50-амале ки шариат занонро аз он манъ мекунад.
Манъи зан аз намоиш додани зебу зинат
Ҳангоме ки зан бо шавҳари худ дар хилват бошанд ва шавҳараш занро хоҳад, пас наздиктарин роҳ барои зан ин аст, ки зинату зебоияшро барои ў нишон диҳад. Ҳарвақто, ки зан зинату ҷамолашро дар роҳи омма ё пеши рўи марде, ки барояш ҳалол нест нишон диҳад, пас ин зан бо ин амалаш чӣ мехоҳад?
Зани мусалмон аз чунин феълу рафтор шарм медорад. Ў ба таҳқиқ медонад, ки гуле нест, ки ҳар кас ўро бибўяд. Дар ҳақиқат медонад, ки шарофату каромати ў ин аст, ки танҳо барои шавҳараш бошад.
Ба таҳқиқ пўшидани зинат ва сатри аврат ин неъмате аз неъматҳои Худованд аст, ки ба бандагони худ арзонӣ доштааст.
Каломи Худованд:
٢٦
«Эй фарзандони Одам, барои шумо ҷомае фиристодем, то шармгоҳатонро бипўшад ва низ ҷомаи зинат. Ва ҷомаи парҳезгорӣ аз ҳар ҷомае беҳтар аст. Ва ин яке аз оёти Худост, бошад, ки панд гиранд».
(Сураи Аъроф, ояти 26)
Оятҳои хосе дар Қуръони карим барои либоси зан ва сатри ў бисёр возеҳ ва қотеъ омадааст, чунки риъоя накардани ин фаризаи илоҳӣ хатар ва оқибатҳои ногувореро дар пай дорад.
Каломи Худованд:٥٩
«Эй паёмбар, ба занону духтарони худ ва занони мўъминон бигў, ки чодари худро бар сар пўшанд».
(Сураи Аҳзоб, ояти 59)
٣١
«Ва миқнаъаҳои (рўймолҳои) худро то гиребон фурў гузоранд»
(Сураи Нур, ояти 31)
٣١
«Ва низ чунон пой бар замин назананд, то он зинат, ки пинҳон кардаанд, дониста шавад».
(Сураи Нур, ояти 31)
Барои чӣ зан ба мухолифати фармудаҳои Худо чанг мезанад, дар ҳоле ки медонад дар ин мухолифат ҳалоки ўст? Ба таҳқиқ аз ҷаннат маҳрум мешавад ва дохили оташи дўзах мегардад.
Паёмбар (с) мефармоянд:
«Ду гурўҳе аз аҳли дўзах ҳастанд, ки ман онҳоро надидаам: гурўҳе, ки ҳамроҳ бо худ қамчин доранд, монанди думи гов ва мардумро бо он мезананд, ва заноне, ки пушидаъурёнанд ва моилкунанда, сарҳои онҳо мисли кўҳони уштур аст, на вориди ҷаннат мешаванд ва на бўйи ҷаннат ба машомашон мерасад[1]».
Манъ аз берун шудани зане, ки атр истеъмол намудааст
Дар ҳақиқат мард агар атри занро бибўяд асари бузурге дар ў мегузорад ва ба тарафи зан ҷалб мешавад. Биноан, Шариъат берун шудани занро дар ҳоле ки атр истеъмол намудааст ҳаром гардонидааст.
Паёмбар (с) мефармоянд:
«Ҳар зане, ки атр истеъмол мекунад ва аз назди мардум мегузарад, то аз он атр бибўянд, пас он зан зинокор аст».
Ин чизи мантиқист, оё зан ҳарис нест, ки хушбўиро пеш аз мулоқот бо шавҳараш истеъмол намояд, то рағбати ўро нисбати худ барангезад? Аҷабаш ин аст, ки зан одат кардааст, ки худро ороста, атр истеъмол карда, аз хонааш берун меравад, ва ҳангоми мулоқот бо шавҳараш, бисёр вақтҳо инро фаромўш мекунад.
Манъи зан аз даст додан бо мардон
Дасти зан ҷузъе аз бадани ўст ва ҳар кӣ дасти занеро ламс карда бошад то кадом андоза нарм будани ҷасади ўро медонад. Аз ин ҷост, ки бо ин кор дар ба рўи амали шайтон кушода мешавад. Пас, манъ намудан аз даст додан, манъ намудан аз кушодашавии дарҳои бузурги фитнаву шар аст.
Бинобар ин Ислом даст додани занро ба мардони бегона ҷоиз намедонад, вале гурўҳе аз маҳоримро мустасно намудааст: монанди падар, бародар, амак ва тағо барои зан ва модар, хоҳар хола ва амма барои мард.
Паёмбар (с) фармудаанд:
«Агар сўзани оҳанине дар сари яке аз шумо халонда шавад, беҳтар аст барояш аз ин, ки дасти занеро, ки барояш ҳалол нест мисос намояд».
Ба таҳқиқ собит шудааст, ки расули Худо (с) бо занон мусофаҳат намекардаанд. Аз Амима бинти Рақиқа ривоят аст, ки мегўяд:
Бо гуруҳе аз занон назди Паёмбар (с) омадем, ки бо эшон (с) бар Ислом байъат кунем, пас занон гуфтанд:
- Эй расули Худо (с) бо ту байъат мекунем бар ин ки ба Худо шарик намеорем, дуздӣ намекунем, зино намекунем, фарзандонамонро ба қатл намерасонем, бўҳтону тўҳмат намекунем ва дар ҳар кори неке, ки амр мекунед нофармонӣ намекунем.
Пас, Паёмбар (с) фармуданд:
- Дар ин корҳо тавоноӣ ва тоқат доред?
Занон гуфтанд:
- Худованд ва Расули Ў бар мо аз худи мо дида раҳимтар ҳастанд, биё то бо ту байъат кунем, эй Расули Худо (с). Пас, Расули Худо (с) гуфтанд:
- Ман бо занон даст намедиҳам, ба таҳқиқ суханони ман барои сад зан монанди сухани ман барои як зан аст[2].
Пас, бояд зан аз даст додан бо мардон имтиноъ варзад. Агар бо дастпўш ё ғайри он бо мардон салом кунад, беҳтар аст аз ин ки бидуни он даст диҳад. Лекин хубтар ин аст, ки аслан даст надиҳад. Ҳеҷ зарурате нест, ки занро ба даст додан маҷбур созад.
Манъи зан аз холкўби бо сўзан (вашм)
Холкўбӣ ин задани сўзан ё монанди сўзан дар кафи даст ё банди даст ё дигар ҷойи бадани зан аст, то ин ки хун ҷорӣ шавад, баъд аз он ҳино ё ғайри онро дар он ҷо мемоланд ва гоҳҳо бо ин кор нақш мекашанд.
Ин тағйир додани хилқати Худованд аст, лизо ҳаром аст.
Аз Абиҷуҳайфа ривоят аст, ки мегўяд: «Паёмбар (с) аз гирифтани пули хун, пули саг ва касб аз роҳи фаҳшу фуҷур манъ намуда, зани холкўбанда ва сўзанзадашударо лаънат гуфтааст».
Манъи зан аз чидани мўйи рўй ва абрў (намс)
Дар ҳадиси Паёмбар (с) лафзи намс омадааст, ки он чидан ва дур намудани мўйҳои рўй аст ва ин амр манъ шудааст, магар мўе, ки дар макони риш ё мўйлаб барояд. Пас, дур намудани ин гуна мўй барои зан равост, то аз монанд будан бо мардон худдорӣ шавад. Чидани мўйи рўй ҳаром аст, зеро он тағйир додани хилқати Худост.
Аз Абдуллоҳ ибни Масъуд ривоят аст, ки «Худованд зани сўзанзан (холкўбикунанда) ва сўзанзадашуда ва заноне, ки мехоҳанд абрўяшонро ислоҳ кунад ва зане, ки миёни дандонҳояшро кушод намуда, хилқати Худоро тағйир медиҳад, лаънат гуфтааст».
Манъи зан аз кушод намудани байни дандонҳо
Калимаи фалҷ ба маънои кушод намудан байни дандонҳои пеш аст. Занон ин амалро меписанданд, то синну соли худро камтар нишон дода, ҳуснашонро афзоянд. Бо ин мақсад дандонҳоро метарошанд. Инро вашр низ мегўянд. Ин амал ҳаром аст, чунки дар ин кор тағйири хилқати Худост. Дар ҳадиси гузашта омадааст, ки лаънат кардааст Худо занони сўзанзанандаро. Ва инчунин занонеро, ки миёни дандонҳояшонро кушод намуда, хилқати Худоро тағйир медиҳанд.
Аммо, кушод кардани миёни дандонҳо ба хотири муъолиҷа ҳалол аст, зеро таҳрими он вобаста ба талаби ҳусн аст, на талаби муъолиҷа ё айбе, ки дар дандон аст.
Манъи зан аз пайванд задани мўйи сар
Аз Асмоа (р) ривоят аст, ки мегўяд:
- Зане назди Паёмбар (с) омада гуфт: «Эй Паёмбари Худо (с) духтарам ба бемории «Хисба» (сурхак, сурхча) гирифтор шуда ва мўйҳояш рехта, оё мўйҳояшро пайванд занам?» Расули акрам (с) фармудаанд: «Худованд мўй пайвандкунанда ва мўй пайвандкардашударо лаънат кардааст[4]». Аз Оиша (р) ривоят аст, ки духтаре аз ансор издивоҷ намуд ва бемор шуда мўяш рехт. Пас, хостанд, ки мўяшро пайванд кунанд, биноан аз расули Худо (с) инро пурсиданд, пас Ў (с) мўй пайвандкунанда ва мўй пайвандкардашударо лаънат кард».
Манъи зан аз хилват (танҳоӣ)
Аз Абдуллоҳ ибни Аббос (р) ривоят аст, ки мегўяд: Паёмбар (с)–ро шунидам, ки дар хутбае мегуфтанд: «Ҳеҷ марде бо зане хилват нашавад, магар ки маҳраме аз зан ҳамроҳаш бошад».
Аз Уқба ибни Омир (р) ривоят аст, ки Расули акрам (с) гуфтанд: «Барҳазар бошед аз дохил шудан бар занон», пас марде аз ансор гуфт: «Агар ҳевар (бародари шавҳар) бошад чӣ?» Фармуд: «Ҳевар ҳалокат аст». Яъне Паёмбар (с) аз хилват шудани мард бо ақориби занаш ва зан бо хешонӣ шавҳараш шадидан барҳазар доштааст ва ин амрест, ки мардум бисёр дар он воқеъ мешаванд ва сабаби мусибатҳое мешавад, ки андозаи онро ғайр аз Худо касе намедонад. Баъзе аз мардум ба худ гумон мекунанд, ки маъсум ҳастанд ва воқеъ шудани корҳои зиштро дар хилват нисбат ба худ дур медонанд, лекин умури зеринро ба эътибор бояд гирифт:
- Хилват дар «ҳадди зоташ», яъне худи ин кор, ҳаром аст, гар чанде дар он ҳангом ҳодисае рух надиҳад;
- Барои дур нигоҳ доштани худ аз шубҳаҳо ва гуфтугўзорҳои беҳуда моро лозим меояд, ки аз хилват шудан барҳазар бошем;
- Даъво намудан бар маъсумият ботил аст. Паёмбар Юсуф (а) ба Парвардигори худ мегўяд:
Каломи Худованд:
гуфт: «Эй Парвардигори ман, барои ман зиндон дўстдоштанитар аст аз он чӣ маро ба он мехонанд ва агар макри ин занонро аз ман нагардонӣ, ба онҳо майл мекунам ва дар шумори нодонон дармеоям (ҳар мўъмине, ки гуноҳе содир мекунад аз ҷаҳолат ва нодонии ўст)».
(Сураи Юсуф, ояти 33)
- Хилват шудан ғаризаҳои инсониро ба ҳаракат меорад ва майли ўро ба ҷинси дигар меангезад;
- Хилват шудан ба суханпардозию мулотафат ва ламс намудан ташҷиъ мекунад, ки оқибати инҳо аз хатар холӣ нест;
- Шайтон дар хилват маҷоли хубе барои амал меёбад.
- Хилват шудан сабаби шаку тардиди зиёде дар нафси валии зан мешавад, ки мушкилоти бепоён барои зан ба бор меорад;
- Ҳаёти имрўзаи мо ва он чӣ дар атрофи мо рўх медиҳад моро водор мекунад, ки ҳушёр бошем саҳлангорӣ накунем, хусусан дар корҳое, ки марбут ба дин ва шарафу номуси мост;
- Агар зарурате барои амали мубошир (коргузор) байни марди бегона ва зан бошад, бояд ки он дар ҳудуди муайян бошад ва ба миқдори зарурат. Масалан барои волии зани бемор воҷиб аст, ки аввалан табиби зан ҷустуҷў кунад пеш аз ин, ки ўро назди табиби мард бубарад ва агар табиби мард занро муъолиҷа кард, бояд дар хилват набошад ва ҳадди заруратро аз нигоҳи тиббӣ таҷовуз накунад.
Манъи зан аз сафар намудан бе маҳрам
Мусофир ба бисёр ҳолатҳои ногувор ва хатарҳо рў ба рў мешавад. Шаръи ҳаким хостааст, ки занро аз чунин мушкилот дур нигоҳ дорад. Вуҷуди маҳрам ҳангоми сафар тарсу ҳароси зиёдро аз ў дур месозад. Маҳрами зан ўро кўмак мерасонад ва масъулияти ўро ба душ дорад ва ба ҷои вай бо мардум муомила мекунад. Ҳамаи ин нишонаи эҳтироми зан, ҳифозат ва нигаҳбонии шарафу номуси вай мебошад.
Паёмбар (с) мефармоянд: «Сафар намекунад зан, магар ҳамроҳ бо маҳрами худ». Аз масъулияти волидайн ва хешони наздик ин аст, ки занону духтаронро ба донишгоҳҳои наздиктар равонаи таҳсил кунанд ё ба ҷои кори наздиктар гузоранд, то аз ўҳдаи ҳифозат ва нигоҳубини онҳо бароянд.
- Манъи зан аз бе зарурат хориҷ шудан аз манзил
Каломи Худованд:
«Ва дар хонаҳои худ бимонед. Ва чунонки дар замони пешини ҷоҳилият мекарданд, зинатҳои худро ошкор макунед».
(Сураи Аҳзоб, ояти 33)
Дар асл занон бояд дохили хонаи худ бимонанд ва берун нашаванд, магар дар ҳоли зарурат якҷоя бо шавҳар ё валии ў. Зан ҳангоми берун шудан либосе бипўшад, ки аврати ў ё зинати ўро намоён насозад ва ё танг набошад, ки бадани ў маълум шавад ва ё нозук (тунук) набошад, ки баданаш дида шавад.
Имрўз зан ба хотири касби илм ва кор кардан, ки аз ҷумлаи заруриёт ба ҳисоб меравад, берун аз манзили худ меравад, лекин ин амр ҳоҷат ба танзим дорад. Зарур ва воҷиб аст, ки зан дар ҳамаи марҳалаҳои таълим дар мадрасаҳо ва донишгоҳҳои духтарона, бидуни омезиш бо мардон таълим бигирад ва воситаи нақлиёти хосе барои рафтуомади онҳо хидмат кунад. Аммо, манҳаҷи таълимии эшон бояд чунон бошад, ки модари ояндаро тарбия мекунад, ки офаридагори худро мешиносад ва ўро бо маърифати ҳақиқи мапарастад, ҳуқуқи шавҳараш ва чӣ гуна муъомила кардан бо ўро, ки сабаби ризои Худо мегардад медонад, ва медонад, ки чӣ гуна тифли худро бар роҳи ҳақ тарбия кунад ва чӣ гуна ўро муъолиҷа кунад, агар ба беморие гирифтор шавад. Мутахасис монанди табиби занон ё муаллима будани зан ҳам ба манфиати зан аст ҳам ҷомеъа. Зани соҳибкасб аз мўҳтоҷӣ дар амон аст ва ба занони бемор ба ҷои мардони номаҳрам хидмат мекунад. Ба ҳамин шакл масъалаи берун шудани зан барои таълим ва кор ба танзим дароварда мешавад. Аммо, барои берун шуданашон ба бозорҳо, пас лозим меояд, ки бозори хос барои занон ва дигаре барои мардон ташкил шавад, ки занон дар бозори худ ва мардон дар бозори алоҳида харидуфурўш кунанд. Дар ин амр манъ намудан аз омезиш, ҳифзи каромати зан ва адами барангезиши шавҳати мардҳост. Баъд аз ин воситаҳои нақлиёти мусофирбар боқӣ мемонад, ки бояд дар он низ байни ҳарду ҷинс монеъа бошад. Ҳангоме ки ба он чӣ гуфта шуд пойбандӣ сурат гирад, зан барои ҳоҷаташ орому осуда ва бо шарафу иззат берун мешавад. Аз ҷумлаи умуре, ки зан бояд риъоя кунад ин аст, ки шабона аз хона берун нашавад, магар дар ҳоле ки ҳоҷату зарурати шадид дошта бошад. Шахси соҳибкоре, ки коргари зану мард дорад ва шабона низ кор мекунанд бояд иҷоза диҳад, то занон дар басти рўзона кор кунанд ва ба кори шаб маҷбурашон накунад.
Аз ҷумлаи эҳтиётҳо ин аст, ки зан бояд бо роҳи хилват ва бекас наравад, то ба хатаре рў ба рў нашавад.
- Манъи зан аз дохил шудани ҳамомҳои умумӣ
Дар чунин ҳаммомҳо аврати зан намоён мегардад ва мардҳо занони урёнро мебинанд ва ин аз муҳимтарин асбоби барангехтани шаҳватҳо ва фурў рехтани лаънат ва ғазаби илоҳӣ ба ҷомеъаҳост. Паёмбар (с) мефармоянд:
«Ҳеҷ зане нест, ки либосашро дар ғайри хонааш аз тан мекашад, магар ки он чи байни ў ва байни Худост аз байн меравад».
Каломи Худованд:
«Эй паёмбар, ба занону духтарони худ ва занони мўъминон бигў, ки чодари худро бар сар пўшанд».
(Сураи Аҳзоб, ояти 59)
Аммо, он чи дар соҳили кулу дарёҳо рух медиҳад ҳеҷ узре надорад. Соҳилҳои кулу дарёҳо зиёданд ва ҳад надорад, пас барои чӣ одамон дар як ҷо бешармона гирд меоянд.
Дар ҳақиқат марди ғаюр агар хоҳад аз он чӣ Худованд барояш ҳалол гардонидааст ҳаловат барад ҳамроҳи оилааш бояд ба ҷое аз чашмҳо дур равад, зеро розӣ намешавад, ки модар назди фарзандон либосашро аз тан дур кунад ва авраташро намоиш дода, ба фарзандонаш дарси беҳаёгӣ омўзонад.
Наҳйи занон аз назар кардан ба сўйи мардон
Ба таҳқиқ назар кардан шаҳватро меангезад ва ғароизро ба ҳаракат меорад ва зинои чашм инсонро ба зинои «фарҷ» (шармгоҳ) вомедорад.
Паёмбар (с) фармудаанд: «Зинои чашмҳо назар кардан аст». Бинобар ин аз назар кардан манъи қатъӣ омадааст.
Каломи Худованд:
«Ба мардони мўъмин бигў, ки чашмони хеш фурў гиранд ва шармгоҳи худ нигаҳ доранд».
(Сураи Нур, ояти 30)
Каломи Худованд:
«Ва ба занони мўъмин бигў, ки чашмони хеш бибанданд ва шармгоҳи худ нигоҳ доранд».
(Сураи Нур, ояти 31)
Ин ояти карима ба пўшидани чашм ва нигоҳ доштани шармгоҳ таъкид кардааст. Пас шахсе, ки чашми худро аз дидани ҳаром бипўшад аз дигарон дида бар нигоҳ доштани шармгоҳи худ, қодиртар аст. Дар акси ҳол натиҷааш низ баръакс хоҳад буд. Аммо, назари ногаҳонӣ, ва он назарест, ки қасдан сурат нагирифтааст, пас бар зану мард лозим аст, ки баъд аз он чашмашонро бипўшанд ё ба дигар тараф гардонанд. Аз Ҷарир ибни Абдуллоҳи Баҷалӣ ривоят аст, ки мегўяд: «Паёмбар (с)-ро аз назари ногаҳонӣ пурсидам, пас эшон (с) маро амр карданд, ки назарамро ба дигар тараф гардонам».
Бисёре аз занҳо дар ҳоли ҳозир назди телевизор нишаста, силсилафилмҳо ва дигар барномаҳоро тамошо карда, беэҳтиёт ба мардҳо менигаранд. Оё ягон зарурате вуҷуд дорад, ки эшонро ба чунин амал вомедорад? Оё ба мушоҳидаи барномаҳои диниву ахлоқӣ ва илмӣ ва нашрҳои ахбор иктифо намекунанд? Агар баъд аз расидагӣ ба корҳои хона ва шавҳару фарзандон барояшон вақти холӣ монад, бигузор онро дар тиловату таълими Қуръон, ҳадис, фиқҳ ва рафтори Паёмбар (с) ва азвоҷи мутаҳҳарот сарф намоянд.
Мисос (молиш) накардани мард занро ва баръакс
Барои зан лозим аст, кушиш намояд, то аз омезиш бо мардҳо дурӣ ҷўяд ва агар дар наздики эшон бошад аз ламс (ҳисси дарккунӣ бо судани даст) намудани тарафайн барҳазар бошад. Аз Маъқал ибни Ясор ривоят аст, ки мегўяд: Паёмбар (с) фармуданд: «Агар дар сари яке аз шумо сўзане аз оҳан халонда шавад беҳтар аст барояш аз ин ки занеро, ки барояш ҳалол нест, мисос кунад».
Паёмбар (с) мардон ва занонро аз ламс намудани ҳамдигар ва аз издиҳом байни ҷинсайн бар ҳазар дошта фармудаанд: «Агар ҷисми мард ба (танаи) хуке, ки олудаи лою наҷосат аст расад беҳтар аст барояш аз ин ки бозўяш ба ҷисми зани бегонае расад».
Асари бади омезиш ва издиҳом байни ҷинсайн дар он аст, ки дар нафси зан ва мард шаҳватро меангезад ва ба зино мехонад. Монанди шахсе, ки таъомеро чашида, маъқулаш афтодааст ва мехоҳад онро тановул кунад. Ҳасан ибни Алӣ (р) гуфтааст:
«Занонатонро аз издиҳом бо кофирону фосиқон дар бозорҳо манъ кунед. Худованд қабиҳ гардонад шахсеро, ки ғайрат надорад». Аз Абдуллоҳ ибни Умар ривоят аст, ки Паёмбар (с) «Аз роҳ рафтани мард дар байни ду зан манъ намудааст». Он чӣ мулоҳиза мешавад ин аст, ки ҳаёти имрўзаи мо аз издиҳом, ки воқеъ шудан дар он шаръан манъ шудааст, холӣ нест. Дар васоити нақлиёти мусофирбар, дар корхонаву бозорҳо ва ғайри он омезиш ва издиҳом ба чашм мерасад. Илоҷи фоиданок барои ҷудо намудан байни ду ҷинс мавҷуд аст ва ин мавзўъест, ки дар китоби бо номи «Зарурати ҷудо намудани байни ду ҷинс ва чигунагии он» баррасӣ гардидааст ва ба он руҷўъ кунед.
Аммо, касе ки ба берун шудан маҷбур мешавад бояд аз издиҳом ва омезиш бо номаҳрамон худро дур нигоҳ дорад ва дар ҳар ҷое, ки менишинад бояд байни ў ва мардҳо ҳоиле (монеъа) монанди ҷомадон ё чизе дигаре бошад.
- Адами мулоимат дар сухан
Ҳар вақто ки зан ба сухан гуфтан бо марди бегона маҷбур шуд, пас бояд ба қадри зарурат сухан гўяд ва бидуни ҳоҷат суханро бо ў тўлонӣ накунад. Овозаш бояд оддӣ бошад дур аз мулоимат, то ин ки тамаъкунандагон ба ў чашми тамаъ надўзанд.
Каломи Худованд:
«Эй занони паёмбар, шумо монанди дигар занон нестед, агар аз Худо битарсед. Пас, ба нармӣ сухан магўед, то он марде, ки дар қалби ў маразе аст, ба тамаъ афтад. Ва сухани писандида бигўед».
(Сураи Аҳзоб, ояти 32)
«Дар каломи Худованд: «Ва бигўед сухани некў» иршоду раҳнамои бар ин аст, ки сухан бояд бо лафзҳое бошад, ки маъонии хайр ва истиқомат дар роҳи некро дошта бошад ва аз ҳар он чӣ ба каромату шарафи зан лоиқ нест, дур бошад. Баъзе аз занҳо одат кардаанд, ки бе зарурат бо мардҳо сухан мегўянд. Ин суханронии тўлонӣ ва шикоят аз ҳамсар гоҳҳо ба лаҳни ошиқонаву нозу карашма мерасад. Зане ки чунин аст кўшиш мекунад нафси худ ва дигаронро ба ин, ки гуё ин кори оддӣ аст ва ин, ки фарқ байни зану мард нест ва ниятҳо нек ҳастанд, қонеъ гардонад. Пас, оё нияти нек далел шуда метавонад, ки инсон ҳар чӣ хоҳад анҷом диҳад. Оё касе метавонад, ки аз нияти дигарон бохабар бошаду онҳоро таърифу тавсиф намояд? Чӣ қадар ин гуна ниятҳои «нек» занро ба мусибатҳо гирифтор намуд? Ва чӣ қадар номусу шарафро аз байн бурд?
Ба таҳқиқ зан – ҳатто дар ниҳояти аз байн рафтани номусу шарафаш кори кардаашро сафед карда мегўяд, ки нияти мард нек аст, ў ба занӣ мегирадаш ва ғайра.
- Дур будан аз беиффатӣ
Ҳаё паноҳгоҳи мустаҳкамест барои зан, ки агар он аз байн равад зан низ аз байн хоҳад рафт ва бидуни аз байн бурдани ҳаё зиёне ба зан расонида наметавонанд. Ман боварии комил дорам, ки бисёр ҳолатҳои зино пайвастагии маҳкаме ба қатл дорад. Истимрори омўзишу издиҳоми мардону занон ҳаёро аз вуҷуди онҳо дур кардааст ва истимрору мушоҳадаи манзараҳои хориҷ аз доираи дину адаб барои ҳаё ҷойгоҳе боқӣ нагузоштааст. Алфози носазо ҳар вақто, ки такрор шудан гирад, мардум ба онҳо одат мекунанд ва ҳаёро аз вуҷуди онҳо дур мешавад ва аз байн меравад.
Ба таҳқиқ ҳирси зан ба ҳаё ва пойбанд буданаш ба он вобаста бар ахлоқи некўст, ки ҳар кўтоҳиро ҷуброн мекунад ва монеъи амали қабеҳ мегардад ва корҳоро дар мизони муайян мегузорад ва ҳеҷ ҳурмате поймол намегардад ва амалҳои ғайриахлоқӣ густариш намеёбад. Ба таҳқиқ ҳаё ин фазилату некўист, ки инсон бо он зинда мемонад ва бидуни он мемирад. Мавдудӣ мегўяд: «Ҳаё дар ислом ин имон доштан аст, эҳсоси шарму хиҷолатест, ки инсон дар ҳоли майл намудан ба кори бад онро ҳис мекунад».
Ҳаё нишонаи имон аст, пас сар намезанад аз мўъмин, магар амале, ки имонро мувофақа мекунад.
Инчунин Паёмбар (с) мефармоянд: «Аз Худованд ҳаё кунед он тавре, ки сазовори Ўст».Саҳобаҳо (р) гуфтанд: «Мо аз Худованд ҳаё медорем, эй расули Худо (с), ва сипос бод мар Ўро (ҷ)» . Пас, Паёмбар (с) фармуд: «На, чунин аст, валекин ҳаё доштан аз Худованд ба таври матлуб ин аст, ки саратро аз хаёлоти ботил ва батнро аз ғизои ҳаром нигаҳдорӣ ва маргро мудом ба ёд орӣ». Шахсе, ки чунин мекунад ба таҳқиқ аз Худованд тавре, ки сазовор аст ҳаё доштааст.
Ба таҳқиқ ҳаёи зан нисбат ба ҳаёи мард бештар аст.
Паёмбар (с) фармуданд: «Ҳаё даҳ ҷузъ аст, нўҳ ҷузъи он дар занон аст ва як ҷузъи он дар мардҳо ва агар ин намебуд мардҳо бар занҳо қавӣ намеомаданд». Шайх Абдуллоҳ ибни Зайд оли Маҳмуд мегўяд: «Агар хоҳӣ, ки зиёни аз байн рафтани ҳаёро донӣ, пас ба баъзе кишварҳое, ки занонашон ҳаёро тарк намудаанд назар андоз, то бубинӣ чӣ гуна ахлоқу одоби онҳо фосид шуда, табиъаташон дигаргун ва вазъашон фосид гаштааст. Занони чунин ҷомеъа бо он чӣ мекунанд ва бо он чӣ ба онҳо карда мешавад бетафовутанд ва аз Худованд ва бандагони Ў (ҷ) ҳаё намекунанд ва рағбат ҳам надоранд, ки барои онҳо шарафу ёди хайре баъд аз ҳаёташон боқӣ монад». Ва ин мазмуну маънои ҳадиси расули Худо (с) аст, ки мефармоянд: «Агар ҳаё надорӣ, пас ҳар коре мехоҳӣ анҷом бидеҳ[1]».
- Пайравӣ накардан аз роҳи шайтон
Каломи Худованд:
«Шайтон, ба таҳқиқ, душмани шумост. Ўро душман гиред».
(Сураи Фотир, ояти 6)
Каломи Худованд:
«Эй касоне, ки имон овардаед, ҳамагон ба итоъат дароед ва пой ба ҷойи пойи шайтон магузоред (думболаи шайтон маравед), ки ў душмани ошкори шумост».
(Сураи Бақара, ояти 208)
Ба таҳқиқ шайтон инсонро оҳиста–оҳиста ба сўи маъсият мебарад ва онро барояш зинат медиҳад. Аввал ўро дар гуноҳи сағира (хурд) меандозад ва баъдан дар кабира (калон). Шайтон занро амр мекунад, ки худро зинат дода, атру уппо истеъмол намуда, авраташро намудор созад баъд аз он амри омезиш бо мардонро барояш оддӣ ҷилва медиҳад ва қонеъаш месозад, ки кори оддист. Баъд аз он пайрави намудани ғарбиҳоро дар либоспўшию рафтору гуфтор барояш музайян месозад, ки ин барояш беҳтар аст, то бомаданият ва пешрав шавад, пас ҳаёро тарк мекунад дар намозу ибодат саҳлангорӣ мекунад ва аз ў корҳое сар мезанад, ки мухолифи дину ақидааш мебошанд.
Пас, ҳар гоҳе, ки насиҳаташ кунанд мегўяд, ки аз зиндагӣ ҳаловату лаззат бурдан зарур аст. Эй кош ба он чӣ Худованд ҳалол гардонидааст лаззат мебурд ва мегўяд: «Дин ҷонибдори осонӣ дар корҳост на саъбу мушкилӣ ва Худованд ҳамаи гуноҳонро мебахшад». Пас, чӣ гуна тамаъи мағфират мекунад, ки боре дари Худованди ғуфронро накўбидааст, авомирашро иҷобат накардааст ва ба тоъаташ амал нанамудааст.
- Побанд набудан ба тақлиди кўр-кўрона
Яке аз занҳо эълон намудааст, ки ў аз мўд пайравӣ мекунад, ҳатто агар он ба пўшидани либоси нозуктар аз пўсти пиёз ҳам бошад. Тақлиду пайравии кўр-кўрона ба ин ҳад расидааст. Монанди ин занҳое ҳастанд, ки дигар дар фикри ҳифозати шарафу номусашон нестанд, то дар либосе зоҳир шаванд, ки сазовори як мусалмонзан бошад, балки ҳамаи фикру хаёлашонро ба тақлид додаанд, агарчанде ки авраташон кашф шавад. Оё касоне, ки мўдҳои занонаро тарроҳӣ мекунанд, ки аз пўшонидани бадан дар он асаре нест, аз Худо наметарсанд. Оё ин занони мўдсоз азоби оташи дўзахро аз пайравонашон дур карда метавонанд?
Каломи Худованд:
«Ва худ роҳи касеро, ки ба даргоҳи Ман бозмегарданд, дар пеш гир. Бозгашти ҳамаи шумо ба сўи Ман аст ва аз корҳое, ки мекардед, огоҳатон мекунам».
(Сураи Луқмон, ояти 15)
Пас, бояд зан пайравии касеро кунад, ки ў ба сўи Худо руҷўъ кардааст ва Худоро итоъат мекунад. Пайравии касеро накунад, ки ўро ба сўи азоби дўзах мехонад. Зани оқила бояд донад, ки он чӣ аз зебоию зинату ҷамол дорад зуд пажмурда шуда, аз байн меравад ва барои ў чизе ҷуз амалаш боқӣ намемонад.
Пас, пушаймон мешавад, ҳине ки пушаймонӣ суде надорад ва ҳайҳот, ки умри рафта боз наояд ё фурсати дигаре барояш дода нашавад, то он чиро зоеъ намудааст дарёбад. Барои чӣ зан аз тоъати Парвардигори худ дур шуда, шайтонҳои инсиву ҷинниро итоъат мекунад? Оё дар итоъати шайтонҳои инсиву ҷиннӣ саъодати худро меёбад? Ҳар оина ҳеҷ саъодате ҷуз итоъати Худованд вуҷуд надорад. Зане, ки муддатеро дар маъсияту нофармонии Худо сипарӣ намуда, баъд аз он тавба карда, ба сўи Парвардигораш баргаштааст медонад, ки саъодати ҳақиқӣ ба даст овардани ризои Худованд аст ва итминону оромии нафс дар хўшнудии Ў субҳонаҳу ва таъолост. Ин гуна зан ҳаргиз дигар бор ба кори зишт даст намезанад.
Оё дуруст аст, ки ҷавондухтар барои шавҳар кардан зебогию ҷамоли худро намоиш диҳад? Кори издивоҷ дар дасти Худованд аст. Агар шахсе хоҳад, ки ба неъмати заношўйи мушарраф шавад, пас, магар ба неъматҳои Худо аз роҳи маъсият бояд расад? Ҳароина агар зан фармудаҳои Худовандро тарк намояд, дар ин дунё гирифтори мусибатҳо хоҳад шуд ва азобу мусибатҳои қиёмат даҳшатноктар аст.
- Дўстӣ накардан бо занони бадахлоқ
Паёмбар (с) фармудаанд: «Инсон бар дини дўсти худаш ҳаст, пас бояд ҳар яки шумо бубинад, ки киро дўст гирифта истодааст».
Боз Расули акрам (с) мефармоянд:
«Ба таҳқиқ масали ҳамнишини нек ва ҳамнишини бад ба мисли ҳомили мушк ва оҳангар аст». Ҳомили мушк бўйи мушк мекунад, ё мушкашро мехарӣ ва ё бўйи хуше ба ту мерасад. Аммо оҳангар ё либосатро месўзонад ва ё бўй нохушаш ба машомат мерасад».
- Адами дўстӣ бо марди бегона
Мо ин ҷо дўстиро ба маънои васеъаш дар назар надорем, балки он чи дар истилоҳи имрўза ҳаст ва байни мардум шоеъ шудааст аз дўстии миёни марду зани номаҳрамро дар назар дорем.
Дўстию муҳаббати машрўъ он дўстии байни зану шавҳар аст, аммо муҳаббати марди бегона марфуз (мардуд) аст ва он натиҷаи нофармонии Худост. Агар муҳаббату дўст доштан дар ибтидо аз назар кардан маншаъ бигирад, пас Худованд ин назар карданро ҳаром гардонидааст ва ба таҳрими он таъкид намудааст, зеро он ба зино мекашад. Таҳрими ин назар ба тариқи қатъи омадааст, ки ҳеҷ ҷадалро намепазирад. Оятҳои Қуръон такрор ба такрор занро аз нигоҳ кардан ба марди номаҳрам манъ мекунанд. Бояд қайд кард, ки дар умури наҳйи (манъи) мўъминун дохил ҳастанд. Ба таҳқиқ лафзи «ал- мўъминун» занону мардонро дар бар мегирад. Пас ҳар вақто Худованд гўяд: «Эй касоне, ки имон овардаед» ин нидо барои тамоми мўъминон аст, занон ва мардон.
Каломи Худованд:
«Бигў ба мардони мусалмон, ки бипўшанд чашми худро…»
«Ва бигў занони мусалмонро, ки бипўшанд чашми худро…»
(Сураи Нур, оятҳои 30-31)
Агар маншаъи ин дўстию муҳаббати байни зану марди бегона гуфтугўҳои тўлонию мулотафату ғазалсароиҳои ошиқона бошад, пас Ислом ҳамаи онро ҳаром гуфтааст. Ба таҳқиқ дўстӣ байни зану мард барпо мешавад, ҳар вақто эшон ба ҳамдигар одат кунанд ва ин дар фазои исломӣ вуҷуд надорад, магар байни зану шавҳар. Мегўянд: «Дўстию муҳаббат бо одат намудан мемираду зинда мешавад».
Дўстию муҳаббате, ки дар он ғаразҳои фаҳш ниҳон аст барои марду зани мусалмон ҳаром аст. Душизаи мусалмон ҳар вақте ки дар чунин дўстӣ воқеъ мешавад он уқубате барои ўст ба хотири таҷовуз намудани ҳудудҳои ҳалоли шаръӣ ва муомила намудан бо марди бегона, ки мувофиқи таълимоти динӣ нест. Пас, агар хоҳад аз ин уқубат халосӣ ёбад ў бояд пушаймон шавад ва аз Худованд талаби мағфират намояд ва тавба кунад. Дар ин вақт ин дўстию муҳаббате, ки даъво дорад аз байн хоҳад рафт бо одат кардан, тавре бо одат намудан пайдо шуда буд. Аммо, агар исрор варзад, ин маъсият пайравии ҳавову ҳавас ва итоъати шайтон аст. Чандин ҷавондухтарон ба сабаби чунин дўстӣ бо мардоне издивоҷ намуданд, ки «куфъи» (ҳамаҷониба мувофиқи) худашон нестанд ва зиндагониашон талх мегузарад. Ҳастанд мардоне, ки аз чунин дўстии зан истифода бурда ўро гумроҳ месозанд. Чандин духтарон дар нимаи роҳ монданд, пеш аз ин ки ба мақсади асосиашон, яъне издивоҷ расанд, ин гуна духтарони фиребхўрда худашонро зоеъ кардаанд, ҳамаи умеду орзуҳояшон барбод рафта зиён дидаанд. Агар ҷавондухтарони фиребхўрда ақлашонро кор мефармуданд риштаи шарру фасодро аз аввал мебуриданд ва аз оташи дўзах ва роҳҳое, ки ба он бурда мерасонад дурӣ меҷўстанд.
Каломи Худованд:
«Ба зино қариб нашавед»
(Сураи Исро, ояти 32)
Қариб шудан ба зино, яъне ин наздик шудан дар корҳои муқаддамотии он аст ва дўстии зану марди бегона аз бузургтарин муқаддимаҳои зино аст.
- Манъи зан аз васф намудани зани бегона дар назди шавҳар
Зеро чунин амал шояд мардро ба зино таҳрик кунад. Аз Абдуллоҳ ибни Масъуд ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармуданд: «Зан бо зан мубошират накунад ва зани бегонаро назди шавҳараш васф накунад. Ин монанди он аст, ки мард ба сўи он зани васфшуда назар карда истодааст».
Ба таҳқиқ барои зани имрўза воҷиб аст, ки ин ҳақиқатро ба эътибор гирад, ва он ин аст, ки мард ба ангезаҳои шаҳвонии зиёде рў ба рў мешавад, ки аз омезиш ва беҳаёи маншаъ мегирад, дар ҳоле ки шароит барои побандӣ ба шариъат барояш маҳдуд гардидааст. Масалан барояш бисёрзанӣ манъ аст. Пас, барои зан воҷиб аст, ки дари фитнаро бубандад ва ҳамсарашро ба покию озодагӣ кўмак кунад, ва кўшиш намояд, ки барои ў аз ин гуна муҳаррамот сипаре бошад. Пас, бояд дар назди шавҳараш бепарво набошад ва дар рў ба рўяш ҷилва намуданро тарк накунад ва аз хоҳишҳояш гардан напечад.

Як умр ба як қарор истодан
ОтветитьУдалитьДар паҳнаи ин ҷаҳони беистод
Дарсест варои ҷумла мактабҳо,
Ғайри ту надонамаш дигар устод.
Ёздаҳ пандҳо барои хоҳарон.
ОтветитьУдалить1-Худованди якторо онгунае, ки дар китоби гаронбаҳояш Қуръон ба воситаи Паёмбар туро амр намудааст пайравӣ ва ибодат кун.
2- Аз ширк овардан дар ақида ва ибодати хеш парҳез ва дурӣ кун, чун, ки ширк ҳамаи амалҳои некатро нобуд месозад.
3- Аз чизҳои навоварӣ (бидъат) дар ақида ва дар ибодати худ парҳез кун, чунки навоварӣ (бидъат) дар ақида ва ибодат ба гумроҳӣ мебарад ва соҳибаш дар оташи дузах хоҳад сухт.
4- Аз намозҳои худ ба зебоӣ ва пурагӣ муҳофизат кун, чун ҳар онки ба намозҳои хеш муҳофизат кунад ва бардавом анҷом диҳад, дигар масоилро низ муҳофизат хоҳад кард ва ҳар касе, ки онра зоиъ намуда ва дар анҷоми он сустӣ кунад дар ҳифзи дигар масоил низ сустӣ ва саҳлангорӣ хоҳад кард.
5- Агар хонадор боши ҳамроҳи ҳамсарат хостаатонро иҷро намоед ва дар муқобили амру наҳӣ ӯ саркашӣ макун то ҷое, ки туро ба маъсияти Худованд (ҷ) ва расулаш (с) дастур надода бошад.
6- Ҳамсари хешро дар ғоиб ва ҳузураш дар нафси худат ва моли ӯ ҳофиз бош.
7- Ба ҳамсояат бо сухани нек ва кирдор писандида эҳсон кун.
8- Мулозими хонаи худ буда ва ҷуз ҳангоми зарурат хориҷ нашав, ва дар сурати хориҷ шудан аз хонаат сатр ва ҳиҷоби комили худро риъоят намуда ва ҷеҳра ва дастҳои худро бипушон.
9- Ба падару модари худ некӣ кун ва ононро бо сухан ва феъли худ озор мадеҳ, то замоне, ки туро ба маъруф амр медиҳанд аз онон итоъат кун ва агар туро ба ғайри маъруф амр диҳанд итоъат аз онон воҷиб нест.
10- Агар дорои фарзанд ҳасти дар тарбияти фарзандони худ кушиш кун ва ононро ба ростӣ, назофат, гуфтори нек ва кирдори писандида одат бидеҳ, ононро адаб ва ахлоқи некуӣ биёмуз. Фарзандони худро дар ҳафт солагӣ ба адои намоз амр кун ва дар синни даҳсолагӣ агар дар адои намоз сусти намуданд онҳоро танбеҳ кун ва бистари хоби ононро аз якдигар ҷудо кун.
11- Дар зикр ва садақа дилкушод бош.
Зан табиатан гап заданро аз мард бисёртар дӯст медорад ва мо шоҳиди онем, ки духтарчаи хурдсол пеш аз писарчаи ҳамсинни худаш ба гап задан шурӯъ мекунад ва нисбат ба ӯ хубтар гап мезанад. Дар таҳқиқоте, ки миёни донишомӯзони мактабҳо шуда гузашт ва дар натиҷаи он бартарии духтарҳо аз писарҳо дар омӯзиши забон маълум гашт. Забономӯзии духтарҳо аз писарҳои ҳамсинни худ чанд маротиба боло будааст.
ОтветитьУдалитьЗимни таҳқиқоти дигаре маълум шуд, ки вақти гап задани занҳо дар телефон чанд маротиба аз мудати гап задани мардҳо бисёртар будааст.
Ифот Кристон дар китоби «Чӣ гуна ҷинси дигарро бифаҳмем?» сухани Олими забоншинос Рубин Покуфро нақл карда мегӯяд: «Бисёр вақтҳо зан барои идомаи сӯҳбат савол мекунад, дар ҳоле ки мардҳо саволро ба хотири касби маълумот истифода мебаранд». Яъне зан мехоҳад гуфтугӯ идома ёбад, гарчанд аз тариқи савол кардан бошад. Ва гоҳо мард аз ин равиш эҳсоси нороҳатӣ мекунад, чун табиъати занро намефаҳмад. Шавҳаре, ки ба ҳамсари худ, дар ҳоле ки ӯ гап зада истодааст, изҳори заҷр мекунад, сабаби нороҳату хиҷил гаштани ӯ мешавад ва ӯ аз сухан гуфтан худдорӣ мекунад ва дар ин ҳолат яке аз рағбатҳои асосиаш мемирад. Пас бо кӣ бояд сухан бигӯяд?!
Бар шавҳар лозим аст, ки собир бошад ва сухани ҳамсарашро қабул карда (шунавида) бо ӯ муомилаи нарм кунад ва табиъати ӯ ва ҳоҷаташро ба сухан гуфтан бипазирад.
Ҳадиси Абизаръаро, ки дар «Саҳеҳайн» омадааст, мо медонем. Дар он омадааст, ки уммулмӯъминин Оиша (р) назди Расулуллоҳ (с) нишаста, ҳикояти ёздаҳ занеро намудааст, ки ҷамъ шуда аҳд карданд, ки ҳар яке аз онҳо чизе аз сифатҳои шавҳаронашонро аз ҳамдигар пинҳон накунанд ва ҳар яке аз онҳо нишаста, сифатҳои ҳамсари худро ҳикоя кардааст. Паёмбар (с) нишаста ба Оиша (р) гӯш медод ва ӯ саргузашту суханони он занҳоро ҳикоя мекард. Баъди ба поён расидани суханонаш ҳазл намуда гуфт: «Ман барои ту мисли Абузаръ барои Уммизаръ ҳастам». Ин ҳадиси дароз аст, ки зикри он дар ин ҷо имкон надорад. Мақсад аз зикри ин ҳадис гӯш додани Паёмбар (с) ба гуфтори Оиша (р) аст, то ин ки аз суханаш фориғ шавад.
Бо вуҷуди ин ки мардон аз сухани тӯлонӣ зуд малол мешаванд ва агар зане назди шавҳараш нишаста, чунин ҳикояҳо кунад, шояд шавҳар аз ҷояш хеста, ӯро тарк кунад. Аммо Паёмбар (с) чунин накард, зеро ҳоҷати занро ба сухан гуфтан медонист.
Ба таҳқиқ ҳоҷати зан ба сухан гуфтан монанди ҳоҷати ӯ ба таъому нӯшокист. Зан сухан гуфтан дар бораи ашхосро дӯст медорад. Аммо суханро дар бораи сиёсат, иқтисод ва монанди ин мавзӯъҳои иҷтимоӣ намеписандад. Балки вай ҳикоят карданро аз ашхос ва чизҳое мисли фалон мард ва фалон зан ва куртаву либос ва ғайра дӯст медорад.
Барои ҳамсарат худро зинат бидеҳ!
ОтветитьУдалитьОдатан шавҳар аз занаш талаб мекунад, ки худро барояш зинат диҳад ва ҳамеша дар беҳтарин сурат бошад. Боке надорад, лекин оё худи шавҳар худро барои ҳамсараш зинат медиҳад ва завҷааш ӯро ҳамеша дар беҳтарин сурат мебинад?
Оё шавҳар гумон мекунад, ки зинат додан махсуси занҳосту бас ва барои мард боке надорад, ки ғуборолуду жӯлидамӯй ва бадманзар бошад?
Ва оё зан аз шаклу шамоили шавҳараш мутаассир намешавад? Агар инчунин бошад, пас чаро шавҳар қабл аз шаби аввали арӯсӣ ва ҳангоми номзад будан худро зинат медиҳаду ва либоси зебо ба бар мекунад, баъд аз он вақте ақди никоҳ мебанданд ва тӯй мекунанд, муддате нагузашта нисбати афту андоми худ, сару либоси худ бепарво мегардад? Чӣ боис гардид, ки дигаргун шуд? Беҳтар он аст, ки ба ҳамон шакл боқӣ монад ва нисбати шаклу шамоили худ бепарво набошад.
Ибни Аббос (р) мегӯяд: «Ҳамоно ман барои ҳамсарам худамро зинат медиҳам, тавре ки мехоҳам ӯ худашро бароям зинат диҳад».
Зане назди Умар (р) омада, аз шавҳари худ шикоят намуда, аз халифаи мусалмонон талаб намуд, ки ӯро талоқ диҳад. Умар (р) мардеро назди шавҳари ӯ равон карда, назди худ хонд. Шавҳари зан омад ва Умар (р) ӯро дид, ки либосҳои даридаву фарсуда ва мӯйи жулида дораду ба покии бадану сару либоси худ бепарво аст. Пас Умар (р) асҳоби худро амр намуд, то он мардро бурда сару либосашро дигар кунанд ва ба ӯ бигӯянд, то гармоба равад ва мӯйи сарашро ба тартиб дарорад ва ба худ аҳаммият диҳад. Ҳангоме ки мард ин фармудаҳоро иҷро кард, Умар (р) ӯро назди ҳамсараш даровард. Ҳине ки назди ҳамсараш ворид шуд, дар лаҳзаи аввал ҳамсараш ӯро нашинохт ва аз ӯ ҳаё намуд. Мард гуфт: ман шавҳари ту ҳастам, оё маро намешиносӣ?!
Чун зан бо диққат назар кард, шавҳарашро шинохт ва хушнуд шуд. Зан дарк намуд, ки амирулмӯъминин Умар (р) сабаби ислоҳи шаклу андоми шавҳараш ва ислоҳи ҳоли ҳардуи онҳо шудааст.
Умар (р) дар он ҳангом фармуд: «Савганд ба Худо (ҷ), ҳамоно занҳо дӯст доранд, ки шумо мардҳо барояшон худро зинат диҳед, ҳамчуноне шумо мехоҳед, ки онҳо бароятон худро зинат диҳанд». Ҳамоно дини мубини Ислом дини покию назофат ва интизом аст, мову шумо мардону занонро ба аҳаммият додан ба покию назофат ва ҳайати зебо амр мекунад.
Паёмбари гиромӣ (с) мефармоянд:
«Шахсе, ки дорои мӯйи дароз бошад, пас бояд онро нигоҳубин намояд».
(Ин ҳадисро Молик ривоят кардааст)
Яъне ба покию тозагии он аҳаммият диҳад, онро шона занад. Худи Паёмбар (с) дар чашмаи об нигариста мӯяшро шона мезад, яъне чашмаи обро ҳамчун ойина истифода мебурданд.
Паёмбар (с) аз беҳтарин хушбӯиҳо истифода мебурд. Ӯ (с) ба ёрони худ мефармуд, ки ба касе аз онҳо хушбӯие пешниҳод карда шавад, набояд онро рад намояд:
«Шахсе, ки ба ӯ райҳон пешниҳод карда шавад, набояд онро рад намояд, зеро он бӯйи хуш дорад».
(Ин ҳадисро Муслим ривоят кардааст)
Яке аз хислатҳои ҳамсари солиҳа!
ОтветитьУдалить____________________________________________
Аъробиеро пурсиданд, ки зани беҳтарин чи хислат дорад?
Дар ҷавоб гуфт;
1)-Беҳтарин зан он аст, ки ростгу аст, ҳангоми сухан гуфтан!
2)-Ҳар гоҳ хашмгин шавад, нарм ва бурдбор мешавад!
3)-Ҳар гоҳ бихандад, табасум мекунад!
4)-Ҳар гоҳ чизеро омода кунад, уро ба шакли хуб омода месозад!
5)-Хонаашро муҳкам нигоҳ медорад!
6)-Шавҳарашро нофармони намекунад!
7)-Дар назди хешу ақвомаш, бо изату шараф аст!
8)-Шикаста-нафс ва фурутан аст, кибру ғурур надорад!
9)-Бо ихлосу муҳаббат аст, бо аҳли хонаводааш!
10)-Ҳамаи афъолу кирдораш писандида аст!
11)-Фарзанд ба дунё меёварад...!!!
Ба номи Аллоҳи Бахшояндаи Меҳрубон!
ОтветитьУдалитьФазилати зани некӯ!
Оё чӣ гуна шавҳаратро некбахт мегардонӣ?
Ва эй бародари азиз, оё ту медони, ки ҳаққи ҳамсар чист?
____________________________________________
Зани солиҳа ин саодату некбахтии дунё мебошад, ки шавҳарашро ба тоату ибодати Аллоҳи Меҳрубон ёрӣ медиҳад ва дар тамоми умури зиндагӣ ба вай итминону хотирҷамъӣ ва оромиши равонӣ мебахшад. Паёмбар (салаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд;
Дунё матоъест ва беҳтарин матоъаш зани солиҳа (диндор ва накӯкор) мебошад!
(Имом Муслим).
Ислом ҳамеша мардро тарбиғу ташвиқ мекунад, ки дар интихоби ҳамсар аз зани солиҳаву диндор ҷустуҷӯ намояд, балки диёнату покдомании занро яке аз усули муҳими хостгории зан гардондааст, ки илова бар ахлоқу атвори ҷуд бошад. Зеро агар диёнати зан заъиф бошад, ифффату шарафи хешро зуд аз даст дода, шавҳарашро беобрӯ мегардонад ва зиндагонии худ ва шавҳарашро тираву сиёҳ месозад...
Бинобар ин Паёмбари (салаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ҳадисҳои зиёде ташвиқ менамоянд, ки бояд аз зани диндор ва солиҳа ҷустуҷӯ намуд, зеро чунин зан дар бузургтарин умури ҳаёт, ки дин аст, ёру ёвари шавҳараш мебошад ва ҳамеша иффати худ ва шарафи хонаводаро ҳифз менамояд. Расули Акрам Муҳаммад (салаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармоянд;
Ҳар гоҳ Аллоҳ Таъоло ба шахсе зани солеҳаро рӯзӣ диҳад, дар ҳаққиқат ӯро бар ободии нисфи динаш ёрӣ намудааст. Аз ин рӯ, дар ободии нисфи дигари динаш аз Аллоҳ битарсад!
(Ривояти Ҳоким).
Саъд ибни Абӯ-Ваққос (разияллоҳу анҳу) ривоят мекунад, ки Расули Аллоҳ Муҳаммад (салаллоҳи алайҳи ва саллам) фармуданд;
Чаҳор чиз нишонаи некбахтист;
Зани солиҳа, хонаи васеъ, ҳамсояи накӯкор ва маркаби гуворо!
Ва чаҳор чизи дигар аломати бадбахтист;
Ҳамсояи бад, зани бад, маркаби бад ва хонаи танг!
(Ривояти имом Насои ва Ироқӣ онро саҳеҳ гуфтааст).
Ва низ Паёмбар (салаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд;
Беҳтарини занони шумо он аст, ки чун шавҳар ба сӯяш назар кунад, хушҳолаш созад ва чун фармонаш диҳад, итоаташ кунад ва чун шавҳар аз ӯ ғоиб шавад, моли ӯро ва нафси худро ҳифз менамояд.
(Яъне;аз хиёнат).
(Ривояти имом Бухорӣ ва Муслим).
Занро барои чаҳор чиз издивоҷ карда мешавад;
Барои мол ва насаб ва ҳусну ҷамол ва диёнаташ. Пас, бо зани диндору солиҳа издивоҷ кун, камёбу некбахт мегардӣ!
(Имом Бухори ва Муслим).
***
Аз Муъовия ибни Ҳийда (разияллаҳу анҳу) ривоят аст, ки мегўяд;
Ба Расули Аллоҳ Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфтам;
Эй Расулаллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)!
Ҳаққи ҳамсар чист?
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд;
Ин аст, ки вақте ки таъом мехўрад, таъомаш диҳад, вақте ки либос мепўшад либосаш диҳад ва тақбиҳи ваҷҳ накунад, масалан нагуядаш, ки Аллоҳ рўятро сиёҳ кунад ва дар рўяш назанад ва дар ғайр аз хона ўро тарк накунад!
Ҳангоме шавҳар ҳаққи занашро дар таъому либос поймол мекунад дар ҳоле ки беҳтарин таъомро ва беҳтарин либосро барои ў муҳайё намуда метавонанд. Ин ҳангом ҳаққи ўро поймол кардааст. Ин чунин агар дар рўйи ў занад ё ўро дашном диҳад, ўро дар ин ҳолат зулм намудааст!
Пас, бояд аз ҳамсараш узр пурсад, то Аллоҳ низ ўро бубахшад ва ба он амали зишт дигар бар нагардад!
|
Лаззоти дунё Ҳама дар ёди Туст
ОтветитьУдалитьЭй Холики ҳамаи махлукот! Эй оне, ки беҳтар аз ту касе нест. Эй
меҳрубонтар аз модар. Эй ғамхортар аз падар. Эй диҳандаи ҳамаи амвол ва
эй гирандаи ҳамаи амлок. Эй фармонравои самовоти вал арз. Эй он ки саҳар гоҳон танҳо бо ёди ту чашм боз хоҳам кард. Эй оне, ки ба
чуз руй овардан ба ту чораи дигаре нест. Кунун дил лабрези ишки ту
шуда, мехохам бароят гиря кунам, то ин тангии дилро бароварда гардонам.
Вакте аз лаззати дидори Ту фикр мекунам, аз хамами лаззоти дунё даст
хоҳам кашид. Пас маро ғарки ин лаззат гардон. Ва Эй Созандаи ман!
Эй Созандаи дилҳо, дили моро дар динат собит гардон!
Эй Мусаррифалкулуб меҳри дили моро дар дини худат банд гардон, ва эй
Гардонандаи холҳо холи моро ба беҳтарин ҳол мубаддал гардон. Туро дорам
бароям кофист! Маро ба роҳи худат ҳидоят кун чун Ту ҳидоят куни
гумрохкунандае нест. Маро гумроҳ магардон, чун Ту гумроҳ намои
ҳидояткунандае нест.Намедонам чи намуд дори, аммо медонам ,ки беҳтарину
зеботарин ҳасти.Чашмони маро ба дидори зебои Худат
музайян гардон. АМИН
Намози истихора, ҳукм, тарз ва баъзе огоҳиҳо нисбати он.
ОтветитьУдалитьБа номи Худованди ҷонофарин,
Ҳакими сухан дар забон офарин.
Латифи карам густари корсоз,
Ки дорои халқ асту донои роз
В-агар банда чобук набошад ба кор,
Азизаш надорад Худовандгор...
Хонандагони зиёде ба унвонии мо аз “намози Истихора” суол намудаанд. Аз оне, ки дар алоҳидагӣ ба ҳар яки онҳо посӯх гӯям тасмим гирифтам, то дар як мақола мушаххасу комил ин суолро ҷавоб гӯям, зеро дар баробари саволкунандагон дигар хонандагон низ истифода намоянд. Биноан тарзи дурусти истихораро бо ҳукм, дуо ва ҳолатҳои он ба чанд вижагӣ баён медорам.
Истихора дар луғат: Хостани беҳтарин чиз ва талаб кардани хайр аст. Чунонкӣ мегӯянд: Истихора кун, то Худованд бароят хайр будан ва ё набудани он корро ихтиёр намояд.
Истихора дар истилоҳ: Талаби ихтиёр ва навъе аз намозу дуоеро гӯянд, ки дар анҷоми коре, ки хайр ва шарри он барои инсон пӯшида ва номуайян аст.
Ҳукми истихора: Истихора суннати истеҳбобӣ аст ва аз Расули акрам (саллалоҳу алайҳи васаллам) собит шудааст. Инчунин аз ҷумлаи суннатҳои гуфтори (қавлӣ) мебошад. Маҳдуда ба замон ва макони хосе ҳам нест, яъне дар ҳама ҷо ва ҳама ҳолат ва ҳар вақтҳои ғайри мамнуъ онро метавон анҷом дод. Ҳар гоҳ банда ба он ниёз пайдо кард метавонад ба анҷоми он иқдом кунад ва онро бихонад.
Муаллифи китоби “Фиқҳу-с-суна” менависад: Ҳар гоҳ тасмим гирифтӣ, то вориди корҳои мубоҳ ва ҷоиз шавӣ монанди тиҷорат, қабули вазифа, масъулияти коре, ки бар дӯши ту мегузоранд мисли сафар кардан барои издивоҷ. Бадӣ ва некии он кор бароят норавшану номуайян бошад ва надонӣ, ки ин кор бароят хуб ас ё бад? Дар ин ҳолат бояд истихора намоӣ ва он тасмиме, ки гирифтаӣ ба Худованд дар миён гузорӣ ва аз Худованд субҳонаҳу ва таъоло талаб намоӣ, ки хайрро бароят баргузинад ё ихтиёр намояд ва дили туро дар анҷоми он кор кушояд, то неку бади он бароят ошкор гардад. Пас аз анҷоми истихора агар қалбатро ба чизе алоқаманд дидӣ, ки барои он истихора карда будӣ, пас барои анҷомаш камари ҳиммат банд. Агар дидед, ки Худованд нисбат ба он кор дар қалбат нафрат ва ё тардиде пайдо намуд ва нисбати он бадбин шудед, пас аз он кор даст бикаш, зеро дар он хайру хубие нест.
Ҳамзамон бояд гуфт, ки истихора махсус барои он нест, ки инсон ба мушкиливу дудилагӣ дар коре гирифтор шуда бошад ва истихора намоянд, балки истихора барои ҳар коре, ки шахс мақсади анҷоми онро дорад бояд бихонад, зеро ин барои ӯ хубу хайр аст.
Дар ҳадисе омада: “Ҳар гоҳ яке аз шумо тасмим ба анҷоми коре гирифт бояд намоз бигузорад.” Дар ривояти дигар ин лафз изофа шудааст: “бояд ду ракаъат намоз бигузорад.” (Ҳадиси ҳасан ба ривояти Имом Аҳмад)
ОтветитьУдалитьДар кадом вақт бояд шахс намози истихора бихонад?
Инсон дар ин дунё ба ҳаводис ё паймодаҳои мухталифе рӯ ба рӯ мегардад ва ӯро дар тааҷҷуб мегузорад, ки ин корро анҷом диҳад ё на.? Дар ин ҳолат бояд ба сӯйи Холиқаш бо ниёиш ва талаб хайри он корро бихоҳад, зеро танҳо ва танҳо Офаридгори тамоми мавҷудоту коинот, ки кӯшоиши ҳама корҳои пӯшида ва калиди ҳама қуфлҳои баста ба дасти Ӯст, додандаи корҳост ва мо бандагонем, ки аз он ҳама бехабару ноогоҳем. Аз ин рӯ мебояд банда дар пешгоҳи Парвардигораш даст бардорад ва дуои истихораро пас аз адои ду ракат намоз бихонад. Бидуни шак Аллоҳ ӯро ба роҳи хайр раҳнамун месозад ва қалбу равони ӯро дар анҷоми он кор, “ин шо Аллоҳ” мекушояд.
دعاءصلاةالاستخارة
عَنْ جَابِرٍ رضي الله عنه قَالَ : كَانَ رَسُولُ اللَّهِ صلى الله عليه وسلم يُعَلِّمُنَا الاسْتِخَارَةَ فِي الأُمُورِ كُلِّهَا كَمَا يُعَلِّمُنَا السُّورَةَ مِنْ الْقُرْآنِ يَقُولُ : إذَا هَمَّ أَحَدُكُمْ بِالأَمْرِ فَلْيَرْكَعْ رَكْعَتَيْنِ مِنْ غَيْرِ الْفَرِيضَةِ ثُمَّ لِيَقُلْ : ( اللَّهُمَّ إنِّي أَسْتَخِيرُكَ بِعِلْمِكَ , وَأَسْتَقْدِرُكَ بِقُدْرَتِكَ , وَأَسْأَلُكَ مِنْ فَضْلِكَ الْعَظِيمِ فَإِنَّكَ تَقْدِرُ وَلا أَقْدِرُ , وَتَعْلَمُ وَلا أَعْلَمُ , وَأَنْتَ عَلامُ الْغُيُوبِ , اللَّهُمَّ إنْ كُنْتَ تَعْلَمُ أَنَّ هَذَا الأَمْرَ (هنا تسمي حاجتك ) خَيْرٌ لِي فِي دِينِي وَمَعَاشِي وَعَاقِبَةِ أَمْرِي أَوْ قَالَ : عَاجِلِ أَمْرِي وَآجِلِهِ , فَاقْدُرْهُ لِي وَيَسِّرْهُ لِي ثُمَّ بَارِكْ لِي فِيهِ , اللَّهُمَّ وَإِنْ كُنْتَ تَعْلَمُ أَنَّ هَذَا الأَمْرَ (هنا تسمي حاجتك ) شَرٌّ لِي فِي دِينِي وَمَعَاشِي وَعَاقِبَةِ أَمْرِي أَوْ قَالَ : عَاجِلِ أَمْرِي وَآجِلِهِ , فَاصْرِفْهُ عَنِّي وَاصْرِفْنِي عَنْهُ وَاقْدُرْ لِي الْخَيْرَ حَيْثُ كَانَ ثُمَّ ارْضِنِي بِهِ . وَيُسَمِّي حَاجَتَهُ ) وَفِي رواية ( ثُمَّ رَضِّنِي بِهِ( رَوَاهُ الْبُخَارِيُّ (1166)
Дуои намози Истихора.
Ҳазрати Ҷобир (разияллоҳу анҳу) мегӯяд: Расули акрам (саллалоҳу алайҳи васаллам) истихораро дар тамоми корҳо меомӯхт, чунонки як сураи Қуръонро бароямон омӯзиш медоданд. Он Ҳазрат (саллалоҳу алайҳи васаллам) мефармуданд: ҳар гоҳ касе аз шумо тасмим ба анҷоми коре гирифт бояд ду ракат намози нафл (суннат) бихонад ғайр аз намози фарз, (яъне истихора пас аз адои намози фарзӣ ҷойз нест) Сипас чунин дуо кунад: “Бор Илоҳо! Ман бо илми Ту аз Ту хайр талаб мекунам ва бо қудрати Ту аз Ту талаби қудрат мекунам ва аз лутфи бузурги Ту мепурсам.Чун Ту тавоноӣ ва ман нотавонам ва Ту медонӣ ва ман намедонам, Ту донандаи ғайб ҳастӣ. Бор Илоҳо! Агар Ту медонӣ, ки ин кор (ончи мехоҳӣ он корро зикр мекунӣ) сабаби хайри дин, дунё ва оқибати ин кори ман мешавад. Ё бигӯяд агар сабаби хайри зуд ҳамгом бо мояи хайр дар оянда мешавад. Пас бароям тавоноии онро бидеҳ ва осонаш бигардо ва дар он кор бароям баракат ато намо. Бор Илоҳо! Агар медонӣ, ки ин кор (бори дигар ончи мехоҳӣ онро зикр мекунӣ) сабаби зарару зиёни дин, дунё ва оқибати ин кори ман мешавад. Ё бигӯяд агар сабаби зарару зиён дар ҳоли ҳозир ё оянда мешавад. Пас лутф бинамо ва онро аз ман дур намо ва маро аз он дур намо ва хайрро ҳар тавр, ки бошад бароям осону муяссар бигардон. Ҳарҷо, ки бошад сипас маро ба он хушнуд гардон (боз ҳам маротиби саввум он корро зикр намояд).” (Ҳадиси саҳеҳ бо ривояти Имом Бухорӣ № 1166)
Дар лафзи ҳадис вожаи: ( فِي الأُمُورِ كُلِّهَا Дар тамоми корҳо) чӣ маъно дорад?
Ибни Абуҳамза (раҳ) мегӯяд: Ин ибора ё вожа худ ом аст ва манзур аз он хос мебошад, зеро дар анҷоми корҳои фарз, воҷиб ва мустаҳаб истихора намешавад. (масалан шахсе наметавонад истихора кунад, ки ман намози зуҳрамро бихонам ё на? Ё шахсе гӯяд ман падару модарамро розӣ кунам ё на ?)
Инчунин дар тарки ҳаром ва чизҳои макруҳу зараррасон истихора лозим нест. (мисли шахсе наметавонад истихора намояд, ки ман шароб нӯшам ё на, зино кунам ё ба ин монанд корҳои ҳаром)
Пас манзур аз “Тамоми корҳо” танҳо дар масоил ва корҳоест, ки онҳо мубоҳ ва ҷоизу ҳалол бошанд. Боз фуқаҳо мегӯянд, ҳатто дар коре, ки зараре барои мусалмони дигар набошад. Мисли инки шахс истихора намояд: ман аз ин ду нафар кадомашро зарар диҳам? Аҳмадро ё Маҳмудро? Зеро зарар расонидан на ба Аҳмад ва на Маҳмуд бароят иҷозат нест. Пас танҳо истихора дар ҳама корҳои ҳалол ва муҷоз иҷозат аст.
ОтветитьУдалитьАгар ду кор мустаҳаб бошанд ва яке дар муқобили дигар бошад, дар ин ҳол шахс бояд истихора намояд, то хайр будани яке аз он маълум гардад. Фуқаҳо мегӯянд: пас аз истихора намудан бояд донад, ки аз он ду он кореро ихтиёр намояд, ки ихтиёрӣ бошад на маҷбурӣ, ҳамчунин замони нафъаш нисбат ба кори дигар тӯлонӣ бошад.
Аллома Шавконӣ (раҳ) нисбати мафҳуми боло чунин мегӯяд: албатта ин калаима бар умумият ишора мекунад, зеро шахси мусалмон ҳеҷ гоҳ набояд кореро ба хотири хурд буданаш ва камаҳамият буданаш беарзиш донад. Ҳатман бояд истихора кард. Ҳеҷ кореро бе истихора набояд анҷом дод. Корҳое ҳастанд, ки онҳоро беарзиш меҳисобем, вале пас аз онки онҳоро анҷом медиҳем, мебинем, ки дар фарҷоми он зарару зиёнҳои бузурге нуҳуфта аст, ки гоҳо зарари он амал ҳам бар дин ва ҳам бар дунёи мо таъсир мерасонад.
Намози Истихора чӣ тавр гузошта мешавад?
1. Вузӯ менамоед мисли вузӯи намоз.
2. Қабл аз оғози намози Истихора ҳатман онро бо нияти намози Истихора шуруъ намоед.
3. Ду ракат намоз гузошта мешавад ва суннат аст, ки дар ракати аввал пас аз сураи Фотиҳа (алҳамд) сураи Кофирун (қул ё айюҳал кофирун) хонда шавад. Дар ракати дуввум пас аз сураи Фотиҳа сураи Ихлос (қулҳуваллоҳу аҳад) хонда шавад.
4. Вақте ин ду ракат намозро хондед салом медиҳед.
5. Пас аз адои ду ракат намоз дастонатро мебардорӣ бо ҳолати фурӯтанӣ ва шикаста дуои дар боло зикршударо мехонед ва аз Худо талаб менамоед.
6. Беҳтар ин аст, ки қабл аз дуои истихора ва баъзе аз уламо мегӯянд пас аз дуои истихора салавотҳои намозро бихонед. (Аллоҳума салли ало Муҳаммад ва Аллоҳума борик ало Муҳаммадин).
7. Дар аснои гуфтани дуои истихора дар ду ҷои он тавре ки дар матни дуо он ду ҷойро муайян намудам, он коре, ки мехоҳед барои он истихора намоед онро ҳатман бигӯед. Як маротиба барои хайр аст ва маротибаи дигар аз бадии он дур шудан аст.
8. Бо ин мароҳили баён гашта намози истихораро адо менамоед. Пас аз адои намозу дуо он корро аз сидқ ба Парвардигор вогузор намоед .Фикр надошта бошед, ки ҳатман бояд шумо хоб бинед ва дар хоб ончи истихора намудаед онро бояд бинед.Танҳо таваккалатро холис бигардон ва яқин кун, ки Худованд ончи барои ту сазовор ҳаст ҳатман роҳнамунат мекунад. Ончи шуд онро бо ризояти комил бипазир, зеро он бароят хайр аст.
Истихора бояд танҳо ба сӯйи Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло бошад. Зеро танҳо Ӯст, ки он чизе буд ва ончи дар оянда мешавад ва ончи намешавад ва агар шавад чӣ тавр сурат мегирад, медонад.
Аввал бояд Истихора намоем ё машварат?
ОтветитьУдалитьДар марҳалаи аввал истихора бояд карда шавад ё машварат миёни аҳли илм ихтилофи назар аст. Фуқаҳо машваратро нек меҳисобанд, зеро машварат аз шахсони ботаҷриба судманд аст.
Аммо аксари муҳаддисин истихораро бартар мешуморанд. Суол пеш меояд, бо кадом далел?
Истихора тибқи ин ҳадис бояд қабл аз ҳар коре карда шавад:
، لقول النبي صلى الله عليه وسلم : ( إِذَا هَمَّ أَحَدُكُمْ بِالأمْرِ فَلْيَرْكَعْ رَكْعَتَيْنِ …إلى أخره )
“Ҳар гоҳ яке аз шумо тасмим ба коре гирифт бояд ду ракат намоз бигузорад...”Агар шахс то се маротиба истихора кунад, вале барояш чизе маълум нашуд, сипас бояд машварат намояд.Зеро баъзе вақтҳо дар як истихора чизе маълум намешавад Расули акрам (саллалоҳу алайҳи васаллам) ҳангоме, ки дуо мекарданд дар баъзе масоил ва корҳо гоҳо се маротиба анҷом медоданд. Баъзе аҳли ҳадис бар ин назаранд, ки се маротиба истихора бо ду ракати намоз бояд гузошт, зеро ин амал ҳам аз амалҳои Расули акрам (саллалоҳу алайҳи васаллам) астДар як ривояти дигар ҳатто Расули акрам (с) то ҳафт маротибаҳам кардаанд Инчунин барои инсон хуб ё бадии он кор ошкор мешавад. Пас аввал истихора бояд намуд, сипас машварат.
Шартҳои машварат чист ва аз кӣ бояд машварат пурсид?
1. Шахсе, ки аз ӯ машварат мепурсед бояд таҷриба дошта бошад. Инчунин баъд аз машаварат шитоб накунед ва каме таваққуф намоед.
2. Шахсе, ки аз ӯ машварат мепурсед бояд дар динаш солеҳ бошад. Ҳар шахсе дар динаш солеҳ бошад ҳеҷ гоҳ бароят машварати бад нахоҳад дод. Агар дар динаш солеҳ набошад аз чунин ашхос гумони хиёнат ҳам меравад. Чунин ашхос ба роҳатӣ метавонанд машварате диҳанд, ки дар он зарар бошад ё худ дар он зарари дунё ва охират якҷо бошад, зеро ӯ солеҳ нест.
Ҳаждаҳ қоидаро риоя бояд кард!
ОтветитьУдалить1. Ба худат боз гард, дар ҳама кор истихора намо, агарчӣ он хеле хурд ва ночиз ҳам бошад.
2. Бояд бар ин бовар бошӣ, ки Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло дар коре, ки барои ту хайру хуб аст муваффақиятро насиб мегардонад. Ҳангоми дуо кардан бо фурӯтанӣ ва хозеъона аз Аллоҳ пурсед ва он дуое, ки ба ҷониби Ӯ мекунед маънии онро ба хубӣ фаҳмед, то дониста дуо кунед.
3. Пас аз намози фарз истихора накунед, зеро барои истихора ду ракат намоз аст ва он ҳатман бояд хонда шавад.
4. Агар хостед пас аз намозҳои суннат ва ё намози зуҳо ё намозҳои нафлӣ истихора намоед, бояд ҳатман қабл аз гузоштани намоз нияти истихораро ба ҷо оред. Вале агар намозро оғоз кардед ва ба хотир омад, ки ман бояд истихора кунам он истихора ҳисобида намешавад, бояд ҳатман қабл аз намоз нияти истихораро намоед.
5. Агар хостед истихора намоед ва дар вақте қарор дошта бошед, ки он вақтҳои мамнуъ бошад, яъне дар рӯз дар ду вақт хондани намоз манъ аст. Яке пас аз адои намози субҳ то тулуъи офтоб ва дигар пас аз адои намози аср то ғуруби офтоб. Ин ду вақт барои он, ки вақти тулуъ ва ғуруби офтоб аст намоз гузоштан манъ аст. Аввалан бояд сабр кунӣ, то инки офтоб барояд ва ё офтоб ғуруб намояд. Вале агар хеле шитоб дошта бошед ва кори муҳимме бошад дар ин ҳолат метавонед намози истихораро гузоред, зеро истихора намози муайян аст на нафлӣ.
6. Нисбати бонувон ва хоҳарон. Агар шумо дар ҳолати одати моҳона ҳайз ё нифос бошед. Дар ин ҳолат шумо бояд сабр кунед, то комилан пок гардед, сипас истихора намоед. Вале агар кори оҷиле бошад ва истихора лозим бошад пас бидуни гузоштани намоз метавонед дуои истихораро бихонед.
7. Агар дуои истихораро ҳифз намедонед пас онро аз рӯи коғаз ё китоб бихонед, вале беҳтар ин аст, ки онро ҳифз намоед.
8. Тибқи як қавл ҷоиз аст дуои истихора пас аз адои намоз, хондани ташаҳҳуд ва салавотҳо қабл аз салом додан хонда шавад. Вале афзал ин аст, ки пас аз салом додан хонда шавад.
9. Вақте истихора намудед пас аз он каме тааммул намоед ва хуб таваҷҷӯҳ кунед ва он коре, ки дар назар доред шуруъ намоед. Мунтазири дидани хоб набошед, зеро ҳеҷ ривояти саҳеҳе барои шунидани посух ё илҳоме тавассути хоб нест.
10. Агар истихора намудед ва бароятон чизе равшан нагашт, пас истихораатонро то се маротиба дар ҳамон мавзуъ такрор намоед.
11. Дуои истихорае, ки дар боло онро овардаам ҳангоми хондан дар он чизе зиёд ва кам накунед. Ончи матни дуо ҳаст онро гӯед.
ОтветитьУдалить12. Шахсе, ки истихора менамояд бояд нафсашро бар худ ҳоким қарор надиҳад ва хоҳиши пеш аз истихораашро як тараф гузорад. Яъне шумо як духтарро дӯст медоред ё як мошинро мехоҳед бихаред. Агар истихоракунанда се маротиба не даҳ маротиба истихора намояд дар фикраш танҳо ҳамон духтаре дӯсташ медорад ва ё ҳамон мошине, ки аз он хушаш омадааст бошад, дар ин ҳолат истихора ҳисобида намешавад, зеро шахси истихоракунанда бояд қабл аз истихора нахуст аз сараш ҳама чизро берун намояд ва ихтиёри онро ба зиммаи Аллоҳ гузорад.
13. Тавре ки дар боло зикр намудам машваратро ҳам аз ёд набаред. Ибтидо истихора намоед, сипас бо як мутасаддӣ ё шахси солеҳе машварат намоед, ин ҳам аз манфиъат холӣ нест.
14. Ҷоиз нест истихора намудани як шахс ба ҷои шахси дигар. Вале метавонад модар падар барои духтар ва писараш истихора намояд, ки дар кадом кор ё амал онҳо раҳнамун гарданд.
15. Шахсе намозро ният кард ва дар дохили намоз ба ёдаш омад, ки оё намози истихораро ният кардааст ё не? Дар ин ҳолат намозашро ҳамчун нофила мехонад ва дубора намози истихораро ният карда, мехонад.
16. Барои як шахс чанд мушкил пайи ҳам омада бошад ва ё чанд кореро мақсади анҷом додан дошта бошад, оё як истихора кунад ва ё алоҳида барои ҳар кор истихора намояд? Афзал ин аст, ки барои ҳар кор алоҳида истихора намояд, вале агар ҳамаро бо ҳам якҷо намояд метавонад дар дуо исмҳои онҳоро дар алоҳидагӣ ёд намояд.
17. Истихора барои анҷоми корҳои ҳарому мамнуъ дар шаръ ҷоиз нест.
18. Истихора намудан бо тасбеҳ, бо Қуръон ё бо ашъори хоҷа Ҳофиз ва амсоли инҳо ҷоиз нест (чуноне ки шииён анҷом медиҳанд) “Худованд ҳидояташон кунад.” Истихораи ҷоиз дар шариъат танҳо бо гузоридани намоз ва дуои махсусе, ки аз Расули акрам (саллалоҳу алайҳи васаллам) ба мо мерос гузоштаанд.Фоидаҳои истихора.
Абдуллоҳ Ибни Умар (разияллоҳу анҳу) мегӯяд: “ Ҳар вақте, ки мард истихора менамояд, Худованд барояш (онеро, ки хуб аст) ихтиёр менамояд. Вақте, ки Худованд барояш ихтиёреро намуд аз он ихтиёри Худованд дар ғазаб мешавад ва онро мунтазир намешавад.”
Дар муснади Имом Аҳмад (раҳ) аз Саъд Ибни Абулваққос (разияллоҳу анҳу) аз Расули акрам (салаллоҳу алайҳи вассалам) ривоят аст, ки чунин фармуданд:”Аз хушбахтӣ ва саъодати фарзанди одам ин истихора намуданаш ба сӯйи Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло мебошад. Инчунин аз саъодат ва хушбахтии фарзанди одам ба он чизе, ки Аллоҳ барояш ихтиёр намудааст, ризо буданаш аст. Инчунин бадбахтии фарзанди одам ин хашмгин ё ғазабнок шуданаш аст ба он чизе, ки Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло барояш ихтиёр намудааст.”
Аллома Ибни Қайими Ҷавзӣ (раҳ) дар шарҳи вожаи муқаддар ё ихтиёр чунин мегӯяд: Бар ду даста онҳоро тақсим менамояд.
1. Истихора намудан пеш аз ҳар коре, ки мехоҳӣ анҷом диҳӣ.
2. Пас аз онки истихора менамоӣ ба ончизе, ки Худованд бароят ихтиёр менамояд бояд розӣ бошӣ, зеро ту аз Холиқат пурсидӣ ва хоҳиш намудӣ ва Ӯ барои ту инро ихтиёр намуд. Пас ин бароят накӯст, агар имрӯз нек набуд фардо нек хоҳад гашт ё дар ин дунё нашуд дар охират ҳатман аз ихтиёри Холиқат розӣ хоҳӣ буд.
Хонандаи гиромӣ умед аст он бародарон ва хоҳароне, ки аз банда ин суолро пурсиданд посӯхи хешро гирифта бошанд. Инчунин хонандагони дигаре, ки аз “Истихора” огоҳии комил надоштанд огоҳӣ пайдо намуданд ва ҳатман ба он амал менамоянд ва аз ҳар ихтиёре, ки Аллоҳ барояшон насиб мегардонад розӣ хоҳанд буд.
Бо эҳтиром Муҳаммадиқболи САДРИДДИН.
Бехтарин
ОтветитьУдалить