Хонаводаги ва эҳтироми шавҳар



Паёмбари Худо (с) фармудаанд: “Некимонтарини мардум, хушахлоқтарини онҳо ва касе ки бо хонадонаш меҳрубонтар аст. Ман меҳрубонтарин шахс ба хонадонам ҳастам.
Дар ин навиштор, ривоятҳоеро гирд овардам, ки дар мавзӯи чигунагии рафтор ва кирдори марду зан бо якдигар ва ҳамчунин ҳар як аз онҳо бо фарзандон ва соири инсонҳо мебошад. Бештари ин ривоётро аз китоби арзишманди “Оиладорӣ аз нигоҳи Қуръон ва суннат” нақл мекунам ва аксари онҳо ривоёти саҳеҳа ҳастанд; касе ки мехоҳад бо санади ин ривоёт ошно гардад, ба ин китоб муроҷеа намояд.
1. Хушрафторӣ:
1. Қуръони Карим: “Бо онон (занон) ба некӣ рафтор кунед.” (Нисо/19)
2. Дар ривоят аст, ки: “Мард барои идораи хона ва оилааш ба се хислат ниёз дорад, ки бояд онҳоро ба кор гирад гарчи ин хислатҳо дар табиат ва даруни ӯ набошад: хушрафторӣ, гушодадастии санҷида ва ғайрат барои номусдорӣ.”
2. Хушахлоқӣ:
1. Паёмбари Худо (с): “Бо хонадон, ҳамсоягон ва касоне ки бо онон муошират ва ҳамнишинӣ дорӣ, хушахлоқ бош, то назди Худованд дар дараҷоти баланд қарор гирӣ.”
2. Дар Муснади Ибни Ҳанбал ба нақл аз Абӯабдуллоҳи Ҷадалӣ омадааст: “Ба Оиша (р) гуфтам: Ахлоқи Паёмбари Худо (с) бо хонаводааш чӣ гуна буд? Гуфт: Некхӯтарини мардум буд; на дашном медод ва на бадзабонӣ мекард ва на аҳли ҳаёҳу кардан дар кӯчаю бозор буд ва на бадиро бо бадӣҷуброн мекард, балки мебахшид ва гузашт мекард.”
3. Паёмбари Худо (с): “Дар рӯзи қиёмат касе аз шумо ба ман наздиктар менишинад, ки хушхӯтарини шумо бошад ва барои оилааш беҳтарин кас бошад.”
4. Паёмбари Худо (с): “Некимонтарини мардум, хушахлоқтарини онҳо ва касе ки бо хонадонаш меҳрубонтар аст. Ман меҳрубонтарин шахс бо хонадонам ҳастам.”
5. Паёмбари Худо (с): “Комилтарини мӯъминон дар имон касе аст, ки хушахлоқтарин ва бо хонаводааш меҳрубонтарин бошад.”
6. Дар Танбеҳул-ғофилин ба нақл аз Анас овардааст: “Аз Паёмбари Худо (с) савол шуд: кадом мӯъмин, имонаш комилтар аст? Фармуд: касе ки бо хонадонаш хушахлоқтар бошад.”
3. Хуб шавҳардорӣ кардан:
1. Паёмбари Худо (с): “Ҷиҳоди зан, хуб шавҳардорӣ кардан аст.”
2. Дар Шуабул-имон ба нақл аз Муслим ибни Убайд овардааст: “Аз Асмоъ духтари Язиди Ансорӣ ривоят шудааст, ки вай назди Паёмбар (с), ки дар ҷамъи асҳобаш нишаста буд, омад ва гуфт: Падару модарам фидоят! Ман ба намояндагӣ аз тарафи занон назди шумо омадаам… Ба шумо мардҳо, бар мо занҳо бартариҳое дода шудааст: дар намози ҷумъа ва ҷамоат ширкат мекунед, ба аёдати беморон меравед, ташйеи ҷаноза мекунед, ҳаҷ мегузоред… Пас, эй Паёмбари Худо! Мо дар кадом подош бо шумо мардон шарик ҳастем? Паёмбар (с) рӯ ба ӯ кард ва фармуд: Эй зан! Баргард ва ба заноне, ки туро фиристодаанд эълом кун, ки некӯ ҳамсардории ҳар як аз шумо занон барои шавҳараш ва ҷалби ризояти ӯ ва мувофиқату созгорӣ бо ӯ, бо ҳамаи он аъмоле, ки барои мардон ном бурдӣ, баробарӣ мекунад.”
3. Дар Муснади Абӯяъло ба нақл аз Анас овардааст: “Занон назди Паёмбар (с) омаданд ва гуфтанд: Эй Паёмбари Худо! Мардон, савоби ҷиҳод дар роҳи Худоро азони худ кардаанд ва дигар амале барои мо намондааст, ки бо он, ба фазилати амали муҷоҳидони роҳи Худо бирасем! Паёмбар (с) фармуд: Кору хидмати ҳар як аз шумо дар хонааш, бо амали муҷоҳидони роҳи Худо баробарӣ мекунад.”
4. Паёмбари Худо (с): “Ҳеҷ зане нест, ки ҷуръаи об ба шавҳараш бинӯшонад, магар он ки ин амали ӯ барояш беҳтар аз як сол бошад, ки рӯзҳояшро рӯза бигирад ва шабҳояшро ба ибодат бигузаронад. Худованд дар ивази ҳар ҷуръае, ки ба шавҳараш менӯшонад, шаҳре дар биҳишт барояш месозад ва шаст гуноҳи ӯро меомурзад.”
5. Паёмбари Худо (с): “Ҳеҷ зане нест, ки бар шавҳари хеш ҷома бипӯшонад, магар он ки Худованд дар рӯзи қиёмат ҳафтод хилъати биҳиштӣ бар ӯ бипӯшонад, ки ҳар як аз он хилъатҳо монанди шақоиқи нӯъмону райҳон аст ва низ дар рӯзи қиёмат чиҳил каниз аз ҳуриёни биҳиштӣ ба ӯ дода мешавад, ки ба ӯ хидмат мекунанд.”
4. Меҳрубонӣ:
Паёмбари Худо (с): “Аз мӯъминон он касе имонаш комилтар аст, ки хушахлоқтар ва бо аҳлаш меҳрубонтар бошад.”
5. Некӣ кардан:
1. Паёмбари Худо (с): “Хонаводаи мард, асирони ӯ ҳастанд ва маҳбубтарини бандагон назди Худои азза ва ҷалла касе аст, ки ба асиронаш бештар некӣ кунад.”
2. Паёмбари Худо (с): “Мардум хонаводаи Худо ҳастанд. Пас, маҳбубтарини мардум назди Худо касе аст, ки ба хонаводааш некӣ кунад.”
3. Паёмбари Худо (с): “Комилтарини мӯъминон аз назари имон он кас аст, ки хушахлоқтар бошад ва беҳтарини шумо касе аст, ки ахлоқи ӯ бо занонаш беҳтар бошад.”
4. Паёмбари Худо (с): “Аз Худо битарсед! Аз Худо битарсед дар мавриди ду нотавон: ятим ва зан! Беҳтарини шумо касе аст, ки барои хонаводааш беҳтар бошад.”
5. Паёмбари Худо (с): “Ҷабраил (а) маро пайваста дар бораи зан васият мекард; чандон ки гумон бурдам, ки талоқ додани ӯҷуз дар сурати иртикоби фаҳшои ошкор раво набошад.”
6. Эҳтиром ниҳодан:
1. Паёмбари Худо (с): “Ҳар кас ҳамсар бигирад, бояд ӯро гиромӣ бидорад.”
2. Паёмбари Худо (с): “Беҳтарини шумо касе аст, ки барои оилааш беҳтар бошад ва ман беҳтарини шумо барои оилаам ҳастам. Занонро касе гиромӣ намедорад, магар инсони бузургвор ва касе ба онон иҳонат намекунад, магар инсони паст.”
3. Паёмбари Худо (с): “Оё беҳтарин касро бароятон муаррифӣ бикунам? (Бидонед, ки) ва он кас касе аст, ки фурӯтан ва хушахлоқ бошад ва ҳаргоҳ издивоҷ кард, ҳамсарашро гиромӣ бидорад.”
7. Мулоимат ва мудоро:
1. Паёмбари Худо (с): “Ҳаргоҳ Худо барои оилае хайре бихоҳад, ононро дар дин доно ва огоҳ мегардонад ва мулоимат ва мӯътадил будан дар зиндагӣ ва миёнаравӣ дар корҳояшонро рӯзии онон мекунад ва кӯчаки онҳо ба бузургашон эҳтиром мениҳад ва агар барои оилае ғайр аз он бихоҳад, эшонро ба ҳоли худ раҳо мекунад.”
2. Паёмбари Худо (с): “Ҳаргоҳ Худо оилаеро дӯст бидорад, мудоро ва мулоиматро дохили он оила мекунад.”
3. Паёмбари Худо (с): “Мулоимат муборак аст ва хушунат шум. Ҳаргоҳ Худованд барои оилае хайре бихоҳад, мулоиматро вориди он оила мекунад, зеро мулоимат ҳеҷгоҳ бо ҳеҷ чиз ҳамроҳ намешавад, магар ин ки он чизро зинат мебахшад ва хушунат ҳаргиз бо чизе ҳамроҳ намешавад, магар ин ки он чизро зишт мегардонад.”
4. Паёмбари Худо (с): “Ҳаргоҳ Худо хайри бандагонро бихоҳад, мудоро ва эътидол дар зиндагиро рӯзии онон мекунад ва ҳаргоҳ бадии ононро бихоҳад, бетадбирӣ дар зиндагиро рӯзияшон мекунад.”
8. Хидмат ба зан:
1. Паёмбари Худо (с): “Хидмати ту ба ҳамсарат, садақа аст.”
2. Паёмбари Худо (с): “Ҳар кас аз се кор такаббур наварзад, мӯъмини ҳақиқӣ аст: хидмат ба оила, нишастан бо фақирон ва таом хӯрдан бо хидматкораш. Ин корҳо аз нишонаҳои мӯъминоне аст, ки Худованд дар китобаш аз онон ин гуна ёд кардааст: “Инон, мӯъминон ҳақиқӣ ҳастанд.” (Анфол/4)
3. Паёмбари Худо (с): “Ба оилаи худ хидмат намекунад, магар инсони ростгӯ, ё шаҳид, ё марде, ки Худо хайри дунёву охиратро барои ӯ бихоҳад.”
4. Дар Саҳеҳи Бухорӣ овардаст: Аз ҳазрати Оиша (р) савол шуд: Паёмбар (с) дар хонааш чӣ кор мекард? Оиша (р) гуфт: Ба ҳамсараш кӯмак ва хидмат мекард ва агар вақти намоз мешуд, барои намоз аз хона берун мерафт.”
5. Паёмбари Худо (с): “Мард ҳаргоҳ ба ҳамсараш обе бинӯшонад, подош мебарад.”
6. Паёмбари Худо (с): “Ҳар нафақае, ки медиҳӣ ва бо он ризои Худоро меҷӯӣ, барояш аҷр меёбӣ, ҳатто барои луқмае, ки дар даҳони ҳамсарат мегузорӣ.”
9. Кӯмак ба шавҳар:
1. Паёмбари Худо (с): “Ҳар зане, ки шавҳарашро дар кори ҳаҷҷу ҷиҳод ё талаби илм кӯмак кунад, Худованд ба ӯ аз ҳамон подоше медиҳад, ки ба ҳамсари Аюб (а) додааст.”
2. Паёмбари Худо (с): “Ҳар зане, ки шавҳарашро ҳафт рӯз ёрӣ диҳад, Худованд ҳафт дари дӯзахро ба рӯи ӯ мебандад ва ҳафт дари биҳиштро ба рӯяш мекушояд, то аз ҳар даре, ки мехоҳад дарояд.”
3. Дар Муснади Ибни Ҳанбал ба нақл аз Ҳасин ибни Мӯҳсин омадааст: “Аммаи ӯ (Ибни Мӯҳсин) барои коре назди Паёмбар (с) омад ва кораш, ки анҷом шуд, Паёмбар (с) ба ӯ фармуд: Оё шавҳар дорӣ? Гуфт: Оре. Фармуд: Барои ӯ чӣ гуна ҳастӣ? Гуфт: Барои ӯ аз ҳеҷ коре кӯтоҳӣ намекунам, магар коре, ки аз тавонам хориҷ бошад. Фармуд: Эҳтиёт кун, ки бо ӯ чӣ гуна ҳастӣ, зеро ӯ дар ҳақиқат биҳишту дӯзахи туст.”
10. Салом кардан ба аъзои хонавода:
Паёмбари Худо (с): “Эй Анас! … Ҳаргоҳ вориди хонаат шудӣ, бар аҳли хонаат салом кун, то хайру баракати хонаат зиёд шавад.”
11. Шод кардан:
1. Паёмбари Худо (с): “Ҳар кас оилаашро шод созад, Худованд аз он шодӣ махлуқе меофаринад, ки то рӯзи қиёмат барояш талаби омурзиш мекунад.”
2. Паёмбари Худо (с): “Ҳар кас аз бозор меваи наврасе барои фарзандонаш биёрад, монанди касе аст, ки садақае ҳамл мекунад, то онгоҳ ки онро дар даҳони онон бигузорад ва бояд аз духтарон шурӯъ кунад, зеро Худои Мутаол нисбат ба духтарон дилсӯз аст ва ҳар кас нисбат ба духтарон дилсӯз бошад, монанди касе аст, ки аз тарси Худо гиря мекунад ва ҳар кас аз тарси Худо бигиряд, омурзида мешавад ва ҳар кас духтареро шод кунад, Худованд дар рӯзи ғаму андӯҳ ӯро шод мегардонад.”
3. Паёмбари Худо (с): “Дар ҳар ҷумъа чизе мисли мева ё гӯшт барои оилаатон ҳадя оваред, то аз омадани ҷумъа шод шаванд.”
4. Дар ривояте дар Торихи Димишқ овардааст: “Паёмбар (с), шӯхтабътарини мардум буд.”
5. Дар Алмӯъҷам-ус-сағир овардааст: “Паёмбари Худо (с) шӯхтарини мардум бо кӯдакон буд.”
12. Ҳамнишинӣ ва таом хӯрдан бо оила:
1. Паёмбари Худо (с): “Нишастани мард дар канори аҳли хонааш назди Худо маҳбубтар аз эътикоф дар ин масҷиди ман аст.”
2. Дар Танбеҳул-ғофилин ба нақл аз Анас овардааст: “Гуфтам: Эй Паёмбари Худо! Нишастан бо оила савобаш бештар аст ё нишастан дар масҷид? Фармуд: Як соат нишастан дар канори оила, назди ман маҳбубтар аз эътикоф кардан дар ин масҷиди ман аст. Гуфтам: Эй Паёмбари Худо! Назди шумо, харҷ кардан барои оила маҳбубтар аст ё инфоқ кардан дар роҳи Худо? Фармуд: Як дирҳам, ки мард барои оилааш харҷ мекунад, назди ман маҳбубтар аз ҳазор диноре аст, ки дар роҳи Худо инфоқ мекунад.”
3. Паёмбари Худо (с): “Худованд мӯъминро дӯст медорад ва зану фарзандонашро низ дӯст медорад. Маҳбубтарин чиз назди Худои Таоло он аст, ки бубинад мард бо зану фарзандонаш бар сари як дастурхон таом мехӯранд. Сипас ҳаргоҳ бар он суфра гирди ҳам оянд, бо назари раҳмат ба эшон менигарад ва пеш аз он ки аз ҷои худ пароканда шаванд, ононро меомурзад.”
13. Сабри зан дар баробари бадахлоқии шавҳар:
1. Паёмбари Худо (с): “Се гурӯҳ аз занонанд, ки Худо азоби қабрро аз онон мебардорад ва бо Фотима духтари Муҳаммад (с) маҳшур мешаванд: зане, ки дар баробари ғайрати шавҳараш сабр кунад; зане, ки дар баробари бадахлоқии шавҳараш сабр кунад ва зане, ки маҳрияашро ба шавҳараш мебахшад. Худои Мутаол ба ҳар як аз ин гуна занон, савоби ҳазор шаҳид медиҳад ва барои ҳар як аз онҳо, ибодати як солро менависад.”
2. Паёмбари Худо (с): “Ҳар кас ба бадахлоқии шавҳараш сабр кунад, Худованд монанди подоши Осия духтари Музоҳим (ҳамсари Фиръавн) ба ӯ ато мефармояд.”
3. Паёмбари Худо (с): “Зан бояд бо шавҳараш дар суду зиён ва сахтию осоиш бисозад, монанди ҳамсари Аюб (а)-и балокаш, ки сабр кард, хаждаҳ сол сабурона ба ӯ хидмат кард, монанди боркашҳо ӯро бар пушти худ ҳамл мекард, бо осиёбонҳо осиёб мекард, бо рахтшӯён рахтшӯӣ мекард, тиккаи ноне барояш меовардад ва Аюб мехӯрд ва Худои азза ва ҷалларо шукр мекард. Ҳамсараш ӯро дар матое мениҳоду бар пушти худ ҳамл менамуд ва ҳамаи ин корро аз сари дилсӯзӣ ва некӣ кардан барои Худо ва тақарруб ҷустан ба Худои азза ва ҷалла анҷом медод.”
14. Сабри мард дар баробари бадахлоқии ҳамсар:
1. Паёмбари Худо (с): “Ҳар марде, ки ба хотири Худо дар баробари бадахлоқии занаш сабр кунад, Худои Мутаол барои ҳар рӯзу шабе, ки сабр меварзад, савоберо ба ӯ медиҳад, ки ба Аюб (а) дар баробари гирифторияш дод ва гуноҳи зан низ дар ҳар шабу рӯз, ба андозаи регҳои регистон аст.”
2. Паёмбари Худо (с): “Ҳамоно дар биҳишт дараҷае аст, ки ҷуз пешвои одил ва хешованди аҳли силаи раҳим ва аёлвори сабур, касе ба он даст намеёбад.”
3. Дар Эҳёи улумуд-дин овардааст: “Гурӯҳе назди Юнуси паёмбар (а) даромаданд ва Юнус (а) аз онон меҳмондорӣ мекард. Ӯ ба даруни хона рафту омад мекарду ҳамсараш ӯро озор медоду бо вай густохӣ мекард, аммо Юнус (а) ҳеҷ чиз намегуфт. Он гурӯҳ аз ин ҳол тааҷҷуб карданд. Юнус (а) фармуд: Тааҷҷуб накунед, зеро ман аз Худои Мутаол дархост кардам ва гуфтам: Ҳар кайфареро, ки мехоҳӣ дар охират ба ман бидиҳӣ, дар ҳамин дунё ба ман бирасон. Худованд фармуд: Кайфари ту, духтари фалон кас аст, ки бо ӯ издивоҷ мекунӣ. Ман бо ӯ издивоҷ кардам ва ҳамон тавр ки мебинед, бар корҳои сабр мекунам.
15. Ғайрат:
1. Паёмбари Худо (с): “Ғайратманд бош, зеро Худо инсони ғайратмандро дӯст дорад.”
2. Паёмбари Худо (с): “Ҳар марде, ки розӣ бошад, ки ҳамсараш худро биорояду аз хона берун равад, он мард дайюс аст ва ҳар кас ӯро дайюс биномад, гуноҳ накардааст. Ҳаргоҳ зан ороишкунону атрзанон аз хонааш берун равад ва шавҳараш ба ин кори ӯ розӣ бошад, ба ҳар қадаме, ки он зан мебардорад, барои шавҳараш хонае дар ҷаҳаннам бино мешавад.”

Хонавода майдатарин ва дар айни ҳол муҳимтарин ва печидатарин низоми иҷтимоӣ аст, ки бар асоси табиат ва қарордод бино мегардад ва бо дигар низомҳои иҷтимоӣ робитаи дутарафа дорад, яъне асар мегузорад ва таъсир мепазирад. Хонавода ниҳоде аст, ки шахсияти фардӣ ва иҷтимоии инсонҳоро шакл медиҳад.
Аммо он чи дар ин миён дорои аҳамият ва арзиш аст ин ки нақши аввал ва ҳунарпешаи аслӣ ва моҳири ин саҳна зан аст.

 Зан кист? Зан ҳамон инсоне аст, ки офариниши воҳиде бо мард дорад, чунон ки Қуръони шариф мефармояд: «Эй мардум, тақво пеша кунед, дар баробари Худое, ки шуморо аз як тан биёфарид ва барои шумо аз ҷинси худатон ҳамсароне падид овард».
Вуҷуди зан комилкунандаи вуҷуди мард аст ва баръакс ва ин ду фақат дар канори ҳам комил мешаванд. Худованди бузург аз оғози офариниш ин дуро ба тавре халқ кардааст, ки танҳо бо дар канори ҳам будан ва зери як сақф зиндагӣ намудан, метавонанд ба ҳаёти хубу зебо бирасанд. Ҳар кадом аз зан ва мард бо анҷом додани нақши ҷудогонаи худ, ки аз фитрат онҳо сарчашма гирифта аст, метавонанд зиндагии пурсамареро ба вуҷуд оваранд.
Аммо матлабе, ки шоёни таваҷҷӯҳ аст ин аст, ки нақши зан дар зиндагии муштарак ва хонаводагӣ дар айни ин ки аз аҳамияти бисёр болое бархӯрдор аст, лекин зарофат ва латофати хоссе дорад, ки камтар мавриди таваҷҷӯҳ ва диққати соҳибназарон ва андешмандон воқеъ мешавад. Зеро вуҷуди зан ва нақши бузурги ӯ дар ҳаёти башарро аз даричаи манофеи гурӯҳии худ мавриди тафсиру таҳқиқ қарор медиҳанд. Аммо аз дидгоҳи Ислом таваҷҷӯҳ ба зан ва масоили марбут ба он ҷойгоҳ ва аҳамияти болое дорад. Аз ҷумла Қуръони Карим мефармояд: «Ӯст, ки ҳамаи шуморо аз як нафс офарид ва аз он нафс ҳамсарашро низ офарид, то бо ӯ оромиш ёбад». Ҳмон гуна ки аз ин оят фаҳмида мешавад, зан дар хонавода вазифаи оромиш додан ба шавҳар ва назм додан ба корҳои дохили хонаро дорад.
Оромишеро, ки зан ба мард мебахшад, аз ҳеҷ роҳ ва абзори дигаре наметавон падид овард. Ба гуфтаи Уилл Дюран: зан аз он ҷо, ки марди хаёлӣ ва саргардонро ба марди фидокор ва пойбанд ба хона ва кӯдакони худ табдил мекунад, омили ҳифз ва бақои навъи инсон мебошад.
Аз ин ҳақиқати воло Қуръони Карим хеле зеботар парда бармедорад: «Ва аз нишонаҳои қудрати ӯст, ки бароятон аз худатон ҳамсароне офарид, то ба василаи онҳо оромиш ёбед ва миёни шумо дӯстӣ ва меҳрубонӣ ниҳод. Дар ин пандҳо нишонаҳое аз ҳикмати илоҳист барои онҳое, ки аҳли тафаккуранд».
Оромиши амиқе, ки мардон дар канори занон ва дар оғӯши хонавода меёбанд сабаб мешавад дар партави он киштии зиндагии худро дар дарёи беакарони дунё солим ба соҳил бирасонанд ва изтиробҳою нигарониҳову саргардониҳо аз муҳити андешаи мардон рахт бармебандад. Матлаби дигар ин ки дар хонавода занон мардонро бо масъулияту таклиф ва зобитаманд будан ошно месозанд. Ҳисси вазифашиносӣ ва нармию аз худ гузаштагӣ ва латофатро дар вуҷуди онҳо ҷорӣ менамоянд. Сарпарастӣ ва мудириятро дар хона ба ӯ меомӯзанд ва ӯро ба як навъ худбоварӣ мерасонанд. Ин мавзӯи бисёр муҳимме аст, ки танҳо дар омӯзишгоҳи хонавода ва тавассути мураббӣ ва устоде ба номи зан метавонад ба хубӣ зуҳур пайдо кунад ва тавону истеъдоди мардро ба шукуфоӣ бирасонад. Ин аст нақши ҳамсарии занон дар хонавода.
Аммо арзиши зан дар ин ҷо хулоса намешавад, балки нақши ҳаётии дигаре низ дорад ва он рисолати модарӣ ва муаллимии аввали башар будан аст. Ин нақш даврони тӯлонӣ дорад, яъне зан аз оғози ташкили нутфа дар раҳим, то охирин лаҳзаҳои ҳаёт, ба ростӣ парваришдиҳандаи фарзанд ва «инсон» аст. Ин ҳақиқате аст, ки танҳо ҳунармандаш зан аст ва ҷуз ӯ каси дигаре наметавонад иҷрокунандаи ин нақш бошад.
Дар Ислом таъкиди зиёде дар бузургии нақши модар шудааст, то пайванди фарзандон бо меҳвари аслӣ ва сутуни асосии хонавода- яъне модар – устувор гардад.
Ҳамчунин мебинем андешамандони дилсӯз, ки дар андешаи сомонёбии ҷомеа ва тамаддуни башарӣ ҳастанд, занонро ба асолати нақши модарӣ тарғибу ташвиқ намуда ва ҳамвора таъкид мекунанд, ки: ҷанҷоли таблиғотии баробарии зан ва мард мабодо занонро аз анҷомо додани комили нақши модар будан боз дорад, ки ин фоҷиаи ҷуброннопазир хоҳад буд. Зарарҳои камбуди ҳузури модар дар фарзандоне, ки модаронашон ба ҳар далеле дар канорашон нестанд ва ё ҳузури камранг доранд, ба равшанӣ қобили мушоҳида аст.
Ҳамаи саодати мо аз домани зан – модар – шурӯъ мешавад. Зан ба далели латофат ва зарофате, ки дорад, эҳсосаш қавӣ мебошад ва ҳамин чиз боис шудааст, ки аз назари тарбиятӣ нисбат ба мард ба хонавода таъсири бештаре дошта бошад. Агар дар тӯли таърих модарони ғаюр ва боҳиммату боирода набуданд, мардони бузург ба вуҷуд намеомаданд. Бинобар ин бесабаб нест, ки бузурге фармудааст: Модар бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигар дунёро меҷунбонад.
Оила- ин тӯҳфа аз ҷониби Худост, ки ба одамизод баъд аз офариниши олам ба одам дода шуд. Ин аввалин чизе, ки Худо ба одам тӯҳфа кард.

Духтар аз рӯзе, ки таваллуд мешавад, то сини балоғат ва то ба шавҳар баромадан падараш вазифадор аст, ки  тарбия ва таъминаш намояд. 
            Баъди хонадор шуданаш шавҳар вазиафдор аст, ки зиндагии хубу муносибро барои ӯ таъмин кунад. Агар рафту худое накарда аз шавҳар ҷудо шавад, боқимондаи маҳраш то замони шавҳари дигар карданаш зиндагии шарофатмандонаи  ӯро таъмин мекунад. Аслан ислом зани бешавҳар ва марди безанро мавриди накуҳиш қарор додааст. Агар бе узри шаръӣ хонадор нашаванд, гунаҳкор мешаванд. Зеро яке аз роҳҳои пуртаъсири пешгирӣ аз фасоди ахлоқӣ  никоҳ мебошад.
             Агар зан фарзанди болиғ  дошта  бошад, фарзандон вазифадор ҳастанд, ки модарро эҳтиром ва таъмин кунанд. Агар зан фарзанд  ва падар надошта бошад, амакаш бояд таъмини уро ба зимма гирад. Агар ин ҳамаро надошта бошад пас тибқи шариат давлат вазифадор аст, ки агар зан кор карда тавонад бо кори муносиб таъмин намояд ва агар кор карда натавонад эҳтиёҷоти зарурии зани бепарасторро аз ҳисоби байтулмол (буҷа) таъмин намояд.

            Зеро зан дар ислом азизу мукаррам аст. Агар кор кардан ҳам мехоҳад бояд дар касбҳое кор кунад, ки ба латофату зебоӣ, ҳаёву иффат, отифаву табиат ва қудрати ҷисмониаш муғойир набошад. Мисли табиб, мураббӣ, муаллима, ҳуқуқшинос, хабарнигор, ҳисобдор, корманди бонк ва ғайра. Лек дар саҳро кетман задан, кӯчарӯбӣ, пешхизмати ресторанҳо будан,  ин ҳама таҳқир ба каромати зан аст. 
Бо вуҷуди ин ки шавҳари ҳар кас, махсуси худӣ ӯ аст, аммо ҳаиеша ба ёд дошта бошед,  ки асосан ҳамаи онҳо чун шавҳар ҳастанд, вижагиҳои муштараки бисёре низ доранд. Шумо метавонед бо шинохти чунин вижагиҳо, зиндагии беҳтар ва шодтаре  барои худ ва ҳамсаратон бисозед.
Ба шавҳаратон эътимод кунед!
Оё мехоҳед ҳамсари хубе бошед! Пас ба шавҳаратон, эътимод кунед! Бо эътимод кардан дар ӯ эҳсоси қудрат ба вуҷуд меоваред. Ва ин эҳсоси қудрат, метавонад бузургтарин ҳомии шумо дар зиндагӣ бошад. Гузашта аз ин, мардоне ки эътимоди ҳамсаронашонро аз даст додаанд, қудрати камтаре барои мубориза бо мушкилоти ҷои кор хоҳанд дошт. Агар ҳамсари як мард, ба ӯ эътимод надошта бошад, эътимоди ҳеҷ каси дигар ба ҳоли ӯ муфид нахоҳад буд!
Албатта манзури мо аз эътимод кардан ин нест, ки шумо иҷоза диҳед ҳар иштибоҳе аз сӯи ҳамсаратон, зиндагониро нобуд кунад!  Балки эътимод кардан метавонад, ҳатто ба ин маъно низ бошад, ки  ӯро ташвиқ кунед ҳадафҳояшро густариш диҳад ва барои ин амр, ба ӯ эътимод кунед. Вақте ҳам ки ниёз ба кӯмаку дасгирӣ ва ҳимояти шумо дорад, талошатонро аз ӯ дареғ накунед. Бо ин кор ба ӯ тавоноии зиёд мебахшед.
Ҳақиқати сода дар бораи издивоҷ.
Ҳаркадоми мо дар зиндагӣ барои хушбахтӣ, ҳадаф дорем. Вале маъмулан онро  бисёр душвору печида тавсиф мекунем. Дар ҳоле, ки як ҳақиқати сода дар издивоҷ вуҷуд дорад ва он инки: “Агар  мехоҳед шарики зиндагиатон хушбахттар шавад, коре кунед, ки худатон хушбахтар шавед”!
Агар як хонуми хонадор ҳастед ёд бигиред, ки аз анҷоми вазифаҳои хона лаззат бибаред. Агар шуғл доред коратонро дӯст дошта бошед. Вақте шумо аз коре, ки мекунед розӣ ва хушнуд ҳастед, ин ризоят дар зиндагии заношӯиятон худашро хеле ошкортар  аз ончи ки фикрашро бикунед, нишон хоҳад  дод! Зеро зани шод, сарзинда ва умедвор хоҳед буд, ки зиндагӣ ва фаъолияташро бо ҳамаи сахтиҳояш, дӯст медорад ва аз он лаззат мебарад! Равшан аст, ки зиндагӣ дар канори чунин зане, барои як мард чӣ қадар лаззатбахштару роҳаттар аз зиндагӣ дар канори як зани пажмурда ва ношод аст, ки аз худ ва зиндагиаш, норозӣ аст!
Шавҳарони меҳрубон!
Шавҳарҳое вуҷуд доранд, ки гоҳе, ба ҳамсарашон шохаи гул тӯҳфа медиҳанд. Гоҳе ҳавас мекунанд, ки барои ҳамсарашон, чой ё қаҳва дуруст кунанд. Ё баъзе вақт, ногаҳон эҳсосоти шуда ва шуморо ғарқи дар калимоти муҳаббатомез мекунанд! Шояд фикр мекунед, ки  ҳамсарони ин мардон бояд занони хушбахте бошанд. Ҳақ бо шумост! Вале мутаассифона бисёре аз занҳо, пас за чанд сол, аҳамияти ин масълаҳоро фаромӯш мекунанд ва ҷумлаҳои монанди ин мегӯянд “бо ин сину солат хиҷолат намекашӣ?” “ бачаҳо пеши худашон чӣ фикр мекунанд?”.
Агар шумо низ аз ин даста занон ҳастед, каме бияндешед. Мутмаин бошед ҳеч далеле, ки нишон диҳад муҳаббати ҳамсарон ба ҳам нописанд аст вуҷуд надорад. Аз ҳамсаратон ташаккур кунед. Болотар аз он, аз Худованд низ ба  хотири иноят фармудани чунин ҳамсаре, қадрдонӣ кунед. Мутмаин бошед ташаккури шумо, рӯҳияи меҳрварзиро дар  ҳамсаратон, болотар низ хоҳад бурд.
Агар ҳам аз он даста аз хонумҳои ҳастед, ки ҳамсаронашон, ин одатҳои хубро пас аз чанд соли зиндагӣ аз даст додаанд, метавонед илати онро дар даруни худ ҷустуҷӯ кунед.  Шояд қадрдонии шумо он қадар набудааст, ки ангезаи меҳрварзии ӯро истимрор диҳад.
Вақте, ки шавҳаратон ба хона меояд….
Бо худатон қарор бигузоред, ки ҳеҷ масъалаи нохушояндеро дар 90 дақиқаи аввали ворид шудани ҳамсаратон ба хона, ба ӯ нагуед. Осмон ки ба замин намеояд! Ин ҳама соат, аз субҳ, мушкилро дар дили худ доштаед то ӯ ба хона баргардад ва ба ӯ бигӯед, як ду соати дигар ҳам сабр намоед!
Барои марде, ки аз сари кор бармегардад, ҳеҷ чизе муҳимтар ва хушҳол кунандатар аз шумо нест, дар ҳоле ки бо лабханд бар лаб ва пиёлаи чой интизори бозгашти ӯ будаед!
Якшанбеҳои дӯстдоштанӣ!
Рӯзҳои якшанберо ба хонавода ва ҳамсаратон, ихтисос диҳед ва корҳое, ки ҳар дуи шумо дӯсташон доредро бо ҳам  анҷом диҳед.
Шумо хонуми мӯҳтарам! Нақши асосӣ доред. Раис, шумо ҳастед!  Биёмӯзед, ки  аз хушиҳои кӯчаки зиндагӣ лаззат бибаред. Ҳар рӯзи шанбе, корҳои як ҳафтаатонро барраси кунед ва бубинед, ки дар тули он як ҳафта, читавр рафтор кардаед? Сипас барномарезӣ кунед, ки дар рӯзи якшанбе, рафтори беҳтар дошта бошед ва дар бораи натиҷаи баррасии шанбетон, бо ҳамсари худ, гуфтугӯ кунед ва нофаҳмиҳоро бартараф намоед. “Албата натиҷаи беҳтар вақте ҳосил мешавад, ки  ҳардуи зану шавҳар, ин корро анҷом диҳанд”.
Дӯстонатонро арзёбӣ кунед!
Дӯстони шумо чӣ касоне ҳастанд? Насиҳати чӣ касонеро мепазиред? Бо чӣ касоне машварат мекунед?
 Дар зиндагии ҳар кадом аз мо пеш омадааст, ки дар бораи кор ё зиндагии шахсиамон ба тагно дучор шудаем он вақт аст, ки агар дӯсти хуб надошта бошем, зарбаи сахт мехурем. Чӣ кор бояд кард? Дӯстонатонро арзёбӣ кунед, то хубҳо ва ёридиҳандаҳо аз бадҳо ва сӯиистифодагарон, ҷудо шаванд. Агар хеле олӣ ҳам набуданд, ишкол надорад, ҳеҷ инсоне комил нест! Аммо  оё  шумо чанд фарди мутмаинро доред, ки метавонед афкори даруниатонро бо онон дар миён бигзоред ва ба унвони афроди оқил, аз онон кӯмак бихоҳед?
Ба шавҳаратон дар назм бахшидан ба бачаҳо ёрӣ кунед.
Мардони андаке ҳастанд аст, ки дар муқобили фарзандҳои хурдсол, гарангу хаста нашавад! Вақте, кифарзандони хурдсоли шумо бадахлоқӣ мекунад, ӯ намедонад бояд чи тасмиме бигирад ва чи аксуламале нишон диҳад?
 Ба ӯ ёрӣ кунед, то бифаҳмад, ки задан кори дурусте барои ҳалли мушкил нест! Соатҳои  кории бодавом  низ наметавонад далели хубе барои “падари асабӣ будан” бошад!  ӯро мутавҷеҳи ин қазия кунед, ки эҷоди таодул байни  кор ва хонавода, авлавияте аст, ки  дар дараҷаи аввал қарор дорад. Ба ҳамсаронатон эътимод кунед ва ба ӯ иҷоза диҳед “ҳунари падари хуб будан”-ро касб кунад! Мутмаин бошед ӯ аз ӯҳдаи кор мебарояд! Фақат кофӣ аст, ки  бидонад танҳо як зиндагӣ вуҷуд дорад, на ду зиндагӣ. Пас бо таъйини ҳадафҳо ва авлавияти бадании онҳо, шавҳаратон мефаҳмад, ки  бояд вақтҳояшро бо шумо ва бачаҳо тақсим кунад. Онгоҳ тааҷҷуб мекунед аз ин ки баъзе аз рӯзҳои таътил, бидуни ин ки шумо бигӯед, ҳамсаратон бачаҳоро ба порк мебарад, то шумо бештар истироҳат кунед!
Донистани баъзе ҳақиқатҳо дар бораи шавҳаратон, кори сахте нест, вале ба  осонӣ метавонад зиндагиатонро ширинтар ва дилчасптар кунад!

Албатта, ёдамон бошад ва фаромӯш накунем, ки  ҳеҷ муваффақияте як тарафа ҳосил намешавад ва барои ба дастовардани натиҷаи дилхоҳ, ҳардуи зану мард бояд талош кунанд! Ба ҳамин хотир талошҳоеро, ки  мардон бояд анҷом диҳанд, дар фурсати дигар мепардозем!

1. Ташкили хонавода

1. Паёмбари Худо (с): Шахси боимон набояд аз ташкили хонавода имтиноъ варзад, (зеро бо ин иқдом) умед меравад Худованд фарзандоне насиби ў гардонад, ки заминро бо «Ло илоҳа иллаллоҳ» гаронбаҳо созанд.
2. Паёмбари Худо (с): Ҳамсардорон беҳтарин уммати ман ва беҳамсарон бадтарин уммати ман ҳастанд.
3. Паёмбари Худо (с): Дар Ислом ҳеҷ биное назди Худованди Мутаол дўстдоштанитар аз издивоҷ нест.
4. Паёмбари Худо (с): Хонавода ташкил диҳед, ки мояи фузунии рўзии шумост.

2. Фарзандталабӣ

5. Паёмбари Худо (с): Фарзанд бихоҳед ва онро талаб кунед, зеро мояи равшании чашму шодии қалб аст.
6. Паёмбари Худо (с): Ҳеҷ як аз шумо набояд фарзандхоҳиро вогузорад, зеро вақте инсон бимираду фарзанде надошта бошад, аз ному овоза меафтад.
7. Паёмбари Худо (с): Хонае, ки кўдак дар он набошад, баракат дар он нест.
8. Паёмбари Худо (с): Дар ҳеҷ хонаводае писар зода нашудааст, магар ин ки иззате ёфтанд, ки пеш аз он надоштанд.
9. Паёмбари Худо (с): Бўи фарзанд (насиме) аз бўи биҳишт аст.
10. Паёмбари Худо (с): Фарзанд барои падар гули хушбўе аз ҷониби Худост, ки онро мебўяд. (Ин гулро Худованд) миёни бандагонаш тақсим кардааст.
11. Паёмбари Худо (с): Фарзанд меваи дил аст ва ҳамў мояи тарсу бухл ва андўҳ аст.
12. Паёмбари Худо (с): Ҳар чизе мевае дорад ва меваи дил фарзанд аст.
13. Муснади Ибни Ҳанбал ба нақл аз Ашъас ибни Қайс: Бо намояндагони қабилаи Канда бар Паёмбари Худо (с) ворид шудам. Ба ман фармуд: «Оё фарзанде дорӣ?».
Гуфтам: Ҳангоми ҳаракат ба сўи шумо писаре аз духтари Ҷамад ибни Валиаи Кандӣ бароям мутаваллид шуд, вале ба ҷои он серии хонаводаамро дўст медоштам.
Паёмбари Худо (с) фармуд: «Ҳаргиз инро магў, зеро онон нури чашманд, (агар бимонанд) ва онгоҳ ки бимиранд, мояи подоши илоҳианд, вале агар бигўӣ, ки онон мояи тарсу андўҳанд, оре, (чунин аст), онон мояи тарсу андўҳанд.
14. Имом Зайнулобидин (а): Аз саодати мард доштани фарзандоне аст, ки аз онҳо кўмак мегирад.
15. Имом Козим (а): Касе хушбахт аст, ки намирад, то ҷонишине аз насли худ бибинад.
16. Кофӣ ба нақл аз Бакр ибни Солеҳ: Ба Имом Козим (а) навиштам: «Ман панҷ сол аст, ки аз фарзанддор шудан худдорӣ кардаам ва ин ба он ҷиҳат аст, ки ҳамсарам онро дўст надорад ва мегўяд: Ба хотири камии мол, парвариши онон барои ман сахт аст.
Назари шумо чист?
Имом (а) дар посухи ман навишт: «Фарзанд бихоҳ, зеро Худованди азза ва ҷалла рўзии ононро медиҳад».
17. Имом Ризо (а): Бетардид ҳаргоҳ Худованди Таборак ва Таоло хайри бандаеро бихоҳад, ўро намемиронад, то ҷонишинаш (фарзанди солеҳ)-ро ба ў нишон диҳад.

3. Фазилати фарзанди солеҳ

18. Паёмбари Худо (с): Аз саодати мард, доштани фарзанди солеҳ аст.
19. Паёмбари Худо (с): Ҳамоно фарзанди солеҳ гуле аз гулҳои биҳишт аст.
20. Паёмбари Худо (с): Фарзанди солеҳ гуле аст, ки Худованд онро миёни бандагонаш тақсим кардааст ва ду гули ман аз дунё, Ҳасан ва Ҳусайн ҳастанд. Ононро ба номи ду тан аз фарзандони Исроил (Яъқуб), Шаббар ва Шубайр,[1] номи ниҳодам.
21. Паёмбари Худо (с): Аз неъмати Худо бар мард он аст, ки фарзандаш шабеҳи ў бошад.
22. Кофӣ ба нақл аз Муҳаммад ибни Синон аз касе, ки барояш ривоят кард: Имом Зайнулобидин (а) ин гуна буд, ки ҳаргоҳ ба фарзанде башорат дода мешуд, намепурсид, ки писар аст ё духтар, то ин ки мепурсид «Оё солиму комил аст?». Агар солим мебуд, мефармуд: «Сипос Худоеро, ки аз ман чизи ноқису носолим наёфарид».
23. Имом Боқир (а): Аз саодати мард ин аст, ки фарзандаш дар ҷисм ва ахлоқу рафтор ба ў шабоҳат дошта бошад.

4. Пайвастани фарзандони аҳли имон ба онон дар биҳишт.

Қуръон
Ва онон ки имон оварданд ва фарзандонашон бо дараҷае аз имон аз онон пайравӣ карданд, фарзандонашонро ба онон мулҳақ мекунем ва аз подоши амалашон ҳеҷ намекоҳем, зеро ҳар кас дар гарави дастоварди хеш аст.[2]
Ҳадис
24. Имом Содиқ (а) дар бори ин сухани Худованд азза ва ҷалла: «Ва онон ки имон оварданд ва фарзандонашон бо дараҷае аз имон аз онон пайравӣ карданд, фарзандонашонро ба онон мулҳақ мекунем»: Амали фарзандон аз падаронашон камтар аст. Пас фарзандонро ба падаронашон мулҳақ мекунанд, то чашмони онон равшан гардад.

5. Фазилати таҳаммули озори кўдак

25. Кофӣ ба нақл аз Муҳаммад ибни Муслим: Назди Имом Содиқ (а) нишаста будам, ки Юнус ибни Яъқуб ворид шуд, дар ҳоле ки дидам нола мекард. Имом Содиқ (а) ба вай фармуд: «Чӣ шудааст, ки туро нолон мебинам?».
Гуфт: Кўдаке дорам, ки саросари шаб аз ў азият шудам.
Имом Содиқ (а) ба вай фармуд: «Эй Юнус! Падарам Муҳаммад ибни Алӣ аз падаронаш аз ҷаддам Паёмбари Худо (с) нақл кард, ки Ҷабраил (а) бар вай фуруд омад, дар ҳоле ки Паёмбари Худо (с) ва Алӣ (а) нола мекарданд. Ҷабраил гуфт: Эй дўсти Худо! Чӣ шудааст, ки туро нолон мебинам?
Паёмбари Худо (с) фармуд: «Ду кўдак дорем, ки аз гиряи онон азият шудаем».
Ҷабраил (а) гуфт: Сабр кун, эй Муҳаммад! Зеро ба зудӣ барои ин қавм пайравоне барангехта мешаванд, ки ҳаргоҳ яке аз онон гиря кунад, гиряаш то ҳафтсолагӣ «Ло илоҳа иллаллоҳ» аст ва вақте аз ҳафтсолагӣ гузашт, гиряаш то булуғ омурзишхоҳӣ барои падару модараш аст ва вақте аз булуғ гузашт ҳар кори неке, ки ба ҷо оварад, подоше низ барои падару модараш бошад ва ҳар кори ношоисте, ки ба ҷо оварад, муҷозоте бар падару модараш набошад.

6. Фаровонии фарзанд

26. Паёмбари Худо (с): Бо духтарони бокираву фарзандзо издивоҷ кунед ва бо занони некўю зебо, аммо нозо издивоҷ накунед, зеро ман рўзи қиёмат дар баробари дигар умматҳо бо онҳо ба шумо ифтихор мекунам.
27. Паёмбари Худо (с): Бо зани меҳрубони фарзандзо издивоҷ кунед, зеро ман рўзи қиёмат ба фаровонии шумо бар дигар умматҳо ифтихор мекунам.
28. Паёмбари Худо (с): Зани зебои нозоро раҳо кунед ва бо зани зишти фарзандзо издивоҷ кунед, зеро ман рўзи қиёмат ба фаровонии шумо бар дигар умматҳо ифтихор мекунам.
29. Паёмбари Худо (с): Фарзандонатонро зиёд кунед, ки ман фардо бо фаровонии шумо бар дигар умматҳо ифтихор мекунам.
30. Имом Содиқ (а): Вақте Юсуф (а) бародараш Бенёминро мулоқот кард, ба вай гуфт: «Бародар! Чӣ гуна тавонистӣ пас аз ман бо занон издивоҷ кунӣ?».
Гуфт: Падарам ба ман амр карду гуфт: Агар метавонӣ фарзандоне дошта бошӣ, ки ба василаи тасбеҳи Худованд заминро гаронбаҳо созанд, пас издивоҷ кун.

7. Фазилати духтарон

31. Паёмбари Худо (с): Аз муборакии зан ин аст, ки фарзанди нахусти ў духтар бошад.
32. Паёмбари Худо (с): Бўи фарзанд аз бўи биҳишт аст ва духтаронро ҷуз мўъмин касе дўст надорад.
33. Имом Содиқ (а): Писарҳо неъматанду духтарҳо некӣ. Худованд аз неъматҳои савол мекунаду бар некиҳо подош медиҳад.

8. Подоши тарбияти духтарон

34. Паёмбари Худо (с): Духтарони пўшида фарзандони хубе ҳастанд. Ҳар кас яке дошта бошад, Худованд онро барои вай пўшише аз оташи дўзах қарор медиҳад ва ҳар кас дуто дошта бошад, Худованд ба хотири онон ўро вориди биҳишт созад ва агар се духтар ё монанди он хоҳар дошта бошад, ҷиҳоду садақаи мустаҳаббиро аз ў бармедорад.
35.Паёмбари Худо (с): Духтарон дилсўз, мададкор ва бобаракатанд. Ҳар кас як духтар дошта бошад, Худованд онро пўшише аз дўзах қарор медиҳад ва ҳар кас ду духтар дошта бошад, ба хотири онон вориди биҳишт шавад ва ҳар кас се духтар ё монанди он хоҳар дошта бошад, ҷиҳоду садақаи мустаҳаббӣ аз ў бардошта мешавад.
36. Паёмбари Худо (с): Ҳар кас ду духтарро сарпарастӣ кунад то бузург шавад, ману ў монанди ин ду дар канори ҳам вориди биҳишт мешавем (ва ба ду ангушти ишора ва миёна ишора кард).
37. Паёмбари Худо (с): Ҳар кас се духтарро сарпарастӣ кунад то издивоҷ кунанд, монеи ў аз оташи дўзах бошанд.

9. Таваҷҷўҳ ба духтарон

38. Паёмбари Худо (с): Ҳар кас вориди бозор шавад ва чизе харида онро барои хонаводааш бибарад, монанди касе аст, ки садақаеро барои гурўҳи ниёзманде мебарад ва бояд пеш аз писарон аз духтарон оғоз кунад, зеро ҳар кас духтареро шод кунад, гўё бардае аз фарзандони Исмоилро озод кардааст ва ҳар кас чашми писареро равшан кунад, гўё аз тарси Худованд гиря кардааст ва ҳар кас аз тарси Худованд бигиряд, Худованд ўро вориди биҳиштҳои пурнеъмат месозад.

10. Накўҳиши нохуш доштани духтарон

39. Паёмбари Худо (с): Духтаронро нохуш надоред, зеро онон ҳамдамони гаронбаҳое ҳастанд.
40. Китоби ман ло яҳзуруҳ-ул-фақеҳ: Ба Паёмбари Худо (с) таваллуди духтареро башорат доданд. Ба чеҳраи асҳоби худ нигоҳ карду нохушнудиро адр чеҳраи онон дид. Фармуд: «Шуморо чӣ шудааст? Гуле аст, ки онро мебўям ва рўзии он бар Худованди азза ва ҷалла аст».
41. Кофӣ ба нақл аз Ҷоруд ибни Мунзар: Имом Содиқ (а) ба ман фармуд: «Ба ман хабар расидааст, ки аз ин ки духтаре барои ту зода шудааст нороҳат ҳастӣ. Аз ў зиёне ба ту намерасад. Гуле аст, ки онро мебўӣ ва рўзияш тазмин шудааст. Паёмбари Худо (с) худ падари чанд духтар буд.
42. Кофӣ ба нақл аз Иброҳими Карахӣ: Яке аз пайравони мавриди итминон чунин нақл мекунад, ки ман дар Мадина издивоҷ кардам. Имом Содиқ (а) ба ман фармуд: «Издивоҷро чӣ гуна дидӣ?».
Гуфтам: Ҳеҷ марде ҳеҷ хайре дар зане надид, магар он ки ман ҳам дар ў дидам, вале ў ба ман хиёнат кард.
Фармуд: «Чӣ хиёнате?».
Гуфтам: Духтар зоид.
Фармуд: «Гўё аз духтар хушат наёмадааст. Худованди азза ва ҷалла мефармояд: “Падаронатон ва фарзандонатон, шумо намедонед кадом як барои шумо судмандтаранд”[3]».
43. Кашф-ул-ғумма ба нақл аз Айюб ибни Нўҳ: Яҳё ибни Закариё фарзанде дар роҳ дошт. Аз ин рў ба Имом Ҳодӣ (а) навишт: Ман фарзанде дар роҳ дорам. Аз Худо бихоҳед, ки писаре рўзиям кунад.
Имом (а) дар посухи вай навишт: «Чӣ басо духтаре, ки аз писар беҳтар бошад».
Ва барои ў духтаре зода шуд.

11. Накўҳиши фарзанди носолеҳ

44. Имом Алӣ (а): Фарзанди носолеҳ шарофатро табоҳу ниёгонро бадном мекунад.
45. Имом Алӣ (а): Фарзанди носолеҳ ниёгонро лаккадору наслро табоҳ месозад.
46. Имом Алӣ (а): Фарзанди нофармон, мояи ранҷу шум аст.
47. Имом Алӣ (а): Сахттарини мусибатҳо носолеҳии насл аст.
48. Имом Алӣ (а): Бадтарини фарзандон, фарзанди нофармон аст.
49. Имом Содиқ (а): Аз анҷом додани коре, ки моро ба хотири он сарзаниш мекунанд, бипарҳезед, зеро фарзанди носолеҳ, падараш бо амали ў сарзаниш мешавад.

12. Дархости хонаводаи солеҳ аз Худо

50. Кофӣ ба нақл аз Абўбасир: Имом Содиқ (а) ба ман фармуд: «Вақте касе аз шумо издивоҷ мекунад, чӣ мекунад?».
Гуфтам: Намедонам.
Фармуд: «Ҳаргоҳ қасди онро кард, ду ракъат намоз бихонаду Худоро сипос гўяд, сипас бигўяд: Бор Илоҳо! Ман мехоҳам издивоҷ кунам. Пас зане барои ман муқаддар кун, ки афифтарини онҳо ва хештандортарини онҳо дар ҷони худаш ва моли ман ва пуррўзитарини онҳову пурбаракаттарини онҳо бошад ва барои ман фарзанди поке муқаддар кун, ки ўро ҷонишини шоистае дар зиндагиям ва пас аз маргам қарор диҳӣ».
[1] Шаббар ва Шубайр ду номе буд, ки Ҷабраил (а) барои Паёмбари Худо (с) овард ва муодили арабии онҳо Ҳасан ва Ҳусайн аст. (Таърихи Димишқ, ҷ 14, с 119, ҳ 4313).
[2] Тур/21.

[3] Нисо/11.

19 комментариев:

  1. Дини мубини Ислом дар таълимоти худ ба ҷойгоҳи оила ё хонавода аҳамияти бисёр ҷиддӣ қоил аст. Омӯзиши фармудаи сарчашмаҳои исломӣ нишон медиҳад, ки ин дини мубин тамоми ҷанбаҳои шаръӣ, маънавӣ, ахлоқӣ, ҳуқуқӣ, отифӣ, равонӣ ва моддию иҷтимоии ниҳоди оила ва зиндагии оилавиро дар назар гирифта, нисбат ба он таълимоти бисёр табиӣ ва бисёр мукаммалеро пешниҳод менамояд. Ислом барои нигаҳдории оила дастуру таълимоти зиёдеро ба башар пешниҳод намудааст. Дар ин таълимоти васеъ пеш аз ҳама ба асли муҳаббату раҳмат таъкид гаштааст, ки он ба маънои меҳрубонию эҳтирому вафодории ҳамсарон нисбати ҳамдигар мебошад. Зеро маҳз муҳаббат боис мегардад, ки зану мард аз ҳамдигар хурсанд буда, аз ҳаёти оилавӣ розӣ гарданд ва хонаводаи устувор ва зиндагии ором дошта бошанд.
    Бо баъзе мавридҳое рӯ ба рӯ мешавем, ки ин хонаводаи устувор ва зиндагии оромро аз байн мебарад.
    -Нофармони аз шавҳар ва баланд кардани садо дар баробари ӯ ва носипосӣ ва инкори хӯбиҳояш ва ҳамеша бо сабаб ва бесабаб аз ӯ гила доштан
    Аз аммаи Ҳусайн ибни Муҳсин ривоят кардаанд, ки гуфт: «Барои коре пеши Паёмбари Худо(с) рафтам. Ҳазрат фармуд: Ин зан кист! Оё шавҳар дорад? Арз кардам: Бале, фармуд: Дар ҳаққи ӯ чигӯнаӣ? Гуфтам: Ҳеҷ ҳаққеро аз ӯ фурӯ намегузорам, магар ин ки натавонам. Фармуд: Ту дар назди ӯ чӣ ҷойгоҳе дорӣ? Қатъан ӯ сабаби биҳиштӣ ё дӯзахӣ шудани ту хоҳад буд». (Ривояти Нисойи)
    Ҳамчунин Паёмбар салаллоҳ алайҳи вассалам фармудааст: «Агар мехостам шахсеро фармон диҳам, то барои касе ба саҷда афтад қатъан занро фармон медодам, то барои шавҳараш саҷда кунад». (Ривояти Тирмизӣ ва Аҳмад)
    Бинобарин шавҳар бар ҳамсараш ҳаққи бузурге дорад ва фармонбарӣ аз ӯ воҷиб аст. Ростӣ чигӯна аст ҳоли заноне, ки дар ҳаққи шавҳарҳояшон саҳлангоранд ва аз ӯ нофармонӣ мекунанд ва ӯро аз худ норозӣ нигаҳ медоранд.

    ОтветитьУдалить
  2. Паёмбар салаллоҳ алайҳи вассалам фармудааст: «Се гуруҳ ҳастанд, ки намоз ва дуояшон болотар аз гӯшҳояшон намерасад: Бардаи фирорӣ, то ин ки боз гардад, зане ки шабро ба субҳ расонад ва ҳамсараш аз ӯ хашмгин бошад ва пешвоӣ мардуме, ки ӯро дӯст намедоранд». (Ривояти Тирмизӣ)
    -Мухолиф бо чанд занӣ ва хоин донистани шавҳараш дар ҳаққи ҳамсараш ба сабаби ин ки чандзаниро раво донистааст, ҳарчанд битавонад ба шароит ва одоби он амал кунад
    Чунин нигарише дуруст нест, зеро Худованд фармудааст: «Ва агар дар иҷрои адолат миёни духтарони ятим бимнокед, ҳарчӣ аз занони (дигар), ки писанд афтад, ду ду, се се, чаҳор чаҳор, ба зани бигиред. Пас агар бим доред ба адолат рафтор накунед ба як (зани озод) ё ба ончӣ (аз канизон) молик шудаед иктифо кунед. Ин худдорӣ наздиктар аст то ба ситам гароед». (Сураи Нисо, ояти 3)
    Бинобарин, Худованд асли чандзаниро раво доштааст, гарчи онро машрӯт ба одоб ва шароит донистааст ва наметавон мутлақан онро ѓайри қобили қабул ва нописанд донист, зеро дар ин сурат мисдоқи ин фармудаи Худованд мешавем, ки мефармояд: «Ин бадон сабаб аст, ки онон ончиро Худо нозил кардааст хӯш надошта ва Худо низ корҳояшонро ботил кард». (Сураи Муҳаммад, ояти 9)

    ОтветитьУдалить
  3. Худованд дар ояйи дигар мефармояд: «Ва ҳеҷ мард ва зани муъминро насазад, ки чун Худо ва фиристодааш ба коре фармон диҳанд, барои онон дар корашон ихтиёр бошад ва ҳар Худо ва фиристодаашро нофармонӣ кунад, қатъан дучори гумроҳии ошкоре гардидааст». (Сураи Аҳзоб, ояти 36)
    -Ифшои ончӣ дар равобити заношӯйи рух медиҳад, аз қабили гуфтугӯҳои шахсӣ, асрор ва ихтилофоте, ки миёни ҳар зан ва шавҳаре вуҷуд дорад
    Инҳо ҷузъи асрори зан ва шавҳар аст ва намебояд онҳоро пеши хешовандон, дӯстон ва дигарон фош намуд, ба хусус умури марбут ба равобити ҷинсии миёни зан ва шавҳар, ки ҷудо бояд аз боз гуфтани онҳо худдорӣ кард.
    Аз Абусаиди Худрӣ ривоят шудааст, ки Паёмбари акрам салаллоҳ алайҳи вассалам фармуданд: «Бадтарин ҷойгоҳи рӯзи Қиёмат мутааллиқ ба мардоне аст, ки бо ҳамсарони худ ҳамбистар мешаванд ва сипас асрори ҳамбистариро ба дигарон бозгӯ менамоянд».
    -Коҳиши ѓайризарурии таваллуди фарзанд ва талош барои маҳдуд кардани насл. Амре, ки муҷиби коҳиши уммати исломӣ мешавад
    Паёмбари акрам салаллоҳ алайҳи вассалам фармудааст: «Бо заноне, ки бисёр меҳрубон ва бача мезоянд издивоҷ кунед, зеро касрати шумо муҷиби ифтихори ман дар баробари умматҳои дигар аст». (Ривояти Абудовуд ва Нисойи)
    Набояд аз тарси фақр ва тангдастӣ аз доштани фарзанди бештар худдорӣ кард, зеро Худованд чунонки ба шумо рӯзи додааст, рӯзи ононро низ хоҳад дод ё магар ба сурате, ки дар ин миён зарурат ва узре вуҷуд дошта бошад, монанди беморӣ ё нотавонӣ дар тарбияти онон.
    Худованди баландмартаба мефармояд: «Ва чӣ басо ҷондороне, ки рӯзии худро барнамедоранд, Худо онҳоро ва шуморо низ рӯзи медиҳад ва ӯст шунавоӣ доно». (Сураи Анкабут, ояти 60)
    Ҳамчунин раво нест ба сабаби тарс аз шикаста шудан ва аз даст додани зебойи ва нишоти ҷавонӣ аз доштани фарзандони бештар сар боз зад. Ва ба ёд дошта бошед, ки инсон чун аз дунё равад, парвандаи аъмолаш баста мешавад, магар дар се маврид, ки яке аз онҳо доштани фарзанди солеҳ аст, ки барои ӯ дуо мекунад. Аз инрӯ агар дороӣ фарзандоне боши, ки ононро тибқи омӯзаҳои динӣ тарбият карда бошӣ, пас аз маргат низ аз натиҷаи ин корат баҳраманд хоҳӣ шуд.
    -Масъул надоштани худ дар баробари Худованд нисбат ба хонавода
    Паёмбари Худо салаллоҳ алайҳи вассалам фармудааст: «Ҳамаи шумо дар масъулият доштан чун шубонед ва ҳамаи шумо дар қиболи раъияти худ масъул ҳастед. Пешво ва раҳбар чун шубон аст ва дар қиболи раъияташ масъул аст ва мард дар хонаводааш чун шубон аст ва дар қиболи раъияташ масъул аст ва зан дар хонаи ҳамсараш чун шубон аст ва дар қиболи раъияташ масъул аст».
    -Водор сохтани шавҳар барои таҳияи ончӣ ки фаротар аз тавон аст. Аз қабили харидани лавозимоти зиннатии манзил, ҳадияҳо ва пӯшокиҳои қимматӣ.
    -Талош ва диққат накардан барои зебо ва ороста зоҳир шудан, ба ҳангоми омадани шавҳар ба манзил
    Бархе аз занон бо либоси ошпази, ки бӯйи ѓизо ба худ гирифтааст аз шавҳарашон истиқбол мекунанд, вале бар акс вақте барои дидори дӯстонашон аз манзил берун мераванд, комилан худро ороста ва зебо менамоянд.
    -Дархости талоқ бидуни ҳеҷ мушкил ва сабаби шаръӣ
    Паёмбари акрам салаллоҳ алайҳи вассалам фармудааст: «Ҳар зане, ки бидуни ҳеҷ мушкиле аз шавҳараш талоқ дархост намояд бӯйи биҳишт ҳам бар ӯ ҳаром аст». ( Ривояти Абудовуд ва Ибни Моҷа)
    Таҳияи Назифаи Мӯсо

    ОтветитьУдалить
  4. Баёни кулли порсо будани зан ба унвони меъёре барои як зани хуб, инсонро дар таъини мисдоқҳои он дучори тардид мекунад бинобар ин милокҳоеро барои зани хуб баён мекунем. Мушаххастарин меъёри зани шоиста хуб шавҳардори аст. Дар ҳадисе аз имом Боқир(а) нақл шуда аст ҳазрат фармуд: “Худованд бар мардон ва занон ҳар ду ҷиҳод навишта аст ҷиҳоди мард бахшиши мол ва ҷон аст то кушта шавад ва ҷиҳоди зан он аст ки бар ғайрат ва нороҳатиҳои шавҳар сабр кунад.”

    Бинобар ин сабри зан дар муқобили номулоимон ва носозгори шавҳар дар ҳадди ҷиҳоди шавҳар сутуда шуда аст ва ҳам чунин ҷиҳоди зан хуб шавҳардори тавсиф шуда аст.

    Беҳтарин занон дар тавсифи Паёмбари Ислом(с) зеботарини онон ҳастанд, ки кам меҳртарин бошанд, ҳам чунин фармуд мехоҳед беҳтарин занонро муаррифи кунам? Гуфтанд: Бале ё Расулаллоҳ фармуд: Беҳтарин занон он аст ки бачча зиёд меоварад ва бо отифа ва муҳаббат ва афиф ва пушида бошад, дар хонаводааш азиз ва муҳтарам ва барои шавҳар мутавозеъ ва фурутан бошад, бо шавҳар шуху мизоҳгар ва нисбат ба дигарон ва бегонагон мастур ва худдор бошад ба сухани шавҳар гуш фаро диҳад, фармонбардори намояд дар хилват худро барои ӯ биёрояд.

    Марде ба маҳзари Паёмбари Ислом(с) омад ва гуфт: Эй Раслуи Худо(с) ҳамсаре дорам ки чун ба хона меравам ба пешвозам меояд ва вақте берун меравам бадрақаам менамояд ва агар маро ғусса дор бинад мегуяд ғам махур ки агар ғами рузи мехури Худованд онро ба уҳда гирифта ва агар барои охират ғам дори ва фикр мекуни Худованд бар фикру ғами ту бияфзояд. Паёмбар(с) фармуд: Ӯро башорати биҳишт деҳ ва ба вай бигу ки ту яке аз омилони Худованди ва дар ҳар рӯз 70 подоши шаҳид барои ту хоҳад буд.

    ОтветитьУдалить

  5. Дар ҳадиси дигаре Абиҳамза аз Ҷобири Ансори, саҳобаи Паёмбар(с) нақл кард, ки шунидам Ҷобири Ансори сухан мегуфт аз ҷаласае ки дар маҳзари Раслуи Худо(с) доштанд ва дар бораи занонв а фазилати баъзе аз онон нисбат ба баъзеи дигар сухан ба миён омада буд. Паёмбари Ислом(с) фармуд: Оё моилед аз беҳтарин занони шумо хабар диҳам?

    Ҳозирон гуфтанд: Бале ё Расулаллоҳ. Сипас Паёмбар(с) фармуд беҳтарин занони шумо заноне ҳастанд, ки фарзанд ба дунё оваранад ва маҳҷуб ва пушида бошанд дар байни хонаводаи худ бо иззат ва назди шавҳарашон мутавозеъ ва фурутан бошанд барои шавҳарашон худро биёроянд ва аз бегонагон худро бипушонанд ва амри шавҳарро итоат кунанд ва худро дар ихтиёри вай қарор диҳанд.

    Онгоҳ аз Расули Худо(с) нақл шуда аст беҳтарин занон он аст, ки хушбу ва хуш хурок бошад. Агар харҷ кунад дар роҳи саҳеҳ ва хуб харҷ кунад ва агар дури намояд ба равши саҳеҳ бошад.

    ОтветитьУдалить
  6. Аз имом Содиқ(а) нақл шуда аст: Беҳтарин занон он аст, ки агар хашмгин шавад ба шавҳар гуяд дасти ман дар дасти туст яъне дар ихтиёри ту ҳастам ба бистари хоб нахоҳам рафт то инки аз ман хушнуд шави аз тамоми ривоятҳо пеш гуфта ин муҳим истифода мешавад ки беҳтарин занон ононе ҳастанд, ки сифатҳои ҷамолу камолро бо ҳамдошта бошанд ва зебои зан дар чеҳра ва андом ва муҳои баланд ӯст ва камоли зан дар фаҳм ва тавозуъ дар баробари шавҳар ва ғайрат дар муқобили бегонагон аст.

    Зани хуб ба унвони ҳамсар ва завҷаи мард он қадар дар ислом таъқид шуда аст, ки ҳазрати Расули Худо(с) фармуд: Ҳеҷ марде баъд аз ислом нафъе болотар аз ҳамсари мусулмон оидаш намешавад, ки чун ба ӯ бингарад масрур гардад ва чун ба ӯ фармоне диҳад итоат намояд ва дар набуди шавҳар моли ӯ ва номуси худро ҳифз кунад.

    Дар ҳикмати Афлотун омада аст аз устувортарин далоили алоқаи мард ба ҳамсараш ва ҳамбастаги миёни он ду, ин аст ки садои зан, зотан поинтар аз садои мард, қувваи ташхис ва тамизи ӯ камтар аз қувваи ташхиси мард ва қалбаш нозуктар ва рақиқтар аз қалби мард мебошад, пас ҳаргоҳ яке аз сифатҳои зан нисбат ба мард фузуни ёбад, ба ҳамон мизон аз мард дур мешавад.

    Аз муҳимтарин сифатҳои писандида ва воҷиби зан, покдоманива амонати ӯст, зеро зан дар маърази шаҳвати мардони бегона ва шуълавар шудани ишқ ва эҳсос аз ҳар ҷиҳате аст. Зан молики хона ва ҳофизи амволи шавҳар аст ва аз сӯи дигар дар назди мардум ба заъф ва адами тавонои шуҳрат дорад, пас ногузир бояд занро нисбат ба молу нафс огоҳи дод. Аз беҳтарин сифатҳои зан такаббур аст, ба гунае ки ин кибр ва ғурур, монеъ аз назари мардони бегона, ё тамаъи онҳо нисбат ба занҳо шавад, ин кибр ва ғуру аз сифатҳои мазмум ва нописанд барои мард аст ва дар мавриди зан аз сифатҳои мавриди ситоиш ба шумор меравад. Ҳамчунин бухл дар зан ки худдори аз бахшиши амволе мебошад, ки дар дасти ӯст, аз сифатҳои писандида аст. Зеро ин амал аз тамаъи бегонагон ва дуздон ба амволи вай ҷулугири мекунад. Ҳамчунин сифати тарс дар зан, ки ба маънои тарс аз рафтан ба маконҳои хилват ва сафар дар торикии шаб ва сафар дар саҳро мебошад, мавҷиби муқайяд шудани зан мегардад. Ин сифатҳо бо эҳсос дар иртибот аст ва эҳсос дар зани қавитар аз мард аст.

    Ҷиҳоди зан хушрафтори бо шавҳар ва итоат аз ӯст

    Ислом маҳрумиятҳои занонро монанди маҳрумияти ҷиҳод дра роҳи Худо бидуни иваз ва ҷуброн ба мисл нагузошта, балки камбуди онро ба муодили он дар фазилат ва мазияти тадорук намуда, масалан неку доштани шавҳарро муодили ҷиҳод қарор дода аст, ин корҳо ва ингуна мазоё чи басо барои мо ки бозори фосиди зиндагонии моро иҳота карда аст, арзише надошта бошад, вале дар назари ислом, ки ҳар чзеро ба баҳои ҳақиқи он месанҷад ва фазоилеро ки марзии Худост, меҷуяд, Худованд низ ҳар чиро ба арзиши он миқдор фармуда ва роҳи махсуси ҳар касро пеши пои вай ниҳода ва онро мусталзим ба он роҳ сохта ва қимати ҳар кас муодили хидмати иснони вай ва ба вазни аъмоли ӯ қарор дода аст, пас дар ислом шаҳодати мард дар майдони набард ва гузашт аз хуни рангин ба неку шавҳардори зан бартари надорад ва ҳоким ки чархи зиндагии иҷтимоиро мечархонад ё қози ки бар муснади қазоват такя мезанад бар зане ки хонадор аст мояи ифтихор надорад бо инки инҳо муносибате ҳастанд, ки агар амал ба ҳақ карда ва бар ҳақ рафта бошанд, ҷуз таҳаммули бори гарон масулияти ҳукумат ва қазоват ва дар маърази илоҷ ва мухотироте барои дифоъ аз ҳуқуи зуафо воқеъ шудан, фоидае надорад. Пас инон чи ифтихоре бар касоне доранд ки дин, онҳоро аз вуруд ба ин корҳо манъ карда ва бар ишон роҳи дигаре пеши ру ниҳода аст. Ин ифтихоротро эҳтиёҷоти мухталифи иҷтимоот ва баргузидаги афроде аз худ барои ҳар коре, зинда ва устувор медорад чаро ки дар ихтилофои шууни иҷтимои ва инсони бар ҳасаби ихтилофи муҳитҳои иҷтимоъ, ҷои инкор нест.

    Манбаъ: Тоҷикон

    ОтветитьУдалить
  7. Ҳадафи асосии дини ислом, тарбияти инсонҳо ва таъмини саодати башар дар тамоми заминаҳо, дар тамоми марҳилаҳои зиндагӣ аст. Паёмбарони илоҳӣ ба вижа Паёмбари Ислом(с), барои ин ҳадафи муқаддаст барангехта шуда ва дар ин роҳ ниҳояти саъйи худро намудаанд ва дар анҷоми ин маъмурият, ба ниёзҳо, вижагиҳо ва алоиқи фитрии башар ба унвони як асли муҳимм таваҷҷуҳи фаровон доштанд. Ба ҳамин ҷиҳат дастуроти тарбиятии ислом ва фарҳанги ҳаёти Паёмбар(с), дақиқан дар роҳи парвариши фитрии инсонҳо, навишта шуда аст.
    Худованди Мутаол барои тарбияти афроди башар, конуни пурмеҳру хонаводаро беҳтарин муҳити тарбиятии инсонҳо қарор дода аст. Акнун ба чанд намуна аз роҳҳои мустаҳкам шудани хонавода мепардозем:
    1.Гуфтугуҳои муҳаббатомез:
    Яке аз роҳҳои мустаҳкам шудани хонавода, таваҷҷуҳ ба иртиботи забони аст. Суханони отифи ва баҳрагири аз суханони дилнишин ва хитобҳои шоитса ва муҳаббатомез, мухотабро ҷазб мекунад. Хоста ё нохоста аз гуянда рози шуд ва дар дилаш навъе эҳсоси муҳаббат нисбат аб ӯ иҷод мешавад.
    Агар дар хонаводе мард ё зане бо суханони зебо ва дилпазир ҳамсарашро садо кунад, илова бар инки ба фарзандон чигуна сухан гуфтанро меомӯзад, дар қалби ӯ ҷойгоҳи вижае хоҳад ёфт. Ҳазрати Алӣ(к) мефармоянд:
    اجملوا فى الخطاب تسمعوا جمیل الجواب
    “Зебо сухан бигуед то сухани зебо бишнавед.”
    Суханони муҳаббатомез ва дилрабо, рӯҳро навозиш дода ва ҳамсарро таҳти таъсир қарор медиҳад. Баъзе аз суханон, он қадар зебо ҳастад, ки ҳаргиз то охири умр фаромуш намешаванд.

    ОтветитьУдалить
  8. Расули Худо(с) бо таваҷҷуҳ ба ин нукта фармуданд:
    « قول الرجل للمراة انى احبك لا یذهب من قلبها ابدا
    “Марде, ки ба занаш бигуяд: Ман туро дуст дорам, (асари ин сухан) ҳаргиз аз дили зан берун намеравад.”
    Асосан мард ва зани мусулмон забони хешро ба сухани нек одат диҳанд, зеро инсон фиратан аз суханони зебо, дилнишин ва пурмеҳр истиқбол мекунад ва нисбат ба инсонҳои неку сухан, дар дил эҳсоси муҳаббат менамояд.
    2.Садо кардан бо беҳтарин ном
    Садо кардани ҳамсар бо номе, ки бештар дуст дорад, дар ба вуҷуд омадани унс ва улфат ва муҳаббат дар миёни завҷайн ва ҳамсарон таъсири ба сазое хоҳад дошт. Паёмбар(с) тавсея фармуданд ки барои афзоиши меҳр ва сафо дар миёни мусулмонон, ҳамдигарро бо номи зебо ва муҳтарамона садо бизананд:
    «ثلاث یضفین ود المرء لاخیه المسلم یلقاه بالبشر اذا لقیه و یوسع له فى المجلس اذا جلس الیه و یدعوه باحب الاسماء الیه
    “Се чиз дусти ва муҳаббатро байни ду мусулмонро зиёд мекунад (ва сафо ва самимиятро дар миёни онҳо тақвият мекунад). 1.Ҳангоми бархурд бо ҳамдигар, бо хушрӯи ва чеҳраи гушода бархурд кунад. 2.Агар мехоҳи дар канори ӯ биншинед барояш ҷо боз кунед. 3. Ба беҳтарин номе, ки дуст доред ӯро садо бизанед.”
    3.Салом кардан ба ҳамдигар:
    Тибқи омузишҳои ислом, салом кардан бо садои баланд ва бо аҳанге отифи ва зебо боиси тақвияти робитаи байни зан ва мард хоҳад шуд. Салом бо лаҳни отифӣ, кинаҳоро аз байн бурда, руҳияро тақвият карда ва дилҳоро ба ҳам наздик менамояд. Салом додан ба ҷамъи хонавода ва ба вижа зан ва мард ба якдигар, нишотовар ва фараҳбахш аст.

    ОтветитьУдалить
  9. Имом Содиқ(а) фармуданд:
    یسلم الرجل اذا دخل على اهله
    “Вақте мард ба хона дохил мешавад, бояд ба аъзои хонавода (ба вижа ҳамсараш) салом кунад.”
    4. Ошкор кардани алоқа ва ибрози муҳаббат
    Хонаводаи ҷавоне, ки бо ҳам паймони заношӯи мебанданд, маъмулан бар мабнои алоқаи даруни ва ишқи пок аст, ки ба якдигар доранд. Аммо ончи ки дар ислом такид шуда аст, бунёни хонаводаро тақвият мекунад ва муҳаббат ва улфатро миёни хонаводаи ҷавон афзоиш медиҳад, изҳор ва ибрози он аст.
    Имом Содиқ(а) мефармоянд:
    اذا احببت رجلا فاخبره بذلك فانه اثبت للمودة بینكما
    “Ҳаргоҳ шахсеро дуст дошти, дустии худро ба ӯ эълом кун, зеро ин амал унс ва улфатро байни шумо пойдортар мекунад.”
    5.Дилҷӯӣ, хушомадгӯи ва бадрақа
    Хонавода конуни оромиш ва роҳати аст. Марде, ки берун аз хона бо бисёре аз мушкилҳо даргир аст ва бо номулоиматии фаровоне бархурд мекунад, дуст дорад ҳангоми баргашт ба хона касе аз ӯ дилҷӯи кунад, ҳарфи дилашро бишнавад ва бо сухнони оромбахши худ, марҳами дардҳои дили ӯ бошад. Дилаш мехоҳад ҳангоме, ки дари хонаро мекушояд, касе бо чеҳраи гушода, лаби хандон ва лаҳни отифи аз ӯ истиқбол намуда ва ончиро, ки дар даст дорад, бо такрим аз ӯ таҳвил бигирад ва ин фард ҷуз ҳамсари солеҳ ва меҳрубони ӯ фарди дигаре нахоҳад буд. Дар ин сурат чуннин зане аз дустони Худо буда ва подоши бузурге хоҳад дошт.
    Марде ба назди Паёмбар(с) омад ва арз кард:
    “Ё Расулаллоҳ! Ман ҳамсаре дорам, ки ҳаргоҳ вориди хона мешавад ба истиқболам меояд ва чун мехоҳам аз хона берун равам маро бадрақа мекунад. Ҳаргоҳ маро ғамгин бубинад мегуяд: Чи чизе туро ғамгин карда аст? Агар барои харҷи зиндагиат нороҳатӣ, мутмаин бош, ки дигаре (Худованд) уҳдадори он аст ва агар барои охират (ва гирифториҳои қабру қиёмат) ғусса мехурӣ, Худованд ғаматро зиёд кунад. Расули Худо(с) фармуданд: Худованд (дар рӯи замин) коргузороне дорад ва ин зан яке аз онҳост. Барои ӯ нисфи подоши шаҳид мебошад.”
    Ҳазрати Алӣ(к) дар мавриди ҳазрати Фотима(с) мефармоянд:
    “Ба Худо савганд баъд аз издивоҷ бо Фотима(с) бар ӯ хашмгин нашудам ва ӯро ба коре маҷбур накардам. Ва ӯ маро нороҳат накард ва ҳеҷгоҳ бо ман мухолифат нанамуд, вақте ба ӯ нигоҳ мекардам тамоми ғам ва андуҳҳои дилам бартараф мешуд.”
    6. Ҳамдили дар интихоби навъи хурок
    Ҳамоҳанги ва ҳамдили дар интихоби навъи хурок аз ҷумла авомиле аст, ки иртиботи зан ва шавҳарро тақвият карда ва бунёни хонаводаро мустаҳкам мекунад. Агар завҷайн дар масъалаи хурок якдигарфаҳми дошта бошанд ва шароити ҳамдигарро муроот кунанд, бисёре аз мушкилот ва ихтилофҳои хонаводаги ҳал мешавад. Агар мард хурокеро дуст дорад ва интизор дорад ки дар хонааш омода шавад, метавонад маводи онро таҳия кунад ва ба ҳамсараш бигуяд, ки чунин хурокеро омода кунад. Баъд аз инки хурокро занаш омода кард аз ӯ қадрдони кунад ва баҳонагириро канор бизанад. Паёмбари Худо(с) фармуд:
    المؤمن یاكل بشهوة عیاله والمنافق یاكل اهله بشهوته
    “Инсони боимон, тибқи майл ва хостаи аёлаш хурок мехурад ва хонаводаи инсони мунофиқ, тибқи майл ва хостаи вай хурок мехуранд.”
    Дар сира ва рафтори Паёмбар(с) омада аст, ки он ҳазрат(с) ҳеҷ гоҳ дар мавриди интихоби навъи хурок сахтгири намекард ва бо хонаводааш ҳамроҳ мешуд.
    Паёмбар(с) дар ҳадиси дигаре фармуданд:
    خیر نسائكم الطیبة الطعام
    “Беҳтарини занони шумо зане аст, ки хуроки покиза ва дилписанд дуруст кунад.”

    ОтветитьУдалить
  10. 7.Фароҳам намудани харҷии хонавода
    Мард ба унвони мудири хонавода, масъулияти фароҳам кардани василаҳои мавриди ниёз аз қабили хурок ва пушок ва … аъзои хонаводаро бар уҳда дорад. Дар ин маврид агар мардони боимон вазифаи хешро дар мавриди ба даст овардани рӯзии ҳалол ва покиза ба хуби анҷом диҳанд, мақоми баланд, дар пешгоҳи Худованди Мутаол касб хоҳанд намуд.
    Имом Боқир(а) фармуданд:
    من طلب الرزق فى الدنیا استعفافا عن الناس و سعیا على اهله و تعطفا على جاره لقى الله عزوجل یوم القیامة و وجهه مثل القمر لیلة البدر
    “Ҳар кас дар дунё ба дунболи рӯзии ҳалол биравад, ба қасди инки ниёзманд ва муҳтоҷи дигарон набошад ва харҷии зан ва фарзандонашро таъмин намояд ва ба ҳамсояҳо (ва ҳамнавъони мустаманди худ) ёри расонад, чунин фарде дар рӯзи қиёмат бо симои нурони монанди моҳи шаби чаҳордаҳ бо Худованд мулоқот хоҳад кард.”
    Имом Содиқ(а) фармуданд:
    «الكاد على عیاله من حلال كالمجاهد فى سبیل‏الله
    “Марди талошгаре, ки барои таҳияи рӯзии ҳалол ва машруъ барои хонаводааш мекушад, монанди муҷоҳиде аст, ки дар роҳи Худо ҷиҳод мекунад.”
    Имом Ризо(а) низ фармуданд:
    “Касе, ки аз фазл ва инояти Парвардигор ба дунболи рӯзии ҳалол равад ба андозае, ки махориҷи хонаводаи худро таъмин кунад, аз размандае ки дар роҳи Худованди Мутаол ҷиҳод мекунад подоши афзунтаре дорад.”
    8.Ҳадя додан ба ҳамсар
    Эҳтиром ба шахсияти афрод, дар вуҷуди онон ишқ ва муҳаббат меофаринад. Ҳадя додан навъе эҳтиром ба тарафи муқобил маҳсуб мешавад ва инсоне, ки ҳадяро мегирад беихтиёр ва аз рӯи фитрати худододии хеш, меҳру муҳаббати ҳадядиҳандаро дар дили худ ҷой медиҳад. Ин нукта дар робитаи заношӯи аз аҳамияти хоссе бархурдор аст ва омили муҳимме дар ба вуҷуд омадани унс ва улфат ва ҳамгарои нисбат ба зан ва мард ба шумор меравад.

    ОтветитьУдалить
  11. Зиндагии солим ва хуш барои хар инсон хусусан касоне, ки аввали издивоҷ ва ҳамсар шуданашон аст бисёр чизи лозим ва орзуи беҳтарин аст.
    Ҳарчанд касонеҳам ба он намерасанд ва аз аввал ва ё байни роҳ яке аз ду тараф ва ё ҳарду ба ин фикр мерасанд, ки бояд аз ҳамдигар ҷудо шаванд!

    Дини Ислом роҳҳои ҳифзу нигоҳдории хонаводаро ба шаклу равишҳои зиёде ироа намуда аст, ки ҳар шахсе бо бардошту илми худ метавонад аз он истифода намояд.

    Мақолаи зер яке аз навиштаҳое аст дар ин боб, ки роҳ-ҳоеро барои нав арусон ироа намуда аст пешкаш мегардад. Умед аст тамомии фарзандони мусулмон ҳусусан Тоҷикон зиндагии бо самару бо маърифатро дошта бошанд.


    ОтветитьУдалить
  12. Махсуси хоҳароне, ки ба зиндагии ҷадид қадам гузоштаанд!

    1. Ту гул ва зебогии хонаӣ, пас кӯшиш кун, то эҳсоси хушбӯии ин гулро ба муҷарради дохил шудани шавҳарат, ба хона пош диҳӣ.

    2. Волидайни шавҳаратро эҳтиром кун ва ҳеҷгоҳ байни волидайни худ ва волидайни шавҳарат фарқе магузор, зеро онҳо гаронбаҳотарин ҳадя, шавҳарро бароят тақдим кардаанд.

    3. Ҳолатҳои роҳат ва оромии шавҳаратро ҷустуҷӯ кун, гарчанде ин ҷустуҷӯ бо сухан гуфтан бошад, ё ба анҷоми ҳаракате ва ба сӯи шавҳарат ба сурати як дӯсти наздик бишитоб.

    4. Ҳамеша дар гуфтугӯ ва муноқиша бо шавҳари худ бош, аммо аз ҷангу исрор бар раъйи худ ҷилавгирӣ кун.

    5. Овозатро ҳаргиз баланд макун, хусусан дар вақти ҳозир будани шавҳарат.

    6. Кӯшиш ва талош намо, то ҳар ду гоҳ-гоҳе дар намози таҳаҷҷуд бо ҳам бархезед, зеро ин намоз ба шумо нур, саодат, муҳаббат, дустӣ ва оромиш мебахшад. Худованд гуфтааст: «Огоҳ бошед, ки ба зикри Аллоҳ қалбҳо итминон пайдо мекунанд» (сураи «Раъд», ояти 28).

    7. Дар вақти ғазаби шавҳарат оромиши комилро ихтиёр кун ва ҳаргиз қабл аз он ки ризояти вайро ба даст наёварӣ, нахоб. Зеро Паёмбари Худо (с) фармудаанд: «Шавҳарат ҷаннат ва дӯзахи туст» (Имом Аҳамад).

    8. То вақте ки шавҳарат дар хона аст, ҳамеша бо ӯ бош, ва бо чеҳраи хандон ӯро бипазир ва интизор шав.

    9. Бо пӯшидани баъзе либосҳои муайян вайро эҳсоси рағбат бидеҳ ва барои вай либос ихтиёр кун.

    10. Дар дарки заруриёт ва эҳтиёҷоташ хеле дақиқ бош, то муоширати неку истифодаи вақт бароят осон гардад.

    11. Ҳеҷгоҳ мунтазири калимаи таассуф ва бахшишпурсӣ аз вай набош, балки вайро маҷбур ба чунин коре ҳам макун, магар он ки худаш аз ончи ҳақиқатан қобили маъзарат бихоҳад ва ё изҳори таассуф намояд.

    ОтветитьУдалить
  13. 12. Ба шаклу либоси шавҳарат эҳтимоми зиёд дошта бош (яъне таърифаш кун), агарчи худи вай ба он диққате надошта бошад, зеро вай дӯст дорад то дӯстонаш аз мазҳар (шакл) ва либоси вай тавсиф кунанд.

    13. Кӯшиш накун, то вай ҳамеша ба сӯйи ту биёяд ва изҳори рағбат ба ту бикунад, балки гоҳ-гоҳе ту низ ба ӯ изҳори тамоюл намо.

    14. Мунтазири ҷавоби муомилаи некат бо вай мабош, зеро бисёре аз шавҳарон машғули мушкилоти зиндагӣ мешаванд, аз ин рӯ, бештари вақт эҳсосоти худро баён карда наметавонанд.

    15. Дар сурате ки шавҳарат дар мушкилӣ мубтало бошад, ҳамроҳи вай худро ҳамдард ва ҳамгом нишон бидеҳ.

    16. Аз шавҳарат бо лабханди ҳамроҳ бо муҳаббат ва эҳсоси рағбат ба вай ҳангоми вуруди ӯ ба хона истиқбол намо.

    17. Доим ба ёд дошта бош, ки шавҳар василаест, ки тавассути он метавон ба Аллоҳ (ҷ) наздик шуд.

    18. Кӯшиш кун, то дар ҳар чиз дар шакл ва қиёфа дар сухан гуфтан ва дар истиқболат аз вай навоварӣ нишон диҳӣ.

    19. Ҳаргиз вақте, ки шавҳарат аз ту чизе мехоҳад танбалӣ макун, балки ончиро бо собукӣ ва ризоят ба вай тақдим намо.

    20. Дар сомони олоти хона таҷдиди назар намо, хусусан қабл аз он ки вай ба хона бар мегардад ва шавҳаратро бифаҳмон, ки ин ҳамаро фақат ба хотири хушии вай анҷом медиҳӣ.

    21. Ба идора кардани хона танзими вақт ва тартиби заруриётҳо ҳирс дошта бош.

    22. Баъзе маҳоратҳои занонаро ба таври хеле хуб ёд бигир, зеро ту ба онҳо дар хонаи худ зарурат дорӣ ва чунин коре туро ба зан буданат ёди даҳонӣ мекунад.

    23. Ҳар он чиро аз хӯрока, пӯшок ва дигар анҷоми хона, ки шавҳарат меоварад, бо ташаккуру тавсиф истиқбол намо.

    24. Дар покӣ, тозагӣ ва тартиби хона бо пешонии боз ва чеҳраи хандон саъю талош кун, агарчи шавҳарат аз ту чунин нахоҳад.

    25. Обу ҳавои хонаро, хусусан қабл аз баргашти шавҳарат ба хона мутобиқи майлу хоҳиши вай созгор бисоз ва ба шавҳарат фурсати онро мадеҳ, ки эҳсос кунад, ки дар корҳои хона саҳлангору танбал менамоӣ ва ё дар кори хона шавқу рағбат надорӣ.

    26. Ҳамеша қонеъ бош ва бар адами исроф кӯшиш намо, то масрафат бештар аз даромад набошад.

    27. Ҳамеша зан будани худро ба ёд дошта бош ва бар он посдорӣ карда,онро бо муҳаббат барои шавҳарат ба шакли муносиб ва вақти муносиб ва бе такаллуфу сохтакорӣ изҳор кун.

    28. Дар вақти бозгашти шавҳарат аз кор, сафар ва ё бархостан аз хоб ва ё болои дастархон дар назди вай аз фарзандонат шикоят макун, зеро шикоят дар ин лаҳзаҳо болои падару фарзандон асароти хеле бад дорад.

    29. Ба фарзандонат назар ба умрашон биёмӯз, ки чигуна аз падарашон дар вақти бозгашт аз кор, ё сафар истиқбол намоянд.

    30. Шавҳаратро ҳеҷгоҳ баъд аз бозгашт аз сафар аз хона бо шикоятҳо ва дардҳо агарчи хеле мушкил ҳам бошад, истиқбол накун.

    31. Вақте шавҳарат фарзандонро сарзаниш кунад ва ё ҷазо диҳад, мудохила накун.

    ОтветитьУдалить

  14. 32. Кӯшиш кун, то миёни падару фарзандон ҳамеша робита ва алоқаи нек эҷод кунӣ.

    33. Дар ҷараёни ихтиёри тариқаи хос дар тарбияи фарзандон мунтазири натиҷаҳои фаврӣ мабош, зеро бо вуҷуди тарбияи исломӣ вақти муносиб, ки ба синну соли тифл иртибот дорад, тай нагардад, натиҷаи муносибе ҳосил намегардад, пас ноумед ва дилсард мабош.

    34. Тариқаи рафтор ва гуфтори худро бо тифлонат чунон ихтиёр кун, ки онро ақлу виҷдон ҳарду қабул кунанд, ва танҳо ба ҳушдор додан ва ёдоварӣ кардан иктифо накун, то дар қалби тифлонат муҳаббати бештаре пайдо кунӣ.

    35. Кӯшиш кун, то дӯсти духтарони худ бошӣ ва тағиротеро, ки духтаронат дар мароҳили мухталифи зиндагӣ тай мекунанд, эҳсос намоӣ.

    36. Аз хешовандони шавҳарат ба хуш омадед ва такрим ва эҳтиром ва тақдими ҳадя дар муносибот ва маҳофили мухталиф истиқбол кун, ва шавҳарат агар чи ба зиёрати онон эҳтимом надошта бошад, ту вайро бадон ташвиқ ва тарғиб намо.

    37. Аз меҳмонони шавҳарат агарчи дар авқоти мухталиф ва ба теъдоди зиёд ба хонаат рафту омад кунанд, эҳсоси нафрат накун,балки бар икром ва меҳмоннавозии онон саъйу талош намо, зеро ин ҳама дар шарафу иззати шавҳарат изофа менамояд.

    38. Китоб, варақ ва дигар чизҳое, ки махсуси шавҳарат аст, ҳамеша маҳфуз нигаҳ дор.

    39. Хонаро тавре омода бисоз, ки то ҳар вақте қобили истиқболи меҳмон бошад.

    40. Дар сурати таъхир ва дурии шавҳарат аз хона бо вай итоб накун, балки вайро ба тариқи беҳтар ба инки дар интизораш будӣ, бифаҳмон ва аз заҳамоти вай изҳори фахр кун.

    41. Кӯшиш намо сабаби дурӣ ва таъхири шавҳаратро аз хона дарёбӣ, ва барои илоҷи он ба тариқаи саҳеҳ кӯшиш кун.

    42. Шавҳаратро маҷбур насоз, ки дар сурати норозӣ будан онро ба забон изҳор кунад, балки ба ишорати вай иктифо намуда ва дар роҳи ҳалли мушкилот қадамҳои сареътар бардор.

    43. Аз шикояти бештар дар умури хона ва манзил худдорӣ кун ва бидон ки шавҳар ҳаққи онро дорад то аз аъмоле, ки ту бадон масруф мебошӣ, бидонад. Пас дар сурати пурсиш ба вай ҷавоби комил ва қаноатбахш бидеҳ.

    44. Шавҳаратро онгуна эҳсос бидеҳ, ки ту ба вай шахсан хеле таваҷҷӯҳ дорӣ, зеро зан моҳири он аст, ки вуҷуди худро дар хонаи худ собит созад ва шавҳари худро низ чунин эҳсосе бидиҳад.

    45. Бар исрори хона муҳофизат намо ва шавҳаратро дар ростои вазифа ва кору бораш бо ҳушёрии худ ҳамкорӣ кун.

    46. Ҳеҷгоҳ шавҳаратро бо дигарон муқорана ва муқоиса накун, балки сифоти некӯиро, ки дар вай вуҷуд дорад ҳамеша ба ёд дошта бош.

    47. Ҳеҷгоҳ ба шавҳарат дурӯғ нагӯ ва дар зиндагӣ ҳамеша содиқ ва бовафо бош.

    48. Ҳиҷоби худро ҳамеша ҳифз намо, зеро ҳиҷоби ту мақом ва манзалататро дар назди шавҳарат боло мебарад.

    49. Ба ғайрати шавҳарат таваҷҷӯҳ дошта бош ва ҳаргиз амале анҷом мадеҳ, ки сабаби хашм ва ғазаби ӯ гардад.

    50. Дар тарбияти эмонии фарзандонат кӯшиш намо, зеро фарзанди солеҳ меваи дили падару модар ва фарзанди носолеҳ сабаби бадбахтӣ ва зиллати падару модар мешаванд.

    51. Дар вақти бало ва мусибат ва дар ҳангоми хӯшӣ ва роҳатӣ ба ёди Худо (ҷ) бош, зеро ӯ қодир ва тавоно аст.

    52. Ва охиран ҳеҷгоҳ ба кӯшишу талоши худ эътимод макун, ва ба ёд дошта бош, ки мо ҳамеша мӯҳтоҷ ба тавфиқи Илоҳӣ ҳастем.

    ОтветитьУдалить
  15. 2. Таъмини хароҷоти зиндагӣ:

    Расули Худо (с) фармудаанд: “Хӯроку пӯшоки занон ба наҳви маъруф бар шумо воҷиб аст.”

    Аз он ҷо ки идораи умури аслии дохили хонавода бар ӯҳдаи зан аст, табиист, ки мард бояд ӯҳдадори таъмини ҳазинаҳои зиндагӣ бошад ва ба ин хотир, набояд ҳеҷ миннате бар аҳли хонаводаи худ дошта бошад, зеро ин вазифаест, ки ба воситаи сарпарастии хонавода бар ӯҳдаи ӯ қарор дорад; гузашта аз ин ки ба хотири ин кор, подоши азиме назди Худованд барояш муқаррар шудааст. Дар ривоёт омадааст, ки: “Ворид шудан ба бозор ва бо як дирҳам харидани гӯшт барои оилаам, ки онро ҳавас кардаанд, барои ман маҳбубтар аз озод кардани бардае мебошад.”

    Дар ривояти дигар ворид шудааст, ки: “Сарпарастии зану фарзанд ва расидагӣ ба умури онон, аз хушбахтии мард аст”.

    Расули Акрам (с) фармудаанд: “Касе ки ба бозор меравад ва барои аҳлу аёлаш тӯҳфа мехарад, монанди касе аст, ки дар хонаи мустамандон (солхӯрдагон, маъюбон ва ниёзмандон) садақа мебарад; ӯ вақте тӯҳфаи харидаашро ба хонааш мебарад, бояд ибтидо ба духтаронаш диҳад, зеро ҳар кас духтарашро хушҳол кунад, чунон аст, ки бардае аз насли Исмоил (а)-ро озод кардааст ва ҳар кас дидаи писарашро бо бурдани тӯҳфае рӯшан кунад, гӯё аз тарси Худо ашк рехтааст ва касе ки аз тарси Худо гиря кунад, ҳазрати Ҳақ ӯро вориди биҳиштҳои пурнеъмат гардонад.”

    3. Саховат дар роҳи хидамати хонавода:

    Расули Худо (с) фармудаанд: “Дар биҳишт хонае вуҷуд дорад, ки ба он хонаи саховатмандон гуфта мешавад.”

    Дар ривояти дигар аз Расули Худо (с) нақл шудааст, ки фармуданд: “Биҳишт хонаи саховатмандон аст.”

    Афроди хонавода барои таъмини зиндагии осоишта, ба саховати мард ниёз доранд, зеро агар аз ин ноҳия дар тангно қарор бигиранд, латмаҳои руҳӣ ва ҷисмии фаровоне бар пайкари онҳо ворид хоҳад шуд.

    ОтветитьУдалить
  16. Албатта бояд инро гуфт, ки хидмат барои хонавода ба маънои исрофу табзир дар умури зиндагӣ нест, балки ба маънои бухл наварзидан ва саъй доштан дар эҷоди маишати муносиб барои хонавода, мутаносиб бо имконоти иқтисодии мард аст.

    Дар ривояте омадааст, ки: “Шоиста аст мард бар хонаводаи худаш тавсиа диҳад, то орзуи маргашро накунанд.”

    Расули Худо (с) аз ин ки мард сер бошаду ҳамсараш гурусна наҳй фармуд: “Оилаи мард дар ихтиёр ва банди ӯянд, Худованд ба ҳар кас неъмате дода бар оилаи худ гушоиш диҳад, вагарна мумкин аст он неъмат аз ӯ гирифта шавад”.

    Фармуданд: “Мард бояд дар барномаи хона ва хонавода се чизро бар худ таҳмил кунад, ҳарчанд бар хилофи майлаш бошад: хушрафторӣ, тавсиа дар маош бидуни исроф ва ғайрат дар номус.”

    Саховатмандӣ дар ривоёти исломӣ феъли ситоишшудае аст. Расули Худо (с) фармудаанд: “Аз лағзишҳои инсони саховатманд бигзаред, зеро ҳар вақт саховатманде билағзад, Худованд дастони ӯро мегирад.”

    4. Парҳез аз худраъйӣ:

    Мард агарчи раис ва сарпарасти хонавода аст, аммо набояд ба амру наҳйи бемаврид бипардозад, балки бояд ба назароти ҳамсар ва фарзандони худ дар умури хонавода таваҷҷӯҳ намояд. Худхоҳӣ ва сахтгирии беҷо сабаби эҷоди равиши истибдодӣ дар хонавода мешавад ва ба равобити солими хонаводагӣ ва тарбияти саҳеҳи кӯдакон латма ворид месозад.

    Ин масъала дар таълимоти исломӣ ба ҳадде муҳим аст, ки Расули Худо (с) дар ҳадиси муборак мефармоянд: “Мӯъмин ба майли хонаводааш таом мехӯрад, вале мунофиқ касест, ки аҳли хонаводааш ба майли ӯ хӯрок мехӯранд.”

    ОтветитьУдалить
  17. 5. Эҳтиром ба зан ва хушзабонӣ:

    Расули Худо (с) фармудаанд: “Касе ки ҳамсаре интихоб кард, бояд ӯро эҳтиром намояд.”

    Ҳамчунин аз Расули Акрам (с) ин ҳадиси муборак нақл шудааст, ки фармуданд: “Дар бораи занон аз Худо битарсед, онҳо ранҷу сахтии зиндагиро таҳаммул мекунанд, ба муқтазои дастури Ҳақ ва насси Қуръону суннат ва шариат бар шумо ҳалол шудаанд, дар баробари ин ки тан дар ихтиёри лаззатҳои шумо мениҳанд ва фарзандонатонро дар андаруни худ ҳамл мекунанд, то он ҷо ки ҳангоми ба дунё овардани онон дучори дардҳои хатарноке мешаванд, ҳуқуқи воҷибе бар ӯҳдаи шумо доранд, бо онон меҳрубон бошед, ононро дилхуш доред, то бо шумо бисозанд, аз онон изҳори кароҳату малол накунед, дар ончи ба унвони маҳр ба онҳо додаед тамаъ наварзед ва чизе аз онро базӯр аз онон барнагиред.”

    Дар мавриди хушзабонӣ ва мудоро бо занон, супоришоти фаровоне шудааст, ки ба ин ҳадиси муборак басанда хоҳем намуд: “Бо занон дар ҳама ҳол мудоро кунед, хушзабону нармхӯ бошед ва дар тамоми умур некӣ намоед, ки аксуламали онон бо шумо ба ҳамин сурат бошад”.

    6. Ороставу покиза будан:

    Аз суннатҳои Паёмбари Акрам (с) ва пешвоёни дин, оростагии зоҳир аст.

    Қуръони Карим дар мавриди орстагиву зинат, дар оятҳои мутааддиде баёноти арзишманд дорад, аз ҷумла: “Бигӯ чӣ касе зинатеро, ки Худо барои бандагонаш падид оварда ва рӯзиҳои покизаро ҳаром кардааст? Бигӯ ин чизҳо дар зиндагии дунё барои касонест, ки имон овардаанд ва дар рӯзи қиёмат низ махсуси онҳост”. (Сураи Аъроф, ояти 32).

    Оростагии зоҳир аз забони мубораки Паёмбари Акрам (с) низ ба таъкид супориш шудааст, аз ҷумла ин ҳадиси муборак, ки мефармояд: “Худованди Мутаол зебост, зебоиро дӯст дорад ва дӯст дорад осори неъмати худро дар бандааш бубинад, ӯ фақру фақрнамоиро душман медорад.”

    Дар мавриди оростагии зану шавҳар дар муҳити хонавода, ки сабаби истеҳкоми пояҳои зиндагии зану шавҳар дониста шудааст, дар таълимоти исломӣ, таъкидоти фаровоне шудааст.

    Табиатан мард интизор дорад, ки ҳамсари хешро зебо, ороста, покиза, хушлибос ва муаттар бубинад, ҳамчунин назофат, покӣ, ҳаммом рафтан, мисвок, сар шустан, шона задан, нохун гирифтан, атр задан, либоси муназзаму покиза пӯшидан ва дигар зинатҳои ҳалол бар андоми мард, занро хушдилу розӣ нигаҳ медорад ва ба иффати ӯ меафзояд.

    Муҳимтарин масъалае, ки бояд ин ҷо ёдовар шавем, ин аст, ки ифрот ва зиёдаравӣ дар оростагӣ, офоти бисёре дар пай дорад, бинобар ин агар оростагии зоҳир сабаби тафохур, фахрфурӯшӣ, кибр ва сабаби майл ба гуноҳ шуд, бояд тарк шавад. Нуктаи дигар ин ки оростагӣ бояд дур аз исроф бошад.

    Вазоифи ихтисосии зан:

    1. Ҳифзи асрори шавҳар:

    Аз вазоифи муҳимми зан ин аст, ки ҳаргиз набояд асрори шавҳарро барои дигарон ошкор кунад. Зеро бо ин кор, эътимоди шавҳарро нисбат ба худ аз байн мебарад. Яке аз иллати ин ки баъзе аз мардҳо дар бораи корҳояшон бо занон машварат намекунанд, ҳамин аст, ки ба роздории ӯ эътимод надоранд ва метарсанд ончи гуфтаанд, “фардо нуқли маҷлиси дӯстони хонум шавад”.

    Роздорӣ, феъли бисёр писандидаест, ки сабаби ҳифзи обрӯи афрод дар ҷомеа мегардад, фитнаҳо ва хунрезиҳоро маҳдуд месозад ва эътимоди мардум нисбат ба якдигарро тақвият мекунад.

    Дар ривоёти исломӣ мукаррар ба роздорӣ супориш шуда ва аз ифшои роз башиддат наҳй шудааст: “Гуфтори хайру писандида дошта бошед то ба он шинохта шавед. Аҳли амал ба хайр бошед то аҳли хайр гардед, вале афроди шитобзада ва ифшокунандаи роз набошед.”

    Ҳамчунин дар ривояти дигаре омадааст: “Сирри ту дар банди туст; агар онро фош кунӣ, ту дар бандаш хоҳӣ буд.”

    2. Дахолати беҷо надоштан дар корҳои шавҳар:

    Табиати инсон ба гунае аст, ки ба таври зотӣ хостори озодӣ ва истиқлоли амал аст ва ин руҳия дар мардон қуввати бештаре дорад. Аз тарафе ҳам, ҳамеша дахолатҳои хайрхоҳонаи хонумҳо ба нафъи шавҳар нест ва гоҳе ҳамин масъала боиси эҷоди бӯҳроне дар зиндагии муштарак мегардад. Бинобар ин, беҳтар аст хонумҳо дар мавзӯоте, ки марбут ба умури мардон мешавад, саъй кунанд дахолат надошта бошанд.
    .

    ОтветитьУдалить
  18. 3. Хонадорӣ:

    Расули Худо (с) фармудаанд: “Зане, ки таомҳои хушгувор барои шавҳар омода кунад, Худованд хӯрокиҳои гуногун дар биҳишт барояш муҳайё намояд ва бигӯяд: бихӯру бинӯш ба подоши заҳамоте, ки дар дунё кашидӣ!”

    Хонадорӣ ва тадбири умури манзил гарчи аз назари ҳуқуқӣ бар ӯҳдаи зан нест, аммо аз назари ахлоқӣ ин вазифа бар ӯҳдаи зан гузошта шудааст. Хонадорӣ муҳимтарин шуғл аст; як зани хонадор мудири болаёқате аст, ки ҳамаи корҳои як маҷмӯаи муҳимро анҷом медиҳад ва худ муҷрии барномаҳое аст, ки худ пайрезӣ кардааст. Тамоми мардоне, ки шӯҳрату мақом ва аҳамияти байналмилалӣ доранд, фақат бар асари ҳусни тадбир, ахлоқ ва лаёқати як зани хонадор ба авҷи тараққӣ расидаанд.

    4. Тамкин:

    Барои зан, дар ғайри мавориде, ки аз назари шариат маҳдудият дорад (масалан ҳангоми ҳайз) воҷиб аст нисбат ба хостаи мард дар масъалаи комҷӯӣ таслим бошад, ҳатто мустаҳаб аст дар ин замина пешқадам бошад.

    Расули Худо (с) фармудаанд: “Бар зан лозим аст аз беҳтарин атр истифода намояд, зеботарин либосашро бипӯшад, худро ба некӯтарин ваҷҳ ороиш диҳад ва субҳу шаб ҳамчун товуси хиромон худро ба шавҳар арза намояд, боз ҳам ҳуқуқи шавҳар бештар аз инҳост.”

    Агар зан ба ҳамин сурат ба дастури Расули Худо (с) амал намояд, шавҳарашро барои худ ҳифз кардааст.

    ОтветитьУдалить
  19. 5. Эҳтиром намудани шавҳар ва хушрафторӣ:

    Дар ҳадиси шариф омадааст: “Ҷиҳоди зан, некӯ шавҳардорӣ кардан аст.”

    Сипосгузорӣ аз заҳматҳои шавҳар, сухан гуфтан бо шавҳар бо муҳаббату меҳрубонӣ, сабр ба ҳангоми надоштанҳои шавҳар ва фақри ӯ, пазироии ошиқона аз шавҳар, истиқболи некӯ ҳангоми омадани шавҳар ба хона, гусел намудани ӯ ба вақти рафтан, тамкин дар айёми муҷоз, ороиш ва зинат ва либоси хуб пӯшидан барои ӯ, идораи умури зиндагии ӯ ба наҳви шоиста ва муносиб, қаноат доштан дар махориҷи зиндагӣ, беш аз ҳад нахостан аз шавҳар... ва монанди ин умуре, ки Расули гиромии Ислом (с) ба унвони вазифаи зан дар баробари шавҳар муайян фармудаанд, ҷиҳоди зан ва некӯ шавҳардорӣ кардани ӯст.

    Дар ривоят ворид шудааст, ки: “Зан дар ҳарими ҳазрати Ҳақ, шафеъе боқудраттар ва наҷотдиҳандатар аз ризояти шавҳар надорад.”

    Расули гиромии Ислом (с) фармуданд: “Ҳар зане дар сахтӣ ва осоиштагӣ бо шавҳараш бисозад ва аз вай итоат кунад, Худованд ӯро бо ҳамсари Айюб (а) маҳшур гардонад, ҳар зане гуфтори талх ва занандаи шавҳарашро таҳаммул кунад, Худованд барои ҳар калимае аҷри рӯзадори муҷоҳид ба ӯ иноят фармояд.”

    Дар поён ба ин нукта ишора намоем, ки ҳамеша ин гуна нест, ки зиндагӣ ба риволи табиии худ идома пайдо кунад ва ҳар кадом аз зану шавҳар ба вазоифи оддию рӯзмарраи худ амал намоянд, балки гоҳе фарозу нишеби зиндагӣ инсонро ба хотири маслиҳатандешӣ, ба гузашту кӯтоҳ омадан ва исору азхудгузаштагӣ водор мекунад ва инсон бояд дар ҳама ҳолат, ҳам дар ҳолати риволи оддии зиндагӣ ва анҷоми вазоифи маъмулии худ ва ҳам дар ҳолатҳое, ки гузашту исор аз худ нишон медиҳад, бояд ҳамеша ризои Худоро дар назар дошта бошад ва бидонад, ки камтарин ҳаракате, ки дар роҳи осоиштагӣ ва оромиши хонавода анҷом медиҳад аз назари Худованди Маннон дур намемонад ва бо ин кори худ мутмаиннан ризои Худоро ба даст овардааст.

    Бояд бидонем, ки омили наҷоту саодати дунё ва охирати инсон, риояти умурест, ки аз тарафи Офаридгори донову ҳаким барои марду зани мусулмон, дар зиндагии муштарак роҳнамоӣ ва баён шудааст, ки бо доштани огоҳӣ бар онон ва риояти ин масоил, инсон дар ин дунё бо ҳамсару фарзандони худ зиндагии осоишта ва сарбаландонае хоҳад дошт ва дар ин хонаводаҳост, ки фарзандон бо тарбияти саҳеҳ ба бор хоҳанд омад ва мояи обрӯю эътибор ва хушнудию хушбахтии падару модари хеш мегарданд ва низ сабаби наҷоти инсон ва мояи вуруди ӯ ба биҳишт ва соҳиб гаштан ба зиндагии хуши ҷовидона дар канори авлиёи Худо ва сероб гаштан аз неъматҳои ҳамешагиро дар охират, ба самар хоҳад овард.

    ОтветитьУдалить