вторник, 17 июля 2012 г.

Чанде аз фазилатҳои моҳи шарифи Рамазон




Сеюмин рукни панҷгонаи ислом рӯза гирифтани моҳи шарифи Рамазон аст. Дар бораи фарз будани рӯза дар сураи “Бақара” (ояти 183) чунин амр шудааст: “Эй касоне, ки имон овардаед! Ба шумоён ҳукм аст, ки рӯза бигиред, ҳамон тавре ки ба пешиниёни шумо ҳукм гардид. Шояд, ки парҳезкор шавед”.
Фарз будани рӯзаи моҳи Рамазон дар соли дуюми ҳиҷрат, рӯзи душанбеи моҳи Шаъбон муқаррар гардида буд. Салмони Форсӣ разияллоҳу анҳу мегӯяд, ки ҳазрати Муҳаммад (саллаллоху алайхи вассалам) дар охирҳои моҳи Шаъбон ба мо чунин гуфтанд: “Эй мардум, бар шумоён моҳе меояд, ки хеле бузург ва муборак аст. Дар ин моҳ шабест, ки фазилати он аз ибодати ҳазор моҳ беҳтар мебошад. Аллоҳ Таъоло рӯзаи ин моҳро фарз намуда, қиёми шаб (шабзиндадорӣ)-и онро кори савоб гардонидааст. Ҳар кӣ дар ин моҳ фарзеро адо кунад, гӯё дар ғайри Рамазон ҳафтод фарзро адо кардааст. Ин моҳ моҳи сабр аст ва мукофоти сабр ҷаннат мебошад. Дар ин моҳ ризқи мӯъминон зиёд мешавад. Ҳар он кас, ки рӯзадореро ифтор диҳад, барояш сабаби мағфирати гуноҳон ва халосӣ аз оташи Дӯзах хоҳад гашт”.
Саҳобагон ин гуфтаҳоро шунида, арз карданд, ки “на ҳамаи мо имкони ифтордиҳӣ дорем”. Он гоҳ Расулуллоҳ (саллаллоху алайхи вассалам) чунин фармуданд: “Серӣ таом додан шарти асосӣ нест. Аллоҳ Таъоло барои ба рӯзадорон додани хурмо, пиёлаи шир ва ё ҷуръаи об низ савоб медиҳад . Ин моҳест, ки даҳрӯзаи аввали он Раҳмат, даҳаи миёнааш Мағфират ва даҳаи сеюмаш Халосӣ аз оташи Дӯзах аст”.
Тавре мебинем, рӯзаи моҳи Рамазон барои мӯъминон ибодати бузургест. Рӯза доштан инчунин дорои манфиатҳои зиёде мебошад, ки чанде аз онҳоро ёдрас мекунем.
Ҳазрати Муҳаммад (саллаллоху алайхи вассалам) дар як ҳадиси муборакашон фармудаанд: “Суму тасиҳҳу!” (Рӯза гиред, тандуруст мешавед!) Дурустии ин ҳадисро олимони гузаштаву муосири тиб дар амал дидаанд. Имрӯзҳо бисёр табибони маъруф беморони гирифтори касалиҳои меъда, атеросклероз, буғумдард ва фишори баланди хунро ба воситаи рӯзадорӣ табобат мекунанд. Таҷрибаҳо нишон доданд, ки манфиати рӯза дар ин бобат хеле назаррас аст.
Дуюм, ин ки рӯза манфиати равонӣ дорад. Яъне, дар ин моҳи муборак рӯҳи инсон ба нафси ҳайвонӣ ғолиб меояд. Зеро рӯзадор ба хотири ризои Худованд хоҳишоти нафсониро зери по карда, бо вуҷуди будани имконот рӯзи дароз худро аз хӯрдану нӯшидан ва алоқаи ҷинсӣ нигоҳ медорад. Яъне, рӯзадор рӯҳи худро бар нафс ғолиб месозад. Дар рӯза инсон бо хоҳиши нафс нею бо фармони ақл кор мекунад. Аз ин хотир, рӯзаро шифои рӯҳ мегӯянд.
Сеюм, рӯза манфиати ахлоқӣ дорад. Дар моҳи Рамазон на танҳо шикам, балки тамоми бадан бояд рӯза бигирад. Чунончӣ, рӯзадор дурӯғ, ғайбат, тӯҳмат, суханони фаҳшу лаънат ва дашномро бояд ба забон наорад. Бо атрофиён мулоим рафтор намуда, дилозорӣ накунад, ки савоби рӯзааш кам мешавад. Чунончӣ гуфтаанд:
Ҳар кас, ки дар ин моҳ дилозорӣ кунад,
На рӯи Биҳишт бинад, не бӯи Биҳишт.
Бинобар ин, Рамазонро моҳи поксозии ахлоқ мегӯянд. Зеро инсон дар ин моҳ имтиҳони сабру матонат ва худдорӣ аз гуноҳонро мегузарад. Хушо ба ҳоли касоне, ки дар ин имтиҳон комёб мешаванд!
Чаҳорум, рӯза манфиати иҷтимоӣ дорад. Инсон ҳангоми рӯзадорӣ аз азоби гуруснагию ташнагӣ огоҳ мешавад ва аз ҳоли касоне, ки ба нони шаб ва ғизои рӯз (қути лоямут) мӯҳтоҷанд, бохабар мегардад. Ҳамин тариқ, ӯ дарк мекунад, ки нодорию бечизӣ чӣ қадар сахт аст ва онҳое, ки мӯҳтоҷанд, чӣ гуна азоб мекашанд. Дар натиҷа сарватмандон ва ашхоси доро майл пайдо мекунанд, ки ба фақирон кӯмак намуда, гуруснагонро сер созанд.
Яъне, рӯза гирифтан дар дили мӯъминон ҳисси некхоҳӣ ва инсондӯстиро бедор месозад.
Панҷум, рӯза барои даст кашидан аз одатҳои бад (ба монанди сигору нос кашидан, қиморбозӣ, майпарастӣ, зинокорӣ, дуздӣ, тамошои филмҳои фаҳшу зӯроварӣ...) кӯмак мерасонад.
Яъне, рӯза иродаро мустаҳкам месозад. Бисёриҳоро медонем, ки маҳз бо баракати моҳи мубораки Рамазон аз сигору носкашӣ халос гаштаанд.
Шашум, рӯза хотирнишон месозад, ки ҳама бандагон новобаста аз нажоду забон, рутбаю мансаб ва боию камбағалиашон назди Парвардигор баробаранд ва бояд амрҳои ӯро ба ҷо оранд.

Комментариев нет:

Отправить комментарий