ҲИКОЯҲО ВА ҚИССАҲО.
Дар замони қабл аз зухури дини мубини Ислом, ки дар таърих ба номи чохилият ёд мешавад, инсонхо ба корхое даст мезаданд, ки хатто табиъати хайвонхо онро напазирад ва аз онон чунин аъмол сурат нагирад. Яке аз чунин амалхои вахшоният ва чахолат ин буд, ки духтаракони ноболиги худро зинда ба зинда гур мекарданд ва ин амалро нишонаи чавонмарди ва иззату шараф медонистанд.
Оятхои Қуръони илохи, аходиси Набави ва китобхои таърихи башари ин вахшониятро ба мо хикоят кардаанд.
Бобои шоъири машхури араб; Фараздак назди пайгамбар Аллох таъоло Мухаммад (алайҳис-салом) омаду гуфт: Ай фиристодаи Аллох таъоло! Дар замони қабл аз зухури дини мубини Ислом ман корхои неки зиёде анчом додаам. Аз чумла 360 духтаракеро, ки пардарони чохилашон зинда ба зинда мехостанд зери хок номоянд, дар бадали хар кадом ду шутур дода, онхоро аз марг начот додаам. Оё барои чунин амал Аллох таъоло ба ман подош хохад дод ? Расулуллох саллаллоху алайхи ва салом фармуданд: Оре! Ин амалхои некат буданд, ки Аллох таъоло туро мушарраф ба Ислом сохт.
ИБРАТ.
Бояд мо Аллох субхонаху ва таъолоро шабу руз хамду сано бигуем ва бар дастуроташ побанд бошем, ки моро ба сабаби мушарраф ба Ислом гардониданаш аз анчом додани чунин амалхои зишту нораво дур нигох доштааст.
МУҲАББАТИ ЗАН БА ПАЙҒАМБАР.
Ҳар фарди мусалмон, замоне муъмини комил ва мусалмони вокеъи мегардад, ки баргузидаи Аллоҳ субҳонаху ва таъоло Муҳаммад (алайҳис-салом)-ро аз тамоми он ашхосе, ки дуст медорад, хатто аз нафси худаш хам бештар дуст бидорад. Занони уро, чуноне, ки Куръони карим дастур додааст, модарони худ бидонад, ва бидуни кадом тафовуте хамаашонро дуст бидорад.
Чунин ривоят кунанд, ки чун дар чанги "Уҳуд" мусалмонон ба шикаст мувочех шуданд, мунофикон дар Мадина чунин игворо интишор додаанд, ки гуё Пайғамбари Аллоҳ таъоло, кушта шудааст. Ин хабари шум тамоми зану марди бо имонро бекарор сохта, хамаги ба кучахо баромадан ва дар интзори омадани ёрони Расулуллох ( алайхис-салом) шуданд, то аз забони онон вокеъияти холро бишнаванд. Дар байни мадум як зане аз кабилаи бани Динор низ хозир буд, ки бесаброна ба суи кухи " Ухуд" мешитофт.
Чун ба мучохидин наздик гардид, ба вай хабар доданд, ки шавхар, падар ва бародараш шахид шудаанд. Вале ин хабар ба у хеч таъсире накарда ва гуё хабари мухимтар ва мусибати сахттар аз инро мунтазир бошад, пурсон кард. Пайгамбар Аллох кучост? Ба вай гуфтанд: Алхамдулиллох сихат ва саломат аст. Аммо он зан ба ин иктифо накард ва калбаш, ки саршори мухаббати ба пайгамбари Худо, буд таскин наёфту гуфт: Уро ба ман нишон бидихед? Чун Пайгамбари Худоро бо чашмонаш зиндаву саломат дид, охи сабуке бароварду гуфт: Баъди солим будани ту дигар мусибатхо гузарандаанд!
ИБРАТ.
Ниёгони мо бо чунин калбхои саршор аз мухаббат ба Мухаммад ( алайхис-салом ) аз дастуроти дине, ки у аз чониби Аллох таъоло ба татбики он муваззаф буд пайрави карда, худ бузург гардиданд ва бузургони таърихсозро барои чомеъаи бешари ба воя расониданд.
Агар мусалмонзодагони имруза мехоханд, ки бар дини хак собит бимонанд ва мисли гузаштагонашон бузургони замон бигарданд, бояд хамчун ниёгон пайгамбари Худоро дуст бидоранд ва аз шариъати овардаи у ба чунин мухаббати бемисол, пайрави кунанд.
ФАРЗАНДИ ШАҲИД.
Башир писари Акраба мегуяд: Рузи чанги " Ухуд " ман дар суроги падарам, ки ба газо рафта буд баромадам. Дар рох бо пайгамбари Худо, ки аз чанг бармегашт вохурда, аз у пурсидам: Падарам кучост? Расулуллох (алайхис-салом) посух дод: Шахид шуд.
Ман, ки хурдсол будам, аз суги падар ба гуря даромадам. Расулуллох (алайхис-салом) ки бисёр дилсуз ва мехрубон буд, сари маро дастмол кард ва маро ба зини аспаш шинонду гуфт: Оё намехохи, ки ман бароят мисли падар ва Оиша; яъне хамсараш модарат бошад? Ман сухани Расулуллох (алайхис-салом) кабул кардам ва дар парастори у боки мондам.
ИБРАТ .
Ба хар яке аз моён зарур аст, ки аз феъли Расулуллох ( алайҳис-салом) пайрави намоем. Нагузорем, ки фарзандони касоне, ки дар рохи Аллох таъоло шахид шудаанд, бепарастор бимонанд, балки бикушем ба кадри тавонои ба онон кумак кунем.
ПИСАРУ ДУХТАР БАРОБАРАНД.
Рӯзе як мард назди Расулуллоҳ (алайҳис-салом) нишаста буд, ки писари кучакаш ба наздаш омад. Он мард писарашро бар зонуяш шинонд. Баъди чанде духтаракаш низ назди вай омад, ки уро дар пахлуяш шинонд. Ин рафтори он мард ба Расулуллоҳ ( алайҳис-салом) хуш наомад, ки чаро байнашон адолат накард ва духтаракашро ба зонуи дигараш нашинонд. Биноан уро маломат карда гуфт: Чаро одилона рафтор наменамой?
ИБРАТ.
Фарзанд хох писар бошад ё духтар тибки таълимоти шариъати Ислом баробар ва яксон мебошанд. Балки чуноне аз суханони Расулуллох (алайхис-салом) дониста мешавад, тарбияи духтари солиха ва шоиста мухимтар ва савобаш аз тарбияи писар бештар аст. Биноан бад дидани духтар ва пастзадани он, ки аз нишонахои замони чохилият мебошад, бояд аз байн бурда шавад.
ШАФКАТИ МОДАР.
Зане ҳамрохи ду фарзанди кучакаш ба назди Расулуллоҳ ( алайҳис-салом) омад. Расулуллоҳ (алайҳис-салом), ки зиндагони фақиронаеро ихтиёр карда буд, ба чуз се донаи хурмо чизи дигар надошт, ки ононро тухфа кунад. Биноан ба хар кадоми як донаи хурмо дод. Кӯдакони он зан хурмохои худро хурда ба хурмои хиссаи модарашон, ки дар дасташ буд назар духтанд. Дили модар ба фарзандонаш сухт ва он хурмои хиссаи худро ду пора карду ба онон дод. Расулуллох (алайхис-салом) ки ин рафтори модарро назорат мекард, гуфт: Парвардигор! Ба у мехрубони намо, ки ба фарзандони худ мехрубони мекунад.
ИБРАТ.
Аз ин фармудаи Расулуллох ( алайхис-салом) дониста мешавад, ки камтарин чезеро мусалмон ба фарзандонаш сарф менамояд, подош дошта, харгиз беачру савоб нахохад буд. Биноан тарбияи авлодро, ки аз сабабхои саъодатманди мусалмон дар дунё ва охират мебошад вочиб бидонем ва шафкату мехрубони худро дар хаккашон дарег надорем.
НАВОЗИШИ ФАРЗАНД.
Рузе Расулуллох (алайхис-салом), наберааш Хасан писари Алиро ба огуш гирифту бусид.
Дар назди Расулуллох ( алайхис-салом) Акра писари Кобис хузур дошт, ки ин рафтори Пайгамбари Аллох, ба вай хуш наомад. У норозиёна гуфт:
Ман дах фарзанд дорам , вале то хол хеч якеашро набусидаам! Дар чавоби вай Расулуллох (алайхис-салом) гуфтанд: Касе нисбат ба дигарон дилсузи мехрубони нест, Аллох таъоло нисбат ба вай мехрубони нохохад кард.
ИБРАТ.
Бусидани ва навозиш кардани фарзандони хурдсол на танхо равост, балки суннат мебошад. Анчоми чунин амалро аввалин пайрави аз Пайгамбар Аллох таъоло ва баъд аз он боиси зиёд шудани мехру шафкат байни падару модар ва фарзанд медонем.
НАДОМАТ АЗ ГУНОХ.
Рузе як шахс назди Расулуллох ( алайхис-салом) омада аз амали баде, ки дар замони чохилият анчом дода буд чунин кисса кард:
Духтараки хубруе доштам, ки бисёр дусташ медоштам. Хар боре номашро мегирифтам хандакунон ба суям медавид. Бо вучуди ин дар андешаи он будам, ки чигуна уро зинда ба гур бисозам. Рузе вайро бо худ ба сахро бурдам, то касди шуми худро амали намоям. Духтаракам хамрохам шодон мерафт, то ки ба назди чохи харобе расидем. Ман уро бардошта ба он чох андохтам ва у фарёд мекард: падарчон падарчон…
Он мард киссаи худро, то ба инчо расонида, гулуяш банд шуд ва чигуна он чохро пур аз хок кардан ва куштани духтаракашро гуфта натавонист. Расулуллох (алайхис-салом) , ки ба киссаи ин мард гуш медод ашк аз чашмонаш чори гардид. Касони ончо хозир буда он мардро маломат карда гуфтанд: Ту Расулуллохро норохат сохти! Расулуллох гуфт: Уро бигзоред, то дилашро холи кунад! Он мард боз киссаашро то он нуктае, ки расонида буд, аз нав хикоя кард ва чун бори аввал то охир расонида натавонист.
Ашки чашмони Расулуллох (алайхис-салом) ончунон бисёр чори гардиданд, ки риши муборакаш тар шуд. Дар охир Расулуллох (алайхис-салом) уро чунин насихат кард: Ончи то пазируфтани Ислом анчом додаи, Аллох таъоло онро хохад бахшид. Акнун зиндаги навро огоз намо!
ИБРАТ.
Хар кофире аз куфр ё комунисте аз акидаи илходи ё демократе аз акидаи демократи тавба намуда, ба дини мубини Ислом ручуъ намояд, Аллох субхонаху ва таъоло гунохашро мебахшад, агарчи он гунох бадтар аз ончи дар ин хикоят гузашт буда бошад.
ГУНОХРО БОЯД ПУШИД.
Рузе як мард назди хазрати Умар (рози бошад Аллох таъоло аз у) омада чунин хикоят кард. Духтаре дорам, ки дар замони чохилият уро зери хок карда будам, вале кабл аз он, ки чонаш барояд, пушаймон шуда аз зери хок зинда баровардамаш.
Чун дини мубини Ислом зохир шуд, бо мо якчоя Исломро пазируфт. Баъди ин духтар чинояте содир кард, ки сазовори чазо гардид; яъне зино кард. Аз ин кори кардааш пушаймон шуда кордеро гирфт ва мехост худро бикушад. Вакте, ки мо хабардор гардидему кордро аз дасташ гирифтем, алакай баъзе рагхояшро бурида буд. Уро табобат кардем ва Аллох таъоло шифояш дод.
Баъди ин сидкан тавба каду духтари солиха ва шоистае шуд. Акнун уро хостгори мекунанд, оё аз он вокеъа, ки аз сари ин духтар гузаштааст, хостгоронро хабардор кунам ё не? Хазрати Умар ба он мард гуфт: Оё касд дори ончиро Аллох таъоло ошкор насохтааст, ошкор намои?! Касам ба Аллох, агар холи уро ба як нафар хам бигуи он чунон адабат бидихам, ки барои дигарон намуна шави! Уро хамчун зани покдомани мусалмон ба шавхар бидех!
ИБРАТ.
Заноне, ки хангоми гафлат ва бехабари ба зино олуда гардида, баъдан сидкан тавба кардаанд ва вокеъан занони некукор гардидаанд, сирхояшонро фош кардан ва ононро баъди тавбаашон зани фохиша гуфтан раво нест.
МУДДАТИ ДУРИИ ЗАН АЗ ШАХВАРАШ.
Хазрати Умар одатан шабхо, то субх дар кучахои Мадина мегашт ва шахсан худаш хонахои мардумро посбони мекард. Шабе аз назди дарвозаи хонае мегузашт, овози занеро шунид, ки дар фироки шавхараш, ки кайхо боз дар чиход буд, месузад ва ин сузи дили худро ба хондани шеъре дар васфи шавхараш баён мекард.
Чун субх дамид шахсеро ба назди мучохидин равон кард, то шавхари он занро ба хонааш биёранд. Баъди ин назди духтараш модари муъминон Хафса рафта аз у пурсон кард: Духтарам, зан чудои шавхарашро, то чанд муддат бардошт карда метавонад? Зани Пайгамбари Аллох гуфт: Як ё ду ё се мох чун мохи чахорум даромад сабраш аз даст меравад. Хазрати Умар (рози бошад Аллох таъоло аз у) амр кард, ки баъди хар чахор мох мучохидин табдил карда шаванд ва муддати рухсати аскарро баъди хар чахор мох гардонид.
ИБРАТ.
Бар мо мардон лозим аст, ки хакки занони худро риъоя намоем ва бидуни зарурат аз чахор мох бештар аз онон дур набошем. Зеро мухимтарин ва заруртарин амр чиход ба шумор меравад, вале дар он холат низ хазрати Умар (рози бошад Аллох таъоло аз у) аз чахор мох бештарро раво надонистаанд.
МАХР ХАККИ ЗАНОН АСТ.
Чун дар замони хазрати Умар ( рози бошад Аллох таъоло аз у) молу сарвати мусалмонон зиёд гардид, занон махрхои худро баланд бардоштанд. Чунин вазъ мардонро ба мушкилот дучор кард ва онон ба хазрати Умар ( рози бошад Аллох таъоло аз у) шикоят карданд. Хазрати Умар ( рози бошад Аллох таъоло аз у) баъди адои намози пешин ба минбар баромада гуфт:
Чаро махрхои занонро зиёд менамоед? Пайгамбари Аллох таъоло ( алайхис-салом) ва ёронаш махрро кам мекарданд ва махр аз чархорсад дирхам беш набуд. Агар махрро зиёд кардан савобе медошт ва ё аломати шараф мебуд, кабл аз шумо ин корро анчом медоданд. Пас аз ин аз чахорсад дирхам бештар махр надихед!
Ин суханони хазрати Умар ( рози бошад Аллох таъоло аз у) ба занон хуш наомаду яке аз онон аз чояш хеста гуфт: Оё нашунидаи, ки Аллох таъоло мефармояд:
(وَإِنْ أَرَدْتُمْ اسْتِبْدَالَ زَوْجٍ مَكَانَ زَوْجٍ وَآتَيْتُمْ إِحْدَاهُنَّ قِنطَارًا فَلَا تَأْخُذُوا مِنْهُ شَيْئًا)
( النساء :20)
« Ва агар хохед бадал кардани занеро ба чои зане ва дода бошед яке ононро моли бисёр, пас магиред аз он мол чизеро» ( Сураи " Нисо" ояти 20)
Баъди шунидани ин хазрати Умар (рози бошад Аллох таъоло аз ) гуфт:
Парвардигоро маро бубахш! Ай Умар хама мардум аз ту донотаранд! Амири муъминон хато кард ва зан ба хак даст ёфт.!
Ай мардум! Ман каблан шуморо манъ кардам, ки аз чахорсад дирхам бештар махр надихед. Акнун мегуям, касе чанд микдоре мехохад бидихад!
ИБРАТ.
Махр хакки зан аст, ки онро Аллох таъоло ба у додааст. Биноан хеч касе ба чуз зан хак надорад, ки онро каму зиёд кунад ё аз худ намояд.
НАТИЧАИ ХИДМАТИ ПАДАРУ МОДАР.
Киссаи Увайси Карни, ки дар хидмати модар намуна ва вирди забони мардум гардидаву мавриди ситоиши Расулуллох ( алайхис-салом) карор гирифтааст, чунин мебошад.
Хазрати Умар дар ривояти имом Муслим аз Расулуллох ( алайхис-салом) ривоят мекунад, ки гуфт:
Назди шумо Увайси Карни аввалан аз кабилаи Мурод ва баъдан аз кабилаи Карни Яман гуруххои мучохид ба кумактон хохад овард. Увайс дар гузашта марди пес буд, аммо холо Аллох таъоло уро аз ин бемори шифо бахшида ба чуз микдори аз дирхаме, аз он нишоне боки намондааст.
Модаре пире дорад, ки ба у хидмат мекунад ва дигар ин, ки чун ба коре савган ёд кард онро хатман ичро менамояд.
Чун ба шумо муяссар гардид наздаш биравед ва хохиш намоед, та бароятон аз Аллох таъоло талаби истигфор ва бахшиш намояд.
ИБРАТ.
Хидмати модар ва побанди ба ахду вафо Увайси Карниро ба он маком ва мартабае баровард, ки Аллох таъоло дар Куръонаш мадх кардааст, фармуд то бираванд ва аз у бихоханд, ки дар хаккашон дуъои хайр ва истигфор намояд.
Ин хадиси шариф муъчиза аст, ки дар он Расулуллох ( алайхис-салом) омадани Увайси Карниро мекард, ки он такрибан 10 сол баъд аз вафоти Расулуллох (алайхис-салом) ба вукуъ пайвастааст.Аз ин хадис бояд чунин ибрат гирифт, ки; агар мо мехохем фарзандонамон дар дунё некбахт, бошанд ва барои худ ва мо некукори намоянд, мисли Увайси Карни ононро бояд тарбия кард.
ЭХТИРОМ БАЙНИ ПАДАРУ МОДАР ВА ФАРЗАНД.
Дар ривояте, ки имом Тирмизи онро хасан ва Навави сахех гуфтаан, омадааст.
Модари муъминон завчаи мутаххараи Расулуллох ( алайхис-салом) Оиша (рози бошад Аллох таъоло аз у) чунин гуфтаанд:
Хеч падару фарзандро надидаам, ки мисли Расулуллох (алайхис-салом) ва духтараш Фотима ( рози бошад Аллох таъоло аз у) дар муносибат байни хамдигар , адаби нек в муъомилаи хуб дошта бошанд.
Чун Фотима ( рози бошад Аллох таъоло аз у) ба назди падараш медаромад, Расулуллох ( алайхис-салом) аз чояш мехесту уро бусида аз чихати эхтиром ба чое, ки худ нишаста буд мешинонд. Расулуллох ( алайхис-салом) чун ба назди духтараш мерафт у низ аз чояш мехест ва падари бузургворашро ба чои худ мешинонд.
ИБРАТ.
Эхтироми падар фарзандро, аввлани пайрави аз суннати Расулуллох ( алайхис-салом) буда, сониян барои таълим гирифтани фарзанд одоби исломиро басо мухим аст. Аммо эхтироми фарзанд падару модарро вочиб буда, агар фарзанд онро ба чо наорад оси ва гунахгор шавад.
ВОСИТА БА КИРДОРХОИ НЕК.
Дар ривояти имоми Бухори ва Муслим омадааст:
Се нафар ба сафар баромада, то шаб рох рафтанд ва чун шаб фаро расид дар горе даромада хоб карданд. Ба амри Аллох таъоло санге аз кух чар шуда дахани он горро махкам кард, ки баромадан аз он имкон надошт.
Чун онон худро дар чунин холат душвор диданд, гуфтанд: Ба чуз ин, ки амалхои неки худро васила ва восита сохта аз Аллох таъоло бихохем, ки сангро аз рохи мо бардорад, чораи дигаре нест.
Яке аз онхо гуфт: Парвардигоро! Падару модари пире дошам, ки то онхоро аввалан таъом намедодам, худ намехурдам ва зану фарзандамро намехуронидам. Рузе ба коре машгул гардида нони бегохашонро таъхир кардам. Вакто, ки косаи ширашонро бурдам алакай онхо хоб рафта буданд.
Аммо ман то дамидани субх, косаи шир ба даст дар наздашон нишастам.
Фарзандонам шаби дароз гиря мекарданду аз ман мехостанд то ширро барояшон бидихам, вале ман нахостам, ки пеш аз падару модарам фарзандонам бихуранд. Чун субх онхо хиссаи худро хурданд баъд аз он ба фарзандонам таъом додам. Парвардигоро! Агар ин амалро барои ризои Ту карда бошам, сангро аз рохи мо дур бисоз!
Баъди ин санг каме дур шуд, вале хануз хам баромадан имкон надошт.
Дуввумин шуруъ кард: Парвардигоро! Духтари амакам бисёр сохибчамол буд, ки ман уро дуст медоштам. Харчанд аз вай мехостам, ки хамсарам шавад, кабул намекард. Бо мурури аём соли кахтие пеш омад ва гуруснаги духтари амакамро мачбур сохт, то наздам биояд ва кумак бихохад. Ман, ки ошики висоли у будам, 120 динор ба шарте додамаш, ки нафсашро дар ихтиёрам бигузорад, ки у ночор чунин хам кард. Хангоме хостам аз вай ком бардорам ба ман гуфт: Халол нест ба ту, ки бидуни никох чунин як амалеро анчом бидихи!
Баъди шунидани ин ман ба худ омадам ва аз он касди бадам гаштаму дигар он 120 динорро пас нагирифтам. Парвардигоро! Агар ин амалро ба хотири ризои ту анчом дода бошам, мушкили моро осон намо!
Баъди ин санг боз каме як тарафа шуд, вале боз хам баромада наметавонистанд.
Саввумин шуруъ кард: Парвардигоро! Чанд мардеро муздур ва мардикор гирифтам ва чанд муддати ба ман хидмат карданд.
Чун муддате корашон ба итмом расид, ба чуз як нафарашон дигарон хакки корашонро гирифта рафтанд ва хакки он як нафар назди ман монд. Баъди гузаштани чанд сол, он нафар наздам омаду хаккашро талаб кард. Ман ба чанд шутуру гову гусфанд нишон дода гуфтам ки онхо хакки ту мебошанд. Он мард хайрон шуда гуфт: Маро ришханд макун! Ман гуфтам: Туро ришханд намекунам ва рост мегуям. Баъди ин он чанд шутуру гову гусфандро бурд.
Парвардигоро! Агар ин амалро ба хотири ризои Ту анчом дода бошам, сангро аз рохи мо дур бисоз! Баъди ин санг дур шуд ва онхо аз гор баромада ба рохи худ идома доданд.
ИБРАТ.
Амали солех агар хос барои ризои Аллох субхонаху ва таъоло сурат бигирад, на танхо дар охират манфиъат дорад, балки дар дунё низ самараи хуб хохад дошт. Дигар ин, ки дар чунин холатхои душвор восита кардани амали солех ва аз Аллох таъоло рафъи онро хостан, амали муфид ва муассир хохад буд.
ПОНЗДАХ АМАЛИ ХАЛОККУНАНДА.
Дар ривояти Имом Тирмизи Расулуллох ( алайхис-салом) мефармояд:
Понздах хислатест, ки чун уммати ман ба он гирифтор гардад ба балохо дучор хохад шуд.
- 1. Моли ганиматро баробар таксим накунанд.
- 2. Моли амонатро хамчун ганимат аз худ намоянд.
- 3. Адои закотро хамчун тавон ва зарар бидонанд.
- 4. Мардон дар итоъати занон дароянд.
- 5. Падару модарашонро биранчонанд.
- 6. Бо дустон неки ва бо падару модар чавру ситам карда шавад.
- 7. Дар масчидхо суханхои бехуда гуфта шавад.
- 8. Разилтарин мардум пешво ва рахбар гардад.
- 9. Хамдигарро ба он хотир эхтиром намоянд, ки зиён нарасонад.
- 10. Ошкоро шаробнуши кунанд.
- 11. Мардон либосхои абрешими бипушанд.
- 12. Занони сароянда ба майдон бароянд.
- 13. Олатхои мусики интишор ёбанд.
- 14. Пайравони ин уммат гузаштагонашонро лаънат намоянд.
Чун ба ин аъмоли нораво мубтало гардидед, мунтазири шамоли халоккунанда ё фуру рафтани дар замин ва ё тагир ёфтани шаклу андоматон бошед!
ИБРАТ.
Ин амалхоест, ки халоккунанда буда мардумро ба азоби Аллох таъоло дар дунё ва охират гирифтор мегардонанд. Биноан касе як зарра имон дорад ва барпо шудани киёматро инкор намекунад, бояд худро ислох бисозад ва аз анчом додани чунин аъмоли мамнуъ бипархезад.
МАНФИЪАТИ ФАРЗАНДИ ВАФОТЁФТА.
Дар ривояти Имом Бухори ва Муслим Расулуллох (алайхис- салом ) ба занон хитоб карда гуфт:
Кадом занеро се фарзандаш бимурад, онон деворе байни у ва дузах хохад шуд.
Зане пурсид: Агар ду фарзанд муда бошад чи?
Расулуллох посух доданд:
Ду фарзанд низ девор хохад шуд.
ИБРАТ.
Мусулмон фарзанди фавтидаашро набояд хамчун як чизи талаф ёфта бидонад. Зеро чуноне аз суханони Пайгамбари Худо диниста мешавад, онхо барои мо сабаби начот хоханд буд.
Биноан агар Аллох таъоло фарзанди бештар ато кунад, манфиъаташ бештар аст, агарчи на хамаашон зинда бимонанд.
ТАВБА ШИФОСТ.
Лайло халу зане аз мамлакати Магриб, умри худро ба гафлат гузаронида, бисёр имони заъиф доштаву мусалмони беамале буд.
Аллох субхонаху ва таъоло саранчом уро ба бемори саратон гирифтор мекунад, ки он нух сол идома меёбад ва бисёр ранч мекашад.
Номбурда мегуяд: Ман бисёр имони заъиф дошта гумон мекардам, ки умри инсон як сон ба хушиву хурсанди сипари шуд, харгиз хусну чамолаш дур нагардад ва ба чунин як бемории дахшатноке гирифтор нашавад. Аммо хангоме ба ин бемори мубтало шудам рохи гурез мечустам, вале хайхот, ки хар чо мебудам ин бемори бо ман буд. Касд кардам худкуши кунам, аммо шахвар ва фарзандонамро дуст медоштам, ва ин кор монеъ аз чунин амал мегардид.
Дар он замон намедонистам, ки агар худкуши намоям ба азоби сахти Аллох таъоло гирифтор хохам шуд, биноан андешаи окибати ин амал хеч ба сарам намеомад.
Локин иродаи Аллох субхонаху ва таъоло дар ин будаст, ки ин бемори сабаби хидоятам ва хидояти одамони бисёре аз дасти ман гардад. Номбурда меафзояд: Баъди ба бемори саратон гирифтор гардиданам ба хотири табобат ба Белгия сафар кардам ва аз муоянаи табибони зиёд гузаштам, ки хама ба ин иттифок кардан, ки бояд синаи чапам бурида шавад. На танхо ин балки баъди буридани он давохоеро истиъмол кунам, ки муйхои сар абру, мужа, нохун ва дандонхоро мерезонанду дар руям сабаби баромадани риш мегарданд. Ман ин маслихати табибонро кабул накардам ва гуфтам. Аз ончи гутед бароям бехтар аст, ки бо он шаклу андоме, ки Аллох таъоло халкам кардааст, бимирам. Баъди ин хохиш кардам, ки давохои сабук ва безарар бароям бинависанд, ки чунин хам карданд. Вакто ба ватанам баргаштам ва аз он давохо истифода мекардам, дарду аламро эхсос намекардам.. Гумон кардам, ки табибон хато карданд ва ман бемори саратон набудам. Локин баъди гузаштани шаш мох руз ба руз дарду алам зиёд гардид ва рангу руям тагир ёфт.
Табибони Магриб хидоятам доданд, ки бори дигар ба Белгия биравам, ки ночор ба ончо сафар кардам. Ончо чун маро ташхис карданд ба шавхарам гуфтанд: Акнун ин бемори тамоми вучудашро фаро гирифтааст ва мо аз табобаташ очизем. Барои шумо хуб мешуд ба ватанатон бар мегаштед, ва занатон ончо вафот мекард.
Ин хабар шавхарамро ба дахшат овард ва ба чои ба Магриб баргаштан ба Фаронса сафар кардем. Дар ончо низ барои мо хеч давое пайдо нашуд ва дар андешаи ин будем, ки чигуна рохе пайдо карда синаи чапамро, ки пур аз хуну зардоб гардида буд бибурем.
Ин хамгом ба калби шавхарам Аллох таъоло кореро илхом кард, ки мо тамоми умр аз он гофил будем ва хеч ба ёдамон намеомад. Он зиёрати Каъбатуллох ва ру ба ру хонаи Аллох таъоло истода, шифо талаб кардан буд.
Аз шахри Париж Куръоне харидему ихром баста, такбир гуён бо таёра ба чониби хонаи Аллох таъоло парвоз кардем. Чун ба масчиди харом даромадем ва ру ба ру хонаи Аллох таъоло истода шудам, амалхои худро ба ёд оварда бисёр гиристам ва чунин дуъо кардам:
Парвардигор! Табибон аз табобатам очиз мондан, ва Ту зоте мебоши, ки дардро медихи ва давои онро худат медони! Ба чуз пеши даргохи Ту истоданд, дигар хама дархо ба руям баста шудан, дари рахмататро ба руям банд масоз! Баъди ин дар атрофи хонаи Худо бисёр тавофу дуъо мекардам, ки маро ноумед масоз агарчи хамаи табибон аз табобатам ноумед гардидаанд!
Дар масчиди харом назди уламо мерафтам ва аз онон хохиш мекардам, ки бароям даво муайян намоянд. Хамаи онон мегуфтанд, ки Куръони каримро бардавом бихон, оби замзамро бисёр бинуш, ки хатто шикамат аз он пур шавад ва ба зикри Худову дуруди бар Расул машгул бош!
Баъди анчом додани ончи фармудан худамро сабук ва диламро хуш эхсос кардам. Аз шавхарам хохиш кардам, ки маро ичоза бидихад, то дар масчиди харом бошам ва ба мехмонхона наравам, ки у рози шуд. Дар ончо бо занони мисри ва турки шинос шудам. Онхо хангоме дидан, ки ман бисёр гуря мекунам наздам омада аз холам пурон шудан.барояшон гуфтам. Гуряи бисёри ман аз ду чихат аст. Аввалан ин ки бори аввал ба хонаи Худо омадам ва хагиз гумон надоштам, ки онро чунин дуст хохам дошт. Сониян ман ба бемори саратон гирифторам. Баъди ин он занон низ аз шавхархояшон ичоза гирифта, хамрохи ман шабхоро дар масчиди харом дар тавоф ва ибодат сипари мекарданд ва хоб намекардем. Ба гайр аз нушидани оби зам-зам бисёр таъоми кам мехурдам.
Баъди гузаштани панч руз аз миён болои баданамро, ки пур аз дог ва синаам, ки пур аз хуну чирк буд, ба оби зам-зам хостам бишуям. Дугонахоям маро ба ин кор мачбур мекарданд. Бори аввал ман бисёр бо эхтиёт дастамро болои синаам мебурдам, бори дуввум часуртар шудам ва чун бори саввум баданамро шустам хеч нишони дардеро эхсос накардам ва хеч догеро дар баданам надидам.
Дугонахоямро гуфтам онхо баданамро масх кашидан хеч нишонахоеро, ки аз бемории саратон зохир шуда буд наёфтанд. Ман аклу хушамро аз шоди ва сурур аз даст додам. Баъдан ба мехмонхона омада ру ба ру шавхарам куртаи баданамро пора- пора кардам ва ба у гуфтам: Ба ин рахмати Худо назар намо, ки хеч нишонае аз бемори саратон боки намондааст. У бисёр гиря карду гуфт:Табибон касам хурда буданд, ки умри ту хамаги се хафта боки мондааст! Ман гуфтам: Ачалхои мардум ба яди кудрати Худованд аст ва чуз У дигар хеч касе гайбро намеданад?
Баъди ин як хафтаи дигар дар масчиди харом боки мондем сипас ба Мадинаи мунаввара сафар карда масчиди набаввиро зиёрат намудем ва ба Фаронса пас гаштем. Вакто табибон дар ончо маро диданд ба дахшат омаданд ва кариб буд аклхои худро аз даст бидиханд, онхо гаштаву баргашта мепурсиданд: Оё ту фалони? Ман бошам бо фахр мегуфтам: Оре, ва шавхарам фалонист!
Манам, ки аз беамали тавба кардам ва акнун гайр аз Аллох таъоло аз касе хавф надорам ва тамоми кор ба яди Уст!
Табибон гуфтанд:
Холати ту бисёр ачиб аст, бояд аз нав муъояна шави! Чун ташхис карданд, хеч асареро аз бемори саратон дар ман наёфтанд.
Баъди ин ман тарзи хаёти худро табдил карда, ба омухтани зиндагиномаи Расулуллох ва ёронаш шуруъ кардам ва ба намозу руза вакти хешро мегузаронаму аз пушаймони солхои умри зоеъ кардаам гиря мекунам.
Дуъо мекунам, ки Аллох таъоло тавбаи ман аз шавхарам ва тамоми мусалмононро кабул намояд.
ИБРАТ.
Мусалмон дар мушкилтарин холатхои хакки онро надорад, ки аз Парвардигораш ноуем шавад.Дигар ин, ки тавбаи содикона бахри рахмати Парвардигоро ба чуш оварда, мусибатхои сахттар ва бузургтар аз бемори саратонро махв хохад кард!
ОКИБАТИ ИТОЪАТИ ЗАН ВА РОНДАНИ МОДАР.
Як чавоне буд, ки падараш вафот карда, сарпарасти оилаи онхо ба души модараш гардид. Модари бечора дар хонахои хамсоягонаш кор карда музди ночизе, ки пайдо мекард онро дар фарзандонаш сарф мекард. Солхо сипари шуданд ва фарзанди калонии у, ки бисёр чавони бо одаб ва хушахлок буд, мактабро тамом карда, ба хоричи кишвар хондани рафт.
Баъди гузаштани солхо сохиби диплом гардид ва ба кишвараш пас омад. Аммо одобу ахлок ва муъомилаи некеро, ки собик уро зинат медоданд, аз даст додаву ба тарзи чахонбинии дигар баргашта буд. Биноан чун модараш хост уро ба духтари шоистае хонадор кунад кабул накард ва гуфт: Ман аз хонадони сарватдорон ва зани пешрафтаеро хохам гирифт. Саранчом чунин хам кард ва чунин зан хам гирифт ва у хамрохи модараш дар як хона зиндаги мекарданд.
Баъди гузаштани шашмох аз рузи туяш, рузе занашро дид, ки гиря мекард. Чун пурсидаш, ки чи вокеъ шудааст? Чунин шикоят кард: Ман аз ин бештар токати онро надорам, ки бо модари ту дар як хона зиндаги кунам. Он чавон аз модараш дар газаб шуда уро аз хонааш ронд. Модари бечора ба фарзандаш нигох мекарду мегуфт: Ай фарзандам, Худо туро некбахт кунад! Ин дуъояшро такрор карда аз хона рафт. Баъди чанде чун газаби чавон дур шуд ва хидматхои модараш ба ёдаш омад ба сурогаш баромад, вале хайхот уро дигар наёфт. Аммо занаш аз ин амали шавхараш бисёр хуш шуда фикру зикри чавонро бештар ба худ мафтун сохт ва ба хусну чамолаш мухабати модарро аз калби вай дур сохт, дигар боре хам ба ёдаш намеомад.
Бо гузашти замон он чавон бемор ва дар шифохона бистари мешавад. Модараш аз бемори писараш хабардор шуда, ба шифохона омад.
Хангоме мехост ба назди писараш дарояд келинаш уро истикбол гирифту гуфт:
Пас рав! Писарат инчо нес! Ту аз мо чи мехохи! Аз пеши мо дур шав! Мо туро дидан намехохем! Модар ноумеду гурён пас рафт.
Он чавон баъди чанде шифо ёфта ба хонааш меояд, вале аз нав боз бемор мегардад ва ба шифохона меафтад.
Дар муддати бемори тулони вазифаашро аз даст медихад ва карзидор мешавад. Он дусту ошное, ки дошт хама аз вай дур мегарданд ва у ба касе дигар дар кор намешавад. Он чавон мегуяд:Дар чунин холати душвору ногувор занам рузе гуфт: Дигар дар ту на вазифа мондаву на обу ру байни мардум, ман бо ту зиндаги карданро намехохам, талокам кун! Ин бароям бисёр зарбаи шадиде буд, вале он маро ба худ овард ва ман донистам, ки ба сабаби рондани модарам инро сазовор гардидаам.
Баъди ин ба чустучуи модарам баромадам ва бо кушишхои зиёд уро дар яке аз хонахои бепарасторон, ки бо хайру эхсони мардум зиндаги мекард ёфтам. Аз гиряи бисёр рангу руяш тагир хурда коматаш чанг зада буд. Вакто, ки модарамро дидам худамро ба пеши пояш партофтам ва бо овози баланд гиря кардам, ки у низ ба гиря даромада ба хам чанде гиря кадем. Сипас уро ба хона овардаму касам хурдам, ки харгиз нофармониаш накунам.
Акнун якчоя бо модарам бехтарин ва некбахтарин рузхои хаётамро ба сар мебарам.
ИБРАТ.
Хукуки падару модар баъди хукуки Аллох таъоло дар макоми дуввум карор дошта, поймол кардани он касро расвои дунё ва охират хохад кард.
Агар итоъати падару модар ва зиндаги бо зан дар як вакт муяссар нашавад, бояд аз зан чудо шавад ва падару модарашро хидмат кунад.
КИММАТИ ЯК ЗИКРИ АЛЛОХ ТАЪОЛО.
Хазрати Абукаллоба мегуяд: Яке аз бародарзодахоям сахт бемор шуд. Ба сабаби ин, ки баъзе корхои номуносиб дошт, ба иёдаташ нарафтам. Аммо хангоме шунидам, ки дар холи чон кандан аст, дилам барояш сухту ахволгириаш рафтам. Он шаб дар сари болинаш нишаста будам, :ки ду нафар зангии сиёхпуст, ки путк дар даст доштанд ончо намоён шуданд. Баъди гузашатани андак вакт, ду малоика аз пушти боми хона поин шуданд.
Шунидам, ки малоикахо яке ба дигаре мегуфт: Пеши бемор бираву маълум кун, ки дар тамоми хаёташ боре хам кори хайре анчом додааст, ё не? Яке аз онхо пеши бародарзодаам амада гуфт, сару шикаму пой уро буй карда, пас рафту гуфт: Сарашро буй кардам, вале дар он буе аз Куръон набуд. Шикамашро буй кардам буе аз руз набуд, пояшро буй кардам, буй киёми як шаб хам аз пойяхош хис намешуд. Фариштаи дигараш рафта тамоми баданашро буй карду гуфт: Таъаччуб мекунем, ки Аллох таъоло номашро дар катори номхои уммати Мухаммад ( алайхис- салом) навишта, дар холе, ки дар вай хеч як сифоти ин уммат ёфт намешавад. Дар чунин холати хайрони ва саросемаги дахони бародарзодаамро боз карду ба ангуштонаш нуки забонашро молиду аз хуши Аллоху акбар гуфту афзуд: Ман аз нуки забонаш такбиреро ба даст овардам, ки аз самими калб онро дар шахри Антокияи Рум ба забон овардааст!
Баъди ин буй муск атрофро фаро гирифт ва рухи бародарзодаам аз танаш чудо шуд. Сипас ба он ду зангии путк ба даст гуфт: Хар дуи шумо биравед! Ба ин майит азоб дода наметавонед.
ИБРАТ.
Мусалмон бояд як лахза аз марг гофил намонад ва он рузи сахти чондоданро аз ёдаш набарорад, ки дар он ба чуз тоъату ибодат, чизе дигаре ба кас суд наорад.

ЯНГА БА ЧОИ МОДАР.
ОтветитьУдалитьМулло Пир, ки бобоёнаш аз Чавзчони Афганистон ба Сайёди Вахё, аз ончо ба фатхобод омада ва оилаашон ахиран дар Хоит сукунат мекарданд, хамрохи бародари бузургаш мулло Мирзо Абдулкарим рузхои сахти зиндагиро аз сар гузаронида буданд.
Чунин кисса кунанд, ки модарашон Мастура дар тоъату ибодат ва хусну чамол намунаи замонаш ба шумор мерафт. Чун падари Мирзо Абдулкарим вафот мекунад, сарватмандон ва мансабдорони зиёде талош мекунанд Мастураро ба никохи худ дароранд.
Аммо Мастура, ки зани зираку доное буд аз бими он, ки бародаронаш уро ба кадом марди сарватманду мансабдоре бидиханду ночор аз фарзандонаш чудо шавад, ходимашонро, ки як марди гарибу бекасе буд, озод месозад ва худро ба никохи вай медарорад.
Чун ин амали Мастура ба табъи бародарон ва акрабояш нописанд буд, хангоме чанд сол баъд аз издивоч аз шавхари наваш писар мезояд, бародаронаш уро ба тарики мазаммат Пир меноманд; яъне фарзанде, ки дар холати пирии модараш зоида шуда, ки дар чунин сину сол дигар барои зан зоидан айб аст! Локин чун нияти Мастура холисона буд, Пир бисёр фарзанди солех, чавони сохибилму бо такво ва устои наккоши чуб ва хонасози мохире ба воя мерасад. Бародараш мулло Мирзо Абдулкарим ва Пир бо вучуди рузгори сахт ва мушкилоти зиёд, сохиби хонаводахои хубе гардиданд, ки дар байни мардум инсоният ва исломияти онон масал гардида буд.
Соле Мирзо Абдулкарим чанд метр рахтеро харида аз он ба бародараш чома ва ба хамсари худ курта духту Пири чавонро ба яке аз мадрасахои Гарм ба тахсил фиристод. Пир чанд солро дар мадраса сипари карду вале тахсилро ба охир нарасонида ба хонаашон баргашт. Чун аз вай пурсиданд: Чаро хонданро тарк карди? Чунин посух дод: Чомаам даридаву хатто, ки кисмати доманаш боки намондааст. Чомаро бо чунин хол пушидан намешавад ва дар сардии зимистон бечома будан имкон надорад. Ин вокеъа соле буд, ки бародараш кудрати онро надошт, то барояш чомаи нав бикунад, биноан хайрон монд. Хангоме мулло Мирзо Абдулкарим дар андешаи холи ин мушкилоти биродараш буд, дид ки занаш чомаи бародарашро аз хамон тикае, ки он чома духта шуда буд пайванд карда овард. Зани Мирзо Абдулкарим ба Пир мисли модар ба фарзандаш бисёр муносибати мехрубонона ва дилсузонае дошт. У кисмати пушти куртааро даронду ба он чомаи Милло Пир пайванд кард. Аммо худаш ду тарфи куртаашро аз кисмати пушт бо банл баста аз болои он чомаашро мепушид. Чун кисмати дарондашудаи курта зери чома буд, фахмида намешуд, ки кисмати бештари пушт курта нест. Баъди ин Пир бо табъи хуши рози аз янгааш ба мадраса баргашт ва тахсилашро идома дод.
Солхо сипари шуданду замон тагир ёфтаву ва он тифле, ки ба хотири маломати модараш ба номи Пир мушарраф гардида буд, вокеъан пир гардидаву ришаш сафеду коматаш чанг ва бародари азизаш мулло Мирзо Абдулкарим кайхо фавтида буданд. Акнун Пири вокеъан пир назди янгааш омада бо хам менишастанду зиндагии сахт, вале бошарафонаи гузаштаашонро, ки саршон аз мехру мухаббат буда кадри киммати арзишхои исломи ва инсони дар он аз арзишхои модди баландтар меистод, ёд мекарданд.
ОтветитьУдалитьРузе бо ду чашми пурашк ва сипоси шукри зиёд ба янгааш хитоб карду гуфт: Янга ту чи инсоне буди, ки мисли модар ба фарзандаш ба ман мехрубони мекарди? Ягона куртае, ки дошти онро дарондиву чомаи маро ислох карди ва бо куртаи бепушт бештар аз як солро сипари карди? Ту чи инсоне буди, ки ба хотири бародари шавхарат хеч чизатро дарег намедошти? Кадом як неки туро ба забон биорам?
ИБРАТ.
Дар ин хикоя ду нуктаи ибратомез ба чашм мерасанд.
1. Хангоме, зан мехохад барои худ шавхаре интихоб намояд, бояд ба сарватдори ва мансабдори мард эътибор надихад. Чуноне Мастура ходими бекасу факирро шавхар карду аз сарватмандон ва мансабдорон сарфи назар кард, ки окибат Аллох таъоло фарзандони солех атояш кард, ки дар байни мардум аз бехтаринхо ба шумор мерафтанд.
2. Зан бояд бародарон ва хохарони хамсарашро ба хотири дарёти ризои шавхараш, ки боиси ризои Худост, икром ва эхтиром намояд.
Чунин амал сабаби афзоиши мехру мухаббат ва файзу баракат дар хар хонадон шуда, обу ру ва инсонияти занро баланд хохад кард.
Вокеъаи мулло Пир бо янгааш ходисаест, ки дар авоили асри бистум сурат гирифтааст, вале то ба мо аз забони даххо шахс то охир аср расида ва ин шо-Аллох хамчун масал солхо боки хохад монд.
АСАРИ ДАЪВАТ.
ОтветитьУдалитьКосус Маркилус Калои хануз хангоме умраш ба бистсолаги нарасида буд, дар соли 1960 чемпиони бозихои олимпи гардид. Баъди ин дере нагузашта дар майдони бокс Суки Листонро, ки номи кахрамони чахонро дар байни боксёрони касби мушарраф шуда буд, дар чанд сонияи мусобика шикаст дод. Хангоме даххо хазор тамошобинон аз чой бархоста уро табрик менамуданду акси у дар телевизионхо пахш мегардид, ба таври гайри чашмдошт бо тамоми овоз изхор мекунад : Ашхаду ан лоилоха иллаллоху ва ашхаду анна Мухаммадан Расулуллох!
Тамоми олам хабардор мегардад, ки чемпиони олам оид ба бокс Косус Моркилус Калои дини мубини Исломро пазируфт ва номашро Мухаммад Али Калои гузорид.
Аввалин бор дар соли 1960 нури Ислом ба калби Мухаммад Али, хангоме, ки яке аз дустони мусалмонаш уро барои шунидани мавъиза дар мавзуъи Ислом даъват карда буд, рох ёфт. Баъди аз ин у дар мавриди Ислом ва насроният андеша мекард, акоиди ин ду динро бо хам киёс менамуд, ки саранчом ба хакикати дини мубини Ислом даст ёфту насрониятро тарк карда ба дини мо даромад. Ба баракати Ислом оварданаш солхои дароз кахрамони чахони оид ба бокс боки монд. Акнун Мухаммад Али сохиби оилаи мусалмон ва яке аз даъватгарони ба Ислом мебошад.
ИБРАТ.
Аллох таъоло уммати Мухаммад ( алайхис-салом) дар Куръони мачид бехтарин уммате номидааст, ки дигаронро ба рохи хак даъват менамоянд.
Хамчуноне дар киссаи Мухаммад Али гузашт, даъвати мухлисона сабаби хидояти ашхосе хохад шуд, ки шухрати чахони дошта, тавассути онон боиси хидояти хазорон афроди башар мегардад. Чуноне маълум мебошад баъди Исломро пазируфтани Мухаммад Али ва амсоли у дар Амрико дини мубини Ислом бештар интишор ёфта шумораи мусалмонон ру ба афзоиш мебошад.
Мутаассифона вактхо охир дар ин амри мухим аз чониби мусалмонон сахлангори бахшиданашавандае ба чашм мерасад. Ин боис гардида, ки даъватгарони насроният ва дигар оинхои ботил ба кишвархои мо биоянд ва ба пулу мол мусалмонзодагони чохилу гофилро насрони, будои ва гайра бигардонанд. Бетафовут будан дар чунин шароит ва пешгири накардани интишори дигар динхои ботил дар байни мусалмонон, на танхо чиноят, балки хиёнат ба дини мубини Ислом ва разолати ошкор аст!
ПОСИ ХОТИРИ ХАМСАФАРИ ЗИНДАГИ.
ОтветитьУдалитьЧунин ривоят кунанд, ки Расулуллох (алайхис- салом) поси хотири аввалин хамсари худ; модари муъминони Хадича (рози бод Аллох аз у )-ро бузург медошт. Хар боре дар бораи мехрубонихо ва хидматхои вай сухан мегуфт, бо сузи дил харф мезад ва бо неки ёдаш мекард.
Хадича ( рози бод Аллох таъоло аз у) хануз кабл аз хичрати ба Мадина, хангоме, ки умри Расулуллох (алайхис-салом) ба 50 солаги расида буд, вафот карда буданд. Агар чи аз вафоти у солхои зиёд сипари шуда бошад хам, ба хотири пос доштани хотираш дугонахои уро, ки дар кайди хаёт буданд икром мекард ва хар боре гов ё гусфанде мекушт ба онон гушт хадя мефиристод.
ИБРАТ.
Пос доштани хидматхои хамсари вафодор ва мехрубоне, ки дар кайди хаёт нест, суннат ва пайрави аз Расулуллох (алайхис-салом) буда инсонияти инсон ва курбу манзалати мусалмонро назди Аллох таъоло меафзояд. Зеро тибки фармудаи Пайгамбари Худо, харки некихои бандагонро пос надораду шукургузори накунад, некихои Аллох таъолоро пос нахохад дошт ва шукургузори нахохад кард.
Парвардигоро! Мо ва хамаи дигар мусалмононро дар ибодат ва муъошират пайрави вокеъии Расулуллох (алайхис-салом) бигардон
Агар эхсос намуди,ки дар зиндагиат хушбахт нести пас бидон,ки хуб намоз намегузори!
ОтветитьУдалитьИнчо фарки бузургест :
Шахсе намоз мегузорад (То бо адои он намозаш рохат кунад яъне намоз сабаби оромиши руху равонаш мегардад)
Ва инчунин шахси дигаре низ намоз мегузорад (То аз он рохат шавад яъне карзашро мехохад адо намояду бас)
Ба калбат бингар ту аз кадоми ин ду хасти ?? !
Хангоме,ки шайтон саросема намуд туро дар намозат ин хангом дар хол ба ёд биёвар !!!
Хама онч? мехохи ба он ноил гарди ва муваффак шави Хама онч? метарси,ки имкони аз даст додани он вучуд дорад ва ба он намераси.Ту дар аснои намоз дар пешгохи он сохиби хама олам сохиби хама афкори буду набудат хасти пас дар пешгохаш дар фикри ибодаш бош ва дусташ бидор то дустат бидорад ва амр намояд,ки ман ин бандаамро дуст медорам то туро хама дуст бидоранд ва бандаи муваффак боши!
Ба инхо дар хаётат ахамият бидех !
Мехохи тани сихат: Руза бигир !
Мехохи чехраи нурони: Намози шаб бихон!
Мехохи зиндагии фарох: Куръон бихон!
Мехохи хушбахтиро: Намозхоро дар вактхояшон бигузор!
Мехохи кушоишро: Астагфируллох бигу!
Мехохи андухат аз байн равад: Дуъо бикун!
Мехохи мусибатат осон шавад: Бигу "Ло хавла вало кувата илло биллох"!
Мехохи баракатро:Бар Мухаммад(с) ваОли Мухаммад салавот бифирист!
Умедворам инхоро дар хаёт амали менамоем ва амал намудан ба инро ба ёру дустонамон мерасонем то онхо низ ба ин амал намоянд ва мо низ дар ачр шарик бошем.
Мухаммадикболи САДРИДДИН
Сифати муҳаббатзо
ОтветитьУдалить1. Сифати аввал: Табассум.
Гуфтаанд: Табассум монанди намак дар таом боарзиш аст ва бехтарин рохе барои ба даст овардани дилхо махсуб мешавад. Илова бар табассум ибодат ва садака низ ба шумор меравад. Табассум ба руйи бародарат садака аст. Имом Тирмизи(р) аз Абдуллох ибни Хориса(р) ривоят кардааст, ки мегуяд: «Хеч касеро ба андозаи Расуллуллох (с) табассумкунанда надидаам».
2. Сифати дуввум: Дар салом гуфтан кушиши пешдасти кардан.
Салом хамчун тирест, ки ба дилхо мерасад ва онро шикор мекунад, аммо бо табассум, истикболи гарм ва фишурдани даст бошад,боз бехтараст. Ибни Умар(р) вакте ба куча мебаромад, бо хар хурду калон салом мекард. Хасани Басри (р) мегуяд: « Даст додан мухаббатро зиёд мекунад». Паёмбар (с) мефармояд, ки хеч амали хубро беарзиш надонед, хатто агар он амал бархурд бо бародарат бо руйи кушода бошад. Расулуллох (с) фармудааст: «Даст бидихед, то кина аз байн биравад ва хадия бидихед, то азиз шавед ва душманиро аз байн бибаред ва хамаи инхо бо чехраи кушода вобаста аст».
3. Сифати саввум: Хадия.
Таъсири хубе (ачибе) дорад ва гушу чашму калбро дигаргун мекунад. Хадия додан муносибат чашнхо ва рузхои фаромушнашаванда, кори писандидае аст. Ба шарте ки ба андозаи тавон ва кудрати шахс бошад. Иброхими Зухари мегуяд: «Хадияхои падарамро берун овардам. Ба ман амр кард: Номхои дустон ва хешовандонашро бинависам. Ман навиштам. Сипас гуфт: Оё касе мондааст, ки номашро фаромуш карда бошем? Гуфтам: Не. Гуфт: Чаро бо марде вохурдам, ки бо гарми ба ман салом кард ва чунин ва чунон буд. Дах динорро барои у бинавис». Таъсири саломи хубро бубин, ки бо додани хадия онро чуброн кардан ва подош додан хост.
4. Сифати чахорум: Хомуши ва харфи хуб гуфтан.
Аз баланд сухбат кардан ва бисёр харф задан бипархезед! Ба неки cухан бигуед, чунки дар хадис омадааст: «Сухани неку садака аст ва таъсири хубе дар ба даст овардани дилхо дорад». Ин амал илова бар бародарони динии ту бар душманонат низ таъсири хубе дорад. Паёмбар (с) фармудаанд: «Хушрафтор ва камсухан бош. Зеро савганд ба Худо, ки хеч ахлоке зеботар аз ин ду нест».
То мард сухан нагуфта бошад,
Айбу хунараш нухуфта бошад.
5. Сифати панчум: Хуб гуш кардани сухан.
Харфи касеро (катъ) набуред. Хар кас ба ин кор амал кунад, мардум уро дуст намедорад. Аз Ато бишнав, ки гуфт: «Марде дар бораи чизе сухбат мекард. Ман низ сукут кардам, гуё онро харгиз нашунидаам, дар холе, ки пеш аз он ки у ба дунё биояд, онро шунида будам».
6. Сифати шашум: Риоят кардани зебои дар сару либос.
Зебоии бадан ва либос ва буйи хуш яке аз роххои ба даст овардани дилхост. Паёмбар (с) фармудааст: «Парвардигор зебост ва зебоиро дуст медорад». Хазрати Умар (р) мефармояд: «Маро аз шахси хушбу ва хушлибос хуш меояд».
7. Сифати хафтум: Неки кардан ва кам кардани ниёзманди.
ОтветитьУдалитьИн икдом таъсири хеле хубе дорад. Хатто бо ин амал банда мухаббати Аллохро низ ба даст меорад, чунонки Паёмбар (с) фармудааст: «Махбубтарин мардум дар назди Аллох бонафътарини онхо барои мардум аст. Аллох мефармояд: «Неки кунед, ки Аллох накукоронро дуст медорад. Хар вакт бо марде хамрохи карди, монанди чавони хидматгор дар хидмати хар рафик ва монанди маззаи оби гуворо ва сард (хунук) барои чигари ташнаи хар дуст бош»».
8. Сифати хаштум: Бахшиши мол.
Хар дил калид дорад ва мол калиди бисёре аз дилхо, бахусус дар ин замон аст. Чаро ин кадар бахили ва хирс? Чаро бархе аз мардум аз худ муковимати ачибе нишон медиханд. Хатто факрро бо чашмонашон мебинанд, аммо аз бахшиш ва инфок сар мекашанд?
9. Сифати нухум: Гумони нек ба дигарон ва узрхохи кардан.
Барои касби дилхо хеч рохе осонтар ва бехтар аз гумони нек ва узрхохи вучуд надорад. Нисбат ба атрофиёни худ гумони нек дошта бош ва аз бадгумони пархез кун! Талош кун аз бародари диниат узрхохи куни, ки Ибни Муборак(р) мегуяд: «Муъмин аз бародарони худ дар пайи узрхохи ва мунофик хохони ла?жиши онхост».
10. Сифати дахум: Ибрози мухаббат ва дусти нисбат ба дигарон.
Агар касеро дуст дошти, барои ту мухим аст, ки инро ба у эълом куни, ки ин икдом барои ба даст овардани мухаббати дили у бисёр таъсир дорад. Паёмбар (с) фармудаанд: «Агар касе аз шумо касеро дуст дорад, ба хотири Аллох ба хонааш равад ва ба у бигуяд, ки дусташ медорад». Ба шарте ки ин мухаббат факат ба хотири ризогии Аллох бошад, на ба хотири максадхои дуняви хамчун мансаб, мол, шухрат, чамол ва зебои. Хар дусти ва мухаббате, ки ба хотири ?айри Аллох бошад, он бехуда ва дар рузи киёмат сабаби душмани аст.
11. Сифати ёздахум: Мадоро.
Оё аз хунари мадоро чизе медонед? Оё фарки байни мадоро ва риёро медонед? Имом Бухори(р) дар «Сахех»-и худ аз хазрати Оиша (р) ривоят кардааст: «Марде аз Расули акрам (с) барои ба хона дохил шудан ичоза хост. Хангоме ки уро дид, фармуд: Дар миёни хонаводаи худ бад марде аст ва пас аз ин он мард дохил шуд, Расули акрам (с) бо руйи кушода бо у вохурд. Хангоме он мард аз хонаи паёмбар(с) рафт, хазрати Оиша (р) ба паёмбар(с) хитоб карду гуфт: Эй Расули Аллох, он гох ки он мардро диди, чунин ва чунон гуфти, сипас бо кушодаруи бо у бархурд карди? Расули акрам (с) фармуд: Эй Оиша, кай аз ман рафтори носанчидае дидаи? Бадтарин мардум дар рузи киёмат аз руйи манзалат дар назди Аллох касест, ки мардум аз тарси бадиаш аз у дури мечуянд».
Ибни Хачар дар китоби «Фатху-л-бори» гуфтааст, ки ин хадис яке аз усули мадоро аст. Бинобар ин, мадоро ба он маъно аст, ки бо нарми ва кушодаруи бо шахсони бад ва бадзабон бархурд кунед. Бо ин кор аввалан аз бадии забони онхо дар амон мемонед ва низ бо модоро мумкин аст сабаби хидояти онхо шавад. Мадоро танхо дар корхои дуняви ба кор гирифта мешавад. Дар ?айри ин сурат мадоро ба риёкори табдил мешавад. Аз Паёмбар(с) ривоят аст: «Мадоро бо мардум садака аст». Аллох таъоло тавфики амал кардан ба хамаи сифоти исломи бар хамаи мусалмонон насиб бифармояд. Омин!
Фирдавси РАЧАБАЛи
Этот комментарий был удален автором.
ОтветитьУдалитьФарзандатро ба намоз хондан фармон деҳ!
ОтветитьУдалитьМарями Шариф
Эй дурри шараф зи баҳри қавнайн,
Фарзанди азиз қурат-ул-айн.
Бишнав сухани маро, ки панд аст,
Панди падар аст судманд аст.
Агар хоҳем аз ин мавзӯъ чизе донем ва ба аҳамитяи он ошноӣ пайдо кунем, лозим аст, ба суннати паёмбар (с) бипардозем, чунонеки паёмбар (с) фармудаанд: «Фарзандонатонро дар синни ҳафтсолагӣ ба намоз хондан фармоиш диҳед, агар ба синни даҳсолагӣ расиданд ва аз анҷоми намоз сарпечӣ карданд ононро ба хотири ин сарпечияшон бизанед ва бистарҳояшонро аз ҳамдигар ҷудо созед».
Паёмбар (с) худ муаллими ин уммат аст ва моро амр мекунад, ки фарзандонамонро аз синни ҳафтсолагӣ ба намоз хондан одат диҳем, то бар такрори он одат намояд, ва чун ба синни даҳсолагӣ расиданд бояд ононро бо аҳкоми намоз ошно созем.
Паёмбар (с) фармудаанд: «Эй Абӯҳурайра! Хонаводаатро ба намоз амр кун (пас агар чунин кардӣ) Худованд ризқи туро аз ҷое, ки фикрашро намекардӣ мерасонад».
Худованд мефармояд: «Касони худро ба намоз фармон деҳ ва худ дар он кор пофишорӣ кун. Аз ту рӯзӣ намехоҳем. Мо ба ту рӯзӣ медиҳем. Ва оқибати хайр аз они парҳезгорон аст».
(Сураи Тоҳо, ояти 132)
Ҳар гоҳ, ки амр кардани хонавода ба намоз сабаби кӯшоиши ризқу рӯзи аст, пас вой бар касоне, ки худ ва хонаводаашро барои намоз хондан фармоиш намекунад.
Худованд мефармояд: «Сипас касоне ҷонишини инҳо шуданд, ки намозро зоеъ гузоштанд (тарк карданд) ва пайрави шаҳавот гардиданд ва ба зудӣ ба Ғай хоҳанд афтод».
(Сураи Марям, ояти 59)
Ва Худованд мефармояд: «Ва ҳар кас, ки аз ёди Ман рӯй гардонад, зиндагиаш танг шавад ва дар рӯзи қиёмат нобино зиндааш созем».
Сураи Тоҳо, ояти 124)
Таҳияи Марями Шариф
ИЗЗАТИ МУСАЛМОН
ОтветитьУдалитьИдимоҳи Абдураҳмон
Паёмбари Худо (с) фармудааст: «Се фармоишест, ки дар ҳар касе бошад ширинии имонро меёбад. Ин, ки Худованд ва фиристодааш аз ҳар чи ғайр аз он дӯст аст барояш маҳбубтар бошад, ва касеро дӯст бидорад танҳо ба хотири Худованд дӯст дошта бошад, ва аз касе нафрат кунад танҳо нафрат карданаш ба хотири Худо бошад». Паёмбар (с) фармудааст: «Ҳамоно Худованд рӯзи қиёмат мегӯяд, куҷост касоне, ки ба хотири бузургии ман ҳамдигарро дӯст доранд, дар сояи худ онҳоро қарор медиҳам дар ҳоле, ки сояе ҷуз сояи ман нес.»
(Ривояти имом Муслим)
Худованд мефармояд: «…Вале онон, ки имон овардаанд, Худоро бештар дӯст медоранд. Ва он гоҳ, ки ситампешагон азобро бубинанд, дарёбанд, ки ҳамаи қудрат аз они Худост. Ҳар ойна Худо ба сахтӣ уқубат мекунад».
(Сураи Бақара, ояти 165).
Чи касе меҳрубонтар, дилсўзтар ва огоҳтар аз Худованд ба инсон аст?. Паёмбар (с) фармудааст: «Қасам ба он касе, ки ҷонам дар дасти ӯст ҳеҷ кадом аз шумо муъмини комил намешавед, то ин ки ман аз волидайн ва авлод ва ҳама инсонҳо назди ӯ маҳбубтар бошам.» (Ривояти имом Бухорӣ)
Худованд мефармояд: «…Онҳо бо шумо меҷанганд, то агар битавонанд, шуморо аз динатон бозгардонанд. Аз миёни шумо онҳо, ки аз дини худ бозгарданд ва кофир бимиранд, аъмолашон дар дунё ва охират табоҳ шуда ва ҷовидона дар ҷаҳаннам бошанд!».
(Сураи Бақара, ояти 217)
Худованд мефармояд: «Касонеро, ки дар роҳи Худо кушта шудаанд, мурда мапиндор, балки зиндаанд ва назди Парвардигорашон рӯзӣ дода мешаванд. Аз фазилате, ки Худо насибашон кардааст, шодмонанд. Ва барои онҳо, ки дар паяшон ҳастанд ва ҳанӯз ба онҳо напайвастаанд, хушдиланд, ки биме бар онҳо нест ва андӯҳгин намешаванд!. Ононро муждаи неъмату фазли Худо медиҳанд ва Худо подоши муъминонро бекор намекунад.»
(Сураи Оли Имрон, оёти 169-171)
Худованд мефармояд: «Онон, ки аз роҳи Худо рӯй бармегардонанд ва онро каҷравӣ мепиндоранд, (яъне мехостанд, ки бо шубҳаҳо роҳи ҳақро ботил созанд) ва ба қиёмат имон надоранд!»
(Сураи Аъроф, ояти 45)
Худованд мефармояд: «Ва ҳар кас, ки дине ҷуз ислом ихтиёр кунад, аз ӯ пазируфта нахоҳад шуд ва дар охират аз зиёндидагон хоҳад буд.»
(Сураи Оли Имрон, ояти 85)
Худованд мефармояд: «Ҳар ойна дин дар назди Худо дини ислом аст. Ва аҳли Китоб роҳи хилоф рафтанд, аз рӯи ҳасад аз он пас, ки ба ҳаққонияти он дин огоҳ шуданд. Онон, ки ба оёти Худо кофир шуданд, бидонанд, ки албатта ӯ ба зудӣ ба ҳисобашон хоҳад расид.»
(Сураи Оли Имрон, ояти 19)
Худованд мефармояд: «Чӣ касеро сухан некӯтар аз сухани он, ки ба сӯи Худо даъват мекунад ва корҳои шоиста мекунад ва мегӯяд, албатта, ки ман аз мусалмононам?. Хубиву бадӣ баробар нестанд. Ҳамеша ба некӯтарин тарзе посух деҳ, то касе, ки миёни туву ӯ душманӣ аст, чун дӯсти меҳрубони ту гардад. Бархўрдор нашаванд аз ин магар касоне, ки босабр бошанд ва касоне, ки соҳиби насиби бузурганд (имон ва парҳезгорӣ). Ва агар аз ҷониби шайтон гирифтори васвасае гардӣ, ба Худо паноҳ бар, ки албатта, ӯ шунавову доност!».
(Сураи Фусилат, оёти 33-36)
Қиссаи шахсе, ки сад сол мурда буд, боз ӯро Худованд зинда кард
ОтветитьУдалитьИдимоҳи Абдураҳмон
(Қиссаҳои қуръонӣ дар партави Қуръону суннат)
Худованд мефармояд: «Ё монанди он кас, ки ба деҳе расид. Деҳе, ки сақфҳои биноҳояш фурӯ рехта буд. Гуфт: «Аз куҷо Худо ин мурдагонро зинда кунад?» Худо ӯро ба муддати сад сол миронд. Он гоҳ зиндааш кард. Ва гуфт: «Чӣ муддат дар ин ҷо будӣ?» Гуфт: «Як рӯз ё қисмате аз рӯз.» Гуфт: «На, сад сол аст, ки дар ин ҷо будаӣ. Ба таъому обат бингар, ки тағйир накардааст ва ба харат бингар, мехоҳем туро барои мардумон ибрате гардонем, бингар, ки устухонҳоро чӣ гуна ба ҳам мепайвандем ва гӯшт бар он мепӯшонем». Чун қудрати Худо бар ӯ ошкор шуд, гуфт: «Медонам, ки Худо ба ҳар коре тавоност!» (Сураи Бақара, ояти 259)
Муҳаммад Алии Собунӣ муаллифи тафсири «Сафвату-т-тафосир» зимни тафсири ояти мазкур мегӯяд: Рӯзе марди солеҳе бо номи Узайр болои хараш савор аз назди деҳаи Байтулмуқаддас мегузашт. Ин деҳаро подшоҳи золим Бухтунаср хароб намуда, мардумонашро ба қатл расонд, ки сақфу бомҳои хонаҳояш ба замин афтида буд. Устухонҳои мардум пӯсидаву хок шуда буданд. Узайр ба тааҷҷуб худ ба худ гуфт: Худованд аҳли ин деҳаро дубора чӣ тавр зинда мекарда бошад? Албатта ин тааҷҷубаш барои бузургии қудрати Худованд буд, ки чӣ тавр инҳоро дубора зинда мегардонад. Пас, Худованд барои қудрати худро нишон додан Узайрро миронд. Сад сол гузашт, сипас Узайрро дубора зинда гардонид. Худованд ба воситаи фаришта аз Узайр пурсид, ки чанд муддат бар ин ҳол будӣ? Узайр гуфт: як рӯз ё нисфи рӯз. Зеро Худованд Узайрро дар нимарўз миронид ва чун баъди сад сол ӯро дубора зинда кард, бегоҳ наздики ғуруби офтоб буд. Аз ин рў Узайр вақте офтобро дид, ки наздики ғуруб аст, гуфт: як ё нисфи рӯз дар ин ҳол будам. Худованд фармуд: Эй Узайр! Балки ту сад сол мурда будӣ. Оё шак дорӣ нигоҳ кун ба таому нӯшокиҳоят дигаргун нашудаанд.
Баъзе муфассирон гуфтанд, ки ҳамроҳи Узайр аз таом ангуру анҷир ва шарбат буд, таому нўшокиҳояш напӯсида буд. Акнун бубин харатро чӣ тавр пӯсида аст. Устухонҳояш хоку пора-пора шудаанд, Худованд гуфт: Эй Узайр ман ба ту қудрату бузургиямро нишон медиҳам ва ту чун дарсу нишонаи қудрати Худованд барои дигарон боқи мемонӣ.
Сипас, Худованд ба Узайр гуфт: Бубин устухонҳои пӯсидаву парешони харатро чӣ тавр ҷамъ мекунем ва баъд ба онҳо гӯшт мепўшонем ва ӯро зинда мегардонем. Чун Узайр бо чашмони худ дид, ки бо қудрати бузурги Худованд дар як лаҳзаи кӯтоҳ устухонҳои пӯсидаи хараш ба ҳам ҷамъ шуда, дубора зинда мешавад, гуфт: Худоё, ман медонам, ки Ту ба тамоми корҳо қодирӯ тавоно ҳастӣ.
Дарси ибрат:
Худованд бар тамоми кор қодир аст.
Зинда гардонидан баъди мурдан ҳақ ва рост аст.
Он марде, ки ба ӯ ин воқеъа рӯй дод, агарчанд муфассирин номи ӯро нагуфтаанд, лекин аксари муфассирон номи ӯро Узайр гуфтанд.
Дар бораи паёмбарии Узайр донишмандон фикри мухталифро баён намуданд. Лекин қавли аксари донишандон он аст, ки марди муъмину солеҳ буд.
Баъзе пайравони ҷараёни зардуштӣ бар он ақидаанд, ки одами солеҳ рӯҳаш дубора дар тани инсони дигар боз мегардад ва рӯҳи инсони баъд нест мешавад. Ин ақида ботилу беасос ва зидди ақидаи ислом аст. Қуръону суннати Паёмбар (с) ин ақидаи ботилро рад мекунанд. Ақидаи саҳеҳи дини ислом он аст, ки Худованд тамоми инсонҳоро дубора зинда мегардонад, сипас ба ҳукми адлу фаслаш онҳоро подошу ҷазо медиҳад.
Мулҳидон бояд бидонанд, ки Худованд ба ҳама кор қодир аст. Оё он Офаридагоре, ки инсоро аз адам (нестӣ) халқ намуд, дубора онро зинда гардонида наметавонад?
Худованд мефармояд: «Дар ҳоле офариниши худро аз ёд бурдааст, барои мо мисол меорад, ки чӣ касе ин устухонҳои пӯсидаро зинда мекунад? Бигӯ: «Касе онҳоро зинда мекунад, ки дар оғоз офаридааст ва ӯ ба ҳар офаринише доност.» (Сураи Ёсин, оёти 78-79)
МЕДОНИ ДУЪО ЧӢ ТАЪСИРЕ ДОРАД?
ОтветитьУдалитьҚиссаи ҳақиқӣ дар бораи марди оддие аст, ки дар яке аз биноҳо дар минтақаи Ҳарам дар Миср посбон кор мекард. Имкониятҳои моддиаш ниҳоят маҳдуд буданд. Шахсиятҳое, ки мешинохт, низ бар сокинони ҳамин иморат маҳдуд буд. Ӯ як орзӯ дошт, ки умра намояд. Лекин ӯ нағз медонист, ки ин орзӯяш ҳаргиз ҷомаи амал намепӯшад, зеро амалӣ шудани ин орзӯ ба мол ниёз дошт.
Як рӯзе бо
марди калонсоле аз сокинони иморат суҳбати дӯстонае дошт.
Ба ӯ гуфт: Эй фарзандам, ту медонӣ орзӯи ман дар ҳаёт чист? Ин аст, ки умра кунам. Мехоҳам, пеш аз ин ки марг домангирам шавад хонаи Каъбаро бо чашмонам бубинам ва қабри Расули Худо (с)-ро зиёрат намоям. Ана ҳамин орзӯи ман дар ин ҳаёт аст.
Он мард ба ӯ гуфт: Агар Худо бихоҳад амалӣ мешавад.
Ба ӯ гуфт: Эй фарзандам, чигуна ин амалӣ мешавад? Ин муҳол аст. Ман чизе надорам.
Он мард гуфт: Ту танҳо Парвардигорамонро дуъо мекуни.
Ба ӯ гуфт: Яъне чӣ?
Гуфт: Дуъо кун. Дуъо иҷобатшаванда аст.
Ва гуфт: Баъзе оятҳоеанд, ман онҳоро барои шавқманд кардани шумо бар ин фаризае, ки аз баъзе нафарҳо фаромушт шудааст, мехонам . Аз он ҷумла: “Оё кист, ки дуъои музтарро (дармондаро) –чун ӯро бихоҳад- иҷобат мекунад ва бадиро дур мегардонад ...” Намл: ояти 62. “Ва Парвардигоратон фармуда, ки маро бихонед, ман барои шумо иҷобат мекунам”, “Ва вақте бандагонам туро аз ман пурсиданд, ҳамоно Ман қариб ҳастам, дуои хонандаро, вақте маро даъват карда бошад, қабул мекунам”.
Он мард ба ин кор шавқманд гардид ва чунин қарореро дар дил парваронид, ки акнун дуъо мекунад. Як сол гузашт, ӯ ҳоло ҳам дуъо мекард ва аз ин кораш малол ва хаста намешуд. Як маротиба намози ҷумъаро дар яке аз масоҷид мегузорид ва дар аснои саҷда кардан дуъо мекард ва дар дуъояш исрор меварзид. Ин буд, ки садояш аз шиддату сахтии сузишу шавқи орзӯяш ба умра кардан, каме баланд шуд. Ӯ дар ин ҳолат чунин дуъоро такрор мекард: Эй Парвардигори ман! Эй Парвардигори ман! Маро ба умра бибар. Эй Парвардигори ман! Бар ман ба умра кардан миннат бинеҳ. Вақте аз намозаш фориғ шуд, мардеро ки дар паҳлӯяш намоз мегузорид, дид ки ба ӯ салом медиҳад ва ба ӯ мегуяд: Ту умра рафтан мехоҳӣ? Ман туро шунидам, ки дар дуъоят чунин дуъо мекардӣ.
Ба ӯ гуфт: Эй кош.
Гуфт: Ман туро ба умра равона мекунам ва бароят визаро ҳозир менамоям, балки ҳатто туро меҳмондорӣ низ мекунам.
Он мард ба ӯ гуфт: Ту кистӣ?
Гуфт: Ман консули Мамлакати Саъудӣ ҳастам.
Субҳоналлоҳ! Консули Саъудӣ дар ин масҷид намоз мехонад ва махсус дар паҳлӯи ин мард, то дуъоеашро, ки дар осмонҳо як сол пеш инҷониб навишта шудааст, бишунавад. Зеро ӯ аз дуъо кардан ва исрор варзидан барои Парвардигори осмон, ки консули Саъудиро ба ин макон овард, хаста ва малол нашуда буд. То ки ӯ сабаб дар иҷобати дуъои ин мард бошад. Дар вақте, ки шахсиятҳои калон дар масъалаи бо консули Саъудӣ алоқа кардан, дучори мушкилиҳо мешуданд.
Бинобар ин ҳамеша Худоро, дар ҳолати фурӯтанӣ ва бо исрор, дуъо кун. Ва вақтҳои иҷобати дуъоро ҷустуҷӯ намо, орзӯҳои шуморо Худованд иҷобат мекунад.
А. Холид
Боре ҳазрати Муҳаммад (с) Абузарри Ғифориро пурсиданд: «Ё Абузарр, оё ба ту ду сифатро гӯям, ки аз ҳар чизи сабук дида осонтар нигоҳ дошта хоҳанд шуд? Ҳол он ки дар мизон (тарозуи аъмол)-и онҳо аз ҳар чизи дигар вазнин хоҳанд буд».
ОтветитьУдалитьАбузарр гуфт: -Албатта, маро дар бораи ин сифатҳо огоҳ кунед.
Расули Худо (с) фармуданд: Туро лозим аст, ки хушахлоқ бошӣ ва бештар хомӯш монӣ. Зеро қасам ба Оне, ки ҷони ман дар кафи Ӯст, чизе одамонро ғайри ин ду хислат зинат намебахшад».
Барои аҳли ҷомеаи мо имрӯз ҳамин чиз, яъне хушахлоқӣ намерасад. Бисёриҳо бо ҳамдигар бо дағалию бадзабонӣ ва киноя муносибат мекунанд. Кош онҳо аз ҳикмати ин ҳадиси Пайғамбари Акрам (с) огоҳ шуда, ба он амал мекарданд: «Ахлоқи накӯ ба зиёд шудани (хайр) мусоидат мекунад. Аммо ахлоқи бад бадбахтист. Парҳезгорӣ умрро дароз мекунад. Садақа аз марги бад нигоҳ медорад».
Бозгашт ба сӯйи Худованд.
ОтветитьУдалитьРӯзе, ки аъмоли инсон ба ӯ нишон дода, аз ӯ суол карда шавад, гиря ва пушаймонӣ фоидае надорад.
Рӯзе, ки инсон мегӯяд: «эй кош барои зиндагии абадиям тӯшае мефиристодам»… орзу мекунад, ки ба дунё бозгардад, то барои ибодати Худо талош кунад… вале чи касе метавонад ин фурсатро ба ӯ бидиҳад….дунё дигар барои ӯ тамом шудааст…ҳоло вақти онаст, ки посухи неъматҳои бешумори илоҳиро пас диҳад…вақте ба қатори неъматҳои илоҳӣ нигоҳ мекунад, аз худ мепурсад ин ҳама неъмат барои ман будааст… онгоҳ саҳифаи неъматҳои илоҳиро ба диққат мутолиа мекунад
Неъмати ақл
-саломатӣ
- биноӣ
-шунавоӣ
-бӯёӣ
-чашоӣ
-тафаккур
-роҳ рафтан
-нафас кашидан
-хоб рафтан
-шаҳват
То ин ҷо расида, дигарашро намебинад, зеро ба фикри он меафтад, ки дар муқобили ин ҳама неъмат ӯ чи амале барои худои худаш кардааст? Онгоҳ орзу мекунад, ки як бори дигар ба дунё баргардад, вале афсӯс….
Чи қадар гуноҳ кардаӣ ?.. чи қадар нофармонӣ? Чи қадар кори имрӯзро ба фардо гузоштаӣ? Оё фурсат надоштӣ? Гумон кардӣ, ки чун ҷавонӣ нахоҳӣ мурд? Саломатиат фиребат дод? Моли дунё мағрурат кард? Мансабу мақомат туро ғофил сохт?
ОтветитьУдалитьБинобарин фаромӯш кардӣ! Сафарро фаромӯш кардӣ ! Қабрро фаромӯш кардӣ ! Маргро аз ёд бурдӣ ! Худоро итоат накардӣ! Ибодати Худоро ба ҷо наовардӣ!
Ҳоло худатро дар муқобили азобҳои илоҳӣ фикр кун ва ба ин суоли ман аз рӯйи имон ва инсофат посух бидеҳ!
Агар дар ҳамон рӯзи сахт тамоми дунёро медоштӣ, чӣ қадар медодӣ то аз азоб наҷот пайдо кунӣ?
Оре, ҳама ва ҳамаро медодӣ, то наҷот ёбӣ. Пас аз имрӯз ба фикри он рӯз бош то бо афсӯсу ҳасрат ба имрӯзат нигоҳ накунӣ!
Огоҳ бош! Биандеш ва бикӯш, то дар он макони торику зулмонӣ, танҳо ва ғариб ва меҳмони нохонда набошӣ!
Он ҷойе ки ё боғчае аз биҳишт ё чуқурие аз дузах хоҳад шуд!
ОтветитьУдалитьПас ин достонро бихон ва аз он тӯшае барои худ бардор.
Ҷавоне аз як хонаводаи сарватманд дар ҷойе зиндагӣ мекард, ки ҳамаи васоили зиндагӣ барояш фароҳам буд ва бе ҳеҷ тарсе даст ба гуноҳ ва бадахлоқӣ мезад. Аз корҳои худ хушҳол ва сархуш буд ва бо онҳо ифтихор мекард. Аз дунё чизе намефаҳмид, ба ҷуз корҳое, ки Худояшро ба ғазаб меоварданд.
Аммо дар ҳамсоягии он ҷавон, ҷавони дигаре мезист, ки ба ҷуз ибодат ва даъват ба корҳои хайр чизи дигареро намедонист. Бо марҳамати Худованд ин ду ҷавон бо ҳам ошно шуданд. Ҳар кадом ба фикри ин буд, ки рафиқашро ба роҳи худ даъват кунад. Муъмин ҳамеша аз неъматҳо ва раҳмати илоҳӣ сухан мегуфт ва гунаҳкор аз дискатекаву боғҳои ишрати худ ҳарф мезад.
То он ки дар яке аз рӯзҳо ин дӯстон қарор гузоштанд, ки ба сайру гашт бираванд…
Ҳарду мунтазири болобар(лифт) буданд, вале он ба зудӣ поён наомад ва ҷавони мусулмон хост бинад, ки чи мушкиле дар он вуҷуд дорад. Ҳамин ки бо зӯр дарро каме боз карданду сарашро ба дохил бурд болобар бо суръати тамом ба сари он ҷавон фуруд омад ва сарашро аз тан ҷудо намуда, ба поин бурд ва тани хунолудаш дар бағали дӯсти гунаҳкораш боқӣ монд, аммо рӯҳи боландааш ба сӯйи биҳишти Худои раҳмон ба парвоз даромад.
Ҷавони гунаҳкор то ба худ омад ва тани хунолуди дӯсташро дар оғӯш дид, монанди падаре, ки фарзандаш ва модаре, ки ҷигаргӯшаашро аз даст дода бошад, гиря мекард ва фарёд мезад. Бародарам, азизам, чӣ гап шуд?
Ба хона баргашт, дар ҳоле ки гиря мекард ва аз он чи аз даст дода буд ҳасрат мехӯрд. Шабу рӯз ба гуфтаҳо ва амалҳои дӯсти аз даст рафтааш фикр мекард. Аммо аз ҳама бештар ин суол зеҳни ӯро ба худ машғул карда буд, ки агар ба ҷойи ӯ ман сарамро дохил мекардам ва мемурдам, имрӯз ҷойи ман куҷо буд? Ҷойи дӯсти ман ҳатман дар биҳишт аст, аммо агар ман мемурдам ҷоям куҷо буд?
Ин афкор боис шуд ки ҳолаташ аз шодӣ ба андӯҳ , аз дискатека ба масҷид ва аз мусиқиҳои лаҳву беҳуда ба хондани Қуръон табдил ёбад.
Дар яке аз рӯзҳо тасмим гирифт, ки ба умра биравад ва бархе аз дӯстонашро бо худ ва бо пули худаш бибарад.
Онҷо дар назди Каъба, бо садои баланд мегирист ва мегуфт: «ба худоям чи бигӯям….? Чи кор кунам, вақте ки дар пешгоҳи Худованд ҳозир шавам»….? Ва зор-зор гиря мекард. Монанди касе, ки дар ҳамон рӯз фарзандашро аз даст дода бошад.
Дӯстонаш мегӯянд: «мо ҳамон рӯз дар Макка роҳ мерафтем, гап мезадем, шухӣ мекардем ва механдидем, аммо ӯ сухан мегуфт ва чашмонаш пур аз ашк буд. Сухан мегуфт ва суханаш зикри Худо буду истиғфор. Ҳамеша мегуфт: «Худо раҳматат кунад, эй дӯсти ман! Агар он рӯз ман ба ҷойи ту мемурдам ҳозир чи коре мекардам? Аз Худо мехоҳам маро ба ту бипайвандад, сахт муштоқи дидори туам».
Аз ӯ суол мекардем он шахс кист? Мегуфт: «касе, ки бо маргаш маро ба ин роҳ даъват кард. Касе, ки маргаш сабаби ҳидояти дигарон бошад, ҷойгоҳ ва мақомаш дар он дунё қобили васф нахоҳад буд».
Суханонаш тамом нашуда буд, ки ногоҳ аз болои сохтмоне санге ба сараш афтод ва дар ҳоле ки лабханд мезад гуфт: «бароям дуо кунед ҳамон тавр, ки барои бародарам дуо кардам». Бо ин сухан паррандаи зебои рӯҳи латифаш ба сӯйи боғҳои ҷаннат ба парвоз даромад, то дар он макони абадӣ бо он дӯсти қадимии исломӣ хушҳолу ором бошанд.
Умедворем, ки хонандаи нуктасанҷ худ азин достон бори маънӣ барчинад ва дарси ибрат баргирад.
Зане ба ҳузури Довуд (а) омад ва гуфт: Эй пайғамбар, Худои Парвардигори ту золим аст, ё одил?
ОтветитьУдалитьДовуд (а) фармуд: Худованд одиле аст, ки ҳаргиз зулм намекунад.
Сипас фармуд: Магар чи ҳодисае ба ту рух додааст, ки ин саволро мекунӣ?
Зан гуфт: Ман бевазан ҳастам ва се духтар дорам, бо дастам ресандагӣ мекунам, дирӯз шоли бофтаи худро дар миёни порчае гузошта будам ва ба тарафи бозор мебурдам, то бифурушам ва бо пули он ғизои кӯдаконамро таҳия созам. Ногаҳон паррандае омад ва он порчаро аз дастам рабуд ва тиҳидасту маҳзун мондам ва чизе надорам, ки маоши кӯдаконамро таъмин намоям.
Ҳанӯз сухани зан тамом нашуда буд, ки дари хонаи Довуд (а)-ро заданд, ҳазрат иҷозаи ворид шудан ба хонаро дод. Ногаҳон даҳ нафар тоҷир ба ҳузури Довуд (а) омаданд ва ҳар кадом сад динор(ҷамъан ҳазор динор) назди он ҳазрат гузаронд ва арз карданд: Ин пулҳоро ба мустаҳақаш бидиҳед. Ҳазрати Довуд (а) аз онҳо пурсид: Иллати ин ки Шумо дастаҷамъи ин маблағро ба ин ҷо овардаед, чист? Арз карданд: мо савори киштӣ будем, тӯфоне бархост, киштӣ осеб дид ва наздик буд ғарқ гардад ва ҳамаи мо ба ҳалокат бирасем, ногаҳон паррандае дидем, порчаи сурхбастае ба сӯи мо андохт, онро гушудем, дар он шоли бофта дидем, ба василаи он мавриди осебдиди киштиро маҳкам бастем ва киштӣ бехатар гардид ва сипас тӯфон ором шуд ва ба соҳил расидем ва мо ҳангоми хатар назр кардем, ки агар наҷот ёбем ҳар кадом сад динор бипардозем ва акнун ин маблағро, ки ҳазор динор аз даҳ нафари мост ба ҳазрат овардаем то ҳар киро бихоҳӣ ба ӯ садақа бидиҳӣ.
Ҳазарти Довуд(а) ба зан мутавваҷеҳ шуд ва ба ӯ фармуд: Парвардигори ту дар дарё барои ту ҳадя мефиристад, вале ту ӯро золим мехонӣ? Сипас ҳазор динорро ба он зан дод ва фармуд: Ин пулро дар таъмини маоши кӯдаконат масраф кун, худованд ба ҳол ва рӯзгори ту, огоҳтар аз дигарон аст.
Қиссаи як қассоб.
ОтветитьУдалитьРӯзе ҳазрати Мӯсо (а) аз дил мегузаронданд, ки агар ҷои ман биҳишт бошад, бо кӣ ҳамсӯҳбату ҳамқисмат мешуда бошам?
Аз Худованд нидо омад, ки бо қассобе. Мӯсо (а) пурсид: «Чаро бо қассоб?» ҷавоб омад: «Бирав, бубин он қассобро». Ҳазрати Мӯсо (а) ба шаҳри он қассоб рафта, ӯро машғули касбу кораш дид ва санҷид; кораш аз дигарон фарқе надорад. Худро мусофир нишон дода ба қассоб гуфт: «Эй бародар аз роҳи дурр омадаам, имшаб маро меҳмон намекунӣ?» Қассоб ба ҷону дил розӣ шуда Мусоро ба хонааш бурд ва меҳмондорӣ кард, худаш ба хонаи дигар гузашта сабадеро аз шифти хона гирифт, ки дар даруни сабад пиразане нишаста бисёр оҷизу нотавон. Қассоб бо меҳру муҳаббат ва навозишҳои зиёде дасту рӯй ва пойҳои он пиразанро шуста, меҳрубониҳо намуда, ба ӯ хӯрок медиҳад ва боз сабадро беозор ба ҷояш меовезад. Аз ин кори қассоб Мӯсоро аҷаб меояд ва оҳиста ба сабад наздик шуда мепурсад: «Эй модар, шумо кистед ва чаро дар чунин ҳол ҳастед?» пиразан ба Мӯсо мегӯяд: «Эй марди мусофир, бидон, ки ман модари ин қассобам ва ӯ писари ман аст. Солҳои зиёд аст , ки дар бистари беморӣ қарор дорам ва писарам намегузорад, ки гурусна монам, хору зор шавам ва ман ҳамеша аз даргоҳи илоҳӣ ҳамин дуоро талаб дорам, ки фарзанди маро биҳиштӣ гардонад ва бо Мӯсо (а) ҳамсӯҳбату ҳаммакон намояд». Аз ин суханон Мӯсо (а) гирён шуда мегӯяд: «Эй модар шодиёна бидеҳ, ки дуоят мустаҷоб шуд. Манам он Мусо паёмбари Худо».
Зане назди Умар (р) омада, аз шавхари худ шикоят намуда, аз халифаи мусалмонон талаб намуд, ки уро талок дихад. Умар (р) мардеро назди шавхари У равон карда, назди худ хонд. Шавхари зан омад ва Умар (р) уро дид, ки либосхои даридаву фарсуда ва муйи жулида дораду ба покии бадану сару либоси худ бепарво аст. Пас Умар (р) асхоби худро амр намуд, то он мардро бурда сару либосашро дигар кунанд ва ба У бигуянд, то гармоба равад ва муйи сарашро ба тартиб дарорад ва ба худ ахаммият дихад. хангоме ки мард ин фармудахоро ичро кард, Умар (р) уро назди хамсараш даровард. Вакте ки назди хамсараш ворид шуд, дар лахзаи аввал хамсараш уро нашинохт ва аз у хаё намуд. Мард гуфт: ман шавхари ту хастам, оё маро намешиноси?! Чун зан бо диккат назар кард, шавхарашро шинохт ва хушнуд шуд. Зан дарк намуд, ки амирулмуъминин Умар (р) сабаби ислохи шаклу андоми шавхараш ва ислохи холи хардуи онхо шудааст. Умар (р) дар он хангом фармуд: «Савганд ба Худо (ч ч), хамоно занхо дуст доранд, ки шумо мардхо барояшон худро зинат дихед, хамчуноне шумо мехохед, ки онхо бароятон худро зинат диханд». хамоно дини мубини Ислом дини покию назофат ва интизом аст, мову шумо мардону занонро ба ахаммият додан ба покию назофат ва хайати зебо амр мекунад. Паёмбари гироми (с) мефармоянд: «Шахсе, ки дорои муйи дароз бошад, пас бояд онро нигохубин намояд». (Ин хадисро Молик ривоят кардааст) Яъне ба покию тозагии он ахаммият дихад, онро шона занад. Худи Паёмбар (с) дар чашмаи об нигариста муяшро шона мезад, яъне чашмаи обро хамчун ойина истифода мебурданд. Паёмбар (с) аз бехтарин хушбуихо истифода мебурд. Пайомбари Акрам (с) ба ёрони худ мефармуд, ки ба касе аз онхо хушбуие пешниход карда шавад, набояд онро рад намояд: «Шахсе, ки ба У райхон пешниход карда шавад, набояд онро рад намояд, зеро он буйи хуш дорад». (Ин хадисро Муслим ривоят кардааст)
ОтветитьУдалитьРӯзе дар назди ҳазрати Оиша(р) як зани мусалмон ҳозир шуда гуфт: эй Оиша(р) маро барои зиёрати марқади мубораки паёмбар(с) бибар! Ҳазрати Оиша(р) ҳуҷраи муборакро, ки дар он қабри он ҳазрат(с) буд кушода, он занро даровард. Баъд он зан зиёрат карда, ба гиристан оғоз кард ва он қадар гирист, ки дар вақти гиристан вафот кард.(Хамис) Бародарон ва хоҳарони исломи, оё ба монанди ин қисм муҳаббат ва ишк дар кадом ҷое ёфта мешавад ба хотире ки он зани мусалмон тоқати зиёрати марқади он ҳазрат(с)-ро накарда дар ҳамон ҷо ҷон дод.
ОтветитьУдалитьҚисса; Ҳазрати Ҳаким бини Ҳизом(р) як саҳобаи машҳур аст. Рӯзе ӯ ба назди Паёмбар(с) ҳозир шуда, аз ӯ чизе талаб кард ва он ҳазрат(с) барояш дод. Бори дигаре дар дигар ҷой аз Паёмбар(с) чизе талаб кард ва Паёмбар(с) барои ӯ дод. Мартабаи сеюм аз он ҳазрат(с) чизе талаб кард ва Паёмбар(с) ин дафъа низ ба ӯ он молро дод ва баъд аз он ба ӯ фармуд; эй Ҳаким ин мол бисёр як чизи сарсабз аст дар зоҳир бисёр чизи ширин дида мешавад, лекин қонун ин аст, ки агар ин мол ба истиғнои(бениёзӣ) дил барои инсон муясар шавад боз дар он баракат хоҳад буд ва агар бо ҳамроҳии тамаъ ва ҳирс ба даст ояд дар он баракат намебошад ва мисоли ин ба монанди бемории ҷуъ- ул- бақар аст, ки ҳарчанде, ки бихӯрад боз ҳам сер намешавад. Ҳазрати Ҳаким бини Ҳизом(р) гуфт: ё расулаллоҳ(с) акнун баъд аз фармудаи шумо аз касе чизе талаб намекунам.
ОтветитьУдалитьБаъд аз вафоти Паёмбар(с) ҳазрати Абубакр(р) ирода кард, ки барои ҳазрати Ҳаким бини Ҳизом(р) ба қадре аз байт-ул-мол чизе бидиҳад, лекин Ҳаким бини Ҳизом(р) рад кард. Баъд аз он ҳазрати Умар(р) дар даврони хилофаташ барои ӯ чанд бор пешкаши мол кард ҳазрати Ҳаким бини Ҳизом(р) боз ҳам инкор мекард ва намегирифт. (Бухорӣ) Ҳамин сабаб аст, ки имрӯз дар молҳои мо ва шумо баракат нест, ба хотире, ки дар чоҳи ҳирсу тамаъ ва гарданкаҷӣ афтодаем.
Қисса; Дар ҷанги Уҳуд дар чеҳраи мубораки Паёмбар(с) ва ё дар сари мубораки он ҳазрат(с) ду ҳалқаи кӯлоҳи оҳанин даромада буд. Дар он вақт аз як ҷониб ҳазрати Абубакри Сиддиқ(р) ва аз дигар ҷониб ҳазрати Абу Убайда(р) давида ба пеши рӯи он ҳазрат(с) омаданд ва он ҳалқаҳоро бо дандонҳои худ ба кашидан шурӯъ карданд. Чунончи яке аз он ҳалқаҳоро ҳазрати Абу Убайда(р) аз сар ва чеҳраи он ҳазрат(с) кашида баровард, ки аз сабаби он як дандонаш шикаст боз ҳам парвои онро накард боз дар кашидани ҳалкаи дуюм низ дандони дуюми ӯ ҳам шикаст, лекин ҳалқаи дуюмро ҳам аз сари мубораки он ҳазрат(с) кашида баровард. Пас аз сабаби кашида баровардани ин ҳалқаҳо аз сару рӯи мубораки он ҳазрат(с) хун мебаромад. Дар он вақт падари ҳазрати Абу Саъиди Худрӣ Молик бини Синон(р) бо лабҳои худ аз сару чеҳраи он ҳазрат(с) хунҳоро мелесиду мехӯрд. Дар ин мавқеъ ҳам Паёмбар(с) фармуданд, ки дар хуни касе, ки хуни ман як ҷо шавад оташи дӯзах ба он расида наметавонад.(Қуррат-ул-ъуън, Фазоили аъмол280)
ОтветитьУдалить➡️Қиссаи имоми ҳафтсола. Ҳазрати Умар бини Салма(р) мегӯяд мо бо ҳамроҳии қавмамон дар як ҷониби роҳи рафту омади Мадинаи мунаввара зиндагӣ мекардем ва тамоми рафту омади мардум аз пеши рӯи мо мегузашт ва мо ҳамеша мардумоне, ки аз Мадина меомаданд аз онҳо аз ҳолоти мардуми он ҷо мепурсидем, ки ҳоли мардум чи гуна аст ва он шахсе, ки даъвои паёмбарӣ дорад ӯ дар кадом ҳолат аст? Мардумон дар бораи он мегуфтанд, ки он шахс мугӯяд, ки аз тарафи Худованд барои ман ваҳй ва инчунин оятҳо нозил мешавад. Ман дар он вақт бачаи хурдсол будам аз ҳамин ҷиҳат онҳо чизе ки он ҳазрат(с) мегуфтанд ман онро дарҳол ёд мекардам ба ҳамин хотир ман пеш аз мусалмон шуданам бисёр ҳиссае аз Қуръони каримро ёд карда будам.Он вақт тамоми мардумони араб барои дар ислом дохил шудан дар интизори мардумони Маккаи мукаррама буданд. Пас замоне, ки Маккаи мукарррама фатҳ шуд дар он вақт мардумон гурӯҳ-гурӯҳ омада, дар ислом дохил мешуданд. Он вақт падари ман ҳам бо ҳамроҳии чанд каси дигаре аз қавмамон ба ҳайси намояндаи қавм дар назди Паёмбар(с) ҳозир шуд ва он ҳазрат(с) барои падарам ҳукмҳои шариат ва намозҳоро бо ҷамоат омӯзонда, фармуданд, ки дар байни шумо кадом касе, ки Қуръони каримро зиёд ёд дошта бошад ҳамон кас имоматии шуморо кунад беҳтар аст. Пеш аз ин ман, ки аз рафту омадкунандагон ҳар чизеро, ки мешунидам онро ёд мекардам ба ҳамин хотир аз ҳама зиёд Қуръони каримро ёд доштам. Баъд дар миёни қавми мо кофтуков карда шуд ва ҳеҷ касе пайдо нашуд, ки ба монанди ман Қуръони каримро зиёд ёд дошта бошад. Пас ба ҳамин хотир маро имом муқаррар карданд, ки дар он вақт умри ман шаш ва ё ҳафтсола буд. Пас аз ин ҳар вақте ки намози ҷамоат мешуд ва ё ин ки намози ҷаноза маро пеш медароварданд. (Бухорӣ ва Абу Довуд)
ОтветитьУдалитьҚисса; Як рӯз Расули Акрам (с) тавофи Каъба мекард. Дид, ки шахсе даст дар ҳалқаи дари Каъба зада мегуфт: «Худовандо, ба иззати ин хона гуноҳи маро биёмурз».
ОтветитьУдалитьРасул (с) аз ӯ пурсиданд:
-Гуноҳи ту чист?
гуфт: -Гуноҳи ман чунон бузург аст, ки васф карда намешавад.
Паёмбар гуфтанд:
-Гуноҳи ту бузург аст ё замин?
-Гуфт: гуноҳи ман.
-Боз гуфтанд: гуноҳи ту азимтар аст ё арш?
-Гуфт: гуноҳи ман.
Боз гуфтанд:
-Гуноҳи ту бузургтар аст ё Ҳақ Таъоло?
-Гуфт: Ҳақ Таъоло.
Паёмбар гуфтанд: Пас гуноҳи ту чист, ки ин қадар аз раҳмати Худованд ноумед шудаӣ?
-Гуфт: моли бисёр дорам, аммо вақте гадое меояд, гумон мекунам, ки оташе омаду дар ман меафтад ва як тангаро аз дил берун карда бахшида наметавонам.
Расул(с) гуфтанд:
Дур шав аз ман, то маро низ ба оташи худ насӯзӣ. Қасам ба он Худое, ки маро ба роҳи рост фиристод, агар миёни хонаи Каъба ҳазор сол намоз хонӣ ва чандон гиря кунӣ, ки аз оби чашмат ҷӯй равон шавад ва дарахтон бирӯяд ҳам, ҷои ту дӯзах аст.
Зеро бахил нотавонбин аст. Ҳаёти худро дар фикри дигарон сипарӣ мекунаду аз ҳаёти худ лаззате намебарад.
Яҳё ибни Закариё (а) шайтонро диду гуфт:
-Кадом касро душман медонӣ ва кадом касро дӯст медорӣ?
-Шайтон гуфт:
-Порсои бахилро дӯст медорам, ки ҷон меканаду ибодат мекунад ва бахилиаш қиммати ибодати ӯро бекор мегардонад. Ва фосиқи саховатмандро бад мебинам, ки хуш мегардаду хуш мепӯшад ва метарсам, ки Ҳақ Таъоло бо сабаби саховати вай ӯро раҳмат мекунад ва ҳидоят медиҳад.
➡️Қиссаи кушта шудани Абуҷаҳл. Ҳазрати Абдураҳмон бини Авф(р), ки яке аз саҳобаҳои машҳур аст мегӯяд ман дар вақти ҷанги Бадр дар сафи муҷоҳиддин истода будам, дар он вақт ман дидам, ки дар ҳар ду ҷониби чапу рости ман ду писарбачаи ансорӣ истода буданд. Ман бо худам гуфтам ки агар дар миёни мардумони калонсол ва тоқатовар мешудам беҳтар буд ба хотире, ки дар вақти ҷанг яке мадади дигареро мекардем. Пас ин ду писарбачаи хурд ки дар ҳар ду ҷониби ман ҳастанд инҳо чӣ мадад карда метавонанд. Пас дар ҳамин ҳолат будам, ки яке аз он ду писарбачаи хурдсол аз дасти ман гирифта гуфт:- Амакҷон ту Абуҷаҳлро мешиносӣ? Ман гуфтам, бале мешиносам, чаро? Он ду писарбачаи ансорӣ гуфтанд, ки ман шунидам, ки ӯ дар шаъни Паёмбар(с) беадабӣ ва беэҳтиромӣ кардааст. Баъд аз он он кӯдак гуфт; Қасам ба он зоте ки ҷони ман дар дасти ӯст, агар ман уро бубинам ман аз ӯ ҷудо нахоҳам шуд то вақте ки ӯро бикушам ва ё худ кушта шавам. Он вақт ман ба савол ва ҷавоби он кӯдак тааҷҷуб кардам. Пас ҳамин буд ки кӯдаки дуюм ҳам аз ман ҳамин савол ва ҷавобро кард. Баъд аз он вақте ки ҷанг оғоз шуд, ногаҳон дидам, ки Абуҷаҳл дар майдон медавид ва ман барои он ҳар ду гуфтам, ки он касеро, ки шумо мебинед ба он тарафи майдон медавад ҳамон аст он Абуҷаҳле ки аз ман пурсида будед. Пас он ҳар ду кӯдаки ансорӣ вақте ки ӯро диданд дарҳол шамшерҳои худро гирифта, ба тарафи ӯ давида рафтанд ва муҷарраде, ки ба назди ӯ расиданд бо шамшерҳои худ бар болои ӯ ҳамла карданд, ҳатто ки ӯро ба қатл расониданд. Ин ҳар ду писарони Маъоз ибни Афроа(р) буданд. (Бухорӣ).
ОтветитьУдалитьРизояти Худо, гуворотар аз биҳишт
ОтветитьУдалитьДар ривояте аз имом Саҷҷод(а) дар зейли ояи 72 сураи Тавба омада аст:
"Ҳангоме, ки биҳиштиён дар биҳишт ҷой гирифтанд ва дустони Худо ба боғҳо ва хонаҳои худ дарояд ва ҳар муъмине бар тахташ такя занад, хидматгузоронаш дар гирди ӯ ҳалқа мезананд ва шохаҳои пурмеваро ба тарафи ӯ хам мекунанд ва чашмасорҳо дар атроф шуруъ ба чушидан мекунад ва аз зери тахт ва боргоҳи ӯ рудҳо ҷараён меёбад ва барояш фаршҳо паҳн мекунанд ва пуштиҳо гузошта мешавад ва ҳарчиро ки бихоҳад, пеш аз он ки ба забон биёварад, хидматгузорон барояш ҳозир мекунанд ва аз биҳиштҳо ҳурулъайн барояш меоваранд ... то он ки Худои Ҷаббор барои онҳо таҷалли намуда, мефармояд: Эй дустон ва итоаткунандагони ман, эй сокинони биҳиштам, ки дар ҷивори ман ҷой гирифтаед, оё шуморо ба беҳтар аз ончи дар он ҳастед, огоҳ кунам? Биҳиштиён гуянд: Парвардигоро, чи чизе беҳтар аз ин ҳоле аст, ки дар онем?! Аз неъматҳо, ҳарчи бихоҳем ва чашм аз он лаззат барад, дар канори бузургвории ту мавҷуд аст. Худованд, ҳамон парастишро бори дигар такрор мекунад. Онгоҳ биҳиштиён гуянд: Парвардигоро оре, беҳтар аз ин ҳолатеро, ки дар он ҳастем, ба мо иноят фармо. Пас Худованд мефармояд: Хушнудии ман аз шумо ва инки шуморо дуст дорам, аз ончи шумо дар он ҳастед, беҳтар ва бузургтар аст. Пас биҳиштиён арз мекунанд: Оре, эй парвардигор, хушнудии ту аз мо ва инки ту моро дуст дори, барои мо беҳтар ва барои ҷонҳоямон гуворотар аст".
Тафсири Аёшӣ, ҷ 2, саҳ 242.
➡Қиссаи ҳолатҳои намозҳои ҳазрати Абу Бакр(р), ҳазрати Алӣ (р), ҳазрати ибни Зубайр (р), ва ғайра(р). Муҷоҳид (р) ҳаёти ҳазрати Абу Бакри Сиддиқ (р) ва Абдуллоҳ бини Зубайр (р)-ро нақл карда мефармояд, вақте ки ишон дар намоз истод мешуданд, ин тавр маълум мешуданд, ки гӯё дар замин як сутуни чӯбӣ зада шуда бошад, яъне ҳеҷ аз ҷойяшон ҳаракат намекарданд. Ҳазрати ибни Зубайр (р) тариқаи намоз хонданро аз ҳазрати Абу Бакри Сиддиқ (р) омӯхта буд ва ҳазрати Абу Бакр (р) аз ҳазрати Муҳаммад (с).
ОтветитьУдалитьШахсе мегӯяд, вақте ки ҳазрати ибни Зубайр (р) саҷда мекард он қадар дар саҷда мемонд, ки беҳаракат мегардид, дар он вақт гунҷишкҳо омада бар пушташ менишастанд ва дар баъзе вақтҳо он қадар рукуъашро дароз мекард, ки тамоми шабро дар рукуъ мегузаронид, ҳатто ки субҳ медамид ва дар баъзе вақтҳо он қадар дар саҷда мемонд, ки тамоми шаб мегузашт. Боре ӯ дар намоз буд, дар он вақт дар наздаш писараш, ки номи ӯ Ҳошим буд хобида буд, ногаҳон аз болои хона як море афтида, бар баданаш часпид, чунончи писараш дар он вақт фарёд кард ва тамоми хонаводаи ӯ омада доду фарёд карда, он морро куштанд, баъд аз он ҳазрати ибни Зубайр (р) бо итминон намозашро хонда, салом дода пурсид, ки овозе ба гӯшам мерасид он чи буд? Ҳамсараш ба ӯ гуфт; Худо бар ту раҳм кунад қариб буд, ки ҷони бачаам мебаромад ва барои ту ҳеҷ маълум ҳам нест. Ҳазрати ибни Зубайр (р) фармуданд, ки агар вақти намоз ман ба дигар тараф нигоҳ мекардам, пас намоз кай боқӣ мемонд.
Дар охири ҳаёти ҳазрати Умар (р) вақте ки ӯро ба ханҷар зада шуд ва хун аз бадани ӯ ҳамеша мерафт, ки аз сабаби он вафот кард. Чунончи дар бисёри вақтҳо беҳуш мешуд, аммо боз ҳам вақте ки намоз дар ёдаш меомад ба ҳамон ҳолат намозро мехонд ва чунин мефармуд, ки дар ислом ҳеҷ ҳиссае барои он касе нест, ки намозро нахонад.
Ҳазрати Усмон (р) тамоми шабро дар бедорӣ мегузаронид ва дар як ракъати намози витр тамоми Қуръони каримро хатм мекард.
Одати шарифи ҳазрати Алӣ (р) ин буд, ки чун вақти намоз дохил мешуд дар он вақт бадани ӯ меларзид ва чеҳрааш зард мешуд. Касе аз ӯ пурсид сабаби ин чист? Ҳазрати Алӣ (р) фармуданд, ки вақти адои он амонат аст, ки Аллоҳ онро бар осмонҳо ва замин ва кӯҳҳо пешниҳод карда буд , он ҳама бардошти онро карда натавонистанд, аммо ман бардошти онро кардаам.
Муслим бини Ясор (р) вақте ки ба намоз хондан оғоз мекард, барои аҳли хонаи худ мегуфт, ки шумо ба гапҳои худ масруф бошед ба хотире, ки суханҳои шумо барои ман дар ин вақт ҳеҷ таъсир намекунад ва ман аз суханҳои шумо хабаре ҳам намешавам. Як мартаба ӯ дар масҷиди ҷомеи Басра намоз мехонд, ногаҳон як тарафи масҷид афтод. Мардум аз сабаби он давида дар як ҷо ҷамъ шуданд ва доду фарёд бароварданд, лекин ӯ хабардор ҳам нашуд.
Аз Ҳотами Асам(р) касе дар бораи намоз хонданаш пурсид, ӯ фармуд: вақте намоз, ки меояд ман баъд аз таҳорат кардан ба он ҷое мерасам, ки дар он ҷо каме бинишинам, то ки дар тамоми бадани ман сукун (оромӣ) пайдо шавад, баъд аз он вақте ки дар намоз истода мешавам ва дар он вақт хонаи Каъбаро дар пеши рӯи худ медонам ва пули сиротро дар зери пойҳои худ меҳисобам ва ҷаннатро дар тарафи рости худ ва дӯзахро дар тарафи чапи худ мегардонам ва малакумавтро дар паси пушти худ истода медонам ва тасаввур мекунам, ки ин намоз охирин намози ман аст, баъд аз ин бо камоли хушӯъ ва хузӯъ намозро мехонам ва баъд аз он дар байни тарс ва умед мебошам, ки маълум нест ин намози ман дар назди Худованд қабул шуда бошад ё не.
Барои осоишта ва ором гузаронидани зиндагӣ чанд насиҳатеро пешкаши хонандагон, ба вижа ҷавонон менамоем, ки ҳар фард метавонад ба он кор намуда, зиндагии хуше дошта бошад.
ОтветитьУдалить1- Дар ҳама кор холис гардонидани ният барои Худованд ва аз худнамоӣ дар гуфтору кирдор дурӣ ҷустан.
2- Дар гуфтору кирдор ва ахлоқ пайравӣ аз суннати Паёмбари Ислом(саллаллоху алайхи вассалам) кардан.
3- Риоят кардани тарси Худо ва тасмим гирифтан бар ҳарчӣ, ки Худованд амр кардааст ва боз истодан аз ҳарчӣ, ки манъ кардааст.
4- Тавбаи холис ба сўйи Худо ва бисёр истиғфор кардан.
5- Аллоҳ таолоро дар тамоми корҳои зиндагиат муроқиб ва назоратгар бидон ва бидон, ки Худованд туро мебинад ва он чӣ мегўӣ мешунавад ва аз он чӣ, ки дар дилат мегузарад бо хабар аст.
6- Ба Худованд ва паёмаброн, китобҳои осмонӣ ,фариштаҳо, рўзи охират ва тақдири неку бад -имон дошта бош.
7- Аз ғайри худ ба сурати кўр-кўрона тақлид ва пайравӣ макун, тобеъ ва дунболаравӣ ҳар каси ноасл мабош.
8- Дар анҷом додани кори нек бар дигарон сабқату пешдастӣ кун.
9- Бар таҳорат кардан ва нав кардани таҳорат одат кун ва пайваста худро аз бе таҳоратӣ нигаҳ дор.
10- Бар анҷоми намозҳо дар аввали вақт ва ба сурати ҷамоат одат намо, ба хусус бар намози хуфтану бомдод.
11- Он чӣ, ки дорои бўйи нофорам аст, онро истифода набар, мисли сир, пиёз, нос, сигарет… чунки бўйи бади онҳо худат ва мусалмонони дигар, ҳатто фариштаҳоро азияту озор медиҳад.
12- Закоти молро адо бикун, агар сарватманд бошӣ харҷ кардани молатро бар касоне, ки ин мол ҳаққи онҳост, дареғ мадор.
13- Агар қуввати рафтан бар анҷоми ҳаҷҷи фарзӣ дошта бошӣ кўшиш кун ва дар рафтан ба сўйи хонаи Худо танбалӣ макун ва онро ба таъхир наандоз, ки шояд соли оянда нодор шавӣ.
14- Қуръонро дар маънои оёташ фикр карда бихон ва аз ҳар чӣ, ки манъ кардааст боз ист, то дар рўзи қиёмат бароят шоҳид бошад ва шафоатат кунад.
15- Бар бисёр зикру ёди Худо кардан ба сурати пинҳону ошкор, истодаву нишаста ва бо паҳлуву хобида худро одат бидеҳ ва аз ғафлат кардан аз ёди Худо битарс.
16- Дар маҷлисҳои зикри Худованд ҳозир бош, зеро ин маҷолис боғе аз боғҳои биҳишт мебошанд.
17- Чашматро аз андоми шарми мардум ва ҳаром нигаҳ дор, зеро нигоҳ кардан бар ҳаромҳо тири заҳролуде аз тирҳои шайтон мебошад.
18- Вақте дар роҳ қадам мезанӣ худхоҳона ва мутакаббирона роҳ марав ва бар дигарон эҳтиром гузор.
19- Аз либосҳои ҳарир (шолк) ва тилло парҳез кун, зеро ин ду бар мардони мусулмон ҳаром аст.
20- Худро бар занон монанд макун ва магузор, ки занат худро ба мардон монанд кунад.
21- Ба ғайри ҳалол махўр ва манўш, то дуоят дар назди Худованд мустаҷоб шавад.
22- Хўрдану нўшиданатро бо "бисмиллоҳ" шурўъ ва бо "алҳамдулиллоҳ" тамом намо.
23- Бо дасти рост бихўру бинўш ва бо дасти рост бигиру бубахш.
24- Аз зулм кардан битарс, зеро зулм барои шахси золим дар рўзи қиёмат торикӣ мебошад.
25- Аз ришваву пора гирифтан ва миёнаравӣ бар ҳазар бош, зеро анҷомдиҳандаи ин кори бад лаънатшудаи даргоҳи Аллоҳ аст.
26- Ризоияти мардумро бо хашми Худованди азза ва ҷалла талаб макун, ки бар ту хашм гин мешавад "яъне ба хотири ризо шудани дўст ё каси наздикат кореро макун, ки сабаби хашми Худованд шавад", чунки Худованд
вақте хашм кунад, дигар ҳеҷ кас туро аз он наҷот дода наметавонад.
27- Аз шоҳидӣ додани бар дурўғ ва пўшидани ҳа қи қат парҳез кун, зеро хеле гуноҳи бузург аст.
28- Тамоми ҳаромҳои хурду бузургро тарк кун ва нофармонии Худовандро макун ва касеро ба ин корҳо кўмак ҳам нанамо.
Қиссаи 101-ум (охир); Вафоти Паёмбар (с). Язид ибни Бобнус мегўяд: - Ў назди Оиша (р) омад ва Оиша (р) гуфтааст: - Расулуллоҳ (с) одат доштанд, ки ҳаргоҳе аз назди ҳуҷраам мегузаштанд, бароям сухане мегуфтанд, ки хушҳолу болидарўҳ мегаштам.
ОтветитьУдалить- Боре аз наздам гузашта сухане нагуфтанд, пас ман сарамро бо сарбанде баста бар фирошам (рахти хоб) хобидам.
- Чун Расулуллоҳ(с) аз наздам гузаштанд, пурсиданд: «Ба ту чи шуд?»
Гуфтам: - Сарам дард мекунад.
Ў (с) фармуд: - Балки сари ман дардманд аст ва манам, ки (месазад) аз дарди сарам шикоят кунам. Ин дар ҳоле буд, ки Ҷабраил (а) ўро аз қабзи рўҳ (марг) огоҳаш карда буд. Пас аз чанд рўзе ўро дар чодаре чор нафар гирифта назди ман оварданд.
Ў (с) гуфт: - Эй Оиша занҳоро хабар кун, то биёянд.
Чун омаданд Ҳазрат фармуд: «Ман байни шумо рафту омад карда наметавонам, иҷозат диҳед то назди Оиша бимонам».
Занон гуфтанд: - Бале (яъне, мо розӣ).
Пас аз он дидам, ки рўяшон сурх мешавад ва арақ мекунад ва ҳол он ки қаблан ҳеҷ мурдаро надида будам. Он Ҳазрат (с) гуфтанд: - «Маро бишинонед».
Пас ўро ба худам такя додам ва дастамро бар сараш гузоштам, ки ў (с) сарашро ба дигар тараф гардонид, пас дастамро бародоштам ва гумон кардам, ки мехоҳад ба сари ман бирасад, пас аз даҳонаш қатраи сарде дар садри ман чакид, баъд аз он хам шуда ба болои ҷойгаҳаш афтод.
Сипас болои ўро пўшонидам ва то ин дам мурдаеро надида будам.
ОтветитьУдалитьПас Умар (р) ҳамроҳи Муғира ибни Шуъба омада иҷозати дохил шудан пурсиданд. Ба онҳо иҷозат додам ва пардаи болои Паёмбарро маҳкам кардам. Умар (р) гуфт: - Эй Оиша (р) ба Паёмбари Худо (с) чи шудааст?
Гуфтам: - Як соат боз аз ҳуш рафтааст.
Сипас Умар (р) аз рўи он Ҳазрат (с) пардаро гирифта гуфт: - Во ғаммоҳ ! - Ин дар ҳақиқат худи ғам аст.
Баъд аз он рўи муборакро пушонид ва аммо Муғира сухане нагуфт ва чун назди дар расиданд, Муғира ба Умар (р) гуфт: - Эй Умар, Паёмбар (с) вафот кардааст.
Умар (р) гуфт: - Дурўғ гуфтӣ! Расули Худо (с) намурдааст ва ҳаргиз намемирад то ба қитоли мунофиқон амр накунад, балки туро фитна фаро гирифтааст.
Пас Абубакр (р) омада гуфт: - Ба Паёмбари Худо (с) чи шудааст?
Гуфтам: - Беҳуш шудааст.
Сипас Абубакр (р) аз рўи мубораки он Ҳазрат (с) чодарро бардоштанд ва байни чашмонашонро бўсиданд ва дастонашонро ба бари рўяшон ниҳода гуфтанд:
- Вой, афсўси Паёмбари Худо !
- Вой, афсўси баргузидаи Худо !
- Вой, афсўси дўсти Худо !
- Рост гуфтааст Худо ва Расулаш, ки: «Ҳаройна, ту мемирӣ ва онҳо низ мирандаанд». (Сураи Зумар ояти 30)
«Мо пеш аз ту ҳеҷ башареро ҷовидон насохтаем. Чи сон агар ту низ бимирӣ, онҳо ҷовидон бимонанд».(Сураи Анбиё ояти 34)
«Ҳама кас маргро мечашад ва дар ҳақиқат дар рўзи қиёмат музди аъмоли шуморо ба камол (пуррагӣ) хоҳанд дод. Ва ҳар касро аз оташ дур созанд ва ба биҳишт дароваранд, ба пирўзӣ расидааст. Ва ин зиндагии дунё ҷуз матоъи фиребанда нест». (Сураи Оли Имрон ояти 185)
Баъд аз он рўи он Ҳазрат (с)-ро пушонида сўи мардум баромада гуфт: - Эй мардум! - Оё касе аз шумо ба Паёмбар (с) аҳде дошт?
Гуфтанд: - На.
Гуфт: - Касе, ки ибодати Худоро мекард, пас Худованд зиндаасту намемирад ва шахсе, ки Муҳаммадро мепарастид, пас дар ҳақиқат Муҳаммад(с) вафот ёфт. Ва ин оятро тиловат фармуд: «Ҳаройна, ту мемирӣ ва онҳо низ мирандаанд». (Сураи Зумар ояти 30).
➡Бародарон ва хоҳарони гиромӣ, ин буд саду як қисса аз ҳаёти Паёмбари Худо Муҳаммад(с) ки барои шумо ирсол намудем. Ҳазрати Ҷунайди Бағдодӣ (р) мефармояд, ки ҳикоятҳои нек як лашкаре аз лашкарҳои Худованд мебошанд, ки ба сабаби он ҳикоятҳои нек дар дили шогирдҳо қувват ҳосил мешавад. Пас аз хондани ин қиссаҳо шояд нафаре аз паи он Ҳазрат(с) иқтидо карда тариқаи уро ихтиёр кунад ва амал ба ҳар гуфтор ва кирдори ӯ(с) кунад ва ҳукмҳо ва амрҳои ӯ(с)-ро ба ҷо оварад ва аз чизҳое ки он Ҳазрат(с) манъ кардааст бипарҳезад ва дар ҳар ҳолат хушӣ бошад ва ё ғамӣ ва ё тангӣ ва ё серию пурӣ дар ин ҳолатҳо ба тариқаи у(с) рафтор кунад, чунончи дар ин бора дар Қуръони карим фармудаи Аллоҳ( ҷ.ҷ. ) аст; Бигу эй Муҳаммад(с) барои он мардумҳо агар шумо дар ҳақиқат Худоро дуст медоред, пас пайравии манро бикунед дар он вақт Худованд шуморо дӯст медорад ва гуноҳони шуморо мебахшад ва Ӯ бахшоянда ва меҳрубон бар тамоми халқаш аст.(Сураи Имрон 31). Худоё моро аз дӯстдорони Худованди бузургу Расули барҳақ бигардон, Омин.
Қиссаи 100-ум; Рӯзе Паёмбари Худо (с.а.с) гиря карданд.
Асҳоб гуфтанд: -Чи чиз мегирёнад туро эй Расули Худо(c)?
Гуфт: Иштиёқи дӯстонам .
Гуфтанд: Магар мо дӯстонат нестем?
Расули Худо(с) гуфт: На! шумоён Асҳоби ман ҳастед, аммо Дӯстони ман касоне ҳастанд, ки меоянд баъд аз ман ва имон меоранд бар ман дар ҳоле, ки маро надидаанд.
Ривояти дигар. Рузе Пайғамбар (с) ба аcҳоб гуфт. Имони кадом муъминон бар шумо тааҷҷубовар аст?
Асҳоб гуфтанд:- Имони фариштагон дар назди мо тааҷҷубовар аст.
Пайёмбар (с) гуфт:- Қароргоҳи эшон назди Аллоҳ аст, имон наоварда чӣ кор мекарданд.
Асҳоб гуфтанд: Имони Пайғамбарон.
Расулуллоҳ (с) ба суоли онҳо ба суол ҷавоб доданд. Ба онҳо ваҳйи илоҳӣ мерасад имон наоварда чӣ кор мекарданд?
Асҳоби киром гуфтанд:-Набошад имони мо.
Расули Аллоҳ гуфт:- Ман дар байни шумо бошаму имон наоварда чӣ кор мекардед. Дар охир Расули акрам (с) худ чунин хулосаро натиҷа гирифт. Имони касоне ки баъди ману шумо ба дунё омадаву ба асарҳои ёфтаашон чун Қуръон ва суннат имон оварда мувофиқ ба он амал менамояд тааҷҷубовар аст.
Худоё моро аз дӯстдорони Худованди бузургу Расули барҳақ бигардон, Омин.
Қиссаҳои 98 ва 99-ум; Убайд ибни Умайр (р) мегўяд, ки ў ба Оиша (р) гуфтааст: - Маро аз аҷибтарин чизе, ки аз Паёмбар (с) дидаи хабар деҳ.
ОтветитьУдалитьРовӣ мегўяд: Оиша (р) сукут карда, баъд гуфт: - Шабе аз шабҳо буд. - Паёмбар (с) гуфт: - «Эй Оиша (р) бигзор имшаб Парвардигорамро ибодат кунам».
Гуфтам: - Савганд ба Худо, ман наздикии шумо ва он чиро, ки боиси хушнудии шумост, дўст медорам.
Оиша (р) мегўяд: - Паёмбар (с) бархоста таҳорат карда ба намоз гузоридан шурўъ намуд.
Оиша (р) мегўяд: - Пас, дар намоз ба гиря шурўъ кард, ҳатто, ки бағалаш тар шуд.
Боз Оиша (р) илова кард: - Пас, Паёмбар (с) нишаста гиря кард, ҳатто риши муборакашон тар шуд ва замин ҳам намнок гашт. - Чун Билол (р) омада азони намозро гуфт ва дид, ки Паёмбар (с) гиря дорад, гуфт: - Эй Расули Худо, шумо гиря мекунед ва ҳол он, ки Худованд гуноҳони гузашта ва ояндаи шуморо омурзидааст?!
Паёмбар (с) фармуд: - «Оё ман бандаи шукргузор набошам?! - Ҳароина, имшаб ба ман ояте нозил шуд, ки ҳалокат ва нобудӣ аст бар шахсе, ки онро мехонаду дар он тафаккур намекунад». Худованд мефармояд: «Ҳаройна, дар офариниши осмонҳову замин ва омаду шуди шабу рўз хирадмандонро ибратҳост…» (Сураи Оли Имрон, ояти 190)
➡Қиссаи 99-ум; Амр ибни Шуъайб (р) ривоят мекунад, ки аввалин ҷазои шаръӣ, ки дар Ислом ҷорӣ карда шуд, бар марде буд, ки ўро ба сабаби дуздиаш назди Паёмбар (с) оварданд ва бар он шоҳидӣ доданд. Сипас, Паёмбар (с) ба буридани дасташ амр кард. Чун чазо барояш муқаррар шуд, ба рўи Паёмбар (с) назар кард, гўи чунин буд, ки дар вай хокистар нишастааст. Он ҷо будагон гуфтанд: - Эй Расули Худо(с), чунин менамояд, ки ҷазои буридани даст бар вай сахт таъсир кардааст?
Паёмбар (с) фармуд: Маро чи бозмедорад ва ҳол он ки шумоён бар зидди бародаратон ёвари шайтон шудед.
Гуфтанд: - Пас, раҳояш кун!
Гуфт: - Пеш аз ба назди ман овардан чаро чунин накардед? - Дар ҳақиқат, барои пешво ва раис ҳукми ҷазоеро оварда шавад, сазовор нест ўро, ки ҳукми ҷазоро ба таъхир гузорад ё бекор кунад».
Абуҳарира (Разиял - лоҳу анҳу) ривоят мекунад, ки ҳазрати Расули Акрам (саллаллоху алайхи вассалам) гуфтаанд, ки худои таоло ин дунёро мисоли пиразане халқ кардааст зиштрӯй, сараш аз кибраст, рӯяш аз шодист ва чашмаш аз шаҳват, забонаш аз азоб, гӯшаш аз фаромӯшӣ, дилаш аз тамаъ, шикамаш аз ҳирс, пояш аз ҳасад ва гарданаш аз андӯҳ, нохунаш аз навмедӣ аст. Худои таъоло дунёро чунин офарида аст. Пас ҳар киро ғами охират бошад, бояд, ки ба дунё дил набандад ва ба кори охирату накӯкорӣ машғул бошад, то растакорӣ аз азоби алим ёбад. Дунё саройи бесароён ва моли бемолон аст ва дунё касе ҷамъ кунад, ки ӯ беақл аст ва дунё касеро душманӣ кунад, ки ӯ бе ғайрат ва бе ҳаё аст. Аз барои дунёи ҳар касе саъй кунад, ки ба Худованд наздикие надорад. Агар аз дунё чизе ҳосил шавад бояд ки ба хайраш сарф намояд, то дар рӯзи қиёмат аз дӯзах халос шавад. Рӯзи қиёмат дар миёни аҳли арасот дунёро биёранд, ба сурати пиразане. Рӯйи ӯ сиёҳ, дандонаш аз даҳон берун омада ва бӯи баде аз ӯ ҳаме ояд. Тамоми аҳли арасот аз бӯи гандаи ӯ дар ранҷ бошанд. Мунодӣ нидо кунад, ки эй аҳли арасот инро мешиносед! Гӯянд, ки наузан биллоҳ моён инро намешиносем. Мунодӣ гӯянд, ки ин он дунёест, ки Шумо ба вай фирефта будед ва аз сабаби ӯ бо якдигар ҷанг ва хусумат мекардед ва аз тоати Худои таоло боз мемондед. Эй ҷоҳилон ва эй фосиқон ба фиреби ин дунёи маккор машғул шудед ва аз ҳазрати бор таоло дур шудед! Чун ин садо шунаванд, тамоми халоиқ сар дар пеш афкананд ва шармсор шаванд... сад ҳазор сол ҳамчунон сар дар пеш афканда бимонанд ва арақ аз ҷисму ҷони ишон биравад. Он гоҳ аз ҳақ субҳонаҳу ва таоло фармон ояд, ки дӯстони дунё ва дунёиро ба дӯзах баред, ки дар дӯзах ҷовид бимонанд.
ОтветитьУдалитьДар хабар аст, ки шахсе ба назди Ҳорун - ар - Рашид омад ва гуфт:
- Кӯшкҳо ва айвонҳои ту дар дунё баланд ва фарох аст, намедонам, ки гӯрат бо ин фарохӣ ҳаст ё не!
Ҳорун - ар - Рашид чун ин сухан бишунид зор - зор бигирист ва гуфт: Эй марди худой маро панде бидеҳ.
Ӯ гуфт:
- ЭЙ Ҳорун агар дар биёбоне бошӣ ва ташна шавӣ об наёбӣ. Касе бошад, ки об фурӯшад. Дами обро ба чанд мехаридӣ?
Ӯ гуфт:
- "Бар нимаи молу мамлакати худ бихарам".
Гуфт: - Ташнагии ту таскин нашуд, боз ҷуръати обро ба чанде мехаридӣ?
Ҳорун гуфт:
- Ба тамоми молу мамлакати худ бихарам.
Он мард: - "Эй Ҳорун пас тамоми мамлакат ва моли ту ба як дам об намеарзида бошад. Пас чаро худро бадин дунёи фонӣ олудаӣ".
Ҳорун - ар - Рашид чун ин сухан бишунид боз зор- зор бигирист ва рӯй аз дунё бигардонид ва ба ибодату накӯкорӣ машғул шуд, то ҷоми аҷал бинӯшид.
Аз китоби "Дурр - ул - аҷоиб"
Айёми ҷанги Сиффин марде ба назди Муовия (р) омад ва гуфт:
ОтветитьУдалить- Маро дастур бидеҳ, ҳоло ман аз назди марде,ки тарсу асту бахил ва дар сухан душворӣ мекашаду оҷиз монда, ба назди ту омадам.
- Муовия гуфт:
- Манзури ту кист?
- Гуфт: Алӣ,писари Абутолибро дар назар дорам. Муовия гуфт: Эй гунаҳкор, дурӯғи маҳз чаро мегӯӣ? Оё намедонӣ,ки Алӣ (к) ҳаргиз тарсу набуда ва дар дили ӯ тарс роҳ намеёбад.
Аз бухли ӯ ҳаргиз ҳарфе ба забон маёр. Касам ба Худо агар ӯро хонае пур аз симу зар бошад ва хонае пур аз коҳ, албатта симу зарро кабл аз коҳ садака мекунад. Дар хусуси оҷизии ӯ дар калом ман баъди Паёмбар Муҳаммад сухангӯе бофасоҳат ва беҳтар аз Алӣ (к) надидаам. Аз наздам гум шав, бадгӯи зиштрӯ! Ва амр кард, то номи ӯ аз девон бардоштанд.
Бӯи орзу
Рӯзе зарифе,ки зиндагии факиронавв кашшокона ба сар мебурд, орзӯ кард,ки кош гӯсфанде кушта ва пӯсткандаро ба ӯ ҳадя кунанд ва аз он таъоми болаззат омода созад. Чун ӯ бо садои баланд таманно мекард, ҳамсояаш шунид ва гумон кард,ки марди зариф - ҳамсояаш фармон дод, то чунин гӯсфанд барои ӯ бихаранд. То вакти таомхӯрӣ интизор монд, сипас касди вуруд ба хонаи ҳамсоя намуда, дари ӯро зад. Марди зариф пурсид:
- Кист?
-Ин манам,ҳамсояат, бӯи таом ба димоғам зад, омадам то бо ҳам бихӯрем.
Ҳамсояҳои ман бӯи орзӯро эҳсос мекунанд – посух дод марди зариф.
Саҳлангорӣ
Марде аз ҳалвофурӯш хоҳиш намуд,то як кило ҳалво ба нася бифурӯшад. Ҳалвофурӯш гуфт:
- Аввал онро чашида бин, ин ҳалвои навъи олист!
Харидор гуфт:
- Ман рӯзадорам, соли гузашта рӯзаи моҳи Шарифи Рамазонро хӯрда будам, ҳоло казояшро медорам. Худо нигоҳ дорад, бо тааҷҷуб гуфт ҳалфофурӯш.
- Ту ба амри Парвардигор расо як сол саҳлангорӣ карда бошӣ, кӣ медонад,ки бо ман чӣ гуна муомила хоҳӣ кард?
Панди кӯдак ба шайх
Шайхе аз роҳ мегузашт ва дид,ки кӯдаке дар гил монда. Гуфт: Эй писар, гӯш дор, то наяфтӣ! Кӯдак гуфт: Афтодани ман саҳл аст, агар бияфтам танҳо бошам. Аммо ту гӯш дор,ки агар пойи ту билағжад, ҳамаи мусалмонон,ки аз пайи ту оянд, билағжанд!
Ҳакиме бо яке нишаста буд. Ва ҳарду зор мегиристанд. Чун он кас бирафт, ҳаким рӯ ба ёрон карду гуфт: Донистед,ки ин шахс кӣ буд? Гуфтанд, на. Гуфт, Иблис буд ва ҳикояти хидматҳои худ мекард ва афсонаи рӯзгори худ мегуфт. Ва аз дарди фирок менолид.
Ду бародар
Ду бародар буданд ва модаре. Ҳар шаб яке аз бародар ба хидмати модар машғул шудӣ ва бародари дигар ба хидмати Худованд. Он кӣ дар хидмати Худованд будӣ дар хоб дид овозе баромад,ки бародари туро биёмурзидем.Ва туро ба ӯ бахшидем. Гуфт:
-Охир ман ба хидмати Худой машғул будам ва ӯ ба хидмати модар. Маро дар ихтиёри бародар мегузоред? Гуфтанд: - Зеро он чӣ ту мекунӣ, мо аз он бениёзем, лекин модарат аз он хидмат бениёз нест.
Посухи имом Шофеъӣ
Боре фарде,ки танҳо ва танҳо ба хотири баҳс вориди баҳс мешуд, хидмати имом Шофеъӣ расид ва гуфт: Эй имом чӣ гуна шайтонро Худованд бо азоби оташ гирифтор месозад дар сурате,ки шайтон аз оташ офарида шудааст? Имом Шофеъӣ бо шунидани пурсиш табассуме намуд ва баъд бо дасташ кулухеро гирифту онро ба сурати ин мард зад. Дар чеҳраи марди пурсанда аз ғояти зарба осори хашму дард намоён шуд. Имом Шофеъӣ муҳтарамона пурсид: Аз ба чеҳрааат хӯрдани ин китъаи кӯчаки кулух эҳсоси дард намудӣ? Гуфт, бале эҳсоси дард намудам. Он ҳазрат гуфт: Чӣ тавр шуд,ки туи бандаи хокӣ аз расидани як мушт хок ба суратат эҳсоси дард намудӣ? Марди дӯстдори баҳси бемаънӣ сокит монд ва дарк намуд,ки шайтон вокеан тавассути оташи Худованд муҷозот мешавад.
Холиқи Сангин
Ҳикоя аз Паёмбар(с). Абубакр(р) бо саҳобагони Расули акрам(с) нишаста, хоксорона сухан мегуфт. Баъди фориғ шудан, аз ғуломаш хоҳиш кард, ки барояш об биёрад. Он ғулом нопадид гашт ва пас аз чанд лаҳзае косае дар даст баргашта омад. Абубакри Сиддиқ(р) он косаро бо ҳар ду дастонаш гирифта хост бинўшад ва ташнагиашро фурў нишонад, вале дарёфт, ки он коса пур аз асалоб аст. На оби соф аст ва на асали тоза. Пас Абубакри Сиддиқ (р) он косаро аз лабонаш дур карда, бар замин гузошту ба сўйи он ғулом нигоҳ карда, аз ў пурсид:
ОтветитьУдалить- Ин чист, ки ту овардаӣ?
Ғулом чанд лаҳза сукут варзид. Баъд бо изтироб чунин ҷавоб дод:
- Асал аст, асали омехта бо об.
Абубакри Сиддиқ (р) сарашро ба нишонаи афсус ҷунбонид ва дубора нигоҳи тўлоние бар он коса андохт ва чанд лаҳзае нагузашта буд, ки ашк аз чашмони Абубакр(р) ба рухсораҳояш равон гардид ва аз шидати гиря синаи муборак пасту баланд гашта ва овози гиряаш баланд шуд. Қавм барои дилбардорӣ дар назди Абубакри Сиддиқ (р) ҷамъ омада ва ба ў гуфтанд:
-Эй Абубакри Сиддиқ (р), эй халифаи Паёмбар, чӣ туро ба гиря овард?
Фидои ту бод падар ва модари мо, ин гиряи бо овози баланд аз барои чист?
Вале Абубакр(р) аз гиря боз намеистод. Аз ин ҳол ононе, ки дар атрофаш буданд, гирён шуданд.
Пас аз чанде ҳама хомўш гаштанд, вале он ҳазрат хомўш намегашт. Қавм бори дигар саволи худро такрор карда, дар гирифтани посух пофишорӣ менамуд, ки эй Абубакр(р), эй халифаи Паёмбари Худо, сабаби ин гиряи шумо дар чист? Ва чӣ шуморо ба ҳаяҷон овардааст?
Абубакр(р), дар ҳоле, ки бо остинҳояш ашки чашмонашро пок менамуд ва нафасҳояш канда - канда мебаромад, ҳикоя кард:
- Назди Паёмбари Худо(с) ҳангоми беморие, ки аз он вафот карданд ҳозир будам ва дидам, ки Паёмбари Худо бо ишораи дастҳояш чизеро дур мекарданд. Ман дар дасти Паёмбар(с) чизеро намедидам, вале садои пасту хастаашонро мешунидам, ки мегуфтанд:
- Дур шав аз ман, дур шав аз ман.
Аз Паёмбари Худо пурсидам, ки шумо чизеро рад мекунед, вале ман дар дастатон чизеро намебинам.
Паёмбари Худо канда-канда нафас кашида, рўйи муборакашонро ба тарафи ман гардониданд ва гуфтанд:
- Ин дунё буд, худро бо ҳама зебоиҳояш таҷассум менамуд. Пас ба ў гуфтам, дур шав аз ман, дур шав аз ман. Ва ў (дунё) ба ман гуфт: Шумо ку аз ман раҳоӣ ёфтед, аммо баъд аз шумо касе аз ман наҷот нахоҳад ёфт.
Абубакр(р) бо афсўс сарашро ҷунбонида, бо садои андўҳгин гуфт:
- Эй мардум, аз ин асали бо об омехта тарсидам, ки мабодо зинати дунё бошад ва маро дар фитна афканад. Ҳамин буд сабаби гиряи ман. (Ал-Ҳиля 1/30)
Кисса духтари бо имон.
ОтветитьУдалитьҶавон духтаре шавҳар мекунад, ва хар субҳ шавҳарашро барои намози бомдод бедор мекунад, то аз ҷамоат дер намонад, дар ин мудат як руз шавҳарашро дертар бедор мекунад, ки аз намози ҷамоат дер мемонад, ва намозро бо ҷамоати дуввум мехонад, баъди намоз имом наздаш омада мегуяд : Шумо шавхари фалон зан хастед?
Мард норохат шуда мегуяд : Ту чи кор дори ба зани ман!
Имом дар чавоб мегуяд: Ба Худо касам хоб дидам хамаи касоне, ки имруз дар чамоати авал буданд, вориди бихишт
шудаанд, ва дар байнамон як зан буд, гуфтам ин ки хаст?
Гуфтанд, ки ин хамсари фалон шахс мебошад. Мард саросема ба хона бар мегардад то хушхабариро ба хамсараш бирасонад, вакте вориди хона мешавад, мебинад ки хамсари гиромияш дар холати сачда чонро ба чонофарин супоридааст.
ХИКОЯТИ АЧИБ. Хазрати Хасани Басри(р)шахсияти бузургвор олими бо такво,муршид ва валии комил буд. Падараш вафот шуда буд аммо модараш зинда буд. Одат дошт,ки баьд аз намози хуфтан ба хучраи модараш мерафт,ахволпурсии уро мекард аз у дуо мегирифт,дасту пояшро мебусид,баьд аз он назди фарзандонаш мерафт. Шабе бо мехмонон ва муридонаш зиед сухбат намуданд. Дар бозгашт ба хона дид,ки модараш истирохат намуда ба чои бусидани дасту пои модар риши муборакашро бар дасту пои модараш молид,то модараш аз хоб бедор нашавад. Хамоно ки фардо пайрави аз Паембар(с)тибки одаташ пурсид:Ое касе хоб дид?Шахсе аз муридонаш гуфт:Имшаб шуморо дар хоб дидам,ки риши шумо печида шуда буд аз марворид. Хазрат Хасани Басри (р)фармуд:Хоби ту хакикат дорад. Хоки пои модар марворид аст,имшаб ришамро ба пои модарам молида будам.Аз ин чо дар ришам екуту марворид печида шуда буд. Худованд хамаи мову шуморо тавфик дихад,то ин ки ба волидайнамон хидмат намоем.
ОтветитьУдалитьЗЕБОЧЕХРАГОН. Аз Хасани Басри(р)суол карданд:Чаро тахаччудгузорони шаб дар байни мардум чехраи зеботар доранд? У гуфт:Чунки онон ба Худованди мехрубон хилват менишинанд,пас Худованд нуреро аз нури худ ба онхо мепушонад. Оре,албатта тахаччудгузорони шаб назди мардум маъруфанд,онхоро мисли бокимондаи мардум нахохи дарёфт,лекин дар руйхояшон чамол ва дурахшишро мушохида хохи кард. Ин аст нишонаи итоаткорон. Вакте,ки ин суханро Хасани Басри(р)иброз намуд,ба он таачуб накун. Маъруф аст,ки хар гох мардум Хасани Басри(р)-ро медиданд,як хафтаи комил ба ибодати Худованд мепардохтанд. Ибодати бохушуъ ба сабаби чамол,хайбат ва нишони солехон,ки дар у хувайдо буд,хосил мегардид.
ОтветитьУдалитьИбодатхо ва ичтиходоти хазрати Умар(р)
ОтветитьУдалитьАз Саъид ибни Мусайяб ривояат аст,ки гуфт:Умар(р)намозро дар торикии нисфи шаб бисёр дуст медошт.Инчунин ибни Аббос(р)мегуяад:Вафот накард Умар ибни Хатоб,магар ин ки аз сабаби бисёр рузадорияш рангаш ба сиёхи табдил ёфта буд.Хазрати Умар дар намози бомдодаш сураи Юусуфро то охир мехонд,вакте ки ба ин оят мерасид:Хамоно гами сахту андухи сангини худро назди Худованди бузургам шикояат мекунам ояати86) Баъди хондани ин оят чунон гиря мекард,ки садои гиряааш аз сафи охири намоз шунида мешуд.
ТАРСИ ХАЗРАТИ УМАР АЗ ХУДО.
ОтветитьУдалитьДар руй хазрати Умар(р)аз сабаби бисёр гиря карданаш аз тарси Худо ду хати сиёхе намоён буд.Мешуд вактхое,ки оятеро мешунид ва ба гиря меомад,то дарачае ки ба замин бехуш меафтод,мардум фикр мекарданд,ки У бемор шкдааст ва хабаргирияш меомаданд.Вакте ки беморияш вазнин шуд гуфт:Эй вой бар холи Умар,агар Худояш уро набпхшад. Аз Анасибни Молик(р)ривоят аст,ки гуфт:Рузе хамрохи Умар ибни Хаттоб ба куча баромадаму у пушти девор рафт,ман аз дигар тарафи девор мешунидам ки Умар худ ба худ мегуфт:Оббо,Умар!Умар ибни Хаттоб! Амирулмуминин!Чи ачаб марди бузурге хаст! Эй Умар,ту магрур машав,ба Худо касам,ки агар аз Худо натарсй ва гуфтахои уро ба чо наёри,туро азоби сахте медихад,ки на бо чашми сар ва на бо гуш нашунидай.
Як рӯз аз кор барвақттар
ОтветитьУдалитьбарвакт гардед
Рӯзе баъди шом ба хона омадам. Духтарчаи
чор солаам маро пешвоз гирифта, пурсид:
- Падарҷон, Шумо дар як соати кориатон
чӣ қадар маблағ мегиред?
Ман, ки аз кор монда шуда омада будам,
асабӣ шуда ба ӯ гуфтам:
- Корат чӣ?
- Не, ҳамту пурсидам падарҷон
- Хайр бахшиш каме мондаам барои ҳамин
зуд асабӣ шудам, дар як соати кориам ман
30 сомонӣ маблағ мегирам – ҷавоб додам.
Боз духтарчаам аз ман пурсид:
- Падарҷон ба ман 20 сомонӣ намедиҳед?
Аз ин суханаш боз асабӣ шуда ба сараш
баланд дод зада гуфтам:
- Ҳар чизе, ки хостаи ба ту харида
додаам, боз пулро чӣ кор мекунӣ? Рав, зуд
хоб кун.
Духтарчаам сар хам карда хапу хомӯш ба
утоқи худаш даромад.
Ба хона даромадам ва баъди 20 дақиқа, ки
ором шудам, фикр кардам, ки мумкин ба ӯ
ягон чизи дигар лозим аст, шояд беҳуда ба
сараш баланд овоз баровардам. Хайр
меравам аз ӯ бахшиш пурсида ба ӯ
маблағи хостаашро медиҳам гуфта, бо
ҳамин фикр ба утоқи духтарчаам
даромадам.
- Духтарҷон, ту хоб нестӣ?
- Не падарҷон, хоб нестам.
- Духтарҷонам, бахшиш, ки ба ту садо
баланд кардам, ана маблағи хостаатро
гир – гуфта ба у 20 сомонӣ додам.
- Оооо, ташаккур падарҷон – гуфта
духтарчаам пулро гирифт ва боз аз байни
китобаш 10 сомонӣ дигарро баровард.
Ман ин пулҳояшро дида, бори саввум
асабонӣ шуда боз ба сараш садо баланд
кардам?
- О пул дорӣ-ку, боз чӣ аз ман пул
талабидӣ?
Духтарчаам пулҳоро якҷоя карда ба ман
дароз карда гуфт:
- Падарҷон, ана 30 сомон – як соата
маблағи кории Шумо, ана инҳоро гирифта,
наметавонед, ки пагоҳ аз кор барвақттар
оед, то хӯроки шомро якҷоя хӯрем – гуфта,
хоҳиш намуд.
Ман ин сухани духтарчаамро шунидам ва
аз чашмҳоям ашк ҷорӣ мешуд. Сипас ӯро ба
оғӯш гирифта бӯсидам, ва аз ҳамон рӯз
иборат аз кор пеш аз шом ҳозир мешудагӣ
шудам.
Худои ту чӣ мехӯрад ва чӣ мепӯшад?
ОтветитьУдалитьВазири Худопараст, ки ҳамеша ба ёди Худо буд боре подшоҳ аз ӯ пурсид: ба ман бигӯ, ки: Худое, ки ту мепарастӣ чӣ мехӯрад? Чӣ мепӯшад? Ва умуман бигӯ, ки чӣ кор мекунад? Агар то пас аз фардо ба пурсишҳоям пусух нагӯӣ аз мансабат берунат мекунам.
Вазир ҳайрону парешон ба хонааш рафт.
Вазирро ғуломаш вақте ӯро парешону ҳайрон дид аз ҳолаш пурсид. Вазир моҷароро ба ғуломаш бозгӯ кард.
Ғулом хандиду гуфт: вазирам! Посух ба ин суол хело осон аст.
Вазир дар тааҷҷуб афтода гуфт: яъне ту посухи ин саволҳоро медонӣ? Пас ба ман бигӯ, ки Худо чӣ мехӯрад?
Ғулом гуфт: ғами бандагонашро.
Вазир гуфт: офарин эй ғуломи ҳушёри ман. Акнун бигӯ, ки Худо чӣ мепӯшад?
Ғулом лабханде заду гуфт: розу гуноҳони бандагонашро.
Вазир, ки аз посухҳои ғулом хело хушаш омада буд, гуфт: хушо ба ту эй ғуломи тезҳуши ман.
Вазир аз хушҳолӣ саволи сеюмро фаромӯш карду бо шитоб ба дарбор рафт ва посухҳоро ба подшоҳ гуфт.
Вақте аз саволи сеюм пурсида шуд дармонду боз рухсате гирифта шитобон ба назди ғуломаш бозгашт ва саволи сеюмро пурсид.
Ғулом гуфт: барои посух ба саволи сеюм бояд коре кунӣ, ки ин хело бароят душвор аст!
Вазир гуфт: чӣ кор?
Ғулом гуфт: ҷомаи вазириятро ба ман мепӯшонӣ ва ҷомаи маро ту мепӯшӣ, маро бар аспат савор карда банди аспро ба дастат гирифта маро ба даргоҳи шоҳ мебарӣ то посухро онҷо бигӯям.
Вазир, ки чораи дигар надошт, пазируфт ва ғулом савор бар асп ва банди асп ба дасти вазир ба дарбор ворид шуданд.
Шоҳ чунин вазъиятро дида бо тааҷҷуб пурсид: эй вазир ин чӣ ҳол аст?
Ғуломи ҳушёр гуфт: ин ҳамон кори Худост эй шоҳ, ки вазиреро дар хилъати ғулом ва ғуломеро дар хилъати вазирӣ ҳозир намояд.
Подшоҳ аз дирояти ғулом тааҷҷуб карду хушнуд шуда бисёр подошаш дод ва ӯро вазири дасти рости худ кард.
Тахиягар: Сафархуча Каримов
Устод ба шогирд савол
ОтветитьУдалитьдод.Маънои бихишт чист? Шогирд
гуфт: МОДАР. Устод боз пурсид
"маънои модар чист?" Шогирд
чавоб дод "фариштаи замин."
Устод хурсанд шуда боз пурсид то ба
кадом дарача модаратро дуст
медори?" Толибилм бо суханони
гамангез гуфт:"то ба дарачае ки
намехохам аз чаннат бар гардад."
Устод гуфт "содатар фахмон"
шогирд бо чашмони ашколуд гуфт
"ман аз модар махрумам"
Дустон !!! модарро ганимат доред зеро
ки бо
ин гаму дардаш метавонед хар
лахза ин фариштаро аз даст дихед.
Барои зиндагӣ фикр кун, аммо барояш ғусса нахур!
ОтветитьУдалитьДидан ҳақиқат аст, вале дуруст назар кардан фазилат ва бартарист.!
Адаб ва ахлоқ харҷе надорад, бо ин ки ҳама чизро мехари.
Ба омадани ҳар субҳ, фикр кун, ки нав ба дунё омадаи, меҳрубон бош ва дуст бидор.....шояд фардое набошад!
Шояд фардое бошад, аммо азизе набошад....