суббота, 14 июля 2012 г.

Рӯзаву Қуръон шафоат мекунанд

Пас аз чанде моҳи мубораки Рамазон ба кошонаи мо меҳмон мешавад. Фарорасии ин моҳи шариф барои ҳар мусалмон шодиву фараҳ аст ва муддатҳост мунтазираш ҳастем, то аз меваҳои лазизу шаҳдбораш коми худ ширин намоем. Рӯза рубъи имон аст. Бори Таъоло дар он чи Пайғомбар алайҳиссалом аз вай ҳикоят кардааст, мефармояд:- Ҳар некӯиро даҳ савоб аст то ҳафтсад, магар рӯзаро, ки махсус марост ва ҷазои он ман диҳам. Ва Ҳақтаъоло гуфтааст:- Касоне, ки аз шаҳватҳо сабр кунанд, музди ишон аз ҳисобу андоза берун бошад ва рӯза нимаи сабр аст, пас савоби ӯ беандоза бувад.


Дар рӯза се сабр ҷамъ мешавад: а) Сабр намудану тоб овардан ба тоати илоҳӣ. б) Даст кашидан аз нофармонии Худованд. в) Таҳаммул ва ризоият ба тақдири илоҳӣ.
Худованд дар сураи «Зумар», ояти 10 мефармояд, ки «Ба сабркунандагон аҷри беҳисоб дода хоҳад шуд».
Рамазон қалъаи маҳкам ва устуворест, ки мусулмононро аз оташи ҷаҳаннам эмин нигоҳ медорад, Расули Акрам (салаллоҳу алайҳи вассалам) дар ин хусус мефармоянд: «Рӯза сипаре аст дар муқобили оташи ҷаҳаннам».
Барои рӯзадорон дар ҷаннат дарвозаи алоҳида аст. Чунончи, дар ҳадиси муборак омадааст: «Дар биҳишт дарест, ки онро Райён мегӯянд. Рӯзи қиёмат аз он дар танҳо рӯзадорони моҳи шарифи Рамазон ворид мешаванд».
Рӯзи қиёмат рӯза боиси шафоати рӯзадор мегардад. Дар ин хусус Расулуллоҳ (салаллоҳу алайҳи вассалам) фармудаанд: «Рӯза ва Қуръон ҳар ду рӯзи қиёмат барои банда шафоат мекунанд. Рӯза мегӯяд, ки «Худоё ман ӯро рӯзона аз хӯрдану хоҳишоти ҷинсӣ боздоштам. Пас шафоати маро дар бораи ӯ сабук кун». Қуръон мегӯяд: «Парвардигоро, ман ӯро шабона аз хобидан боздоштам. Аз ин рӯ шафоати маро дар ҳаққи ӯ қабул намо». Пас шафоати ҳар ду қабул мешавад».
Моҳи Рамазон воситаест барои мағфирати гуноҳон. Дар ин ҳадиси муборак таъкид шудааст: «Ҳар кас моҳи Рамазонро бо эътиқод ва нияти савоб рӯза гирад гуноҳон гузаштаи ӯ мағфират хоҳад шуд».
Рамазон моҳи иҷобати дуоҳост. Тавре Расулуллоҳ (салаллоҳу алайҳи вассалам) мефармоянд: «Бегумон барои рӯзадор ҳангоми ифтор як дуояш ҳатман иҷобат мегардад». Ҳар гоҳ мӯъмини содиқ ба маънои ҳақиқӣ рӯза гирад, нафсаш ба ӯ ром шуда, қалбаш дар пешгоҳи Худованд фурӯтан (мутавозеъ) мегардад, хоҳишоту ҳавои нафси ӯ идорашаванда гашта, ӯ ба Худованд наздик мешавад. Аз он рӯ дуояш мустаҷоб хоҳад шуд».
Рӯза як давраи имтиҳони маънавӣ ва шигифтангез аст, ки дар он инсон аз майлу ҳавои нафсонӣ пок шуда, барои таҳаммул намудани сахтиҳо ва анҷом додани рисолатҳои муҳим аз қабили даъват, иршод, кушодадастӣ, фидокорӣ ва ғайра омада мешавад.
Рӯза доштан ҳисси утуфат (меҳрубонӣ), раҳмат ва шафқат намудан бар мискинонро дар вуҷуди инсон густариш медиҳад ва эҳсоси ҳамбастагиро, ки ҳалқаи иртиботии мусулмонон бо якдигар аст, дар замири ӯ бедор мегардонад ва ҷомеа дар чунин фазое аз муфсидӣ, садамаҳо ва осебҳои фаровоне эмин мемонад.
Ҳангоме ки рӯзадор таъми талхи гуруснагиро мечашад, нисбат ба масъулияташ дар муқобили фақиру мӯҳтоҷон пай мебарад. Ӯ ҳис мекунад, ки як моҳ гуруснаву ташна будан чӣ қадар мушкил будааст. Пас касоне ки муддати зиёд азоби гуруснагӣ мекашанд, дар чӣ вазъияте хоҳанд буд? Бо чунин андешаҳо шайтони бухл ( ҳисси хасисӣ) дар вуҷуди ӯ заиф мешавад ва дар муқобили он ангезаи некӣ ва саховат дар ботинаш қувват мегирад.
Рӯзе ҳазрати Оишаи Сиддиқа (р) дар ҳоле, ки рӯзадор буд, 180 000 дирҳам дарёфт карда ва бе ягон таъхир онҳоро байни фақирон тақсим намуда худаш бо як бурда нон ифтор кард. Ходимаш гуфт: «Беҳтар мешуд, ки як дирҳам мемондед, то ба он гӯшт мехаридем». Оишаи Сиддиқа (р) гуфт: «Агар ба хотирам мерасондӣ, ҳатман ин корро мекардам».
Баъзе бузургони дин гуфтаанд, ки рӯзи ба он хотир машрӯъ шудааст, то сарватманд таъин гуруснагиро бичашад ва гуруснагонро аз ёд набарад. Ба ин тартиб табақаи фуқарову мустамандон аз ҳимоятҳои молии сарватмандон баҳраманд мегарданд ва қадаме дар ҷиҳати беҳбудии вазъи ҷомеа, ки хеле арзишманд аст, бардошта мешавад.
 

Комментариев нет:

Отправить комментарий