Бисмилоҳи-р-раҳмони-р-раҳим
МАРГ
Аммо баъд...
Эй бандагони Худо!
Мо дар роҳҳои гуногун ва зиёди ҳаёт сайру ҳаракат дорем ва бар рўи ин замин аз ин ҷой ба ҷои дигар ҳаракат мекунем. Мо ба як таваққуфи имонӣ ва рўҳонӣ сахт эҳтиёҷ дорем. Таваққуфе, ки мо дар он имонро дар қалбҳоямон таҷдид намоем ва ғубори ғафлату бехабарӣ ва гуноҳро аз қалбҳо бизудоем.
Биёед имрўз бо ҳам як соат имон оварем. Бо ҳам бинименишинем, як нишасти тазкияву поксозӣ ва ошкорбаёнӣ. Дар он баъзе аз сафаҳоти гузаштаро варақгардон намоем. Ва аз баъзе пандҳое, ки шунидаем ва дар хотирамон монда илҳом бигирем. Шояд, ки Худованд моро бо ҳам дар ғурфаҳои ҷаннатҳо ҷамъ оварад.
Имрўз мехоҳам бо шумо дар мавриди як ҳақиқати бузурге аз ҳақоиқи имонӣ сухан гўям, ки агар касе онро инкор кунад дигар аз Ислом дар ў чизе боқӣ намемонад ва Худованд инкоркунандаи онро дар Сақар хоҳад андохт. Он ҳақиқати бузурге, ки Расулуллоҳ (с) ба бисёр ёд намудани он моро васият намудааст. Бо вуҷуди ин бисёре аз моён аз зикру ёди он нороҳат мешаванд ва дар бораи он сухан гуфтанро дўст ҳам намедоранд. Ҳамоно ин ҳақиқати МАРГ аст.
Аъузу биллоҳи мина-ш-шайтони-р-раҷим
"Куллу нафсин зоиқату-л-мавт. Ва иннамо туваффавна уҷуракум явма-л-қиёмаҳ. Фа ман зуҳзиҳа ъани-н-нори ва удхила-л-ҷанната фақад фоз. Ва ма-л-ҳаёту-д-дунё илло матоъу-л-ғурур" (Оли Имрон:185) (Ҳар касе (таъми) маргро хоҳад чашид ва дар ҳақиқат рўзи растохез подошашон ба тамомӣ дода мешавад ва ҳар ки аз оташи дузах барканор монда ва ба биҳишт дароварда шавад, ба ростӣ комёб шудааст. Ва зиндагии дунё ҷуз бархурдории фиребо нест).
Бе шак ин як ҳақиқати бузург аст. Ҳар он чизе, ки зинда аст ба фано меравад. Ва ҳар он чизе, ки ҷадиду нав аст куҳнаву фарсуда мешавад. Ва ин ҷуз як лаҳзае беш нест.Ҳаммонанди як пилки чашмро таҳ кардан ё як диди гузаро, ки дар он лаҳза руҳ ба сўи офарандааш мебарояд. Ин ҳангом ва ин лаҳза аст, ки дигар банда дар шумори мурдагон мебошад.
Умр рафту гузашт, Эй асири шаҳватҳо!
Ва вақти ту дар хато ва бозӣ ва хоби ғафлат гузашт, Дар ҳоле, ки ту ҳамоно дар гумроҳият буди, то ки гуфта шуд, ки фавт кард.
Эй бандагони Худо! Мо дар ғафлату бехабарии ин ҳаётем, бисёр вақт мешавад, ки ба як иттисоле (занги телефоне) ё рисолае ё ғайри инҳо ногаҳон хабар дода мешавем, ки фалонӣ вафот кард. Он шахс дар ҳолати сиҳатмандӣ ва офияти комил буд. Ва ин мисдоқи ҳадиси Анас (р) аст, ки Паёмбар (с) фармуд: "Аз (аломати) наздик шудани рўзи қиёмат аст, ки моҳи бароянда (моҳи нав) дида мешавад ва гуфта мешавад, ки ин ду рўза аст (аз бузургиаш), ва масҷидҳо ҳамчун роҳгузар гирифта мешаванд ва ин ки марги ногаҳонӣ зоҳир мешавад(яъне ин гуна марг дар миёни мардум зиёд мешавад)". Табаронӣ ривоят намудааст.
Яъне ҳамеша моҳ ба сурати одди мебаромад вале аз аломатҳои қиёмат аст, ки вақте мебарояд он ба шакли бузургтаре намудор мешавад ва мардум гумон намекунанд, ки ин якрўза аст балки дурўза гумонаш мекунанд. Яъне дар низоми ҳастӣ шояд дигаргуниҳое ворид шудан мегирад. Ва инчунин инсон дар вақти аз масҷид гузаштан эҳтироми онро қоил буд, дар дилаш ҳайбате дошт, вақте ворид мешуд таҳияи масҷид гуфта ду ракаъат намоз мегузорид ва ба зикру ибодат дар он машғул мешуд. Вале баъдан ки мақому манзилати масҷид дар назари мардум кам мешавад ва вақти гузаштан аз он мисли роҳгузаре онро мепиндоранд ва эҳтироми лозимаро барои он қоил намешаванд, ин ҳама аз аломатҳои наздик шудани қиёмат будааст. Ва инчунин марги ногаҳони дар миёни мардум зиёд мешавад. Мешунави, ки фалон нафар сиҳату саломат буд ва ягон беморие ҳам надошт, вале ногаҳон вафот кард. Ин кор зиёд мешавад, ки ин низ аломат ва нишонаи аз қариб омадани қиёмат мебошад.
Кори мо бисёр тааҷҷубовар аст! Чигуна мо бандагон дар баробари Худованд ин қадар ҷуръат мекунем, ҳол он ки руҳҳои мо дар дасти Ӯст. Ва чигуна аз назорати Ӯхудробағафлат меандозем, ва ҳол он ки марг ба амру фармони Ӯст.
Ривоят шудааст, ки Малаку-л-мавт (Азроил) ба назди Довуд (а) даромад. Гуфт: Ту кистӣ? Малаку-л-мавт гуфт: Ман касе ҳастам, ки аз подшоҳон наметарсам ва дар рў ба рўямдари қасрҳо баста намешаванд.Ва ришваро қабул намекунам. Гуфт: Пас ту набошад Малаку-л-мавт ҳасти. Гуфт: Оре. Гуфт: Ту ба назди ман омади, дар ҳоле ки ман тоҳол омодагӣ нагирифтаам. Гуфт: Эй Довуд! Фалон хешу таборат куҷо шуд? Фалон ҳамсояат дар куҷост? Гуфт: Мурдааст. Гуфт: Оё барои ту дар онҳо ибрате набуд, то омодагӣ бигирӣ?
Он марг аст, ки аз он ҷои паноҳу гурез нест,
Вақтеяк нафар аз тобут фароварда шуд дигаре савор мешавад.
Бисёр орзў мекунем ва натиҷаи онро умед менамоем,
Шояд марг аз он чизе, ки умеди онро дорем наздиктар бошад.
Мо ба сўи Худованд аз сахтии дилҳоямоншикоят мекунем,
Ва дар ҳар рўз панддиҳандаи марг навҳагарӣ мекунад.
Мо ба сўи Худованд аз сахтдилие, ки дар миёни мардум умумӣ гаштааст ва ғафлате, ки ҳамаро фаро гирифтааст ва аз рўзҳое, ки гузаштаасту мо онро ба чизҳои фиребандае зоеъ намудаем ва бо шаҳватҳо онро нобуд сохтем, шикоят мекунем..
Чӣқадар наздикамонро дафн намудем? Ва дўстоне, ки дигар онҳоро барои ҳамеша аз ин дунё видоъ гуфтем? Аз сари хоки онҳоба дунёямон баргаштем, барои чӣ? То дар лаззатҳои он боз ғарқ гардем.
Шояд афроде, ки ба ташйиъи ҷаноза омадаанд ва хандаву бозӣ мекунанд, ё аз рўи риё ва худномоӣ омадаанд, ки ин ҳама ба сабаби ғафлату бехабарӣ ва сахтии дилҳост.
Эй бандагони Худо!
Ду ҳолатест, ки дар хотираи ҳар мусалмон сахт нақш мебандад.
Замоне, ки дар хона бо ҳамроҳии аҳлу фарзандонаш, дар нозу неъмат ва саъодатмандӣ, дар як зиндагии фароху гуворо ва дар ҳолати сиҳатмандӣ ва офият ба сар мебарад, фарзандонашро хушнуд месозаду аз ин манзараҳо дилаш лабрези фараҳ мегардад.
Ва замоне, ки инсон либоси пирӣ ба бар мекунад ҷавонӣ ва неъмати саломатиро аз даст медиҳад. Дигар мадоре надорад ва аз лаҳзаҳои гузашта ва умри барҳадаррафта ёд меорад.Ба ҷои хурсандӣдар қалбаш андўҳҷойгузин мешавад. Молҳои ҷамъ намуда ва хонаҳои бино намудаашро пеши назар меоварад. Ва барои ҷудоӣаз фарзандони заъифу нотавоне, ки баъд аз маргаш боқӣ мемонанд, нигарон аст. Дар ҳоле, ки дард рафта-рафта зиёд мешавад ва табибонҳам нотавону дўстону маҳбубон ноумед мешаванд:
"Ва ҷоат сакрату-л-мавти би-л-ҳаққ. Золика мо кунта минҳу таҳид" (Сураи Қоф:19).
(Ва саранҷом сакароти марг баҳақ фаро мерасад (ва ба инсон гуфта мешавад:) ин ҳамон чизест, ки ту аз он мегурехти!).
Сакарот марг фаро мерасад ва дар миёни дўстон истода назар мекунӣ ва коре карда наметавонӣ. Мешунавӣ, вале хомушӣ ҳаросон ба рўи мардум менигарӣ.Онҳо ҳам аз наҷот додани ту дар ин лаҳза оҷизанд: "Фа лав ло из балағати-л-ҳулқум. Ва антум ҳинаизин танзурун. Ва наҳну ақрабу илайҳи минкум ва локин ло тубсирун" (Сураи Воқеъа: 83-85).
(Пас чаро ҳангоме, ки ҷон ба гулўгоҳ мерасад (тавоноии бозгардонидани онро надоред?) Шумо дар ин ҳол назора мекунед (ва коре аз дастатон сохта нест). Ва мо аз шумо ба ў наздиктарем, вале намебинед).
Пайваста аз сакароти маргранҷ мебарӣ ва гирифтани ҷон бароят сахт мешавад…, то он даме, ки муҳлат фаро бирасад ва қазо фуруд омяд, руҳ ба сўи осмон мебарояд ва ҷуссаву тан бошад дар байни наздиконат беҷон мегардад.
Ин ҳангом аст... ки мардум тақсим мешаванд: Дар вақти марг ва сахтии он ва қабру торикии он ва дар қиёмат ва даҳшатҳои он, ба ду гурўҳ тақсим мешаванд:
Ҳоли гурўҳи аввал чунин аст, ки Худованд баён намудааст: "Инна-л-лазина қолу раббуна-л-лоҳу сумма-с-тақому татаназзалу ъалайҳиму-л-малоикату алло тахофу ва ло таҳзану ва абширу би-л-ҷаннати-л-лати кунтум туъадун" (Сураи Фуссилат:30).
(Ба яқин касоне, ки гуфтанд: "Парвардигори мо Худованди ягона аст!" Сипас истиқомат карданд, фариштагон бар онон нозил мешаванд, ки: "Натарсед ва ғамгин мабошед, ва башорат бод бар шумо ба он биҳиште, ки ба шумо ваъда дода шудааст").
Аз он чи дар пешатон аз даҳшати охират аст матарсед. Ва бар он чизе, ки дар дунё гузоштед,аз аҳлу фарзандон ва мол, андуҳгин мабошед. Мо дўстони шумоем дар охират ва дар танҳоии қабрҳо муниси шумо мешавем ва дар ҳангоми дамидани Сур ва дар рўзи барангехтан ва ҷамъ шудан (баъсу нушур) шуморо эмин нигоҳ медорем.
Гурўҳи дуввум аз кофирон ва гунаҳкоронест, ки Худованд дар борашон мефармояд: "Ва таро изи-з-золимуна фи ғамароти-л-мавти ва-л-малоикату боситу айдиҳим ахриҷу анфусакуму-л-явма туҷзавна ъазоба-л-ҳуни бимо кунтум тақулуна ъала-л-лоҳи ғайра-л-ҳаққи ва кунтум ъан оётиҳи тастакбирун" (Сураи Анъом:93).
(... Ва агар бубини ҳангоме, ки (ин) золимон дар сахтиҳои марг фурў рафтаанд ва фариштагон дастҳоро кушуда ба онон мегуянд: "Ҷони худро хориҷ созед! Имрўз дар баробари дурўғҳое, ки ба Худо бастед ва нисбат ба оёти ў такаббур варзидед, ҷазои хоркунандае хоҳед дид"!(Ба ҳоли онон таассуф хоҳи хурд)).
Бародарон ва хоҳарони мусалмон! Расулуллоҳ Муҳаммад (с) васият кардааст: "Аксиру мин зикри ҳодими-л-лаззот, фамо закараҳу аҳадун фи зииқин мина-л-ъайши илло вассаъаҳ…" (Аз байнбарандаи лаззатҳоро бисёр ёд кунед. Касе дар ҳолати тангдастӣ ўро ёд кунад (Худованд) барояш кушоиш меорад…).
Касе зикру ёди маргро зиёд кунад, ба се чиз ноил мегардад: Тавба кардан, қаноъати қалбӣ ва фаъол будан дар ибодат.
Барояш дар вақти ҳаёт тавба кардан муяссар карда мегардад ва дар дилаш қаноат ба додагии Худованд пайдо мешавад ва дар ибодат намудан нашот ва фаъол буданро эҳсос мекунад.
Касе маргро фаромуш кард ба се чиз гирифтор мешавад: Таъхири тавба, адами қаноат ва танбалӣ дар ибодат.
Барои ин нафар тавба кардан мушкил мешавад ва намехоҳад сари вақт аз гуноҳаш тавба кунад ва тавба карданро ба фардо ва фардо меандозад. Ба ҳамин сурат шояд аз гуноҳони кардааш дар ин ҳаёташ тавба карда натавонад. Ва дигар мусибате, ки ба он гирифтор мешавад ин ҳосил нашудани қаноат аст. Наметавонад ба доштагиаш қаноат кунад. Ва доим дар ҳасад ва ғаму андўҳ ҳаёт ба сар мебарад. Ва мусибати дигараш ин аст, ки дар корҳои ибодатӣ танбал мешавад, наметавонад ибодатҳоро анҷом диҳад, барояш иҷро намудани ин неъматҳо ки Худованд барои он моро офаридааст, мушкил тамом мешавад.
Ва инро ҳам бояд бидонед, ки зикру ёди марг маънои онро надорад, ки ҳамеша дар андўҳу ғам бошед ва дар нолаҳои тўлонӣ бо сустӣ ҳаёт ба сар баред. Воҷиб аст, ки ёди марг бо тарси аз хотимаи бад боҳам қарин бошанд. Зеро амалҳо ба хотимаи он эътибор карда мешаванд.
Ҳамчуноне, ки дар ҳадиси ибни Масъуд, ки муттафақун ъалайҳ аст, Паёмбар (с) фармуданд:"Қасам ба Зоте, ки ҷуз Ӯ илоҳе нест, ҳамоно яке аз шумо амал мекунад ба амали аҳли ҷаннат, то даме ки миёни он ва миёни ҷаннат ҷуз як зироъе боқӣ намемонад, пас ба ў китоб (он чӣ дар азал навишта шуда, ки чиро ихтиёр мекунад) сабқат мекунад, пас ба амали аҳли дузах амал мекунад ва ба он дохил мешавад. Ва ҳамоно яке аз шумо албатта амал мекунад ба амали аҳли дузах, то даме ки миёни ў ва миёни дузах ҷуз як зироъе боқӣ намемонад, пас бар ў китоб сабқат мекунад, пас ба амали аҳли ҷаннат амал мекунад ва ба он дохил мешавад".
Эй кош медонистем, ки хотимаи амалҳои мо ё амали хотимавии мо чигуна хоҳад буд ва Худованд умрҳои мо ва амалҳои моро ба чӣ хотима медиҳад?
Ҳангоме, ки Муҳаммад ибни Мункадирро вафоташ наздик омад, гиря кард. Ба ў гуфтанд: Чӣ туро ба гиря овардааст? Гуфт: Қасам ба Худо, ман барои гуноҳе гиря намекунам, ки медониста бошам, ки онро анҷом додаам, валекин метарсам, ки ман чизеро анҷом дода бошам, ки андак ва ночизаш гумон карда бошам ва он дар назди Худованд бузург шуморида шавад.
Ин аст бузургии инсон, ки дарк кунад ва эътироф намояд, ки шояд аз ў хатое сар занад, ки онро дарк накардааст. Ва ин ғайри он хато ва гуноҳоне мебошад, ки медонад.
Саъид ибни Ҷубайр (р) барои мо як қиссаи саҳеҳ ва мутавотиреро ривоят мекунад, ҳамчуноне ки Заҳабӣ дар Сияраш гуфтааст, пас мегуяд: Вақте ибни Аббос (р) дар Тоиф вафот кард, як паррандае омад, ки ба сурати офаридаи ў монанде дида нашуда буд, пас ба тобуташ даромад, баъд аз он дигар набаромад. Пас вақте дафн карда шуд ногаҳон дар лаби қабр тиловаткунандае тиловат мекарду дида намешуд: "Ё Айятуҳа-н-нафсу-л-мутмаъиннаҳ. Ирҷиъӣ ило раббики розиятан марзийяҳ. Фа-дхулӣ фи ъибодӣ ва-дхулӣҷаннатӣ" (Сураи ал-Фаҷр:27-30).
(Эй нафси мутмаъин (оромгирифта). Ба сўи Парвардигорат бозгард дар ҳоле, ки ту аз Ӯхушнудӣ ва Ӯ ҳам аз тухушнудаст. Пас дар силки бандагонам дарой. Ва дар биҳиштам ворид шав). Чӣ хотимаи хубе ва чӣ масиру бозгаште...
Ва аз ҷиҳати дигар ин оят ба он далолат мекунад, ки барои даромадан дар ҷаннат лозим буда, ки инсон дар зумраи бандагони Аллоҳ таъоло дарояд. Ва ба шакли танҳои онро муқаррар нанамуд. Пас инсон бояд ба хулосае ояд, ки барои даромадан ба ҷаннат ҷомеъаи мусалмонон барои ў зарур будааст ва ононе, ки боз сифати бандагии Худоро дошта бошанд. Ин далолатгари дини ҷомеъавӣ будани ин динро мекунад ва инчунин инсонро аз танҳо зиндагонӣ кардан ва ба шакли танҳо ҳаёт ба сар бурданро ташвиқ намекунад.
Ин хотима дар куҷост ва хотимаи як маҷмуъаи ҷавононе, ки дар мошин савор буданд ва мусиқӣ дар миёни онҳо бо садои баланд монда шуда буд ва дар ҳоле ки онҳо ғофил буданд ва дуртарин ё охирон чизе ки шояд дар бораи он фикр кунанд ин буд, ки ин дунёро тарк кунанд, яъне дар ин бора шояд фикру андеша ҳам надоштанд. Дар ин мавзуъ гумон ҳам намекарданд. Агар мекарданд, ҳам аз ҳама он чизҳое, ки дар сари онҳо буда баъди ҳамаи онҳо қарор дошт.
Ва ногаҳон ҳодисае ба вуқўъ омад ва мошин чандин маротиба чаппаву роста шуд. Баъд аз он касонеро, ки дар ин ҳодиса осеб дида буданд ба мошини ёрии таъҷилии таббӣ савор карданд. Яке аз онҳо сахт исобат бардошта буд ва ба мушкилӣ нафас мекашид. Марде аз кормандони бозрасӣ (милиса) ба гуфт: Эй фалонӣ бигу: ЛО ИЛОҲА ИЛЛАЛЛОҲ, Эй фалонӣ бигу: ЛО ИЛОҲА ИЛЛАЛЛОҲ. Пас аз он ба ў ҷавоб дод: Ӯ дар Сақар аст, ў дар сақар аст. Сипас чашмонаш пушида шуд ва сараш овезон шуду вафот кард. Марди бозрасӣ аз ду рафиқаш пурсид: Оё намоз мехонд? Гуфтанд: Не, қасам ба Худо, мо ҳамаамон намоз намехондем.
Пас эй касе, ки алоқаатро ба масҷидҳо баркандаи, вақте ки руҳ ба гулў расид чӣ мегўӣ?
Ва эй касе, ки фарзандонатро бар фасод тарбия ва калон кардаӣ ва барои онҳо чизҳоеро овардаи, ки бар арзишҳо ва эътиқоди ҳақ мухолиф аст!
Эй касе, ки муътод ба маю маводҳои масткунанда гаштаӣ ва дар зино ва даридани пардаҳои исмати мардум воқеъ шудаӣ! Ва эй касе, ки бандаҳоро зулм карда ва ба фасод кардан саъю кушиш намудаӣ!
Оё ба нутқ кардани шаҳодатайн, дар ҳангоми марг, муваффақ мешавӣ? Ё миёни ту ва гуфтани он монеъа эҷод мешавад, ҳамчуноне ки ба ғайр аз ту карда шуд?! "Ва ҳила банаҳум ва байна мо яштаҳуна камо фуъила биашёъиҳим мин қаблу иннаҳум кону фи шакки-м-муриб" (Сураи Сабаа: 54).
((Саранҷом) Миёни онҳо ва хостаҳояшон ҷудоӣ афканда шуд, ҳамон гуна ки бо пайравони (ва ҳаммаслакони) онҳо аз қабл амал шуд. Чаро ки онҳо дар шак ва тардид буданд). Яъне инсон замонат дода наметавонад, ки дар охирин лаҳза калимаи шаҳодатро метавонад гуфт ё не. Барои ҳамин инсон дар тулии ҳаёт ба чизе одат карда бошад ва ба он аз рўи муҳаббат рафтор карда бошад ва дар самими қалбаш ҷой гирифта бошад метавонад бо он аз дунё равад, вале агар бо дигар рафторе одат карда бошад, ба шаҳодат додан ва итоату ибодати Худованд мухолифат дорад, ҳатман дар он вақт дигар забонаш ба нутқи шаҳодатайн намегардад ва Худованд онро шояд монеъае эҷод намояд, чуноне ки дар мисоли он ҷавонони мошинсавори бенамоз гузашт.
Эй касе, ки пардаҳои исматро медарӣ ва ба корҳои ҳаром даст мезанӣ, ин корро макун! Эй касе, ки дар фоҳишаҳо воқеъ ҳастӣ, оё шарм намедорӣ! Эй касе, ки дар рў ба рўи Худояш бо хатоҳо мубориза мебарӣ, каме таваққуф кун! Ҳама гуфтаҳо навишта шудаанд ва ҳама калимаҳо ҳисобкарда шудаанд. "Ва инна ъалайкум лаҳофизин. Кироман котибин. Яъламуна мо тафъалун" (Сураи : 10-12).
(Ва бешак нигоҳбононе бар шумо гуморида шуда. Воломақом ва нависандаи (аъмоли неку бади шумо). Ки медонанд шумо чӣ мекунед).
Эй бандагои Худо! Марг ҳамчун як панддиҳандаи кифоя ва басанда аст. Барои инсони боақл кифоя аст, марг бинад ва панд гирад. Қасам ба Худо, агар кор ба марг хотима пайдо мекарду тамом мешуд, кор хело осон буд. Лекин ба ҳама ин сахтӣ ва даҳшаташ, аз он чизҳое, ки баъд аз он меоянд аз қабр ва торикии он, осонтар аст. Ва ҳама инҳо боз осонтар аст агар муқоиса карда шавад бо истодани дар пеши Аллоҳ таъолои кабиру мутаъол, дар ҷои истодание, ки ҳамаи нафсҳо дар онҷо меларзанд ва дилҳо аз ҷои худ берун мешаванд.
Имом Тирмизӣ (раҳ) ривоят мекунад, ки Усмон (р) вақте бар сари қабре меистод гиря мекард, то он ки ришаш тар мешуд. Ба ў гуфта шуд, ҷаннат ва дузахро ёд мекуни, вале гиря намекуни ва аз ин бошад гиря мекунӣ? Гуфт: Расулуллоҳ (с) гуфт, ки қабр аввалин манзилҳои охират аст, пас агар аз он наҷот ёфт, пас он чи баъди он аст осонтар аст ва агар аз он наҷот наёфт, пас он чи баъди он аст аз он сахттар аст. Гуфт, ки Расулуллоҳ (с) гуфтаанд: "Ман ҳаргиз манзараеро надидаам, магар ин ки қабр аз он дида даҳшатноктар аст".
Қабр аввалин манзилҳои охират аст. Агар аз аҳли ҷаннат бошад барои ў ҷойгоҳаш дар ҷаннат пешкаш карда (нишон дода) мешавад. Ва агар аз аҳли дўзах бошад, ҷойгоҳаш аз дўзах барояш пешкаш карда мешавад. Ва барои муъмин қабраш ҳафтод зироъ васеъ карда мешавад ва бар ў нур ва неъматҳо пур карда мешавад то рўзе, ки барангехата мешаванд. Ва аммо кофир бошад бо болғаҳои (гурзҳои) оҳанин зада мешаванд ва бар ў қабраш танг карда мешавад, то ҷое, ки қабурғаҳояш ба ҳам медароянд.
Табаронӣ ривоят кардааст аз Абу Ҳурайра (р), ки Расулуллоҳ (с) аз назди қабре гузашт, пас гуфт: "Соҳиби ин қабр кист? Гуфтанд: Фалонӣ. Пас гуфт: "Ду ракаъат (намоз гузоридан) барои ин аз боқимондаи ин дунёятон беҳтар аст". Ва дар ривояте гуфт: "Ду ракаъати сабуке аз он чизе, ки онро каму ночиз мешуморед ва нофила мехонед, ки ин дар амалаш зиёда мегардонад, барояш аз боқимондаи дунёятон маҳбубтар аст".
Дар ҳақиқат Худоанд акбару мутаъол аст. Ғояту мақсади ниҳоии майити кутоҳикарда ин будааст, ки барои ў дар аҷал ва муҳлаташ дароз карда шавад то ду ракаъате бигузорад, ки дар он аз ҳасаноташ зиёда мегардонад ва он чи аз рўзҳои умраш дар бетоъатӣ аз даст рафтааст онро ба даст оварад... пас мо аз ин мақом дар куҷо қарор дорем?
Маънои шеър:
Эй касе, ки аз амал кардан ғофилӣ. Ва умедҳои тўлонӣ ўро фирефтаанд.
Марг ногаҳон хоҳад расид. Ва қабр сандуқи амал аст.
Ва қабр сандуқи амал аст, ҳар чизеро, ки дар он сандуқ гузоштӣ он баъд аз маргат бо ту мебошад. Яъне ҳар кори нек ё баде анҷом дода шавад дар сандуқи қабр танҳо он чиз гузошта мешавад. Дигар ин молу манол ҳама берун аз қабл мемонад. Некиҳо қабратро пурнур ва бадиҳо онро ба торикизор табдил медиҳанд. Мунисат мехоҳи некиҳо бошанд ё бадиҳо? Инро ҳар инсон худаш барои ояндааш омода месозад. Касеро маломат нанамояд. Ин худаш аст, ки барои онҷо саъю кушиш намудааст. Пас бори дигар ба саъю кушишат назар кун, ки фардо дигар пушаймон шудан фоидае надорад. Ва роҳи бозгашт ҳам нест.
Қабратро дар як ҳафта як маротиба зиёрат намо, дар як моҳ як маротиба, сипас бигу: Ин сандуқи ман аст. Ин рахти хоби ман аст. Ин хонаи ман аст. Ман дар он ба танҳоӣ сукунат мекунам. Оё дар он амали солеҳеро гузоштаам ё дар он ноумедӣ ва ҳасратро гузоштаам.
Вақте қабристонро зиёрат кардӣ, дар пеши як қабр биист, ва он лаҳади тангро андеша кун. Хаёл кун, ки ту дар даруни он ҳасти. Ва дари он бар рўи ту баста шуд. Бар рўи ту хок рехта шуд. Аҳлу фарзандон аз ту ҷудо шуданд. Туро қабр бо торикӣ ва танҳоию ваҳшаташ иҳота намудааст, пас ту ҷуз амалҳои кардаат дигар чизеро намебини. Ту бигу, ки дар ин лаҳза орзўи чиро хоҳи кард? Оё орзўи ба дунё баргаштанро намекунӣ, то амалҳои шоиставу солеҳро анҷом диҳӣ? То як ракаъат намоз гузорӣ? То як тасбиҳ бигўӣ? То Аллоҳ таъолоро ёд кунӣ, як бор ҳам бошад??!!
Ҳоло ҳам ту бар рўи замини, зиндаи, дар офияту саломатӣ ба сар мебари, пас амалҳои шоиставу солеҳ анҷом деҳ, пеш аз он ки ангушти пушаймониро бигази ва дар шумори мурдагон қарор бигири.
Вақте қасди анҷом додани гуноҳе кардӣ, орзуву умедҳои мурдагонро ба хотир овар. Ба ёд овар, ки онҳо орзў мекунанд, ки агар зиндагӣ мекарданд, албатта Аллоҳ таъолоро итоъат мекарданд, пас ту чи хел Худовандро нофармонӣ мекуни?.
Вақте аз тоъат кардан хаста шудӣ, орзуҳои мурдагонро ба ёд овар ва дар итоъат кардан кушиш намо ва ба тавба кардан шитоб кун, пеш аз он ки марг ногаҳон ба ту бирасад, пас мегуи: Эй кош барои зиндигиам аз пеш (амалҳои шоиста) мефиристодам. Бидон, ки миллионҳо мурдагон, мисли ин дақиқае, ки аз ҳаёти ту мегузарад таманно ва орзуи онро доранд, то онро дар тоъати Аллоҳ таъоло ва зикру ёди Ӯ ва тавба ба сўи Ӯ, ба самар расонанд. Пас ту дақиқаҳои умратро ба беҳуда зоеъ макун, то дар охиратат ҳасрат махурӣ..
"Ан тақула нафсун ё ҳасрато ъало мо фарратту фи ҷанбиллоҳи ва ин кунта ламина-с-сохирин. Ав тақула лав анна-л-лоҳа ҳадони лакунту мина-л-муттақин. Ав тақула ҳина тара-л-ъазоба лав анна ли карратан фаакуна мина-л-муҳсинин" (Сураи Зумар:56-58).
((Ин дастурҳо барои он аст, ки) Мабодо касе рўзи қиёмат бигуяд: "Афсус бар ман аз кўтоҳиҳое, ки дар итоъати фармони Худо кардам ва аз масхаракунандагони (оятҳои Ӯ) будам". Ё бигуяд: "АгарХудованд маро ҳидоят мекард, аз парҳезгорон будам!" Ё ҳангоме, ки азобро мебинад бигуяд: "Эй кош бори дигар (ба дунё) боз мегаштам ва аз некукорон будам").
Бисми-л-лоҳир-раҳмони-р-раҳим
Фарқ байни калимаи муъмин ва муслим дар чист? Оё ҳар мусалмон муъмин ҳаст?
Ҷавоб:
Алҳамду лиллоҳ. Вассалоту вассалому ъало расулиллоҳ ва ъало олиҳи ва саҳбиҳ, аммо баъд:
Муайян кардани фарқ миёни муъмин ва муслим бино бар муайян кардани фарқ миёни Ислом ва Имон мебошад.
Олимон чунин қоидаро дар ин маврид гуфтаанд: "Иннаҳумо изо иҷтамаъо ифтарақо ва изо ифтарақо иҷтамаъо".
Яъне агар онҳо бо ҳам ҷамъ омаданд ҷудо мешаванд ва агар онҳо аз ҳам ҷудо шуданд ҷамъ мешаванд.
Агар Ислом ва Имон дар як насси Қуръон ё ҳадис ворид шаванд, маънои Ислом: Амалҳои зоҳирӣ мешавад. Ва маънои Имон: Эътиқодҳои ботинӣ мебошад.
Мисли гуфтаи Худованд: "Ва аъроб (бодиянишинҳои араб) гуфтанд, ки имон овардем, бигу: Имон наовардаед, валекин бигуед: Ислом овардаем, Имон то ҳол дар дилҳои шумо надаромада аст" Сураи Ҳуҷурот: 14.
Аммо агар Ислом ба танҳоияш зикр гардид, дар маънояш имон ҳам дохил мешавад, мисли гуфтаи Худованд: "Ҳамоно дин дар назди Худованд Ислом аст" Оли Имрон: 19.
Ва агар имон ба танҳоияш зикр шуд, Ислом ҳам дар он дохил мешавад, мисли гуфтаи Худованд: "Ва касе ба имон кофир мешавад, амалаш азбайн меравад"Сураи Моида: 5.
Ва шарҳи хуб ва баёни фарқи инро метавон аз ҳадисе, ки Ҷибриил (а) ба назди Расулуллоҳ дар масҷид меояд ва дар бораи Ислом, Имон ва Эҳсон суол мекунад, пайдо намоед. Фарқи онҳоро дар ҳолати бо ҳам якҷо омадан ин ҳадис шарҳ медиҳад, ки имон амалҳои қалбӣ аст ва Ислом амалҳои ҷавореҳ, яъне андомӣ.
Бар ин тафсиле, ки зикр гардид, ҳар муъмин мусалмон аст, ва ҳар мусалмон муъмин нест. Аз ин ҷиҳат, ба мунофиқ дар дунё аҳкоми мусалмонҳо амал мекунад, ва қалбаш бошад аз имон холӣ аст. Агар бар ҳамон нифоқаш аз дунё рафт, ӯ дар охират аз ҷумлаи зиёнкорон аст.
Валлоҳу аълам.
Абуҳанифа (раҳ) беҳтарин муъаллим
Имом Абуҳанифа (раҳ) муъаллиме буда, ки дар ҳақиқат дар ӯ тарси Худо, амонатдорӣ, адои масъулият, дурандешӣ ва равоншиносӣ ҷой доштааст. Ин мард барои ҳама муъаллимоне, ки имрӯз даъвои муъаллимӣ доранд намуна ва панде аст, ки аз он бояд ибрат гирифт. Бештар аз ҳазор сол аз ҳаёти ин донишманд ва муъаллим мегузарад, вале то ҳол ҳар рӯз, балки ҳар лаҳза аз илми ӯ дар машриқ ва мағриб истифода мебаранд.
Ин мард аввал тиҷорат машғул буд, тиҷорати бо мардум. Вале баъдан самти тиҷорати худро дигар намуд. Тиҷорат бо Аллоҳро шурӯъ намуд. Он тиҷорате, ки бо мардум дошт, ба муҷарради аз дунё гузаштан хотима ёфт. Дигаре аз он тиҷораташ баҳрае намебарад, вале аз тиҷорате, ки бо Худованд намуд, то имрӯз боқӣ мондааст ва иншоаллоҳ то рӯзи қиёмат хоҳад боқӣ монд. Барои тасдиқи ин гуфтаҳо чанд воқеаи хурдеро аз ҳаёти ин марди бузургвор инҷо зикр менамоем, то мо ҳам аз ин мард ибрат гирифта бошем ва роҳи дурустро интихоб намоем. Тиҷорате ихтиёр намоем, ки он ба нафъи мардум ҳато баъди сари мо боқӣ монад.
Саймарӣ (раҳ) бо санадаш аз ҳофиз Шарики Қозӣ (раҳ) ривоят намуда гуфтааст, ки: “Хомӯшии Абуҳанифа (раҳ) тӯлонӣ буд. Бисёр андеша мекард. Дар фиқҳ назари дақиқу мушикофона дошт. Дар илм ва баҳс истихроҷҳои бисёр латифе мекард. Дар баробари таълим доданаш моле талаб намекард. Агар толибилм фақиру нодор мебуд, ӯро бениёз мегардонид. Барои ӯ ва оилааш пуле муайян мекард, то таълимашро идома диҳад. Вақте таълимашро ба итмом мерасонид ба ӯ мегуфт: Ба бузургтарин сарватмандӣ расиди, ба маърифати ҳалол ва ҳаром расиди. Ақли бисёр дошт ва бо онҳо (толибилмон ва баҳскунандагон) кам муҷодала ва баҳс мекард”.
Курдӣ (раҳ) дар маноқибаш бо санадаш ба Абуюсуф (раҳ) зикр намуда гуфтааст: “Ман ҳадисро талаб мекардам ва каммол (нодору камбағал) будам. Боре падарам ба назди ман омад, ки ман дар назди Имом будам. Ба ман гуфт: Эй фарзади азизам! Поятро бо пои ин дароз накун, зеро нони ин бирён аст ва ту боши муҳтоҷи. Пас чанд вақт ба талаби илм нарафтам ва итоати падарамро ихтиёр намудам. Имом аз ман пурсида ва маро ҷустуҷӯ намудааст. Вақте маро дид, гуфт: Чӣ чиз туро аз мо қафо занондааст? Гуфтам: Талаби зиндагӣ. Вақте мардум баргашта рафтанд ва ман ҳам хостам, ки биравам, ба ман як ҳамёне дод, ки дар он сад дирҳам буд. Гуфт: Инро сарф намо, агар тамом шуданд боз маро хабар кун ва дар дарс побанд бош. Чанд муддате гузашт, ки боз ба ман сад дирҳами дигар дод. Ҳар вақте тамом мешуданд, ба ман боз медод, бе ин ман ба ӯ хабар диҳам, ки тамом шудааст. Гӯё инки ба тамом шуданаш касе хабараш медод. То замоне ин идома ёфт, ки ба ончӣ аз илм ҳоҷат доштам ба ҳоҷатам расидам. Худованд мукофоти некутаре ба ӯ бидиҳад ва барояш мағфират намояд”.
Инчунин зикр намуда, ки Ҳасан ибни Зиёд (раҳ) марди фақире буд. Ӯ ҳамеша дар ҳалқаи дарсии Имом (раҳ) буд. Падараш ба ӯ мегуфт, ки: Мо духтардорем, ягон писаре ҷуз ту надорем, ту барои онҳо ба коре машғул шав. Вақте ин хабар ба Имом (раҳ) расид, бар ӯ барои ризқу рӯзи маблағеро муайян кард. Ба ӯ гуфт: Побанди фиқҳ бош, ҳамоно ман фақиҳи тангдастро ҳаргиз надидаам.
Муваффақ ба санадаш ба Маккӣ ибни Иброҳим, ки он яке аз шайхҳо ва устодони Имом Бухорӣ ба шумор меравад, ривоят карда гуфтааст: Ман тиҷорат мекардам. Боре ба назди Абуҳанифа (раҳ) омадам. Ӯ ба ман гуфт: Эй Маккӣ! Ман туро мебинам, ки тиҷорат мекуни? Тиҷорат вақте беилм бошад ба он фасоди зиёд ворид мешавад. Чаро ту илм намеомӯзӣ? Чаро наменависӣ? Пайваста маро ташвиқ мекард, то даме ки роҳи илмро ва навиштану омӯхтани онро пеш гирифтам. Худованд аз илм ба ман рӯзии зиёд дод. Ман ҳамеша ба Абуҳанифа (раҳ) аз пушти ҳар намозам ва ҳар вақте ба хотирам бирасад, дуъо мекунам. Зеро Худованд ба баракати он барои ман дари илмро кушод.
ЧАНД ЛАҲЗАЕ БОЗ ДАР МАВРИДИ ҲАЛОЛУ ҲАРОМ
Ислом ба амалкардан ва касби ҳалол намудан даъват намудааст, ки банда ба воситаи он иззату кароматро касб менамояд. Касбе, ки хории талбандагӣ ва даст дароз карданро аз ӯ дур мекунад. Инчунин Ислом метод ва равиши нафақа карданро ба нақша гирифтааст, ки Расулуллоҳ (с) дар ин маврид фармудааст: “Дасти боло аз дасти поин беҳтар аст. Ва аз касоне, ки аз хонаводаат мебошанд (зану фарзанди худ) шурӯъ намо. Беҳтарин садақа оне аст, ки аз сарватмандӣ бошад. Ва касе покдоманӣ мекунад, Худованд покаш нигаҳ медорад. Ва касе бениёзӣ кард, Худованд бениёзаш мегардонад”. Инчунин Ислом ба касб ва нафақа намудан дар роҳҳои машруъ ва раво даъват намуда аз зоеъ кардани амвол ва дар роҳҳои беманфиат сарф кардан ё дар ончӣ Худованд ҳаром гардонидааст, наҳй намудааст. Марди солеҳу шоиста молро касб мекунад, то онро дар амали солеҳ сарф намояд ва дар ҳадиси шариф омадааст: “Беҳтарин моли шоиста барои марди шоиста аст”.
Зоеъ кардани мол аз сифат ва хислатҳое ба шумор меравад, ки Худованди мутаъол онро барои бандагонаш бад мебинад. Дар ҳадисе, ки Муслим ривоят мекунад, Расулуллоҳ (с) фармуданд: “Худованд барои шумо се чизро розӣ мешавад ва барои шумо се чизро бад мебинад. Барои шумо розӣ мешавад, ки Ӯро ибодат намоед ва ба Ӯ чизеро шарик қарор надиҳед ва ин ки ба ресмони Худовандӣ ҳама якҷоя чанг бизанед ва парокандаву ҷудо-ҷудо машавед. Ва ин ки касеро, ки умуратонро бар болои шумо ба ӯҳда гирифтааст, насиҳат намоед. Ва барои шумо: (чунин) гуфтанд, (фалони чунин) гуфт...-ро ва бисёр суол кардан ва зоеъ кардани молро бад мебинад”.
Саодати ҳақиқӣ дар ҷамъоварии мол ва сарф намудани он мувофиқи хоста ва рағбати нафсӣ ва баҳрабардории моддӣ ва ҷасадӣ нест. Валекин моле, ки соҳибаш бар он ҳасад бурда мешавад он моле аст, ки дар роҳҳои машруъ ва раво ва дар ҷониби ҳақ сарф карда мешавад. Расули карим (с) фармуданд: “Ҳасад раво намебошад, магар дар ду чиз; Марде, ки Худованд ба ӯ моле додааст ва ӯро ба сарф карданаш дар роҳи ҳақ мусаллат гардонидааст. Ва марде, ки Худованд ҳикматро ба ӯ дода ва ӯ ба воситаи он ҳикмат ҳукм мекунад ва амал менамояд”.
Инояти таълимоти исломӣ танҳо дар мавриди аз умури ботил шуморидани молҳои ҳаром, василаҳои нафақа карданашон ва зоеъ кардани онҳо, маҳдуд набудааст. Балки Шариъати исломӣ молро бо инояти бузурге фаро гирифтааст, ба ин сурат, ки бар ҳар касе, ки бар ҳурмати молҳо аз ҳадду андоза мегузарад, ҷазоҳои манъкунандаеро муқаррар намудааст. Дар ҳолати дуздани мол қатъ намудани дасти дуздро муқаррар кардааст, ки Худованд дар Қуръони карим дар ин бора гуфтааст: “Ва марди дузд ва зани дуздро дастҳояшонро бибурред, ҷазо ба ивази ончӣ касб намуданд, дар ҳоли уқубате (нисбати онҳо) аз ҷониби Аллоҳ. Ва Худованд ғолибу боҳикмат аст”. Сураи Моида ояти 38.
Ислом дар мавриди касе, ки ҳақи як мусалмонро ғасб намуда мегирад ё роҳзанӣ намуда ба он соҳиб мешавад, ниҳоят сахт ваъдаи ҷазо додааст. Расулуллоҳ (с) мефармояд: “Касе як ваҷаб заминеро ғасб намуд Худованд ӯро дар рӯзи қиёмат аз ҳафт замин дар гарданаш мепечонад”. Ва низ Расулуллоҳ (с) фармудааст: “Касе моли мусалмонеро баноҳақ гирифтааст, Худованди азза ва ҷалларо рӯ ба рӯ мешавад дар ҳоле ки ба ӯ ғазаболуд аст”.
Инсон бояд инҳоро андеша намояд, махсусан мусалмоне, ки имон дорад, дар ин дунё ҳалол ва ҳароме вуҷуд дорад. Мусалмоне, ки медонад барои ҳар як чизе, чӣ хурд бошад ё бузург фардо албатта ҷавобгар хоҳад буд. Вале дигар дар он дунё барои соҳиби аслии мол, молашро пас гардонида намедиҳад вале аз ҳасаноте, ки дари ин дунё касб кардааст ва танҳо чизе ба охират бурдааст ҳамон ҳасанот аст, онҳоро дар бадали моли мардум, ки хурдааст, дуздиааст, роҳзанӣ намудааст, фиребу найранг карда азхуд кардааст, аз даст медиҳад. Ва танҳо ба ин ҳам тамом намешавад, зеро Аллоҳ таъоло ин фармонҳоро дода буд, беҳтарин ва дустдоштатарин бандагонашро фиристод, онҳо роҳат накарданд, вале машақат кашида ин ҳукмҳои ҳалолу ҳаромро ба бардагони Худо мерасониданд. Вале ин бандаи Худо бошад ин ҳамаро дараназар нагирифта, фикри худро ҳоким гардонида дар дунё амал намудааст. Гумон бурдааст, ки аз дигарон беҳтар, аз дигарон донотар аст, надониста, ки ин ҳама ҳисоб дорад, заррае аз мулки Худованд баноҳақ намеравад, ва зарраеро низ касе наметавонад баноҳақ бигирад ва ҷавоби онро надиҳад. Чун зарра баҳисоб гирифта мешавад, пас эй бародари мусалмон андеша намо. Маҳкамаи дунё чанд нафаре аст, мардуми имрузи дунё низ чанд нафареанд, метарси, ки онҳо мабодо хабардор шаванд, вале натарсиди, ки фардо тамоми фарзандони Одам (а) аз аввал то охир ҷамъанду ин амалҳои зиштро бохабар мешаванд, ки фалони писари фалони ё фалони духтари фалони моли фалониро баноҳақ гирифта буд. Шармандагӣ ва пушаймонӣ хоҳад фаро расид, вале он фоидае надорад. Танҳо пушаймонӣ ва шармандагие, ки манфиат шояд дошта бошад оне аст, ки дар ин дунё аст. Худованд ҳамаи мо ва шуморо пайрави содиқи роҳи ҳақ бигардонад, ки танҳо луқмаи ҳалолро дар меъдаи худ ҷой диҳем. Луқмаи ҳаромро Худованд аз мо дур намо. Зеро касе баданаш аз ҳаром парвариш ёфта бошад, он бадан ба ҷаннат ҷой намеёбад, балки оташи дузах барои он авлотар ва сазовортар мебошад. Луқмаи ҳалол дар ҳаёти фард, зану фарзанд ва ғайра баракат дорад, вале луқмаи ҳаром ҳама баракатҳоро азбайн мебарад. Худованд ба воситаи ҳалол баракатро дар ҳаётамон саршор бигардонад.

Калимот барои андеша ва тадаббур
ОтветитьУдалитьЭй фақир: сабри ҷамил сабри нек намо, ҳамоно аз паёмадҳои мол ва аз хидмати сарват ва мушкилии ҷамъоварии он ва машаққати нигаҳбонии мол ва хидмати он ва аз ҳисоботи тӯлонӣ дар назди Худованд, солим монди.
Эй касе ки биноияшро аз даст додааст: бишорат ва навиди хуш биёб ба ҷаннатро ба даст овардан дар баробари арзиши биноият ва бидон, ки ту бар қалбат нуре пашкаш намуди ва аз дидани мункарот ва мушоҳидаи ончи туро ноором мекард ва беҳудагиҳо саломат монди.
Эй бемор: Таҳурун ин шоаллоҳ, яъне ин сабаби покият аз гуноҳон аст, ҳамоно ту аз хатогиҳо пок шуди ва аз гуноҳон тоза гашти ва қалби ту сайқал ёфт ва нафси ту шикаст ва кибру худписандиат аз байн рафт.
Чаро дар бораи гумшуда фикр мекуни ва дар мавриди ончи мавҷуд аст шукрона намекуни? Неъмати ҳозираро фаромуш мекуни ва бар неъмате, ки ғоиб аст ҳасрат мехури? Аз мардум ҳасад мебари ва аз он чи худат дори дар ғафлати.
Бар ту беморие лозим аст, ки саломатиатро ба хотират биёварад ва дарахти кибру бузургманиширо ва дараҷаи худписандиро аз ту решакан намояд, то қалби ту аз рахти ғофилон бедор шавад.
Ба монанди мурча бош дар бардавом сабр намудан, ҳамоно ӯ ба дарахт сад бор мебарояд ва меафтад, сипас боз боло мебарояд, то ки бирасад. Пас ту хаставу малол машав.
Ва ҳамчун мурча бош, ки ӯ чизи пок мехурад ва чизи покро боқи мегузорад. Пас вақте ба шохае дарафтоди онро машикан ва бар гуле дарафтоди онро ҷароҳат марасон.
Арақи бадани коркунанда аз мушки касе, ки нишастааст бонакҳаттару муъаттартар мебошад. Нафаскашиданҳои машаққаткашанда аз сурудхонии танбал зеботар аст. Ва як нони хушки гурусна аз гусфанди каси дар неъмату осоиш болаззаттар аст.
Аз душвориҳо даҳшат макун ва матарс, зеро ки шер дар баробари ҷамъи шурутон рӯ ба рӯ мешавад дар ҳоле ки аз онҳо даҳшату тарс надорад. Ва аз мушкилиҳо шикоят макун, зеро ки хар борҳоро мебардорад ва нолиш намекунад. Аз он чи талаб дори малулу дилтанг машав, зеро ки саг сайди худро думболагирӣ мекунад агарчанде дар оташ ҳам ворид шавад.
Гумон макун, ки туро офатҳо аз расидан ба мақсадҳо манъ мекунанд, чи қадар бузурге аст, ки бузургиро ба даст овард дар ҳоле, ки ӯ нобино ё гунг ё шал ё ланг будааст. Пас масъала масъалаи ҳимматҳо аст на масъалаи ҷисмҳо.
Шояд, ки онро барои ту Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло манъ кардааст аз рӯи бахшишу ато намудан ва туро аз хостаат боздоштааст аз рӯи лутфу меҳрубониаш ва туро аз муродат таъхир кунонидааст аз ҷиҳати инояташ бар ту, зеро Ӯ таъоло аз ту дида барои ту бинотар аст.
Агар туро сахтие зиёрат кард, пас бидон ки он абри тобистонае аст, ки андак баъд кушода мешавад ва он абр меравад ва туро тундари он матарсонад ва барқаш дар хавф наандозад, шояд, ки он борони пурнеъматеро мебардошта бошад.
Нобино орзу мекунад, ки оламро бубинад ва ношунаво бошад орзури шунидани овозҳоро дорад ва касе аз роҳрафтан мондааст таманнои чанд қадам рафтанро дорад ва касе гунг аст орзуву таманно мекунад, ки чанд калимае бигуяд, дар ҳоле ки ту ҳам мебини ва ҳам мешунави ва ҳам сухан мегуи.
Гумон мабар, ки ҳаёт бар касе комил шуда бошад, касе ки хона дорад мошин надорад ва касе, ки ҳамсар дорад вазифа надорад ва касе, ки иштиҳо дорад шояд таъом надорад ва касе, ки хурданиҳо дорад шояд аз хурдан манъ карда шудааст.
Паррандаро таъомаш бар лонааш намеояд. Шерро таъомаш дар бешаву найзор ба пешаш намеояд. Мурча таъомаш дар масканаш ба ӯ пешкаш карда намешавад. Валекин ҳамаи онҳо талаб мекунанд ва ҷустуҷу мекунанд. Пас ту ҳам талаб кун, ҳамчуноне ки талаб карданд, ту ҳам меёби ҳамчуноне ки онҳо ёфтанд.
Ҳар ғаме, ки ба ту мерасад ин дарсе аст, ки фаромуш намешавад. Ва ҳар мусибате ба ту мерасад он дар хотираи ту нақш бастааст. Аз ин ҷиҳат инҳо матнҳои боқӣ дар зеҳну хотира мебошанд.
Гуворо бод бар касе, ки хоб рафтааст ва мардум барои вай дуъо мекунанд. Ва вой бар касе, ки хоб аст ва мардум бар ъалайҳи вай дуъо мекунанд. Бишорат ва хабари хуш барои касе, ки дилҳо ӯро дуст доштаанд. Ва зиён барои касе, ки забонҳо лаънаташ кардаанд.
МЕДОНИ ДУЪО ЧӢ ТАЪСИРЕ ДОРАД?
ОтветитьУдалитьҚиссаи ҳақиқӣ дар бораи марди оддие аст, ки дар яке аз биноҳо дар минтақаи Ҳарам дар Миср посбон кор мекард. Имкониятҳои моддиаш ниҳоят маҳдуд буданд. Шахсиятҳое, ки мешинохт, низ бар сокинони ҳамин иморат маҳдуд буд. Ӯ як орзӯ дошт, ки умра намояд. Лекин ӯ нағз медонист, ки ин орзӯяш ҳаргиз ҷомаи амал намепӯшад, зеро амалӣ шудани ин орзӯ ба мол ниёз дошт.
Як рӯзе бо
марди калонсоле аз сокинони иморат суҳбати дӯстонае дошт.
Ба ӯ гуфт: Эй фарзандам, ту медонӣ орзӯи ман дар ҳаёт чист? Ин аст, ки умра кунам. Мехоҳам, пеш аз ин ки марг домангирам шавад хонаи Каъбаро бо чашмонам бубинам ва қабри Расули Худо (с)-ро зиёрат намоям. Ана ҳамин орзӯи ман дар ин ҳаёт аст.
Он мард ба ӯ гуфт: Агар Худо бихоҳад амалӣ мешавад.
Ба ӯ гуфт: Эй фарзандам, чигуна ин амалӣ мешавад? Ин муҳол аст. Ман чизе надорам.
Он мард гуфт: Ту танҳо Парвардигорамонро дуъо мекуни.
Ба ӯ гуфт: Яъне чӣ?
Гуфт: Дуъо кун. Дуъо иҷобатшаванда аст.
Ва гуфт: Баъзе оятҳоеанд, ман онҳоро барои шавқманд кардани шумо бар ин фаризае, ки аз баъзе нафарҳо фаромушт шудааст, мехонам . Аз он ҷумла: “Оё кист, ки дуъои музтарро (дармондаро) –чун ӯро бихоҳад- иҷобат мекунад ва бадиро дур мегардонад ...” Намл: ояти 62. “Ва Парвардигоратон фармуда, ки маро бихонед, ман барои шумо иҷобат мекунам”, “Ва вақте бандагонам туро аз ман пурсиданд, ҳамоно Ман қариб ҳастам, дуои хонандаро, вақте маро даъват карда бошад, қабул мекунам”.
Он мард ба ин кор шавқманд гардид ва чунин қарореро дар дил парваронид, ки акнун дуъо мекунад. Як сол гузашт, ӯ ҳоло ҳам дуъо мекард ва аз ин кораш малол ва хаста намешуд. Як маротиба намози ҷумъаро дар яке аз масоҷид мегузорид ва дар аснои саҷда кардан дуъо мекард ва дар дуъояш исрор меварзид. Ин буд, ки садояш аз шиддату сахтии сузишу шавқи орзӯяш ба умра кардан, каме баланд шуд. Ӯ дар ин ҳолат чунин дуъоро такрор мекард: Эй Парвардигори ман! Эй Парвардигори ман! Маро ба умра бибар. Эй Парвардигори ман! Бар ман ба умра кардан миннат бинеҳ. Вақте аз намозаш фориғ шуд, мардеро ки дар паҳлӯяш намоз мегузорид, дид ки ба ӯ салом медиҳад ва ба ӯ мегуяд: Ту умра рафтан мехоҳӣ? Ман туро шунидам, ки дар дуъоят чунин дуъо мекардӣ.
Ба ӯ гуфт: Эй кош.
Гуфт: Ман туро ба умра равона мекунам ва бароят визаро ҳозир менамоям, балки ҳатто туро меҳмондорӣ низ мекунам.
Он мард ба ӯ гуфт: Ту кистӣ?
Гуфт: Ман консули Мамлакати Саъудӣ ҳастам.
Субҳоналлоҳ! Консули Саъудӣ дар ин масҷид намоз мехонад ва махсус дар паҳлӯи ин мард, то дуъоеашро, ки дар осмонҳо як сол пеш инҷониб навишта шудааст, бишунавад. Зеро ӯ аз дуъо кардан ва исрор варзидан барои Парвардигори осмон, ки консули Саъудиро ба ин макон овард, хаста ва малол нашуда буд. То ки ӯ сабаб дар иҷобати дуъои ин мард бошад. Дар вақте, ки шахсиятҳои калон дар масъалаи бо консули Саъудӣ алоқа кардан, дучори мушкилиҳо мешуданд.
Бинобар ин ҳамеша Худоро, дар ҳолати фурӯтанӣ ва бо исрор, дуъо кун. Ва вақтҳои иҷобати дуъоро ҷустуҷӯ намо, орзӯҳои шуморо Худованд иҷобат мекунад.
А. Холид
Ҳазрати Саъд ибни Абиваққос (р)
ОтветитьУдалитьмефармояд, ки ҳазрати Муҳаммад (с) гуфтаанд: “Дар наздикии қиёмат ашхосе зиёд
хоҳанд шуд, ки шикамашонро ба воситаи забон пур мекунанд.” Ин ба он маъност, ки
иддае чанд соат суханронӣ
карда, дили оммаро ба худ моил месозанд ва инро воситаи рӯзгузаронии хеш қарор медиҳанд. Он маблағеро, ки аз ин роҳ ба
даст меоранд, бе ин ки дар ҳалолу ҳаром мулоҳиза кунанд, онро хуб ҳазм
мекунанд, ба мисли гове ки бе мулоҳизаи тару хушк шикамашро аз алаф пур
месозад.
Расули Худо (с) зиёдгӯӣ
ва тезгӯиро нохуб мешумурданд ва аз ин сабаб
дар аҳодиси бисёр ба кам гуфтан таъкид намудаанд ва аз босуръат гап задан манъ
кардаанд. Худашон хеле суфтаву равон сухан мегуфтанд. Чунончӣ, Ҷобир
(р) мефармоянд, ки калимаҳои Расулуллоҳ (с) ҷудо ҷудову
равон буданд. Ҳамчунин Бибиоиша (р) фармудаанд: “Расулуллоҳ (с) монанди шумоён
калимаҳоро бо ҳам намечаспонд, балки он тавр сухан мекард, ки тамоми калимаҳо ҷудо-ҷудо
мешуданд ва ҳамнишинон онро ёд мегирифтанд.”
Мутаассифона, дар замони мо беҳтарин суханрон касе дониста мешавад, ки чанд
соат паиҳам суханронӣ
кунад ва суханонашон болотар аз фаҳми ҳозирин бошад.
Шахсе дар назди ҳазрати Амр ибни Ос (р) хеле дуру дароз суханронӣ кард. Ишон фармуданд, ки агар ин шахс суханрониро ин қадар
тӯл намедод, барояш беҳтар буд. Зеро
ман аз Расули Худо (с) шунидаам, ки гуфта буд: “Ман ба кам гуфтан ҳукм шудаам,
зеро кам гуфтан хеле беҳтар аст.”
Имом Тирмизӣ
аз Абдуллоҳ ибни Умар (р) нақл кардааст, ки ҳазрати Муҳаммад (с) фармудаанд:
“Худои Таъоло аз одами забондароз норозӣ мешавад, ки забони худро ба вақти суханронӣ дар даҳон мегардонад, монанди гове, ки ба вақти хӯрдани алаф забонашро мегардонад.”
Мутаассифона, мақсади иддае аз воизону суханварони имрӯза амал кардан нест, балки мақсадашон фақат ин аст, ки
мардум аз суханрониашон лаззат бибаранду ба онҳо алоқаманд шаванд. Аз ин сабаб
ваъзу насиҳаташон ба халқ таъсир намекунад. Дар ҳаққи чунин воизон ҳазрати
Муҳаммад (с) фармудаанд: “Ҳар кӣ
таълим бигирад илмеро, ки бояд мақсуд аз он фақат ризои Худои Мутаъол бошад,
лекин дар асл мақсади ӯ
танҳо ҳосил кардани моли дунё бошад, пас ин шахс бӯи биҳиштро нахоҳад ёфт.”
ФАРЗАНДРО АДАБ ОМУЗЕД
ОтветитьУдалитьШахсе назди Абуҳафси Искандарӣ (р) омада шикоят кард:
-Писарам маро бо калтак бизад. Абуҳафс нороҳат шуда фармуданд: -Субҳоналлоҳ!
Наход писар падарро бизанад? Оё писаратро ба мактаб дода будӣ?
Мард гуфт: - Не.
Боз пурсиданд: - Оё ба ӯ Қуръонро ёд додаӣ?
Он мард ҷавоб
дод: - Не ҷаноб,
Қуръон низ нахондааст.
Боз пурсиданд: -Писарат чӣ шуғле дорад?
Мард гуфт: - Чорводорӣ мекунад.
Абӯҳафс
(р) пурсиданд: - Медонӣ писарат барои чӣ туро задааст?
Мард посух дод: -Не намедонам.
Абӯҳафс
(р) фармуданд: - Фикр мекунам, ӯ ҳар рӯз пагоҳӣ ба хар савор шуда аз дунболи пода меравад. Азбаски ту ба ӯ
Қуръон ёд надодаӣ
ӯ
ҳангоми ҳаракат тарона мехонад. Бинобар ин вай туро гов хаёл карда, бо калтак
задааст. Худоро шукр гӯй, ки саратро ин накафондааст.
Аз мазмуни ҳикоя бармеояд, ки фарзандро илму адаб ва ҳунар бояд омӯхт.
Вагарна баробари бузург шудан фарзанд барои волидайн бори гарон шуда аз ӯ ба ҷамъият
фоидае намерасад.
Биъсати хазрати Мухаммад (с)
ОтветитьУдалитьХудованди таборак ва таоло Мухаммад ибни Абдуллох салаллоху алайхи васалламро дар синни чихилсолаги ба паёмбари ихтиёр намуд. Расули худо салаллоху алайхи васаллам дар Макка мардумро ба суи ихлоси ибодат, ягонапарасти ва тарки ибодати гайри худо даъват намуд. Сипас худованд уро аз Макка ба Байтулмукаддас ва аз он чо ба суи осмон боло бурд, ки онро меъроч меноманд ва дар он чо намозхои панчгона бар у ва умматаш бидуни хеч воситае байни у ва худо фарз шуд. Сипас баъд аз ин, ки Расули худо салаллоху алайхи васаллам сездах сол дар Макка мардумро ба ягонапарасти даъват намуд, худованд ба вай дастур дод, то ба Мадина хичрат намояд ва дар рохи худо чиход ва мубориза кунад. Вай худуди дах сол дар Мадина барои нашри дин ва оини худованд чиход кард, то ин, ки мардум даста-даста ба дини ислом гаравиданд. Хангоме, ки умри он хазрат ба шасту се расид, худованд динро комил кард ва Расулуллох салаллоху алайхи васаллам динро ба мардум расониданд. Худованд ба Расулаш салаллоху алайхи васаллам хабар дод, ки ачали у наздик шуда ва ба зуди дунёро ба суи охират ва ликои худованди видоъ хохад гуфт.
Аз Оиша (р) ривоят аст, ки фармуданд:
توفّى النبي صلى الله عليه وسلّم وهو ابن ثلاث وستين سنة. (متفق عليه).
«Расули акрам салаллоху алайхи васаллам дар синни шасту се солаги дунёро видоъ гуфтанд.»
Фасл
Аввалини паёмбарон, ки ба суи мардум фиристода шуданд, Нух алайхис салом ва охирини онхо Мухаммад ибни Абдуллох салаллоху алайхи васаллам мебошанд. Худованд таборак ва таоло мефармояд:
إِنَّا أَوْحَيْنَا إِلَيْكَ كَمَا أَوْحَيْنَا إِلَى نُوحٍ وَالنَّبِيِّينَ مِنْ بَعْدِهِ. (النساء:163).
«Мо ба суи ту вахй фиристодем чуноне, ки ба суи Нух ва анбиёе, ки баъд аз у фиристода шудаанд, вахй фиристодем».
وَمَا مُحَمَّدٌ إِلاَّ رَسُولٌ. (آل 144).
«Мухаммад расул ва фиристодаи худо аст».
مَا كَانَ مُحَمَّدٌ أَبَا أَحَدٍ مِّن رِّجَالِكُمْ وَلَكِن رَّسُولَ اللَّهِ وَخَاتَمَ النَّبِيِّينَ.
(الأحزاب:40).
«Мухаммад падари хеч як аз мардони шумо нест, вале у расули худо ва нигини паёмбарон аст.»
На падари Зайд ибни Хориса ва на гайр аз у чун Мухаммад салаллоху алайхи васаллам писаре надошт, ки бузург шавад, балки тамоми писаронаш дар кудаки дунёро видоъ гуфтанд. Расули акрам салаллоху алайхи васаллам дорои чахор фарзанди писар шуд, се тан онхо яъне Косим, Тайиб ва Тохир разияллоху анхум модарашон Хадича разияллоху анхо ва Иброхим разияллоху анху аз Морияи Кубтия разияллоху анхо мутаваллид шуданд. Зайд ибни Хориса писари у нест дар холе, ки мардум уро Зайд ибни Мухаммад садо мекарданд, балки у писархонди у буд ва он хам кабл аз мансух ва нобудии табанни ва ахкоми он буд.
Табанни ба маънои ба фарзанди кабул кардан аст. Дар чохилият ва ибтидои ислом табанни ривоч дошт ва он чунин аст, ки агар чавоне бошахомат ва шучоъ, ки дорои сифоти хуб бошад, уро фарзанди худ карор дода ба у баъд аз мурдан мероси як писар медоданд. Худованд бо нозил кардани ояти зерин табанниро насх ва ботил намуд:
اُدْعُوَهُمْ لآبَائِهِمْ هُوَ أَقْسَطُ عِندَ اللَّهِ . (الأحزاب:5).
«Писархондахоро ба падарашон нисбат дихед, ин назди худованд ба адл ва рости наздиктар аст ва агар падаронашонро намешиносед, пас онхо онхо бародарони дини ва ёрони шумо хастанд».
Осоишу рохат дар кабр ва азоби он.
ОтветитьУдалитьБояд ба осоиш ва азоби кабр имон дошта бошем, ба ин маъни, ки кабри муъмин васеъ ва нурони мешавад ва даре аз дархои бихишт ба руяш боз мешавад ва кабри кофир танг шуда ва даре аз дархои чаханнам ба руи у кушода мешавад.
Худованд аз оли Фиравн хабар дода, ки дар кабрхояшон кабл аз барпо шудани киёмат азоб дода мешавад ва оташи чаханнам хар руз субху шом бар онхо арза мешавад, чуноне, ки мефармояд:
وَحَاقَ بِآلِ فِرْعَوْنَ سُوءُ العَذَابِ . النَّارُ يُعْرَضُونَ عَلَيْهَا غُدُواًّ وَعَشِياًّ وَيَوْمَ تَقُومُ السَّاعَةُ أَدْخِلُوا آلَ فِرْعَوْنَ أَشَدَّ العَذَابِ. (غافر:45-46).
«Ва азоби сахт бар оли Фиравн фаро расид, оташи дузахро субх ва шом бар онхо арза медоранд ва чун рузи киёмат шавад хитоб ояд, ки оли Фиравнро ба сахттарин азоби чаханнам ворид кунед».
Аз Расули акрам салаллоху алайхи васаллам ба субут расида аст, ки фармуданд:
«Вакте, ки бандаи худо дафн шуд ва дустонаш аз атрофи у дур шуданд ва у садои пои ононро мешунавид, ду фаришта пеши у меоянд ва уро менишонанд ва ба у мегуянд: Дар мавриди ин мард чи мегуфти? Яъне Мухаммад салаллоху алайхи васаллам, пас агар муъмин бошад мегуяд: Гувохи медихам, ки у банда ва фиристодаи худост. Пас ба у гуфта мешавад: Нигох кун ба суи чойгохе аз чаханнам, бори таоло онро ба чойгох ва маскане аз бихишт табдил карда ва хамаи онро мебинад ва кабри у хафтод зироъ вусъат пайдо мекунад ва аз гулхо ва сабзахо то рузи киёмат пур мешавад. Аммо кофир ва ё мунофик ба у гуфта мешавад: Чи мегуфти дар бораи марде, ки миёни шумо зухур кард? Чавоб медихад: Намедонам ончи мардум мегуфтанд, мегуфтам. Пас ба у гуфта мешавад: Надонисти ва нахонди, сипас зарбае бо охан байни ду гуши у зада мешавад ва у фарёд ва наърае мекашад, ки ба чуз инсонхо ва чинн соири атрофиёнаш овози уро мешунаванд ва кабр бар у танг мешавад то ин, ки дандонхояш дар хам шикаста шавад.»
(Ба ривояти Бухори ва Муслим).
Махшар, подошу мукофот ва чазо.
ОтветитьУдалитьАхли суннат ва чамоат имон ба рузи растохез (киёмат)-ро вочиб медонанд. Дар он руз некукорон подоши амали нек ва бадкорон чазои амали бади худро хоханд дид. Инкоркунандаи рузи киёмат ва подошу чазои онро кофир медонанд. Худованд дар Куръон зикр карда, ки ахли кубурро дар он руз зинда хохад кард, чуноне ки мефармояд:
زَعَمَ الَّذِينَ كَفَرُوا أَن لَّن يُبْعَثُوا قُلْ بَلَى وَرَبِّي لَتُبْعَثُنَّ ثُمَّ لَتُنَبَّؤُنَّ بِمَا عَمِلْتُمْ وَذَلِكَ عَلَى اللَّهِ يَسِير.
(التغابن:7).
«Кофирон гумон карданд, ки харгиз пас аз марг барангехта намешаванд. Эй Расули худо ба онхо бигу: Ба худои ман савганд, ки албатта барангехта мешавед ва сипас ба натичаи аъмоли худ мерасед ва ин барои худованд бисёр осон аст».
Хамчунин инсонхо рузи растохез аз тамоми кирдори нек ва бад, бузург ва кучак, ки дар зиндаги анчом додаанд, бозпурси хоханд шуд, чуноне, ки худованд мефармояд:
وَوُضِعَ الكِتَابُ فَتَرَى المُجْرِمِينَ مُشْفِقِينَ مِمَّا فِيهِ وَيَقُولُونَ يَا وَيْلَتَنَا مَا لِهَذَا الكِتَابِ لاَ يُغَادِرُ صَغِيرَةً وَلاَ كَبِيرَةً إِلاَّ أَحْصَاهَا وَوَجَدُوا مَا عَمِلُوا حَاضِراً وَلاَ يَظْلِمُ رَبُّكَ أَحَداً.
(الكهف:49).
«Ва дар он руз номаи аъмоли нек ва бади халкро пеш ниханд ва ахли гунох ва маъсиятро аз он чи дар номаи амали онхост тарсон ва харосон мебини, дар холе, ки бо худ мегуянд: Эй вой бар мо, ин чигуна китобе аст, ки аъмоли кучак ва бузурги моро фуру нагузошта хамаро як-як шумурда аст ва дар он китоб хама аъмоли худро хозир мебинанд ва худо ба хеч кас ситам намекунад».
Муъмин хисобаш осон аст ва шодмона ва масрур ба тарафи хешони худ хохад рафт. Аммо кофир хисобаш сахт ва душвор аст ва норохат ва вахшатзада, аз шиддати хисоб ва бадии сарнавишт орзу мекунад, ки эй кош хок буд, то чунин ба оташи дузах намесухт.
Худованд баъд аз он халоикро бар асоси аъмол ва кирдораш чазо медихад, некукоронро подош медихад ва бадкоронро ба сазои аъмолашон мерасонад. Бори таоло мефармояд:
وَلِلَّهِ مَا فِي السَّمَوَاتِ وَمَا فِي الأَرْضِ لِيَجْزِيَ الَّذِينَ أَسَاؤُوا بِمَا عَمِلُوا وَيَجْزِيَ الَّذِينَ أَحْسَنُوا بِالْحُسْنَى.
(النجم:31).
«Ва ончи дар осмонхо ва замин аст, хама мулки худост, то бадкоронро ба сабаби аъмолашон ба кайфар бирасонад ва некукоронро подоши некутар ато кунад».
Вазифаи мусулмонон дар баробари Расулуллох
ОтветитьУдалить(салаллоху алайхи васаллам)
Имон ба паёмбар салаллоху алайхи васаллам бар мо мусулмонон вочиб аст, хамчунин аз авомир ва дастуроти у бояд пайрави кунем ва аз ончи нахй кардааст, дури чуем ва бар мо вочиб аст, ки уро хотам ва сайиди хамаи паёмбарон бидонем. Имони хеч бандае дуруст намешавад магар ин, ки бовар ва якин дошта бошад, ки Мухаммад салаллоху алайхи васаллам фиристодаи худо ба суи инс ва чинн то рузи киёмат аст ва хеч паёмбаре баъд аз у нахохад омад ва худованд шафоати азимеро ба у ихтисос дода аст ва он шафоат рузи киёмат аст хангоме, ки худованд байни бандагонаш казоват мекунад ва хама анбиё аз шафоат назди худо худдори мекунанд, дар ин вакт Расули акрам салаллоху алайхи васаллам зери арши худованд ба сачда меафтад ва аз худованд ичоза мехохад, то дар бораи ахли махшар шафоат кунад, дар ин хол худованд мегуяд:
يا محمد ارفَعْ رَأسَك وسَلْ تُعْطَه واشْفَعْ تُشفَع.
«Эй Мухаммад, саратро баланд кун ва суол кун, ончи мехохи ба ту дода хохад шуд ва шафоат кун, ки шафоати ту пазируфта мешавад».
Мухаббат ва дуст доштани сахобагон.
ОтветитьУдалитьВазифаи хар мусулмон аст, ки фазоили сахобаи Расули худо салаллоху алайхи васалламро бидонад, хубихо ва некихои онхоро ёдовари намояд. Онхо дар имон овардан ба Куръон ва суннат аз мо сабкат ва пеши гирифтанд, дар рохи таблиги рисолати ислом ба мардум, аз чону мол гузаштанд ва дар рохи худо чиход ва мубориза карданд, то исломро ба мо ва хамаи чахониён бирасонанд, Куръон ва суннатро хифз намуданд ва ба камоли амонатдори ва дурусти ба насли баъди мунтакил карданд. Пас бар мост, ки хамаи ин некихоро ба ёд дошта бошем, барои онхо дуруд фиристода, истигфор кунем, чунончи худованд дар Куръони карим мефармояд:
وَالَّذِينَ جَاءُوا مِنْ بَعْدِهِمْ يَقُولُونَ رَبَّنَا اغْفِرْ لَنَا وَلإِخْوَانِنَا الَّذِينَ سَبَقُونَا بِالإِيمَانِ وَلاَ تَجْعَلْ فِي قُلُوبِنَا غِلاًّ لِّلَّذِينَ آمَنُوا رَبَّنَا إِنَّكَ رَءُوفٌ رَّحِيمٌ.
(الحشر:10).
«Ва касоне, ки баъд аз мухочирин ва ансор меоянд, яъне тобеин ва хамаи муъминон, дуояшон ба даргохи худованд ин аст, ки; парвардигоро мо ва хама бародарони динии моро, ки дар имон овардан аз мо сабкат гирифтанд, биёмурз ва дар дилхои мо хеч гуна кина ва хасаде нисбат ба муъминон карор мадех, парвардигоро ту бисёр бахшанда ва мехрубони».
مُحَمَّدٌ رَّسُولُ اللَّهِ وَالَّذِينَ مَعَهُ أَشِدَّاءُ عَلَى الكُفَّارِ رُحَمَاءُ بَيْنَهُمْ تَرَاهُمْ رُكَّعاً سُجَّداً يَبْتَغُونَ فَضْلاً مِّنَ اللَّهِ وَرِضْوَاناً سِيمَاهُمْ فِي وَجُوهِهِم مِّنْ أَثَرِ السُّجُودِ ذَلِكَ مَثَلُهُمْ فِي التَّوْرَاةِ وَمَثَلُهُمْ فِي الإِنجِيلِ كَزَرْعٍ أَخْرَجَ شَطْأَهُ فَآزَرَهُ فَاسْتَغْلَظَ فَاسْتَوَى عَلَى سُوقِهِ يُعْجِبُ الزُّرَّاعَ لِيَغِيظَ بِهِمُ الكُفَّارَ وَعَدَ اللَّهُ الَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ مِنْهُم مَّغْفِرَةً وَأَجْراً عَظِيماً. (الفتح:29).
«Мухаммад фиристодаи худост ва ёрони у бар куффор бисёр сахтанд ва бо якдигар бисёр мехрубонанд, онхоро дар рукуъ ва сачда мебини дар холе, ки фазл, рахмат ва хушнудии худовандро аз у мехоханд, бар рухсорашон аз асари сачда нишонахое (нуроният падидор аст), васфи холи онхо дар Таврот ва Инчил омадааст. Мисоли онхо ба донае мемонад, ки чун тоза сар аз хок берун оварда нозук ва заиф аст, сипас сахт ва кави мешавад ба тавре, ки дехконон дар тамошои он хайрон монанд. (Асхоби Мухаммад низ инчунин буданд аз заъф ба кувват расиданд, то кофирони чахон аз кудрату муковимати онхо ба хашм омаданд.) Худованд ваъда додааст, ки хар кас аз онхо имон оварданд ва аъмоли нек анчом доданд, уро бахшида ва подоши бузург иноят фармояд».
Расули акрам алайхис салом мефармоянд:
لا تسبّوا أصحابي فوالذي نفسي بيده لو أنّ أحدكم أنفق مثل أحد ذهبا ما بلغ مدَّ أحدهم ولا نصيفه. ( بخاري، مسلم، أبوداود، الترمذي وابن ماجة).
«Ёрон ва сахобагони маро носазо нагуед ва дашном надихед! Савганд ба зоте, ки хаётам дар дасти уст, агар яке аз шумо ба андозаи кухи Ухуд садака намояд, ин бахшоиши у ба микдори атои як кафи дасти онхо ва хатто нисфи он намерасад».
Вазифаи мусулмонон дар баробарихулафои рошидин.
ОтветитьУдалитьХулафои рошидин: Абубакр, Умар Усмон ва Али (разияллоху анхум) мебошанд, ки баъди паёмбар (с) халифаи мусалмонон буданд. Мо бояд ононро, ки аз бузургони ёрони паёмбаранд, дуст дошта бошем ва аз худованд барои онхо талаби ризоят кунем ва эътикод дошта бошем, ки тартиби хилофати онхо бар асоси фазилат ва бартарии онхо бар якдигар аст, хамчуноне, ки гузаштагони мо аз уламои ахли суннат ин эътикодро доштанд. Абубакр дар хилофат ва фазилат бар хама мукаддам аст, сипас Умар ва баъди у Усмон ва саранчом Али разияллоху анхум ачмаин.
Абубакр аз хамаи онхо бехтару бофазлтар аст, зеро паёмбар алайхис салом дар рузхои охири зиндагии хеш хангоме, ки мариз шуданд вайро бар хамаи ёрони хеш мукаддам карданд ва уро имом карор доданд, то мардум дар намоз ба у иктидо кунанд.
Аз Чубайр ибни Мутъим (р) ривоят аст, ки:
أتت امرأة النبي صلى الله عليه و سلّم فأمرها أن ترجع إليه، قالت: أرأيت إن جئتك ولم أجدك؟ - كأنها تقول الموت – قال: إن لم تجديني فأتي أبابكر.
(متفق عليه).
«Зане назди паёмбар салаллоху алайхи васаллам омад ва бо у дар мавриди масъалае сухан гуфт, сипас фармуданд: Агар корат тамом шуд баргард. Он зан гуфт: Эй Расулуллох агар баргаштам ва шуморо наёфтам, чи кунам? Касди он зан ин буд, ки агар омадам ва шумо дунёро видоъ гуфта будед, дар ин хол маро хабар дихед, ки чи кунам? Фармуданд: Агар маро наёфти, назди Абубакр бирав!»
Аз Абдуллох ибни Салама ривоят аст, ки мегуяд:
سمعت عليّا يقول: خير الناس بعد رسول الله صلى الله عليه وسلم أبو بكر، وخير الناس بعد أبي بكر عمر.
(أحمد، بخاري، ابن ماجة).
Аз Али ибни Аби Толиб шунидам, ки мефармуд: «Бехтарини мардум баъд аз Расулуллох салаллоху алайхи васаллам Абубакр аст ва бехтарини мардум баъд аз Абубакр Умар мебошад.»
(Ба ривояти Ахмад, Бухори ва Ибни Моча)
Ва дар ривояте дигар Али мегуяд: «Оё шуморо аз бехтарини мардум аз уммати Мухаммад салаллоху алайхи васаллам баъд аз Расулуллох салаллоху алайхи васаллам огох созам? Абубакр ва баъд аз Абубакр Умар бехтарини уммат хастанд.»
Хамчунин сахобагон бо ичмоъ ва бидуни хилоф Абубакрро мукаддам сохтанд. Хангоме, ки Абубакр васият кард, то Умар баъд
Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим
ОтветитьУдалитьВақте, ки ҳаёти қалб бо имон ҳадафе бошад, ки ба воситаи он бандагии Аллоҳ таъоло амалӣ мешавад, пас инҷо суоле матраҳ мегардад, ки мусалмон ба ин ҳадаф чигуна метавонад бирасад?
Аллоҳ таъоло василаҳоеро, ки моро ба он ҳадафи олӣ хоҳад расонд, раҳнамоӣ кардааст. Ин василаҳо, ибодатҳо бо ҳарду қисме, ки доранд, яъне ибодатҳои қалбӣ ва ибодатҳои баданӣ, мебошанд.
"Эй инсонҳо, Парвардигоратонро, ки шуморо ва касонеро, ки пеш аз шумо буданд офаридааст, ибодат кунед, шояд тақводор шавед". Сураи Бақара. Ояти: 21.
Ибодатҳо давоҳои бисёр фоидабахшанд, онҳо қалбро ёрӣ медиҳанд, то битавонад бандагии комилашро ба Аллоҳ таъоло амалӣ кунад.
Мо барои ин гуфтаҳо мисолҳо меорем:
Намоз ибодате аст, ки инсони мусалмонро ба фурӯтанӣ ва варшикастагӣ дар пешгоҳи Парвардигораш эҳсос мекунонад. Ин василаи ниҳоят бузурге аст барои пайвастан ба Аллоҳ таъоло, барои муноҷот бо Ӯ намудан, эҳсоси қурби онро дарёфтан, ба ӯ усн гирифтан ва шавқ дар қалб пайдо кардан, эҳсос мекунонад. Дар натиҷаи он хузуъ ва фурӯтании бештарашро ба Аллоҳ таъоло ҳис мекунад. Ба ин сурат имон аз хилоли ин намоз зиёда мегардад ва осори он имон дар ангезаҳои инсон ва рафтораш зоҳир мегардад. Пас барои анҷоми корҳои хайр шитоб мекунад, ангезаи дохилиаш қувват мегирад ва муқовамати он бар зидди корҳои маъсият ва наздик шудан ба онҳо, қавӣ мешавад. Пас ин ояти Худовандӣ таҳаққуқ пайдо мекунад, ки: "Намозро барпой дор, ки намоз аз фаҳшо ва мункар манъ мекунад" Сураи Анкабут. Ояти:45.
Садақа ибодати бузург аст, ки қалбро аз бемориҳои дустдории дунё ва ба он тааллуқ гирифтан, илоҷ мекунад. Яъне он қалбро пок месозад ва қувваташро бештар мегардонад. "Аз молҳояшон садақа бигир, ки онҳоро пок бисози ва ба воситаи он тазкияашон намои" Сураи Тавба. Ояти: 103.
Рӯза доштан, инсонро барои ҳоким шудан бар нафси худ ва онро ба тақвои Худованд маҷбур намудан, ёрӣ мерасонад. "Бар шумо рӯза доштан фарз гардонида шуд, ҳамчуноне ки бар касоне, ки пеш аз шумо буданд, шояд ки тақводор шавед" Сураи Бақара. Ояти: 183.
Зикр намудан, ҳадафаш ба ёд овардани Аллоҳ таъоло мебошад. Ба ёд овардани азамату бузургӣ ва ҷамолу икроми Ӯ таъоло. Пас инсон ба ин сурат итминон ва боварию имонаш бештар мегардад. "Огоҳ бошед, ки ба зикри (ёд намудани) Аллоҳ қалбҳо мутмаину ором мешаванд". Сураи Раъд. Ояти: 28.
Ба ҳамин сурат аст дар боқии ибодатҳои қалбӣ ва ибодатҳои баданӣ. Он ибодатҳое, ки як манзумаи мутакомилро ташкил медиҳанд ва аз хилоли дуруст анҷом додани онҳо, он ҳадафи бузург аз вуҷуди мо дар рӯи ин замин, амалӣ мегардад.
Ҳеч ибодате нест, ки Аллоҳ таъоло моро ба он раҳнамоӣ кардааст магар ин ки ба монанди василае ва маркабе аст, ки моро ба сӯи пеш дар иттиҷоҳи қурби Худованди субҳон мебарад, то ба он ҳадафи бузург дар дунё бирасем. " Аллоҳро чунон ибодат намоӣ, ки гӯё онро медида боши" ва дар охират "Ва Худованд касонеро, ки тақворо пеша кардаанд ба растагриашон наҷот медиҳад" Сураи Зумар. Ояти:61, ноил гардем.
Бехтарин
ОтветитьУдалитьСаломат бошед бародар
Удалить