пятница, 21 сентября 2012 г.

Худованд барҳақу ягона аст.



Ҳар ки худашро шинохт Худоро албатта мешиносад.
Эътиқод ба Худо доштан дар табиъати ҳар инсон фитрист
(яъне бо иътиқОд ба олам омадааст). Дили инсон, ки
яке аз ҳазорон аҷоиби аъзои инсон аст, дар як дақиқа
хунро ба тамоми бадани инсон фиристода
бармегардонад. Имрӯзҳо олимони соҳаи тибб санҷидаву
ҳисоб карда баромаданд, ки дили инсон дар як
шабонарӯз зиёда аз 10 000 литр хунро бо ғизоҳои
даркорӣ таъмин намуда ба тамоми бадани инсон дода
ва боз мегардонад. Дил якумр дар ҳар дақиқа ва
сония бо оҳанги махсус ва қудрати аҷибе, ки оҳан ва
пӯлод бардошти онро надорад, кор мекунад ва агар
камтарин бенизомӣ дар он бошад бо умри инсон хотима
дода мешавад.
Офаридгори ҷаҳон ҳеҷ чизеро бе ҳикмат ва беҳуда
наофаридааст ва ҳар яке аз аъзои инсонро барои
манфиъати махсусе халқ намуд: чашм додааст то
бубинем, гӯш додааст то бишнавем, ҳисси шомма
(бӯйидан) додааст то бӯйро ҳис кунем, забон додааст
то сухан бигӯем ва аз лаззатҳои дунё баҳраманд гардем.
Мӯй ва нохуне, ки аз бадани инсон берун меояд
Худованди қодиру тавоно ба воситаи онҳо маразҳоро
аз бадани инсон хориҷ мекунад ва онҳоро беҳис
кардааст то ки аз буридани онҳо дард ва нороҳатиро
ҳис накунем.


Эй бор Илоҳо албатта ман паноҳ мебарам ба сӯи
Ту аз ширк оварданам ба Ту чизеро ва ман медонам.
Ва мағфират мепурсам Туро аз он чизҳои ширке ки
намедонам. Албатта Ту бисёр хуб донандаи ғайб ҳастй.
Ва бисёр хуб пӯшонандаи айбҳо ҳастй. Ва бисёр хуб
мағфираткунандаи гуноҳон ҳастй. Ва бисёр хуб
кашфкунандаи дилҳо ҳастй. Нест гузаште аз маьсият
ва нест қуввате бар тоъат магар ба ёрии Аллоҳи олии
бузург.

Комментариев нет:

Отправить комментарий