вторник, 28 декабря 2010 г.

Занҳо бояад хушфеъл бошанд




Занро барои чӣ ҷинси латиф меноманд? - Барои он, ки онҳо одоби хоси гуфтугӯ, шину хез,шарму хаё, хӯрдан ва муошират доранд.

Ҳаким Тирмизӣ нақл мекунад, ки Расули Худо(с) фармудаанд: «Шарму ҳаё зебогист. Тарси Худо олиҳимматист. Беҳтарин чизе, ки инсон савори он мешавад, сабр аст. Аз Худо умеди кушоиш доштан ибодат аст».
Ба ман бештар занони меҳрубон,фурутан, чашмсер, бомаслиҳат , хоксор ва дилкушод писанданд. Бадбахтона дар ҷомеаи мо бонувоне ҳастанд, ки хушбахтиро дар сарват ва молу чиз мебинанд. Ба боигарии дигарон ҳасад бурда, бо чашми тамаъ менигаранд, ки ба шаъни зан намезебад. Баъзеи дигарашон аз ҳусну латофати зоҳирии худ мефахранд, ҳол он ки барои марди бамаърифат зебогии ботин болотар меистад.
Зан бояд ба тозагии худ, хонадон ва фарзандонаш аҳамият дода, шавҳарашро эҳтиром намояд. Бе иҷозати ӯ ҷое нарафта, нопурсида чизе харид накунад, якраву гапгардон набошад. Мард хоҳ дағал бошад, хоҳ меҳрубон чунин зани аҳлро дӯст медорад!

Заноне,ки одоби исломи дар хона ва хонаводае ривоч пайдо кунад,хар кас вазифахо ва хукукашро бидонад,хонавода дар масири хушбахти харакат хохад кард ва голибан зинагиашро ширин ва хушоянд хохад кард.

Хамсар ба танхои метавонад накши бузургу мухимеро дар ин замина адо кунад.У ин тавоноиро дорад,ки шавхврвашро бар худаш бехтар шуморад ва ба хешовандонаш эхтиром бигзорад ва волидвйни шавхврвшро беш аз беш иззату хурмат намояд,хусусун модарашро,дар асл инхо хама иззату эхтиром ба шавхар шуморида мешаванд.

Дағалиро, ки ҳеҷ гоҳ ба занон намезебад. Мо, ки нафистарин офаридаи табиат эътироф гардидаем, бо рафтору гуфтори неки худ инро бояд исбот намоем. Яъне ҳам дар зоҳиру ҳам дар ботин бояд зебо бошем.



Дурӯғгӯӣ ва ғайбати бонувонро намеписандам. Боз як одати баде, ки дар бисёр занон мушоҳида мешавад, дахолат кардан ба зиндагии дигарон аст. Дониста-надониста ғайбат кардану ба касе тӯҳмат задан оқибатҳои бад дорад ва инро бонувон бояд донанд. Чизи дигаре, ки ғами маро меорад, мисли лӯлиён ороишоти тиллоии зиёд овехта гаштани занону духтарони мост. Ин аз бемаърифатии онҳо дарак медиҳад.

Пайғамбари Акрам (с) мефармояд: «Занро барои чаҳор чизаш никоҳ кунед; барои молаш, барои ҳусну ҷамолаш, барои насабаш ва барои динаш… Ҷамол ва зебоӣ дар ҳамсар як бартарии воқеъӣ аст. Наметавон онро нодида гирифт. Мард табиатан дӯст медорад, ки бо зани зебо ва дилрабо издивоҷ кунад ва ҳамчунин зан низ дӯст дорад бо марди хушгил ва хушқиёфа хонадор шавад. Ислом низ ба чунин хостае мухолиф нест ва ба ҳамин ҷиҳат бо марду зан иҷозат медиҳад, ки қабл аз издивоҷ якдигарро бинанд ва биписанданд ва ҳатто дар ин бора таъкид ва супориш ҳам мекунад.
Пайғамбар (с) мефармояд: «Хубиҳоро назди зеборӯён биҷӯед, зеро дар сурате, ки рӯи зебо дошта бошанд, корҳояшон низ ба тариқи некӯ хоҳад буд».
Абул Ҳасан (р) равшанӣ медиҳад: нигоҳ ба сабза, нигоҳ ба оби ҷорӣ, нигоҳ ба сурати зебо».
Пайғамбар (с) мефармояд: «Ҳангоме, ки хостед аз зане хостгорӣ кунед, чунон ки аз зебоии сураташ суол мекунед, аз мӯйҳояш низ суол кунед, зеро мӯй низ яке аз ду ҷамол ба ҳисоб мешавад».
Барои ҷамол ва зебоӣ амре аст, матлуб ва табъи ҷозиб ва ҳангоми интихоби ҳамсар метавонад мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирад. Ва ба ҳамин ҷиҳат Ислом ба мард иҷоза медиҳад, қабл аз хонадоршавӣ занеро, ки қасд дорад, бо ӯ издивоҷ кунад, хуб бубинад ва агар мавриди писанд воқеъ шуд, аз ӯ хостгорӣ кунад.
Хулоса, ду чиз дар ин умур муҳим аст. Аввал ин ки гарчанде ҷамолу зебоӣ ва ҷазобиро дар издивоҷ наметавон надида гирифт, аммо набояд ба унвони бузургтарин ҳадафи издивоҷ маҳсуб шавад. Имону ақлу ахлоқ авлотар ва беҳтар аз умри ҷамол ва зебоӣ бояд қарор гирад.

Ва дар аввал бояд диққати асосӣ ба имон, диндорӣ ва ахлоқу ақл дода шавад

Кори некӯ, ки дар адабиёти динӣ бо ибораи "амали солеҳ" ёд мешавад, рукни дуввуми асосии фарохонди анбиёро ташкил медиҳад. Замоне, ки фарохонди паёмбарон ба ИМОН ва КОРИ НЕК ба ИНСОН мерасад ва дар ӯ таҳаққуқ меёбад, дар ҳаёти ИНСОН бузургтарин ва амиқтарин инқилоб рӯй медиҳад
Ривоят мекунанд, ки Худованд накҳат аз гул, нӯш аз ангубин, гармӣ аз офтоб, тароват аз борон, шукӯҳ аз осмон, қаҳр аз бабру борондагӣ аз абр, вафодорӣ аз қуву равшанӣ аз субҳ, зебоӣ аз баҳору хушилҳонӣ аз андалебро қатра - қатра ҷамъ оварду занро офарид, то ҷаҳонро равшану инсониятро хушбахт гардонад. Дар ситоиши занон бузургони олам андарзҳои безавол офаридаанд. Ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар васфи зан-модар чунин фармудаанд:"Биҳишт зери қудуми модарон аст". Аз ин рӯ, ҳар касе, зан - модарро хор медорад, ӯ назди Худованд гунаҳкор аст.

Комментариев нет:

Отправить комментарий