекунад.
Лекин асфсус ва сад афсус ки базе духтарону занони мо ба кадри зиндаги намерасанд ва бо рафтору кирдори бади худ боз дигар духтарону занонро дар хиҷолату таҳти таҳкири назари дигарон карор медиханд.
Ман як ҳикояи вакеъиро ба шумо гуфтаниям ;
Як чавоне буд бо маданияту бо маърифат, худо тарсу худо чуй.Дар зиндаги аз ягон чиз камбудию норасогие надошт.Дар дил орзуе дошт ки бо духтаре хонадор шавад ки аз аҳли занҳои солеҳа бошаду бо имону хуш рафтор.Бо амри такдир ин чавон бо духтаре шинос шуд ки худро аз аҳли дин мешуморид ва бади чанд моҳи шиносои онҳо хонадор шуданд.Духтар Сатр мепушид лекин аз одобу ахлоки исломи хабаре надошт.Вакте ки шавҳараш ба у мефаҳмонд ки ин корат нодурус ба гапи шавҳар эътиборам намедод.
Аз рузхои аввали зиндаги онҳо ҷудо аз падару модари ин ҷавон зиндаги мекарданд.Ин келин ҳурмату иззат як тараф истад хусуру хушдоман ки акнун барои вай ҳам падар ҳам модар буданд онҳоро нопмсандию ноназаргири мекард.Бе ичозати шавҳараш чи коре мехост ҳамона мекард.Бо духтарони ганда гашту бе ҳайёою бе имон суҳбат мекард гарчанд шавҳараш ба ин зид буду ба у таъкид мекард ки ин корро накунад аммо вай ба ин зарае аҳамият намедод кори худашро давом медод.Хуласси гап кор ба чои омад ки ҳар руз дар хона ҷангу ҷанчҷол ва онҳо ҷудо шуданд.
Аммо дили ин чавон дар зиндаги аз ҳама чи монд!
Хусусан аз духтарҳое ки худро * боифату бо такво* мегуянду лек худ аз дини мубини ислом хабаре надоранд. Ва ман фикр мекунам душманони дини Ислом ҳастан чунин духтарони бе имон ки динро барои гарзҳои нопоки худ истифода мебаранд.
''Аз кадом дари ҷаннат хоҳи даро''гуфта мешавад ба он зане , ки панҷ вакт намозашро мегузорад,як моҳ рузаро дорад ва дар итоату хизмати шавҳараш бошад!''Ин аст ҳакикати ислом барои занхо!
Пас маълум мешавад, ки ҳеч кас ҳак надорад ҳ укм барорад, ки чавондухтарони сатрбаста тамоман покиза, озода, худотарсу диндоранд. ( аз дасти чунин духтарони беимон.)
Охир, сатрро барои он мебанданд, ки ҳамеша болои ҷойнамозанду худро аз номаҳрам канора мегиранд, дар гуфтору рафтор намунаанд, худро хуб идора мекунанду ҳамеша покдилу поквиҷдонанд.
Баъзе аз ҷавондухтарони беандеша боре ҳам гумон намекунанд, ки бо чунин рафтори сабукборонаашон шаъну шарафи дигар духтарони сатр бар сарро паст мезананд. Мутаассифона, ҳоло аксарият бастани сатрро ба худ ҳамчун як навъи мӯди замонавӣ гумон мекунанд. Ин амал ҳеҷ гоҳ мӯд шуда наметавонад. Агар мехоҳед сатр бар сар бошед, он гоҳ аз доираи он берун набароед. Ҳамон манзараҳои шаҳвониеро, ки шумо «пешкаш» менамоед, тақлид ба хориҷа асту ба мо «мерос» мондаанд.
Ва аз ҳамаи шумо ва дар шахсият шумо аз ҳамаи мусулмонон эҳтиромона хоҳиш дорам ки агар чунин рафторҳои духтарон яъне ( хоҳару апаҳоямонро) дидем ба онхо фаҳмонем ки аз ин роҳ баргарданд чун ки на танҳо худашонро бе обурую шарманда мекунанд балки тамоми он духтарони бегуноҳро хам.Тамоми ҷомеъаи башар бояд ба ин мубориза барем чунки агар зан модар боаклу бо одобу бо маданияту бо такво бошад тамоми ҷомеъа чунин мешавад.
Пеш аз ҳама оромиву осоиштагии оила ва бахту саодат дар зидаги аз якдигарфахми зану шавҳар вабастаги дорад.
Беҳтарин ҳолат барои зан он аст , ки дар доҳили хона бошад он чо худояшро ибодат ,шавҳарашро итоъат ва авлодашро тарбият намуда , хонаашро пок ва боназофат нигох дорад .
Ҳамин тавр, мехостам, ки ҷавондухтарон ба ҳамин гуна амалҳои зишт умуман даст назананду фикру андешаи худро ба он равона созанд, ки боиси хушбахти ва рушди ҷомеа гарданд. Ҳама медонанд, ки барои фарзандони хуб ба воя расондан пеш аз ҳама заҳмати модарон лозиманд. Агар ҷавондухтарони мо аз ҳоло кушиш бар он диҳанд, ки фарзандонро ба роҳи рост ҳидоят кунанд ин боиси рушди ҷомеа мегардад. Орзуи онро дорам, ки бо рафтору кирдори бомаънию бомаърифат ва фарҳанги тоҷиконаи худ тавонанд, ки тамоми мардуми ҷаҳонро дар ҳайрат гузоранд. Бигузор мардуми хориҷа ба ҷавондухтарони тоҷик таклид кунанду боиси ифтихори мо, тоҷикон, гардад.
Аз Худованд таманнои онро мекунем,ки ҳамаи занону духтарони моро Худотарсу Худочу боимону бофаросат кунад.
Ва аз роҳ бади шайтони эмин дорад. Омин!

вторник, 1 мая 2012 г.

Эй нафс!




Эй нафс!

Чи қадар аз ту хаста шудам. Чи қадар маҷбурам кардӣ ба хотири ту мушкилиҳоро таҳаммул кунам. Ба хотири иштибоҳи ту зиндагиро бар худ танг кунам. Ба хотири пушидан ва сер кардани шикам ва роҳати ту муртакиби рибо, қаллобӣ, фиребгарӣ… шавам. Хобу роҳатро тарк кунам, ҳарому ҳалолро фаромуш кунам, шабу рузам як шавад.
Эй нафс! Бо гуноҳ ва васваса маро ҳалок кардӣ. Аз раҳматҳои Худо маҳрумам кардӣ. Аз биҳишти ҷовидона ва аз неъматҳои он ва аз ризои Парвардигор дурам кардӣ. Эй нафс! То кай, то кай умри азизамро ба хотири лаззати ту сарф кунам ва ба хотири ту бояд дар ҷаҳаннам ва азоби илоҳӣ гирифтор шавам!? Ту сабаб шудӣ аз ҷамъоварии тушаи охират боз монам ва ба оташе бисузам, ки тавоноии онро надорам. Охир ман аз гушту пусту хун ҳастам. Чи қадар таҳаммул дорам? Эй нафс, эй золим, эй душмани Худо, бечораам кардӣ! Ҳасадхурӣ ва суханчиниро ёдам додӣ ва васвасаам кардӣ, то обруи бародари мусалмонамро бирезам. Васвасаам кардӣ, то ҷони бародари муслмонамро бигирам.
Оҳ, эй нафс агар ту набудӣ ҳама инсонҳо бо ҳам баробар буданд.
Агар хоҳишоту бозиҳои ту набуд, дуздӣ ва ғорат набуд.
Агар таманно ва ҷоҳталабии ту набуд, бародаркушӣ ва ғорат, фиреб ва кулоҳбардорӣ набуд. Худро мусалмон медонӣ дар ҳоле, ки ислом аз ту безор аст. Чи гуна мусалмон ҳастӣ, ки бо мусиқӣ ҳаяҷонзада мешаваӣ, вале калом ва сухани Парвардигор туро такон намедиҳад. Панд мешунавӣ, бедор намешавӣ, ҳақро мешиносӣ, вале пайравии он намекунӣ… Оҳ, эй мутакаббири мағрур, аз корвони некон ва бандагони мухлиси Худо дурам кардӣ ба гунае, ки роҳро гум кардам ва асаре аз он корвон намеёбам. Лутф ва назари Худоро аз ман ҷудо кардӣ ба гунае, ки ҳар чи дуо мекунам, таъсире надорад. Дунёро ширин нишон додаӣ ба гунае, ки ҳароми он бар даҳонам талх нест. Сад афсус, ки ҷойгоҳи ту зери по буд ва ман туро бар дида гузоштам. Эй нафс тавба кун! Ва ба суи Парвардигорат баргард!
Мегуӣ пушаймонам, вале куҷост ашки пушаймонии ту!?
Ҳаргиз туро қонеъ наёфтам ва ҳаргиз сер нашудӣ.
Мегуям; тоат ва бандагӣ, мегуӣ; фардо. Мегуям; намози субҳ, мегуӣ; каме хоб. Мегуям; садақа, мегуӣ; надорам. Мегуям; руза, мегуӣ; тоқат надорам. Мегуям; ҷиҳод, мегуӣ; мемирам. Мегуям; марг ва қабре дар пеш аст, мегуӣ; ҳануз фурсат аст. Мегуям; тавба ва инобат, мегуӣ; ҳануз зуд аст. Вой бар ту, кай ашки надомат ва пушаймониро бар гунаат бинам!(  Мухаммади Чамолзихи)