суббота, 22 сентября 2012 г.

Фидои Сарварам бошад равонам




Домулло Иброҳими Сайиднуриддин

Фидои Сарварам бошад равонам.

Фидои Сарварам бошад равонам,
К-азу  омад  сафои  ҷисму  ҷонам.
Бароям ҳарчи  ҳаст аз илму имон,
Зи файзи  рӯи хубаш  мешиносам.
****
Барояш  ҷой дода  ман диламро,
Фидояш  бод  аҳлу  молу  ҷонам.
Зи ҷон  ширинтар омад вуҷудаш,
Агар номаш набудӣ, ман кӣ будам?!
****
Нидояш    ҷонбахши    одамӣ   шуд,
Садояш  роҳате  шуд бар равонам.
Хабисе  туҳмати Хайрулбашар зад,
Биёзурда    даруну   ҳам   равонам.
****
Бигӯ   он    тирабахти    бадзабонро,
Ки  дузахро  барояш   ҳайф   хонам.
Ба рамзи туҳру иффат таъна кардӣ,
Зи  саг  поинтар-ат  ман мешуморам.
****
Диёрат хубсу мардум ғарқи фаҳшо,
Аз   ин   бадтар  ҳаёте   менадонам.
Ба   номи ҳуррият  ҷурме намуданд,
Ки  нафрин  бар чунин озодӣ хонам.
****
Ба  худ  бад кардаӣ, эй пасттинат,
Туро хоҳам, ки расвотар бубинам.
Агар    кураст   чашми   бенасибат,
Ба  хуршеди ҷаҳон айбе  набинам.
****
Мақоми   Сарварам  чун  моҳ  болост,
Туро ман дар замин чун хас набинам.
Забони  он   палидат  нест  лоиқ,
Ки номи Мустафо дар ӯ бубинам.
****
Бигӯ бар кофарон, эй тирабахтон!
Ба  зиштӣ  ном  бурдӣ, ҷанг хоҳам.
Бале сабр аст  дар ман эй азизам,
Ва лекин  сабр  то   андоза дорам.
****
Надорам   тоқати   ботил   шунидан,
Куҷо гар Мустафоро таъна бинам?!
Расули мо, ки номаш нақши дилҳост,
Фидои  номи  покаш   ҳарчи   дорам.
****
Чароғи   бо    фуруғе   номи  ӯ   шуд,
Бубинам, гар назар Қуръон намоям.
Ҷаҳон   зулмот  буду   ӯ  барафрухт,
Зи  ӯ  дар дидаҳо ман шӯъла дидам.
****
Зи  файзи  номи покаш  ҷумла олам,
Бишуд равшан чу шамъе дар сароям.
Агар ҷон бахшамаш  бе гила сад бор,
Ман ин хидмат барояш кам шуморам.
****
Агар қалбам  надонад  Мустафо кист,
Ман ин  дилро  ба дасти худ бисузам.
Набошад   маъние     дар   зиндагонӣ,
Агар   ишқи    Ҳабиби   ҳақ    надорам.
****
Зи шамъи дини софаш олам афрухт,
Зи   суннат    кард   бино   дидаҳоям.
Ба   роҳи   ҳақ  равон  бинмуд  моро,
Зи ӯ  ман  банда гаштам бар Худоям.
*****
Агар  покиза номаш ман  шунидам,
Паёму   сад   саломе   ҳадя  дорам.
Салоту  ҳам  саломи   поки   Яздон,
Ҳамеша бар равонаш ман бихонам.

пятница, 21 сентября 2012 г.

Аллоҳ бузург аст!




Иннал ҳамда лиллоҳи, наҳмадуҳу таъоло ва;
настаъинуҳу ванастағфируҳу ва наъузу биллоҳи мин
шурури анфусино ва мин саййиоти аъмолино, ман
яҳдиҳиллоҳу фало музилла лаҳу ва ман юзлилҳу фа ло
ҳодия лаҳ. Ва ашҳаду ал ло илоҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу
ло шарика лаҳу, ва ашҳаду анна Муҳаммадан ъабдуҳу
ва расулуҳу саллаллоҳу ъалайҳи ва ъало олиҳи ва|
асҳобиҳи ва ман табиъаҳум би иҳсонин ило явмиддини
ва саллама таслиман касиран. Аммо баъд:
Вазифаи аввалиндараҷаи аҳли башар шинохтани
Худои таъоло (ҷалла-ҷалолуҳу) ва фармонбарӣ аз Ӯст,
ки ба ҳукми ақл ва дин воҷиб аст, ки дар баробари
чунин Маъбуд ҳамду сано гуфта шукри неъматҳои Ӯро
ба ҷо оварем. Бародарон ва хоҳарони гиромиқадр!)
Пеш аз он ки бандагии Аллоҳро ба ҷо биоварем, бояд;
аввал Ӯро бишносем ва баъд ба ибодати Ӯ машғул
шавем.
Танҳо доруе, ки дардҳо ва балоҳои ҳар як
фард ва ҷомеъаро шифо мебахшад ва бе ягон
нерӯи лашкарй ва муҳиммоти ҷангӣ, аз ҷиноят ва
зулм ва ваҳшигарй ва одамкушй ва нашъамандию
фоҳишагарй, ғоратгарию дуздй ва дигар амалҳои зишт
боз медорад, ҳамоно имон ба Офаридгор ва амал
кардан ба қонунҳои Ӯст. Ва ин қонунҳоро Аллоҳтаъоло
ба воситаи пайғамбарамон ҳазрати Муҳаммад
саллаллоҳу алайҳи васаллам барои хайру маслиҳати
бандагони худ фиристода ва онҳоро чунон возеҳу равшан
баён намуда, ки ба воситаи ин қонунҳо вазифаҳои ҳар:
шахсеро, ки саъодати дунё ва охирати ӯро таъмин
мекунад, муайян намуд.
Дини ислом он чи ки ба зиндагии ҷомеъа зарари
куллй дорад онро манъ ва ҳаром гардонида дунёро ба
сулҳу сафову оромиш, даъват мекунад. Дини исломи
комилтарин динест, ки нисбат ба ҳар чизе, ки мавриди
эҳтиёҷи башар аст одилона ҳукм мекунад.
Пас бар ҳар фарди мусалмон хоҳ нохоҳ воҷиб
аст, ки ба он ҳукмҳо ба таври бояду шояд амал кунад,
то саодатмандона ба мақоми шоистаи инсоният бирасад.
Чуноне ки Худованди муттаъол мефармояд:
"Иннаддина ъиналлоҳил ислом "
"Албатта дини хақ назди Худо (дини) Ислом аст"
(Оли Имрон, 19).
"Ва ман ябтаги гайрал исломи динан фа лан
юкбала минху ва ҳува фил охирати минал-
хосирин"
Ҳар кас ғайр аз Ислом динеро ихтиёр кунад, аз ӯ
қабул нахоҳад щуд ва ӯ дар охират аз зумраи
зиёнкорон маҳшур мешавад (Оли Имрон, ояи 85).

Ҳар як шахси бо хирад ба хубй дарк мекунад, ки
дар дунё ҳеҷ чиз худ аз худ пайдо намешавад. Аз
хурдтарин мавҷудот то калонтарин ашёи мавҷудаи дунё
ихтирокунанда ва созандае дорад. Автомобил, қатора
ё тайёраеро, ки мавриди истифодаи ҳаррӯзаи мардум
мебошад, мисол меоварем: Албатта ҳеҷ кас гуфта
наметавонад, ки инҳо худ аз худ пайдо шудаанд.
Ихтироъкоре инҳоро ихтироъ намудааст ва барои идора
|намудан ва истифода бурдани онҳо тарзи истифода
бурданашонро муъайян намудааст, то ин ки дигарон
аз он баҳра баранд. Ва инчунин барои ҳаракати онҳо
дар роҳҳои барои онҳо муайяншуда, қонунҳои бехатарии
роҳ ва дигар қонунҳое, ки барои онҳо зарур мебошад!

Бародарон ва хоҳарони мусалмон, биёед ақли
Худо додаро кор фармуда ба худ ва атрофи худ
бохирадона назар намуда одилона қазоват намоем:
Оё медонед, ки таркиби офариниши ҷаҳон ва
аҷоиботи сохтмони бадани инсон ва низоми гардиши |
тамоми олам ва замину замон ва олами беканори
осмонҳо ва ҳаракати дақиқи хуршед ва моҳу ситорагон
аз ғароиби ҷирмҳои осмонй ва резу дуруштии таркиби
замин ва монанди инҳо беҳуда пайдо нашудааст? Балки
Сонеъи бениҳоят бузурге (яъне Аллоҳтаъоло) онҳоро
халқ намуда ва бо иродаи он Сонеъи оламиён барои,
ислоҳи бандагон дар хизматанд. Чуноне ки шайх Саъдй
гуфтааст:
Абру боду маху хуршеду 
То ту ноне ба каф орию 
Ин хама бахри ту саргаштаву 
Шарти инсоф набошад, (Саъдӣ)

Барои инсон аз Аллоҳ (ҷалла-ҷалолаҳу) дида дигар
меҳрубонтар зоте нест. Ӯ таъоло бо меҳру шафқати
худ бар ҳама махлуқоти олам ризқу рӯзӣ умру ҳаёт ва
дигар неъматҳо додааст, ки васф ва шумори онҳоро
ҳеҷ кас натвонад кард.
Ҳарчанд тараққиёти илму ҳунар ба пеш равад ҳам
боз далелҳои дандоншикан бар вуҷуди Худованд қавитар
мегардад

Хар касе ба қонунҳои муъайян намудаи Холиқи худ, яъне Қуръон
ва суннати Расулуллоҳ (с) риоя намуда тибқи нишондоди
У амал намояд иншоаллоҳ худаш ва аҳли байту
атрофиёни худро аз хавфу хатари ин дунёву охират
наҷот медиҳад. Ва аммо баракс қонунҳои холиқи худро
риоя накарда муқобили онҳо амал кунад худашро ва
касонеро, ки пайравии ӯро мекунанд дар хатари куллй
андохта дар ин дунё ва охират хор мегардонад.
Ҳар касе ки бо тафаккур андеша намояд мефаҳмад,
ки дар муқобили ин неъматҳои Илоҳй ва дар муқобили
чунин Худованди бахшандаву меҳрубон зону бар замин
ва сар дар саҷда ниҳода то рӯзи қиёмат ба Ӯ ибодат
кунад ҳам шукри яке аз неъматҳое, ки Худованд ба У
додааст ба ҷо наовардааст, ҳол он ки дар муқобили
ҳар яке аз неъматҳои Ӯ шукргузорй намудан воҷиб
аст. Бинобар он ки, он қадре бояду шояд ҳеҷ кас дар
муқобипи неъматҳои Худованд шукронаи неъматҳояшро
ба ҷой оварда наметавонад, аз кӯтоҳии худамон пеши
Худованд узр гӯем. Чуноне ки шайх Саъдй мегӯянд:
Банда хамон бех ки зи таксири хеш,
Узр ба даргохи Худой оварад.
Варна сазовори Худовандияш,
Каас натавонад, ки ба чой оварад.
Шояд ки Худованд узри моро пазируфта аз
камбудиҳо ва гуноҳонамон даргузарад.
Худованд ҳамаи мову шуморо дар паноҳи худ
маҳфуз нигоҳ дорад.

Худованд барҳақу ягона аст.



Ҳар ки худашро шинохт Худоро албатта мешиносад.
Эътиқод ба Худо доштан дар табиъати ҳар инсон фитрист
(яъне бо иътиқОд ба олам омадааст). Дили инсон, ки
яке аз ҳазорон аҷоиби аъзои инсон аст, дар як дақиқа
хунро ба тамоми бадани инсон фиристода
бармегардонад. Имрӯзҳо олимони соҳаи тибб санҷидаву
ҳисоб карда баромаданд, ки дили инсон дар як
шабонарӯз зиёда аз 10 000 литр хунро бо ғизоҳои
даркорӣ таъмин намуда ба тамоми бадани инсон дода
ва боз мегардонад. Дил якумр дар ҳар дақиқа ва
сония бо оҳанги махсус ва қудрати аҷибе, ки оҳан ва
пӯлод бардошти онро надорад, кор мекунад ва агар
камтарин бенизомӣ дар он бошад бо умри инсон хотима
дода мешавад.
Офаридгори ҷаҳон ҳеҷ чизеро бе ҳикмат ва беҳуда
наофаридааст ва ҳар яке аз аъзои инсонро барои
манфиъати махсусе халқ намуд: чашм додааст то
бубинем, гӯш додааст то бишнавем, ҳисси шомма
(бӯйидан) додааст то бӯйро ҳис кунем, забон додааст
то сухан бигӯем ва аз лаззатҳои дунё баҳраманд гардем.
Мӯй ва нохуне, ки аз бадани инсон берун меояд
Худованди қодиру тавоно ба воситаи онҳо маразҳоро
аз бадани инсон хориҷ мекунад ва онҳоро беҳис
кардааст то ки аз буридани онҳо дард ва нороҳатиро
ҳис накунем.


Эй бор Илоҳо албатта ман паноҳ мебарам ба сӯи
Ту аз ширк оварданам ба Ту чизеро ва ман медонам.
Ва мағфират мепурсам Туро аз он чизҳои ширке ки
намедонам. Албатта Ту бисёр хуб донандаи ғайб ҳастй.
Ва бисёр хуб пӯшонандаи айбҳо ҳастй. Ва бисёр хуб
мағфираткунандаи гуноҳон ҳастй. Ва бисёр хуб
кашфкунандаи дилҳо ҳастй. Нест гузаште аз маьсият
ва нест қуввате бар тоъат магар ба ёрии Аллоҳи олии
бузург.

НАМОЗ-илми ахлок аст.



Барпо доштани намоз ба манзалати об додани дарахти имон дар бустони ислом аст.Агар намоз шабонаруз такрор нагардад,дарахти пурсабзи имон ба хушки мегаравад ва аз он ба чуз ном чизе боки намемонад.Намоз аст,ки имонро месабзонад ва тачдид мекунад. 



Сабаби иззати мавчуд, намоз асту намоз.
Зинати даргохи Маъбуд, намоз асту намоз.
Шаръро максаду максуд, намоз асту намоз.
Буду тоъат хама аз буди намоз асту намоз.
Нафс боз паси ин баст чу камат ба намоз.
Он чи хак аз хама бистуд, намоз асту намоз.
Назди мизрем амал мавкен девони хисоб,
Қознн тахиду матхуд, намоз асту намоз.
Ба каромати Худо гарра машав Зарроби

НАМОЗ-илми ахлок аст. ! НАМОЗ-илми погизагист.! НАМОЗ-илми покдоманист.! НАМОЗ-илми тарбия аст.! НАМОЗ-илми ахлок аст.! НАМОЗ-покии чомеъа аст. ! НАМОЗ-покии милат аст.! НАМОЗ-покии ватан аст. ! НАМОЗ-покии занон аст!. НАМОЗ-покии фарзандон аст. ! НАМОЗ-покии кавм аст. ! НАМОЗ-покии хукумат аст.! НАМОЗ-покии давлат аст!. НАМОЗ-покии замин аст.! НАМОЗ-покии осмон аст. ! НАМОЗ-баракати дурахшон аст.! НАМОЗ-покии гандумон аст, ! НАМОЗ-баракати оби равон аст. !!!!! Бенамозон ки дар чахон хастанд, ! Гуё кина бар Худо бастанд ! Бе намози макун ки бад кор аст! ЗИ бенамоз ХУДО безор аст?


вторник, 17 июля 2012 г.

Чанде аз фазилатҳои моҳи шарифи Рамазон




Сеюмин рукни панҷгонаи ислом рӯза гирифтани моҳи шарифи Рамазон аст. Дар бораи фарз будани рӯза дар сураи “Бақара” (ояти 183) чунин амр шудааст: “Эй касоне, ки имон овардаед! Ба шумоён ҳукм аст, ки рӯза бигиред, ҳамон тавре ки ба пешиниёни шумо ҳукм гардид. Шояд, ки парҳезкор шавед”.
Фарз будани рӯзаи моҳи Рамазон дар соли дуюми ҳиҷрат, рӯзи душанбеи моҳи Шаъбон муқаррар гардида буд. Салмони Форсӣ разияллоҳу анҳу мегӯяд, ки ҳазрати Муҳаммад (саллаллоху алайхи вассалам) дар охирҳои моҳи Шаъбон ба мо чунин гуфтанд: “Эй мардум, бар шумоён моҳе меояд, ки хеле бузург ва муборак аст. Дар ин моҳ шабест, ки фазилати он аз ибодати ҳазор моҳ беҳтар мебошад. Аллоҳ Таъоло рӯзаи ин моҳро фарз намуда, қиёми шаб (шабзиндадорӣ)-и онро кори савоб гардонидааст. Ҳар кӣ дар ин моҳ фарзеро адо кунад, гӯё дар ғайри Рамазон ҳафтод фарзро адо кардааст. Ин моҳ моҳи сабр аст ва мукофоти сабр ҷаннат мебошад. Дар ин моҳ ризқи мӯъминон зиёд мешавад. Ҳар он кас, ки рӯзадореро ифтор диҳад, барояш сабаби мағфирати гуноҳон ва халосӣ аз оташи Дӯзах хоҳад гашт”.
Саҳобагон ин гуфтаҳоро шунида, арз карданд, ки “на ҳамаи мо имкони ифтордиҳӣ дорем”. Он гоҳ Расулуллоҳ (саллаллоху алайхи вассалам) чунин фармуданд: “Серӣ таом додан шарти асосӣ нест. Аллоҳ Таъоло барои ба рӯзадорон додани хурмо, пиёлаи шир ва ё ҷуръаи об низ савоб медиҳад . Ин моҳест, ки даҳрӯзаи аввали он Раҳмат, даҳаи миёнааш Мағфират ва даҳаи сеюмаш Халосӣ аз оташи Дӯзах аст”.
Тавре мебинем, рӯзаи моҳи Рамазон барои мӯъминон ибодати бузургест. Рӯза доштан инчунин дорои манфиатҳои зиёде мебошад, ки чанде аз онҳоро ёдрас мекунем.
Ҳазрати Муҳаммад (саллаллоху алайхи вассалам) дар як ҳадиси муборакашон фармудаанд: “Суму тасиҳҳу!” (Рӯза гиред, тандуруст мешавед!) Дурустии ин ҳадисро олимони гузаштаву муосири тиб дар амал дидаанд. Имрӯзҳо бисёр табибони маъруф беморони гирифтори касалиҳои меъда, атеросклероз, буғумдард ва фишори баланди хунро ба воситаи рӯзадорӣ табобат мекунанд. Таҷрибаҳо нишон доданд, ки манфиати рӯза дар ин бобат хеле назаррас аст.
Дуюм, ин ки рӯза манфиати равонӣ дорад. Яъне, дар ин моҳи муборак рӯҳи инсон ба нафси ҳайвонӣ ғолиб меояд. Зеро рӯзадор ба хотири ризои Худованд хоҳишоти нафсониро зери по карда, бо вуҷуди будани имконот рӯзи дароз худро аз хӯрдану нӯшидан ва алоқаи ҷинсӣ нигоҳ медорад. Яъне, рӯзадор рӯҳи худро бар нафс ғолиб месозад. Дар рӯза инсон бо хоҳиши нафс нею бо фармони ақл кор мекунад. Аз ин хотир, рӯзаро шифои рӯҳ мегӯянд.
Сеюм, рӯза манфиати ахлоқӣ дорад. Дар моҳи Рамазон на танҳо шикам, балки тамоми бадан бояд рӯза бигирад. Чунончӣ, рӯзадор дурӯғ, ғайбат, тӯҳмат, суханони фаҳшу лаънат ва дашномро бояд ба забон наорад. Бо атрофиён мулоим рафтор намуда, дилозорӣ накунад, ки савоби рӯзааш кам мешавад. Чунончӣ гуфтаанд:
Ҳар кас, ки дар ин моҳ дилозорӣ кунад,
На рӯи Биҳишт бинад, не бӯи Биҳишт.
Бинобар ин, Рамазонро моҳи поксозии ахлоқ мегӯянд. Зеро инсон дар ин моҳ имтиҳони сабру матонат ва худдорӣ аз гуноҳонро мегузарад. Хушо ба ҳоли касоне, ки дар ин имтиҳон комёб мешаванд!
Чаҳорум, рӯза манфиати иҷтимоӣ дорад. Инсон ҳангоми рӯзадорӣ аз азоби гуруснагию ташнагӣ огоҳ мешавад ва аз ҳоли касоне, ки ба нони шаб ва ғизои рӯз (қути лоямут) мӯҳтоҷанд, бохабар мегардад. Ҳамин тариқ, ӯ дарк мекунад, ки нодорию бечизӣ чӣ қадар сахт аст ва онҳое, ки мӯҳтоҷанд, чӣ гуна азоб мекашанд. Дар натиҷа сарватмандон ва ашхоси доро майл пайдо мекунанд, ки ба фақирон кӯмак намуда, гуруснагонро сер созанд.
Яъне, рӯза гирифтан дар дили мӯъминон ҳисси некхоҳӣ ва инсондӯстиро бедор месозад.
Панҷум, рӯза барои даст кашидан аз одатҳои бад (ба монанди сигору нос кашидан, қиморбозӣ, майпарастӣ, зинокорӣ, дуздӣ, тамошои филмҳои фаҳшу зӯроварӣ...) кӯмак мерасонад.
Яъне, рӯза иродаро мустаҳкам месозад. Бисёриҳоро медонем, ки маҳз бо баракати моҳи мубораки Рамазон аз сигору носкашӣ халос гаштаанд.
Шашум, рӯза хотирнишон месозад, ки ҳама бандагон новобаста аз нажоду забон, рутбаю мансаб ва боию камбағалиашон назди Парвардигор баробаранд ва бояд амрҳои ӯро ба ҷо оранд.

суббота, 14 июля 2012 г.

Рӯзаву Қуръон шафоат мекунанд

Пас аз чанде моҳи мубораки Рамазон ба кошонаи мо меҳмон мешавад. Фарорасии ин моҳи шариф барои ҳар мусалмон шодиву фараҳ аст ва муддатҳост мунтазираш ҳастем, то аз меваҳои лазизу шаҳдбораш коми худ ширин намоем. Рӯза рубъи имон аст. Бори Таъоло дар он чи Пайғомбар алайҳиссалом аз вай ҳикоят кардааст, мефармояд:- Ҳар некӯиро даҳ савоб аст то ҳафтсад, магар рӯзаро, ки махсус марост ва ҷазои он ман диҳам. Ва Ҳақтаъоло гуфтааст:- Касоне, ки аз шаҳватҳо сабр кунанд, музди ишон аз ҳисобу андоза берун бошад ва рӯза нимаи сабр аст, пас савоби ӯ беандоза бувад.


Дар рӯза се сабр ҷамъ мешавад: а) Сабр намудану тоб овардан ба тоати илоҳӣ. б) Даст кашидан аз нофармонии Худованд. в) Таҳаммул ва ризоият ба тақдири илоҳӣ.
Худованд дар сураи «Зумар», ояти 10 мефармояд, ки «Ба сабркунандагон аҷри беҳисоб дода хоҳад шуд».
Рамазон қалъаи маҳкам ва устуворест, ки мусулмононро аз оташи ҷаҳаннам эмин нигоҳ медорад, Расули Акрам (салаллоҳу алайҳи вассалам) дар ин хусус мефармоянд: «Рӯза сипаре аст дар муқобили оташи ҷаҳаннам».
Барои рӯзадорон дар ҷаннат дарвозаи алоҳида аст. Чунончи, дар ҳадиси муборак омадааст: «Дар биҳишт дарест, ки онро Райён мегӯянд. Рӯзи қиёмат аз он дар танҳо рӯзадорони моҳи шарифи Рамазон ворид мешаванд».
Рӯзи қиёмат рӯза боиси шафоати рӯзадор мегардад. Дар ин хусус Расулуллоҳ (салаллоҳу алайҳи вассалам) фармудаанд: «Рӯза ва Қуръон ҳар ду рӯзи қиёмат барои банда шафоат мекунанд. Рӯза мегӯяд, ки «Худоё ман ӯро рӯзона аз хӯрдану хоҳишоти ҷинсӣ боздоштам. Пас шафоати маро дар бораи ӯ сабук кун». Қуръон мегӯяд: «Парвардигоро, ман ӯро шабона аз хобидан боздоштам. Аз ин рӯ шафоати маро дар ҳаққи ӯ қабул намо». Пас шафоати ҳар ду қабул мешавад».
Моҳи Рамазон воситаест барои мағфирати гуноҳон. Дар ин ҳадиси муборак таъкид шудааст: «Ҳар кас моҳи Рамазонро бо эътиқод ва нияти савоб рӯза гирад гуноҳон гузаштаи ӯ мағфират хоҳад шуд».
Рамазон моҳи иҷобати дуоҳост. Тавре Расулуллоҳ (салаллоҳу алайҳи вассалам) мефармоянд: «Бегумон барои рӯзадор ҳангоми ифтор як дуояш ҳатман иҷобат мегардад». Ҳар гоҳ мӯъмини содиқ ба маънои ҳақиқӣ рӯза гирад, нафсаш ба ӯ ром шуда, қалбаш дар пешгоҳи Худованд фурӯтан (мутавозеъ) мегардад, хоҳишоту ҳавои нафси ӯ идорашаванда гашта, ӯ ба Худованд наздик мешавад. Аз он рӯ дуояш мустаҷоб хоҳад шуд».
Рӯза як давраи имтиҳони маънавӣ ва шигифтангез аст, ки дар он инсон аз майлу ҳавои нафсонӣ пок шуда, барои таҳаммул намудани сахтиҳо ва анҷом додани рисолатҳои муҳим аз қабили даъват, иршод, кушодадастӣ, фидокорӣ ва ғайра омада мешавад.
Рӯза доштан ҳисси утуфат (меҳрубонӣ), раҳмат ва шафқат намудан бар мискинонро дар вуҷуди инсон густариш медиҳад ва эҳсоси ҳамбастагиро, ки ҳалқаи иртиботии мусулмонон бо якдигар аст, дар замири ӯ бедор мегардонад ва ҷомеа дар чунин фазое аз муфсидӣ, садамаҳо ва осебҳои фаровоне эмин мемонад.
Ҳангоме ки рӯзадор таъми талхи гуруснагиро мечашад, нисбат ба масъулияташ дар муқобили фақиру мӯҳтоҷон пай мебарад. Ӯ ҳис мекунад, ки як моҳ гуруснаву ташна будан чӣ қадар мушкил будааст. Пас касоне ки муддати зиёд азоби гуруснагӣ мекашанд, дар чӣ вазъияте хоҳанд буд? Бо чунин андешаҳо шайтони бухл ( ҳисси хасисӣ) дар вуҷуди ӯ заиф мешавад ва дар муқобили он ангезаи некӣ ва саховат дар ботинаш қувват мегирад.
Рӯзе ҳазрати Оишаи Сиддиқа (р) дар ҳоле, ки рӯзадор буд, 180 000 дирҳам дарёфт карда ва бе ягон таъхир онҳоро байни фақирон тақсим намуда худаш бо як бурда нон ифтор кард. Ходимаш гуфт: «Беҳтар мешуд, ки як дирҳам мемондед, то ба он гӯшт мехаридем». Оишаи Сиддиқа (р) гуфт: «Агар ба хотирам мерасондӣ, ҳатман ин корро мекардам».
Баъзе бузургони дин гуфтаанд, ки рӯзи ба он хотир машрӯъ шудааст, то сарватманд таъин гуруснагиро бичашад ва гуруснагонро аз ёд набарад. Ба ин тартиб табақаи фуқарову мустамандон аз ҳимоятҳои молии сарватмандон баҳраманд мегарданд ва қадаме дар ҷиҳати беҳбудии вазъи ҷомеа, ки хеле арзишманд аст, бардошта мешавад.