Хайсияти никох аз Hигохи шариъати ислом
Аллох субхонаху ва таъоло мефармояд:
(فَانكِحُوا مَا طَابَ لَكُمْ مِنَ النِّسَاءِ) ( النساء : 3)
« Пас никох кунед касонеро, ки хуш ояд ба шумо аз занон»
Расули карим алайхис-салоту вас-салом мефармояд
« إذا تزوج العبد فقـد استكمل نصف الدين فليتق الله في النصف الباقي» Яъне: шахсе, ки зан бигирад, пас ба тахкик нисфи динашро барпо доштааст, ва дар нисфи бокимондааш аз Худо битарсад.
Аллох субхонаху ва таъоло мефармояд:
(فَانكِحُوا مَا طَابَ لَكُمْ مِنَ النِّسَاءِ) ( النساء : 3)
« Пас никох кунед касонеро, ки хуш ояд ба шумо аз занон»
Расули карим алайхис-салоту вас-салом мефармояд
« إذا تزوج العبد فقـد استكمل نصف الدين فليتق الله في النصف الباقي» Яъне: шахсе, ки зан бигирад, пас ба тахкик нисфи динашро барпо доштааст, ва дар нисфи бокимондааш аз Худо битарсад.
Уламои киром бар оёти Куръони карим ва аходиси набави назар андохта, чунин хукм кардаанд, ки издивоч ахёнан вочиб, суннат, мубох ва макрух аст.Аммо вочиб буданаш дар шароитест, ки шахваташ зиёд буда агар издивоч накунад, мумкин аст, муртакиби гунох, яъне зино, ливота ва гайра шавад. Чуноне маълум аст, ин афъоли зишт дар шариъат харом буда ва ичтиноб аз харом вочиб мебошад. Бинобарон издивоч низ вочиб аст, то ба сабаби он, аз афъоли харом пархез карда тавонад.Ин вучуби никох ба шахсонест, ки кудрати зан гирифтанро доранд; яъне ба адои махр, нафака ва гайра кодаранд. Аммо ашхосе, ки кодир нест ба онхо вочиб нест. Суоле ба миён меояд, ки пас ин ашхос чи кор кунанд, то муртакиби гунох нашаванþЧавоб: Бояд сабр кунанд, чунки розигии Худованд бо шахсонест, ки дар умури дин собиронанд:
(إِنَّ اللَّهَ مَعَ الصَّابِرِينَ) ( البقره : 153)
«Хар оина Худо бо собирон аст»( Сураи бакара ояти – 1530)Бояд чунин ашхос шахвати нафсхои хешро ба сабаби бисёр руза гирифтан ва захмат кашидан, ки боиси шикастани шахват аст, аз гунох нигох доранд. Ба хеч вачх барои мусалмон зино ё ливота мубох нагардад.Аллох таъоло мефармояд:
(وَلَا تَقْرَبُوا الزِّنَى إِنَّهُ كَانَ فَاحِشَةً وَسَاءَ سَبِيلًا) ( الإسرا: 32)
« Наздик машавед ба зино! Ба дурусти он амали зишт ва рохи бадест»( Сураи Исро – 32)
Расулуллох ( саллаллоху алайхи вассалам) фармудаан:
« لا ينظر الله إلي رجل أتي رجلا أو امراه في الدبر»
( رواه الترمذي)
« Аллох субхонаху ва таъоло мардеро, ки дар пушти марде ё дар пушти зане расида бошад, ба назари рахмат назар нахохад кард.»
Яъне чунин ашхоси бадкор аз лутф ва мархамати илохи махрум хохад шуд.
Аммо суннат будани издивоч дар холати иътидол аст; яъне дар холатест, ки шахват зиёд набошад, ва худро аз амалхои зишт нигох карда тавонад.
Чуноне Расулуллох (саллаллоху алайхи вассалам) мефармояд:
« النكاح سنتي فمن رغب عن سنتي فليس مني»
( متـفق عليه)« Никох аз чумлаи суннатхои ман аст, пас шахсе, ки эъроз кунад аз он; яъне зан нагирад аз пайравони ман нест.»Биноан касе зан нагирад тарки суннат мекунад ва шахсе,ки тарки суннати Расул алайхис- салоту вас- салом мекунад, гунахгор шавад.Чуноне худ фармудаанд:
« كل أمتي يدخلون الجنه إلا من أبي قيل و من أبي قال من أطاعني دخل الجنه و من عصاني فقد أبي »
( رواه البخاري )
« Хамаи умматам ба чух касоне, ки ибо мекунанд саросар ба бихишт дароянд.Пурсиданд: Ибокунанда кистþ Гуфт: Касе маро итоъат кунад ба бихишт дарояд ва касе итоъат накунад ибо кардааст.Аммо мубох будани издивоч дар холатест, ки як зан дорад, вале мехохад, ки боз дигарашро бигирад. Албатта агар ба адои нафака ва махр кодир бошад ва байни занхо адолат карда тавонад мубох аст Расул алайхис-салоту вас-салом мефарояд, ки:
« إذا كانت عند الرجل امرأتان فلم يعدل بينهما جاء يوم القيامه شقه ساقط»
( رواه الترمذي و ابوداود و النساء و غيرهم)« Шахсе, ки ду зан дошта бошад ва байнашон адолат накунад ( дар касм; яъне дар шаб хоб кардан) фардои киёмат яктарафаш моил аз гур мехезад.Яъне ба азоби сахт гирифтор мешавад. Биноан бисёрзани мубох аст ва адолат амри зарурист .Расул алайхис-салоту вас- салом мефармояд, ки:Пардарон бояд барои хонадор шудани фарзандонашон кумак намоянд:
« من ولد له ولد فليحسن اسمه و أدبه و إذا بلغ فليزوجه فإن بلغ فلم يزوجه فأصاب إثما فإنما إثمه علي أبيه»
( رواه بيهقي)
« Шахсе, ки фарзанд дода шавад, пас уро номи нек ва адаби нек бидихад! Вакто, ки балиг шуд оиладораш кунад. Пас агар кодир бошаду оиладораш накунад, чун фарзандаш муртакиб ба гунох шавад ( яъне ба зино ё ливота даст занад) чуз ин нест, ки гунохаш ба души падараш хохад буд.Аз суханони Наби алайхис-салом дониста мешавад, ки падар дар амри никохи фарзанд назди Худованд масъул аст.
Шариъати Ислом аз барои мусалмон никохи баъзе занонро харом гардонидааст:
1. Никохи аслашро; яъне, мард модар ва зан пардари худро никох карда наметавонанд
2. Никохи фарзандони асли кариб. Асли кариб падару модарро гуянд; яъне ба мард никохи хамширааш ва бар зан никохи бародараш харом аст.
3. Никохи фарзандони асли баъид. Асли баъид бобо ва бибиро гуянд; яъне ба мард никохи амма ва холааш чоиз нест ва бар зан никохи амак ва тагояш.
4. Духтари занаш, ки наздик шуда бошад ба он зан; яъне агар мард занеро никох кунад ва ба у наздик шавад, баъд аз он вайро агарчи талок хам кунад, агар ин зан аз дигар шавхараш духтар дошта бошад, он духтарро ин мард никох карда наметавонад.
5. Никохи завчаи падар ва бобояш; яъне занонеро, ки падар ва бобояш никох карда бошанд.
6 Никохи падару модар ва акрабои разоъи ё чуноне гуянд ширхораги.
Агар шахсе шири гайри модари худро дар сини дуюним ё камтар аз дуюним солаги нушида бошад, ба хукми шариъат вай зани ширдодаги модар, духтари он зан хохар, шавхари вай зан падар, хохари он зан хола, модари вай зан биби, хохари шавхари у амма, модари шавхараш бибии шахси ширхурда хоханд шуд, ки никохи онхо мисли падару модар ва акрабои хакикияш харом мешаванд. Инхоро дар шариъат махрамони ризоъи гуянд.
Аммо ба ашхоси фавкуззикр танхо ин тифли ширхурдаги ва зану фарзандони вай мухарам шаванд.
7 .Никохи духтар ва модари зане, ки бо у зино карда ё вайро буса карда ва ё уро ба огуш гирифта ва ё шармгохашро дида бошад.Инчунин агар он зан ин мардро ба шахват ба огуш гирифта бошад, агар чи алокаи чинси сурат нагирифтааст.
8 . Никохи кофираи гайри китоби; яъне никохи зане, ки ба ягон китоби осмони, мисли Куръон, Инчил, Таврот ва Забур эмон надорад.Монанди оташпараст, будпараст, комунист ва гайра. Аммо никохи кофираи китоби чоиз аст.
9 . Никохи панчум зан ва аз он зиёдтар.
10 Никохи зани хомиладоре, ки падари хамлаш маълум бошад. Масалан кофирзане ба максади мусалмон шудан аз дорулхарб ба дорулислом хичрат кунад ва ин зан хомиладор бошад, то зоиданаш никохи вай чоиз нест.
11 Никохи мутъа ва муваккат ё чуноне гуянд сига; никох кунад занеро ба микдори моли муъайян ва муддати муъайян ё гуяд занро ман аз ту дар бадали хазор дирхам яксол нафъ мебарам.
Аммо никохи зане, ки аз зино бордор шуда бошад чоиз аст, ба шарти ин, ки аз ки будани кудаки шикамаш маълум набошад.
Чунин занро агарчи никох карданаш равост, вале то вазъи хамл ба у алокаи чинси харом аст.
5. Никохи завчаи падар ва бобояш; яъне занонеро, ки падар ва бобояш никох карда бошанд.
6 Никохи падару модар ва акрабои разоъи ё чуноне гуянд ширхораги.
Агар шахсе шири гайри модари худро дар сини дуюним ё камтар аз дуюним солаги нушида бошад, ба хукми шариъат вай зани ширдодаги модар, духтари он зан хохар, шавхари вай зан падар, хохари он зан хола, модари вай зан биби, хохари шавхари у амма, модари шавхараш бибии шахси ширхурда хоханд шуд, ки никохи онхо мисли падару модар ва акрабои хакикияш харом мешаванд. Инхоро дар шариъат махрамони ризоъи гуянд.
Аммо ба ашхоси фавкуззикр танхо ин тифли ширхурдаги ва зану фарзандони вай мухарам шаванд.
7 .Никохи духтар ва модари зане, ки бо у зино карда ё вайро буса карда ва ё уро ба огуш гирифта ва ё шармгохашро дида бошад.Инчунин агар он зан ин мардро ба шахват ба огуш гирифта бошад, агар чи алокаи чинси сурат нагирифтааст.
8 . Никохи кофираи гайри китоби; яъне никохи зане, ки ба ягон китоби осмони, мисли Куръон, Инчил, Таврот ва Забур эмон надорад.Монанди оташпараст, будпараст, комунист ва гайра. Аммо никохи кофираи китоби чоиз аст.
9 . Никохи панчум зан ва аз он зиёдтар.
10 Никохи зани хомиладоре, ки падари хамлаш маълум бошад. Масалан кофирзане ба максади мусалмон шудан аз дорулхарб ба дорулислом хичрат кунад ва ин зан хомиладор бошад, то зоиданаш никохи вай чоиз нест.
11 Никохи мутъа ва муваккат ё чуноне гуянд сига; никох кунад занеро ба микдори моли муъайян ва муддати муъайян ё гуяд занро ман аз ту дар бадали хазор дирхам яксол нафъ мебарам.
Аммо никохи зане, ки аз зино бордор шуда бошад чоиз аст, ба шарти ин, ки аз ки будани кудаки шикамаш маълум набошад.
Чунин занро агарчи никох карданаш равост, вале то вазъи хамл ба у алокаи чинси харом аст.
Маҳрамҳои насабӣ ва абадӣ:
Маҳрамҳои насабӣ ва абадӣ дар маҷмуъ ҳафт навъ мебошанд, ки бо Китоби Худо маҳрамият ва ҳурмати никоҳи онҳо собит шудааст. Худованд дар сураи Нисо дар қисмате аз ояти 23 мефармояд:
«Бар шумо модарон, духтарон, хоҳарон, аммаҳо, холаҳо, духтарони бародар ва духтарони хоҳаратон ҳаром гардонида шудааст.
Маҳрамҳои разоъӣ ва абадӣ:
Модари разоъӣ занеро мегӯянд, ки дар давраи ширхорагии тифл кӯдакро шир додааст .
Хоҳари разоъӣ духтареро мегӯянд, ки дар замони ширхорагӣ ҳар ду аз пистони як зан шир хўрдаанд.
Ҳурмати никоҳи маҳрамҳои разоъӣ низ бо Китоби Худо собит шудааст. Худованд дар давоми ояти 23 Сураи Нисо мефармояд:
«ва он модаронатон , ки ба шумо шир додаанд ва хоҳаронатон аз разоъат бар шумо ҳаром гардонида шудаанд».
Маҳрарамҳои сабабӣ ва абадӣ
1- Модари зан (хушдоман):
Ба маҳзи ин, ки мард занеро ба ақди худ даровард, модари он зан барои вай ҳароми абадӣ мегардад, хоҳ бо он зан ҳамбистарӣ карда бошад ё не.
2- Духтари зан.
Дар сурате, ки мард бо модари духтар ҳамбистарӣ кард, духтари он зан барои он мард ҳароми абадӣ мегардад, вале агар модари духтарро пас аз ақд ва пеш аз он, ки бо вай ҳамбистарӣ кунад, талоқ дод, метавонад бо духтари он зан издивоҷ намояд.
3- Зани падар (моиндар) ва зани падарбузург то чанд насле (пуште), ки боло раванд.
4- Зани писар (келин) ва занони писарони писар.
плова бар мавридҳои зикршуда, никоҳи занони шавҳардор ва ҷамъ намудани байни ду апаву хоҳар дар як вақт бо Китоби Худо ҳаром гардонида шудааст.
Худованд дар ояти 23 сураи Нисо мефармояд:
«Ва ин , ки байни ду хоҳар (дар як вақт) ҷамъ намоед , магар он чӣ то ин замон гузашт. Худо, бешак, ки омурзандаи меҳрубон аст».
Ҳамчунин Худованд дар қисмате аз ояти 24 сураи Нисо мефармояд:
«Ва занони шавњардор , …».
Ба ғайр аз мавридҳое, ки зикр гардид, издивоҷ бо занони дигар шаръан ҷоиз мебошад.
Қуръони карим дар давоми ояти 24 сураи Нисо мефармояд:
«Ва (заноне) пас аз инҳо барои шумо ҳалол гардонида шудаанд».
* Бинобар дастуроти Қуръони карим чуноне, ки дар боло гузашт, як шахс наметавонад ду хоҳарро (аппа ва хоҳар) дар як замон ба никоҳи худ дароварад.
* Як шахс наметавонад ду занро дар як замон ба никоҳи худ дароварад дар сурате, ки агар яке аз он ду занро мард фарз карда шавад, наметавонанд ба ақди ҳамдигар дароянд.
Масалан зан ва аммааш ва ё зан ва холааш ва ё зан ва духтари бародараш ва ё зан ва духтари хоҳарашро дар як замон болои ҳам ба никоҳ ҷамъ намоянд.
Дар китоби Саҳеҳи Бухорӣ ба ин мазмун ҳадис ривоят шудааст, ки: « Расули Худо аз никоҳ кардани зан бар болои аммааш, ё амма бар болои духтари бародараш, ё зан бар болои холааш ва ё хола бар болои духтари хоҳараш наҳй намуда аст».
Маҳрамҳои насабӣ ва абадӣ дар маҷмуъ ҳафт навъ мебошанд, ки бо Китоби Худо маҳрамият ва ҳурмати никоҳи онҳо собит шудааст. Худованд дар сураи Нисо дар қисмате аз ояти 23 мефармояд:
«Бар шумо модарон, духтарон, хоҳарон, аммаҳо, холаҳо, духтарони бародар ва духтарони хоҳаратон ҳаром гардонида шудааст.
Маҳрамҳои разоъӣ ва абадӣ:
Модари разоъӣ занеро мегӯянд, ки дар давраи ширхорагии тифл кӯдакро шир додааст .
Хоҳари разоъӣ духтареро мегӯянд, ки дар замони ширхорагӣ ҳар ду аз пистони як зан шир хўрдаанд.
Ҳурмати никоҳи маҳрамҳои разоъӣ низ бо Китоби Худо собит шудааст. Худованд дар давоми ояти 23 Сураи Нисо мефармояд:
«ва он модаронатон , ки ба шумо шир додаанд ва хоҳаронатон аз разоъат бар шумо ҳаром гардонида шудаанд».
Маҳрарамҳои сабабӣ ва абадӣ
1- Модари зан (хушдоман):
Ба маҳзи ин, ки мард занеро ба ақди худ даровард, модари он зан барои вай ҳароми абадӣ мегардад, хоҳ бо он зан ҳамбистарӣ карда бошад ё не.
2- Духтари зан.
Дар сурате, ки мард бо модари духтар ҳамбистарӣ кард, духтари он зан барои он мард ҳароми абадӣ мегардад, вале агар модари духтарро пас аз ақд ва пеш аз он, ки бо вай ҳамбистарӣ кунад, талоқ дод, метавонад бо духтари он зан издивоҷ намояд.
3- Зани падар (моиндар) ва зани падарбузург то чанд насле (пуште), ки боло раванд.
4- Зани писар (келин) ва занони писарони писар.
плова бар мавридҳои зикршуда, никоҳи занони шавҳардор ва ҷамъ намудани байни ду апаву хоҳар дар як вақт бо Китоби Худо ҳаром гардонида шудааст.
Худованд дар ояти 23 сураи Нисо мефармояд:
«Ва ин , ки байни ду хоҳар (дар як вақт) ҷамъ намоед , магар он чӣ то ин замон гузашт. Худо, бешак, ки омурзандаи меҳрубон аст».
Ҳамчунин Худованд дар қисмате аз ояти 24 сураи Нисо мефармояд:
«Ва занони шавњардор , …».
Ба ғайр аз мавридҳое, ки зикр гардид, издивоҷ бо занони дигар шаръан ҷоиз мебошад.
Қуръони карим дар давоми ояти 24 сураи Нисо мефармояд:
«Ва (заноне) пас аз инҳо барои шумо ҳалол гардонида шудаанд».
* Бинобар дастуроти Қуръони карим чуноне, ки дар боло гузашт, як шахс наметавонад ду хоҳарро (аппа ва хоҳар) дар як замон ба никоҳи худ дароварад.
* Як шахс наметавонад ду занро дар як замон ба никоҳи худ дароварад дар сурате, ки агар яке аз он ду занро мард фарз карда шавад, наметавонанд ба ақди ҳамдигар дароянд.
Масалан зан ва аммааш ва ё зан ва холааш ва ё зан ва духтари бародараш ва ё зан ва духтари хоҳарашро дар як замон болои ҳам ба никоҳ ҷамъ намоянд.
Дар китоби Саҳеҳи Бухорӣ ба ин мазмун ҳадис ривоят шудааст, ки: « Расули Худо аз никоҳ кардани зан бар болои аммааш, ё амма бар болои духтари бародараш, ё зан бар болои холааш ва ё хола бар болои духтари хоҳараш наҳй намуда аст».
Ин васитест аз Паёмбар (саллаллоху алайхи вассалам) барои дуо кардан дар ҳаққи издивоҷкунанда дар шаби арўсӣ.
Дар суннати Паёмбари Худо (саллаллоху алайхи вассалам) омада аст, ки Ў (саллаллоху алайхи вассалам) васият намудаанд, то барои издивоҷкунанда дуо карда шавад. Ва он дуо барои баракат бошад, на аз он гуна дуое, ки дар ҷоҳилият танҳо барои фарзандоршавии писар менамуданд, зеро шариати исломӣ наҳе карда аст. Анас ибни Молик (р) ривоят карда аст, ки Паёмбари Худо дар рухсораи Абдураҳмон ибни Авф (р) асари зардиро дида аз ў (р) пурсид: ин чист?
Абдураҳмон ибни Авф (р) гуфт: Занеро бо вазни донаи аз тилло издивоҷ намудам.
Паёмбари Худо(саллаллоху алайхи вассалам) гуфт: "بارك الله لك"
«Худо бар ту баракат фармояд»
Абдураҳмон ибни Авф (р) арусӣ кард ва бар рухсорааш асаре аз ранги зард (яъне заъфарон) дида шуд. Ва дар суннати набавӣ собит шуда, ки Ў(саллаллоху алайхи вассалам) мардонро аз молидани заъфарон боз доштааст, ҳамонгуна ки аз халуқ (навъе аз хушбўӣ) низ боз доштааст, зеро он махсуси занон аст ва мардон аз ҳаммонандкунии ба занҳо наҳе карда шудаанд.
Эй бародар! Пас биё то ба ин васияти Паёмбари Худо (саллаллоху алайхи вассалам) чанг зада барои арўсу домод дар шаби арўсиашон дуои баракат намоем.
Дар суннати Паёмбари Худо (саллаллоху алайхи вассалам) омада аст, ки Ў (саллаллоху алайхи вассалам) васият намудаанд, то барои издивоҷкунанда дуо карда шавад. Ва он дуо барои баракат бошад, на аз он гуна дуое, ки дар ҷоҳилият танҳо барои фарзандоршавии писар менамуданд, зеро шариати исломӣ наҳе карда аст. Анас ибни Молик (р) ривоят карда аст, ки Паёмбари Худо дар рухсораи Абдураҳмон ибни Авф (р) асари зардиро дида аз ў (р) пурсид: ин чист?
Абдураҳмон ибни Авф (р) гуфт: Занеро бо вазни донаи аз тилло издивоҷ намудам.
Паёмбари Худо(саллаллоху алайхи вассалам) гуфт: "بارك الله لك"
«Худо бар ту баракат фармояд»
Абдураҳмон ибни Авф (р) арусӣ кард ва бар рухсорааш асаре аз ранги зард (яъне заъфарон) дида шуд. Ва дар суннати набавӣ собит шуда, ки Ў(саллаллоху алайхи вассалам) мардонро аз молидани заъфарон боз доштааст, ҳамонгуна ки аз халуқ (навъе аз хушбўӣ) низ боз доштааст, зеро он махсуси занон аст ва мардон аз ҳаммонандкунии ба занҳо наҳе карда шудаанд.
Эй бародар! Пас биё то ба ин васияти Паёмбари Худо (саллаллоху алайхи вассалам) чанг зада барои арўсу домод дар шаби арўсиашон дуои баракат намоем.
Тавсияхои Имом Ахмади Ханбал ба фарзандаш дар рузи издивочаш.
Фарзандам! Саодату хушбахтиатро дар оила танхо ба ин дах хислат (дар муомила бо хамсарат) метавони ба даст биёвари,инро аз ман биомуз ва хифзаш куну дар амал биовар!
Якуму дуввумаш- ин,ки занон навозишро дуст медоранд ва инчунин дуст медоранд,ки шавхаронашон ошкоро ба онхо ибрози мухаббат кунанд,пас дар ин рафтор бухл наварз,агар дар ин маврид бухл намуди миёни худ ва у пардаи чафо сохтаи ва мухаббатро коста намудаи.
Аммо савумаш- ин,ки занхо марди аз хад зиёд чиддиву дуруштро намеписандад ва марди нарму сахлро хидмати бештар мекунанд,пас хар рафтореро дар мавзеъаш карор бидех то мухаббат бештар чалб гарад ва итминон хосил бошад.(тарсу хароси аз андоза берун миён набошад)
Аммо чахорумаш- ин,ки хамсарон ончиро ки мардон аз онхо дуст медоранд ба монанди хушкаломи,хайату шакли чолибу дилнишин,назофат дар либос, хушбуи… эшон низ аз мардон меписандад,пас дар кули ахволат хуш ва покиза бош
Панчумаш- ин,ки Хона кишвару мамлакати зан аст ,гумон дорад ки дар курсии мулк нишаста аст ва сайидаи ин мамлакат аст,пас кишварашро вайрон масоз,мулку курсии уро аз у магир,чун фитрати башар ин аст,ки хар ки мулки уро мунозиъ шавад душманаш дорад.
Шашум - ин,ки зан мехохад шавхарашро ба даст биоварад ва ахлу хонадони худро низ аз даст надихад,саъй макун ки худро бо хонадонаш дар як тарозу карор дихи,ба у бигуи: Ё ман ё ахлу хонаводаат! чун агарчи дар ин мавкеъ туро интихоб мекунад аммо гамгин боки мемонад ва сафои айшу рузгори туро мукаддар месозад.
Хафтум- ин,ки зан аз устухони кач офарида шуда сирри чамолу чазби у низ дар хамин нухуфта аст,ин хакикат бар у айбу нуксе хам нест чун абру бо вучуди кач буданаш зинати чехра аст,пас агар ба табиати фитраташ аз у хатое сар занад бар у хамлаи беамон макун! кушиш харч макунк и росташ куни чун рост нашуда мешикани,шикасти у талокаш аст ва айни замон чунон мухмалу бидуни назорат магузор,ки качии у бештар нашаваду дигар гардани итоат хам накунад,бал дар васат бош!
Хаштум- ин,ки занон дар сиришташон хислати куфрони неъмати шавхар доранду некихои уро камтар мебинанд,агар тулии дахр барояш неки анчом дихи сипас бадие аз ту чонибаш сар занад мегуяд: Аз ту хайре надидаам.Пас ин хулкаш агарчи замима аст боис нагардад,ки дар назарат манфуру бад гардад,чу нагар ин хислаташ ба ту писанд набошад хисоли дигаре дорад ки мавриди писанди ту бошад.
Нухумаш- ин,ки зан баъзан гирифтори холатхои заъф мегардад,заъфи часади хастагии бадани,хатто Худованди Азза ва чалла фароизеро дар мисли ин холот аз у сокит намуда барош тахфиф арзони дошта аст,пас ту хам раббони бошу дар талаботу авомират тахфифаш кун.
Аммо охаринаш- ин,ки бояд бидони
,ки зан назди ту ба монанди асир аст ,пас дар асораташ рахм кун ва аз заъфаш гузашт кун то бароят бехтарин карин ва вафодортарин шарки рохи зиндаги бошад.
Фарзандам! Саодату хушбахтиатро дар оила танхо ба ин дах хислат (дар муомила бо хамсарат) метавони ба даст биёвари,инро аз ман биомуз ва хифзаш куну дар амал биовар!
Якуму дуввумаш- ин,ки занон навозишро дуст медоранд ва инчунин дуст медоранд,ки шавхаронашон ошкоро ба онхо ибрози мухаббат кунанд,пас дар ин рафтор бухл наварз,агар дар ин маврид бухл намуди миёни худ ва у пардаи чафо сохтаи ва мухаббатро коста намудаи.
Аммо савумаш- ин,ки занхо марди аз хад зиёд чиддиву дуруштро намеписандад ва марди нарму сахлро хидмати бештар мекунанд,пас хар рафтореро дар мавзеъаш карор бидех то мухаббат бештар чалб гарад ва итминон хосил бошад.(тарсу хароси аз андоза берун миён набошад)
Аммо чахорумаш- ин,ки хамсарон ончиро ки мардон аз онхо дуст медоранд ба монанди хушкаломи,хайату шакли чолибу дилнишин,назофат дар либос, хушбуи… эшон низ аз мардон меписандад,пас дар кули ахволат хуш ва покиза бош
Панчумаш- ин,ки Хона кишвару мамлакати зан аст ,гумон дорад ки дар курсии мулк нишаста аст ва сайидаи ин мамлакат аст,пас кишварашро вайрон масоз,мулку курсии уро аз у магир,чун фитрати башар ин аст,ки хар ки мулки уро мунозиъ шавад душманаш дорад.
Шашум - ин,ки зан мехохад шавхарашро ба даст биоварад ва ахлу хонадони худро низ аз даст надихад,саъй макун ки худро бо хонадонаш дар як тарозу карор дихи,ба у бигуи: Ё ман ё ахлу хонаводаат! чун агарчи дар ин мавкеъ туро интихоб мекунад аммо гамгин боки мемонад ва сафои айшу рузгори туро мукаддар месозад.
Хафтум- ин,ки зан аз устухони кач офарида шуда сирри чамолу чазби у низ дар хамин нухуфта аст,ин хакикат бар у айбу нуксе хам нест чун абру бо вучуди кач буданаш зинати чехра аст,пас агар ба табиати фитраташ аз у хатое сар занад бар у хамлаи беамон макун! кушиш харч макунк и росташ куни чун рост нашуда мешикани,шикасти у талокаш аст ва айни замон чунон мухмалу бидуни назорат магузор,ки качии у бештар нашаваду дигар гардани итоат хам накунад,бал дар васат бош!
Хаштум- ин,ки занон дар сиришташон хислати куфрони неъмати шавхар доранду некихои уро камтар мебинанд,агар тулии дахр барояш неки анчом дихи сипас бадие аз ту чонибаш сар занад мегуяд: Аз ту хайре надидаам.Пас ин хулкаш агарчи замима аст боис нагардад,ки дар назарат манфуру бад гардад,чу нагар ин хислаташ ба ту писанд набошад хисоли дигаре дорад ки мавриди писанди ту бошад.
Нухумаш- ин,ки зан баъзан гирифтори холатхои заъф мегардад,заъфи часади хастагии бадани,хатто Худованди Азза ва чалла фароизеро дар мисли ин холот аз у сокит намуда барош тахфиф арзони дошта аст,пас ту хам раббони бошу дар талаботу авомират тахфифаш кун.
Аммо охаринаш- ин,ки бояд бидони
,ки зан назди ту ба монанди асир аст ,пас дар асораташ рахм кун ва аз заъфаш гузашт кун то бароят бехтарин карин ва вафодортарин шарки рохи зиндаги бошад.
Муҳаммад Ғазолӣ - сухансарои тавонои Шарқ ба мардҳо мегӯяд, ки ҳангоми интихоби ҳамсар шитоб накунед. Агар ӯ хоҳ хешатон бошаду хоҳ бегона, аввал ӯро пинҳонӣ мушоҳидаву назорат кунед, ки чӣ гуна инсон аст. Духтари хуб, ки ҳамсари хуб хоҳад шуд, бояд ин хислатҳоро дошта бошад:
- Боимону диндор бошад;
- Покдоман бошад;
- Амонатдор бошад;
- Хубрӯ бошад;
- Ба корҳои зишт олуда набошад;
- Аз оилаи нек бошад;
- Хушрафтору ҳалим бошад;
- Дар синну сол аз шумо хурд бошад;
Мутафаккири бузург як гуфтаи Пайғамбари ислом Муҳаммад (саллаллоху алайхи вассалам) -ро мисол меорад: "Занро барои мол, барои ҷамол, барои дин, барои насабаш никоҳ мекунанд. Шумо диндорашро ихтиёр кунед."
Дар зан дигар Ғазолӣ аз Илёс (а) насиҳате меорад ва онро ба ҷавонон талқин мекунад: "Чор гурӯҳи занонро ба занӣ нагиред: яке он, ки ҳар соат аз шавҳар талоқ талаб кунад; касе, ки аз бузургии худ ё падару бобоёнаш фахр кунад; сеюм он ки фосиқ бошад; чорум он ки саркашу новармон бошад."
Ӯ ҷавононро водор мекунад, ки пеш аз ҳамсар гирифтан бояд ҳатман издивоҷкунандагон бо ҳам ақаллан як-ду бор сӯҳбат кунанд, ҳамдигарро бинанд. Танҳо дар сурати ба ҳам қарор гирифтани дилҳо иҷозати ақди никоҳ бастанро диҳанд. Ӯ ба як ҳадиси Пайғамбар (саллаллоху алайхи вассалам) такя мекунад, ки чунин аст: "Ҳангоме ки хостед аз зане хостгорӣ кунед, пеш аз никоҳ ӯро ё бубинед ё нафаре аз маҳрамони худро аз ҷумлаи хоҳар, модар, амма ё хола барои ташхиси ҳусну ҷамоли духтари номзадшуда бифиристед".
Ғазолӣ ба мардони издивоҷкунанда талқин мекунад, ки ҳангоми издивоҷ чизеро ба нишони изҳори садоқат ба зан тақдим кунанд, ки дар истилоҳ он маҳру садоқат номида мешавад. Аз нигоҳи Ғазолӣ атои маҳр шахсияти мардро таҳқир намекунад, балки оини ҷавонмардӣ ҳамин аст. Зан, ки ҷинси латиф аст, мардро мафтуни худ сохта, дӯст доштан ё надоштани ӯро нисбати худ ба воситаи адои маҳр имтиҳон мекунад. Маҳр маблағи хариду фурӯши зан нест, балки аз амалҳои содиқонаи мард ба шумор меравад.
Бинобар гуфти Ғазолӣ дар интихоби ҳамсар ба назар гирифтани асолат ва шарофати хонаводагӣ зарур аст. Зеро он ба фарзандон сироят мекунад. Духтари дар хонаводаи шариф ва бузургвору обрӯманд тарбия гирифта гарчи фақир бошад ҳам, зотан шарифу боақл мешавад.
Муносибати ин гуна хонаводаҳо нисбат ба арӯс ва домодашон беҳтар ва дар доираи одобу ахлоқи инсонӣ сурат мегирад. Гузашта аз он барои обрӯ ва шарофати хонаводагӣ шуда аз гуфтор ва рафтори зишт худдорӣ хоҳанд кард. Ҳамаи ин, албатта, ба фарзандон бетаъсир намемонад.
- Боимону диндор бошад;
- Покдоман бошад;
- Амонатдор бошад;
- Хубрӯ бошад;
- Ба корҳои зишт олуда набошад;
- Аз оилаи нек бошад;
- Хушрафтору ҳалим бошад;
- Дар синну сол аз шумо хурд бошад;
Мутафаккири бузург як гуфтаи Пайғамбари ислом Муҳаммад (саллаллоху алайхи вассалам) -ро мисол меорад: "Занро барои мол, барои ҷамол, барои дин, барои насабаш никоҳ мекунанд. Шумо диндорашро ихтиёр кунед."
Дар зан дигар Ғазолӣ аз Илёс (а) насиҳате меорад ва онро ба ҷавонон талқин мекунад: "Чор гурӯҳи занонро ба занӣ нагиред: яке он, ки ҳар соат аз шавҳар талоқ талаб кунад; касе, ки аз бузургии худ ё падару бобоёнаш фахр кунад; сеюм он ки фосиқ бошад; чорум он ки саркашу новармон бошад."
Ӯ ҷавононро водор мекунад, ки пеш аз ҳамсар гирифтан бояд ҳатман издивоҷкунандагон бо ҳам ақаллан як-ду бор сӯҳбат кунанд, ҳамдигарро бинанд. Танҳо дар сурати ба ҳам қарор гирифтани дилҳо иҷозати ақди никоҳ бастанро диҳанд. Ӯ ба як ҳадиси Пайғамбар (саллаллоху алайхи вассалам) такя мекунад, ки чунин аст: "Ҳангоме ки хостед аз зане хостгорӣ кунед, пеш аз никоҳ ӯро ё бубинед ё нафаре аз маҳрамони худро аз ҷумлаи хоҳар, модар, амма ё хола барои ташхиси ҳусну ҷамоли духтари номзадшуда бифиристед".
Ғазолӣ ба мардони издивоҷкунанда талқин мекунад, ки ҳангоми издивоҷ чизеро ба нишони изҳори садоқат ба зан тақдим кунанд, ки дар истилоҳ он маҳру садоқат номида мешавад. Аз нигоҳи Ғазолӣ атои маҳр шахсияти мардро таҳқир намекунад, балки оини ҷавонмардӣ ҳамин аст. Зан, ки ҷинси латиф аст, мардро мафтуни худ сохта, дӯст доштан ё надоштани ӯро нисбати худ ба воситаи адои маҳр имтиҳон мекунад. Маҳр маблағи хариду фурӯши зан нест, балки аз амалҳои содиқонаи мард ба шумор меравад.
Бинобар гуфти Ғазолӣ дар интихоби ҳамсар ба назар гирифтани асолат ва шарофати хонаводагӣ зарур аст. Зеро он ба фарзандон сироят мекунад. Духтари дар хонаводаи шариф ва бузургвору обрӯманд тарбия гирифта гарчи фақир бошад ҳам, зотан шарифу боақл мешавад.
Муносибати ин гуна хонаводаҳо нисбат ба арӯс ва домодашон беҳтар ва дар доираи одобу ахлоқи инсонӣ сурат мегирад. Гузашта аз он барои обрӯ ва шарофати хонаводагӣ шуда аз гуфтор ва рафтори зишт худдорӣ хоҳанд кард. Ҳамаи ин, албатта, ба фарзандон бетаъсир намемонад.
Издивоч ин танхо акди никоху таваллуди фарзандон нест,издивоч ба хам хурдани ду рух аст,ки куввае ба вучуд меорад то миллатро ба пеш барад.
Хамонгуна,ки захмати зан даруни хонааш ,ки итоати шавхар ва тарбияи солими фарзандонаш аст дар ачру подош баробар бар набард дар майдони чанг барои сарбаландии дину умматаш аст .
Хагох зан ба динаш пойбанд бошад,шариаташро эхтиром карда ахкомашро риъояи комил кунад ба монанди чароге бошад,ки хона ва атрофашро нур мебахшад ва дустдориву мухаббати шавхару эхтирому викор ба худ касб менамояд. ،
Мард ба фитрати мардиаш бо салобату сахти,ки ахёнан дар назари зан дурушти менамояд таркиб шуда аст, то мояи устувори ва коимдорандаву нигахдорандаи сафинаи оила бошад.
Ин фалсафаву хикматхост,ки ислом бар издивоч таргиб намуда барои саодати хар афродаш хидояту рахнамоихо дорад .
Ва барои хосил гаштани саодат вазифахое дар хар як чуфт муаян намуда аст ,аз мард талаб намуда,ки дорои диёнат ,акл,амонат,мардонагиву кудрат бар касб ва мухофизу химоятгари зан бошад.
Хамин аст,ки чавоне агар бар намозаш мухофиз набошад ва ё номуси дини ва гайрати марди надошта бошад зани мусалмон ингуна мардро намепазирад (масалан)
Инчунин ,дар мукобил Ислом барои зан чизхои дигареро арзишхои асли ва зинати асоси ва кафили истидомату устувории саодаташ муаррифи намуда аст .
Бехтарин занон онест,ки акли рочих ,дини комил ва кирдору ахлокхои нек дошта бошад.
Зане бошад,ки шавхарро фармонравои худ донад ,итоати уро итоати Худовандаш ва ризои уро хушнуди Холикаш шуморад .
Агар шахс бо зане издивоҷ кунад, ки вай айбе мисли ин ки девона аст, ё марази песӣ ва ё ҷузом (махав) дорад. Дар ин ҳолат мард ҳаққи “хиёр” надорад, балки метавонад ҳар вақт хост талоқ бидиҳад.
“Хиёр”, яъне барҳам задани ақд аст бидуни талоқ ва он ғайр аз талоқ аст. Бинобар ин шартҳое, ки дар талоқ ҳаст, дар хиёр нест.
- Зане бо марде издивоҷ карда ва баъд дар ӯ девонагӣ ва ё марази песӣ ё ҷузом дида. Дар ин ҷо ба назари Имом Абӯ Ҳанифа (р) ва Имом Абӯ Юсуф (р) зан ҳаққи хиёр надорад. Вале Имом Муҳаммад (р) фатво бар ин дода, ки зан ин ҳақро дорад; яъне метавонад ақдро барҳам занад.
- Зане шавҳари худро иннин (иннин бемориест, ки инсонро аз омезиш бо зан нотавон мекунад) дида ва баъд аз ҳокими шаръӣ талаб карда, ки никоҳро барҳам занад. Дар ин ҷо ҳокими шаръӣ бояд шавҳари он занро бихоҳад ва ба ӯ як сол мӯҳлат бидиҳад, ки худро муолиҷа кунад. Агар дар ин муддат битавонад муолиҷа ёфта ва омезиш кунад, зан ҳаққи хиёр надорад ва дар ғайри ин сурат ҳокими шаръӣ метавонад онҳоро ҷудо кунад.
Талоқ
Худованди мутаол дар зиндагонӣ миёни зану шавҳар ба некрафторӣ амр фармудааст:
“Ва бо онҳо (занҳоятон дар зиндагонӣ) боинсоф ва хушрафтор бошед”.
Вале гоҳе агар миёни онҳо нофаҳмоӣ ва бадбинӣ нисбат ба якдигар ҳосил шавад, роҳи ҳаллеро ҳам нишон додааст, ки иборат аст аз миён бурдани қайди никоҳ аст ва дар истилоҳи шариат онро “талоқ” мегӯянд.
Вале таваҷҷӯҳ дошта бошед, ки дини Ислом бо талоқ сахт мухолиф аст. Ислом мехоҳад то ҳадди имкон талоқ сурат нагирад. Ислом талоқро ба унвони як чораҷӯй дар он маворид, ки чорае ҷуз ҷудоӣ нест, ҷоиз донистааст.
Дар ривояте аз Паёмбари Акрам (саллаллоху алайхи вассалам) нақл шудааст, ки фармуданд: “Чизе дар назди Худованд дӯстдоштанитар аз хонае, ки дар он пайванди издивоҷе сурат гирад вуҷуд надорад ва чизе дар назди Худо баддиданитар ва мабғузтар аз хонае, ки дар он хона пайванде бо талоқ баҳам бихӯрад, вуҷуд надорад”.
“Издивоҷ кунед, вале талоқ надиҳед, зеро арши илоҳӣ аз талоқ ба ларза медарояд”.
Аз ҳадиси Муҳаммад (саллаллоху алайхи вассалам)
Дунё пур аз неъматҳост ва беҳтарини неъматҳои он зани некукор ва покдоман аст
(Матни ҳадис)
Масъалаи интихоби ҳамсар дар таълимоти исломӣ ва қуръонӣ мавриди таваҷҷуҳи зиёд қарор гирифта, Ислом ҳам барои мард ва ҳам барои зан озодӣ, дастуроти амиқу дақиқ ва муфидеро дар амри интихоби ҳамсар додааст. Бо таваҷҷуҳ ба ин оёти мутаъдаде аз Қуръони карим вижагиҳои ҳамсари шоистаро бармешуморад, ки бархе аз онҳо иборатанд аз:
1.Ислом
Қуръони карим мефармояд: «Агар паёмбар (с) шуморо талоқ диҳад, чи басо Парвардигораш ба ҷои шумо ҳамсаронеро насиби у гардонад, ки беҳтар аз шумо бошанд. Занони душиза ё ғайридушиза фармондор, боимон, фурутан, тавбакор, парастишгар».
(Сураи Таҳрим, ояти 5)
Аз ин ояти шарифа бармеояд, ки ҳамсари муносиб барои зиндагӣ бояд мусулмон бошад ва шароити муслмониро риоят кунад ва Қуръони карим издивоҷ бо ғайримусулмононро барои пайравони хеш супориш намекунад.
2.Имон
Вижагии дигаре, ки дар ин оят ва оёти дигаре аз Қуръон матраҳ шуда, имон аст, чунонки Қуръони карим дар сураи Бақара ояти 221 мефармояд: «Бегумон канизи муъмине аз зани (озод) мушрике беҳтар аст, агарчӣ (агарчӣ зебоӣ ё сарват ё мавқеияти у) шуморо ба шефтагӣ андохта бошад ва бегумон ғуломи муъмине аз марди мушрике беҳтар аст, агарчӣ (зебоӣ ё сарват ё мавқеияти у) шуморо ба шигифтӣ андохта бошад».
Имон, яъне эътиқоде, ки дар умқи қалби инсон нуфуз кунад.
Метавон гуфт: муҳимтарин шарте, ки Қуръони карим дар оёти мутаъдад барои ҳамсар матраҳ мекунад имон ва эътиқод доштани уст, зеро имону эътиқод ба Худованду сифоти у ва боварӣ ба рўзи қиёмату ҳисобрасии дақиқи он, аз одамӣ, инсони мутаъаҳид месозад. Инсоне, ки шароити як ҳамсари хубро дорад ва ҳуқуқи ҳамсари худро зери по намегузорад. Дар воқеъ имони воқеӣ сабабу сарманшаи ҳама хубиҳост.
Оре, на маҳрияҳои сангин ва на лавозимоти дигар ҳеҷ кадом наметавонад монанди имон ва эътиқод шахсро ба зиндагиву масъулиятҳои он побанд кунад.
Бинобар ин агар дар фарде «имони қавӣ» ёфтем, метавонем умедвор бошем, ки газинаҳои дигарро низ дорад ё агар надорад метавонад осонтар ба даст оварад.
3. Тавозуъ ва фармонбардорӣ
Бар асоси ояти фавқ тавозуъ, парҳез аз кибру ғурур, худхоҳӣ ва фармонбардорӣ як вижагии лозим барои ҳамсар аст. Модари хонавода агар аҳли фармонбардор набошад ва супоришеро, ки дин вазифаи у хонда иброз накунад, зиндагӣ аз масири табии ва фитрии худ хориҷ шуда, мушкилоти музиде ба бор меоварад. Албатта мутавозеъ будани зан ба маънои ибрози ақида ва изҳори назар накардани у нест, инчунин ба ин маъно нест, ки ҳамеша ҳарфи падару хонавода бояд ҳарфи аввалу охир бошад, балки аз маҷмуи оёт ва ривоёте, ки дар ин замина ворид шуда, чунин ба даст меояд, ки мард нақши мудири хонаводаро дорад, ки бояд бо аъмоли мудирият зиндагиро идора карда, ҳуқуқи ҳамаро риоят намояд ва зан нақши мушовиру мудирияти дохили хонаро дорад ва мудир лоиқи касест, ки агар дид, ки яке аз аъзои хонавода, агарчӣ фарзанди кўчаки хонавода бошад, ҳарфи ҳақеро иброз мекунад, сухани уро молики амал қарор диҳад.
4. Эътироф ба хотири ҷуброни он
Манзур, тавба аз анҷоми амали бад ва нописанд аст, ки агар иштибоҳе анҷом дод, дар садади ҷуброн барояд ва бо узрхоҳиву изҳори пушаймонӣ ва азм бар ҷуброни он мушкилоти ба вуҷуд омадаро бартараф созад, ки агар баъд аз анҷоми иштибоҳ мутакаббирона бар хатои худ исрор накунад ва ҳозир ба узрхоҳии содиқона набошад, гом ба гом ба суст кардани сутунҳои зиндагии худ наздик мешавад.
5. Ибодат ва бандагии Худованд
Ибодати Худованд танзими босазое дар назми руҳия ва афкори афрод дорад ва боиси оромишу беҳдошти равону латофати руҳ шуда, мувоҷиботи тақвияти имон ва солеҳ шудани аъмоли одамиро фароҳам мекунад, аз ин ру Қуръон яке аз шароити ҳамсарро аҳли ибодат медонад. Тавре ки дар сураи Анкабут омада: «Ва намозро чунонки бояд бар пой дор. Мусалламан намоз инсонро аз гуноҳони бузург ва аз корҳои нописанд дар назари шаръ боз медорад ва қатъан зикри Худо ва ёди Аллоҳ аз ҳар чизи дигаре волотару бузургтар аст ва Худованд медонад, ки шумо чӣ корҳоеро анҷом медиҳед».
Бад-ин тартиб нақши ибодат дар беҳдошти зиндагӣ маълум мешавад.
6. Сири тариқи итоати Худо ва аҳли маъсияти нубувват
Соиҳот ҷами соиҳ-ро бисёре аз муфассирон ба маънии соим ва рузадор тафсир кардаанд, вале тавре ки роғиб дар муфридот мегуяд, рўза бар ду навъ аст: рузаи ҳақиқӣ, ки ба маънии тарки ғазо ва омезиш аст ва рузаи ҳакамӣ, ки ба маънии нигаҳдории аъзои бадан аз гуноҳон аст ва манзур аз руза дар ин оят маънии дуввум мебошад. Ин гуфтаи роғиб бо таваҷҷуҳ ба муносибати мақоми ҷолиб ба назар мерасад, вале бояд донист, ки соиҳро ба маънии касе, ки дар тариқи итоати Худо сайр мекунад низ тафсир кардаанд.
Бо таваҷҷуҳ ба матолиби фавқ метавон натиҷа гирифт: Касе, ки аҳли анҷоми маҳрамоти илоҳӣ мебошад ва ҳудуди илоҳиро риоят намекунад, наметавон фарди муносибе барои зиндагӣ бошад, зеро касе, ки ҳуқуқи илоҳиро риоят намекунад ва бебокона бо Худо мухолифат менамояд, чӣ гуна ҳуқуқи бандаи уро риоят хоҳад кард.
7. Айбпушӣ ва таъмини ниёзҳои ҳамсар
Қуръони карим дар сураи Бақара ояти 178 мефармояд: «Онон либоси шумоянд ва шумо либоси ононед…»
Либос аз як су инсонро аз сармову гармо, аз хатари бархурди ашё бо бадан ҳифз мекунад, аз суйи дигар айбҳои уро мепушонад, ки афзун бар ин ду зиннатест барои одамӣ ва ин ташбеҳ дар оят ба ҳама ин нукот ишора дорад, зеро ду ҳамсари шоиста, ки айби ҳамдигарро мепушонанд, василаи роҳату оромиши якдигаранд ва ҳар ду ҳам зиннат мебошанд ва муҳимтар ин ки якдигарро аз инҳирофҳои ҷинсӣ ҳифз намуда, ин ниёзро низ таъмин мекунанд.
Таъбире, ки дар оят дар бораи зану шавҳар омада, комилан иртиботи маънавии зану мард ва наздикии онҳо ба якдигар ва ҳамчунин мусовоти онҳоро дар ин замина равшан месозад, зеро ҳамон таъбире, ки дар мавриди мардон омада, дар бораи занон низ омадааст.
8. Меҳрубонӣ
Қуръони карим дар ин бора мефармояд: «Ва яке аз нишонаҳои Худо ин аст, ки аз ҷинси худатон ҳамсаронеро барои шумо офарид, то дар канори онон (дар партави ҷозиба ва кашиши қалбӣ) биёромед ва дар миёни шумо ва эшон меҳру муҳаббат андохт (ва ҳар якро шефтаву дилбохтаи дигаре сохт, то бо оромишу осоиш мояи шукуфоӣ ва парвариши шахсияти ҳамдигар шавед ва пайванди зиндагии инсонҳо ва таъодули ҷисмонӣ ва руҳонии онҳо барқарору маҳфуз бошад). Мусалламан дар ин (умур) нишонаҳо ва далоиле бар азамату қудрати Худо аст, барои афроде, ки дар бораи падидаҳои ҷаҳон ва офаридаҳои Яздон меандешанд». (Сураи Рум, ояти 21)
Чунонки ояти шарифа мефармояд фалсафаи издивоҷ сукунат ва оромиши ҷисмиву руҳӣ мебошад ва рози бақои он меҳрубонӣ ва муваддати зану шавҳар аст. Дар ҳоле, ки чунин ҳаст, пас бояд яке аз шароити асосии ҳамсари шоистаро аҳли муваддату меҳрубонӣ будан шумурад. Чароки агар шахси аҳли отифаву ибрози он набошад, дар зиндагии оянда худ дучори мушкил хоҳад шуд ва наметавонад ниёзи отифии ҳамсару фарзандони худро таъмин кунад.
[b]9. Солеҳ будан
Худои мутаъол мефармояд: Мардону занони муҷаррад худро бо таҳияи нафақа ва пардохти маҳрия ба издивоҷи якдигар дароваред ва ба фақру тангдастии эшон нанигаред ва нигарони ояндаи онон набошед, чароки агар фақир ва тангдаст бошанд ва издивоҷашон барои ҳифзи иффат ва дурӣ аз гуноҳ анҷом гирад. Худованд ононро дар партави фазли худ дорову бениёз мегардонад, бегумон Худованд дорои неъмати фаррох буда, огоҳ аз ниёзи ҳамагон аст. (Сураи Нур ояти 32)
Аз назари Қуръон солеҳ будан барои издивоҷ шарт аст. Солеҳон чӣ касоне ҳастанд? Дар ин робита дар тафсири ал-Мизон чунин мехонем: ва мурод аз солеҳин, солеҳ барои тазвиҷ аст, на солеҳ дар аъмол.
Аз ин рў бояд касонеро ба унвони ҳамсар интихоб намуд, ки ба булуғи фикрӣ, иҷтимоӣ ва амсоли ин, ки барои зиндагӣ лозим мебошад, расида бошанд ва ба иборати беҳтар масъулиятпазир ва тавоноии ифои нақшро дошта бошанд.
10. Пайдоиш ва ҳамтоӣ
Қуръони карим дар сураи Нур ояти 24 мефармояд: «Занони нопок аз они мардони нопоканд ва мардони нопок аз они занони нопоканд ва занони пок мутаалиқ ба мардони поканд ва мардони пок мутаалиқ ба занони поканд». Ин ояти карима низ ба асли муҳими дигар ба номи ҳаммонанд будан ишора мекунад. Масъалаи асосӣ, ки бо набудани он зиндагӣ саҳнаи носозгориҳо ва ихтилофот хоҳад шуд. Оре агар зан ва шавҳар аз назари фикрӣ ва арзишҳои руҳӣ бо ҳам пайдоиш надошта бошанд ва ҳар кадом барои амре хос аҳамияти вижа қоил бошанд ва нуқоти иштироки онҳо хеле кам бошад, саранҷом ин зиндагӣ бо талоқ аст ва ё бояд зиндагии ноҳамгуни худро ба сахтӣ идома дода, ҳамдигарро таҳаммул кунанд ва шоҳиди ба феълият нарасидани истеъдодҳо ва аз миён рафтани фурсатҳо бошанд, ки дар чунин мавкеъ вазъияти фарзандон низ рушан аст.
Пас покон бояд ба дунболи амсоли худ буда, нопокон ё бояд худро пок карда, бо покон васлат кунанд ва аз ин раҳгузари саодат худу фарзандони худро рақам бизананд ва ё бо амсоли худ издивоҷ кунанд.
ОЗОДИИ ЗАН ДАР ИНТИХОБИ ШАВХАР.
Духтари бокира хакки интихоби шавхар ва изхори назар дар мавзеи издивочро дорад. Зеро ояндаи зан ба интихоби шавхар вобастаги дорад ва Ислом ба зан дар интихоби шавхар озоди додааст.
Хазрати Оиша(Р)мегуяд:"Ман аз Паёмбар(с)дар мавриди духтаре,ки хонаводааш уро дар никохи касе медароранд,пурсидам,ки оё аз у ичозат гирифта мешавад ё на? Паёмбар(с)гуфт:Бале,аз духтархо ичозат гирифта мешавад. Хазрати Оиша(Р)гуфт ман ба Паёмбар(с)гуфтам:Духтар аз шарму хаё чизе наметавонад бигуяд. Паёмбар(с)фармуд:Агар хомуш бинишинад ба маънои ин аст,ки ризоят дорад"(Р.Бухори)
Озоди дар Ислом аст.
Боб дар баёни никох.
ОтветитьУдалитьНикох дар шариъат акдеро гуянд, ки нафъ бурдани мардро аз зан халол мегардонад; ба ибораи дигар, баъди никох халол мешавад, ки марди мусалмон ба зане, ки онро шариъатан никох кардааст, алокаи чинси кунад ва аз вай нафъ барад.
Фасл дар баёни мухаррамоти никох.
Шариъати Ислом аз барои мусалмон никохи баъзе занонро харом гардонидааст:
1. Никохи аслашро; яъне, мард модар ва зан пардари худро никох карда наметавонанд.
2. Никохи фарзандони асли кариб. Асли кариб падару модарро гуянд; яъне ба мард никохи хамширааш ва бар зан никохи бародараш харом аст.
3. Никохи фарзандони асли баъид. Асли баъид бобо ва бибиро гуянд; яъне ба мард никохи амма ва холааш чоиз нест ва бар зан никохи амак ва тагояш.
4. Духтари занаш, ки наздик шуда бошад ба он зан; яъне агар мард занеро никох кунад ва ба у наздик шавад, баъд аз он вайро агарчи талок хам кунад, агар ин зан аз дигар шавхараш духтар дошта бошад, он духтарро ин мард никох карда наметавонад.
5. Никохи завчаи падар ва бобояш; яъне занонеро, ки падар ва бобояш никох карда бошанд.
4. Никохи падару модар ва акрабои разоъи ё чуноне гуянд ширхораги.
Агар шахсе шири гайри модари худро дар сини дуюним ё камтар аз дуюним солаги нушида бошад, ба хукми шариъат вай зани ширдодаги модар, духтари он зан хохар, шавхари вай зан падар, хохари он зан хола, модари вай зан биби, хохари шавхари у амма, модари шавхараш бибии шахси ширхурда хоханд шуд, ки никохи онхо мисли падару модар ва акрабои хакикияш харом мешаванд. Инхоро дар шариъат махрамони ризоъи гуянд.
Аммо ба ашхоси фавкуззикр танхо ин тифли ширхурдаги ва зану фарзандони вай мухарам шаванд.
.5 .Никохи духтар ва модари зане, ки бо у зино карда ё вайро буса карда ва ё уро ба огуш гирифта ва ё шармгохашро дида бошад.Инчунин агар он зан ин мардро ба шахват ба огуш гирифта бошад, агар чи алокаи чинси сурат нагирифтааст.
6 . Никохи кофираи гайри китоби; яъне никохи зане, ки ба ягон китоби осмони, мисли Куръон, Инчил, Таврот ва Забур эмон надорад.Монанди оташпараст, будпараст, комунист ва гайра. Аммо никохи кофираи китоби чоиз аст.
7 . Никохи панчум зан ва аз он зиёдтар.
8 Никохи зани хомиладоре, ки падари хамлаш маълум бошад. Масалан кофирзане ба максади мусалмон шудан аз дорулхарб ба дорулислом хичрат кунад ва ин зан хомиладор бошад, то зоиданаш никохи вай чоиз нест.
9 Никохи мутъа ва муваккат ё чуноне гуянд сига; никох кунад занеро ба микдори моли муъайян ва муддати муъайян ё гуяд занро ман аз ту дар бадали хазор дирхам яксол нафъ мебарам.
Аммо никохи зане, ки аз зино бордор шуда бошад чоиз аст, ба шарти ин, ки аз ки будани кудаки шикамаш маълум набошад.
Чунин занро агарчи никох карданаш равост, вале то вазъи хамл ба у алокаи чинси харом аст.
Фасл дар баёни махр.
ОтветитьУдалитьМахр дар шариъат микдори молеро гуянд, ки бар зиммаи завч вочиб аст, то барои завчааш бидихад. Махр аз барои изхори шарафи махал; яъне баланд кардани шарафи зан аст. Биноан зан хак дорад микдорашро худ муайян кунад ва ё дигар касро ба ин кор вакил созад.
Аммо як микдор аз махр хакки шариъат аст ва ин микдор дах дирхам мебошад; яъне дах тангаи нукрагин, ки вазни хар кадом баробари чахордах донаи чав бошад. Ин микдорро зан кам карда наметавонад, хатто агар зан панч дирхам талаб кунад, хамон дах дирхам вочиб мешавад.
Фасл дар баёни нафака.
ОтветитьУдалитьАз чумлаи умуре, ки баъди издивоч бар шавхар вочиб мешавад, ин нафакаи зан мебошад. Дар нафака пушоку хурок, хона; яъне хавлии чудогона ё хади акал хучраи чудогона аз барои завчааш хох муслима бошад ё кофираи китобия, дохил мебошанд.
Нафака муътабар ба холи зану шавхар аст; яъне агар харду гани бошанд, пас вочиб аст, ки ба завчааш нафакаи боёна бидихад. Аммо агар харду факир бошанд бар зиммаи завч нафакаи факирона вочиб мешавад. Агар яке гани бошад ва дигараш факир, вочиб нафакаи васат аст; яъне аз боёна кам ва аз факирона зиёд.
Бояд донист дар чанд холат нафака аз зимаи завч сокит мешавад. Масалан зани бадрузгор аз хонаи шавхараш бе ичозаи у хорич шуда муддате масалан се мох дар хонаи падараш бимонад ва баъдан пас биёяд. Агар шавхараш уро зулм накардааст; ба ин тарика ки махру нафакаашро адо карда бошад, дар ин муддате, ки зан гаиб буд ба вай нафака вочиб нест; яъне зан нафакаи се мохи гузаштаро аз шавхараш талаб карда наметавонад. Аммо агар рафтани зан ба айби шавхараш бошад. Масалан махрашро надихад, пас зан хорич шавад нафакаи ин зан дар муддати гоиб буданаш бар зиммаи завч аст.
Аммо агар зан чинояте содир кунаду махбус шавад, нафакааш то аз зиндон бар гаштанаш аз зиммаи завч сокит мешавад.
Агар завча бо хамрохи завч ба хач равад нафакааш ба зиммаи завч аст. Аммо бидуни завч ба хамрохи дигар махрамаш ба хач равад, нафакааш аз зиммаи завч хорич мешавад. Инчунин зан дар холати иддаи талоки рачъи ва боин мустахики нафака аст.
Аммо дар иддаи мавт зан мустахики нафака нест. Бояд донист, ки бар мард нафакаи фарзандонаш, завчааш ва падару модараш вочиб аст. Нафакаи фарзанд ба зиммаи модар намебошад. Инчунин бар зиммаи зан чуз ихтиром ва таслими нафс бар завчаш дигар чизе вочиб нест. Хидматхое, ки занон барои шавхархояшон анчом медиханд амри савоб буда, ачри бузрг доранд.
( من خدم خدم)
яъне шахсе ,ки хидмат кунад уро хидмат карда мешавад .умед аст, ки агар шавхарашро хидмат кунад ва шавхараш аз вай рози бошад худованд ба он зан фарзанди солих ато кунад ,ки хидмати вайро ба чо орад ва сабаби ободии киёматаш гардад .
зан хак дорад ,ки хафтае як бор падару модарашро зиёрат кунад ё падару модари вайро зиёрат кунанд , аз ин амр шавхараш уро манъ карда наметавонад .аммо гайри падару модар мисли бародар , хамшира ва гайра соле як бор хакки зиёрат доранд .
худованд ба моён занони солиха ва шоиста насиб кунад . Омин .
Боби талок
ОтветитьУдалитьТалок акди никохи мавчуда байни зану шавхарро ботил месозад .
Талок дар шариъат бадтарин мубох аст : яъне бадтарин корест ,ки барои мусулимон карданаш чоиз аст .биноан бояд кушид то ин кори бад вокеъ нашавад.шахси мукаллаф :яъне , шахсе ,ки болигу окил бошад метавонад занашро талок кунад . аммо агар ноболиге ё девонае зан дошта бошанд , талоки он вокеъ намешавад ва кавлашон эътибор надорад .
Бояд донист ,ки агар окилу болиг шароб нушанд ва дар холати масти талок кунанд талок вокеъ мешавад . аммо агар дар хобаш талок кунад , талок вокеъ намешавад , хох хангоми хоб лафзи талокро талаффуз карда бошад ё на .
Адади талок аз се зиёд намешавад . агар мард занашро хазор талок гуяд хамон се талок вокеъ мешавад. Инро низ бояд донист ,ки баъди вукуъи се талок дигар зан ба шавхараш чоизунникох нест.
Аммо халола агарчй дар шариъат чоиз бошад , вале макрух аст .
« لعن رسول الله المحلل والمحلل له » (رواه الدارومي )
расули худо марди халолакунандаро ва мрде , ки зани уро халола кунанд ,лаънат фиристодааст.
Аммо бо вучуди ин халола се талокро ботил мекунад ва зан ба шавхараш чоизунникох мешавад ва аз нав хакки се талок пайдо мекунад .
Талок бо ду лафз вокеъ мешавад.
ОтветитьУдалить1-Лафзи сарих : яъне лафзе ,ки ба чуз маънои талок дигар маъно надошта ба чуз дар талок мавриди истиъмол карор нагирад .
2- Лафзи киноя : яъне лафзе ,ки гайри маънои талокро дорад ва ба маънои талок истиъмол карданаш чоиз аст .
ба алфози сарихи талок танхо талоки рачъи талоке , ки бидуни тачдиди акди накох дубора занашро гирифта метавонад вокеъ мешавад .малан марде агар занашро гуяд .ту талок ё ин ки ту талокшуда ,ё ин ки талок кардам туро бо ин алфоз талоки рачъи вокеъ мешавад .агар чанде нияти ду ё се талокро дошта бошад .вале вакте,ки ин исми масдарро ба нияти се талок зикр кунад :масалан гуяд ,ки ту талок талок шудане , пас се талок вокеъ мешавад.аммо ба лафзи киноя завчаашро ба нияти талок бигуяд : бирав ё бихез ,як талоки боин вокеъ мешавад . аммо агар ба нияти се талок алфози кинояро истиъмол кунад , се вокеъ гардад . фарк байни талоки боин ва талоки рачъи дар ин аст ,ки модоме ,ки зан дар иддаи талоки рачъист, мард уро бидуни тачдиди никох рачъа карда метавонад ,агрчи зан рози набошад . албатта модоме ,ки ду ё се талок накардаву ва иддаи талоки рачъи тамом нашуда бошад . аммо дар талоки боин агар тачдиди акди никох нашавад ва зан аз нав нафсашро ба шавхараш набахшад , шавхараш уро дубора ба зани гирифта наметавонад , агар чи се талок накардааст.
Масъалаи талок бисёр масъалаи мушкил буда ба чуз уламо дигар ашхос дар боби талок бахс кардан ё хукм кардан хак надоранд .дар ин мавзуъ баъзе масоил ба хотире ,ки мушкили ин амр ба хамагон ошкор шавад зикр хохад шуд хатоан сахван ё мачбуран талок вокеъ мешавад .масалан мард занашро хост бигуяд ту зебои , хато карда гуфт :ту талоки ё касе мардро мачбур кунад ,ки занашро талок кунад пас вай ночор талок кунад талок вокеъ мешавад .инчунин агар ба шухи занашро гуяд ки туро талок кардам , талок вокеъ мешвад .
Мард хамчуноне ,ки худ занашро талок карда метавонад , инчунин ихтиёри талокро ба занаш низ дода метавонад то ки у худашро талок гардонад . баъди ихтиёри талокро ба даст гирифтан , зан гуяд : нафсамро талок кардам , талок вокеъ мешавад : инчунин дигар нафарро вакил кунад то ,ки зани уро талок кунад ,пас вакил талок кунад вокеъ мешавад .
Инро бояд донист ки ба ивази мол зан нафсашро талок карда метавонад . масалан ба шавхараш гуяд : ба ивази хазор динор маро хулъ кун! Пас завч кабул кунад ,зан дар хол талоки боин шуда бар вай вочиб мешавад ,то хазор динорро ба шавхараш адо намояд.
Инчунин мард агар занро гуяд , ки нисфи ту талок ё сеяки ту талок ё чахоряки ту талок ё хаштяки ту талок , як талоки рачъй вокеъ мешавад. Инчунин агар гуяд : ту ним талок ё сеяк талок ё чахоряк талок ва гайра ,як талок вокеъ мешавад .Ё гуяд : рухи ту талок ё гардани ту талок ,ё сари ту талок ё шармгохи ту талок , талок вокеъ мешавад.
Аммо инро бояд донист ,ки вагар мард занро дар холати хайз талок кунад ,вочиб аст ,ки ручуъ кунад яъне аз нав никохаш кунад ва баъди тамом шудани хайз , агар хахад дубора талок кунад .
Агар мард хиз буда , бо зан алокаи чинси карда натавонад ва зан хохад ,ки аз вай чудо шавад , бояд назди кози хозир шавад . кози мардро як сол мухлат медихад , то худро табобат кунад . агар баъди гузаштани як сол бо зан алокаи чинси карда натавонад , кози онхоро аз хам чудо мекунад .
Аммо агар маълум шавад ,ки мард мачбуб аст : яъне олаташ аз бех бурида шудааст , кози дар хол хукм ба талок мекунад ва як сол мухлат намедихад .
агар мард ба зан гуфта бошад ки ту метавони низ талок бидихи ту хам ихтиёр талок доданро дори зан нахохад бо у зиндагиро идома бидихад дар ин холат талок вочиб аст,
УдалитьЗан агар нахоҳад зиндаги кардан ва асосе дошта бошад барои ин метавонад талоқро аз шавҳараш пурсад ва ё надошта бошад талоқ дар дасти мард ҳаст на дар зан.
УдалитьФасл дар баёни идда.
ОтветитьУдалитьЗанро ,ки шавхараш талок кунад ё шавхараш вафот ёбад бар вай идда вочиб мешавад :яъне муддате ,ки дар он аз хона берун рафта ва шавхари дагар карда наметавонад .
Идда ду навъ аст : иддаи талок ва иддаи мавт .
Аммо идлаи талок се хайз аст :яъне то се хайз дидани зан давом мекунад. Аммо иддаи мавт чахор моху дах руз аст.
Инро бояд зикр кард ,ки иддаи талок дар хадди занхое ,ки хайз мебинанд се хайз мебошад .аммо он заноне ,ки хайз намебинанд ,масалан ба пиронсоли расиданд ва рахмашон хушк шудааст,се мох аст.
Аммо агар зани хомиларо шавхараш талок кунад иддаи вай зан марбут ба таваллуд кардани хамлаш аст. Хатто агар як руз пас аз талок таваллуд кунад , иддааш дар як руз тамом мешавад .аммо агар шаш мох пас таваллуд кунад, иддааш то шаш мох давом мекунад.
Идда тамом мешавад ,агарчи зан бехабар монад , масалан зане баъди гузаштани шаш мох аз гоиб шудани шавхараш хабар ёфт ,ки шавхараш фавтида аст ,пас иддаи ин зан тамом шудааст. Ё агар хабардор шавад ,ки шаш мох пеш шавхараш уро талок кардааст ,агар дар ин муддат се хайз дида бошад ,иддаи ин зан низ тамом шудааст.
Инро бояд донист ,ки агар мард занашро дар холати хайз талок карда бошад ин хайз аз идда шуморида намешавад .биноан , то иддаи вай пурра шавад .инчунин бояд донист ,ки занеро ба хатоан алоки чинси карда шавад , масалан касе уро гумони хамсари худ карда алокаи чинси карда бошад барои ин зан низ идда лозим аст: яхне бояд то сипари шудани се хайз агар зани хайзбин бошад ё се мох агар хайзбин набошад , бо шавхараш алокаи чинси накунад.
Ин иддаро иддаи ватин ба шубха : яхне ба хато алокаи чинси сурат гирифта меноманд .
Зан дар иддаи мавт изхори гаму андух бояд кунад ба ин тарика ки худро зиннат надихад .
Фасл дар баёни мирос.
ОтветитьУдалитьБаъди фавтидани мусулмон чахор хак бар моли вай таъалук дорад .
Аз молаш уро тафкин ва тачхиз карда мешавад :яъне кафан чои кабр харидан ва гайра .
Агар майит карзидор бошад аз молаш карзро адо карда мешавад .
Агар васият карда бошад аз се яки боки мондаи молаш васияти уро адо карда мешавад .
Баъди адои васият бокии мол байни вараса тарака гардад .
Дар инчо мо хос хакки зан аз мард ва мард аз занро зикр хохем кард .агар зан бимирад шавхараш нисфи молашро мерос мебарад, ба шарте ,ки зан фарзанд ё набера надошта бошад аммо агар мард фавтад ва фарзан ё набера надашта бошад зан чахоряки моли хамсарашро мирос мебарад .аммо агар шавхараш фарзанд ё набера дошта бошад пас зан хаштяки моли шавхарашро мирос мебарад.
Бояд зикр кард ,ки агар мард ду ё се ё чахор зан дошта бошад истихкоки занро байни ин чанд зане ,ки дорад таксим карда мешавад .
Масалан агар аз мард хашт хазор динор мирос монда бошаду фарзанд ё набера надорад истихкоки зан чахоряки мол аст,яъне ду хазор аз хашт хазор биноан агар мард ду зан дошта бошад пас ин ду хазорро байни ду зан таксим карда мешавад ,ки истихкоки ин ду зан як хазори мешавад .
Аммо агар мард фарзанд ё набера дошта бошад , пас истихкоки зан хаштяки мол мешавад :яъне як хазор , ки як хазор байни ду зан панчсади таксим карда мешавад . инчунин агар се зан бошад байни се ва чахор зан бошад байни чахор истихкоки занро баробар таксим карда мешавад . аммо агар як зан дошта бошад тамоми истихкоки занро мерос мебарад .
БОБ ДАР БАЁНИ ЗИНО
ОтветитьУдалитьБаъди зикр никох ахкоми он ва он умуре ,ки баъди никох лозим мешавад , зино ва хукми онро низ донистан аз фоида холи нест . заруру вочиб аст ,ки мусулмон аз зино хазар ва ба никох рагбат кунад .
Зино дар шариъат даромадани олати таносулии мардро дар шармгохи зане ,ки он дар никохаш ё дар иддааш нест меноманд .
Зино ба шаходати чахор нафар ё икрори зонй ва зрния чахор маротиб дар чахор мачлис собит мешавад . баъд аз адои шаходат шохидонро пурсида мешавад чист зино ? то ки зинои чашм : яъне назар кардан ба зани ачнабиро гуфта нашавад . ингуна каст зино ? то ки расидани дар гайри шармгохро зино гуфта нашавад дар кучо вокеъ шудааст? То ,ки дар дорулхарб вокеъ нашуда бошад . чунки зинои дар дорулхарб вокеъшударо хад барпо карда намешавад .кай вокеъ шудааст ? то ,ки агар шаходатро аз як мох таъхир карда бошанд мардуд аст . бо ки зино кардааст ? токи он зан завчааш ё муътадааш зане ,ки уро талок карда ва иддаш тамом нашудааст , набошад .
Пас агар баён кунад шохидан ва гуянд дидем бо чашми худ олати мардро мисли калами сурма ва олати занро мисли сумадон ва маълум карда шавад , ки шохидон одиланд пас хукм карда мешавад ба исбот шудани зино .
Баъд аз исботи зино ба холи зану марди зинокор назар карда мешавад . агар харду мухсан бошанд ва мухсан шахсеро гуянд ,ки ба никохи сахех издивоч карда аст .пас хардуро то халок шудан сангсор карда мешавад .
Аммо агар харду гайри мухсан бошанд ,яъне ба никохи сахех издивоч накарда бошанд хардуро сад дурра зада мешавад .
Инчунин бояд донист , касе зиноро халол эътикод кунад кофир гардад .
Зино хамчуноне , ки расули худо ( с-а) фармудааст сахтарин гунох аст .
" ما من ذنب بعد الشرك أعظم عند الله من نطفة وضعها رجل في رحيم لا يحل له"
« нест гунохе , ки назди парвардигор баъди шпрк бузургтар бошад аз маниеки бирезонад мард дар бачадони зане , ки барояш вай халол нест.»
Чанд хадиси шариф
ОтветитьУдалитьРасулуллох алайхис-салоту вас- салом фармудаанд :
يا معشر الشباب من استطاع منكم الباءة فليتزوج فإنه أغض للبصر و أحصن للفرج ومن لم يستطع فعليه بالصوم فإنه له وجأ ( متفق عليه )
«Ай чамоъаи чавонон! Шахсе ,ки аз шумо кодир бошад боаро :яъне додани махру нафакаро пас зан бигирад !ба дурусти , ки зан гирифтан чашмро аз назари харом ва олатро аз зино нигох медорад .шахсе , ки ба зан гирифтан кодир набошад бар вай лозим аст, ки руза бигирад . якин аст, ки руза аз барои чкнин шахсон шиканандаи шахват аст .
дар ин хадиси шариф шахсоне ,ки кодиранд ба аздивоч ташвик шуданд ва шахсоне , ки кодир ба издивоч нестанд аз барои рузаи зиёд доштан ба хотири шикастани шахват хидоят дода шудаанд .
" رد رسول الله صلي الله عليه وسلم علي عثمان بن مظعون التبتل و لو أذن لأختصينا " (متفق عليه)
« манъ кард расул (с-а) Усмон ибни Мазъунро аз тарки никох ва агар ичоза иедод уро мо худро ахта мекардем .»
дар ин хадис далолат бар ин аст , ки тарки издивоч ба шахсоне ,ки кодиранд ба хеч вачх чоиз нест .
" تزوجوا الودود الولود فإني مكاثركم الأمم " ( رواه أبو داود و النسائي )
« махбубахои мезоидаги ба зани бигиред ! ба дурусти ,ки ман фардои киёмат ба бисёрии шумо назди дигар умматон фахр мекунам .
" إذا خطب أحدكم المرأة فإن استطاع أن ينظر إلي ما يدعوه إلي نكاحها فليفعل " (رواه أبو داود )
хар вакто яке аз шумо иродаи никохи занеро кард пас агар кодир шавад , ки назар кунад махосинашро яъне чамолашро пас чунин бикунад .
дар хадис ишора ба ин аст , ки ба шарте иродаи никох чоиз аст , ки мард занеро , ки хостгор аст назар намояд .
" لا شغار في الإسلام " (رواه مسلم )
Чоиз нест шигор дар Ислом .
ОтветитьУдалитьШигор иваз кардани як мард духтарашро ба ивази духтари марди дигар бидуни адои махр . дар ин сурат махри мисли вочиб аст.
" لا تنكح الأيم حتى تستأمر ولا تنكح البكر حتى تستأمر قالوا يا رسول الله كيف إذنها قال أن تسكت "(متفق عليه)
« никох карда намешавад аймро (беваро) хатто , ки талаби амр карда шавад яъне ба забонаш икрор кунад . ва никох карда намешавад бикро (душизаро) хатто , ки талаби ичоза карда шавад . асхоби киром гуфтанд :ичозаи бикр чигуна аст ?расули худо (с-а) гуфт : ичозааш ин , ки сукут кунад .
дар ин хадис далолат бар ин аст ки то бева худаш ошкоро ичоза ба никох надихад валиаш уро никох кунонда наметавонад . аммо бикрро агар вали ичоза ба накох пурсад ва у хомуш истад инро аломати ичоза дониста мешавад .
" لا يخطب الرجل علي خطبة أخيه حتى ينكح أو يترك " (متفق عليه )
хостгори накунад мард бар хостгори бародари мусулмонаш то ки вай никох кунад он занро ё тарк кунад уро .
яъне хостгори кардан болои хостгори дигар кас хуб нест .
" قال جابر رضي الله عنه كنا نعزل والقرآن ينزل "( متفق عليه )
Чобир (р-з) мегуяд : мо азл мекардем дар холе ки куръон нозил мешуд :яъне моро манъ намекард .
Рехтани оби маниро берун аз шармгохи зан азл гуянд .
" لا ينظر الله إلي رجل أتي رجلا أو امرأة في الدبر " (رواه الترمذي )
назари рахмат намекунад худованд шахсеро , ки дар пушти зан ё марде бирасад .
" نهي رسول الله صلي الله عليه وسلم أن يعزل عن الحرة إلا بإذنها " ( رواه ابن ماجة )
« Пайгамбар акрам (с-а) манъ намудаанд ин ки азл карда шавад аз зани озод магар бо ичозаи зан .
المرأة إذا صلت خمسها وصامت شهرها وأحصنت فرجها و أطاعت بعلها فلتدخل من أي أبواب الجنة شاءت " (رواه أبونعيم في الحلية )
зан харвакто панч вакт намозашро хонад мохи рамазонро руза дорад зино накунад ва шавхарашро итоъат намояд аз кадом дари чаннат , ки хохад дохил шавад .
" ايما امرآة ماتت وزوجها عنها راض دخلت الجنة "(رواه الترمذي )
Кадом зане набошад дар холе фавт кунад ки шавхараш аз вай розист ба чаннат дарояд .
" عن عائشة أنها كانت مع رسول الله عليه الصلوة والسلام في سفر قالت فسابقته علي رجلي فلما حملت اللحم سابقته فسبقني قال هذه بتلك السبقة .(رواه أبوداوود)
аз оиша (р-з) ривоят аст ,ки харохи расул(с-а) дар як сафараш дар давидан мусобика карданд , ки аз расулуллох пеш шудаст . оиша (р-з) гуфт :баъдан чун фарбех шудам мусобика кардем расулуллох (с-а) галаба кард ва гуфт :
ин галабаи ман дар мукобили он галабаи туст : яъне акнун баробар шудем .
" إذا دعا الرجل زوجته لحاجته فلتأته وإن كانت علي التنور " (رواه الترمذي )
Хар вакто ,ки бихохад мард завчаашро барои хачаташ яъне хамбистари бояд зан ичобат кунад агарчи назди танур бошад яъне агарчи ба кори мухим машгул аст .
" ايما امرأة سألت زوجها طلاقا في عير ما باس فحرام عليها رائحة الجنة "(رواه أحمد و الترمزي و غيرهما)
« кадом зане аз шавхари худ бидуни ягон камбудй аз чониби шавхараш талокашро талаб намояд ба хамон зан буи чаннатро харом хохад шуд .
яъне агар аз чониби шавхар дар хакки зан хеч гуна зулму ситам сурат нагирад вале зан дигареро аз у бехтар дониста аз шавхараш талоки худро талаб намояд бар хамон зан буи чаннат харом мешавад . ин дар холе , ки буи гуворои чаннат аз масофаи чихил сола рох ба димог мерасад !
" يا معاذ ما خلق الله شيئا علي وجه الأرض أحب إليه من العتاق ولا خلق الله علي وجه الأرض أبغض إليه من الطلاق" (رواه الدار قطني)
Расули худо (с-а)ба Маъоз писари Чабал гуфт :
Ай Маъоз !Аллох (ч-ч) чизеро дар руи замин махбубтар назди худ аз озод кардани гулом наофаридааст . ва чизе ,ки бадтар аз талок бошад дар руи замин халк накардааст .
إذا دعا الرجل امرأته إلي فراشه فأبت فبات غضبان لعنتها الملائكة حتى تصبح . ( متفق عليه )
ОтветитьУдалитьхар вакто ,ки мард зани худро барои хамбистари даъват кунад вале зан итоъаташ накунаду шавхар ба кахру газаб бихобад то дамидани субх фариштахо бар он зан лаънат бигуянд .
"روي أن امرأة قال يا رسول الله إن ابني هذا كان بطني له وعاء وثدي له سقاء وحجري له وإن أباه طلقني وأراد أن ينزعه مني فقال رسول الله أنت أحق به ما لم تنكحي "(رواه أحمد و أبوداود )
ривоят шудааст ,ки зане гуфт : Ай расулуллох (с-а) хамоно ин писари ман аст ки шиками ман барояш хобгох синаам чои нуш ва огушам барояш панигох буд .вокеъан падараш маро талок кард ва ирода дорад ки аз ман уро бигирад ? расулуллох (с-а) гуфт: хакки ту ба фарзанд то замоне ,ки шуй дигар накуни бетар аст.
Хукми мазхаб дар ин масъала чунин аст : модар то назарас шудани духтар хакки тарбияи фарзандашро дорад ва падар аз ин хак уро махрум карда наметавонад .аммо дар писар то замоне ,ки у мухточ ба пушунидан хуронидан казои хочат кардан ва гайра мебошад.
Бист масъала аз фатвои оламгир Bа козихон.
ОтветитьУдалить1-агар зане дар гушаш гушвор ёдар ангушташ нигин дошта бошад вакте ки гусл мекунад вочиб аст ин гушвор ва нигинро харакат дихад то сурохии гушвор ва зери нигин тар шавад агар бидуни харакат зери ин ду тар нашавад аммо агар зери ин ду хушк бимонад аз чанобат хорич намешавад .
2-агар чунуб пеш аз хоб кардан ва пешоб кардан гусл кунад : яъне баъди чанобат хоб накунад ё бавл накунаду гусл карда намоз бигзорад . баъди гузоридани намоз бидуни шахват аз вай манй хорич шавад бар вай иъодаи гуслаш вочиб аст . аммо намозро аъода намекунад вале агар баъди чанобат чанде хоб кунад ё бавл кунад пас гусл карда намоз хонад ва баъд аз намоз хондан бидуни шахват манй аз вай хорич шавад намозу гуслро иъода намекунад . зеро ин маниест ,ки бидуни шахват хорич шудааст , биноан гусл намозаш дуруст мебошад .
3-марде бавл кунад ва аз олаташ манй хорич шавад , агар олати мард хангоми баромадани манй коим бошад гусл вочиб мешавад .аммо агар коим набошад гусл вочиб намешавад .
4-зане баъди ба шавхараш назик шудан гусл кунад ва баъд аз гусл аз шармгохи зан манй хорич шавад бар вай гусл вочиб намешавад , локин тахораташро мешиканад .
5-агар мард ё занеро шахват хосил шавад ва гумон кунад ,ки ихтилом гардида , баъд аз он бинад , ки манй хорич нашудааст гусл бар вай вочиб намешавад..
6-марде шаб ихтилом шавад яъне хоб бинад , ки бо зане алокаи чинси карда ва аз вай мани хорич шудааст .баъдан бедор шуда маниро набинаду вузу кунаду намоз бигзорад . баъди намоз бидуни шахват хуручи мани аз вай хосил шавад , бар вай гусл вочиб мешавад ,аммо иъодаи намоз вочиб нест .
7-мардеро дар намоз дар холати киём ё рукуъ ё дар сачда хоб бурда ихтилом шавад ,локин мани хорич нашавад .он шахс намозашро тамом карда баъди намоз мани хорич шавад ,бар вай гусл вочиб шавад локин намозро иъода накунад .
8-Агар чине бо зане одат карда бошад ва ахёнан бо он зан наздик шавад ва зан аз вай шахват пайдо кунад , хамчунон ,ки аз шавхараш уро хосил мешавад , гусл бар зан вочиб намешавад то замоне ,ки мани аз вай берун наояд .
9-Зане дар холати чанобат буда кабл аз гусл хуни хайзаш шуруъ шавад . агар хохад аз барои чанобат гусл кунад ва агар нахохад метавонад , то тамом шудани аёми хайз гусл гусл накунад .
10-Агар шахсе гусл кунад ва байни нохунаш чирк бошад ,гуслаш чоиз аст . аммо агар дар байни нохун хамир ё чизи дигарест ,ки об аз вай нагузарад , гуслаш чоиз нест .
ОтветитьУдалить11-Мард агар шармгохи даруни зани бегонаро бинад ( умри он зан нух сола ё аз нух сола зиёд бошад) бар ин мард модар ва духтарони он зан харом мешаванд .
аммо агар шармгохи дохили занро дар оина бинад хурмат собит намешавад чун , ки шармгохро надида акси онро дидааст .аммо агар мард аз духтари худ ончиро гуфтем бинад , занаш аз вай талоки абади шавад ва дигар ба хеч вачх хатто ба халола хам халол нагардад .
12-агар дасти мард дар зани бегона расад ва мард шахват пайдо кунад ,яъне олаташ мунташир шавад хурмат собит мешавад ,яъне модар ва духтари вай зан ба ин мард хароми абади мешаванд . аммо агар ончи ,ки гуфтем дар духтараш ба вукуъ пайвандад , касдан карда бошад ё хатоан ё мачбуран , агар харорати бадани духтар бар падар таъсир карда шахват пайдо кунад занаш талоки абади мешавад .
13-зан агар аз хона ба хочате берун шавад ва баъди хуручи у дузд хонаи шавхарашро бидуздад зан зомин намешавад .
14-агар завч гуяд завчаашро :мисли барф талок назди хазрати имом аъзам як талоки боин вокеъ мешавад .
аммо назди имомайн агар кайди барфро ирода дошта бошад пас талоки рачъи вокеъ мешавад ва аммо агар хунуки барфро ирода бошта бошад талоки боин вокеъ мешавад .
15-мардест зани вай катъан намоз намехонад сазовор аст ки вайро талок кунад агар чанде махри вай зан бар гарданаш дайн бошад . имом Абухафси бухори гуфтааст : назди худованд фардои киёмат карзидор хозир шудан аз хамбистари бо зани бенамоз хубтар аст .
16-занест , ки падари барчомонда дорад ва касе нест ,ки вайро парастори кунад .вале шавхари зан манъ мекунад , ки зан хидмати падарро анчом бидихад . зан дар чунин шароит хак дорад , ки шавхарашро нофармони кунад ва хидмати падарашро анчом бидихад .
17-марде модари чавон дорад , ки падараш мурда ва у бева мондааст .он зан бидуни ичоза аз писараш метавонад ба кучое хохад равад ва писараш вайро хакки манъ кардан надорад ,модоме ,ки зохир нашавад , ки ба хотири анчоми кори норавое меравад .аммо вакте , ки маълум шуд бояд мурочиъа ба кози кунад ва кози уро манъ кунад ё писарашро ичоза дихад аз барои манъ кардан баъд ин писараш манъ карда метавонад .
18-агар шахсе гуяд :завчаашро : ту талок ин шо-аллох талок вокеъ намешавад .
19-дар боби касам хурдан мухлати кариб аз як мох камро гуянд ва дур мухлати аз мох зиёдро гуянд . масалан шахсе касам хурад ,ки карзи туро ба кариби адо меекунам бояд то як мох ё аз як мох зиёд , хонис мешавад : яъне касамро шикастааст .
агар ба номи худо касам хурда бошад , чазо ва агар ба талоки зан талок вокеъ мешавад .шахсе касам хурад ,ки ба кариби бо ту нон намехурам бояд то як мох нон нахурад .
20-агар зан иродаи задани фарзандашро дошта бошад ё иродаи баромаданро шавхараш уро гуяд :агар хорич шави шави ту талок ё бизани ту талок .агар зан дар хол хорич шавад ва ё фарзандашро бизанад талок мешавад .аммоагар таъсир кунаду пасонтар бизанад ё хорич шавад талок вокеъ намешавад .
АЗ СИГА ХАЗАР КУНЕД!
ОтветитьУдалитьДар яке аз кишвархои исломи никохи муваккат; яъне никохи чанд соъата, чандруза якмоха ё ду ё бештар аз ин ба номи " Сига" ичозат аст, агарчи ичмоъи уммати Мухаммади хануз дар замони асхоби киром ба харом ва мамнуъ будани чунин никох сурат гирифтааст.
Як шахс гофил аз норавоии ин амал, такрибан дар муддати бист сол сига мекард ва саранчом ба коре даст зада, ки аз Аллох таъоло суол мекунем кофирон, хатто, ки хайвонотро ба чунин коре мубтало насозад.
Ин шахси мусибадзада марди чихил сола буд, вале хунуз хам кадом духтари хубруеро медид мекушид то бо у агарчи муддати андаке хам бошад, сига кунад. Охирин сигаашро бо духтари хаждахсолае, ки дар назараш вайро ба худаш монанд ва мувофик дид, баст ва бадбахтона муддати чанде бо вай хамбистар шуд.
Рузе он духтари чавон аз вай хохиш кард, ки ба хамрохаш ба ахволгири модараш бираванд. У кабул кард ва ба хонаи модари духтар ки дар дигар шахр буд сафар карданд. Чун ба ончо рафтанд, модари он духтарро дида шинохт. У зане буд, ки бо вай хаждах сол пеш сига карда буд. Он зан низ уро шинохтанд, балки як чизи дигаро донистанд, ки духтараки холо дар сигааш буда, аз сига бо модари вай карда ба дунё омадаву духтараш мебошад!
Он мард баъди ин аз сига кардан тавба кард, вале кореро анчом дода буд, ки…
ИБРАТ.
Мусалмонзода хангоме мусалмони вокеъист, ки аз Худо метарсад ва аз харом кардахои таъоло пархез мекунад. Агар банда гофилона зиндаги намояд ба корхое даст мезанад, ки кас онро барои хайвонот лоик намедонад.
ОтветитьУдалитьДар издивоҷ ризои волидайн ҳатмист
Барои ташкили хонавода ва поягузории зиндагии заношӯӣ ислом танҳо ба ошноии дутарафа иктифо накардааст, балки ризоияти комили тарафайнро барои издивоҷ воҷиб шумурдааст. Яъне, ислом дар баробари розигии арӯсу домод розигии волидайнро низ зарур мешуморад.
Ислом ба валӣ (сарпараст)-и духтар дастур медиҳад, ки дар иртибот бо интихоби шарики зиндагӣ андешаи ӯро бипурсад. Дар навбати худ ризои модари духтар низ бояд гирифта шавад, зеро ӯ аз ҳар каси дигар зиёдтар духтари худро мешиносад. Расули Худо (с) дар ин хусус мефармоянд: «Ҳар духтаре, ки бе ризоияти валии худ издивоҷ намояд, издивоҷи ӯ ботилу беҳуда аст».
Ҳазрати Муҳаммад (с) сукути духтаронро ҳангоми пурсидани розигиашон ба никоҳи касе ҳамчун аломати ризо қабул кардаанд. Зеро шарму ҳаё дар хонумҳо бештар асту на ҳамаи онҳо ошкоро ба никоҳ ризоият медиҳанд. Ишон дар ин хусус мефамоянд: «Сукути онҳо (бонувон) ба маънои ризоият аст».
Дар ҳадиси дигари он ҳазрат (с), ки аз Ибни Умар (р) нақл шудааст, омадааст: «Дар мавриди издивоҷи духтарон бо модаронашон машварат кунед».
Ҳамон тавре, ки духтарро бе ризои ӯ шавҳар додан ҷоиз нест, бе ризогии волидайн издивоҷ намудани духтар низ хуб нест. Зеро дар ҳар ду ҳолат имкони ба миён омадани ноҳинҷорӣ ва мушкилот вуҷуд дорад. Ҳолатҳое ҳам мешаванд, ки духтарони маҷбуран ба шавҳар баромада хонавайрон мешаванд, ё қасди худкушӣ мекунанд, ки гуноҳи азим аст. Ё як умр аз падару модари худ домангир мешаванд, ки чаро ӯро маҷбуран ба шахси нолоиқ дода ҳаёташро сӯзониданд.
Бо ин сабаб чандин оила оромишу самимиятро аз даст додаанд. Бинобар ин дар кори издивоҷ машварат карда бо ризоияти чандтарафа ба ин амри хайр даст занед. Беҳуда нагуфтаанд:
Дар ҳама кор машварат бояд,
Кори бемашварат накӯ н-ояд
Никоҳи хешу табори.
ОтветитьУдалитьАз ҷумлаи иршодоти ҳакимонаи ислом дар ихтиёр намудани ҳамсар издивоҷ бо бегонагон бар асоси диёнату ахлоқ ва асолату шараф мебошад. Ҳикмат аз ин гуна издивоҷ васеъ сохтани доираи шиносоию хешовандӣ ва равобити иҷтимоъист. Барои ҳамагон маълум аст, ки мардуми нимҷазираи Арабистон қабл аз Ислом дар доираҳои танги қабилавӣ ба сар мебурданд. Ҳар қабилае тибқи қавонин ва дастуроти мавҷудаи худ амал мекард. Миёни ин қабоил ҳамеша низоъу кашмакашиҳо сурат мегирифт. Алоқаҳои оилавӣ ва равобити иҷтимоъӣ миёни ин қабоил нодир ба назар мерасид. Паёмбари гиромӣ алайҳиссалом барои бартараф сохтани ин машокили иҷтимоъӣ ва барпо сохтани алоқа ва равобити дӯстона миёни қабоили пароканда ба ин навъи издивоҷ ташвиқ карданд. То, ки аз тариқи ин издивоҷ миёни афроди қабоил робитаи наздики хешовандӣ барпо шавад ва марази қабилагароӣ ва маҳалгароӣ бартараф гардад. Ҷомиъа дар асоси ваҳдат ва якпорчагӣ бино шавад. Паёмбари гиромӣ алйҳиссалом худ дар ихтиёри баъзе аз занҳояшон ба ин асос амал карданд.
Мутаассифона баъзе ҷиҳот ва афрод ҳикмати асосии издивоҷ бо бегонагонро як тараф гузошта, ба ривоёти носавобе такя намуда, мардумро аз издивоҷи хешовандон барҳазар медоранд. Он ривоёте, ки ба Паёмбар алайҳиссалом нисбат медиҳанд ин аст, ки гӯё Эшон фармуда бошанд:
لا تنكحوا القرابة فان الولد يخلق ضاويا
Хешовандонро ба никоҳ надароред, зеро фарзанд заъифу нодон таваллуд мешавад”
اغتربوا ولا تضووا
Бо бегонагон издивоҷ кунед то, ки заъифу нодон таваллуд накунед”.
Баъзе уламо ин ривоётро ба ҳукми аҳодиси Паёмбар алайҳиссалом дароварда дар муаллафоти худ зикр намудаанд. Аммо Шайх Ал-ироқӣ дар таҳқиқи аҳодиси “Эҳёул улум” ба натиҷа расида аст, ки ин ду ривоят аҳодиси Паёмбар алайҳиссалом набуда аст. Муҳаққиқи бузурги соҳаи ҳадис Ибни Салоҳ нисбати ин ривоят фармудааст: “Барои ин ҳадис асли муътамад ва боварибахше пайдо накардам”. Ва имом Иброҳими Ҳарбӣ дар “Ғарибул ҳадис” фармудаанд: “Ин ду ривоятро ба ҳеҷ ваҷҳ ба Паёмбари Худо нисбат додан ҷоиз нест”.
ОтветитьУдалитьБешак дар таҳқиқи ин ривоёт ҳақ ба ҷониби Шайх Ал-ироқӣ ва Ибни Салоҳу Ҳарбист. Зеро Паёмбари Худо алайҳиссалом ҳеҷгоҳ мухолифи ҳукми Худо амр накардаанд. Худои таъоло дар ояти 50 сураи Аҳзоб мефармоянд:
يَا أَيُّهَا النَّبِيُّ إِنَّا أَحْلَلْنَا لَكَ أَزْوَاجَكَ اللَّاتِي آَتَيْتَ أُجُورَهُنَّ وَمَا مَلَكَتْ يَمِينُكَ مِمَّا أَفَاءَ اللَّهُ عَلَيْكَ وَبَنَاتِ عَمِّكَ وَبَنَاتِ عَمَّاتِكَ وَبَنَاتِ خَالِكَ وَبَنَاتِ خَالَاتِكَ اللَّاتِي هَاجَرْنَ مَعَكَ....
“Эй Паёмбар мо занонеро, ки маҳрашонро адо кардаи бар ту ҳалол кардем ва канизонеро, ки ғанимат Худо туро насиб кард ва милки ту шуд. Ва низ духтарони амак, амма, хола ва тағоиро, ки бо ту ҳиҷрат кардаанд ҳалол гардонидем....”
Худои таъоло дар ин оят духтарони хешони наздикро барои Паёмбар ва умматаш ҳалол гардонид. Болотар аз ин ҳукм, Худованд Паёмбар алайҳиссаломро ба издиҷови духтари аммаш Зайнаб бинти Ҷаҳш амр кард. (Аҳзоб:37)
فَلَمَّا قَضَى زَيْدٌ مِنْهَا وَطَرًا زَوَّجْنَاكَهَا
“Пас чун Зайд ҳоҷати хешро аз у (Зайнаб) баровард. (яъне талоқ дод ва иддааш баромад) Уро ба издивоҷи ту даровардем....”.
Воқиан издивоҷи Паёмбар алайҳиссалом аз лиҳози шароит ва аркони никоҳ як издивоҷи истиснои мебошад. Зеро Худованд мегуяд: “Уро ба издивоҷи ту даровардем” яъне анҷомдиҳандаи ин никоҳ зоти ягонаи Худовандист. Ба ин сабаб буд, ки Расули Худо алайҳиссалом беиҷозаи Зайнаб ва бидуни ақди никоҳ ва таъйини маҳр, ҳузури вали ва шоҳидон ва ҳар амри дигаре, ки дар ҳаққи умматонаш дар никоҳ шарт аст, бо Зайнаб издивоҷ карданд. Анас разияллоҳу ъанҳу мегуяд: “Зайнаб духтари Ҷаҳш бар дигар ҳамсарони Расули Худо алайҳиссалом фахр меварзид ва мегуфт: Шуморо хонаводаҳоятон ба никоҳи Паёмбар алайҳиссалом дароварданд, дар ҳоле, ки маро Худованд аз фарози ҳафт осмон ба никоҳи Паёмбари хеш даровард”.
Далели қотиъи дигаре барои муборак будани никоҳи хешовандӣ ин издивоҷи Али бо Фотима разияллоҳу анҳумо мебошад. Пайбари Худо алайҳиссалом худ бевосита ин ақди никоҳро бастанд. Ва чӣ издивоҷи мубораке сурат гирифт, ки самараи он имом Ҳасан, имом Ҳусайн ва Умми Гулсуму Зайнаб ба дунё омаданд. Таърих шаҳодат медиҳад, ки ин фарзандони фархунда зеботарин, оқилтарин, донотарин ва шуҷоътарин афроди ҷомиъаи башарӣ буданд.
ОтветитьУдалитьМутаассифона имрӯзҳо дар ҷомиъа тавассути воситаҳои ахбори омма ВАО пиромуни никоҳи хешованди сару садоҳо баланд мешавад. Аксари коршиносони соҳаи тиббу фалсафа ва дин ба як лаҳн суҳбат мекунанд. Ҳамаги аз ноҷоиз будани никоҳи хешовандӣ, оқибатҳои асафбори он, фарзандони носолиму маъюб ҳарф мезананд. Бешак онҳо ончиро мегуянд, ки хоҷагони ғарбияшон ба гуши эшон талқин менамоянд. Имрӯз ғарбиён ба андозае туғён кардаанд, ки хостаи худро бар алайҳи ҳукми Худо бар кишварҳои дастнигар таҳмил менамоянд ва ҳалолкардаҳои Худоро ҳаром ва ҳаромкардаҳояшро ҳалол мегардонанд. Бешак кушиши феълӣ барои ҳаром гардонидани никоҳи хешовандӣ мебошад. Худованди Ҳаким дар Қурьони Карим ояи 23 сураи Нисо танҳо никоҳи 13 тоифа аз занро ба маҳрамҳояшон ҳаром гардонидааст.
حُرِّمَتْ عَلَيْكُمْ أُمَّهَاتُكُمْ وَبَنَاتُكُمْ وَأَخَوَاتُكُمْ وَعَمَّاتُكُمْ وَخَالَاتُكُمْ وَبَنَاتُ الْأَخِ وَبَنَاتُ الْأُخْتِ وَأُمَّهَاتُكُمُ اللَّاتِي أَرْضَعْنَكُمْ وَأَخَوَاتُكُمْ مِنَ الرَّضَاعَةِ وَأُمَّهَاتُ نِسَائِكُمْ وَرَبَائِبُكُمُ اللَّاتِي فِي حُجُورِكُمْ مِنْ نِسَائِكُمُ اللَّاتِي دَخَلْتُمْ بِهِنَّ فَإِنْ لَمْ تَكُونُوا دَخَلْتُمْ بِهِنَّ فَلَا جُنَاحَ عَلَيْكُمْ وَحَلَائِلُ أَبْنَائِكُمُ الَّذِينَ مِنْ أَصْلَابِكُمْ وَأَنْ تَجْمَعُوا بَيْنَ الْأُخْتَيْنِ إِلَّا مَا قَدْ سَلَفَ إِنَّ اللَّهَ كَانَ غَفُورًا رَحِيمًا
“Ба шумо модаронатон ҳаром гардонида шуда аст, ва духтаронатон ва хоҳаронатон ва аммаҳоятон ва холаҳоятон ва духтарони бародар ва духтарони хоҳар ва модарони ширдеҳ ва хоҳарони ширхора ва модарони занон ва духтарони занонатон, ки дар канори шумо парвариш ёфтаанд аз батни он занонатон, ки бо онон ҳамбистар шудаед, пас агар бо онҳо ҳамбистар нашудаед ба шумо гуноҳе нест. Ва занони писаронатон, ки аз пушти шумо бошанд ва ин, ки ҷамъ кунед миёни ду хоҳарро....”
وَأُحِلَّ لَكُمْ مَا وَرَاءَ ذَلِكُمْ [النساء:24]
"Никоҳи ҳар нафари дигар берун аз ин доира барои шумо ҳалол аст”, ба хусус никоҳи хешовандон хеле муборак аст, ки Худованд онро ба алоҳидагӣ ба лафзи “ҳалол гардонидем” (аҳзоб:50) зикр кард ва Паёмбарашро ба никоҳи хешовандӣ улгӯ ва намунаи ибрат гардонид (аҳзоб:37). Паёмбари гиромӣ алайҳиссалом худ дар амал татбиқ намуданд, сипас Худованд дар сураи Ҳашр ояти 7 дастур додаанд:
وَمَا آَتَاكُمُ الرَّسُولُ فَخُذُوهُ وَمَا نَهَاكُمْ عَنْهُ فَانْتَهُوا وَاتَّقُوا اللَّهَ إِنَّ اللَّهَ شَدِيدُ الْعِقَابِ
“Ба он чи, ки Паёмбар дарстур диҳад бигиред ва аз он чи наҳй кунад боз истед ва аз Худо битарсед, ки азоби Худо бисёр сахт аст”.
Ба муқтазои ин оят барои уммати Ислом пайрави аз роҳу равиши Паёмбар алайҳиссалом фарзи айн аст. Дар муқобил эрод гирифтан бар равиши Эшон куфри сариҳ аст.
Ҷои шак нест, ки пешгири аз издивоҷи хешовандӣ ба ҳукми қонун дароварда шавад. Ҳамчуноне, ки аз ин пеш ҷавонони то 18 –соларо ба ҳукми кудак будан аз ибодати Худо аз масоҷид боз доштанд. Ва он рӯз дур нест, ки иҷозаи издивоҷи ҷинсбозон низ ба ҳукми қонун дароварда шавад ва чанд тан мансабпарасте ба хотири хушнудии ғарбиён ба ин амали зишти ғайриинсонӣ иқдом намоянд. Қадами номубораки ин бемории ҳалокатбор то ба ҳамсоякишвари мо Қазокистон ҳам расид. Чанде пеш ду зан бо ҳам издивоҷ карданд. То имрӯз ин навъи издивоҷ дар бештар аз 14 кишвари аврупоӣ аз тариқи парлумон бо овоздиҳи ба ҳукми қонун дароварда шуд. Пушида нест, ки ҷамъияти лутиҳо ва ё ба таъбири дигар ҷинсбозон дар Тоҷикистон низ вуҷуд дорад. Онҳо интизори он лаҳзаеанд, ки аз Ғарб фармон содир шавад то, ки ба ҳукми қонун дарояд. Ҳар кишваре, ки аз адои инчунин фармонҳо сар печад, ҳатман мавриди таҳримҳои иқтисодӣ ва қарзҳои дарозмуддати бонкҳои Аврупову Амрико мегардад.
Дар охир аз Худованди Бузург тақозо менамоем, ки тамоми ҷавонони миллати моро ҳиммати худшиносӣ ато фармояд, то дар дифоъ аз арзишҳои диниашон бепарвову бетафовут набошанд. Худоё, Ту медони, ки дилҳои ин ҷавонон барои муҳаббати ту ҷамъ шудаанд ва барои тоъати Ту рӯ ба рӯ истодаанд. Худоё робитаи онҳоро мустаҳкам соз ва муҳаббаташонро бардавом гардон. Онҳоро ба роҳи рост ҳидоят намо ва дилҳояшонро ба нури худ, ки хомушнашаванда аст, пур соз. Дилҳои эшонро ба файзи имони худ ва ҳусни таваккул кушода дор ва ба маърифати худ зинда дор, Ту мавлову кумакрасонӣ. Омин ё Раббалоламин.
ОтветитьУдалить.Қӯрони карим қонуни зиндагии инсон аст. Оятҳои он барои танзими барномаҳои зиндагии инсон омадааст ва то қиёмат посухгӯ мебошад аз ин рӯ барои мусалмонон лозим аст, ки зиндагии хӯдро бо ин оёти нӯронӣ мувофиқ кунанд, то ба саодати абадӣ бирасанд ва гирифтори хато ва гумроҳӣ нашаванд.
ОтветитьУдалитьЯке аз масоиле, ки ҳамарӯза ҷомиа бо он сару кор дорад, масалаи издивоҷи ҷавонон аст. Оё Қурони карим дар ин маврид сухан гуфта аст? Оё амал ва рафтори мо дар ин масъала бо барномаи Қурон карим ва суннати Пайғамбари аъзам (с) мувофиқ аст ё на? Барои посух ба ин суволҳо ва чандин суволи дигар дар ин замина ба суроғи ояти аз Қурон карим ки ҷараёни издивоҷи ҳазрати Мӯсо(а) ро баён мекунад меравем, то иншоаллоҳ барномаи дуруст ва писанди Қурон карим ва суннати Паёмбари азимушшаън(с) ро бишносем ва ба он амал кунем. Ин шоаллоҳ.
Баъд аз ин ки ҳазрати Мӯсо(а) хӯдро муарифӣ кард ва яке аз духтарони Ҳазрати Шуайб(а) бо зикри далоиле пешнаҳоди истихдоми ҳазрати Мӯсо(а) ро қабул намӯд ҳазрати Шуайб(а) фармӯд:
قالَ إِنِّي أُرِيدُ أَنْ أُنْكِحَكَ إِحْدَى ابْنَتَيَّ هاتَيْنِ عَلى أَنْ تَأْجُرَنِي ثَمانِيَ حِجَجٍ فَإِنْ أَتْمَمْتَ عَشْراً فَمِنْ عِنْدِكَ وَ ما أُرِيدُ أَنْ أَشُقَّ عَلَيْكَ سَتَجِدُنِي إِنْ شاءَ اللَّهُ مِنَ الصَّالِحِينَ
(Ҳазрати Шуайб(а)) гуфт: ман мехоҳам яке аз ин дӯ дӯхтарам ро ба ҳамсарии тӯ дар оварам ба ин шарт ки ҳашт сол барои ман кор кунӣ ва агар онро то даҳ сол зиёд кунӣ, муҳаббате аз ноҳияи тӯст; ман намехоҳам кори сангине бар дӯши тӯ бигзорам ва иншоаллоҳ манро аз солиҳон хоҳӣ ёфт.
Аз ин гуфтугӯ метавон ин паёмҳоро бардошт кард:
1. Ғаризаи ҷинсиро ҷиддӣ бигирем, ҳатто дар хонаи пайғамбар барои саломатии муҳити хона ва кор, аввал ба амри издивоҷ иқдом ва сипас ба истихдом таваҷҷуҳ мешавад. إِنِّي أُرِيدُ أَنْ أُنْكِحَكَ- عَلى أَنْ تَأْجُرَنِي
2. Пешниҳоди издивоҷ аз тарафи падари духтар монеъе надорад. إِنِّي أُرِيدُ أَنْ أُنْكِحَكَ
3. Падари духтар пешниҳодаш ро ҷиддӣ ва воқеъи ва қотиъона баён кунад. إِنِّي أُرِيدُ أَنْ أُنْكِحَكَ
4. Падари духтар дар масалаи никоҳ ҳаққи вилоят дорад. إِنِّي أُرِيدُ أَنْ أُنْكِحَكَ
5. Ҳама ҷо риояти навбат миёни духтарон дар амри издивоҷ лозим нест бино барин агар домод дорои шароит пайдо шуд бузургӣ ва кучакӣ духтаронро баҳона накунем. إِحْدَى ابْنَتَيَّ
6. Ақди дӯто хоҳар дар як замон мамнӯъ аст. إِحْدَى ابْنَتَيَّ
7. Духтару писар метавонанд дар ҳангоми хостгорӣ ҳамдигарро бубинанд.
8. Издивоҷ бо маҳрия ҳамроҳ аст. عَلى أَنْ تَأْجُرَنِي
9. Лозим нест маҳрия, мол ва сарват бошад. عَلى أَنْ تَأْجُرَنِي
10. Лозим нест маҳрия билфеъл бошад, балки метавонад билқувва бошад. عَلى أَنْ تَأْجُرَنِي
11. Падари духтар ҳангоми суҳбат ва гуфтугӯ дар бораи маҳрия ҳадди ақал мавриди қабӯлро пешниҳод кунад ва додани маҳрияи бештарро дар ихтиёри домод бигзорад.
عَلَی أَنْ تَأْجُرَنِي ثَمانِيَ حِجَجٍ فَإِنْ أَتْمَمْتَ عَشْراً فَمِنْ عِنْدِكَ
виқ мекард
.
12. Қарордод бояд шаффоф бошад. عَلى أَنْ تَأْجُرَنِي ثَمانِيَ حِجَجٍ فَإِنْ أَتْمَمْتَ عَشْراً فَمِنْ عِنْدِكَ
ОтветитьУдалить13. Корҳои худро рангӯ бӯи Худоӣ ва маънавӣ бидиҳем. ثمانی ححج
14. Падари духтар дар баргузории маросими издивоҷ ва пардохти маҳрия сахтгирӣ накунад ва ба домод фишор наёрад. ما أُرِيدُ أَنْ أَشُقَّ عَلَيْكَ
15. Ба маҳрия садоқ гуфта мешавад (صدقاتهن نحله) яъне нишонаи садоқати домод аст интиҳои марзии исботи ин садоқат то марзи машаққат аст. ما أُرِيدُ أَنْ أَشُقَّ عَلَيْكَ
16. Ба домод ӯмед ва оромиши хотир ро навиду мужда бидиҳед. سَتَجِدُنِي
17. Бе истимдод аз Худо ва гуфтани иншоаллоҳ барои оянда ваъда надиҳем. سَتَجِدُنِي إِنْ شاءَ اللَّهُ مِنَ الصَّالِحِينَ
18. Яке аз роҳҳои солеҳ шудан сахтгирӣ накардан ба коргарон ва зердастон аст. ما أُرِيدُ أَنْ أَشُقَّ عَلَيْكَ- سَتَجِدُنِي إِنْ شاءَ اللَّهُ مِنَ الصَّالِحِينَ
19. Осон гирифтан дар амри издивоҷи фарзандон, заминаи солеҳ шуданро барои инсон фароҳам мекунад. ما أُرِيدُ أَنْ أَشُقَّ عَلَيْكَ- سَتَجِدُنِي إِنْ شاءَ اللَّهُ مِنَ الصَّالِحِينَ
Пас падару модаре, ки ҷавоне дорои шароите пайдо карданд, хӯд пешниҳоди издивоҷи духтарашонро доданд ва бӯзӯргию кӯчакӣ ва риояти навбатро дар мавриди духтар мунтахаб ва надоштани имконоташро баҳона накарданд ва дар таъйини маҳрия ва анҷоми амри издивоҷ ба домод фишор наёварданд ва сахтгирӣ накарданд, инсонҳои солеҳе ҳастанд.Солеҳ шудӣ чи мешавад?
1. Ҳамроҳӣ бо солиҳон дуои пайғамбарон аст. و الحقنی بالصالحین
2. Доштани баракот барои наслҳои баъд. کان ابوهما صالحا
3. Тамоми мусалмонон дар намозҳояшон аз Худо, роҳи солеҳонро мехоҳанд. صراط الذین انعمت علیهم- اولئک مع الذین انعم الله علیهم…
4. Тамоми мусалмонон ҳама рӯза борҳо дар намозҳояшон дуруд ва салом мефиристанд. Дар ташаҳҳуд мехонем السلام علینا و علی عباد الله الصالحین яъне, салом бар мо ва бар падари арӯси бе дарди сар.
Салом дар вакти бенамоз будани зан мумкин никох кардан атвет медроен бародарон
ОтветитьУдалить..
ОтветитьУдалить