среда, 29 декабря 2010 г.

Риъоя кардани ҳукуки Зан дар ислом .




Дар баёни риъоя кардани хукуки
Зан дар ислом .
1. Дини ислом хангоме дар олам кадам бардошт , ки ахли чохилият , яъне ахли замони кабл аз зухури ислом ,занро бад дида хакир медоштанд . чунонк куръони карим дар ояти 58 сураи нахл хабар медихад

« ва чун мужда дода шавад яке аз ононро ба таваллуди духтар , гардад . руи у сиёх ва у пур бошад аз гам .»
занонро ихонат мекарданд , паст мешумурданд ва изофа бар ин , духтаракони маъсум ва бегунохро зинда ба зинда ба хок дафн менамуданд . Ислом ин вахшониятро манъ карда , онро харом эълон дошт ва ба эхтиром ва бардоштани шаъни зан даъват ва ташвик кард . Чуноне дар сураи таквир оёти 8 ва 9 аз окибати ин кори зишт хазар мекунонад :
« ва вакте , ки духтари зинда даргуршуда пурсида шавад , ки ба кадом гунох кушта шуда ?»
дар ривояти эмом Муслим расулуллох саллалоху алайхи ва саллам самараи тарбия ва ба воя расонидани занро чунин иброз намуда ва ба ин амали хайр умматашро ташвик додааст
касе ба сарпарастии духтарон мубтало гардад , ба онхо эхсон ва муъомилаи нек намояд , байни у ва оташ дузах хичоб хохад буд !
инро гуфта бакияи ангуштонашро чамъ намуд .
яъне ачр ва савоби тарбияи ду духтар сарпарасти ононро дар бихишт ба макоми олй мерасонад , ки чунин ашхос хамчавори расулуллох ( саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хохад шуд .
Ин маъноро дар ривояти эмом Бухорй ва Муслим расулуллох ( саллаллоҳу алайҳи ва саллам ) чунин баён доштаанд :
касе ба сарпарастии духтарон мубтало гардад ба онхо эхсон ва муъомиаи нек намояд , байни у ва оташи дузах хичоб хаханд шуд .
2. Ислом дар олам хангоме кадам бардошт , ки занхо аз мерос махрум буданд . пас ин дини мубин ва зан хакки гасбшудаашро бозгардонд ва уро комилхукук сохт ,- хох он хукук андаке бошад ва хох бисёр . Чуноне ояти 7 сураи Нисо гувохи ин аст :
«Мардонро хисса аст аз ончи бигзоранд падару модар ва хешовандон ва занонро низ хисса аст аз ончи бигзоранд падару модар ва хешовандон , аз ончи кам бошад аз мол , ё бисёр бошад – хиссаи мукараркардашуда .»
3. Ислом хангоме кадам дар олам бардошт , ки ахли чохилият , занхоро чабран мисли молу матоъ мерос мебурданд . чун шавхари зане вафот меёфт , яке аз меросбарони майит чомаеро бар болои зани у меандох ва мегуфт :
Инро ман мерос бурдам ! баъди ин он зан мисли дигар амволи майит аз они у мегардид ва хакки он мард бар болои зан аз нафси зан бештар мебуд .Ислом занро аз ин мазлумият начот дод ва ин амали кабехро харом эълон кард . чуноне Аллох таъоло дар ояти 19 сураи нисо мефармояд :

« Ай муъминон , халол нест шуморо , ки мерос гиред занонро ба забардастй !»
Яхне баъди вафоти шавхари зан ба акориби шавхараш халол нест , ки бидуни розигии зани майит уро чабран ба никохи худ дароранд .
4. Ислом хангоме дар олам кадам бардошт , ки дар ахди чохилият чун мард аз зан чудо мешуд , хакки уро гасб менамуд ва манъ месохт . Чунончи , мард зани талоккардаашро , то замоне , ки тамоми махрро ба у бознамегардонд , намегузошт , то ба шавхар барояд . Падар ва бародари зан низ ба издивочи духтар ва хохараш монеъ мешуданд .
шавхар занро бад медид ва муъомилаи кабех ва ишрати зишт мекард ва то адои фидя , яъне бадали махр , талок намекард .
Ислом бар мукобили ин аъмоли зишт сангар гирифт ва чанг эълон карда ин зулмро аз байн бурд чуноне дар ояи 19 сураи нисо омада :
« ва манъ медоред эшонро аз никох , то бозситонед чизе , ки додаед ба эшон , магар ,ки кунанд кори бехаёии ошкоро !»
Ва ояти 232 сураи бакара низ ба ин шаходат медихам :
« ( Пас) манъ мекунед эшонро , ки никох кунанд шавхаронашонро вакте, ки розй бошанд дар байни худ ба вачхи писандида !»
5. Ислом хангоме дар олам кадам бардошт , ки зан зери зулму чаври шавхараш хулки зишт ва муносибати кабехи у руз мебурд . ин кирдори ношоиста ва рафтори гайрибашариро махкум кард ва онро харом хонда ба шавхарон фармуд , то ончунон муъомилае ,ки аз зан мехоханд ва умедворанд , худ низ нисбат ба зан онро анчом бидиханд . Чуноне дар ояти 19 сураи Нисо ба ин амр шуда :

« Ва гузора кунед бо занон ба вачхи писандида !»
Ва ояти 228 сураи бакара .
: « Ва занонрост монанди ончи , мардонро бар эшон аст , мувофики коидаи шаръй ба вачхи писандида .»
6. Исолом хангоме дар олам кадам бардошт , ки иддаи ( муддати зарурии ) зане , ки шавхараш фавтидааст , ба як соли комил тул дошт пас онро аз барояшон осон намуда аз се ду хиссаашро ихтисор кард .Чуноне ояи 234 сураи бакара возех баён медорад .
« Ва касоне , ки бимиранд аз шумо ва бигзоранд занонро , бояд интизор баранд занон ба нафсхои худ чор моху дах руз .»
7. Ислом фармуд , то бо занон эхсон ва некуй карда шавад . Чуноне хадиси муттафакун алайх шохид аст .
Ба занон иродаи хайр намоед ва некуй кунед !
Бад дидан бугзу кина варзидан нисбат ба занро мамнуъ сохт . Чуноне хадиси сахехе , ки эмом Муслим ривоят кардааст , ба ин далолат дорад :
бад набинад ( яъне лоик нест , ки бад бинад ) марди мусулмон зани муслимаро .Агар як хулку рафтори у нописандаш бувад , аз хулки дигараш розй хохад шуд .
Дар ривояти эмом Тирдизй расулуллох ( саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармудаанд :

Бехтарини шумо касонеанд , ки дар муносибат ва муъошират бо занонашон накутарин бошанд .
( ин хадисро эмом Тирмизй хадиси хасани сахех гуфтааст.)
дар ривояти эмом Муслим расулуллох ( саллаллоҳу алайҳи ва саллам ) фармудаанд

дуньё матоъ аст , яъне бахрамандист ва бехтарин матоъи он зани солеха ва неккирдор аст .
Дар ривояти эмом Ахмад ва Нисой расулуллох ( саллаллоҳу алайҳи ва саллам ) сифати зани солехаро чунин баён доштааст :
Зани солеха занест , ки чун шавхараш ба суяш назар намояд , хушнуд гардад ва чун амраш кард , итоъат кунад .хангоми гоиб будани шавхараш дар номуси у хиёнат накунад ва моли шавхарашро талаф надихад ва зоеъ насозад .
Маънои хиёнат накардан дар номуси шавхараш ин аст , ки дар холати гоиб будани у алокахои номашруъ зино ва гайра накунад

Комментариев нет:

Отправить комментарий