среда, 31 декабря 2014 г.

ЗАНҲОИ МО БОЯД САРФАКОР БОШАНД


Сипос Худойро Парвардигори оламиён ва дуруду салом ба пайғамбари Худо, бар хонадону ёрон ва бар ҳар касе аз дўстдоронаш бод. Ва аммо баъд:

 Ба ҳар зани мусулмоне, ки ба парвардигории Аллоҳ Таъоло, ба пайравии дини мубини Ислом ва ба паёмбарии Муҳаммад (с.а.с) розӣ ва хушнуд аст.
Ба ҳар модаре, ки фарзандонашро дар рўҳи парҳезкорӣ, Худотарсӣ ва ахлоқи нек тарбият мекунад, дар пайравӣ аз суннати Паёмбар (с.а.с) парвариш менамояд ва анҷом додани амалҳои нек ва писандидаро барояшон маҳбуб мегардонад.
 Ба ҳар зани мусулмоне, ки мушкилоти замона, нобасомониҳои рўзгор, дурии маҳбуби ғамгусор ва хорию зиллати бешумор ғамгину маҳзунаш кардааст.
Зан — модар, фариштаи рўйи замин аст, — гуфтаанд донишмандон. Он поку беолоиш ва басо бузургу меҳрубон аст. Ба ин офаридаи Худованд касе шак оварда наметавонад. Дар баробари ин, мутаассифона, аксар вақт сабаби ба исрофкорӣ даст задани онҳо дигаронро мушавваш мегардонад. Ҳангоми тўй ва таҷлили дигар маҳфилҳо онҳо бештар ба исрофкорӣ роҳ медиҳанд, ки чандон кори оқилона нест.Хуб  мешуд, ки дар баробари меҳмоннавозиву меҳрубон буданашон боз сарфакор ҳам бошанд, зеро дар мақоли халқӣ омадааст: «Сарфаи сари оташдон — савдогари Ҳиндустон». Фикр мекунам, ки  барои сарфакори дар оила бояд занҳои азизи мо бояд даст бигиранд  ва  ба исрофкориҳои зиёд даст  назананд. Дар вақташ ҳама гуна расму оин, анъана ва одатро аз гузаштагон омўхтем ва акнун вақти он расидааст, ки сараро аз носара ҷудо намоем. Ба қавле амалеро имрўз ба сомон расонда, фардо аз карда пушаймон нашавем.
Модарони азиз хоҳарони гироми ва занҳои оқилу донои мо шумо бояд ба қадри  меҳнатҳое,ки мардҳо,бародарон,падарон ва  писарони шумо дар муҳоҷират дар ғариби мекуанад ва ба шумо маблағ мефиристонанд шумо сарфакорона онро истифода баред дар оилаи худ аз ҳар хел исрофкориҳои беҳуда ,ки ва урфу одатҳои милли мо мондааст худдори кунед.Ба ҷойи исрофи беҳуда дар маъракаҳо шумо он маблағро дар танзими оила, тарбияи фарзандон истифода баред хуб мешуд.
Тарбияи фарзандон мади аввал аст нисбати ин маъракаҳое,ки оилаи шуморо ба касоди оварда мерасонанд.Вале  сад афсус,ки то ҳол модарони бисёре ҳастанд,ки дар оила бе сарфаро ҳастанд. Маблағи фиристодаи шавҳар ё фарзандонашонро беҳуда ва исрофкорона сарф мекунанад барои таври замона,ки бояд аз ҳамсоя кам набошем гуфтани.Фикр мекунам ки агар занҳои мо ба илму фарҳанг мебуданд ба  оилаҳои худ бештар нафърасон мешуданд ва ба қадри меҳнати пули меомадаги мардҳо мерасиданд.
Тӯйи издивоҷ аз назари ислом суннат аст. Дар издивоҷ аз назари ислом тӯй кардан машрӯъ (он чи шариат онро раво ва ҷоиз медонад) аст, зеро ҳазрати Пайғомбар (с) фармудаанд: «Тӯй кун, агарчи бо як чорво ҳам бошад». Қобили зикр аст, ки дар Сунани Абӯдовуд аз Пайғомбари Худо (с) ривоят мешавад,ки фармудаанд: «Рӯзи якуми тӯй ҳақ аст, рӯзи дуюм урф (расму таомул) аст ва рӯзи сеюм риёву худнамоист». Пас бояд тӯй як доира ва ҳадди худро дошта бошад. Аммо тӯйҳои маъмулии мо, ки оҳиста-оҳиста он шакли риёкорӣ, хароҷоти зиёд ва баъзан се рӯзу аз он зиёдро дарбар мегирифт, аз назари ислом ҷоиз набуда, барои оилаҳои навбунёд баракс зарарҳои моддию маънавӣ меоварданд.
Бояд тазаккур дод, ки аз назари ислом баргузории тӯйи арӯсӣ бояд дар ҳадди эътидол сурат гирад. Дар ҳадиси шариф омадааст: “Беҳтарини занон ононеанд,ки хароҷоти никоҳашон сабуктар бошад”. Ба ҳамагон маълум аст,ки дар ҳамаи корҳо таносуби  муайян, худдорӣ ва  сарфакорӣ лозим астҲамчунин Пайғомбари акрам(с) фармудааст: «Одами сарфакор ҳеҷ гоҳ мискин (камбағал)намешавад» (ривояти Имом Аҳмад).
Мақсади таҳияи қонуни мазкур низ ба хотири сарфаи буҷети оилави мардум, мақсаднок истифода намудани он аст, аз ҷумла барои зиндагии осоиштаи муносиб, таълими дурусти фарзандон, муҳайё кардани шароити зиндагӣ барои аҳли оила мебошад.
 Дар ояти 31, сураи Аъроф чунин омадааст:
“Бихӯред ва бинӯшед, вале исроф макунед, зеро (Худованд) исрофкоронро дӯст намедорад ”.
Ҳамчунин Худованд ба ҳадде ин амалро накӯҳиш карда, ки дар сураи Исро, оёти 26 ва 27 мефармояд:
ВА бисёр исроф макунед. Ба дурустӣ, ки исрофкунандагон бародарони шайтонанд ва шайтон (ҳам) нисбат ба Парвардигори худ носипос аст”.
Ҳамчунин Худованд дар беш аз 10 сура дар мавзӯи исроф баён доштааст, ки ҳамаи паҳлӯҳои ҳаёти инсонро дар бар мегирад. Масалан: 1 - Сураи Анъом, ояти 141, 2- Сураи Аъроф, ояти 31, 3-Сураи Юнус, ояти 12 ва 83, 4- Сураи Анбиё, ояти 9, 5- Сураи Шуаро, ояти 151, 6-Сураи Ғофир, ояти 43, 7 -Сураи Зухруф, ояти 5, 8 -Сураи Духон, ояти 31, 9- Сураи Зорриёт, ояти 34.
Риоя намудани ҳар банди  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳатмист, зеро ҳеҷ кадом як нишондоди он мухолифи дини Ислом ва фармудаҳои Худованд набуда, балки як навъ дастурест, моро аз сарфи беҳуда пешгирӣ менамояд. Чунин зуҳуроти номатлуб ҳамеша мўҷиби паст рафтани масоили иқтисодии ҳар оила аст. Фақат ақли солим даркор, ки нуктаҳои онро аз сари нав биомўзем ва фикри ғолибро дастгирӣ намуда, дар рўзгорамон истифода барем.
Ҳадафи Қонуни ҶумҳурииТоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баланд бардоштани сатҳи зиндагии иҷтимоӣ ва иқтисодии мардуми кишварамон мебошад. Пешвоидин мубини Ислом ҳазрати Муҳаммад(с) низ пайравони худро аз беҳудагӯию исрофкорӣ барҳазар дошта, чунин фармудаанд: “Бадтарин пайравони ман  касонеанд, ки дар нозу неъмат ба дунё омадаанд ва маркабҳои гуногунро бо исроф савор мешаванд ва вақт худро ба суханони беҳуда пур мекунанд ва дар хӯрдану пӯшидан исрофкориро пеша мекунанд”.

Комментариев нет:

Отправить комментарий