понедельник, 27 декабря 2010 г.

Мо зи Куръон дур мондем, эй дарег



Чист Куръон.
Чист Куръон? Гуфтаи Парвардигор,
Муъчизи Пайгамбари волотабор.
Чист Куръон, замзами чушони ишк,
Рамзи хасти, рози хилкат, чони ишк.
Чист Куръон, офтоби зиндаги,
Дафтари андешаи пояндаги.
Чист Куръон, машъали рохи начот,
Чист Куръон, чашмаи оби хаёт.
Рахнамои муттакин аст ин китоб,
Муниси ахли якин аст ин китоб.
Ин китоб аз рости дам мезанад,
Бонги хакчуйи дар олам мезанад.
Менамояд рохи хайр аз рохи шарр,
Чун бувад равшангари рохи башар.
Синахоро пур зи имон мекунад,
Гавхари дилро дурахшон мекунад.
Рахнамун созад ба рохи мустаким,
Рохи покон, рохи мардони салим.
То ки рох аз чох гардад ошкор,
Нуктахо гуяд ба мо Парвардигор.
Медихад аз саъю кушиш ин нидо,
Лайса лил-инсони илло мо саъо.
Мо зи Куръон дур мондем, эй дарег,
Бе сабаб махчур мондем, эй дарег.
Хукми онро пушти сар андохтем,
Бар хавои нафси худ пардохтем.
Сураи Ёсину Ар-рахмону Нур,
Накли кабристон шуду ахли кубур.
Он ки хечаш бахра аз Куръон набуд,
Бар мазораш хондани Куръон чи суд?
То дубора рах ба дин пайдо кунем,
Шеваи ахли якин пайдо кунем.
Гуфт Пайгамбар ба овои баланд,
Муслиминро ин сухан аз руи панд.
Суннату Куръон ду сикли акбаранд,
Чунки ин ду ёвари якдигаранд.
Бо ду боли Суннату Куръон шавад,
Мурги дил то суи Хакк паррон шавад.
Зинати Куръон бувад савти хасан,
То нишинад бар дили хар марду зан.
Лек кофи нест танхо хонданаш,
Суи маъни хам бибояд ронданаш.
Хакки Куръон дар амал кушидан аст,
Чомаи такво ба тан пушидан аст.

Комментариев нет:

Отправить комментарий