четверг, 20 февраля 2014 г.

Нуқотҳо ё андарзҳо барои хоҳарон

Худои бузургу тавоноро бисёр сипосгузорам. Дуруд  ба ҳами Шумо хоҳарон.

Ба номи Худованди ҷонофарин,
Ҳакими сухан дар забон офарин.

-Дар хотир дошта бош, ки Парвардигорат омурзишхоҳандаро меомурзад ва тавбаи тавбакунандаро мепазирад ва шахси ба сўяш ояндаро қабул мекунад.

-Ба бечорагон раҳму меҳрубонӣ кун то хушбахт шавӣ,
- ба муҳтоҷон ато намо то шифо ёбӣ,
- бадбиниҳоро таҳаммул намо, то саломат монӣ.

-Худо ҳамроҳи туст ва фариштагон бароят омурзиш мехоҳанд ва биҳишт интизори туст.

-Ашки чашмонатро бо некгумонӣ ба Парвардигорат пок намо ва бо ёдоварии неъматҳои Худованд ғамҳоятро дур бикун.

-Гумон макун, ки дунё барои касе комил шуда бошад. Дар рўйи замин касе нест, ки тамоми хостаҳояш ҳосил шуда бошад ва аз ғаму мушкилот эмин бимонад.

-Мисли дарахти хурмо олиҳиммат бош, ки аз озор додан барҳазар аст, чун бо санг онро мезанӣ меваашро бароят ҳадя медиҳад.

-Оё боре шунидаӣ, ки андўҳгин шудан, чизи аз даст рафтаро бозпас орад, ё ғамгинӣ хастагиро ислоҳ кунад? Пас ғаму андўҳ чӣ лозим?!.

-Нороҳатӣ ва фитнаи ҳаромро интизор мабош, балки эминӣ ва сиҳатию саломатиро бо хости Худо интизор шав, агар Худо хоҳад.

-Бо бахшидани тамоми шахсоне, ки бароят бадӣ кардаанд, оташи кинаро дар дилат хомўш бигардон.

-Ғуслу таҳорат, хушбўйию мисвок ва низому тартиб давоҳое ҳастанд, ки аз тамоми бадбахтию мушкилот бо хости Худо наҷотат мебахшанд.

-Монанди занбури асал бош, ки бар гулҳои хушбўй ва шохаҳои тару тоза менишинад.

-Ту барои айбҷўии мардум ва ҷамъ кардани хатоҳояшон вақт надорӣ.

-Агар Худо ҳамроҳи туст, пас аз кӣ хавф дорӣ? Ва агар Худо зидди туст, пас аз кӣ умед дорӣ?!

-Оташи ҳасад баданро мехўрад ва рашки зиёд оташи пинҳон аст.

-Агар имрўз омода нашавӣ, фардо дар ихтиёри ту нест.

-Аз маҷлисҳои баҳс ва мунозираҳои беҳуда бо саломатӣ дур шав.

-Бо рафтори писандидаат аз боғу бўстон ҳам зеботар бош.

-Амалҳои писандидаро анҷом бидеҳ, ки бо он хушбахттарини мардум хоҳӣ шуд.

-Халқро ба Холиқ, ҳосидро ба марг ва душманро ба фаромўшӣ супор.

-Лаззати ҳаром пушаймонию ҳасрат ва азоб аст.

-Тавоноиҳо ҳама ба дасти Худост.

-
Он чи гузашт, аз даст рафт ва таманно ғоиб аст ва он лаҳзаҳое, ки ту дар он зиндагӣ дорӣ, дар ихтиёри туст.


-«Ва Худо барои касоне, ки имон овардаанд, зани Фиръавнро мисол меорад, он гоҳ, ки гуфт: «Эй Парвардигори ман, барои ман дар биҳишт назди худ хонае бино кун ва маро аз Фиръавн ва амалаш наҷот деҳ ва маро аз мардуми ситамкор бираҳон!». (Сураи Таҳрим, ояти 11)
Пас андеша намо, ки чӣ гуна Худованд ин зан (Осия (р))-ро барои мўъминазанон мисоли зинда гардонидааст ва чӣ тавр ўро рамзу аломати ошкоро барои ашхосе кардааст, ки мехоҳанд дар ҳаёт ҳидоятёфта бошанд ва бо қонунҳои илоҳӣ зиндагӣ кунанд. Ин зан он қадар донову боақл буд, ки ҳамсоягии Парвардигори каримро талаб намуд ва ҳамсоягиро пеш аз хона зикр кард. Ва аз тоъати Фиръавни саркаш ва бедину гунаҳкор берун шуд. Ва зиндагии дигаргунаи қасри ўро бо ҳама хадаму ҳашам ва карру фараш барҳам зад ва хонаи поянда ва беҳтару зеботареро дар ҳамсоягии Парвардигори оламиён талаб намуд.
Ба ростӣ, вай бузургзане аст, ки ҳиммату садоқаташ ўро ба он оварда расонд, то ба шавҳари саркашаш сухани ҳақ ва имониро ошкоро гуфт. Пас, дар роҳи Худо азоб дода шуд ва охируламр ба раҳмати Ҳақ пайваст. Лекин Худованд (ҷ) ўро то рўзи қиёмат барои тамоми мўъминазанон, намунаи ибрату пайравӣ гардонд ва дар китобаш Қуръони карим номи ўро навишт ва мадҳу ситоишаш намуд ва шавҳари ўро, ки гумроҳшуда аз роҳи Ҳақ буд, мазаммат кард.
Некбин бош, гарчанде байни тўфон ҳам бошӣ.

Ба гўшам омад аз хоки мазоре,
Ки дар зери замин ҳам метавон зист.
Нафас дорад, валекин ҷон надорад,
Касе, к-ў бар муроди дигарон зист.

Комментариев нет:

Отправить комментарий