Андарзҳо

Андарзҳо  аз  суханони бузургон!
Аз зимни бузургтарин неъматҳое ки Худои таъоло бар бандагон арзонӣ дошта аст, ҷисм асту қалб асту ақл асту рӯҳ, ки ҳар яке аз ин неъматҳои чаҳоргона ба чизе сахт ниёзманд аст ва яқинан, бе он завол пазирад: Ҷисм ба таъому варзиш ниёз дорад, қалб ба зикру оромиш, ақл ба тафаккур ва дониш ва рӯҳ ба ибодату ниёиш. (ФНуралӣ)

Шайхул-Ислом ибни Таймийя {раҳматулллоҳи алайҳ} гуфта аст:
ليس في الدنيا نعيمٌ يشبه نعيم الآخرة إلا نعيم الإيمان".( شيخ الإسلام ابن تيمية-رحمه الله، مجموع الفتاوى (28 /31).
Ҳеҷ неъмате дар дунё ба неъматҳои охират монанд нест, магар неъмати ИМОН. (Маҷмуъ-ул-фатово; 28/31)
Имом Аҳмадро {раҳматулллоҳи алайҳ} пурсиданд:
متى الراحة؟ قال: عند أول قدم أضعها في الجنة". طبقات الحنابلة - (1 /291)
Роҳат кай аст? Гуфто: Ҳангоми гузоштани нахустин гомам дар биҳишт. (Табақоту-л-ҳанобила; 1/291)
Умар ибни Абдул-ъазиз {раҳматулллоҳи алайҳ} гуфт:
لا مُستراح للعبد إلا تحت شجرة طوبى
Барои банда ҷои ҳеҷ роҳате нест, магар зери дарахти Тубо. («Ал-фавоид»-и Ибни Қаййим, саҳ. 68) {ТФН}

Бархе аз пешиниёни порсо гуфтаанд:
ادَّخر راحتك لقبرك، وقِّلل من لهوك ونومك، فإنَّ من ورائك نومةً صبحها يوم القيامة.
Роҳататро барои қабрат бияндӯз ва аз беҳудакорӣ ва хоби хеш кам кун, зеро ки дар пешорӯи ту хобест, ки субҳи он рӯзи Қиёмат бувад. (Тарҷумаи.Ф.Нуралӣ)

Бархе аз пешиниёни порсо гуфтаанд:
قَدْ أَصْبَحَ بِنَا مِنْ نِعَمِ الْلَّهِ تَعَالَىْ مَا لَا نُحْصِيْهِ مَعَ كَثْرَةِ مَا نَعْصِيَهِ فَلَا نَدْرِيْ أَيَّهُمَا نَشْكُرُ، أَجَمِيلُ مَا يَنْشُرُ أَمْ قَبِيْحَ مَا يَسْتُرُ.
Ҳар яки мо бо чандон неъматҳои илоҳӣ ба субҳ расида, ки натавонемашон шумурд, бо ин ки ӯро фаровон нофармонӣ мекунем. Надонем, ки шукри кадомяк неъмати ӯ бигӯем?: Шукри он накӯиҳоеро ки ӯ (дар бораи мо миёни халқ) интишор мекунад, ё шукри ин ки ӯ зиштиҳои моро (аз халқ) пӯшида медорад. (ТФН)

Шайхул-Ислом Ибни Таймийя (раҳматуллоҳи ъалайҳи) гуфта аст:
القلوب الصادقة والأدعية الصالحة هي العسكر الذي لا يغلب. (شيخ الإسلام ابن تيمية-رحمه الله، مجموع الفتاوى (28 / 644)
Қалбҳои содиқ ва дуъоҳои солеҳ лашкарест ҳазиматнопазир. (Маҷмуъ-ул-фатово; 28/644)

Худованд итоат аз худ ва расулашро бар мо воҷиб гардонидааст: “Ва ҳеҷ мўъмину ҳеҷ мўъминаро он нест, ки чун Худову пайғамбари Ў коре муқаррар кунанд, онҳоро дар он кори хеш ихтиёр бошад. Ва ҳар ки Худову пайғамбари Ўро нофармонӣ кунад, пас, ҳамоно, ба гумроҳии зоҳир гумроҳ шудааст”. (Аҳзоб-36)

Абдуллоҳ ибни Аббос {разияллоҳу анҳумо} гуфта:
صاحب المعروف لا يقع، فإن وقع وجد متّكأً.(عبد الله بن عبّاس-رضى الله عنهما، عيون الأخبار، 1 /339(
Соҳибэҳсон аз пой дарнамеуфтад, агар даруфтад, барои хеш такягоҳе пайдо мекунад. (Ъуйуну-л-ахбор; 1/339)

Абдуллоҳ ибни Аббос {разияллоҳу анҳумо} гуфта:
 صاحب المعروف لا يقع، فإن وقع وجد متّكأً.(عبد الله بن عبّاس-رضى الله عنهما، عيون الأخبار، 1 /339(
Соҳибэҳсон аз пой дарнамеуфтад, агар даруфтад, барои хеш такягоҳе пайдо мекунад. (Ъуйуну-л-ахбор; 1/339)

Намоз; даъват аст, иҷобат аст, наҷот аст, шукр аст, баракат аст, раҳмат аст, ҳузур аст, фарроҳӣ аст, дуо аст, ишқ аст ва албатта ки ФАРЗ аст.

Тафаккур садақаи ақл
Ба Иброҳими Адҳам суол карданд:
- Чаро ин қадар зиёд фикр мекунед?
Иброҳими Адҳам ҷавоб дод:
- Тафаккур садақаи ақл аст.

Шаъну шараф чист?
Шаъну шараф на онест, ки ту дар ибодати нафл бошӣ ва дигаре барои ту заҳмат бикашад.
Шаъну шараф он аст, ки худат заҳмат кашида нонатро ба хона биёрӣ ва баъд ба намоз шурӯъ бикунӣ. Дар чунин ҳолат дари хона садо барорад ҳам, таваҷҷӯҳ намекунӣ.
Агар дар хонаат чизе набошад ва дар намоз бошӣ, дар ҳар садои дари хона, фикри онро мекунӣ, ки «шояд ин одам бароям ноне овардааст».
*** Агар ризқ бо илм зиёд мегардид, аз ҷоҳил дида дигаре душвортар умр ба сар намебурд. Илму ибодат танҳо барои розигии Аллоҳ Таъолоро насиб кардан ба ҷо оварда мешавад.

Нафаре, ки ба куҷо рафтанашро медонад, ҳатто дунё барои роҳ додан, як тараф меистад. (Девид Ҷордан)

Дарси хубе аз падар
Падаре мехоҳад фарзандашро ба китобхонӣ одат бикунонад. Аз ин хотир ба духтараш китоберо бидодe фармуд:
- Духтарам! Агар ин китобро бихонӣ бароят 5 сомонӣ медиҳам. 
Пешниҳод барои фарзанд хуш омад. Кӯдак китобхониро дӯст намедошт. Аз ин хотир китобро нахонд. Аз модараш, ки қаблан китобро хонда буд, хоҳиши мӯҳтавои китобро намуд. Модараш нақл кард. Фарзанд баъди чанд рӯз назди падар омад ва гуфт:
- Падар китобро хондам.
Падар хоҳиш кард, ки каме нақл кунад. Фарзанд ҳам нақл намуд. Фарзанд ҳадяи китобхониро талаб кард. Падар гуфт:
- Ту ин китобро нахондӣ. Маро фиреб мекунӣ. Агар китобро мехондӣ, ман даруни китоб панҷ сомонӣ гузошта будам.
*** Дар ҳоли ҳозир мардум аз меъёр зиёд барои мухтасари китоб рӯ ба интернет мениҳанд. Намегӯям, ки интернет бад аст, аммо дар хониши китоб инсонро танбал месозад. Ҳол он ки кайфияти хониши китоб дигар аст. Ҷаҳонбиниро васеъ мегардонад. Падарону модарон кушиш бикунанд, ки соате дар даст китоб гиранду бихонанд ва ин беҳтарин таблиғи китобхонӣ барои фарзандон аст.
ХУДОБАХШ

Қалбе, ки Аллоҳро фаромӯш намекунад
Абул Ҳасан Ҳарқанӣ рӯзе дар сӯҳбат чунин суол кард:
- Беҳтарин чиз дар дунё чист?
Аҳли сӯҳбат чунин гуфтанд:
- Шумо хубтар медонед.
Абул Ҳасан Ҳарқанӣ чунин фармуд:
- Дар дунё аз ҳама чизи беҳтарин қалбест, ки Аллоҳро фаромӯш намекунад.
ХУДОБАХШ

Закоти илм
Ҳасан бин Амр ал Марвазӣ чунин нақл мекунад:
- Рӯзе назди Бишри Ҳофӣ будам. Гурӯҳе аз аҳли ҳадис наздаш омаданд. Бишри Ҳофӣ фармуд:
- Бидонед, ки шумо ҳам бояд закот бидиҳед. Ҳар нафаре, ки 200 дирҳам дорад, бояд 5 дирҳам закот бидиҳад. Шумо ҳам 200 ҳадис аз худ кардед, бояд 5 ҳадис омӯзонед. Аз ин пас чунин амал бикунед.
*** Ҳама гуна дороӣ ба худ закот дорад. Ҳазрати Алӣ (р.а.) фармудааст.
Закоти бадан рӯза аст.
ХУДОБАХШ


Агар сухан бигӯям, пас маро танҳо донандагони забони англисӣ мефаҳманд, аммо филми бесадоро ҳама мефаҳманд ва дунё ҳам аз Амрико иборат нест. (Чарли Чаплин)

Баъзеҳо паррандаҳоро ҳақир мешуморанд, ки майнаи сарашон кӯчак аст. Парранда болои навда мешинад ва аз шикастани навда наметарсад, зеро ӯ ба навда эътимод намекунад, балки ба қаннатҳои худаш такя мекунад. Мо бандаҳо ақли хондану навиштан ва дарк карданро дорем, аммо на ҳамавақт такя ба Офаридгорамон мекунем. Вақти зуромад, зикру таваккаламон зиёда мегардад. Худоё ба мо зикру таваккали бардавом ва холисона насиб бигардон

Ҳаёт чун обест дар косаи кафида. Бинӯшӣ ҳам тамом мешавад, нанӯшӣ ҳам. Аз ин рӯ кушиш бикун, ки аз ҳаёт баҳра бигирӣ, зеро баҳра бигирӣ ва ё нагирӣ ҳам, ҳаёт мегузарад. Барои аз ҳаёт баҳра бурдан, Аллоҳ Таъоло ҳалолҳои басандае офаридааст, ки ҳоҷат ба майли ҳаром нест.

Бо аҳли илм ва хайр бояд нишаст
Инсон бояд, ки бо аҳли хайр (боилму боамал) бошад, бо аҳли хайр дӯстӣ намояд. Манфиати нишастан бо аҳли хайр то абад давом медиҳад. Барои мисол, саги Асҳоби Каҳф. Барои саг буданаш ҳаром аст, наҷисул айн аст. Вақте, ки саг тар бошад ва ба бадан бирасад, пас ҷойи расидаашро бояд бишӯст, ҳатто ба як ривояте ҳафт маротиб бояд бишӯст, зеро ҳаром аст. Саг бо аҳли хайр буд ва Аллоҳ Таъоло ба ҳурмати оне, ки бо аҳли хайр буд, сагро ҷаннатӣ кард. (Абдулҳоким Ҳусайнӣ)
*** Исми саг Қитмир мебошад. Пас, ҳаргиз набояд ноумед шуд. Муҳим он аст, ки дар роҳи хайр бошем ва дунболи аҳли хайр бошем. Аллоҳ Раҳмону Раҳим аст.

Илмро аз даст додан
Нафаре ба ҳазрати Абу Ҳурайра (р.а.) гуфт:
- Ман аз илм омӯхтан дурӣ меҷӯям, зеро аз он метарсам, ки омӯхтаамро боз фаромӯш мекунам.
Абу Ҳурайра (р.а.) чунин фармуд:
- Илм намомӯхтан, ин худ маънои аз даст додани илм аст.


Пулу вазифа инсонро дигар намекунад, танҳо ниқобашро мегирад, зеро инсонеро, ки ботинаш хайр аст, моли дунё таъсираш намекунад.

Вақти машқ кардан аз ҳар лаҳзааш нафрат мекардам. Аммо худ ба худ мегӯфтам, «Таслим машав! Ҳозир азоб бикаш ва умри боқимондаатро чун қаҳрамоне гузарон». (Муҳаммад Алӣ)

Ҳар як инсон ду дарахт дорад, яке дарахти хурсандӣ ва дигаре дарахти ғам. Кадоме аз ин дарахтҳоро сероб кунад, аз ҳамон дарахт меваи зиёд мехӯрад.

Барои шурӯъ кардан олиҷаноб будан шарт нест, аммо барои олиҷаноб шудан, шурӯъ бояд кард. (Зиг Зиглар)

Эй одам! Нақшатро хуб бозӣ бикун. Дар қабр ва маҳшар филме, ки тамошо мекунӣ, дар нақши асосияш худат ҳастӣ.

Шахсе, ки ошиқи илоҳӣ насибаш гаштааст, нафсаш ба бадӣ талқинаш намекунад.

Агар нафаре шуморо нороҳат мекунад, аммо шумо ҳоло ҳам ба ӯ салом дода метавонед, пас ин садақаи виҷдони шумост. (Мавлоно)

Имон хазина асту Иблис дузд. Ақл бошад, хазинадор аст. Агар хазинадор биравад, дузд хазинаро медуздад. (Ҳоҷӣ Бекташи Валӣ)

Хасани Басри мефармояд: Хар кас, ки бо моли харом хайр мекунад, гуё чомаи палиди худро бо бавл шуста палидтар месозад. (Пас садакае, ки аз моли харом аст, савоб надорад)

Ҳар як инсон ду дарахт дорад, яке дарахти хурсандӣ ва дигаре дарахти ғам. Кадоме аз ин дарахтҳоро сероб кунӣ, аз ҳамон дарахт меваи зиёд мехӯрӣ.

Бархе аз пешиниёни порсо гуфтаанд:
ادَّخر راحتك لقبرك، وقِّلل من لهوك ونومك، فإنَّ من ورائك نومةً صبحها يوم القيامة.
Роҳататро барои қабрат бияндӯз ва аз беҳудакорӣ ва хоби хеш кам кун, зеро ки дар пешорӯи ту хобест, ки субҳи он рӯзи Қиёмат бувад. (ТФН)

Ба андозаи тарси ту аз Аллоҳ офаридонагонаш аз ту метарсанд ва ба андозаи дӯстдории Аллоҳ офаридагонаш дӯстат медоранд ва ба андозаи машғул шуданат ба амри Худои таъоло офаридагонаш ба кори ту мепардозанд. (Юсуф ибни Ҳусайн)

Бозгашт ба Ислом ин нест, ки бар парчами худ «Аллоҳу акбар» бинависем, балки бозгашт ба Ислом ин аст, ки дилҳоямонро бо «Аллоҳу акбар» лабрез кунем ва онро ангезаи кирдор ва ҳадафи зиндагиямон гардонем. (Муҳаммад Ғаззолӣ)

Сарчашмаи хор кардани дигарон аз бешармӣ ва беадабӣ бармеояд.
Бадбахтӣ метавонад ба мо биёмӯзад, ки хушбахт бошем.
Бояд пайваста ба Парвардигори беҳамто рӯ оварем, дар ҳар корамон ӯро бино донем ва бовар кунем, ки рӯзе деҳ мухтори ӯст
Роҳи рост ва дуруст ҳамон аст, ки бар таҷруба ва илми худ биафзоем ва онҳоро барои расидан ба орзуҳо ва хостаҳои писандидаи худ ба кор барем.
Ончиро мешунавам фаромуш мекунам, ончиро мебинам ба хотир мегузорам ва ончиро анчом медињам дарк мекунам.

Ҳама мехоҳанд башариятро иваз кунанд, дареғо, ки ҳеҷ кас дар ин андеша нест, ки худро иваз кунад.
Аз гуфтаҳои Имом Шофеъӣ {раҳматуллоҳи алайҳ}:
كلّما تعلَّقت بشخص تعليقا، أذاقك الله مرّ التعلُّق، لتعلم أَنَّ الله يغار على قلبٍ تعلَّق بغيره، فيصد عن ذلك ليردك إليه. (الإمام الشافعي)
Ҳар гоҳ, ба касе ғайр аз Худо дил бибандӣ, Худои таъоло талхии ин дилбастагиро ба ту мечашонад, то бидонӣ, ки Худои таъоло аз диле ки ба ғайри ӯ мутаъаллиқ шавад, рашк мебарад, пас аз он манъат кунад, то туро ба сӯи худ бозгардонад. (Имом Шофеъӣ)
Ба андешаҳоят таваҷҷуҳ кун, пеш аз он ки ба тамаркуз табдил шаванд,
ба тамаркузи андешаҳоят таваҷҷуҳ кун, пеш аз он ки ба эҳсосот таҳвил гарданд,
ба эҳсосотат таваҷҷуҳ кун, пеш аз он ки ба рафтор табдил ёбанд,
ба рафторат таваҷҷуҳ кун, пеш аз он ки ба натиҷаҳо табдил гарданд,
ба натиҷаҳоят таваҷҷуҳ кун, пеш аз он ки ба равиши зиндагӣ ва сарнавишти ту мубаддал шаванд!
Ту, эй одамизода,
ту фақат аз унвоне иборат нестӣ, ки ба хештан додаӣ, ё аз номе ки дигарон ба ту гузоштаанд,
ту иборат аз афсурдагиву тангдилӣ, навмедӣ ва ташаннуҷу нокомӣ нестӣ,
ту танҳо иборат аз синну солу вазну шаклу ҳаҷму ранги худ нестӣ,
ту фақат иборат аз гузаштаву ҳозиру ояндаи ҳаёти хеш нестӣ,
ТУ БЕҲТАРИН ОФАРИДАЕ ҲАСТӢ, КИ ХУДОИ АЗЗА ВА ҶАЛЛА ОФАРИДА.
Пас, агар ҳар инсоне дар дунё ба чизе даст ёфта аст, БИДОН, КИ ТУ НИЗ МЕТАВОНӢ, ҲАДАФИ ХУДРО ДАСТ ЁБӢ, БАЛКИ БА ХОСТИ ХУДОИ ТАЪОЛО, ТУ МЕТАВОНӢ, ДАР ТАҲҚИҚИ АҲДОФАТ БАР Ӯ БАРТАРӢ ЁБӢ. (Иброҳими Фиққӣ)

Дуъо карданро аз Паёмбар {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} биёмӯз ва мисли ӯ дуъо кун, ки гуфта:
اللَّهُمَّ إِنِّي أَعُوذُ بِكَ مِنَ الْعَجْزِ، وَالْكَسَلِ، وَالْجُبْنِ، وَالْبُخْلِ، وَالْهَرَمِ، وَعَذَابِ الْقَبْرِ، اللَّهُمَّ آتِ نَفْسِي تَقْوَاهَا، وَزَكِّهَا أَنْتَ خَيْرُ مَنْ زَكَّاهَا، أَنْتَ وَلِيُّهَا وَمَوْلَاهَا، اللَّهُمَّ إِنِّي أَعُوذُ بِكَ مِنْ عِلْمٍ لَا يَنْفَعُ، وَمِنْ قَلْبٍ لَا يَخْشَعُ، وَمِنْ نَفْسٍ لَا تَشْبَعُ، وَمِنْ دَعْوَةٍ لَا يُسْتَجَابُ لَهَا. (أخرجه مسلم، برقم 2722)
Худовандо, ман аз нотавониву коҳилӣ ва тарсуиву зуфтиву фартутӣ ва аз азоби гӯр ба ту паноҳ мебарам. Худовандо, ба ҷони ман парҳезгорияшро бидеҳ (то аз пайравии ҳавову ҳавас ва иртикоби табаҳкориву зишткирдориҳо бираҳад) ва онро (аз хӯи накӯҳида ва айбу гуноҳ) покиза гардон, зеро ту беҳтарин касе ҳастӣ, ки (ба муқтазои ҳикмат ва фарохии илму раҳмату хости хеш) онро покиза мегардонад, ки ёру хоҷаи он туӣ. Худовандо, аз донише ки (ба сабаби камихлосӣ ва ё риёву худнамоӣ дар амал ва омӯзиши касе ва дар тарбияи хеш ва табдили ахлоқ ва гуфтору рафтор маро ва дигаронро) суд намебахшад ва аз диле ки (ба руни сангиниву қасоват панду насиҳату наҳй дар он кора намекунад ва) худотарс намешавад ва аз нафсе ки (аз ҷамъ кардани моли дунё ва хурдану нӯшидану шаҳвату лаззатҳои сарои сипанҷӣ) сер намегардад ва аз ниёише ки (ба сабаби беихлосӣ, ё бадкирдориву пургуноҳӣ ва хурдани ҳаром) пазируфта намешавад ба ту паноҳ мебарам. [Ривояти Имом Муслим; 2722]


 
Ҳангоме ки дар коре ноком мешавӣ, бидон, ки Худои субҳон ва таъоло медонад, ки он аз барои ту нест, ё ки ту барои он ҳанӯз омода нестӣ, ё дар ҳамин вақт онро таҳаммул кардан наметавонӣ, ё ончи ки аз ганҷинаи ғайб меояд барои ту аз он беҳтар аст. Пас ба қисмати Худои таъоло хушнуд шав! (Шайх Мутаваллӣ Шаъровӣ)

Паёмбари гиромӣ {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} гуфта:
مَنْ أَصْبَحَ مِنْكُمْ آمِنًا فِي سِرْبِهِ ، مُعَافًى فِي جَسَدِهِ ، عِنْدَهُ قُوتُ يَوْمِهِ ، فَكَأَنَّمَا حِيزَتْ لَهُ الدُّنْيَا
Ҳар кӣ (аз шумо муъминон) дар ҳоле ба субҳ расида, ки ҷонаш (ва аҳлу аёлаш аз бими душманон) дар амон бошаду (зоҳиру ботини) баданаш беранҷ ва рӯзии (кофии ҳалоли) онрӯзааш муҳайё, гӯиё ҳама дунёро (бо неъматҳояш) ба даст оварда аст. [«Ал-адабу-л-муфрад»-и Бухорӣ; 300, «Сунан»-и Тирмизӣ; 2346]
Чун Худои таъоло беранҷии бадан ва амну осудаги тан ва рӯзии кофии якрӯзаатро аз ҳалол арзонӣ дошта ва хонадонатро эмину тандуруст нигаҳ дошта аст, бидон ки Худои таъоло тамоми неъматҳои ҷаҳонро бароят гирд оварда, ки барои ҳама мардум ҳосил намешаванд. Аз ин рун, боястӣ, ки ин рӯзи некатро бо шукри Худо биёғозӣ ва аз зикру ибодати ӯ ба сутӯҳ наоӣ ва ин рӯзи пурнеъматро дар тоъати Худо сарф кунӣ, на дар маъсияту нофармониву гуноҳ, ки мӯҷиби заволи ин неъматҳост ва сабаби хориву мазаллати ҳар ду ҷаҳон.

Тааҷҷуб мекунам аз касе, ки ба Парвардгори худ имон дорад ва битавонад ҳолате барояш даст бидиҳад, ки навмед шавад.
***
Агар мехоҳед касеро барои рафтори нописандида накӯҳиш кунед, сараввал ба жарфои дили худ бингаред, ки дар воқеъ чиро дӯст доред: чунон бошад ё чунон набошад?
***
Мо ойинаро ҳақнамотарин ёри худ медонем, дар ҳоле ки дар он «акси» худро мебинем.
***
Китобҳоро сара кардам ва дастаеро ба дӯстам додам. Аз дилам гузашт: чӣ андарзҳоеро ба касон медиҳем ки дар дили худ ҷое барои он пайдо намекунем.
***
Ҳеч дӯсте ба пайвастагӣ, ба шойистагӣ, ба садоқат шуморо насозад, то чунин дӯстро андаруни вуҷуди хештан пайдо накунед. Шамс мегӯӣ? Шамс шӯълае буд сар кашида аз вуҷуди худи Мавлоно. Чун ӯ намонд Мавлоно сари ин риштаи маваддатро гираҳ зад ба пои Салоҳиддини Заркӯби уммӣ. Чун аз вай гузашт гираҳ зад ба Ҳусомуддини Чалабӣ ва ин ҳама пораҳое буд аз вуҷуди Мавлоно. Агар эрод доред бигӯйед, ки ҷуз Мавлоно азамати ин ёронро чи касе сурудааст ва ин ёрон ба ҷуз Мавлоно чӣ касеро сохтаанд?
***
Мегӯянд: фулонӣ мутаккабир аст ва касеро ба кас намегирад. Боз ҳамӯро мегӯянд фулонӣ шӯҳратталаб аст. Якеро бигӯянд. Шӯҳрат чист? Таҳсини касон. Агар фулонӣ касеро ба кас намегирад таҳсини касон пешаш чӣ арзише дорад
***
Сахттар аз ҳама бароям мушоҳидаи ин ҳол буд, ки тифле хурдсол, бисёр хурдсол ки ҳануз истеъдоди таъсирпазирӣ аз бузургонро надошт аз шиддати бухл бозичаи тифли дигарро бар замин зад. Магар бухл дар фитрат ҳаст?
***
То сабру таҳаммул даст диҳад замоне ки андарзи шуморо намепазиранд, боре ба ёд биёред, ки аз чанд қавли худро пеши худ шикастед ва чанд андарзи худро ба худ ботил кардед. Аз дигарон чӣ интизор доред?
***
Шояд болотарин дараҷаи бухл он бошад, ки нисбат ба каромат ва саховати дигаре, ки нисори шумо мешавад бухл биварзед. Оё чунин нестем мо вақте, ки нисбат ба касоне, ки ҳастии худро вақфи беҳбуди мо кардаанд бухл меварзем?
***
Ба танҳоии ногузир унс бигиред, аз танҳоӣ натарсед, ки саранҷом танҳоист.
***
Дидори ёрон ба саломат ҳар рӯз иди дигарест.
***
Фармуданд: Беҳтарин мерос ба фарзанд номи нек аст.
Суол шуд: Номи неке, ки ба фарзанд дода мешавад?
Гуфт: На, номи неке, ки аз падару модар ба мерос гузошта мешавад.
***
Бо яке ки ки ба инод ва инкори Ҳақ саргарм буд, мегуфтанд: Дар вуҷудат ҳеч арзише нест ҷуз он ки офаридаи Ҳақ ҳастӣ ва бо ин ҳол агар Ҳақро мункирӣ, дигар чӣ арзише дорӣ?
***
Яке мегуфт: Аз ҷонам сер шудам.
Фармуданд: Муфт ёфтаӣ.
***
Аз қиёси нуқсонҳо барои худ камол ҷустан чунон аст, ки гӯё бар лаби чоҳе биистед ва бихоҳед, ки баландии қомати шуморо аз зери чоҳ то сари шумо андоза бигиранд. Мухтасар, сахт худфиребист.
***
Инсон қимати вақтро ба дурустӣ мешиносад, агар ҳар лаҳза бо ин андеша бошад, ки ин ҳар лаҳза қисмате аз он азизтарин чизест, ки “умр” номида мешавад.
***
Мо бисёр вақт дигаронро насиҳат мекунем, то нафси худро ба гӯш кардан ва масъулият водорем.
***
Ба қаъри кон меравем, то ганҷ берун орем. Пас чаро ба қаъри таърих меравем, то ранҷ берун орем. Чаро аз дили таърих баҳонаи ҷанг баркашем на ҳикмати оштӣ?!
***
Мо бисёр вақт дар сабқати беҳтар аз дигарон будан бадтар аз худамон мешавем.
***
Чун балое пеш ояд бояд таваккул кард ба оне, ки то кунун басе балоро аз сари мо рад карда, бидуни он ки мо худ огоҳ шавем.
***
Чун мо ба худ ҳам дурӯғ мегӯем, моро аз дигарон ва дигаронро аз мо чи умед.
***
Ғаризаи қасос дар инсон ба ҳадде неруманд аст, ки инсонро ба корҳои хориқулодда вомедорад. Масалан, кӯдаке чашмонашро пӯшид ва ба рақибаш гуфт: ман туро нест кардам!
***
Мо барои дуртарин ва душвортарин сафар, ки марг аст, камтар аз ҳар сафари дигар омодагӣ мегирем.
***
Ҳеч кас моро беҳтар аз мо намешиносад ва ба ҳамин андоза ҳам ҳеч кас моро камтар аз мо намешиносад.
***
Чашми дил айнак намехоҳад.
***
Баҳс мисли оташ аст: агар барои мӯътақид кардан аст, ин оташест дар оташдонҳо ва агар барои мулзам кардан аст, оташест дар дилу имонҳо.
***
Онки ба сӯйи Худо даъват мекунад, сари роҳро бо вуҷуди худ банд намекунад ва дар пои худ мунтаҳӣ намедонад.
***
Таъзим барои маслиҳат бад нест, агар эмин бошӣ, ки пой бар сарат намегузоранд.
***
Басо аҷаб аст, агар мо шокӣ бошем, ки ҳарфи моро қабул надоранд, аз касоне, ки ҳарфи офаридгори худро қабул надоранд.
***
Калимаҳо чун ошноёни дерин барои мо маълуму оддӣ мешаванд, аммо гоҳо маънои комилан тозае аз онҳо кашф мешавад, чунон ки гоҳо ошнои худро ба куллӣ бо симои дигаре мебинем.
***
Касоне дар таърих тавонистанд Худоро аз зеҳни тудаҳое дур кунанд, аммо натавонистанд худро аз васвасаи даъвои худоӣ кардан эмин созанд.

Инсонҳо ҳар чӣ дарки бештаре дошта бошанд, ранҷи бештаре мекашанд.
Як фикри мусбати кӯчак дар субҳ, метавонад кулли рӯзатонро тағйир диҳад.
Бар он чӣ гузашт, он чӣ шикаст, он чӣ нашуд ҳасрат нахӯр.
Зиндагӣ агар осон буд, бо гиря оғоз намешуд.
Аз зеҳн то даҳон фақат як нуқта фосила аст, то зеҳнатро боз накардӣ даҳонатро боз накун.
Одами мағрур мисли касест, ки болои кӯҳ истода, ҳамаро кӯчак мебинад, ғофил аз ин ки мардум ҳам аз поён ӯро кӯчак мебинанд.
Барои худат зиндагӣ кун, барои дигарон зиндагӣ бош.
Агар медонистед, ки афкоратон чӣ қадар қудратманд ҳаст, ҳеҷ гоҳ ҳатто барои як бори дигар ҳам манфӣ фикр намекардед.
Агар мехоҳед хушбахт бошед, зиндагиро ба як ҳадаф гиреҳ бизанед, на бо ашхос ва ашё.

 
Чашм бефоида аст, вақте зеҳн кӯр бошад.
Писаре аз модараш пурсид: чӣ гуна метавонам барои худам зани лоиқ пайдо кунам?
Модар посух дод: нигарони пайдо кардани зани лоиқ мабош, рӯи марди лоиқ шудани худ фикр кун.

Чизе ки сарнавишти инсонро месозад «истеъдодҳояш» нест «интихобҳояш» аст.

Гаронмоятарин гавҳари одамӣ инсонияти ӯст. Ҳар кас инсонияти худро бохт аз дигар бохтанҳо наҳаросад.

Иштибоҳи аслии мо дар зиндагӣ ҳазорон кори ғалате нест, ки анҷом медиҳем, балки ҳазорон кори дурӯстест, ки барои ашхоси ғалат анҷом медиҳем.

Мусалмон бояд чунон бошад, ки бо дидани он ботил ба ларза дарояд ва қадами он дар ҳар ҷо ки бияфтад, дарёҳои муҳабату бародарӣ ҷорӣ шавад ва ҳар кирдору рафтори мусалмон барои дигарон машъали роҳ бошад.
(Пас, эй ҷавонони мусалмон! Эй касоне ки ҷаҳон дар интизори қиёму ислоҳи шумост! Ба ҳуш биёед. Худро бардурӯғ бар хоб назанед, худро бишносед ва дигаронро ба ахлоқу кирдору гуфтори хеш ба сӯи худ моил созед. Таълими Қуръонро ом кунед ва ба суннати инсонсози Расули муаззам чанг бизанед. Ба Худо қасам, масъулиятҳоятон хело зиёд шудааст, чаро ҳануз ҳам мисли кудаконед? чаро ҳануз ҳам интихобро наомухтаед? Барномаи шумо куҷост?...).
Эй касе ки имрӯзро ба сони дирӯз табоҳ намудӣ, бедор шав ва худро дарёб.
То кай худро ба куштан медиҳӣ?
Боқимондаи умратро дарёб ва бидон, ки гузаштаатро арзон фурухтӣ.
Худовандо! Бубахш моро, барои гуноҳоне, ки лаззаташ рафта, аммо масъулияташ мондааст.
Бо ислоҳталабон бош!!! То ислоҳпазиру ислоҳгар бошӣ.
Дунё аз они касонест, ки мутолиа мекунанд.
Хушбахт касест, ки ба яке аз ин ду чиз дастрасӣ дорад:ё китобҳои хуб ё дӯстони китобхон.
Шарти хондани китобҳои хуб, нахондани китобҳои бад аст. Чаро ки зиндагӣ бисёр кӯтоҳ аст ва ман танҳо вақти хондани китоби хубро дорам.
Ҳар ҷо одам ҳаст, он ҷо китоб ҳам бояд бошад.
Донишгоҳи воқеӣ ҷоест, ки маҷмӯае аз китоб дар он ҷамоварӣ шуда бошад.
Саҳифаҳои китоб ба манзалаи болҳое ҳастанд, ки руҳро ба олами рӯшноӣ парвоз медиҳанд.
Зиндагӣ бидуни мутолиа арзиши зистан надорад.
Утоқи бидуни китоб монанди ҷисми бе руҳ ва хонаи бидуни чароғ аст.
Китобро бояд дар радифи заруриёти зиндагӣ ба шумор овард.


Марди бузург дер ваъда медихад, аммо зуд ба анчом мерасонад.
Зиёд зистан камобеш орзуи хама аст, аммо хуб зистан ормони як иддаи маъдуд.
Бехтарин нигахбони саодат дар хонавода ишки зану шавхар нисбат ба якдигар аст.
Агар рузе шаъну макомат поён омад ноумед машав, зеро офтоб харруз хангоми гуруб поён меравад, то бомдоди рузи дигар боло биояд.
Заношуи иборат аст аз се хафта ошнои, се мох ошики, се соли чанг ва си соли тахаммул.
Бояд аз бади кардан битарсем, то аз бади дидан.
Начандон нарми кун, ки бар ту далер шаванд ва начандон дурушти, ки аз ту сер гарданд.
Дар кураи шуълавари зиндаги некбахтии мо пардохта мешавад.
Агар ба рохи хато рафти, аз бозгашташ матарс!
Хар кадар бузургтар боши, танхотар хасти.
Худоё, хунар чи кадар баланду умр чи кадар кутох аст.

Ба фарзандат магӯ...
_________________
* - Ба фарзандат магӯ, биё, намоз бихон ва илло ба дӯзах хоҳӣ рафт, балки бигӯ, эй ҷигаргӯшаам, биё, то намоз бихонем, то ҳама хонадон аз аҳли биҳишт гардем.
* - Ба фарзандат магӯ, эй танбал, бирав, ҳуҷраатро мураттаб кун, ки мисли харобазор шуда аст, балки бигӯяш, ки эй нури чашми падар, ту ки тозагиву тартибро дӯст дорӣ, оё мехоҳӣ, ки касе ёварият кунад, то ҳуҷраатро ба назму тартиб дарорӣ?
* - Ба фарзандат магӯ, ки эй хирасар, чанд бор гуфтамат, ки дар хонаву кӯча тӯпбозӣ макун, балки бигӯ, ҷони падар, медонам, ки ту истеъдоди тӯпбозӣ дорӣ, аммо хонаву кӯча ҷои тӯпбозӣ нест, бо ёронат як рӯзе дар ҳафта ҷамъ шавед ва дар варзишгоҳи мактаб бозӣ кунед ва қисме аз маблағи иҷораи варзишгоҳро ман мепардозам.
* - Ба фарзандат магӯ, ки эй бефаҳм, бархезу дарсҳоятро бихон, бозиро тарк кун, чун дарсхонӣ муҳимтар аст, балки бигӯ, эй шодии қалбам, чун аз хондани дарсҳоят фориғ шудӣ, агар хоҳӣ, ман низ муддате чанд дар бозиятон мушоракат мекунам.
* - Ба фарзандат магӯ, ки эй бетамиз, чанд борат бигӯямат, ки дастонатро баъди тановули таъом бишӯй, ё бархезу дандонатро бишӯй, ё ки ҳар бор ҳатман ман як гапро бигӯям? Балки бигӯй, ки Паёмбарамон (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) моро фармуда аст, ки "ан-назофату мина-л-имон" – "тозагӣ аз имон аст", ман низ шод мешавам, ки дар пайравӣ аз ин сухани Паёмбар дастонат, ё дандонҳоятро бишӯӣ ва маро шод гардонӣ. 


Интихоби ту чист?
_______________
Сахтии тоъат равад, лек бимонад савоб,
Лаззати исён равад, боз бимонад иқоб.
Лаззати яклаҳзае, ё ки савоби абад
Бознигар, эй ҳаким, чист туро интихоб? (ФН)

Тааммуле дар неъматҳои баданӣ
_____________________________
Ҳама андомҳо неъмате ҳастанд бебаҳо, чи чашму чи гӯшу дасту пову дилу гурда...
Чашмонатро лаҳзае бипӯш ва дар неъмати биноӣ биандеш: бе чашм наметавонистӣ, ки чеҳраи худро бибинӣ, чеҳраи азизтарин афродро чун падару модару зану фарзанду бародаронатро фарқ намекардӣ, аз зебоиҳои табиъат лаззат намебурдӣ, рангҳоро намешинохтӣ, пастиву баландиҳои роҳро намедидӣ, унвони хонаатро намедонистӣ, дар вузӯ намедонистӣ, кадом узват пок аст, ҷиҳати қибларо намедонистӣ, вақтҳои намозро намедонистӣ, Қуръонро намехондӣ... Ҳамчунини дигар неъматҳои дигар, чун андеша кардан, шунавоӣ, гуфтор, роҳ рафтан...
Камтар аз ҳама неъмати нафас кашидан аст. Ҳар лаҳзае нафасе ройгон мекашем ва дар бораи ин неъмати бузурги ройгон ҳеҷ намеандешем. Аз беморони дамкӯтаҳӣ бипурсед, ки ҳангоме ки нафасашон тангӣ мекунад, чи эҳсоси ногуворе шабеҳи ҷонканӣ доранд? (Худо ҳама беморонро шифо ато кунод!)
Агар аз чашми бино, гӯши шунаво, забони гӯё, пои раво ва дасти гиро маҳрум мебудӣ, чи ҳоли риққатоваре медоштӣ? Ба ҷуз пораи гӯште беш намебудӣ, ки дар гӯшае хору залил афганда, дастнигари риоят ва муҳтоҷи мадад ва шафқату темордорӣ буд.
Оё он Худое ки ин ҳама неъматҳоро бе ҳеҷ музде бароят дода аст, сазовори шукр нест? Сазовори ҳама санову шукри содиқона ва ибодати холис ӯст. Пас шукри Худоеро ба ҷой биёр, ки ин ҳама неъматҳоро бароят ройгон бахшида аст ва бикӯш, то ин неъматҳоро дар тоъати Худо кор бандӣ, зеро давоми неъмат дар истифодаи он дар тоъати Худо ва шукргузор будан аст. (ФН, 11.01.2014)

Ба ҷамолу молу нажод маноз!
___________________________
Айб аст, ки бо чизе бинозӣ, ки ту онро насохтаӣ: Ба ҷамоли хеш маноз, ки ту онро наофаридаӣ, ба ниёгону хешовандону нажоди хеш маноз, ки ту онҳоро барнагузидаӣ, ба молу ризқи хеш маноз, ки ту онро надодаӣ, ба ҷоҳу мансаби хеш маноз, ки ба ту аз дигаре расида ва аз ту ба дигаре расад, балки ба ахлоқ ва одоби хеш фахр кун, ки хештанро бо онҳо оростаӣ ва ба дониши хеш биноз, ки худ онро андӯхтаӣ ва ҳамвора, шукри Худоеро бигӯ, ки бархеи ин неъматҳоро ба фазли худ бе ҳеҷ кӯшише ба ту дода аст ва дар баъзеи дигар туро бо карами худ тавфиқ бахшида.


Насиҳате чанд ба зангирандагон ва шавҳаркунандагон
_______________________________________________
Ҷавонмард ва хоҳаре ки иқдом ба издивоҷ кардаӣ, чанд нуктаро дар ёд дор, ки:
- Ба андозаи покдоманият, Худо ҳамсари покдоманат насиб мекунад, на ба андозаи зебоият.
- Ба андозаи парҳезгорият, Худо ҳамсари парҳезгорат медиҳад, на ба андозаи кобини пардохтаат, ё моли падарат.
- Ба андозаи он ки чашм аз маҳорим пӯшида медорӣ, Худо ҳамсаре мастурат медиҳад, ки чун лӯлӯи макнун ва гавҳари садафпӯш бошаду аз ҳама назарҳо пинҳон, хори чашми фосиқе онро нахарошида ва касе ҳаловати ҷамоли ӯ начашида.
- Ба андозаи нигаҳ доштани даст аз маҳорим, Худо бароят ҳамсаре медиҳад, ки дасти фосиқе сӯи ӯ дароз нашуда ва боғбоне гули ҷамоли ӯ начида.
- Хештанро аз ҳаром нигаҳ дор, то Худо бароят ҳамсаре бидиҳад, ки дар ҳалол парвариш ёфта ва аз ҳаром раҳида.
- Аз хилвати духтарони бегона ва суҳбати маҳрамонаи мардони бегона дур бош, то ҳамсарат фақат вижаи ту бошад ва ҳамнишини дилороми ту.
- Ва ба андозаи нигаҳ доштани забон аз бадгӯӣ ва туҳмати мардон ва занони муъмин, Худо бароят ҳамсаре медиҳад, ки забони бадгӯе шарафи ӯро нахарошида.
Пас вой бар ҳоли касе ки забони палиди худ ба туҳмати зани Паёмбар олуда карда асту боз оҳанги тавба кардан надорад... (ФН, 07.01.2014)


Хуршеди обрӯ
___________
Обрӯ, шараф ва ақидаатро чун фарше магустар, ки ҳар нокасе зери пояш кунад. Онҳоро хуршедвор дар авҷи осмони ҳувийятат қарор бидеҳ, то ҳама ба вузӯҳ бибинандашон, онгоҳ, ё ибрат бигиранд, ё нуре иқтибос кунанд. Ва агар ин ду рух надиҳанд, барои осеби онон дастнорас бошанд. (ФН, 04.01.2014)


Гови бешир бонгаш баланд аст
__________________________
Мардуми мо масали хубе доранд, ки "гови бешир бонгаш баланд аст". Ё ба ибораи дигар, зарфи тиҳӣ нисбат ба зарфи анбошта бонги бештар дорад ва башар низ ҳамчунинанд: ҳою ҳуй, бонгҳои баланд ва фарёдҳои осмонхарош фақат аз каполи тиҳимағзон ва беадабону сифлагон бармехезанд, пас, вақти гаронбаҳоятро дар ҷидол бо онон талаф макун! (ФН, 04.01.2014)


Падари хеш шав, агар мардӣ.
_________________________
Фарқест бузург, миёни миллате ки ҳамвора суруди шукӯҳи ниёгони худро замзама мекунад ва миёни миллате ки ба сохтани шукӯҳ барои наберагони худ машғул аст. (Ронайн)


Ҳимматбаландон
______________
Ғуломи ҳиммати онам, ки зери чархи кабуд,
Зи ҳар чи ранги таъаллуқ пазирад озод аст. (Ҳофиз)
***
Марди ҳимматбаланде аз Чеченистон, бо номи Мусо Дадаев.

Ғамгин мабош: Агар гуноҳе варзидӣ, тавба кун!
Ва чун кори зиште кардӣ, омурзиш бихоҳ!
Ва агар хатое аз ту сар зад, ислоҳаш кун, зеро раҳмати Худои таъоло фарох асту боби тавба боз ва омурзиши ӯ беинтиҳо ва тавба мақбул. [Д-р Оизи Қаранӣ]




67 комментариев:

  1. ПАНДХО.

    Ба умри хеш мадхи кас нагуфтам
    Дурро аз бахри дуньёям насуфтам
    ( Аттор )
    дархти дусти биншон , ки коми дил ба бор орад ,
    нихоли душмани баркан , ки ранчи бешумор орад .
    (Хофиз )
    Дуньё наярзад он , ки парешон куни диле ,
    Зинхор бад макун , ки накардаст окиле !
    (Саъдй )
    Зи хок офаридат худованди пок
    Пас эй банда уфтодагй кун чу хок !
    ( Саъдй )
    Икбол хасм харчи фурутар шавад накуст !
    Фаавора чун баланд шавад сарнагун шавад .
    (Икбол )
    Дасти тамъ пеши касон мекуни дароз ,
    Пул бастаи , ки бигзари з- обу руи хеш

    Изхор ачз пеши ситампешагон хатост ,
    Ашки кабоб боиси тугёни оташ аст !

    Одами пир шуд . хирс чавон мегардад ,
    Хоб дар вакти сахаргох гарон мегардад

    Решаи накли кунахсол аз чавон афзунтар аст ,
    Бештар дилбастагй бошад ба дуньё пирро
    ( Сохиб )
    Шахро бех бувад аз тоъати садсолаи зухд ,
    Кадри як соъати умре , ки дар у дод кунад !
    ( Хофиз )
    Сад сол бадй кардаву шарми ту наомад ,
    Некй чй бадй дошт , ки як бор накардй !

    Маро ба дайру киништ гарчй парвариш доданд
    Нарафт аз дилхо мо ончи дар дили харам аст !

    Аз гушй худ мешунави , ки фалон бимурд
    Дар гушй дигарон хабарт хам расиданист !

    Хушдор инон кашида рав к – охири кор ,
    Бар маркаби чубин зи чахон хохй рафт !

    Уфтодагй омуз агар толиби файзи ,
    Харгиз нахурад об замине , ки баланд аст .

    Хоксори пеша кардан хеч медони ки чист ?
    Мушти хошоке ба чашми душманон афкандан аст .

    Хоксори бо вучуди рутбаи аъло хуш аст ,
    Тахнишину хас шудан , аз гавхари дарьё хуш аст .

    Хар , ки по кач мегузорад хуни дил мо мехурем ,
    Шишаи номуси олам дар багал дорем мо .


    Захр аст , атои халк харчанд даво бошад ,
    Аз гайр ту чи мехохи , ончо , ки худо бошад !

    Зи дуньё меравад хусрав ба зери лаб хаме гуяд ,
    Дилам бигрифт дар гурбат таманнои ватан дорам .

    Чу рахти хеш барбастам аз ин хок ,
    Хама гуянд бо мо ошно буд .
    Валекин кас надонист ин мусофир ,
    Чи гуфту бо , ки гуфту , аз кучо буд .
    ( Икбол )

    ОтветитьУдалить
  2. Суханчинӣ
    _________
    Марде ба зоҳиде гуфт, ки фалонӣ ҳанӯз туро дар қиссаҳояш ба зиштӣ ёд мекунад. Зоҳид бад-ӯ гуфт:
    يا هذا ، ما رعيت حق مجالسة الرجل حيث نقلت إلينا حديثه ، ولا أديت حقي حين أعلمتني عن أخي ما أكره ، ولكن أعلمه أن الموت يعُمنا والقبر يضمنا والقيامة تجمعنا ، والله – تعالى – يحكم بيننا وهو خير الحاكمين
    Эй фалон, ҳаққи ҳамнишинии он мардро риоят нанамудӣ, чун гуфторашро ба мо нақл кардӣ. Ва ҳаққи маро низ адо нафармудӣ, ҳангоме ки аз бародари мусулмонам ба ончи огоҳам кардӣ, ки онро дӯст надорам. Лекин мебоист ӯро огоҳ мекардӣ, ки ҳароина, марг ҳамаи моро фаро мегирад, қабр ба оғӯшамон мекашад, Қиёмат ҷамъамон мекунад ва Аллоҳ таъоло байни мо ба адл доварӣ мекунад ва ӯ беҳтарини доварон аст. (ТФН)

    ОтветитьУдалить
  3. Асари нийят дар кирдорҳо
    ______________________
    Абдуллоҳ ибни Муборак (раҳматуллоҳи алайҳи) гуфта аст, ки:
    رب عمل صغير تعظِّمه النيّة وربَّ عمل كبير تصغِّره النيّة".
    ابن المبارك رحمه الله
    Басо кирдори хурд, ки нияти нек бузургаш гардонад ва басо кирдори бузург ки нияти носолеҳ ночизаш созад. (Абдуллоҳ ибни Муборак)
    Парвардигоро, нийятҳои моро солеҳ гардону кирдорамонро мақбул!
    Роҳи наҷот дар сафари охират
    __________________________
    Эй хуфтаи рӯзгор бедор шав, ки ҳадафи офариниши ту на хурдану хуфтану пӯшидан аст, чун дар нимароҳиву сафаре дур дар пеши дорӣ, ки бебозгашт асту дорои ду сарманзили ҷовидон, яке дӯзахи пуроташ ва дигаре биҳишти пурнеъмат. Пас, омодаи сафар бош, ки умр кӯтаҳ асту роҳи охират дарозу пурхору пурхаму нишеб ва тӯшаи андӯхта андак ва раҳзанони водӣ дар камин ва даду даррандагон гуруснаву дар шикори бандагон ва раҳбаладони гумроҳкунанда фаровон ва қофилаҳои фирқаҳои гумроҳ гирифтори гирдбодҳои регистон ва ташнакомони ҳақиқатношинос дар ҷустуҷӯи об ба сӯи ҳар саробе саргардон ...
    Раҳоӣ аз ин сардаргумиҳо ҳамин аст, ки танҳо бар асари қофиласолори илоҳии уммат, Фиристодаи Худо - Муҳаммад {саллалолоҳу алайҳи ва саллам} гом бинеҳ ва роҳи қофилаи солеҳони растагорро пайравӣ кун, ки аз ин водӣ убур карда ба сарманзили саъодат расидаанд.
    Ин панди Саъдӣ дар гӯш дор, ки:
    Хилофи Паёмбар касе раҳ гузид,
    Ки ҳаргиз ба манзил нахоҳад расид.
    (ФН, 22.03.2014)

    ОтветитьУдалить
  4. Дуъое...
    ______
    Парвардигоро, сафҳаи ҳаётамро дарманавард, то ин ки гуноҳҳоямро биёмурзӣ ва зиштиҳои кирдорамро бизудоӣ, қалбамро аз олудагиҳо пок созӣ ва бо имонаш биёроӣ, тавбаамро бипазирӣ, айбҳоямро бипӯшӣ, дар корҳои шоиста тавфиқам бидиҳӣ, дуъову ибодатҳоямро бипазирӣ ва аз ман хушнуд гардӣ. (ФН, 29.03.2014)
    Ва низ аз ҳама бародарону хоҳароне ки "омин" гӯянд.

    Занони солеҳа ва дарвозаҳои бози биҳишт
    _____________________________________
    Паёмбари акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфта:
    المرأة إذا صلت خمسها وصامت شهرها وأحصنت فرجها وأطاعت بعلها فلتدخل من أي أبواب الجنة شاءت. (حديث صحيح، رواه أبو نعيم في الحلية)
    Чун зан панҷ намозашро бигзорад ва моҳ(-и Рамазон)-ашро рӯза бидорад ва шармгоҳашро (аз зино) нигаҳ дорад ва шавҳарашро фармон барад, пас, яқинан, аз ҳар кадом дарвозаи биҳишт ки хоҳад, ба биҳишт дарояд! (Ҳадиси саҳеҳ аст, "Ал-ҳиля"-и Абунуъайм)

    ОтветитьУдалить
  5. Ҳар айб, ки ҳаст дар мусулмонии мост...
    _________________________________
    Ман мусулмонаму дини ман дини Ислом аст. Бо ин ки дини Ислом дини комил аст, ман на инсони комилам ва на паёмбари мурсал ва на фариштаи маъсум. Шахсе ҳастам, пӯёи раҳи Ислом ва кӯшо дар ислоҳи хеш ва такомул. Агар аз мани хатокор хатое, ё лағзише сар занад, пас шумо забон бар маломати дини Ислом чаро кушоед, балки мани хатокорро зери маломат бикашед! Қазоват фармоед: Пизишке дар илоҷи беморе хатое кард ва бемор ҷон дод. Оё аз рӯи мантиқ аст, ки илми пизишкиро маломат кунем, ки илми одамкушист? Оё равост, ки ба сабаби хатои нафаре ё лағзиши чанд пизишк ҳама пизишкони ҷаҳонро қотил биномем? Кадомяк гунаҳгор аст, илми пизишкӣ ва ё ҳама пизишкони ҳампешаи ӯ? Ё пизишке ки илми пизишкиро ба қадри лозим наомӯхта ва таҷрибаи кофӣ наандӯхта ва хато карда?

    ОтветитьУдалить
  6. Ризқи ту чист ва кадом аст?
    ________________________
    Мапиндор, ки ҳар чи ба дасташ овардаӣ ва андӯхтаӣ ризқи туст, зеро фарқ аст миёни моликият ва ризқ. Шояд, моли фаровоне бияндӯзӣ ва моликаш шавӣ, вале суд бурдан ва харҷ карданаш муяссарат нагардад. Чун аз моли гирдовардаат истифода набарӣ, бидон, ки он ризқи ту нест, балки ризқи касе дигар аст ва ё мероси ирсбарандагонат. Ризқи ту он таъомест, ки мехурӣ ва он нӯшиданиест, ки меошомӣ ва он ҷомаест, ки бар тан мекунӣ ва хонаест, ки дар он меоромӣ ва он мошинест, ки савораш мешавӣ ва он молест, ки харҷаш мекунӣ ва суд мебарӣ. Ту дур аз зану фарзанду наздикон заҳмат мекашӣ, гирдаш меоварӣ, мешуморияш, нигаҳбонияш мекунӣ, вале дар корҳои хайр тангае ба харҷ намедиҳӣ. Ту мисли сандуқе шудаӣ, ки дар он мол ниҳодаанд, аз он моли ниҳода ҳеҷ суде намебарӣ, то онро ба соҳибаш бирасонӣ, ё аз ҷаҳон биравӣ ва онро бе меросбарони худ вогузорӣ, вале бо ин ҳама аз он мол рӯзи бозхост як ба як бозпурсӣ мешавӣ. Дар «Саҳеҳ»-и Муслим аз Абуҳурайра омада аст, ки Фиристодаи Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} гуфт:
    يَقُولُ الْعَبْدُ مَالِي مَالِي إِنَّمَا لَهُ مِنْ مَالِهِ ثَلَاثٌ مَا أَكَلَ فَأَفْنَى أَوْ لَبِسَ فَأَبْلَى أَوْ أَعْطَى فَاقْتَنَى وَمَا سِوَى ذَلِكَ فَهُوَ ذَاهِبٌ وَتَارِكُهُ لِلنَّاسِ... ( مسلم؛ 2959)
    Банда гӯяд, ки моли ман, моли ман... Ҷуз ин нест, ки аз молаш ӯро се чиз аст: Ончи хурду фано кард, ё бипӯшиду куҳна кард, ё ато карду (савоби онро барои охират) андӯхт. Ва ҳар чи ба ҷуз ин бувад, ҳама раванда аст ва онро барои мардум тарк кунад. («Саҳеҳ»-и Муслим; 2959)
    4Не нравится · · Поделиться

    ОтветитьУдалить
  7. Ахлоқи инсон бо аҳли худ ошкоркунандаи ахлоқи аслии ӯст.
    ___________________________________________________
    Ҳар кӣ хоҳад, ки одоб ва ахлоқашро бо соири мардумон бидонад, ки оё онҳо ҳақиқиянд, ё сохта, пас, боядаш, ки ба одобу ахлоқ ва муомилаи хеш бо аҳли худ бинигарад, ки дар муомила бо онон чи гуна одобу ахлоқ дорад ва чи гуна рафтор мекунад. Он ҳангом хоҳад донист, ки ӯ зарри холис аст, ё миси зарандуд? Аз инҷост, ки Паёмбари мо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} ки ҳама ахлоқаш Қуръон буд, гуфта аст:
    خيركم خيركم لأهله
    Беҳтарини шумо - беҳтарини шумо барои аҳли худ аст... (Аз навиштаҳои Шайх Солеҳи Мунаҷҷид)

    ОтветитьУдалить
  8. Тааммул дар ҳоли дигарон кун то дар вуҷуди худ неъматҳоро бибинӣ!
    ___________________________________________________________
    Тааммул дар ҳоли дигарон кун, то чашми неъматбинат бино гардад ва неъматҳои Худойро ки нодида менамоянд, дар худ бибинӣ: Ба кӯр бинигар, дар бораи кар биандеш, бар ҳоли гунг таммул кун, лангро наззора кун, ҳоли фалаҷро мушоҳида кун, ҳамнишини бенаво шав, аз ҳоли бевазани бекас воқиф шав, ятими бесарпаноҳро бибин, мубталои саратонро ба ёд овар, беморбинӣ бирав то бидонӣ, ки ту амонатгоҳи неъматҳои илоҳӣ ва ганҷинаи беранҷӣ ҳастӣ, пас ба қисмати худ розӣ шав ва ба шукри Аллоҳ бипардоз ва бигӯ, «алҳамду лиллоҳ» ва ҳама ғаму ранҷҳои хурду заҳматҳои ночизро ва дардҳоро фаромуш кун ва аз бандагони сипосгузор бигард, ки андаканд!

    ОтветитьУдалить
  9. Хайр дар он аст, ки Худо бароят хоста...
    __________________________________
    Шодмониатро бо тангдилӣ табоҳ макун ва ақлатро бо фоли бад задан ва комёбиятро бо ғурур! Хушбиниии дигаронро бо ботил кардан барҳам мазан ва имрӯзатро бо нигаристан ба дирӯз табоҳ макун!
    Агар дар бораи ҳолат тааммул кунӣ, хоҳӣ дарёфт, ки Худои таъоло ба ту чизҳоеро дода аст, ту аз Худо талабашон накардаӣ, пас яқин дор, ки Худои таъоло аз ту ниёзеро ки хостаӣ, манъ накарда аст, магар ин ки дар манъ кардани он барои ту хайрест, ки ту аз он ғофилӣ.

    Дурӯғгӯён ва шиъори ростиву озодӣ
    _______________________________
    Аз шигифтиҳои рӯзгори мост, ки дурӯғгӯёни ҳақиқатгурез ва худкома, аз ҳама бештар бонги баланди шиъори ростӣ ва озодӣ сар медиҳанд, то аз тарси ҳақиқат шутурмурғвор сари дурӯғогандаи худро зери реги дурӯғу фиреб пинҳон кунанд, аммо ғофиланд, ки думу баданашон берун мемонад.

    ОтветитьУдалить
  10. Эй фақир: сабри ҷамил сабри нек намо, ҳамоно аз паёмадҳои мол ва аз хидмати сарват ва мушкилии ҷамъоварии он ва машаққати нигаҳбонии мол ва хидмати он ва аз ҳисоботи тӯлонӣ дар назди Худованд, солим монди.
    Эй касе ки биноияшро аз даст додааст: бишорат ва навиди хуш биёб ба ҷаннатро ба даст овардан дар баробари арзиши биноият ва бидон, ки ту бар қалбат нуре пашкаш намуди ва аз дидани мункарот ва мушоҳидаи ончи туро ноором мекард ва беҳудагиҳо саломат монди.
    Эй бемор: Таҳурун ин шоаллоҳ, яъне ин сабаби покият аз гуноҳон аст, ҳамоно ту аз хатогиҳо пок шуди ва аз гуноҳон тоза гашти ва қалби ту сайқал ёфт ва нафси ту шикаст ва кибру худписандиат аз байн рафт.
    Чаро дар бораи гумшуда фикр мекуни ва дар мавриди ончи мавҷуд аст шукрона намекуни? Неъмати ҳозираро фаромуш мекуни ва бар неъмате, ки ғоиб аст ҳасрат мехури? Аз мардум ҳасад мебари ва аз он чи худат дори дар ғафлати.
    Бар ту беморие лозим аст, ки саломатиатро ба хотират биёварад ва дарахти кибру бузургманиширо ва дараҷаи худписандиро аз ту решакан намояд, то қалби ту аз рахти ғофилон бедор шавад.
    Ба монанди мурча бош дар бардавом сабр намудан, ҳамоно ӯ ба дарахт сад бор мебарояд ва меафтад, сипас боз боло мебарояд, то ки бирасад. Пас ту хаставу малол машав.
    Ва ҳамчун мурча бош, ки ӯ чизи пок мехурад ва чизи покро боқи мегузорад. Пас вақте ба шохае дарафтоди онро машикан ва бар гуле дарафтоди онро ҷароҳат марасон.

    ОтветитьУдалить
  11. Арақи бадани коркунанда аз мушки касе, ки нишастааст бонакҳаттару муъаттартар мебошад. Нафаскашиданҳои машаққаткашанда аз сурудхонии танбал зеботар аст. Ва як нони хушки гурусна аз гусфанди каси дар неъмату осоиш болаззаттар аст.
    Аз душвориҳо даҳшат макун ва матарс, зеро ки шер дар баробари ҷамъи шурутон рӯ ба рӯ мешавад дар ҳоле ки аз онҳо даҳшату тарс надорад. Ва аз мушкилиҳо шикоят макун, зеро ки хар борҳоро мебардорад ва нолиш намекунад. Аз он чи талаб дори малулу дилтанг машав, зеро ки саг сайди худро думболагирӣ мекунад агарчанде дар оташ ҳам ворид шавад.
    Гумон макун, ки туро офатҳо аз расидан ба мақсадҳо манъ мекунанд, чи қадар бузурге аст, ки бузургиро ба даст овард дар ҳоле, ки ӯ нобино ё гунг ё шал ё ланг будааст. Пас масъала масъалаи ҳимматҳо аст на масъалаи ҷисмҳо.
    Шояд, ки онро барои ту Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло манъ кардааст аз рӯи бахшишу ато намудан ва туро аз хостаат боздоштааст аз рӯи лутфу меҳрубониаш ва туро аз муродат таъхир кунонидааст аз ҷиҳати инояташ бар ту, зеро Ӯ таъоло аз ту дида барои ту бинотар аст.
    Агар туро сахтие зиёрат кард, пас бидон ки он абри тобистонае аст, ки андак баъд кушода мешавад ва он абр меравад ва туро тундари он матарсонад ва барқаш дар хавф наандозад, шояд, ки он борони пурнеъматеро мебардошта бошад.

    ОтветитьУдалить
  12. Нобино орзу мекунад, ки оламро бубинад ва ношунаво бошад орзури шунидани овозҳоро дорад ва касе аз роҳрафтан мондааст таманнои чанд қадам рафтанро дорад ва касе гунг аст орзуву таманно мекунад, ки чанд калимае бигуяд, дар ҳоле ки ту ҳам мебини ва ҳам мешунави ва ҳам сухан мегуи.
    Гумон мабар, ки ҳаёт бар касе комил шуда бошад, касе ки хона дорад мошин надорад ва касе, ки ҳамсар дорад вазифа надорад ва касе, ки иштиҳо дорад шояд таъом надорад ва касе, ки хурданиҳо дорад шояд аз хурдан манъ карда шудааст.
    Паррандаро таъомаш бар лонааш намеояд. Шерро таъомаш дар бешаву найзор ба пешаш намеояд. Мурча таъомаш дар масканаш ба ӯ пешкаш карда намешавад. Валекин ҳамаи онҳо талаб мекунанд ва ҷустуҷу мекунанд. Пас ту ҳам талаб кун, ҳамчуноне ки талаб карданд, ту ҳам меёби ҳамчуноне ки онҳо ёфтанд.
    Ҳар ғаме, ки ба ту мерасад ин дарсе аст, ки фаромуш намешавад. Ва ҳар мусибате ба ту мерасад он дар хотираи ту нақш бастааст. Аз ин ҷиҳат инҳо матнҳои боқӣ дар зеҳну хотира мебошанд.
    Гуворо бод бар касе, ки хоб рафтааст ва мардум барои вай дуъо мекунанд. Ва вой бар касе, ки хоб аст ва мардум бар ъалайҳи вай дуъо мекунанд. Бишорат ва хабари хуш барои касе, ки дилҳо ӯро дуст доштаанд. Ва зиён барои касе, ки забонҳо лаънаташ кардаанд.

    ОтветитьУдалить
  13. «Омузгоре, ки факат ба талаба монанди падар ва модар мухаббат дорад, бехин аз устодест, ки… неруи мухаббат ба кору талабагонро омезиш медихад, муаллими комил аст. Муаллими хунарест оливу начиб…»
    «Касе ба хеч вачх шаробхурию сигоркаширо ба хотири накукори ба мардум. аз чумла кор, андешаи саволот, паи рафъи дарди беморон ва намоз ба Офаридгор накарда. Зишттарин корхо лахзаи масти содир шуда».

    ОтветитьУдалить
  14. «Бани одам бе мадади якдигар зиста наметавонанд: аз ин чихат мо бояд мададгору муттакои якдигар бошем»

    «Мусулмонон чун ачзои муташаккилаи як бино хастанд ва хар як дигареро кудрат бахшид ва бад-ин сон бояд якдигарро хоми бошанд»

    «Рохи хакики рост аст ва дар ин пешпо намехури, агар ба хамон бирави. Вакте эхсос мекуни, ки пойхоятро дар он ба бероха мондаи, бидон, ки ту аз ин рохи рости худ берун рафтаи». (

    ОтветитьУдалить
  15. «Ба дунё омадему лоба кардем. атрофиён аз омади мо дар табассум шуданд, вакте ки ба зиндаги хушбоши кардем, хама боронхои ашки гарм рехтанду мо моили табассум шудем».

    «Пеш аз ин ки сухан гуйи забонро хафт бор гардон. Ё хамуш бош, ё чизе бигуй, ки бартар аз сукут бошад».

    «Он, ки ба Холики якто ва Расули у имон оварда, бояд сухан ба неки гуяд, ё сукут баргузинад»

    Бидон к-аз забон аст мардум ба ранч

    Чу ранчиш нахохи суханро бисанч (

    То нек надони, ки сухан айни савоб аст,

    Бояд, ки ба гуфтан дахан аз хам накушои!

    Гар рост сухан гуию дар банд бимони,

    Бех з-он, ки дуругат дихад аз банд рахои.

    «Андеша кардан, ки чи гуям, бех, аз пушаймони хурдан, ки чаро гуфтам?!»

    ОтветитьУдалить
  16. Издивоч – кавлномаи ду инсон аст-мард ва зан, ки факат онон бояд аз якдигар насл биоваранд.

    Расули акрам (с) фармудаанд:

    Яъне, никох кунед, бисёр шавед пас албатта ман ифтихор мекунам ба шумо (бо бисиёр будани адади шумо) аз умматхои гузашта дар рузи киёмат, хатто ба фарзанди нотамом… (Мехвари одамият. Хучанд -2006, с. 24)

    Аллома Сухраварди:

    Он кас мусулмони вокеи аст, ки нияташ некутар ва поктар бошад ва бехтарини шумо касоне хастанд, ки бо хамсари худ нек мадоро кунанд. (Суханони рахнамо,

    ОтветитьУдалить
  17. Табиати дунё ин аст
    Ончиро,ки диданашро намехости мебини
    Ончиро,ки аз даст дододанашро харос дошти рафтанашро мушохида мекуни
    Ганчхоеро назди нокасон хам нокасонеро дар ганч мебини
    Мебини,ки яке дониш дорад,вале хирад надорад,дигаре хирадманд асту донишомузи накарда аст
    Яке акли комил надорад,аммо моли кофи дорад,дигаре илму аклу хирад дорад вале имконот надорад
    Яке ибодатро ба худ одат, дигаре одатро ибодат карда аст
    Яке бидуни зироати шачар самар ба даст оварда аст,дигаре аз самархои шачари худ махрум монда аст
    Яке саодатро дар осмон пиндошта мехохад парвоз кунад,дигаре дар бахр гумонаш карда гаввоси кардани аст
    Яке матлабаш мансаб ва мансабаш матлаб аст,вале музохаматро муморасат мекунад то шояд ба сохили хавасаш ба саломат бирасад
    Яке инсонро илму имон таълим медихад,дигаре шайтонро рохи фасод меомузад
    Яке курби даргохи Худоро лаззат медонад,дигаре лаззаташро барои курби Худо тарк карда наметавонад
    Яке дар пушти панчарахои зиндон озод аст,чун озодмард аст,дигаре дар озодии дунё дар зиндони хавову хавсаш гирифтор аст

    ОтветитьУдалить
  18. Аз раҳмати Худо навмед мабош!
    ___________________________
    Агар аз ту гуноҳе сар занад, ҳаргиз аз омурзиши Худо навмед машав ва гӯш ба васвасаҳои дилсардкунандаи шайтон ва таънаҳои маломатгарон мадеҳ, балки маъсият ба куллӣ вогузор ва боз бо тавбаву истиғфору тоъати бештар ба сӯи Худои омурзгори тавбапазират баргарду дар роҳи тоъат собитқадамтар бош, шояд, ҳамин гуноҳат вопасин гуноҳи ту бошаду тавбаат тавбаи пазируфта.
    Оё нашунидаӣ, ки Паёмбари Худо (дуруди паёми Худо бар ӯ бод) гуфта аст, ки:
    كل بنى آدم خطاء ، وخير الخطائين التوابون
    Ҳама одамизодагон хатокоранд, вале беҳтарини хатокорон тавбакоронанд. (Ривояти Тирмизӣ,Ибни Моҷа ва ғайра.., ҳадиси ҳасан аст, гарчи бархе ҳадиспажӯҳон заъифаш гуфтаанд.) (ФН, 22.04.2014)

    ОтветитьУдалить
  19. Посухи накӯ гуфтан аз ҳикмат аст
    _____________________________
    Ҳакимеро пурсиданд, ки чаро аз касоне ки бароят хиёнат кардаанд ва дар ҳаққи ту бадӣ раво мебинанд интиқом намеситонӣ?
    Бихандиду гуфт:
    Оё аз рӯи ҳикмат аст, ки чун саге маро бигазад, ман низ он сагро бигазам?
    ***
    Оре, сагонро газидан аз рӯи ҳикмат нест, вале барои дифоъ аз ҳақ, гоҳ-гоҳе дандони бархе сагсиратонро бо санги посух шикастан ҳам аз рӯи ҳикмат аст, то аз газанди дандон ва шарри газиданашон эмин бошӣ! (ФН, 22.04.2014)

    ОтветитьУдалить
  20. Забон дар ком даркаш!
    ____________________
    Ҳар гоҳ, дар бораи айби бародар ва ё хоҳаре забон ба ғайбат мекушоӣ, ончиро бигӯ, ки худ таҳаммули онро дошта бошӣ, зеро ҳар айберо дар ҳаққи бародарон ба забон меорӣ ё туҳмат мебандӣ, рӯзе ба он мубтало хоҳӣ шуд ва низ ба сабаби он ба уқубат кашида хоҳӣ шуд.

    ОтветитьУдалить
  21. Ҷаҳони ормонҳои дурдаст ва воқеъияти наздик
    _______________________________________________
    Бархе чунин ормон мепарваранд, ки барои даромадан ба биҳишт бояд, кори бузургеро анҷом диҳанд, то яку якбора ба сабаби он кирдори бузург вориди биҳишт гарданд, монанди ин ки масҷиди бузурге бисозанд, ятимхонае таъсис кунанд, муассисаи хайрияе созмон диҳанд, ки ҳазорон нафарро зери боли сарпарастии худ гиранд... Орзуву ормони нек хуб аст ва нийяти хайр шоистаи таҳсин, вале бо чашми ҳақиқатбин вазъият, шароит ва қудратҳои хешро дидан ва аз рӯи онҳо кӯшидан низ аз рӯи хирад ва ҳикмат аст. Беҳтар он аст, ки аз тамошои орзуҳои дурдасти худ ва тасаллии нафс ба онҳо ки дар масофаи Каҳкашонҳо қарор доранд ба кардани ончи пардозем, ки муяссар пешорӯи мо омода аст ва нодида ангоштани ҳақиқати андакро раҳо созем, зеро як савоби зери даст, беҳтар аз сад миллион савоби Каҳкашонист, ки ба даст ояд, ё наояд. Аз ин рӯ, ҳар кори неки хурдеро ки муяссар аст, ба хотири савоби бузурги оянда раҳо набояд кард. Метавон, аз кирдори зерин оғоз кард, ки анҷом додани бештари онҳо аз доираи имкони бештари мо берун нест. Бошад, ки ин кирдори осон аз қабили кирдоре шаванд, ки аз ҳаёти мову шумо тӯлонитар поянду боқӣ монанд:
    1. Нусхаи Қуръонро ба касе эҳдо кун, ё линкашро дар интернет дар сафаҳоти ФБ, Твитер, Одноклассники ва ғайра нашр кун!
    2. Китобҳои муфидро дар байни мардум ва дар интернет нашр кун!
    3. Ояте аз оёти қуръониро, ё дуъое аз дуъоҳои набавиро ба дигарон биёмӯзон! Ҳар гоҳ ки ӯ оят ва ё дуъоро бихонад, Худо хоҳад, аз савоби он дуъо баҳраманд мешавӣ.
    4. Устувонаи CD-ро бо тиловати Қуръон ва дуъо нашр кун!
    5. Ятимеро сарпарастӣ кун, то соҳиби ҳунар ва дониш шавад, агар имконияти молӣ дорӣ.
    6. Сандалии равонро (коляска) ба бемористоне садақа бидеҳ! Ҳар гоҳ ки бемореро дар он савор кунанд, Худо хоҳад, савоб хоҳӣ гирифт.
    7. Дар назди гузаргоҳ дастгоҳи обсардкунӣ бигзор, то раҳгузарон ташнагии худ бишкананд, бошад, ки Худои таъоло туро аз ташнагии рӯзи Қиёмат нигаҳ дорад.
    8. Дарахт бинишон! Ҳар шахсе дар зери сояи он менишинад ва ё ҳар инсоне, ё парандае ва ё ҷонваре аз меваи он хурад, бароят савоби садақа навишта мешавад.
    9. Дар сохтани масҷид ширкат фармо, агарчи бо хиште, ё як каф лой, ё ними ҷуволи семент!
    10. Ин суханонро байни дӯстонат нашр кун! Агар ҳатто як нафаре аз рӯи ин насиҳатҳо кори хайре анҷом диҳад, ту низ дар он савоб шарик ҳастӣ ва аз савобаш бархурдор мешавӣ, гарчи дар рӯи замин набошӣ.

    ОтветитьУдалить
  22. Забон дар ком даркаш!
    ____________________
    Ҳар гоҳ, дар бораи айби бародар ва ё хоҳаре забон ба ғайбат мекушоӣ, ончиро бигӯ, ки худ таҳаммули онро дошта бошӣ, зеро ҳар айберо дар ҳаққи бародарон ба забон меорӣ ё туҳмат мебандӣ, рӯзе ба он мубтало хоҳӣ шуд ва низ ба сабаби он ба уқубат кашида хоҳӣ шуд.

    ОтветитьУдалить
  23. Аз раҳмати Худо навмед мабош!
    ___________________________
    Агар аз ту гуноҳе сар занад, ҳаргиз аз омурзиши Худо навмед машав ва гӯш ба васвасаҳои дилсардкунандаи шайтон ва таънаҳои маломатгарон мадеҳ, балки маъсият ба куллӣ вогузор ва боз бо тавбаву истиғфору тоъати бештар ба сӯи Худои омурзгори тавбапазират баргарду дар роҳи тоъат собитқадамтар бош, шояд, ҳамин гуноҳат вопасин гуноҳи ту бошаду тавбаат тавбаи пазируфта.
    Оё нашунидаӣ, ки Паёмбари Худо (дуруди паёми Худо бар ӯ бод) гуфта аст, ки:
    كل بنى آدم خطاء ، وخير الخطائين التوابون
    Ҳама одамизодагон хатокоранд, вале беҳтарини хатокорон тавбакоронанд. (Ривояти Тирмизӣ,Ибни Моҷа ва ғайра.., ҳадиси ҳасан аст, гарчи бархе ҳадиспажӯҳон заъифаш гуфтаанд.) (ФН, 22.04.2014)

    ОтветитьУдалить
  24. Ҷаҳон баҳрест нопайдоканор....
    ___________________________
    Ҷаҳон чун бингарӣ баҳрест беканор, ки дар он пешиниён ва пасиниён ҳалок шуданду шаванд...
    Пас, агар тавонӣ, имону парҳезгориро киштии хеш гардон ва китоби Худо ва суннати Паёмбари ӯро ситораи раҳнамо бисоз, сипас, кирдори неки хешро тӯша бигир ва таваккул бар Худойро васила. Онгоҳ, чун наҷот ёфтӣ ва ба соҳили саъодат расидӣ, бидон, ки ба фазлу раҳмати Худои меҳрубон аст ва агар ҳалок шудӣ, бидон, ки ба руни гуноҳони хеш..

    ОтветитьУдалить
  25. Агар ҳар касе набошӣ, писандкор бошу қонеъ, то бузургтару бебоктар (далертар) дар ҷаҳон ту бошӣ. Оқилӣ ҳаргиз ба ситам натавон омӯхт.

    Ва бидон, ки ақл аз ду гуна аст: яке ақли табиат дода, дигаре ақли ба заҳмат ба даст омада, яъне ғайритабиӣ. Онро, ки ақли табии бувад, хирад хонад. Ақли табиӣ ҳадяи худост, онро ба таълим аз муаллим натавон омӯхт. Агар ҳақтаоло ба ту ақли табиӣ дода бошад, ту барои ақли ғайритабиӣ ранҷ бару биомӯз. Ақли худододаро бо ақли бадастовардаат ёр кун, то беназири замон бошӣ.

    Пас агар худодод набошад, ману ту илоҷ надорем. Барои ба даст овардани ақл зиёдтар бикӯш, чандон, ки тоқат бошад биёмӯз, то агар аз ҷамъи донишмандон набошӣ, боре аз ҷамъи доноён бошӣ. Аз ин ду якеро дошта бошӣ, беҳ аз он ки надошта бошӣ.

    Акнун бидон, эй писар ва биёмӯз, ки хирад ба ҳикмат тавон ёфт. Чунонки Аристотолиси ҳакимро пурсиданд, ки қуввати хирад аз чист?

    Гуфт: Ҳама касро қувват ва ғизо бошад ва ғизои хирад ҳикмат аст.
    Унсурулмаолии Кайковус.

    ОтветитьУдалить
  26. Он дуст, ки бевафост, душман бех аз уст,
    Он нукра, ки бебахост, охан бех аз уст.
    Он кас, ки намак хурду, намакдон бишикаст,
    Дар мазхаби риндони чахон, саг бех аз уст.

    ОтветитьУдалить
  27. Аҷал як хоҳише дорам, бигир дар хона ҷонамро,
    Бубанд дар пеши аҳли хонадон кому забонамро.
    Чу ояд соати маргам, факат як лахза рухсат дех,
    Ки бинам бори охир Модари беҳтар зи ҷонамро.

    ОтветитьУдалить
  28. Имом Абӯҳомиди Ғазолӣ раҳматуллоҳи алайҳ навиштааст: "Калиди ҳар саодат чусту чолокӣ, зиракӣ, ҳушёрӣ ва кор гирифтан аз ақл аст. Сарчашмаи ҳар навъ бадбахтӣ ғуруру ғафлат аст. Ҳеҷ неъмату эҳсони Худованд аз имону маърифат болотар нест... Ва ҳеҷ азоби Худованди Мутаъол аз азоби куфру маъсият сахттар нест".

    ОтветитьУдалить
  29. Маъруфи Кархӣ раҳматуллоҳи алайҳ фармудааст: "Бе ягон амал биҳиштро талаб кардан гуноҳ аст. Умеди шафоат доштан бе ягон сабабу алоқа навъе фиреб аст. Умедвор будан ба раҳмати он зоте, ки нофармонии Ӯро мекунанд, ҳамоқату ҷаҳолат аст".

    ОтветитьУдалить
  30. "Оқил он шахсест, ки бар нафси худ ғолиб бошад ва барои охират амал кунад. Аҳмақ он шахс аст, ки аз хоҳишоти нафси худ пайравӣ бикунаду бар Худованди Мутаъол умедвор бошад".

    ОтветитьУдалить
  31. Ман аз ин дунё наметарсам,зеро дар дунё ҳама чиз аст,ман аз гам наметарсам,зеро онро шодие аст,ман аз абр наметарсам онро борон аст,ман аз сарди наметарсам,зеро онро гарми аст,ман аз шом наметарсам онро субхе аст,ман аз душман наметарсам онро рахм аст. Ман аз он метарсам ки у аст бузургу мехрубон ХУДОВАНДИ ПОК!Пас ман аз танхои наметарсам, зеро дар калбам МЕХРИ ХУДО хаст!..

    ОтветитьУдалить
    Ответы
    1. Ман аз танҳову танҳоӣ,наметарсам, наметарсам,

      Ман аз ин гуна раҳпоӣ, наметарсам, наметарсам.
      Чаро тарсам зи танҳоӣ, ки танҳоӣ маро ёр аст,
      Ман аз бо ёр худсозӣ, наметарсам, наметарсам.
      Ҳазорон моҳ шуд хуршед, ҳазорон ахтарон бирбуд,
      Аз ин беахтару моҳӣ, наметарсам, наметарсам.
      Чаро тарсам зи танҳоӣ, ки Яздон худ бувад танҳо,
      Аз ин дуру парешонӣ, наметарсам, наметарсам.
      Маро биме зи рафтан нест, биё наздам агар хоҳӣ,
      Ки ман аз ҷонфидосозӣ, наметарсам, наметарсам.

      Удалить
  32. « Беҳтарин чизе, ки дар ҳар ду дунё ба назар менамояд, марг аст. Марг инсонро ба чое мебарад, рости ва адолати мутлақ он чост.»

    Бузургворе дар ин бора гуфтааст:
    Бимир, эй дўст, пеш аз марг, агар умри абад хоҳи,
    Ки Идрис аз чунин мурдан биҳишти гашт пеш аз мо.

    ОтветитьУдалить
  33. Дар андешаву пиндори мо марг огози зиндагист, огози зиндагии вокеьи.Марг дар зиндагии мо одамон гузаргохест,ки уро аз чахони дигаргунихову нопйдорихо,мусибатхову мушкилихо ба чахони вокеию пойдор ва човидони сармади охират интикол медихад.Ин дунё як давраи имтихонсупории донишчуёнро мемонад.Марг ошкоркунанда ва барканоркунандаи пардаи хакикат аз руи чехраи асрори мастури илохист,инсон танхо дар ин мархила ба кистии Уву ки будани хеш даст меёбад.Бино бар ин набояд аз марг тарсид ва ба чои тарс бояд руи он андеша кард ва бесаброна бояд интизораш буд ва бояд кабл аз омаданаш уро садо кард ва харчи зудтар ба васли он махбуби вокеи бирасид.Марг огози дунёи дигар аст.Ин зулоли банда дар хамин бобат нигошта шуда:
    Парда чун шуд барканор

    Рози пинхонгашта гардад ошкор
    Рафтахо аз кабрхо дар пайкари бехису чон
    Дар шитоб оянду гарданд рахсипор
    Чониби Парвардигор

    ОтветитьУдалить
  34. Шахсе аз ҳазрати Муҳаммад (саллаллоху алайхи вассалам) пурсид:
    -Ахлоқи накӯ чист?
    -Расулуллоҳ (саллаллоху алайхи вассалам) ҷавоб доданд:
    -Ахлоқи
    накӯ, ин ба касе, ки риштаҳои хешовандиро кандааст, бораҳму шафқат
    будан, ба касоне, ки аз ту некиашонро дареғ медоранд, некӣ кардан ва
    касонеро, ки ба ту зулм намудаанд, авф кардан мебошад.
    Боз Расулуллоҳ (саллаллоху алайхи вассалам) фармудаанд:
    -Ман барои мукаммал кардан (нишон додан)-и ахлоқи накӯ фиристода шудаам.
    Рӯзи қиёмат ҳангоми ба тарозуи аъмол ниҳодани кирдори бандагон тарс аз Худо ва ахлоқи накӯ палаи некии одамиро вазнин месозанд.
    Шахсе
    ба ҳузури Паёмбари гиромӣ (саллаллоху алайхи вассалам) омада гуфт: - Эй
    Расули Худо (саллаллоху алайхи вассалам), ба ман панде диҳед!
    Расулуллоҳ (саллаллоху алайхи вассалам) фармуданд:
    -Дар куҷое набошӣ, аз Худо битарс!
    -Боз бигӯед - хоҳиш кард он мард.
    Расули
    Худо (саллаллоху алайхи вассалам) гуфтанд: - Агар (надониста) бадие
    кардӣ, аз паи он некие кун, ки ин некӣ осори бадиҳоятро бишӯяд.
    -Боз бигӯед -хоҳиш кард он шахс.
    Расули Худо (саллаллоху алайхи вассалам) фармуданд:
    -Бо одамон муомилаи хуб кун!

    ОтветитьУдалить
  35. Ниёзмандону бенавоёнро биҷӯ...
    ____________________________
    Эй соҳибҳиммате ки азми закотпардозӣ дорӣ, мунтазир мабош, ки бечорагону бенавоёну ниёзмандон туро ҷустуҷӯ кунанду ба суроғат оянд, балки ту бархезу аз онон суроғ кун, то аз савоби закот бархурдор шавӣ ва низ аз савоби ҷустуҷӯи муҳтоҷон ва кафолати онон баҳраманд гардӣ.
    Соиб гуфта аст, ки:
    Чу дарё нагардад тиҳидаст ҳаргиз,
    Кариме ки дар роҳи соил нишинад.
    Аз ниёзмандон касоне порсо ҳастанд, ки бенавоии худро ошкор намекунанд ва мешарманд, ки дасти ниёз ва дарюза сӯи бандагон дароз кунанд.
    Аз ин рӯ, Паёмбари Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} гуфт:
    لَيْسَ الْمِسْكِينُ بِهَذَا الطَّوَّاف الَّذِي يَطُوفُ عَلَى النّاسِ تَرُدُّهُ اللّقْمَةُ وَاللّقْمَتَانِ وَالتّمْرَةُ وَالتّمْرَتَانِ قَالُوا: فَمَا الْمِسْكِينُ؟ قَالَ: الّذِي لاَ يَجِدُ غِنًى يُغْنِيهِ وَلاَ يُفْطَنُ لَهُ فَيُتَصَدّقَ عَلَيْهِ وَلاَ يَقُومُ فَيَسْأَلَ النّاسَ.
    Бечора ин гадои кӯчагард нест, ки бар мардум гардиш кунад ва луқмае ё ду луқма ва ё як дона хурмо, ё ду дона хурмо ӯро бозгардонанд.
    Ёронаш {Худо аз онон хушнуд бод!} гуфтанд:
    - Пас, бечора кист?
    Паёмбар {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} гуфт:
    - Бечора касест, ки тавонгарие наёбад, ки бениёзаш гардонад ва бенавоияшро дарнаёбанд, то бар ӯ садақа кунанд ва на бархезад, то аз мардум талаб кунад. (Бухорӣ; 1479, Муслим; 1039)
    Аммо гадоён ва талбандагонро аз дар марон ва дуруштӣ макун ва ноумедашон низ магардон. Агар ҳамроҳ хурдае надорӣ, бо сухани неке ё дуои хайре гӯшҳояшонро бинавоз! (ФН, 12.07.2014)

    ОтветитьУдалить
  36. Рамазон

    «Агар бо Қуръон ҳамнишин шудӣ, ҳақиқат, хушбахтӣ, шодиву осоиш, шодмониву унс, гушоиши сина ва оромиш, шодмониву сакина, хушӣву баракат ва хуҷастагиро дарк хоҳи намуд».

    «Дар Рамазон лаззати намози таровиҳ, моро баҳраманд месозад ва касрати ракъатҳо оромамон мекунад ва афзудан бар саҷдаҳо мақомамонро боло мебарад ва истодани тулони дар муқобили Парвардигор (дар намозҳо), дунё ва машғулиятҳояшро аз ёдамон мебарад».

    Бар назофат ва покии рӯзаат ҳарис бош, ҳамонанди ҳирсат бар назофати либосат; бинобарин аз умури беҳуда ва разоили ахлоқӣ дури кун ва дар ҳадис омада аст, ки: «Рӯза ба худдорӣ аз хурдан ва ошомидан нест, балки рӯза яъне худдори аз лағв ва носазогӯи».

    «Шоиста нест инсон саҳари хурданро раҳо кунад, Расулуллоҳ (салому дуруди Аллоҳ бар Ӯ бод) мефармоянд: Дар хурдани саҳари баракат нуҳуфта шудааст, пас онро раҳо накунед ва агарчи як ҷуръа об бошад, чаро ки Худованд ва малоикаҳо бар касоне, ки саҳари тановул мекунанд дуруд мефиристанд».

    Сарватмандон гумон мекунанд саодат ва хушбахтӣ дар мол ва дороӣ аст ва подшоҳон гумон мекунанд, ки хушбахтӣ дар ҳукумат аст, вале ҳақиқати хушбахтӣ дар ибодати Парвардигор аст.

    ОтветитьУдалить
  37. Роздорӣ кори писандидаест. Анас ибни Молик (р) хидматгори паёмбар (с) буд, рӯзе бо писарбачаҳои аҳли Мадина бозӣ мекард, паёмбар (с) наздашон омаду ба онҳо салом кард ва кореро ба ӯҳдаи Анас (р) супорид. Пас аз он, ки Анас (р) вазифаашро ба анҷом расонид назди модараш баргашт. Модараш аз ӯ сабаби дер карданашро пурсид.

    Қуръони карим муъҷизаи паёмбари ислом (с) ва далели зиндаи ҳақонияти роҳи ӯст Қуръони карим гувоҳи ҳамеша содиқи ислом ва роҳнамои инсонҳо аст. Тавре, ки Худованд мефармояд: «Нозил шудани ин китоб аз ҷониби Худои пирӯзманду ҳаким аст. Албатта, дар осмонҳову замин нишонаҳои ибратест барои муъминон! Ва дар офариниши шумо ва пароканда шудани ҷунбандагон (ҷонварон) ибратҳост барои аҳли яқин.

    Аз Абўҳўрайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки фиристодаи Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфт: Аз бадгумонӣ барҳазар бошед, зеро бадгумонӣ дурӯғтарини суханҳост.

    ОтветитьУдалить
  38. "Эй мусалмонон ва дӯстдорони Аллоҳи
    мутаъол! Эй касоне, ки оқилу ҳушманд
    ҳастед ва сӯду зиёни худро дар ин
    ҷаҳон ташхис медиҳед, хушо ба
    саъодати шумо!

    Пок аст Худованди якто, чи басо зебост офаридаи офаридгор Субҳаналлоҳ Субҳаналлоҳил азим.

    Лаҳзае бо Худо будан беҳтар аз ҳазор сола молу мулк доштан аст.

    Зеботарин сифат _
    Саховат
    Зеботарин амал _ Адолат
    Зеботарин ҳамдард _ Модар
    Зеботарин қатра _ Ашк
    Зеботарин интиқом _ Бахшиш Зеботарин ҷанг _ Чанг бо нафс
    Зеботарин лаҳза _ Пирӯзӣ
    Зеботарин нома _ Ниёиш
    Зеботарин калима _ Муҳаббат
    Зеботарин зинат _ Адаб
    Зеботарин ҳарф _ Хақ Зеботарин сармоя _ Замон
    Зеботарин аҳд _ Вафо
    Зеботарин раҳмат _ Борон
    Зеботарин дӯст _ Китоб
    Зеботарин оғӯш _ Модар
    Зеботарин овоз _ Азон Зеботарин некӣ _ Некӣ ба
    волидайн
    Зеботарин шаб _ Шаби қадр
    Зеботарин калом _ Ло илоҳа
    иллаллоҳ
    Зеботарин маъшуқ _ Аллоҳ.

    ОтветитьУдалить
  39. "Худоё то покам накарди хокам накун."

    "Касе, ки Аллоҳ барои ӯ хайре бихоҳад, дар дин донояш мекунад" Илм нур ва ҳидоят аст ва нодонӣ торикӣ ва гумроҳист. Илм ҳамроҳ бо имон мояи сарбаландӣ дар дунё ва охират аст ва амал ба илм самараи илм мебошад ва ҳадаф аз касби имл. Пас бар толибони илм лозим аст, ки ба он чӣ меомӯзанд, амал кунанд вагарна имли онон ваболашон хоҳад шуд ва мояи ҳасраташон. Олиме, ки ба илмаш амал намекунад, монанди шамъест, ки барои дигарон нур медиҳад ва худашро месӯзона

    Рӯзҳо яке паси дигаре мегузарад ва солҳо яке пас аз дигаре. Бархе аз мардум ба Аллоҳи мутаъол наздиктар мешаванд ва бархе аз онон аз Аллоҳи мутаъол дуртар мегарданд ва ҳар соле, ки мегузарад, шоҳиде ба нафъи инсон ё бар зарари ӯст. Оқил касест, ки умрашро ғанимат шумурда ва аз вақташ дар роҳи ризои Аллоҳи мутаъол ва корҳои манфиъатдор барои дину ҷомеъааш, истифода намояд.

    ОтветитьУдалить
  40. Паёмбари Худо(с) фармуданд: - Ҳаё ва имон ҳамеша ҳамроҳи якдигаранд, ҳар гоҳ яке набошад, дигарӣ низ нахоҳад буд. - Ҳаё шӯъбае аз имон аст. - Ҳаё ва имон қарини ҳамдигаранд, онҷо ки ҳаё нест, дин нест. - Он гоҳ ки туро ҳаё набошад, ҳарчи хоҳӣ бикун! - Худои Таоло боҳаё ва пардапӯш аст ва ҳаё ва пардапӯширо дӯст дорад. Пас ҳар гоҳ яке аз шумо ғусл мекунад, (ё худро шустушӯ медиҳад), бояд бадани худро бипӯшонад. - Ҳаё ҳамаи некӣ аст, (ҳар кӣ ҳаё дорад, ҳамаи некиро дорост). - Ҳаё мояи зинат; тақво мояи бузургӣаст ва беҳтарин саворӣ – шикебоӣ ва сабр аст ва интизории кушоиш аз ноҳияи Худованд, ибодат аст. - Ҳаё ҷуз некӣ ба бор намеоварад. - Ҳар кӣ аз мардум шарм накунад, аз Худованд низ шарм накунад.

    Ё Раб, Ту ҳама ниҳони ман медонӣ, Андешаи ман, гумони ман медонӣ. Ҳарчанд, ки муддао бисӯзад ба забон, Сад шукр забони ҷони ман медонӣ.

    Баҷои ҳарф задан амал кунед, бачои гуфтан нишон дихед, бачои ваьда додан собит кунед!

    Ҳеҷкасро дар зиндагиятон маломат накунед
    Одамҳои хуб бароятон шоди меоваранд, аммо одамҳои бад таҷриба
    Бадтаринҳо дарси ибрат мешаванд, беҳтаринҳо хотира

    Як нуқта бас аст агар шуур аст, Вар на чу чароғ пеши кур аст.

    ОтветитьУдалить

  41. Боадаб аз боодобиаш хомуш меистад,беадаб фикр мекунад,ки ман хомушаш кардам.

    Қаҳру ғазаб ба мисли боди сард аст. Баъди лаҳзае сукут мекунад, аммо якчанд навдаро мешиканад. Ҳар як инсон ду дарахт дорад, яке дарахти хурсандӣ ва дигаре дарахти ғам. Кадоме аз ин дарахтҳоро сероб кунад, аз ҳамон дарахт меваи зиёд мехӯрад. Нишонаи боақлӣ ду аст. Дар вақти фақирӣ сабрро ва дар вақти дороӣ тавозӯъро аз даст надодан аст. (Аҳмад Руфоӣ) Чӣ коре, ки кардан мехоҳӣ, бикун. Чӣ хеле, ки зиндагӣ кардан мехоҳӣ, зиндагӣ бикун, аммо барои хандидани худ дигареро гирён макун ва барои бурд кардани худ бошад, касеро мафурӯш

    Рӯзе марг аз зиндагӣ пурсид: сабаб чист, ки ту ширин ва ман талх ҷилвагар мешавам? Зиндагӣ лабханде зад ва гуфт: дуруғе, ки дар ман вуҷуд дорад ва ҳақиқате, ки дар ту нуҳуфта аст

    ОтветитьУдалить
  42. Ҳар чи хоҳӣ, аз Худо бихоҳ, агар дод, неъмат аст, агар надод, ҳикмат. Ҳеҷ чиз аз банда махоҳ, агар дод, миннат аст, агар надод, зиллат.
    __________________________________________________
    Бандаи нотавон ҳамвора дар маърази ниёзу ҳоҷат аст ва дар ҳама ҳолат, ҳоҷат танҳо аз Худо хостан ибодат асту мояи қурбат ва иззат ва низ мӯҷиби ризоят ва духули ҷаннат. Пас, ҳар чи хоҳӣ, аз Худо бихоҳ, агар дод, неъмат аст ва агар надод, ҳикмат. Ва аз ғайри Худо хостан, хилофи убудият аст ва мояи хиҷолат ва айни мазаллат, пас ҳеҷ чиз аз банда махоҳ, агар бидод, миннат аст ва агар надод, зиллат.
    Худовандо, ҳамду шукри бениҳоят мар туро ба додаат, ки фазл асту неъмат ва ба надодаат, ки аз рӯи илм асту ҳикмат.
    Покопарвардигоро, бо раҳмату фазли фарохат аз ту талаб дорам, ки моро аз хории дархост аз бандагонат бениёз бигардонӣ ва аз миннату зиллат назди онон бираҳонӣ ва дар ҳар ду ҷаҳон бо имону тоъат ва кирдори нек сарфарозӣ ва иззат бахшӣ! (ФН)

    ОтветитьУдалить
  43. Кави буданат ин яъне дар холати газаб оромиатро нигох доштан ва саодатро надошта онро ба дигарон зохир намудан ва бо вучуди дарду алами худат ба дигарон таваччуху гамхори намудан аст.
    (Пандхои равоншиноси)
    Агар касе худашро хору залил тассавур кунад,хеч кас уро иззат ва обуру намедихад ва агар касе худашро аз нигох доштани худ бияндозад,дигарон хам ниёзе надоранд,ки уро бар дил ва дида биншонанд !
    Касе,ки дар дили худ чое надорад,дар хеч чои дунё чое нахохад ёфт !
    Хотими Тои гуфтааст:
    Худат хештанро гироми бидор,чаро ки агар дар нигохи худат залил ва беарзиш шави,дар хеч чои дунё касе туро гироми доранда нест !
    ------------------------------------------
    АБДУЛКОДИРИ ГЕЛОНИ (Р) .
    _________________________________
    Абдулкодири Гелони (р)-ро,ки Падараш на олим буд,ва на бузург .
    Хангоми вафот вассият кард,ки фарзандаш ба тахсили илм фиристода шавад .
    Модараш ба шугли "нахреси" (риштабофи) ба таълим ва тарбияти фарзанд химмат гузошт.
    Хамин Абдулкодири Гелони (р), баъди ин ба мартабае ноил шуд,ки мавриди рашки хамагон шуд .
    Хар кас химматаш баланд ва иродааш кавви аст,ба бузурги мерасад .
    Даст аз талаб надорам,то коми ман барояд,
    Ё чон расад ба чонон,ё чон зи тан барояд !

    ОтветитьУдалить
  44. Асп хангоме ба марра наздик шавад, хама кувваи худро чамъ намуда метозад,то сабкатро ноил гардад...
    Пас нагузор ин чонвар аз Ту окилтар бошад!
    -----
    Мегуянд: "Камоли нихоятхо эътибор доранд,на нуксони бидоятхо"
    Холохам фурсатхое дар пеш дорем...

    Меарзад,ки хобро камтар намоем
    Фейсбукро дертар кушоем
    Сухбатхоро ихтисор кунем...
    Тоатро зиёдтар намоему тушаи охиратро бештар бигирем...

    Корхое,ки мемонад,пас аз Рамазон метавон анчомаш дод,аммо то Рамазони дигар умр вафо мекунад ин чизест номаълум ва замонаташ маъдум...
    ----
    Худоё тоатхои моро бипазир,ба холи мо рахм намо,моро аз оташ рахои бубахш ва аз растагоронамон бинвис...
    Заифонро кувват бахш
    Мазлумонро нусрат бидех
    Золимонро интиком бигир
    Ваъдаатро ба мо бинмо
    Умедамонро хадар масоз...омиин

    ОтветитьУдалить
  45. Анчоми кори нек лаззате дорад,ки аз лаззати асал ширинтару аз тамошои макони зебое форамтар аст.
    Равонро ором,калбро итминон ва чехраро чило мебахшад...
    Фарох шудани ризку рузи, дур шудани балову офат,махбуб гаштан дар дили мардумон низ аз баракатхои кори накуст...
    Зани бадрафторе саги таншаеро об доду Худо уро биомурзид
    Марди дигаре шохи дарахтеро аз сари рохи мардум дур сохту мукофоташ Чаннат шуд
    Яке чурми азиме анчомиду Ибни Аббос гуфташ: Агар модар дошта боши уро ихсон кун, чун наздиктарин рох ба ризои Худо расидан,неки бар модар аст...
    Рамазон омодагии рафтан дораду пешсафон дар майдони аъмол ба марра наздик шудаанд, аммо мо(
    Холохам фурсат хаст,чун "Нихоятхои хуб муътабаранд,на бидоятхои нокис"
    Ба умеди дуъо...

    ОтветитьУдалить
  46. Худоро мулки осмонхову замин аст,вале аз ту донае карз пурсид сахти намуди ва хафт бахр офариду аз ду рехтани катраи ашкеро дуст дошт,аммо бухл варзиди.
    (Ибни Кайим)

    ОтветитьУдалить
  47. Рўза бар ҷуъу аташ шабхун занад,
    Хайбари танпарвариро бишканад.

    ОтветитьУдалить
  48. Насру пирузи мисли ризку рузи чанд навъ аст.
    Иззат
    Сарбаланди
    Ва
    Устувориашон ,худ наср аст
    Магар намебинед,ки атрофиёнашон ба ин пирузи мушарраф нагаштаанду гардани зиллат пеши хакирон хам намудаанд?!

    ОтветитьУдалить
  49. "КАЛИДИ МУШКИЛОТ"

    "Эй касоне,ки имон овардаед,аз сабру намоз кумак гиред,ки Худванд бо сабркунандагон аст…

    "Пас аз пайи душвори осонист!.Албатта,аз пайи душвори осонист.(С ИНШИРОХ О-5-6)

    "Хар касе,ки аз Худованд битарсад,Худованд аз барои у кушоишу рахои аз мушкилот ба вучуд хохад овард…

    Паёмбар (с) фармудаанд:Агар Худованд кавмеро дуст дорад,онхоро мавриди озмоишу имтихони худ карор медихад ва
    хар касе ба имтихони Худованд рози шавад,ризоияти Худованд шомили холаш мегардад…

    "Хар касе,ки ба дидори Худованд умед баста,(мутмаин бошад,ки) ваъдаи Худованд,албатта,фаро хохад расид ва У шу-
    наво ва доност…

    Паёмбар (с) фармудаанд:Огох бошед,ки пирузи бо сабр хамрох аст.Сабру умедвори ду чизи аз хам чудо нашуданист…

    Умар ибни Хаттоб (р) фармудааст:Мо хайру некиро дар зиндагиямон бо сабр ёфтаем.Ва бехтарин зиндаги дар канори
    сабр аст…

    "Шояд чизиро бад бубинед ва дар он хайри шумо бошад ва шояд чизиро дуст дошта бошед ва у бароятон бад бошад.
    Худо медонад ва шумо намедонед.(с бакара о-216)

    "Мо аз чониби Худо омадаем ва боз ба суйи У бармегардем…

    Анас (р) ривоят мекунад,ки Паёмбар (с) аз рохе гузар мекарданд,занеро диданд,ки гиря мекард,дар холе,ки фарзан-
    дашро аз даст дода буд.Паёмбар (с) ба он зан фармуданд:Аз Худованд битарс ва сабрро пеша намо.Зан дар чавоб гуфт:
    Магар намедони чи мусибати бузурге бароям пеш омадааст,агар худ ба чойи ман мебуди,чи кор мекарди?Паёмбар (с)
    ба рохаш идома дод.Дар ин хангом марде аз он рох мегузашт,тарафи зан гуфт:Оё намедони,ки у Паёмбари Худо (с) аст
    ва бо У (с) чунин сухан гуфти?Он зан дар хол ба назди Паёмбари Худо (с) рафту гуфт:Эй Паёмбари Худо,маро бубахш,ки
    Шуморо наштохтам.Паёмбари Худо (с) фармудаанд:Сабр ин аст,ки дар аввалин лахза бошад,на сукут аз мачбурият…
    дуъогу бошед бародаронам

    "СУХАНОНИ ИМОМ БУХОРИ (Р) "

    Ман дар муддати 16 сол "Чомеи сахех"-и худро аз миёни шашсад хазор хадис баргузидам ва онро "хуччате" миёни худ
    ва миёни Худованд карор додам…

    Ман дар китоби "Сахех" хадисеро ворид накардаам,магар ин ки пеш аз он гусл намудам ва ду ракъат намоз гузоридам..

    Ман дар китоби "Сахех" чуз хадиси сахехро сабт ва тадвин накардаам ва он чиро аз аходиси сахех (ба далели тулони
    шудани китоб) фуру гузоридам,бештар будааст…

    Ман чизеро намедонам,ки инсон ба он ниёз дошта бошад,магар ин ки он чиз дар китоб ва суннат вучуд дорад…

    Аз замоне,ки донистам гайбат харом аст,харгиз гайбати касеро накардаам…

    Умедворам Худоро дар холате мулоки шавам,ки бароям хасме набошад,то ба хотири он мавриди мухосабаам карор
    дихад…

    Дар хар мох панчсад дирхам аз махсулоти заминхоям ба даст меовардам.Хамаи онхоро дарп рохи тахсил (ва нашри
    дониш) нафака мекардам…

    Он чи ( аз савобхо ки) ба назди Худованд аст (бароям) бехтар ва мондагортар аст…

    Ман харгиз донишро хор намегардонам ва онро ба дарвозахои мардумон (ва подшохон) намебарам…

    Барои хофизон чизе судмандтар аз талошхои катънопазир ва мудовимати фикр ва андеша намедонам…

    Паёмбар (с) фармудаанд:Бузурги хар кавм касест,ки хангоми сафар ба хамрохони худ кумак кунад…дуъогу бошед

    ОтветитьУдалить
  50. Ҳамвора дар дуъо бош!
    ____________________
    Дар шабҳои тоқи Рамазон гуфтани ин дуъои набавиро фаромуш макунед:
    اللَّهُمَّ إِنَّكَ عَفُوٌّ تُحِبُّ الْعَفْوَ فَاعْفُ عَنِّي
    "Аллоҳумма, иннака ъафуввун туҳиббул-ъафва фаъфу ъаннӣ"
    (Худовандо, ту афвкунандаӣ, афв карданро дӯст дорӣ, пас маро афв кун!)
    Чун Худои таъоло ба тоъаташ тавфиқат бахшид, то шабе аз шабҳои Рамазонро ё ҳама шабҳоро бо намозу ибодаташ зинда доштӣ, ифтихор макун ва мағрур машав, ки ин ибодотро анҷом додӣ ва мапиндор, ки аз дигарон беҳтарӣ, ё ба ҷое расидаӣ, зеро расидани биҳишт роҳи тӯлонисту ба ҷуз Худо кас надонад, ки чи касе аз миёни мо вориди он мешаваду аз неъматҳои он бархурдор, бакли шукри Худойро бигӯ, ки туро бо вуҷуди ин ҳама гуноҳу маъсияту олудагӣ шоистаи ин ибодот гардонид ва аз ӯ талаб кун, ки ин ибодатҳои анҷомдодаро бипазираду туро шоистаи раҳматаш ва биҳишт гардонад. (ФН, 24.07.2014)

    ОтветитьУдалить
  51. Аз Али(р) ривоят шуда,ки мегуфт: "Имруз иди нафарест,ки рузаву намозаш макбул гашта бошад."
    Бо либоси нав перохани такворо карин кардан
    Бо суфраи пур аз неъмат калбро пур аз мухаббат намудан
    Вакти тахнияту табассум дари дилро кушода доштан...Идро дорои маъно месозаду чамолу чило мебахшад.

    Хатто номаву паёмакхое,ки мухтавои одди доранд, манбаъи саодату хушхоли мегарданду руху равонро болида месозанд,агар аз чониби нафароне бошанд,ки эхтиромашон мекуни ва дусташтон медори.
    (Андарзхои равоншиноси)

    ОтветитьУдалить
  52. Орифе кавмеро дар рузи ид бидид,ки ба бозиву ханда машгул буданд.
    Гуфт:
    "Ба Худо агар эшон аз макбулон бошанд ин феъли шукргузорон нест ва агар аз радшудагон бошанд, ин низ феъли нигароншавандхо нест."
    Макбул бояд хушхолу шодмон ва номакбул бояд дар андешаи чуброни нуксон бошад
    Аз "маркаби тавба" саворае бигирад ва бо "тозиёнаи ирода" сареъсайраш кунад то лутфи Худойро ноил гардаду ба чамъи собикон бипайвандад
    Рузи ба тоат сипаришудаашроро ид бишмораду шаби муночоташро чун шаби кадр донад
    Хамаруза Дар мехроби халват калбашро муътакифи хучраи унс созаду бо зикри субху шом равонашро сухур ва ифтор кунонад...
    (Хотираи рузи сайид)

    ОтветитьУдалить
  53. Дил бехтарин хамсухбати ман аст. Бори гам, дард, шодиву нишоти маро самимона мепазирад. Ишки ман, мехри ман, садои маро дар худ нихон дорад. Дар хонаи дили ман чевоне пур аз китоб аст. Хамаи онхо аз зиндагии ман кисса мекунанд. Яке китоби ИШК, дигаре китоби ДАРД, савуми китоби ИМОН, чоруми китоби САОДАТ, панљум китоби ГУНОХ, шашум китоби САВОБ… Чилди китоби ИШК сабз аст, ранги китоби ДАРД зард, китоби ИМОН бошад бо ранги сурхи рушан медурахшад, вале чо-чо хатхои шикастаи сиёхранг дорад. Китоби САОДАТ ранги осмони дошта бо догхои зулоли катрахои борон омехта ба назар мерасад. Аз китобхои ГУНОХУ САВОБ чизе намегуям.

    ОтветитьУдалить
  54. Дар поёни боги дилам даште хаст. Дар миёни дашт санге ва аз канори он чашмае чорист. Он чо гурге хона дорад. Садои зузааш хамеша дар гушхоям акс меандозад.
    Дар шохи санавбари боги дилам кабутаре лона дорад. Вакте пар мекашад чашмонам аз тамошояш сер намешавад.
    Аммо имруз хавои дилам абрист. Борон меборад. Гург зуза мекашад. Кабутар дар лонаи ру ба худояш орамидааст. Дар китобхона чуз худам касе нест. Хавсалаи китобхони надорам. Дилам дар худам намегунчад, худам дар дунё. Дар тангное афтодаам. Буѓзе дар гулуям нишастааст. Аз кадом гушаи хотираам ин байти Бедил пайдо мешавад:
    Нола то нафас дуздид ман ба сурма хобидам,
    Кард шамъи ин махфил догам аз чудоихо.

    Ба худам меандешам, ба одамон, ба зиндаги. Бемехри, дуруг, фиреб, бепарвои, бетарахуми… мисли губоре хавои андешаамро фаро мегирад. Буѓз дар гулуям мешиканад ва аз шохсори магзам ин газал ба сурогам меояд:
    Ин абрхои сухта борон намешавад,
    Хар шом гамгусори гарибон намешавад.
    Ин боѓсори кист, ки урён гаштааст,
    Боди хазон атри гиребон намешавад.
    Оина аз дуруѓ чи зангор бастааст,
    Хуршеди пушти парда намоён намешавад.
    Ин хокро бубези агар рузу моху сол,
    Хосил, ки горат аст фаровон намешавад.
    Мардум чу хезум асту оташ гирифтааст,
    Иброхиме кучост, ки дар он намешавад.
    Ишк аст боги мехр в-агар нест богбон,
    Ин богро ки гуфт биёбон намешавад.

    ОтветитьУдалить
  55. Умед аз даргохи бениёзаш ва тамаъ аз атои беканораш ибодат аст.
    Агарчи кутохи мо дар ин мох зиёд буд
    Агарчи хакки ин мох ба шакли сазовор адо нашуд
    Куръон ба тарзи лоик тиловат нашуд
    Шабхо ба хуби эхё нашуд
    Рузахоро нуксоне буду авродро нотамоиме...
    Вале чашми тамаъ аз даргохаш ва гумони нек аз лутфу рахматаш нуксонхоро чуброн ва нотамиро тамом мебахшад
    Парвардигори Рахимро яке аз номхои зебояш "Шакур"аст
    Ибодати кучаки бандаро шукр гуфта уро бузург подош ато мекунад,онгох,ки банда ба Мавлояш гумони нек дошта бошаду тамаъаш аз лутфи Рабб зиёд бошад...
    "Ман бо бандаам онгуна бошам,ки банда гумони онро дорад" гуфта аст.
    Пас гумони нек дошта бошем ва чашми тамаъ суи рахматаш боз намоем ва умед кунем,ки
    Рузаву киёму тавбаву дуъохоро...пазируфта бошад...

    ОтветитьУдалить
  56. Паёмбар (ﷺ) фармуданд:
    Шахсе худро бузург бинад,бо кибр рафтор кунад,Аллох-ро дар холе мулокот мекунад,ки аз у газаболуд аст!
    (Ривояти Ахмад).
    ------------------------------------------
    Паёмбар (ﷺ) фармуданд:
    Пушаймон мунтазири рахмат ва худбин (мутакаббир) мунтазири халок аст!
    (Ривояти Байхаки).
    ------------------------------------------
    Хасан (р) мегуяд:
    Инсон ба хайр мемонад,то даме ки бидонад чи чиз амалашро фосид мекунад.
    Хузайфа (р) аз имоматии намоз фориг шуда гуфт:
    Ё гайри Ман ягон имом меоред ё намозхоятонро танхо мегузоред,зеро чунин эхсос дар нафси Ман пайдо шуд,ки дар байни кавм касе бехтар аз Ман нест!
    ------------------------------------------
    Ибни Абу-Хотим (р) аз Абдуллох ибни Аббос (р) ривоят кардааст,ки гуфт:
    Шахси миннатгузор дохили Чаннат намешавад,ин амр ба Ман сахт тамом шуд,то ин ки дар Куръони Карим оид ба миннатгузор ин оятро хондаам:
    Садакахои худро ба миннатгузор иваз озордихи ботил масозед!
    ------------------------------------------
    Али ибни Хусайн (р) садака мекард,хангоме ки вафот кард,дарёфтанд,ки сад оиларо дар Мадина бо нафака таъмин мекардааст,мардум дар Мадина зиндаги мекарданд ва намедонистанд,ки маошашон аз кучо меояд,чун Али ибни Хусайн (р) вафот намуд,он чиро,ки шаб барояшон меоварданд,гум карданд!
    (Ибни Чавзи).
    ------------------------------------------
    Заххок мегуяд:
    Шахсе нафакае дихад,сипас миннат гузорад,ё шахсеро,ки ба у садака додааст озораш дихад,ачри он нафакааш ботил мегардад,мисли санге,ки болояш хок аст ва борон борида он хокро шуста мебарад,хамчунин Аллох Таъоло савоби шахсеро,ки садакае дода,сипас миннат мегузорад аз байн мебарад!
    (Ривояти Суюти).
    ------------------------------------------
    Довуд (ъ) ба Аллох-и Муттаъол гуфт:
    Эй Парвардигор,оё касе аз халкат имшаб аз Ман бештар зиндадори кард?
    Аллох-и Муттаъол тавассути вахй ба у гуфт:
    Бале,курбока!
    (Имом Ахмад).
    ------------------------------------------
    Имом Ахмад (р) мегуяд:
    Сулаймон (ъ) бо мардум барои адои намози "истиско" яъне;талаби борон берун шуд ва дар рох муреро дид,ки даст боло карда мегуяд:
    Эй бор Иллохо,мо аз махлукоти Туем ва аз ризки Ту бениёз нестем,пас,ё моро об дех ё халокамон бисоз!?
    Сулаймон (ъ) ин замон ба мардум гуфт:
    Баргардед,бо дуъои дигарон бар шумо об дода мешавад!

    ОтветитьУдалить
  57. Бузургмеҳри ҳаким гӯяд: Агар хоҳӣ, ки аз абдол гардӣ (яке аз табақаи авлиё, ки ададашон то ба ҳафтод тан мерасад), таҳвил кун ба хӯи кӯдакон.
    Гуфтанд: Чӣ гуна?
    Гуфт: Андар кӯдакон панҷ хислат аст, агар он дар бузургон будӣ, ба ҷои абдолон расидандӣ: яке он ки ғами рӯзӣ нахӯранд ва дигар он ки чун бемор шаванд, аз Худои таъоло гила накунанд. Сеюм бо якдигар хӯранд он чизе ҳаст, чаҳорум чун бо якдигар ҷанг кунанд, кина нагирифта, зуд оштӣ кунанд. Панҷум бо андак бим битарсанд ва об дар чашм оваранд, (Имом Ғаззолӣ)

    - Рӯзе он ҷаноб парандаеро бар дарахте диду фармуд: Ай паранда, бар ту муборак бод! Қасам ба Худо, дилам мехоҳад мисли ту бошаму ба ҳар дарахте мехостам, менишастам, чӣ мевае дилам мехост, мехӯрдам, зеро бар ту на ҳисоб асту на азоб, (ҳазрати Абубакри Сиддиқ (р))
    - Қасам ба Худо, ман ҳеҷ гоҳ хилофатро хоҳиш надоштам, ҳаргиз инро аз Худо нахостам; на дар танҳоӣ ва на ошкоро, (ҳазрати Абубакри Сиддиқ)
    - Бо бузургсолон ва мӯйсафедон якҷоя роҳ марав! Зеро агар онҳоро аз худ муқаддам дорӣ, яъне пеш гузаронӣ, ин кор ба илмат хорӣ ва латма оварад, агар худат аз онҳо пеш гузарӣ, ба шаъни ту лоиқ набошад, зеро онҳо дар синну сол аз ту бузургтаранд. Паёмбар (с) дар ин маврид фармуд: Касе ба калонсолони мо эҳтиром нагузорад ва ба хурдсолони мо раҳму шафқат накунад, аз мо нест, (аз пандҳои Имоми Аъзам ба шогирдаш Имом Абӯюсуф)
    - Ҳеҷ гоҳ бар сари роҳ манишин, агар маҷбур шудӣ барои дар берун нишастан, пас дар масҷид бинишин.
    Дар дӯконҳо манишин, дар бозору масҷид чизе махӯр, (Имоми Аъзам)

    ОтветитьУдалить
  58. ДӮСТИВУ РАФОҚАТ
    БОРИ САНГИНЕ АСТ
    КАСЕ МЕТАВОНАД ОНРО
    БАР ДӮШ ГИРАД, КИ
    ВАФО" ДОШАТ БОШАД

    ОтветитьУдалить
  59. Бобом ба ман мегуфт: Хамеша ду навъ мардумон вучуд доранд, иддае,ки корро анчом медиханд ва иддае,ки кор ба онхо мансуб мегардад ва ба ман тавсия менамуд,ки аз иддаи аввали бошам, чун мунофаса(саъю талош) ончо камтар аст.
    Индира Ганди.(1917-1984)

    Бустони зикр дорои насими хушу чашмаи зулолу сояи гафсу мевахои ширин аст, боре даромадаи?!
    "Субхоналлохи ва бихамдих"
    "СубхонаЛохил аъзим"

    Беморихо на танхо дар часаданд, бал беморихои ахлоки низ вучуд дорад, харгох беадаберо диди барош дуъои шифо бикун.
    (Фалсафаи хаёт

    ОтветитьУдалить
  60. Дар зиндаги чизхои дуругине хастанд,ки дунёро бузургу инсонро кучак менамоянд
    Ва чизхои хакикие хаст,ки инсонро бузургу дунёро кучак месозад
    Ганчи хама замин факр асту бе арзиш, онгох,ки муомила бо калб сурат мегирад.
    (Рофиъи)
    Мардумонро фиребидан осонтар аз каноъатманд сохтани онхост,ки фиреб хурдаанд.
    (Марк Твен, нависандаи амрикои)

    Холате хаст,ки бадтар аз нобиноист ва он дидани чизи вучуд надошта аст.
    (Томас Хорди,романнигори англис)

    Агар хикмати Лукмон дар хуккому моли Корун дар рохзанону сабри Айюб дар мардум намебуд, холат бехтар буд.

    Зиёни майл ба хушгузаронихову рохатдустиву рохатпарасти ин аст, ки дар натича шахс ниёзхои чисмонии худро болотар аз ниёзхои рухи мегузорад, ки натичааш рушд дар сурату часад ва харобиву заъф дар руху равон мегардад.
    Хушунату дурушти дар гизову малбасу маскану маркаб агарчи чисмро норохат месозад, вале руху равонро тарбиятгаранд.
    (А,Баккор бо иловахо)

    ОтветитьУдалить
  61. Мўсо (а) гуфтанд: "Эй Парвардигорам! Кадоме аз бандагонат ҳукмкунандатар аст (мақсад аз ҳукмкунандатар касе мебошанд, ки масъулияти ҳукм дар дасти онҳост, ба монанди судя ва амсоли инҳо)? Гуфт: Касе, ки барои мардум чунон ҳукм мекунад, ки гўё ба худаш ҳукм мекарда бошад. Гуфт: Эй Парвадигорам! Кадоме аз бандагонат сарватмандтар аст? Гуфт: Ризомандтарини онҳо ба он чӣ барои ӯ тақсим намудаам. Гуфт: Эй Парвардигорам! Кадоме аз бандагонат тарсандатар аст? Гуфт: Олимтарини онҳо ба ман".

    ОтветитьУдалить
  62. Тарсандатарин инсон аз бандагони Худо дар мизони илоҳӣ ин олимтарин инсонҳо мебошад; олиме, ки илмаш ӯро ба шинохти ҳақиқатҳо бурда расонидааст. Касе баштар Худовандро шинохт ва ба авсофи Ӯ таъоло олимтар шуд, аз ҳама дигар дида тарсандатар хоҳад шуд. Пас тарсандатирин бандагони илоҳӣ касе аст, ки Худовандро бештар аз дигарон мешиносад ва ин шинохт аз тариқи илм мешавад.
    Тарсе, ки аз Худовандти мутаъол аст, тарсе аст, ки инсонро ба ҳалол хўрдан ва ҳалол пўшидан ва амонатдорию ротгӯї, ростқавлӣ, пора нагирифтан, хидмати мардумро анҷом додан ва амсоли инҳо раҳнамун мекунад ва ин тарси созандаи фард ва созандаи ҷомеа аст. Вале тарси дигар, ки аз камбағалӣ ва амсоли он аст, тарсест, ки сўзандаи фард ва сўзандаи ҷомеа аст.

    ОтветитьУдалить
  63. е чизро бо эҳтиёт бардорем Қадам, Қалам, Қасам .
    Се чизро пок нигоҳ дорем :Ҷисм, Либос, Хиёлот,
    Се чисро ба кор бигирем Ақл, Ҳимат, Сабр.
    Се чиз парҳез кунем Гуноҳ Афсус, Фарёд,
    Се чизро олуда накунем Қалб, Забон, Чашм.
    Аммо се чизро ҳечгоҳ ва ҳеҷ вақт фаромуш накунем: АЛЛОҲ,, Марг ва Дӯсти бо маърифатро

    ОтветитьУдалить
  64. ЗАН:
    Зан- чун қаҳва аст. Вақти пӯхтанаш талх аст, аммо пас аз тайёр шудан, таъбатро болида месозад.
    Зан-чун кӯдак аст. Дар аввал мехоҳӣ, ки сухан кунад, баъдан хомӯш истоданашро мехоҳӣ.
    Зан - чун баҳр аст. Маълум нест, ки кадом вақт ором ҳасту кадом вақт пурмавҷ.
    Зан- чун дари автоматӣ аст. Намедонем, ки кадом вақт зарба мезанад.
    Зан - чун термос аст. Ҳар як ҷанҷоли қаблиро чун рӯзи аввал гарм нигоҳ медорад.
    Зан- чун гул аст. Чӣ қадар бӯй бикашӣ, ҳамон қадар мешукӯфад. Чӣ қадар, ки дӯстдорӣ бикунӣ, ҳамон қадар зеботар мегардад.

    ОтветитьУдалить
  65. ХАЗИНАИ МАЪРИФАТ
    Ба лой, ки санг партофти, ба руят лой пош мехурад.
    Шахсе, ки бадиро намедонад, дар капкони он меафтад.
    Шахсе, ки хаё дорад, бади намекунад.
    Рохи аз хама бадихо дур истодан, забонро нигохдоштан аст.
    Саросемаги дар хама кор бадаст, ба чузъ бадиро дафъ кардан.
    Сарчашмаи бисёри бадихо мухаббати мол аст.
    Аз бади дури чустан, аз неки кардан боло аст.
    Бади аз чохили меояд.
    Бади. Ин ду чизро фаромуш бикун, некихои кардаатро, ва бадихои дидаатро.
    Се аломате шахсе, ки бадбахт гаштааст.
    1. Сохиби илм гаштаасту аз амал махрум гаштааст.
    2. Амал дораду аз ихлос махрум мондааст.
    3. Ноили сухбат бо дустони Худо гаштааст, аммо аз хурмати эшон махрум гаштааст.
    Бадбахти. Панч чиз нишонаи бадбахтист.
    1. Сахтии калб.
    2. Хушкии чашм.
    3. Бехаёи.
    4. Мухаббати дунё.
    5. Барои дунё андеша кардан.
    Барои рохи бадро надонистан, бо гунахкорон сухбат макун.
    Аз хамнишини бо бадон, танхо нишастан бехтар аст.
    Бад. Аз тухми бад меваи хуб хосил намешавад.
    Ачала. Шитобкори амали шайтон аст, ба чузъ панч чиз.
    1. Ба мусофир хурок хурондан.
    2. Дар вакташ намоз хондан.
    3. Тавба кардан.
    4. Духтарро ба шахвар додан ва
    5. Мурдаро давфн кардан.
    Ягон даст пинхони аз дил амал намекунад.
    Амал гуфтан дигар чиз, ва дар амал тадбик кардан бошад, чизи дигар аст.
    Модар барои шифо ёфтани фарзандаш доруи талх медихад, Худованд низ барои бандахои дустдоштааш, талхии дунёро медихад.
    Ин ду чизро асло фаромуш макун, Худо, ва маргро.
    Итоаткардани Худованд, ба хазина монанди дорад, ки калиди он дуо ва дандонахои калиди он лукмаи халол аст.
    Шахсе, ки Худовандро дуст медорад дар он ин се аломат вучуд дорад, ба мисли бахр саховатманд, ба мисли офтоб мушфик ва ба мисли хок мутавачеъ.
    Аз Худои таъолох кумак талаб куни, факир намешави балки бузург мегарди.
    Ягон кори дунё хастакунанда нест, ба шарте ки барои ризогии Худо анчом додани боши.
    Агар мусибати калон дори магу, ки мусибати калон дорам, балки бигуйки Худои бузург дорам.
    Аз ду чашме, ки ботилро мебинад он бехтараст, ки як чашм бошаду хакро бубинад.
    Чикадаре, ки мардум туро хуб мешиносанд, Худованд туро аз мардум дида хубтар мешиносад, барои ин туро мебояд, ки аз байни мардум дида дар танхои бо диккаттар боши.
    Аз Худо гофил мондан, аз афтодан ба оташ бадтар аст.
    Рохе, ки ба Худованди таъоло мерасонад, рохест ки расулуллох ба он рох рафтааст, дар ин рох ягон бади нест.
    Агар Худоро дуст дори, тубхои онро низ дуст хохи дошт.
    Вакте, ки ба Худованди таъоло исён мекуни, ба он чое рав, ки малоики Худованд туро набинад.

    ОтветитьУдалить
  66. Шахсе, ки Худоро мешиносад, ва итоаташ мекунад, дар зиндонхам бошад, худро бахтиёр мехисобад, ва шахсе, ки Худоро фаромуш мекунад, дар касрхо бошадхам дар зиндон аст.
    Шахсе, ки Худовандро тарк мекунад, ба шайтон мутобил мешавад.
    Сиротул мустаким, аз зохири кас ба ботинаш меравад, ва ин рохест, ки инсонро ба суи Худо мебарад.
    Сабаби душмании шайтон, руй овардани ту бар Худованд аст.
    Худованд дар чизхои харром кардаи худ шифо халк накардааст. Бар Худо калби шикастаатро бигуй то онро шифо бахшад.
    Инсонхоро дар ягон шакл чудо накунед, инсонхоро ба гуруххо чудо кардан хакки Шумо нест, ин танхо хакки он аст, ки онхоро офаридааст.
    Агар нафаре барои расидан ба Худо, хазорхо сол бо сидку ихлос харакат кунад, ва як даме акиб гардад, бохташ аз бурдаш зиёдтар мегардад.
    Худованд, холатро ба зоте арз кун, ки аз холи ботинат мудом вокиф бошад.
    Бо илми дигарон сохиби илм мешави, аммо бо акли худ окил.
    Дар руи дунё ду кувва вучуд дорад, яке аклу дигаре шамшер акл аксар шамрерро голиб омадааст.
    Кист, ки худро бе акл шуморад.
    Ба шахсе, ки аз руи аклаш амал мекунад, вакт кумак мекунад.
    Ду чиз аклу тадбирро ботил мекунад, яке саросема шудан ва дигаре чизи дастнорас хостан.
    Акл омода набошад, чашм намебинад
    Аклатро ба кулли истифода набари, губори тамоми аъзои баданат бар ту мегардад.
    Китоб гизои акл аст.
    Дар он чое мухаббат набошад, аклхам вучуд надорад.
    Акл сармояи чавонмард аст.
    Бузургтарин сарват акл аст.
    Ба шухрат ва симои шахс нигох макун, фиревтаи намоз ва ниёзи шахс магард, танхо бар акл ва ахлоки шахс назар бикун.
    Дар дунё ягон акл, бевучуди акли дигар ба миён намеояд.
    Акли хама ба мисли руяш гуногунаст.
    Барои хизмат ба акли хеш часур бош.
    Се нишонаи боакли, фикри хуб, сухани хуб ва амали хуб кардан.
    Аклу илм се душман доранд, бади, нодони ва тамбали.
    Ба лой, ки санг партофти, ба руят лой пош мехурад.
    Рохи аз хама бадихо дур истодан, забонро нигохдоштан аст.
    Саросемаги дар хама кор бадаст, ба чузъ бадиро дафъ кардан.
    Шахсе, ки бадиро намедонад, дар капкони он меафтад.
    Шахсе, ки хаё дорад, бади намекунад.
    Сарчашмаи бисёри бадихо мухаббати мол аст.
    Аз бади дури чустан, аз неки кардан боло аст.
    Бади аз чохили меояд.
    Ин ду чизро фаромуш бикун, некихои кардаатро, ва бадихои дидаатро.
    Се аломате шахсе, ки бадбахт гаштааст.
    1. Сохиби илм гаштаасту аз амал махрум гаштааст.
    2. Амал дораду аз ихлос махрум мондааст.
    3. Ноили сухбат бо дустони Худо гаштааст, аммо аз хурмати эшон махрум гаштааст.
    Панч чиз нишонаи бадбахтист.
    1. Сахтии калб.
    2. Хушкии чашм.
    3. Бехаёи.
    4. Мухаббати дунё.
    5. Барои дунё андеша кардан.
    Барои рохи бадро надонистан, бо гунахкорон сухбат макун.
    Аз хамнишини бо бадон, танхо нишастан бехтар аст.
    Бад. Аз тухми бад меваи хуб хосил намешавад.
    Ачала. Шитобкори амали шайтон аст, ба чузъ панч чиз.
    1. Ба мусофир хурок хурондан.
    2. Дар вакташ намоз хондан.
    3. Тавба кардан.
    4. Духтарро ба шахвар додан ва
    5. Мурдаро давфн кардан.
    Зохидхо бо чашмон, вале орифон бо калбхояшон гиря мекунанд
    Ба чое, ки об меравад, ончо сабз мегардад, ва ба чое, ки ашки чашм мерезад, ончо рахмат нозил мегардад.
    Чашмахои тамоми чахонро кушоихам, ба оташи дузах таъсире нахохад кард, ба чузъ ашкеки барои ризогии Худои таъоллох рехта мешавад.
    Бо ашки чашмад, рохе ба суи Худо бунёд бикун.
    Хар як катраи ашк киммат дорад, пас саодатманд касест, ки он ашкро аз барои Худо бехбудии ватану миллат мерезонад, хатман подошти чунин ашкхоро хохад дид.
    Ифлоси гунохро об не, ашки чашм мешуяд.
    Давом дорад

    Таҳияи Умаров Алибек

    ОтветитьУдалить