среда, 5 марта 2014 г.

ТАЪЛИМ ВА ТАРБИЯТ

Ба номи Худо
Худоё! Бар Муҳаммад
ва Оли Муҳаммад дуруд фирист.
Дарсҳое аз Қуръони Карим 
Оё таълим аввал аст ё тарбият?
Шояд аз худ пурсидаед, ки таълим аввал аст ё тарбия? Гоҳе таълимро аввал мегӯянд ва гоҳе тарбияро. Як олими динӣ чӣ сифоте бояд дошта бошад ва вазоифи ӯ чист? Арзиши ин кор то куҷост? ...
Биёед бо ҳам ба суроғи Қуръони Карим биравем, то посухи худро пайдо кунем.
Дар Қуръон мехонем, ки ҳазрати Иброҳим ва Исмоил(а) аз Худо чунин дархост карданд:
َربَّنَا وَابْعَثْ فِيهِمْ رَسُولاً مِّنْهُمْ يَتْلُو عَلَيْهِمْ آيَاتِكَ وَيُعَلِّمُهُمُ الْكِتَابَ وَالْحِكْمَةَ وَيُزَكِّيهِمْ إِنَّكَ أَنتَ العَزِيزُ الحَكِيمُ
“Парвардигори мо! Дар миёни онон (насли мо) фиристодае аз худашон барангез (ва интихоб кун), то оёти туро барои онон бихонад ва китоб ва ҳикмат ба онон биёмӯзад ва покизаашон кунад, чунки дар ҳақиқат ту шикастнопазири ҳакимӣ.”Бақара/ 129.
Биёед бо ҳам ба нукоти зер таваҷҷӯҳ кунем:
ü «رَبَّنَا»Раббано яъне ту мураббии мо ҳастӣ ва беъсати Расул сабаби тарбият ва рушди ҷомеа ва насли инсон аст.
ü «ابْعَثْ» Ибъас аз решаи "баъаса" ба маънои барангехтан аст. Ба фарде аз миёни насли мо, ангезаи кофӣ бидеҳ, то дар сахтиҳо, мушкилот, пирӯзиҳо, сулҳ ва шикасте, ки рӯ ба рӯ мешавад пойдор бимонад. Дар сахтиҳо ноумед ва на дар роҳатиҳо мағрур ва сармаст нашавад.
ü «العَزِيز» Ту азизӣ. Яъне ҳар чи бихоҳӣ ҳатман анҷом мешавад. Ҳатто агар тамоми мардуми дунё нахоҳанд ва барои нобуд кардани он мубориза кунанд. Дар ҳар ҳоле намояндаатро пуштибонӣ ва ҳимоят мекунӣ. Агар ту бихоҳӣ ашрафи махлуқот ҳазрати Муҳаммад(с)-ро дар ҳангоми ҳиҷрат аз Макка ба Мадина бо тори тортанак, ки дар сустӣ зарбулмасал аст, наҷот медиҳӣ.
ü «الحَكِيم» Ту ҳакимӣ, яъне тарбият ва интихоби ту ҳакимона аст.
ü Барои расул, се сифат зикр карданд;
1) Аз худи мардум бошад, то мардумро бишиносад ва мардум ҳам ӯро бишиносанд, аз ӯ сармашқ бигиранд ва мушкилоти онҳоро бифаҳмад ва барои бартараф кардани он барномарезӣ кунад. «مِن أنفُسِهِم»
2) Дар миёни мардум ва дар дастраси ниёзмандон бошад, на монанди телефони мобилӣ (ҳамроҳ), ки баъд аз тамос мешунавед, ки муштараки мавриди назар дар дастрас нест ва ё мобилаш хомуш мебошад! «فِيهِمْ»
3) Дар хидмати мардум бошад ва роҳро аз чоҳ барояшон нишон диҳад. «يَتْلُو عَلَيْهِمْ آيَاتِكَ» чунки ҳадди ақал 2 кор барои ӯ карданд; 1) дуо карданд, 2) чандин сол чашм ба роҳ ва мунтазир буданд, то баргардӣ ва ба онҳо хидмат кунӣ.
ü Барои расул 4 вазифа ва хидмат зикр карданд;
1. Тиловати оёти илоҳӣ. يَتْلُو عَلَيْهِمْ آيَاتِك
2. Таълими китоб. وَيُعَلِّمُهُمُ الْكِتَابَ
3. Таълими ҳикмат. وَالْحِكْمَةَ;
4. Тазкия ва тарбияти мардум. وَيُزَكِّيهِمْ
Худованди Мутаол дар се оя, қабул шудани дуои ҳазрати Иброҳим ва Исмоил(а)-ро баён мекунад:
كَمَا أَرْسَلْنَا فِيكُمْ رَسُولاً مِّنكُمْ يَتْلُو عَلَيْكُمْ آيَاتِنَا وَيُزَكِّيكُمْ وَيُعَلِّمُكُمُ الْكِتَابَ وَالْحِكْمَةَ وَيُعَلِّمُكُم مَّا لَمْ تَكُونُواْ تَعْلَمُونَ
“Ҳамон тавр ки дар миёни шумо фиристодае аз худатон равона кардем, ки оёти моро бар шумо мехонад ва шуморо пок мегардонад ва ба шумо китоб ва ҳикмат меомӯзад ва он чизеро, ки намедонистед ба шумо ёд медиҳад.” Бақара/ 151
لَقَدْ مَنَّ اللّهُ عَلَى الْمُؤمِنِينَ إِذْ بَعَثَ فِيهِمْ رَسُولاً مِّنْ أَنفُسِهِمْ يَتْلُو عَلَيْهِمْ آيَاتِهِ وَيُزَكِّيهِمْ وَيُعَلِّمُهُمُ الْكِتَابَ وَالْحِكْمَةَ وَإِن كَانُواْ مِن قَبْلُ لَفِي ضَلالٍ مُّبِينٍ
“Ба яқин Худо бар мӯъминон миннат ниҳодзамоне ки паёмбаре аз худашон дар миёни онон барангехт, то оёти худро бар онҳо бихонад ва покашон гардонад ва китоб ва ҳикмат ба онон биёмӯзад, қатъан пеш аз он дар гумроҳии ошкоре буданд.” Сураи Оли Имрон, ояи 164.
هُوَ الَّذِي بَعَثَ فِي الْأُمِّيِّينَ رَسُولًا مِّنْهُمْ يَتْلُو عَلَيْهِمْ آيَاتِهِ وَيُزَكِّيهِمْ وَيُعَلِّمُهُمُ الْكِتَابَ وَالْحِكْمَةَ وَإِن كَانُوا مِن قَبْلُ لَفِي ضَلَالٍ مُّبِينٍ
“Ӯ (Худованд) он касе аст, ки дар миёни дарснахондаҳо фиристодае аз худашон барангехт, то оёти ӯро бар онон бихонад ва покашон гардонад ва китоб ва ҳикмат бар ишон биёмӯзад ва )онон( қатъан пеш аз он дар гумроҳии ошкоре буданд.” Сураи Ҷумъа, ояи 2.
Ба чанд нукта таваҷҷӯҳ кунем:
Худованд фармуд: Арсално яъне мо намояндае фиристодем. Бақара/151
Ҳамчунин фармуд: Баъаса яъне барангехт. Ба намояндаи худ ангезаи кофӣ дод, то ин маъмуриятро ба хубӣ анҷом диҳад. Оли Имрон/164 ва Ҷумъа/2
Сифоти Расулро ҳамонҳое зикр кард, ки ҳазрати Иброҳим ва Исмоил(а) баён карда буданд; 1) аз худи мардум, 2) дар миёни мардум, 3) дар хидмати мардум.
Дар вазоиф шумо инчунин фикр мекардед:
1) Тиловати оёт; 2) таълими китоб; 3) таълими ҳикмат; 4) тазкия ё ҳамон тарбият
Яъне аввал олим ва ҳаким бишав ва баъд одам.
Вале тартиби дурусташ ин аст:
1. Тиловати оёти илоҳӣ; 2. Тазкия ва тарбият; 3. Таълими китоб; 4. Таълими ҳикмат; 5. Таълими он чи, ки шумо намедонистед. Таълими улуме, ки фақат аз тариқи ваҳй бароятон мумкин аст.
Пас аввал одам бишав, баъд олим ва ҳаким...
Агар ин мароҳил ба дурустӣ тай шуд мардум аз гумроҳӣ наҷот меёбанд ва ҳадаф ҳам ҳамин аст.
Ҳоло ба ин мисол диққат кунем; Шумо агар пиёлаи олудаеро биёред ва бигӯед: Дар ин пиёла об бирез. Мегӯянд: Аввал тамизаш кун баъд об мерезем. Шояд бигӯед: Шумо чӣ кор доред, ман об мехоҳам. Мегӯянд: Агар бо зӯрӣ ҳам об бигирӣ, на худат метавонӣ бинушӣ ва на дигарон. Обро олуда мекунӣ ва ба замин мерезӣ, ки ин кор исроф ва гуноҳ аст. Пас бояд аввал пиёларо бо об бишӯӣ, то тамиз шавад, онгоҳ об мерезанд ва ту ҳам метавонӣ бихурӣ ва нуши ҷонат шавад.
Зарфи вуҷуди шумо ҳам анвоъ ва ақсоми олудагиҳои рӯҳӣ дорад. Худованд мефармояд: «فَالهَمَها فُجورَها و تَقوی ها
Сипас бадиҳо ва парҳезгориҳояшро ба ӯ (нафс) илҳом кард. Шамс / 8
Бояд ин фуҷур ва бадиҳои вуҷудатро бо тиловати оёти илоҳӣ тамиз кунӣ, он вақт илми китоб биёмузӣ. Ин илми китоб дар рӯҳи покат ҳикмат меоварад ва роҳҳоеро ба рӯят боз мекунад, ки худат наметавонистӣ боз кунӣ, чунки ту даст дар дасти чаҳор ҳаким гузоштӣ;
1. Худо. «إِنَّكَ أَنتَ العَزِيزُ الحَكِيمُ»
2. Китоби Худо (Қуръон) Ёсин/2 ва Юнус/2 Оли Имрон/78
3. Расули Худо(с), ки устоди ҳикмат аст
4. Аҳли байти Расули Худо(с), чунки Паёмбар(с) дар ҳадиси Сақалайн фармуд: Қуръон ва Аҳли байт(а) ҳеҷ вақт аз ҳамдигар ҷудо намешаванд. «لن یفترقا» Пас агар Қуръон ҳаким бошад, Аҳли байт(а) ҳам ҳаким ҳастанд.
Вақте дастатро дар дасти чаҳор ҳаким гузоштӣ ва бо онҳо маънус шудӣ, ҳаким мешавӣ, вале агар қабл аз дур кардани бадиҳо ва олудагиҳои рӯҳӣ, китобро биёмузӣ, ба хотири олудагиҳо, ба ҳикмат, ки намерасӣ ҳеҷ, балки ин илм бароят зарар дорад, чунки ҳам худат гумроҳ ва гирифтор мешавӣ ва ҳам дигаронро гирифтор ва гумроҳ мекунӣ ва ин илм ҳиҷоб ва монеи бузург мешавад ва фасоди олим сабаби фасоди олам мешавад.
Чӣ тавр бо хондани оёт тазкия ва тарбият ҳосил мешавад?
Оёти Қуръон монанди об олудагиҳои вуҷуди моро аз байн мебарад. Ба ин ҳодиса диққат кунед: Марде назди Расули Худо(с) омад ва гуфт: Ё Расулаллоҳ! Мехоҳам Қуръон ёд бигирам. Ҳазрат(с) сураи Зилзолро барояш ёд дод. Вақте расид ба ин оя: Дар он рӯз мардум (аз қабрҳо ба сурати гуруҳҳои) ҷудогона бозмеоянд, то амалҳояшон ба онҳо нишон дода шавад. Пас касе, ки ба андозаи заррае (кори) нек карда бошад, онро мебинад. Ва касе, ки ба андозаи заррае (кори) бад карда бошад, онро мебинад. Сураи Зилзол
 Он шахс бархосту гуфт: Ҳамин бароям кофӣ аст. Фаҳмидам, ки тамоми зарраҳои хубу бад ҳисобу китоб дорад. Онгоҳ рафт. Расули Худо(с) фармуд: Нодон омад, вале донишманд рафт. Биҳорул анвор
Чаро мо даҳҳо бор Қуръонро тиловат ва хатм кардаем, вале тағйири лозим накардаем ва тарбият нашудем?
Бояд бияндешем ва посух биёбем.
Неъмати рисолат ба қадре муҳим ва арзишманд аст, ки Худованд ба мӯъминин миннат мегузорад, чунки дар асари ин неъмат инсонҳои ҳақталаб аз гумроҳӣ наҷот меёбанд ва ҳидоят мешаванд.
Оё фақат мардуми Макка уммӣ ҳастанд?
Тамоми башарият, то рӯзи қиёмат уммӣ ҳастанд ва бояд сари суфраи ваҳй бинишинанд ва резахӯри он бошанд, чунки Худованд мефармояд: Ва ӯ (Расули Худо) ба шумо чизҳоеро меомузад, ки шумо наметавонистед онро бидонед.
Бино бар ин Расули Худо(с) барои чигуна намоз хондан фармуданд: Ба ман нигоҳ кунед ва бибинед, ки ман чигуна намоз мехонад шумо ҳам мисли ман бихонед. Ва аъмоли Ҳаҷро ҳам амалан анҷом дод, то мусулмонон ёд бигиранд.
Бо таваҷҷӯҳ ба оёти боло ва ҳадиси "Олимон ворисони анбиё(а) ҳастанд" мубаллиғ ва олими дин бояд бидонӣ;
Ту вориси анбиё(а) ҳастӣ, модоме ки ҳамон сифотро дошта бошӣ ва ҳамон вазоифро анҷом диҳӣ;
Намоянда ва мунтахаби Худо барои ин кор ҳастӣ;
Ангезаи истиқомат ва пойдорӣ дар баробари сахтиҳоро Худо ба ту додааст;
Бо тавфиқи ӯ ба ин роҳ омадаӣ;
Барои ту ҳазрати Иброҳим ва Исмоил(а) дуо карданд
Худо ҳам онро мустаҷоб кард ва ту натиҷаи истиҷобати дуои онон ҳастӣ
Бо воситаи кори ту Худованд мардумро аз гумроҳӣ наҷот медиҳад ва бар онҳо ҳуҷҷати худро тамом мекунад;
Ин неъмат ба андозе муҳим аст, ки Худованд бар мӯъминин миннат мегузорад.
Пас қадри худатро бидон ва худро барои ҳаводиси ин роҳ омода кун ва бо тавфиқи илоҳӣ ва тавассул ба авлиёӣ илоҳӣ(а) бо азми росих барои анҷоми рисолати пеши рӯ талош кун, ки ояндаи равшан дар пеши рӯ дорӣ.
Бош то субҳи давлаташ бидамад
К-ин ҳануз аз натоиҷи саҳар аст.
Таҳияи Саломуддин Маъниддин

четверг, 27 февраля 2014 г.

ЁД ХУДОВАНД

Бисёр пеш меояд, ки инсон дар тули сафар мақсадашро аз ёд мебарад. Фаромуш кардани ният ва ҳадаф, роиҷтарин нодонӣ аст, ки мардум муртакиб мешаванд.
Дарди инсон чист?
Чизҳое, ки ба онҳо арзишҳои инсонӣ гуфта мешавад ва маънавиёти инсонӣ ва меҳвари инсонияти инсон аст, шомили хеле чизҳо аст вале метавон ҳамаи арзишҳоро дар як арзиш хулоса кард ва он арзиш , дард доштан ва соҳиби дард будан, аст. Ҳар мактабе, ки дар дунё роҷеъ ба арзишҳои инсонӣ баҳс карда аст ; дарди мовароӣ , дардҳои узвӣ ва дардҳои муштараки инсон бо ҳар ҷондори дигар, дар инсонро ташхис додаанд.
Дарди инсон чист?
Баъзе фақат таваҷҷуҳашон рӯи дарди ғурбати инсон ва шабоҳат надоштан ва бегонагии инсон бо ин ҷаҳон аст чаро ки инсон ҳақиқате аст, ки аз асли худ ҷудо шуда ва дур монда, ва аз дунёи дигар барои анҷоми рисолате омада аст, ин дурмондагӣ аз асл аст, ки дар ӯ шавқу ишқ ва нолаю эҳсоси ғурбат офарида аст. Майли бозгашт ба асли ватан, яъне майл бозгашт ба Худо ки ӯро офаридааст. Аз биҳишт ронда шуда ва ба олами хок омада аст ва мехоҳад бори дигар ба биҳишт мавъуди худаш боз гардад. Албатта омаданаш ғалат набуд, барои анҷоми рисолате буда вале ба ҳар ҳол ин ҳиҷрон ҳамеша ӯро дар ҳоли нороҳати нигаҳдошта аст. Дарди инсон фақат дарди Худост, дарди дурӣ аз Ҳақ аст ва майли ӯ, майли бозгашт ба қурби Ҳақ ва ҷавори Худованди оламиён аст. Ва инсон ба ҳар мақом ва камоле ки бирасад,боз эҳсос мекунад, ки ба маъшуқи худ нарасида аст.

Инсон толиби камоли мутлақ:
Шахсе мегӯяд, дар яке аз мӯзейҳои хориҷӣ машғули тамошо будам, муҷассамаи як зани ҷавони бисёр зебоиро дидам ки рӯи як тахти хоб, хобида аст ва ҷавон бисёр зебое, ки як пояш рӯйи тахти хоб ва пои дигараш рӯи замин буд ва рӯяшро баргардонда буд,мисли касе ки мегурезад. Вақте ман инро дидам маънояшро нафаҳмидам, ки он пайкартарош аз тарошидани ин ду пайкар (пайкарҳои зан ва марди ҷавон,он ҳам на дар ҳоли ишқбозӣ, балки дар ҳоли гурези марди ҷавон аз зан) чи мақсаде дошта аст. Аз ашхосе, ки ворид буданд савол кардам ,гуфтанд: ин таҷассум фикри маъруфи Афлотун аст, ки мегӯяд инсон ҳар маъшуқе, ки дорад ибтидо бо як ҷазаба ва ишқ ва муҳаббати фаровон ба сӯи ӯ меравад вале ҳамин ки ба «висол» расид, ишқ дар онҷо дафн мешавад, «висол» маҳали дафн ишқ ва оғози дилзадагӣ ва танаффур ва фирор аст.
Дар ҳақиқат бо як чиз қалби башар ором мегирад ва аз ҳаяҷон ва ошуфтагӣ наҷот пайдо мекунад ва он ,ёди Худо ва унси бо Худо аст.
Чаро ингуна аст, ин масъала як амри ғайри табиӣ ва ғайри мантиқӣ ба назар мерасад, аммо онҳое ки дақиқтар дар ин масъала фикр кардаанд, онро ҳал кардаанд, гуфтаанд: масъала ин аст, ки инсон ончунон мавҷуде аст, ки наметавонад ошиқи маҳдуд бошад, наметавонад ошиқи фонӣ бошад ва наметавонад ошиқи чизе бошад, ки ба замон ва макон маҳдуд аст. Инсон ошиқи камоли бе ниҳоят аст ва ошиқи ҳеч чизи дигари нест, яъне ошиқи зоти Ҳақ аст, ошиқи Худост, ҳамон касе ки мункири Худост ошиқи Худост, ҳатто мункири Худо ки ба Худо дашном медаҳад, намедонанд, ки дар умқи сиришти худ ошиқи камоли бе поёнанд вале роҳро ва маъшуқро гум кардаанд.
Муҳиддин Арабӣ мегӯяд:
«ما احب احد غیر خالقه»
Ҳеч, инсоне ғайр аз Худои худашро дуст надошта аст, ва ҳануз дар дунё як нафар пайдо нашуда, ки ғайри Худоро дуст дошта бошад, локин Худои Мутаол дар зери ин номҳо пинҳон шудааст. Маслан Маҷнун хиёл мекунад, ки ошиқи Лайли аст. Ӯ аз умқи фитрат ва виҷдони худаш бе хабар аст. Бинобарин Муҳиддини Арабӣ мегӯяд: Паёмбарон наёмадаанд, ки ишқи Худо ва ибодат Худоро ба бандагон таълим диҳанд (чун ин амри фитрӣ дар ҳар инсоне аст) балки омадаанд ки роҳои дуруст ва нодурустро нишон даҳанд, омадаанд то бегӯянд: Эй инсон ту ошиқи камоли бе ниҳояти хиёл мекуни ки пул барои ту камоли бе поён аст, хиёл мекуни ки мансаб барои ту камоли мутлақ аст, хаёл мекуни ки зан барои ту камоли бе ниҳоят аст, ту чизи ғайр аз камоли бе поёнро намехоҳи вале хатто мекуни, пайғамбарон омадаанд, то инсонро аз хатто берун биёваранд.
Дард инсон он дард Худоӣ аст, ки агар пардаҳои иштибоҳот ва хаттоҳо аз пеши чашмаш канор раванд ва маъшуқи худро пайдо кунад, онро ба гунае ибодат мекунад, ки дар авлиёи Худо суроғ дорем.
Чунки Қуръон мегӯяд:
«الا بذکر الله تطمئن القلوب»
бидонед, ки фақат бо як чиз қалби башар ором мегирад ва аз ҳаяҷон ва ошуфтагӣ наҷот пайдо мекунад ва он ёди Худо ва унси бо Худо аст. Қуръон мегӯяд, агар башар хиёл кунад, ки бо расидан ба пулу сарват ва рафоҳат ба мақоми осоиш мерасад ва аз ошуфтагӣ ва нороҳатӣ ва шакокият берун меояд ,иштибоҳ кардааст. Қуръон намегӯяд набояд дунболи инҳо рафт балки, мегӯяд инҳоро бояд ба даст овард, аммо агар хиёл кунед, ки инҳо ҳастанд, ки ба инсон осоишу оромиш медаҳанд ва вақте ки башар ба онҳо расид, эҳсос мекунад ки ба камоли матлуби худ ноил шудааст, иштибоҳ мекунад, фақат бо ёди Худост ки дилҳо оромиш пайдо мекунад.

четверг, 20 февраля 2014 г.

Роҳи ворид шудан ба Биҳишт

Сипосу ситоиш нисори Офаридагор ва Парвардигори оламиён ва дуруду раҳмати фаровон бар равони поки хотами анбиё, Расули Худо ва бар хонадону ёронаш ва дўстдорону пайравонаш бод.
Марҳабо! Хуш омадӣ, эй модар ва хоҳари намозхону рўзадор, ибодаткунандаву тарсандаи Кирдигор.
- Сатрдору шармдор, бовиқору нармгуфтор.
-Таълимгирандаву таълимдиҳанда, огоҳшавандаву ҳифзкунанда, ростпўяндаву ростраванда.
Марҳабо! Хуш омадӣ, эй модар ва хоҳари вафокунанда бар аҳду амина, муҳаббатпарвари бе кина.
-Ростгўяндаву тасдиқкунанда, ҳақбинандаву ҳақшунаванда.
Хушо ба ҳолат, эй модар ва хоҳаре, ки сабркунандаи дар мусибату сахтиҳо, савобҷўяндаи аз роҳи сахо, тавбакунандаи аз гуноҳҳо, ислоҳшавандаи аз хатоҳо.
Хушо ба ҳолат, ки зикркунандаиву шукргузор, даъваткунандаиву ширингуфтор.
Офарин бар дидаи ҳақҷўят ва фаросати накўят, ки пайрав шудаи Осияро ва Маряму Хадиҷаро ва Оишаву Фотимаро.
- Тарбиятгари қаҳрамонон ва созандаи мардони майдон.
- Ғамхору парастори шавҳару фарзандон, нигаҳбону муҳофизатгари арзишҳои хонадон.
- Ғаюру ҷасур бар маҳориму муфсидон, дур аз ҳаромҳову палидон.
Оре! Бале! Офарин бар туву аҳсан ба ҳолат!
Офарин бар табассуми ту, ки муҳаббату дўстиро ба дигарон бармеангезад.
Аҳсан ба сухани зебоят, ки садақаҳои шаръиро бунёдгузорӣ мекунад ва кинаҳоро аз байн мебарад.
Марҳабо ба садақаи қабулшудаат, ки хушбахт мекунад мискинро ва хурсанд менамояд фақирро ва сер мегардонад гуруснаро.
Марҳабо ба ҳамнишиниат бо Қуръони маҷид, ки онро тиловат карда ва дар он тадаббур (андеша) мекунӣ ва бо он амал намуда тавбаву истиғфор менамоӣ.
Аҳсан ба бисёрии зикру истиғфорат ва дуъоҳои ҳамешагиат ва тавбаи дурустат, ки пешаи хеш қарор додаӣ.
Офарин ба ту барои тарбия намуданат фарзандонатро дар партави дини мубини Ислом ва омўзиши суннати хотимабахши рисолати илоҳӣ ҳазрати Муҳаммад (с) ва роҳнамоият ба он чизе, ки ба нафъи онҳост.
Аҳсан ба виқору ҳиҷобат, ки Худованд ба он амр намудааст ва ту онро истиқбол намудаӣ ва он аст роҳи ҳифзи номусу нанги ту.
Марҳабо ба сўҳбатат бо занони некрафторе, ки аз Худо метарсанд ва динро дўст медоранд ва шавҳарро эҳтиром мекунанд.
Офарин ба ту барои ба падару модар некӣ карданат ва силаи раҳм ва икроми ҳамсоя ва кафолати ятимон доштанат.
Аҳсан ба ту барои хондани судбахш ва мутолиъаи муфид ва истифодаат аз китобҳои роҳнамову ҳидоятгар.
Не, чунин макун !
- Тамоми умратро дар баҳсу мунозираҳои бефоида ва дўст доштани интиқомгирӣ сарф макун.
- Ҷамъ кардани молро бар саломатию хушбахтиат ва осоишу роҳатат муқаддам мадор.
- Хатоҳои дигаронро пайгирӣ кардаву онҳоро ғайбат манамо ва айбҳои худро фаромўш масоз.
- Дар доми нафси саркаш наафт ва он чӣ, ки талабу хоҳиш дорад ба вай мадеҳ.
- Вақти худро бо фориғболон зоеъ макун ва лаҳзаҳои умрро беҳуда сарф нанамо.
- Нисбати покии бадан ва хона ва хушбўйиҳо ва тартибу низом беаҳаммият мабош.
- Ба машруботи ҳаром ва сигору тамоми палидиҳо наздикӣ макун.
- Аз мусибату нокомиҳои гузашта ё фоҷиъаву бадбахтии анҷомёфта, ё хатоҳои ҳосилшуда ёдоварӣ макун.
- Охират ва амал кардан барои онро фаромўш масоз ва аз он рўз ғофил мабош ва дар ибодатҳо кўтоҳӣ макун.
- Молро дар корҳои ҳаром зоеъ макун ва дар амалҳои мубоҳ исроф манамо ва бахилу нотавонбин ҳам набош.(Доктор Оизи Қаранӣ)

Нуқотҳо ё андарзҳо барои хоҳарон

Худои бузургу тавоноро бисёр сипосгузорам. Дуруд  ба ҳами Шумо хоҳарон.

Ба номи Худованди ҷонофарин,
Ҳакими сухан дар забон офарин.

-Дар хотир дошта бош, ки Парвардигорат омурзишхоҳандаро меомурзад ва тавбаи тавбакунандаро мепазирад ва шахси ба сўяш ояндаро қабул мекунад.

-Ба бечорагон раҳму меҳрубонӣ кун то хушбахт шавӣ,
- ба муҳтоҷон ато намо то шифо ёбӣ,
- бадбиниҳоро таҳаммул намо, то саломат монӣ.

-Худо ҳамроҳи туст ва фариштагон бароят омурзиш мехоҳанд ва биҳишт интизори туст.

-Ашки чашмонатро бо некгумонӣ ба Парвардигорат пок намо ва бо ёдоварии неъматҳои Худованд ғамҳоятро дур бикун.

-Гумон макун, ки дунё барои касе комил шуда бошад. Дар рўйи замин касе нест, ки тамоми хостаҳояш ҳосил шуда бошад ва аз ғаму мушкилот эмин бимонад.

-Мисли дарахти хурмо олиҳиммат бош, ки аз озор додан барҳазар аст, чун бо санг онро мезанӣ меваашро бароят ҳадя медиҳад.

-Оё боре шунидаӣ, ки андўҳгин шудан, чизи аз даст рафтаро бозпас орад, ё ғамгинӣ хастагиро ислоҳ кунад? Пас ғаму андўҳ чӣ лозим?!.

-Нороҳатӣ ва фитнаи ҳаромро интизор мабош, балки эминӣ ва сиҳатию саломатиро бо хости Худо интизор шав, агар Худо хоҳад.

-Бо бахшидани тамоми шахсоне, ки бароят бадӣ кардаанд, оташи кинаро дар дилат хомўш бигардон.

-Ғуслу таҳорат, хушбўйию мисвок ва низому тартиб давоҳое ҳастанд, ки аз тамоми бадбахтию мушкилот бо хости Худо наҷотат мебахшанд.

-Монанди занбури асал бош, ки бар гулҳои хушбўй ва шохаҳои тару тоза менишинад.

-Ту барои айбҷўии мардум ва ҷамъ кардани хатоҳояшон вақт надорӣ.

-Агар Худо ҳамроҳи туст, пас аз кӣ хавф дорӣ? Ва агар Худо зидди туст, пас аз кӣ умед дорӣ?!

-Оташи ҳасад баданро мехўрад ва рашки зиёд оташи пинҳон аст.

-Агар имрўз омода нашавӣ, фардо дар ихтиёри ту нест.

-Аз маҷлисҳои баҳс ва мунозираҳои беҳуда бо саломатӣ дур шав.

-Бо рафтори писандидаат аз боғу бўстон ҳам зеботар бош.

-Амалҳои писандидаро анҷом бидеҳ, ки бо он хушбахттарини мардум хоҳӣ шуд.

-Халқро ба Холиқ, ҳосидро ба марг ва душманро ба фаромўшӣ супор.

-Лаззати ҳаром пушаймонию ҳасрат ва азоб аст.

-Тавоноиҳо ҳама ба дасти Худост.

-
Он чи гузашт, аз даст рафт ва таманно ғоиб аст ва он лаҳзаҳое, ки ту дар он зиндагӣ дорӣ, дар ихтиёри туст.


-«Ва Худо барои касоне, ки имон овардаанд, зани Фиръавнро мисол меорад, он гоҳ, ки гуфт: «Эй Парвардигори ман, барои ман дар биҳишт назди худ хонае бино кун ва маро аз Фиръавн ва амалаш наҷот деҳ ва маро аз мардуми ситамкор бираҳон!». (Сураи Таҳрим, ояти 11)
Пас андеша намо, ки чӣ гуна Худованд ин зан (Осия (р))-ро барои мўъминазанон мисоли зинда гардонидааст ва чӣ тавр ўро рамзу аломати ошкоро барои ашхосе кардааст, ки мехоҳанд дар ҳаёт ҳидоятёфта бошанд ва бо қонунҳои илоҳӣ зиндагӣ кунанд. Ин зан он қадар донову боақл буд, ки ҳамсоягии Парвардигори каримро талаб намуд ва ҳамсоягиро пеш аз хона зикр кард. Ва аз тоъати Фиръавни саркаш ва бедину гунаҳкор берун шуд. Ва зиндагии дигаргунаи қасри ўро бо ҳама хадаму ҳашам ва карру фараш барҳам зад ва хонаи поянда ва беҳтару зеботареро дар ҳамсоягии Парвардигори оламиён талаб намуд.
Ба ростӣ, вай бузургзане аст, ки ҳиммату садоқаташ ўро ба он оварда расонд, то ба шавҳари саркашаш сухани ҳақ ва имониро ошкоро гуфт. Пас, дар роҳи Худо азоб дода шуд ва охируламр ба раҳмати Ҳақ пайваст. Лекин Худованд (ҷ) ўро то рўзи қиёмат барои тамоми мўъминазанон, намунаи ибрату пайравӣ гардонд ва дар китобаш Қуръони карим номи ўро навишт ва мадҳу ситоишаш намуд ва шавҳари ўро, ки гумроҳшуда аз роҳи Ҳақ буд, мазаммат кард.
Некбин бош, гарчанде байни тўфон ҳам бошӣ.

Ба гўшам омад аз хоки мазоре,
Ки дар зери замин ҳам метавон зист.
Нафас дорад, валекин ҷон надорад,
Касе, к-ў бар муроди дигарон зист.

Ҳадя ва Раҳмати Парвардигор ба бонувоне,ки...

- Ба ҳар зани мусалмоне, ки ба парвардигории Аллоҳ таъоло ва ба пайравии дини мубини Ислом ва ба паёмбарии Муҳаммад (с) розӣ ва хушнуд аст.
- Ба ҳар ҷавондухтаре, ки роҳи ростро мепаймояд ва рисолати ростиро интихоб кардааст ва растагориро орзу дорад.
- Ба ҳар тарбиятгаре, ки бо каломаш ҷиҳод мекунад ва қадру қиммат ва шарафу иззаташро ҳифз намуда, дилу динашро пок медорад.
- Ба ҳар модаре, ки фарзандонашро ба парҳезкорӣ, худотарсӣ ва ахлоқи нек тарбият мекунад ва бо пайравии суннати Паёмбар (с) парвариш менамояд ва анҷом додани амалҳои нек ва писандидаро барояшон маҳбуб мегардонад.
- Ба ҳар зани мусалмоне, ки мушкилоти замона, нобасомониҳои рўзгор, дурии маҳбуби ғамгусор ва хорию зиллати бешумор ғамгину маҳзунаш кардаааст:
Мужда бароят хушхабар,эй модари хунинҷигар,
Ай хоҳари лахти ҷигар, эй духтари гулбарги тар.
Хушбахтии мову шумо, дар явми дин рўзи ҷазо,
Мақбули Яздон гаштан аст, андеша мебояд туро.
Аввал, ки ҳаст он муддаъо, имону ихлос бар Худо.
Ҳам бар малоику русул, баъдан кутуб омад қабул,
Бар рўзи охиру қадар, зиндашавӣ омад дигар,
Ҳафт рукни имон аст ин, роҳи яқин Ислом гузин.
Хушбахтию хурсандиро, доим намо ту ҷустуҷў,
Дар тоъати Парвардигор, ҳам дар ризомандии Ў.

понедельник, 27 января 2014 г.

Худованд сазовортар аст, ки аз ӯ битарсед, агар мӯъмин ҳастед

Худованд сазовортар аст, ки аз ӯ битарсед, агар мӯъмин ҳастед.

Тарс аз Худо инсонро ба роҳи рост ҳидоят мекунад ва аз корҳои нодуруст ва бад боз медорад. Ангезаи амали солеҳро дар инсон ба вуҷуд меоварад ва дар ниҳоят беҳтарин ҳадяе, ки касб мекунад ризояти Худованд аст.
Паёмбари Худо(с) фармуданд: Ҳар кас, ки аз Худои Азза ва Ҷалла битарсад, ҳамаи ашё аз ӯ битарсанд ва ҳар касе, ки аз Худо натарсад Худованд ӯро аз ҳар чизе битарсонад.
Имом Содиқ(а) фармуд: Сазовор аст, ки мӯъмин аз Худо чунон битарсад , ки гӯё бар лабаи дӯзах қарор дорад ва ба ӯ чунон умедвор бошад, ки гӯё аҳли биҳишт аст.
Ҳазрати Алӣ(а) мефармояд: "Мӯьмин ҳарчанд некӯкор бошад шабу рӯзро дар тарсу ҳарос ба сар мебарад, зеро ӯ миёни ду ҳолат ба сар мебарад: замоне, ки гузашта аст ва намедонад Худо бо ӯ чи карда аст (оё гунуҳонашро бахшида аст ё не) ва аҷале, ки наздик аст ва намедонад чи хатарҳо гиребонгираш хоҳад шуд". 

Дар ҳақиқат шоистатарин зот Худо аст, ки аз ӯ битарсем ва ин тарс хуб аст ҳамроҳ бо муҳаббат ва умедворӣ бошад. Тарс аз Худо мартабае аз маротиби дин ва фазилати инсонӣ аст. Мусулмонон бояд ҳамеша бо ёди Худо буда тарс аз азамат ва ҳайбати ӯ дошта бошанд. Варзишкорон ва афроди нерӯманд бояд бештар аз ҳама аз Худованд тарс дар дил дошта бошанд, то мабодо бо такя ба қувват ва қудрати худ даст ба корҳои ношоиста бизананд ва ноҳақ бар дигарон зулм кунанд.
Онҳо бояд ҳамеша тарс аз анҷоми гуноҳ, ғазаб кардан ва азоби Худо дошта бошанд. Ба ин маъно, ки дар тамоми корҳо ба ёди Худо буда Худоро ҳангоми анҷоми ҳар коре ҳозиру нозир бидонанд.
Инсон як мавҷуди саркаш ва якрав лаҷуҷ аст ва агар саҳифаҳои таърихро варақ бизанем ин ҳақиқат барои мо ошкор хоҳад шуд. Дар тӯли таърих касоне ҳам будаанд, ки аз Худо тарс надоштаанд ва бар қудрат ва нерӯмандии худ такя намуда Худоро фаромӯш кардаанд. Монанди Фиръавн, Намруд ва ғайра.
Худованд ҳам ҳамаи онҳоро хору залил намуда аз рӯи замин нобуд карда аст ва имрӯз аз онҳо ҷуз ба бадномӣ ёд намешавад.
Дар муқобили инҳо одамҳои худотарс ва солеҳе монанди паёмбарони Илоҳӣ ва муъминони некӯкор ҳастанд, ки бо доштани корҳои муъҷизаосо ва қудрати бадании фавқулодда, дар баробари фармони Худо комилан таслим буда дар тӯли таърих муаллим ва роҳнамои башарият будаанд. Пас чаро роҳу равиши ин мардони Худоро сармашқи зиндагии худ қарор надиҳем?
Ҳақиқатан варзиш инсонро мағрур ва мутакаббир мекунад, чун варзишкор худро аз дигарон як қадам болотар мепиндорад. Агар инсон худсохта ва пойбанд ба дастурҳои ахлоқӣ ва исломӣ набошад, наметавонад дар баробари ин сифоти бад ва паст муқовимат кунад. Маъмулан варзишкороне худхоҳ ва мутакаббир мешаванд, ки имонашон заиф аст ва ба аҳкоми шаръӣ пойбанд нестанд ё ин ки пойбанд ҳастанд, вале ба эътиқодҳо ва аҳлоқ ва арзишҳои исломӣ таваҷҷӯҳ ва аҳамияти лозим намедиҳанд
Аз ин рӯ варзишкор набояд Худоро фаромӯш кунад чунки майдатарин иштибоҳ ва дурӣ аз Худо сабаби ба фасод кашида шудани ӯ мешавад. Дар ин ҳангом аз ҳавоҳои нафсонӣ ва шайтонӣ пайравӣ намуда худашро ҳалок ва нобуд мекунад.

Мардони Худо ғайр аз Худованд аз ҳеҷ каси дигар тарс надоранд. Ин инсонҳои заиф ва нотавон ҳастанд, ки дар муқобили мушкилот ва дигарон метарсанд чун шайтон аст, ки инҳоро метарсонад. Шайтон корҳои кӯчакро барои инҳо бузург нишон медиҳад .
Қуръони Карим мефармояд:
إنَّمَا ذَلِكُمُ الشَّيطانُ يُخَوِّفُ اَولِيَاءَهُ فَلا تَخَافُوهُم وَ خَافُونِ إن كُنتُم مُؤمِنِينَ
Ин шайтон аст, ки дӯстонашро метарсонад пас агар мӯъмин ҳастед аз ӯ натарсед, балки аз ман битарсед . 
Инсон бояд дар тамоми ҳолот ба ёди Худо бошад, махсусан дар ҳоли хашму ғазаб, чун ёди Худо инсонро аз корҳои бад ва ношоиста боз медорад.
Варзишкорон ба василаи тарс аз Худо оромиши руҳӣ ва ҷисмиро ба даст оварда саломатии моддӣ ва маънавӣ ба даст меоварад ва дар ниҳоят тарс аз Худо сабаби ҳидоят ва растагории онҳо хоҳад шуд. 
Қуръони Карим мефармояд :
هُدیً وَ رَحمَةٌ لِلَّذِينَ هُم لِرَبِّهِم يَرهَبُونَ
(Қуръон) ҳидоят ва раҳмат барои касоне аст, ки аз Парвадигори худ метарсанд.
Варзишкор бояд таваҷҷӯҳ дошта бошад, ки тарс аз Худо инсонро ба роҳи рост ҳидоят мекунад ва аз корҳои нодуруст ва бад боз медорад. Ангезаи амали солеҳро дар инсон ба вуҷуд меоварад ва дар ниҳоят беҳтарин ҳадяе, ки касб мекунад ризояти Худованд аст. 
Қуръони Карим мефармояд :
رَضِيَ اللهُ عَنهُم وَ رَضُوا عَنهُ ذَلِكَ لِمَن خَشِيَ رَبِّه
Худованд аз онҳо розӣ аст ва онҳо аз Худо розӣ ҳастанд ва ин (мақоми бузург) барои касоне аст, ки аз Парвардигори худ метарсанд. 
مَن أمَنَ بِاللهِ وَ اليَومِ الاَخِر وَ عَمِلَ صَالِحًا فَلا خَوفٌ عَلَيهِم وَ لا هُم يَحزَنُون
Ҳар кас, ки ба Худованд ва рӯзи қиёмат имон оварда ва некӯкор бошад на тарсу биме доранд ва на ғамгин мешаванд. 

Оё вақти он нарасида аст, ки дилҳои мӯъминон дар баробари зикр ва ёди Худо ва ончи аз ҳақ нозил шуда аст хошеъ ва фурӯтан гардад

Пешниход барои занон дар мухаббат

Хоҳари хонандаи ман, мо дӯст дорем, ҳамеша дар хонаи ҳар яки шумо дустӣ ва меҳру муҳаббат ҳукмфармо бошад ва барои он дуо мекунем. Аз ин хотир барои хоҳарони бузургвор таҳқиқ ва пажуҳиши гурӯҳе аз занони шавҳардор ва ботаҷрибаро дар мавриди муносибат бо шавҳарони хеш пешкаш намоем, то битавонем, роҳкорҳои муносиберо дар ин бора бароятон ироа ва тақдим карда бошем.
1:  Барои шавҳарам беҳтарин либосро ба бар мекунам.
2: Ба бачаҳоям наҳваи истиқбол аз падарашонро ёд медиҳам мисле, ки  мегӯям падарро бибӯсанд ва барояш шеъру суруд бихонанд.
3:   Бо сухани хуш ва изҳори шодмонӣ аз ӯ истиқбол мекунам.
4:   Ба ҳангоми вуруд ба манзил ӯро мебусам.
5:  То замони нишастан ва иваз намудани либосҳояш ӯро ҳамроҳӣ мекунам.
6:  Аз ӯ дар бораи авзоъ ва аҳволи рузмарраи даврони  набуданаш дар манзил мепурсам.
7: Агар ташна бошад, барояш як пиёла об ё обмева меорам.
8: Талош мекунам, ки танҳо бӯи хуш аз ман ба машомаш бирасад.

Пазироӣ ва истиқбол аз меҳмонони шавҳар
9: Аз ҳузури онҳо истиқбол намуда хушҳол мешавам ва аз ҳузури онҳо изҳори нороҳатӣ намекунам.
10:  Меҳмонхона ва ҷои нишастани онҳоро мураттаб ва муназзам менамоям.
11: Ғазо ва нушиданӣ, ки дар  шаъну муносиби онҳо бошад, омода мекунам.
12: Бо занони дӯстонаш ошно шуда ва бо онҳо дустӣ ва муҳаббат  мекунам.

Хашми шавҳар
13: Талош мекунам, то ки ӯро ором намуда, эҳсосоташро контрол кунам, гарчӣ ҳақ бо ман ҳам бошад.
14:  Кӯшиш мекунам, то мавзӯъро баъд аз ин ки фаромӯш намуда, дубора бо равиши лаззат, бахшиш ва нармӣ шурӯъ кунам.
15:  Ман мухолифаш намебошам, ки  бо ҷавоби рад додан ӯро барангехта кунам.
16:  Талош мекунам, ки он шабро бидуни розӣ намуданаш нахобам.
17: Ҳадиси шарифи «Шавҳарат биҳишт…»- ро ба ёд меоварам.

Бемории шавҳар
18:  Бо баёни ҳикоятҳо ва достонҳои тасаллибахш бархе аз дардҳои ӯро сабук мекунам.
19:  Барои кумак ба ӯ наздаш менишинам.
20:  Такрор ба такрор навозишаш мекунам.
21:  Ин гуна ҷумла ва калимоти зебои ҳаммонанди онро такрор мекунам: - Ин хона бе будани ту сафо ва арзише надорад.
22:  Рафт, омад ва ҳаракоти бачаҳоро камтар мекунам, то ин ки озораш надиҳанд.
23:  Ҳамеша барояш лабханд мезанам.
24: Барои ӯ дуои шифо ва беҳбудӣ мекунам.
25:  Бархе аз корҳои нек ва аъмоли шоистаи ӯро баён мекунам .

Хоби шавҳар
26: Бистари хобро тамиз ва пок барояш омода мекунам.
27: Талош намуда ва алоқамандам,  ки бачаҳо зуд бихобанд.
28:  Хондани (ояти ояталкурсӣ)-ро пеш аз хоб ба ёдаш меорам.
29:  Ба ӯ ёдовар мешавам, то мутобиқи суннат бихобад, яъне, қабл аз хоб маъузатайнро се бор хонда ва ҳар бор дар  дастонаш пуф намуда ва то ҷое ки метавонад, дастонашро бар баданаш бикашад.
30:  Беҳтарин либосро барояш мепӯшам.
31: Бо шавҳарам шӯхӣ намуда, бо ӯ механдам.
32:  Бархе аз достонҳои муфидро барояш баён мекунам.

Сафари шавҳар
33: Либосҳояшро омода намуда ва муназзам дар ҷомадонаш мегузорам .
34:  Ниёзҳои атр ва хушбӯӣ заданашро бароварда мекунам.
35:  Бархе аз номаҳои моломоли  муҳаббатро бидуни огоҳии ӯ дар кифаш мегузорам ва ҳамчунин ришта, сӯзан ва дигар чизҳое, ки дар сафар лозим аст, дар кифаш мегузорам.
36:   Душашро  бо дархостҳои зиёд сангинтар намекунам .
37:   Бо ӯ болабханд худоҳофизӣ менамоям ва барояш дар ҳоли мусофират кормёбӣ орзӯ мекунам .
38:  Қуръони  кӯчакеро дар ҷайбаш мегузорам.
39:  То замоне ки аз сафар бармегардад, амволи хонавода ва хонаашро муҳофизат мекунам.
40:  Ва агар бо мошин сафар кунад, бархе аз хӯрокиҳоро барояш омода мекунам, то бо худ бибарад.

Дили падар ва модар бахусус дили модари шавҳарро ба даст овардан.
41:  Дар корҳои хона бо модари шавҳар кӯмак мекунам ва билохира агар маросими ҷашн ва  шодӣ бошад.
42:  Барои ҳадя додан ба ӯ авқоти муносиберо интихоб мекунам .
43: Барояш мева ва маводи хӯроки болаззат ва муносиберо омода намуда меоварам .
44:  Нисбат ба чизе, ки боиси нороҳатияш гардад, сухан намегӯям.
45:  Хӯбиҳои писараш, ки шавҳарам аст, бидуни айбҳояш барояш баён мекунам.
46:  Ман ҳамеша ва бо исрор  ва зиёд аз шавҳарам мехоҳам то ба дидори модараш рафта ва ба ӯ некӣ кунад.
47:  Ва замони мулоқот бо ӯ алоқа дорам, то фарзандонам, ки  набераҳои  ӯянд, наздики ман бошанд, то боиси нороҳатӣ ва заҷрдиҳии  ӯ нагарданд.
48:   Гоҳе вақтҳо ман аз шавҳарам дархост мекунам, то ки аз бозор барои модараш чизе харида, ба хонаи модараш бурда ва он ҷо шом бихӯрад.
49:  Ба дӯстони модари шавҳарам эҳтиром гузошта, пазироӣ мекунам .

Умури мутафарриқа
50:  Ҳар гоҳ аз сари кораш дертар ба манзил биояд бо ӯ тамос мегирам ва иллаташро аз ӯ ҷуё мешавам.
51:  Аз чизҳое, ки харидорӣ мекунад, таъриф мекунам.
52:  Ҳамон ғизоеро мепазам, ки дӯсташ медорад.
53:  Барои танаввуъ ҳарчанд гоҳе асосҳои  манзилро ҷобаҷо мекунам.
54:  Ҳаммонанд ин ҷумларо барояш зиёд такрор мекунам (азизам .....нури чашмам..).
55:  Бо ӯ  мусобиқа барои нишастан барои намози субҳ баргузор мекунам.
56:  Ӯро дар ғамҳоям  шарик намуда ва ба назариёти ӯ амал мекунам.
57:  Ҳарчанд гоҳе ва хусусан  рӯзи ҷумъа либос ва баданашро атр мезанам.
58:  Дар дархосҳоям аз мантиқӣ будан ва ҳамеша ин зарбулмасалро истифода мебарам (зан фақат шавҳар мехоҳад ва чун ӯро ба даст оварад,  ҳама чиз мехоҳад).
59:  Бисёр муштоқ ва ёдгирии ҳар навъ саргарми ҷадид ва пухтупаз ва ҳунари тозаам, то ҳар рӯз аз ман чизи наверо мушоҳида кунад.
60:  Ҳар рӯз субҳ корҳоеро ки бояд анҷом диҳад, ба ёдаш меандозам.
61:  Ин назарияро  зинда мекунам (мо бар умури дунявӣ ба якдигар ихтилоф намекунем ) лизо ҳар ном гузорӣ, фарзанд ё харид васоил ва сомон барои манзил ва ё ҳар навъ ғизои ихтилоф намекунам.
62:  Дар худам тайғири шакл эҷод  мекунам, монанди кӯтоҳ намудани мӯй ва ороиш (ва дигар умур дӯст дошта бошад).
Нармӣ намудан ва нармбистар шудан
63:  Аз ҷое, ки аз зарф нӯшида, менушам.
64: Фазои муносиберо барояш тайёр намуда ва ба ӯ нишон медиҳам ки ба ӯ алоқамандам ва ӯро мебусам.
65:  Дар гуфтугӯйҳои ҷинсӣ аз бархе калимоти таҳриккунанда ва барангезанда ҳаммонанди ашъор ва суханони муносиб ва ҳамчунин даст заданҳо ва ламсҳои гуногун кор мегирам.
66: Ҳарчанд гоҳе дар шароит ва навои бархӯрд бо шавҳарам тайғир эҷод мекунам.
67:  Дар ба ҳаяҷон андохтан ва барангехта кардани эҳсосоти ӯ аз равишҳои гуногуни истифода мекунам.
68:  Ман шарики манфӣ ва мухолиф ӯ намебошам, балки бо эҳсосоти  отифи ва ҷисмонӣ, ҳарчӣ бештар худамро бо ӯ наздик менамоям.
69:  Тамоми ҷисмамро хушбӯӣ мезанам.
70:  Пеш аз наздикӣ ва ҳамбистар шудан бо лабханд ва ханда аз ӯ истиқбол мекунам.
71:  Пеш аз наздикӣ бо у шухӣ ва бозӣ ва ибрози муҳаббат мекунам.
Ин назарияҳо танҳо як хаёлоти зиндагӣ нест, ки танҳо бо хондан  басанда шаванд, балки агар ҳар хонуме онҳоро ба хотири ризогии Аллоҳ анҷом диҳад, аз аҷр ва савоб баҳраманд хоҳад шуд ва зиндагии ширин ва ороме ҳамроҳи шавҳари худ ва хонадони шавҳари худ хоҳад дошт.

пятница, 24 января 2014 г.

Муҳаммад (с.а.с) раҳнамои башарият

Дар ҳар давру замоне Худованд ба миллатҳои гуногун паёмбареро аз миёни онҳо интихоб мекард, то ба мардум роҳу равиши дурусти зиндагӣ ва оини ибодатро таълим диҳанд. Чунончи, дар сураи "Наҳл", ояти 36 таъкид шудааст: "Аз миёни ҳар миллате паёмбареро интихоб карда, ба сӯи онон фиристодаем, то ба ишон бигӯянд: -Худоро бипарастед ва аз Тоғут (Шайтону бутону ситамгарон...) дурӣ ҷӯед".
Пайғамбарони пешин танҳо ба сӯи миллати худ фиристода мешуданд, аммо ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам фиристодаи Худо ба сӯи тамоми инсу ҷин мебошанд. Дар ин хусус Парвардигори оламиён дар Қуръони Маҷид хабар медиҳад: "(Эй Муҳаммад), мо туро ба сӯи тамоми мардум фиристодем, то башоратдиҳандаи некӯкорон ва тарсонандаи бадкорон бошӣ, вале аксари мардум ин ҳақиқатро намефаҳманд".
Имом Тирмизӣ аз Ибни Аббос разияллоҳу анҳу ривоят мекунанд, ки ҳазрати Муҳаммад (саллаллоху алайхи вассалам) фармудаанд: "Бо Худо муҳаббат варзед, зеро ба шумоён рӯзӣ медиҳад ва бо ман муҳаббат варзед, зеро Худованди Мутаъол маро дӯст медорад". Дар шарҳи ин ҳадис аллома Ашрафъалии Таҳонавӣ фармудааст:
-Ин гуфтаҳо маънии онро надорад, ки ба Худо танҳо ба сабаби ризқрасониаш дӯстӣ варзед. Неъматҳои Худо бешумор аст. Аз ин рӯ, агар баъзеи онҳоро мо дарк карда натавонем ҳам, рӯзирасонии Худовандро ҳамеша дар мадди аввал ҳис мекунем. Бинобар ҳамин, ба таври мисол исми "рӯзирасонӣ" зикр гардид, ки лоақал ба хотири ҳамин неъмати инкорнопазир Ӯро дӯст доштан лозим.
Як нафар рустоӣ ба назди Паёмбар (саллаллоху алайхи вассалам) омада арз кард: -Эй Расули Худо (саллаллоху алайхи вассалам), қиёмат кай хоҳад шуд?
Расулуллоҳ (саллаллоху алайхи вассалам) ба ӯ гуфтанд: - Шумо барои қиёмат чӣ тайёрӣ дидаед, ки ин қадар алоқаманди фарорасии он ҳастед?
Марди рустоӣ ҷавоб дод: -Ман барои қиёмат намози рӯзаи зиёде тайёр накардаам, аммо як чиз дорам, ки ин муҳаббат ба Худову Паёмбари Ӯст.
Ҳазрати Муҳаммад (саллаллоху алайхи вассалам) фармудаанд: - Инсон рӯзи қиёмат бо касе хоҳад буд, ки ӯро дӯст медорад.
Чӣ муждаи азиме дар ин ҳадис зикр гардид, ки агар захираи зиёде аз ибодати нофила надошта бошед ҳам, бо муҳаббати Худову Расулаш ин неъмати бузург (ҳамроҳ будан бо Пайғамбар) ба даст хоҳад омад.
Ҳазрати Муҳаммад (саллаллоху алайхи вассалам) субҳи душанбеи 12 Рабеулаввал (соли 571) мелодӣ дар Маккаи Мукаррама ба дунё омадаанд. Ишон аз овони хурдсолӣ бо хулқу атвори нек, раҳмдилӣ, ростгӯӣ ва амонатдориашон машҳур буданд. Аз ин рӯ, мардум он касро бо эҳтиром "Амин" мегуфтанд. Дар овони чилсолагӣ ба ҳазрати Муҳаммад (саллаллоху алайхи вассалам) ваҳйи нахустин нозил шуд. Қариб дар ҳар шумораи ҳафтаномаамон аз ахлоқи ҳамидаю гуфтаҳои он ҳазрат (саллаллоху алайхи вассалам) ёдовар мешавем. Аз ин рӯ, дар хусуси зиндагиномаи Паёмбари Акрам (саллаллоху алайхи вассалам) ин ҷо мухтасар ёдрас шудем. Аксар олимону мутафаккирони ҷаҳон хизматҳои ҳазрати Муҳаммад (саллаллоху алайхи вассалам)-ро дар тарбияи башарият ва пешрафти фарҳангу тамаддуни ҷаҳонӣ таъкид кардаанд. Чунончӣ, Ҳётеи олмонӣ (1749-1832) гуфтааст: "Агар таълим ва ҳақиқати ислом қонуну дастурҳоест, ки дар "Қуръон" ба Муҳаммад (саллаллоху алайхи вассалам) нозил шудааст, пас мо ҳама мусулмонем".
Мутафаккири англис, дорандаи ҷоизаи Нобел Бернард Шоу (1856-1950) иқрор шудааст: "Ман ҳамеша дини Муҳаммад (саллаллоху алайхи вассалам)-ро бо эҳтироми бисёр нигаристаам... Ба назари ман (ислом) танҳо динест, ки дорои татбиқ бо давраҳои мухталифи зиндагии озодро дошта, аҳкоми он ба ҳар давра ва замон созгор аст".
Мо, ки худро пайрави оини Муҳаммад (саллаллоху алайхи вассалам) мешуморем, бояд боварӣ дошта бошем, ки:
1.Ҳар сухану ҳарфе, ки Расулуллоҳ (саллаллоху алайхи вассалам) ба ҷаҳониён эълом доштаанд, аз тарафи Худо ва бо дастури Ӯ будааст.
2.Тамоми он гуфтаҳо рост ва ҳаққанду дар онҳо шакке нест.
3.Худованд Пайғамбарро барои он интихоб кардааст, ки ба воситаи вай аҳкоми худро ба бандагонаш расонад.
4.Ба меъроҷ рафтани Расулуллоҳ (саллаллоху алайхи вассалам) ҳақ аст.
5.Рӯзи қиёмат нахустин касе, ки аз қабр бармехезад ва аввалин касе, ки ба Биҳишт ворид мешавад, ӯст.
Салавоти Худо ба ҳазрати Муҳаммад ва олу асҳобаш бод!
Ҳазрати Муҳаммад (с) 12 Рабеулаввал, рӯзи душанбе дар соли «Омулфил» ба дунё омадаанд. Силсилаи насаби он ҳазрат (салаллоҳу алайҳи ва саллам) аз тарафи падар чунин аст: Муҳаммад (с) ибни Абдуллоҳ ибни Абдулмуталлиб ибни Ҳошим ибни Абдуманоф ибни Қусай ибни Килоб ибни Мурра ибни Каъб.
Насаби Расули Акрам (с) аз тарафи падариву модарӣ дар Килоб ибни Мурра якҷо мешавад. Баъд аз таваллуд ҳазрати Муҳаммад (с) чанд рӯз бо модари гиромии худ Бибӣ Омина буданд. Баъд аз он Сувайба разияллоҳу анҳо, ки канизи озодшудаи Абӯлаҳаб буд, он ҳазратро шир дод. Вақте ки Сувайба Абӯлаҳабро аз таваллуд шудани ҳазрати Муҳаммад (с) башорат дод, Абӯлаҳаб аз хурсандӣ Сувайбаро, ки канизакаш буд, озод намуд. Сувайба инчунин амаки ҳазрати Муҳаммад (с) Амир Ҳамза (р) –ро низ шир дода буд.
Ҳамин тавр Амир Ҳамза бародари ширхӯраи ҳазрати Муҳаммад (с) шуд.
Дар «Саҳеҳ»-и Имом Бухорӣ нақл аст, ки Расули Акрам (с) Сувайбаро бисёр икром мекарданд, вақте он Ҳазрат (с) бо «Умми мӯъминон» Хадиҷа (р) никоҳ карданд, Сувайба (р) ҳузур дошт. Баъд аз Ҳиҷрат ҳазрати Муҳаммад (с) ба Сувайба ҳадя мефиристоданд. Вақте Маккаи Мукаррама фатҳ шуд, он Ҳазрат аз Сувайба ва писари ӯ Масрӯҳ суроғ карданд. Ба ишон гуфтанд, ки ҳар дуи онҳо вафот кардаанд. Боз пурсиданд, ки ягон хеш дорад, ки ба онҳо эҳсон кунам? Мардум гуфтанд, ки ягон хешу ақрабо надорад.
Абӯлаҳабро баъди вафоташ касе дар хоб дид, ки бисёр ҳоли бад дошт. Пурсид, ки «Эй Абӯлаҳаб, чӣ ҳол дорӣ?» Гуфт: «Баъд аз марг ҳеҷ роҳатро надидаам. Танҳо ба хотири он ки Сувайбаро озод кардаам, дар ивази он ба андозаи сари ангушт бароям об дода мешавад». 
Баъд аз Сувайба ҳазрати Ҳалимаи Саъдия разияллоҳу анҳо он Ҳазратро шир дода буд. Дар араб одат буд, ки мардуми ашроф кӯдакони худро ба деҳаҳо мефиристоданд, зеро ки обу ҳавои деҳа соф буд. Инчунин кӯдакон бо забони фасеҳ сухан гуфтанро меомӯхтанд. Ҳазрати Ҳалимаи Саъдия бо вуҷуди ятим буданаш ҳазрати Муҳаммад (с)-ро ба умеди баракат барои ширдиҳӣ гирифт. Худованд ба ӯ ба хотири гумони некаш баракат дод.
Ҳалима (р) он рӯзҳоро ба ёд оварда мегӯяд: - Вақте ин тифл (ҳазрати Муҳаммад)-ро дар бағал гирифтам, қаблан пистонам комилан холӣ буд. Дарҳол дар он шир ҳосил шуд, ки ҳам Муҳаммад (с) ва ҳам бародари разоӣ (ширхӯра)-аш сер шуданд. Вақте азми дӯшидани шутурро кардам, дидам, ки пистони шутур ҳам комилан аз шир пур шудааст. Пас бо шавҳари худ бисёр шир нӯшидему шабро бе ташвиш паси сар кардем. Субҳ шавҳарам гуфт: «Огоҳ бош, эй Ҳалима, ки тифли бобаракатеро ба тарбия гирифтаӣ.
Чун Муҳаммад (с) бузург шуданд, чанд сол дар тарбияи амакаш Абӯтолиб (падари ҳазрати Алӣ разияллоҳу анҳу) буданд. Мардуми Макка ишонро барои ахлоқи накӯяшон дӯст медоштанд ва «Амин» (боваринок). Шахсе, ки ба ӯ эътимод кардану амонат гузоштан мумкин) лақаб гузошта буданд.
Дар синни 40 – солагӣ Ҷибриил барояшон ваҳйи илоҳӣ оварду паёмбар шудани ишонро башорат дод. Муддати 23 сол мардумро ба парастиши Аллоҳ, пайравии ахлоқи накӯ даъват намуданд.
Анас ибни Молик (р) мефармояд, ки Расули Акрам (с) фаҳшгӯ, лаънаткунанда ва дашномзананда набуданд ва дар вақти ғазаб мефармуданд: «Чӣ шуда ба ӯ? (яъне, чӣ гап шудааст, ки ин амалро анҷом додааст?) Хоколуд шавад пешонии ӯ!»
Мурод аз хоколуд шудани пешонӣ дар роҳи Худо саҷдаю ибодатро зиёд кардан аст. Яъне, он Ҳазрат дар ҳоли аз касе норозӣ будан дар ҳаққаш дуои нек мекарданд