четверг, 20 февраля 2014 г.

Роҳи ворид шудан ба Биҳишт

Сипосу ситоиш нисори Офаридагор ва Парвардигори оламиён ва дуруду раҳмати фаровон бар равони поки хотами анбиё, Расули Худо ва бар хонадону ёронаш ва дўстдорону пайравонаш бод.
Марҳабо! Хуш омадӣ, эй модар ва хоҳари намозхону рўзадор, ибодаткунандаву тарсандаи Кирдигор.
- Сатрдору шармдор, бовиқору нармгуфтор.
-Таълимгирандаву таълимдиҳанда, огоҳшавандаву ҳифзкунанда, ростпўяндаву ростраванда.
Марҳабо! Хуш омадӣ, эй модар ва хоҳари вафокунанда бар аҳду амина, муҳаббатпарвари бе кина.
-Ростгўяндаву тасдиқкунанда, ҳақбинандаву ҳақшунаванда.
Хушо ба ҳолат, эй модар ва хоҳаре, ки сабркунандаи дар мусибату сахтиҳо, савобҷўяндаи аз роҳи сахо, тавбакунандаи аз гуноҳҳо, ислоҳшавандаи аз хатоҳо.
Хушо ба ҳолат, ки зикркунандаиву шукргузор, даъваткунандаиву ширингуфтор.
Офарин бар дидаи ҳақҷўят ва фаросати накўят, ки пайрав шудаи Осияро ва Маряму Хадиҷаро ва Оишаву Фотимаро.
- Тарбиятгари қаҳрамонон ва созандаи мардони майдон.
- Ғамхору парастори шавҳару фарзандон, нигаҳбону муҳофизатгари арзишҳои хонадон.
- Ғаюру ҷасур бар маҳориму муфсидон, дур аз ҳаромҳову палидон.
Оре! Бале! Офарин бар туву аҳсан ба ҳолат!
Офарин бар табассуми ту, ки муҳаббату дўстиро ба дигарон бармеангезад.
Аҳсан ба сухани зебоят, ки садақаҳои шаръиро бунёдгузорӣ мекунад ва кинаҳоро аз байн мебарад.
Марҳабо ба садақаи қабулшудаат, ки хушбахт мекунад мискинро ва хурсанд менамояд фақирро ва сер мегардонад гуруснаро.
Марҳабо ба ҳамнишиниат бо Қуръони маҷид, ки онро тиловат карда ва дар он тадаббур (андеша) мекунӣ ва бо он амал намуда тавбаву истиғфор менамоӣ.
Аҳсан ба бисёрии зикру истиғфорат ва дуъоҳои ҳамешагиат ва тавбаи дурустат, ки пешаи хеш қарор додаӣ.
Офарин ба ту барои тарбия намуданат фарзандонатро дар партави дини мубини Ислом ва омўзиши суннати хотимабахши рисолати илоҳӣ ҳазрати Муҳаммад (с) ва роҳнамоият ба он чизе, ки ба нафъи онҳост.
Аҳсан ба виқору ҳиҷобат, ки Худованд ба он амр намудааст ва ту онро истиқбол намудаӣ ва он аст роҳи ҳифзи номусу нанги ту.
Марҳабо ба сўҳбатат бо занони некрафторе, ки аз Худо метарсанд ва динро дўст медоранд ва шавҳарро эҳтиром мекунанд.
Офарин ба ту барои ба падару модар некӣ карданат ва силаи раҳм ва икроми ҳамсоя ва кафолати ятимон доштанат.
Аҳсан ба ту барои хондани судбахш ва мутолиъаи муфид ва истифодаат аз китобҳои роҳнамову ҳидоятгар.
Не, чунин макун !
- Тамоми умратро дар баҳсу мунозираҳои бефоида ва дўст доштани интиқомгирӣ сарф макун.
- Ҷамъ кардани молро бар саломатию хушбахтиат ва осоишу роҳатат муқаддам мадор.
- Хатоҳои дигаронро пайгирӣ кардаву онҳоро ғайбат манамо ва айбҳои худро фаромўш масоз.
- Дар доми нафси саркаш наафт ва он чӣ, ки талабу хоҳиш дорад ба вай мадеҳ.
- Вақти худро бо фориғболон зоеъ макун ва лаҳзаҳои умрро беҳуда сарф нанамо.
- Нисбати покии бадан ва хона ва хушбўйиҳо ва тартибу низом беаҳаммият мабош.
- Ба машруботи ҳаром ва сигору тамоми палидиҳо наздикӣ макун.
- Аз мусибату нокомиҳои гузашта ё фоҷиъаву бадбахтии анҷомёфта, ё хатоҳои ҳосилшуда ёдоварӣ макун.
- Охират ва амал кардан барои онро фаромўш масоз ва аз он рўз ғофил мабош ва дар ибодатҳо кўтоҳӣ макун.
- Молро дар корҳои ҳаром зоеъ макун ва дар амалҳои мубоҳ исроф манамо ва бахилу нотавонбин ҳам набош.(Доктор Оизи Қаранӣ)

Комментариев нет:

Отправить комментарий