суббота, 29 марта 2014 г.

Намоз мисли хуршед аст

Намоз  мисли хуршед аст,ки инсонҳо ба Ӯ  ниёз доранд.
Агар ҳамаи мардум рӯ ба хуршед хона бисозанд чизе ба хуршед изофа намешавад ва агар ҳамаи мардум пушт ба хуршед хона бисозанд чизи аз хуршед кам намешавад. Хуршед ниёзе ба мардум надорад, ки рӯ ба ӯ кунанд ин мардум ҳастанд ки барои дарёфти нур ва гармо бояд хонаҳои худро рӯ ба хуршед бисозанд.
Худованд ба ибодоти мардум ниёзе надорад, ки фармон додааст намоз бихонанд ин мардум ҳастанд, ки бо рӯ кардан ба Ӯ аз алтофи хоси илоҳӣ бархурдор мешаванд ва рушд мекунанд.
Қуръон мефармояд: Агар ҳамаи мардум кофир шаванд зараре дар Худованд асар надорад, зеро Ӯ аз ҳама инсонҳо бениёзаст. إِن تَكْفُرُوا أَنتُمْ وَمَن فِي الْأَرْضِ جَمِيعًا فَإِنَّ اللَّـهَ لَغَنِيٌّ حَمِيدٌ”.(сураи Иброҳим, ояи 8)
«Намоз  яке  аз асосҳои шариати ӣслом аст. Намоз  боиси ризои Парвардигор ва сират (роҳ) –и пайғамбарон ба сӯи Худост. Барои  намозгузор дӯстии фариштагон, ҳидоят ва имон, нури маърифат ва шинохти Парвардигор, ташхиси (ҷудокунии) ҳақ аз ботил, баракат дар ризқу рӯзӣ, роҳату саломатии бадан, кароҳат ва нороҳатии Шайтон (таъмин) мебошад.
Намоз  шафоаткунандаи намозгузор дар назди малакулмавт (фариштаи марг), мӯнис дар қабр,фарш (гилем)-и некӯ, ҷавоб барои  Мункару Накир (пурсандагони қабр) мебошанд. Намоз  барои  банда тоҷест дар маҳшар, либоси бадан ва пардаест миёни намозгузору оташи дӯзах. Намоз  бурҳон (ҳуҷҷат)-и хубе байни ӯву Парвардигор буда, боиси наҷоти банда аз ҷаҳаннам ва як  василаи гузаштан аз Пули Сирот мебошад. Намоз  сабаби фатҳу кушоиши дарҳои биҳишт ба сӯи намозгузор, маҳрияи ҳурони биҳиштӣ ва баҳои ҷаннат аст».
Вақт қимат аст, онро барои  корҳои қимат истифода бурдан лозим аст. Қиматтарин кор бошад ибодат кардани Худованд аст.
Ба намоз  нагӯ, ки кор дорам,
Ба кор бигӯ, ки намоз  дорам

Китоби осмонӣ

 1.Ту чисти?        
Гуфт: "Қуръони арабӣ бе ҳеҷ каҷӣ".
2. Чи гуна китобе ҳастӣ?
Гуфт: "Қуръон барои мардум баёни равшангар,
 вале барои парҳезгорон (василаи) ҳидоят ва пандомӯзӣ аст."
3.    Аз ҷониби ки омадаӣ?
Гуфт:  "Аз сӯи ҳакими доно дарёфт мекунӣ".
4.    Барои чи нозил шудаи?
Гуфт: "Эй мардум! Ба яқин барои шумо аз ҷониби
 парвардигоратон андарзи ва дармони барои ончи
 дар синаҳост ва раҳнамуд ва раҳмати
барои гаравандагон (ба Худо) омадааст".
5.    Бар чи касе нозил шудаӣ?
Гуфт: "Ончӣ бар Муҳаммад(с.а.с) нозил шудааст ҳақ аст."
6. Вазифаи мо дар баробари Расули Акрам(с.а.с) чист?
«Ончиро фристодаи (ӯ) ба шумо дод, онро бигирид ва аз ончи шуморо бозодошт боз истед».
7. Аз азамати Худо бароям бигӯ:
«Ӯ аввалу охир ва зоҳиру ботин аст».
8. Ӯ (Худо) куҷост?
«Ва ҳар куҷо бошед ӯ бо шумост».
9. Чигуна Худоро исбот кунам?
«Пас ба осори раҳмати Худо бингар...» .
12. Душмани ман кист?
«Дар ҳақиқат Шайтон душмани шумост».
13. Дар баробари васвасаҳояш чи бояд кард?
«Ва агар васвасае аз шайтон туро аз ҷой даровард, пас ба Худо паноҳ бибар».
14. Душмани даруни ва пинҳони ман кист?
15. Бо нафс чигуна бархурд кунам?
«Ҳар кас онро пок гардонид, ҳатман растагор шуд».
16. Мехоҳам бидонам ба куҷо раҳсипорам?
«Ҳақиқатан ту ба сӯи Парвардигори худ ба сахтӣ дар талошӣ ва ӯро мулоқот хоҳӣ кард».
17. Оё ин роҳ эҳтиёҷ ба тӯшае ҳам дорад?

«Ҳар кас аз Худо парво кунад, (Худо) барои ӯ роҳи берун омадан аз (мушкилотро) қарор (нишон) медиҳад. Ва аз ҷое, ки ҳисобашро(фикрашро) намекунад, ба ӯ рӯзӣ мерасонад».

Шукр гӯям

Ҳазорон шукр гуям зиндагию бешу камҳояш,
Ҳазорон шукр гуям зиндагию шоду ғамҳояш.
Гар набошад кам бе арзиш бувад қадри зиёд,
Гар набошад ғам беарзиш бувад қадри нишот.
Гар набошад ҷаҳл  қадри ақл кай гардад аён,
Гар набошад бад нек як умр монад бенишон.
Қадри гарму хуррамӣ набвад надида сардро.
Қадри офият куҷо бошад тани бедардро,
Шукр гӯй Маҳфӯз ба арзону гарони рӯзгор,
Шукр гӯй бо ҳарчӣ мебошад ризо Парвардигор.


суббота, 15 марта 2014 г.

Лаҳзае ба ёди модар

Лахзае бо ёди модар.
Манзурам модари мо хамагон,
Модари муъминон ва аввалин зани Ислом 
Бузургтарин зани олам,
Вафодортарин зани таърих,
Сайидаи занони Чаннат,
Собираи айёми аввали даъват,
Ва хам сахияву каримае,ки бо сабру вафодориаш ва хам бо базлу накукориаш ризои Худованди Якто,миннатдории шавхари бузургвор ва махбубияти чумла мусалмононро ноил гашт...
Ба чуз Хадича бинти Хувайлид ки метавонад сохиби ин хама фазоил бошад?!
Хадичаи Хувайлиди Курайши,хамоне,ки аввалин ва махбубтарин хамсари Расули Худо(с)буд ва Паёмбар(с)аз ёдовариву тахсинхони бар равони эшон хаста намешуд ва то ин хад барояш вафодори менамуд,ки пас аз маргашон хатто барои пиразанхо,дугонахои У гушту таом мефиристод...
Паёмбар(с)аксари авкот "У чунин буд У чунон буд ва аз домани У фарзандон маро насиб шуд" гуфта ёди мубораки эшонро мекарданд...
Зикру ёди ин хамсари вафодори рафта то хадде зиёд мешуд,ки модари Сиддикаамон Оиша(р) рашкашон авч мегирифту мегуфтанд:Ай Расули Худо,гуё дар олам ба чуз Хадича зани дигаре набошад?!
Худо барои Шумо аз эшон бехтареро насиб карда аст...
Аммо Паёмбар(с)боз бузургии Хадичаро ёдрас шуда мегуфтанд:На валлох аз У бехтареро Худо бароям надода аст,онгох,ки мардум ба ман кофир шуданд У имон овард ва онгох,ки мардум дуругам шумурданд У боварам кард ва онгох,ки мардум маро рахо намуданду танхо гузоштанд У пахлуям монду бо молу дороияш даъватамро хидмат кард...У чунин буду чунон буд ...
Агар хулки неки зан,ки онам хамсари аввалини Хотами анбиёст ва вафодориву икрому изаташ то инчо бошад,ки ёдаш дар хотираи мубораки Паёмбар (с)хатто баъди маргаш бимонад....магар арзанда нест,ки пешвои занони Чаннат бошад?!
Агар зани оддие шавхардори хуб кунад ва шавхараш аз оммаи мардум бошад,дар мукобили хидмати шавхар ва ризои уро ба даст овардан барояш хама хашт дари чаннат кушода гардад ва уро гуфта шавад,ки аз кадоминаш,ки хохи ворид шав...
Чи гумон доред,ки он шавхари розишуда Сайиди Анбиё ва Хотами Мурсалин ва Хабиби Рабулъоламин бошад?!
Бале аз Хадича то ин хадд рози буданд,ки то охири умр уро ба ёд меоварданд ва мадху тахсину истигфор мефиристоданд...
(Идома дорад)

Манзурам модари мо хамагон,
Модари муъминон ва аввалин зани Ислом 
Бузургтарин зани олам,
Вафодортарин зани таърих,
Сайидаи занони Чаннат,
Собираи айёми аввали даъват,
Ва хам сахияву каримае,ки бо сабру вафодориаш ва хам бо базлу накукориаш ризои Худованди Якто,миннатдории шавхари бузургвор ва махбубияти чумла мусалмононро ноил гашт...
Ба чуз Хадича бинти Хувайлид ки метавонад сохиби ин хама фазоил бошад?!
Хадичаи Хувайлиди Курайши,хамоне,ки аввалин ва махбубтарин хамсари Расули Худо(с)буд ва Паёмбар(с)аз ёдовариву тахсинхони бар равони эшон хаста намешуд ва то ин хад барояш вафодори менамуд,ки пас аз маргашон хатто барои пиразанхо,дугонахои У гушту таом мефиристод...
Паёмбар(с)аксари авкот "У чунин буд У чунон буд ва аз домани У фарзандон маро насиб шуд" гуфта ёди мубораки эшонро мекарданд...
Зикру ёди ин хамсари вафодори рафта то хадде зиёд мешуд,ки модари Сиддикаамон Оиша(р) рашкашон авч мегирифту мегуфтанд:Ай Расули Худо,гуё дар олам ба чуз Хадича зани дигаре набошад?!
Худо барои Шумо аз эшон бехтареро насиб карда аст...
Аммо Паёмбар(с)боз бузургии Хадичаро ёдрас шуда мегуфтанд:На валлох аз У бехтареро Худо бароям надода аст,онгох,ки мардум ба ман кофир шуданд У имон овард ва онгох,ки мардум дуругам шумурданд У боварам кард ва онгох,ки мардум маро рахо намуданду танхо гузоштанд У пахлуям монду бо молу дороияш даъватамро хидмат кард...У чунин буду чунон буд ...
Агар хулки неки зан,ки онам хамсари аввалини Хотами анбиёст ва вафодориву икрому изаташ то инчо бошад,ки ёдаш дар хотираи мубораки Паёмбар (с)хатто баъди маргаш бимонад....магар арзанда нест,ки пешвои занони Чаннат бошад?!
Агар зани оддие шавхардори хуб кунад ва шавхараш аз оммаи мардум бошад,дар мукобили хидмати шавхар ва ризои уро ба даст овардан барояш хама хашт дари чаннат кушода гардад ва уро гуфта шавад,ки аз кадоминаш,ки хохи ворид шав...
Чи гумон доред,ки он шавхари розишуда Сайиди Анбиё ва Хотами Мурсалин ва Хабиби Рабулъоламин бошад?!
Бале аз Хадича то ин хадд рози буданд,ки то охири умр уро ба ёд меоварданд ва мадху тахсину истигфор мефиристоданд...(Иброҳими  Саиднуриддин)
(Идома дорад)

пятница, 14 марта 2014 г.

Рӯзгори бонӯи садри ислом Хадиҷа бинти Хувайлид


Хадиҷа бинти Хувайлид зани бешавҳар ва бошарофату молдор буд. Вақте росткорӣ, амонатдорӣ ва ахлоқи неки Муҳаммад (с) ба гӯши Хадиҷа (р) расид аз ӯ хост, то моли ӯро ба Шом барои тиҷорат барад ва барои ӯ музди бештар аз дигаронро пешниҳод кард. Муҳаммад (с) инро пазируфта, ҳамроҳи Майсара, ғуломи Хадиҷа (р) ба сӯи Шом сафар намуд. Муҳаммад (с) ҳама молро бо арзиши дучанд фурӯхта, бо моли зиёде ба Макка баргашт. Дар натиҷаи ин сафар суди калоне насиби Хадиҷа (р) гардид. Илова бар ин паёмбари Худо (с) аз ин сафар манфиати бештаре бардошта буд. Аз ҷумла, аз роҳи Мадинаи мунаввара убур намуда буд, ки баъдан ба он ҷо ҳиҷрат намуд ва он ҷоро маркази даъват ба сӯи Худо қарор дод. Ҳамзамон убури паёмбар (с) аз сарзаминҳое, ки баъдан ислом онҷо пирӯз гашт ва ин сафар муқаддимае барои издивоҷи паёмбари Худо (с) бо Хадиҷа (р) гардид. Вақте Хадиҷа (р) росткорӣ ва ахлоқи неки Муҳаммад (с)-ро дид, ба дӯсти худ Нафиса бинти Мунаббиҳ рози дил гуфта, аз ӯ хост то роҳе барои издивоҷ бо Муҳаммад (с)-ро пайдо намояд. Нафиса назди Муҳаммад (с) рафта, бо ӯ сухан оғоз кард ва пешниҳод намуд, то бо Хадиҷа (р) издивоҷ намояд. Муҳаммад (с) аз ин пешниҳоди Хадиҷа (р) розӣ гашта, бо амакҳояш машварат намуд, ки ҳама ба ин розигӣ доданд ва Ҳамза ибни Абдулмутталиб назди Хадиҷа (р)рафта, ӯро барои Муҳаммад (с) хостгорӣ кард. Паёмбари Худо (с) дар синни биступанҷсолагӣ бо Хадиҷа (р), ки чилсола буд, издивоҷ намуд ва маҳрашро бист модашутури ҷавон қарор дод. Хадиҷа (р) нахустин зане буд, ки паёмбар (с) бо ӯ издивоҷ намуд ва то он дам, ки Хадиҷа (р) ин дунёро видоъ нагуфта буд, Муҳаммад (с) бо зани дигаре издивоҷ накард. Паёмбари Худо (с) аз Хадиҷа (р) соҳиби ду писар ва чор духтар гардид. Писарони ӯ Қосим, ки паёмбари Худо (с) бо ӯ куния дошт, яъне Абулқосим гуфта мешуд ва Абдуллоҳ, ки бо Тоҳир ва Тайиб (лақабҳои Абдуллоҳ мебошанд), ёд мешуд.
Қосим пас аз як соли умраш ва Абдуллоҳ дар тифлӣ ва навзодияш вафот ёфтанд, ки ин қабл аз биъсати паёмбар (с) буд. Аммо духтаронаш Зайнаб, Руқия, Умми Кулсум ва Фотима ҳама ислом пазируфта, ба Мадина ҳиҷрат намуданд ва ҳама издивоҷ карданд.
Амонатдорӣ ва росткории Муҳаммад (с) Хадиҷа (р)-ро водор сохт, то молашро ба ӯ диҳад, ки ба Шом бурда тиҷорат намояд ва ҳамин тавр Худо дар тиҷораташ баракат ато фармуд ва ҳама дарвозаҳои хайрро ба рӯяш кушод.
Издовоҷи Мустафо (с) бо Хадиҷа (р) бар асоси тақдири илоҳӣ буд ва Худо баҳри баргузидааш ҳамсаре ихтиёр намуд, ки ӯро муносиб ва дар ҳама мусибату сахтиҳо бо ӯ буд.
Шайх Муҳаммад Ғазолӣ мефармояд: « Хадиҷа (р) намунаи зани беҳамтоест, ки зиндагии марди бузургро мукаммал мекунад ва бо ӯ дар зиндагӣ шарик мешавад. Паёмбарон ва соҳибони рисолат дилҳои бисёр ҳассос доранд, сахтиҳои зиёдеро таҳаммул мекунанд ва худро масъули чизе медонанд, ки бар дӯшашон фарз гаштааст. Аз ин рӯ, чунин шахс ниёзманд ба касест, ки ӯро дар ҳама гуна ҳолатҳо ҳамроҳӣ намояд. Хадиҷа (р) намуна ва мисоли шахсоне аст, ки дар зиндагии Муҳаммад (с) асар ва ҷойгоҳи бузургеро дорост.
Паёмбари акрам (с) талхии аз даст додани фарзандонро чашид, ҳамон гуна, ки қаблан ба сабаби аз даст додани падару бобояш Абдуллоҳ ва Абдулмутталиб, ин талхиро низ чашида буд. Чунин хост ва тақдири Худо буд, то ҳеҷ яке аз фарзандони писар ба дунё омадааш зинда намонад, то барои баъзеҳо баҳона ва дастовезе барои мубтало гаштан ба фитна нашавад. Худо баҳри такмили фитрати башарият ва қазои ҳоҷоти нафсонӣ ба паёмбараш (с) фарзандони писар ато фармуд, то нуқсоне дар камоли мардияш ба чашм нарасад ва на касе бар ӯ бо сухане аз пас санг андозад. Пас Худованд фарзандони ӯро дар синни кӯдакӣ дубора ба пеши худ хонд, то мавриди дилҷӯӣ ва тасаллияте бошад барои касоне, ки фарзанди писар надоранд ё соҳиби писар мешаванд ва сипас писаронашон дар кӯдакӣ мемиранд ва ин худ як намунаи ибтило ва озмоиш бар мардум аст ва анбиёи илоҳӣ, ки беш аз дигарон мавриди ибтило ва санҷишу имтиҳони илоҳӣ қарор мегиранд.
Гӯё ин хости Худо буд, то ин ҳама дарду алам бахше аз фурӯтании паёмбараш гардад, зеро мардоне, ки як қавм ва ё миллатеро роҳбарӣ менамоянд, ба худ болоназарӣ доранд, магар онон, ки аз қабл дард ва аламе барояшон ибрате гашта бошад ва чунин мардум ба дарди дигарон ва давои маҷрӯҳон ба осонӣ мерасанд.
Аз хилоли қиссаи издивоҷи паёмбар (с) бо Хадиҷа (р) ошкор ва равшан мегардад, ки паёмбар (с) ба эҳтимоми лаззати баданӣ намепардохт, зеро агар чунин мебуд, монанди дигар ҷавонон рағбат ба ҷавондухтаре менамуд. Аммо рағбати Муҳаммад (с) ба Хадиҷа (р), баҳри шараф ва маконати ӯ буд, ки дар замони ҷоҳилият ба афифаи покдоман машҳур гашта буд.
Издивоҷи паёмбар(с) бо Хадиҷа (р) бар забони кинаҷӯён ва душманони ислом, ки Муҳаммад (с)-ро ҳамчун марди шаҳвоние мешуморанд, мӯҳрест, то аз сухан гуфтан алайҳи ин дин ва паёмбари он боз монанд. Муҳаммад (с) то синни биступанҷсолагӣ дар ҷомеае, ки марбут ба ҷоҳилият буд, бидуни он ки пеши буте сар хам намояд, ҳамчунон поку муназзаҳ ҳаёт ба сар мебурд. Муҳаммад (с) бо зани ду шавҳардидае, ки умраш наздик ба дучанди ӯ буд, издивоҷ намуд ва беҳтарин рӯзҳои ҷавониашро, ки даврони мастӣ ва лаззати ҳаёт аст, ба сар бурд. То он, ки ин зани афифа ва покдоман аз дунё реҳлат накард, паёмбар (с) бо зани дигаре издивоҷ накард ва ҳатто майле ба дигар ҷавонзане ҳам надошт. Пӯшида нест, ки беҳтарин лаҳзаи умри инсон аз синни бистсолагӣ то гузашти чил ва панҷоҳсолагӣ аст, аммо ҳеҷ нишонаи издивоҷе аз паёмбари Худо (с) дар ин муддат мушоҳида нашуд ва агар майле барои зан гирифтан менамуд, зердастон ва канизони бешуморе буд, ки маҳрашон камтар аз нӯшидани як қатра об буд.
Аммо издивоҷи паёмбар (с) баъд аз Хадиҷа (р) бо уммулмуъминин Оиша (р) ва дигар модарони муъминон, ки Худованди меҳрубон аз ҳамагӣ хушнуд ва розӣ бошад, ҳар якеро сабаб, ҳикмат ва қиссаест, ки имони мусалмон аз чунин издивоҷ ва хушахлоқии паёмбар (с) баҳра мегирад.
Паёмбари Худо (с) бо дили ларзон назди Хадиҷа (р)  ворид гашта гуфт: «Маро печонед! Маро печонед!» Ӯро печониданд ва чун тарс аз дили ӯ (с) дур гашт, Хадиҷа (р)-ро хабар дода фармуд: «Ман аз ҷони худ тарсидам». Хадиҷа (р) гуфт: «Ҳаргиз на, қасам ба Худо, ки Худо туро хор намесозад! Ту пайванди хешовандиро барқарор медорӣ ва бенавоёнро кӯмак мекунӣ ва бори дигаронро бар дӯш мекашӣ ва меҳмоннавоз ҳастӣ ва касонеро, ки дар роҳи ҳақ дучори гирифторӣ ва мушкилот мешаванд, ёрӣ медиҳӣ».
Мавқеи Хадиҷа (р) дар ин ҳодиса баёнгари қуввати қалбии ӯст, зеро аз ин ҳодисаи пурҳайбат наҳаросида, бо оромӣ паёмбари Худо (с)-ро таскин медод. Илова бар он, рафтани ӯ назди Варқа ибни Навфал ва огаҳ карданаш аз ин моҷаро, низ далолат бар қуввати қалбии ӯ дорад. Вокуниши Хадиҷа (р) дар баробари хабари ваҳй далолат бар сиҳҳати идрок ва фаҳми комили ӯ менамояд. Зеро он чӣ, ки аз паёмбар (с) шунид, онро ба воқеъияти ҳоли паёмбар (с) муқоиса карда, дарк намуд, ки ҳар касе ки соҳиби чунин ахлоқи накӯ ва волост, Худо ӯро ҳаргиз хор нахоҳад кард. Тавсифи Хадиҷа (р) (р) дар мавриди паёмбар (с), ки пайванди хешовандиро барқарор медорад, баёнгари ин матлаб аст, ки ҳар кас чунин кунад омодагии лозимро дорад, ки ба ҳама мардум некӣ ва хубӣ карда тавонад. Зеро рафтори инсон бо хешовандонаш оинае барои ҳувайдо шудани ахлоқи ӯст. Агар дар ба даст овардан ва ҷамъ намудани хешовандонаш, бо хубӣ кардани ба онҳо муваффақ шавад, пас табиист, ки дар ҷалб намудани дигарон ҳам комёб хоҳад гардид.
Дар дастуроти иҷтимоии ҷаҳони ҳастӣ ҳаргиз чунин нашуда аст, ки Худо яке аз бандагонашро ба фитрати ахлоқи накӯ ороиш намуда, пас ӯро дубора дар зиндагӣ хор ва залил карда бошад.
Хадиҷа (р) танҳо ба ин иктифо накарда, балки назди писари амакаш Варқа ибни Навфал (р) рафт, то ӯро аз ин моҷаро огаҳ созад. Варқа ибни Навфал (р), ки наздикшавии биъсати паёмбари охири замонро аз уламои аҳли китоб дониста буд, худ мунтазири зуҳури чунин хабаре буд. Суханони Варқа ибни Навфал (р) баҳри тасбит ва тақвияти қалби мубораки паёмбар (с) асари бузурге гузошта, ӯ (с)-ро огаҳ намуд, ки он касе ки ба ӯ (с) чунин хитобро намудааст, соҳиби сирри бузург буда, сафире миёни Худо ва паёмбарони илоҳӣ мебошад. Варқа ибни Навфал (р) рисолати Муҳаммад (с)-ро тасдиқ намудааст ва паёмбар (с) низ ба биҳиштӣ будани ӯ гувоҳӣ додаанд. Дар ҳадисе, ки онро Ҳоким аз Оиша (р) ривоят намудааст, омада: Паёмбари Худо (с) фармуданд: «Варқа ибни Навфалро носазо нагӯед, зеро ман дидам, ки ӯро як Биҳишт, ё ду Биҳишт аст».
Ва аз Оиша (р) нақл аст, ки: «Хадиҷа (р) паёмбари Худо (с)-ро дар мавриди Варқа пурсид. Паёмбари Худо (с) гуфтанд: «Ӯро дидам, ки бо либоси сафед аст ва чунин медонам, ки агар ӯ аз аҳли оташ мебуд, бар тани ӯ либоси сафед намешуд».
Ҳайсамӣ мегӯяд, ки Абӯяъло бо санади ҳасан аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ (р) ривоят карда аст, ки паёмбари Худо (с)-ро аз Варқа ибни Навфал (р) пурсиданд, паёмбари Худо (с) гуфт: «Ӯро дар миёнаи Ҷаннат дидам, ки ба тан либоси абрешимин дорад».
Хадиҷа (р) дар зиндагии паёмбар (с) нақши муҳиме дошт, зеро ӯ дар миёни қавмаш шахсияти бошарофате буд ва бо меҳрубонию бурдборӣ шинохта мешуд. Пас, ҳикмати Худованд дар мавриди издивоҷи паёмбар (с) бо Хадиҷа (р) ин буда, ки чун паёмбар (с) пешвои ҷаҳониён, ба хусус саркарда ва роҳбари даъватгарони ба сӯи Худо аст, пас издивоҷи ӯ (с) бо чунин зани намунавие чун Хадиҷа (р), дар воқеъ илҳоме аст аз ҷониби Худованд ба тамоми ҳомилони даъвати исломӣ, ки дар ин замина ба доъии бузург ва пешвои олами башарият Муҳаммад (с) пайравӣ намоянд, то ҳадафҳои олиеро, ки онҳо барои ба даст оварданаш талош доранд, барояшон муҳаққақ гардад.
Хадиҷа (р) намунаи зебо ва волое барои ҳамсарони доъиёни дин аст. Доъии роҳи Худо на монанди дигар мардоне аст, ки аз мушкилот ва сахтиҳои даъват канор мегирад, балки ӯ бардорандаи ғаму андӯҳи тамоми мардум ва ба хусус мардуми мусалмон буда, ҳамеша аз интишору паҳн гаштани фасод дар ҷомеъа ранҷ мебарад ва он чи ки бар муъминон аз осебу зулму беадолатие, ки мерасад, ба дил дард дошта, баҳри иззату шарафи халқу миллаташ мекӯшад. Ва бояд донад, ки ӯ соҳиби рисолатест, ки ба дигарон расондани он воҷиб аст. Ва ин ҳамон ҳисси масъулият ва воҷибест, ки аз соҳибаш барои муддатҳои тӯлонӣ лаззати хобу роҳатро рабуда, аз ӯ мехоҳад, ки дар ин роҳ аз молу дороияш сарфи назар намояд ва баҳри дарёфти ризои Худо ва расулаш бикӯшад. Пас, ҳатман чунин шахс ниёз ба ҳамсаре дорад, ки дорои ахлоқи накӯву ҳамида буда, ботақвою бурдбор бошад ва заруриёти роҳи даъват ва муҳимияти онро, ки ҳамсараш дар ин роҳ бархоста аст, ба хубӣ дарк намояд. Машаққатҳо ва сахтиҳои даъвати роҳи Худоро таҳаммул намуда, бо ҳамсари худ ҳамдил бошад ва ӯро водор созад, то дар ин ҷода лаҳзае кӯтоҳӣ накунад.
Чунончӣ аз мавқифи ҳамсари паёмбари Худо (с), Хадиҷа (р) равшан мегардад, ки таъсир ва асаргузории зани покдоман ва фаҳмида дар даъват ба сӯи Худо ниҳоят бузург аст. Хадиҷа (р), ҳатто дар лаҳзаҳои аввалини нузули ваҳй дар паҳлӯи паёмбари Худо (с) истода, қувватбахшанда ва тасаллидиҳандаи ӯ буд. Табиист, ки ҷойгоҳи ҳамсари покдоман дар комёбии шавҳар, хусусан дар муомила бо мардум хеле назаррас аст. Даъвати ба сӯи Худо аз бузургтарин муҳиммотест, ки башарият онро ба дӯш мегирад. Пас агар доъӣ ва солики ин роҳ дар ихтиёр кардани ҳамсари покдоман муваффақ гардад, метавон гуфт, ки ӯ бо муҳимтарин сабаби комёбии бар дигарон муваффақ гаштааст.
Паёмбари Худо (с) дар ин маврид чӣ хуб фармуданд:
«Дунё матоъ аст ва беҳтарин матои дунё ҳамсари солеҳа ва некӯкор аст».
Вафодории паёмбар (с) бо Хадиҷа (р)
Паёмбари Худо (с) намунаи беҳамтое дар вафодорӣ аст. Ӯ (с) бо ҳамсари мухлисаи худ Хадиҷа (р), дар зиндагӣ ва ҳатто пас аз маргаш бағоят вафодор буд. Ва ӯро дар зиндагӣ ба қасре дар Биҳишт мужда дод ва саломи Худо ва Ҷабраил (а)-ро бар ӯ расонид.
Аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки фармуданд: «Ҷабраил (а) назди паёмбари Худо (с)омада гуфт: «Эй Расули Худо! Ин Хадиҷа аст, ки назди ту омада истодааст ва зарфе пур аз обу ғизо бо худ дорад, чун назди ту омад, саломи Парвардигораш ва саломи маро ба ӯ бирасон ва ӯро ба соҳиб шудани қасре дар Ҷаннат, ки аз қасаб (лӯлӯ ё тилло) сохта шудааст ва доду фарёд ва ранҷу заҳмате онҷо нест, муждаҳбидеҳ».
Вафодории паёмбари Худо (с) бо Хадиҷа (р)-ро пас аз вафоташ Оиша (р) зикр намуда, бад-ин мазмун гуфтааст:
«Ончунон, ки бар Хадиҷа (р) рашк намудам, бар касе аз ҳамсарони паёмбари Худо (с)рашк накардаам, ӯро надида будам, аммо паёмбари Худо (с) зикри ӯро бештар менамуд ва гоҳе гӯсфандеро мекушт ва барои дугонаҳои Хадиҷа (р) мефиристод ва боре чунин шуд, ки бар паёмбари Худо (с) гуфтам: Дар дунё ғайр аз Хадиҷа зани дигаре вуҷуд надошта аст? Паёмбари Худо (с) мегуфт: «Хадиҷа чунин ва чунон буд ва ман аз ӯ фарзанд доштам».
Ҳангоме, ки яке аз хоҳарони Хадиҷа иҷозаи вуруд ба назди паёмбари Худо (с)-ро хост, паёмбар (с) ба ӯ иҷозаи вуруд дод ва аз омадани ӯ ба ёди Хадиҷа (р) афтода, изҳори хушӣ ва шодмонӣ намуд.
Аз Оиша (р) ба ин мазмун ривоят аст, ки гуфт: «Ҳола бинти Хувайлид, хоҳари Хадиҷа (р)иҷозат хост назди паёмбари Худо (с) ворид шавад ва паёмбари Худо (с) ӯро аз садояш, ки ҳамсони садои Хадиҷа (р) буд, шинохт ва хушҳол шуду гуфт: «Худоё! ИнҲола бинти Хувайлид аст!». Ман аз шиддати рашкам, ки бар Хадиҷа доштам гуфтам: «Пиразане аз пиразанони Қурайшро, ки бедандон буду хеле вақт шуда, ки вафот кардааст, чӣ қадар ту ёд мекунӣ ва ҳол он ки Худованд занони беҳтареро ба ту дода аст».
Он Ҳазрат (с) ҳамчунин занонеро, ки дар замони Хадиҷа (р) назди ӯ меомаданд, мавриди эҳтиром қарор медод ва мефармуд:
«Нигоҳ доштани паймон ва равобит аз имон аст».
Идома дорад
Нигинаи Наҷот

воскресенье, 9 марта 2014 г.

Нигоҳе ба сӯи охират


Рӯзе, ки аъмоли инсон ба ӯ нишон дода, аз ӯ суол карда шавад, гиря ва пушаймонӣ фоидае надорад. Рӯзе, ки инсон мегӯяд: «эй кош барои зиндагии абадиям тӯшае мефиристодам»… орзу мекунад, ки ба дунё бозгардад, то барои ибодати Худо талош кунад… вале чи касе метавонад ин фурсатро ба ӯ бидиҳад….дунё дигар барои ӯ тамом шудааст…ҳоло вақти онаст, ки посухи неъматҳои бешумори илоҳиро пас диҳад…вақте ба қатори неъматҳои илоҳӣ нигоҳ  мекунад, аз худ мепурсад ин ҳама неъмат барои ман будааст… онгоҳ саҳифаи неъматҳои илоҳиро ба диққат мутолиа мекунад Неъмати Ақл , саломатӣ, биноӣ , шунавоӣ, гӯёӣ,  чашоӣ ,  тафаккур , роҳ рафтан , нафас кашидан , хоб рафтан ,  шаҳват То ин ҷо расида, дигарашро намебинад, зеро ба фикри он меафтад, ки дар муқобили ин ҳама неъмат ӯ чи амале барои худои худаш кардааст? Онгоҳ орзу мекунад, ки як бори дигар ба дунё баргардад, вале афсӯс…. Чи қадар гуноҳ кардаӣ ?.. чи қадар нофармонӣ? Чи қадар кори имрӯзро ба фардо гузоштаӣ? Оё фурсат надоштӣ? Гумон кардӣ, ки чун ҷавонӣ нахоҳӣ мурд? Саломатиат фиребат дод? Моли дунё мағрурат кард? Мансабу мақомат туро ғофил сохт?

Бинобарин фаромӯш кардӣ! Сафарро фаромӯш кардӣ ! Қабрро фаромӯш кардӣ ! Маргро аз ёд бурдӣ ! Худоро итоат накардӣ! Ибодати Худоро ба ҷо наовардӣ! Ҳоло худатро дар муқобили азобҳои илоҳӣ фикр кун ва ба ин суоли ман аз рӯйи имон ва инсофат посух бидеҳ! Агар дар ҳамон рӯзи сахт тамоми дунёро медоштӣ, чӣ қадар медодӣ то аз азоб наҷот пайдо кунӣ? Оре, ҳама ва ҳамаро медодӣ, то наҷот ёбӣ. Пас аз имрӯз ба фикри он рӯз бош то бо афсӯсу ҳасрат ба имрӯзат нигоҳ накунӣ! Огоҳ бош! Биандеш ва бикӯш, то дар он макони торику зулмонӣ, танҳо ва ғариб ва меҳмони нохонда набошӣ! Он ҷойе ки ё боғчае аз биҳишт ё чуқурие аз дузах хоҳад шуд! Пас ин достонро бихон ва аз он тӯшае барои худ бардор.
Ҷавоне аз як хонаводаи сарватманд дар ҷойе зиндагӣ мекард, ки ҳамаи васоили зиндагӣ барояш фароҳам буд ва бе ҳеҷ тарсе даст ба гуноҳ ва бадахлоқӣ мезад. Аз корҳои худ хушҳол ва сархуш буд ва бо онҳо ифтихор мекард. Аз дунё чизе намефаҳмид, ба ҷуз корҳое, ки Худояшро ба ғазаб меоварданд. Аммо дар ҳамсоягии он ҷавон, ҷавони дигаре мезист, ки ба ҷуз ибодат ва даъват ба корҳои хайр чизи дигареро намедонист. Бо марҳамати Худованд ин ду ҷавон бо ҳам ошно шуданд. Ҳар кадом ба фикри ин буд, ки рафиқашро ба роҳи худ даъват кунад. Муъмин ҳамеша аз неъматҳо ва раҳмати илоҳӣ сухан мегуфт ва гунаҳкор аз дискатекаву боғҳои ишрати худ ҳарф мезад. То он ки дар яке аз рӯзҳо ин дӯстон қарор гузоштанд, ки ба сайру гашт бираванд…
Ҳарду мунтазири болобар(лифт) буданд, вале он ба зудӣ поён наомад ва ҷавони мусулмон хост бинад, ки чи мушкиле дар он вуҷуд дорад. Ҳамин ки бо зӯр дарро каме боз карданду сарашро ба дохил бурд болобар бо суръати тамом ба сари он ҷавон фуруд омад ва сарашро аз тан ҷудо намуда, ба поин бурд ва тани хунолудаш дар бағали дӯсти гунаҳкораш боқӣ монд, аммо рӯҳи боландааш ба сӯйи биҳишти Худои раҳмон ба парвоз даромад. Ҷавони гунаҳкор то ба худ омад ва тани хунолуди дӯсташро дар оғӯш дид, монанди падаре, ки фарзандаш ва модаре, ки ҷигаргӯшаашро аз даст дода бошад, гиря мекард ва фарёд мезад. Бародарам, азизам, чӣ гап шуд? Ба хона баргашт, дар ҳоле ки гиря мекард ва аз он чи аз даст дода буд ҳасрат мехӯрд. Шабу рӯз ба гуфтаҳо ва амалҳои дӯсти аз даст рафтааш фикр мекард. Аммо аз ҳама бештар ин суол зеҳни ӯро ба худ машғул карда буд, ки агар ба ҷойи ӯ ман сарамро дохил мекардам ва мемурдам, имрӯз ҷойи ман куҷо буд? Ҷойи дӯсти ман ҳатман дар биҳишт аст, аммо агар ман мемурдам ҷоям куҷо буд? Ин афкор боис шуд ки ҳолаташ аз шодӣ ба андӯҳ , аз дискатека ба масҷид ва аз мусиқиҳои лаҳву беҳуда ба хондани Қуръон табдил ёбад. Дар яке аз рӯзҳо тасмим гирифт, ки ба умра биравад ва бархе аз дӯстонашро бо худ ва бо пули худаш бибарад.
Онҷо дар назди Каъба, бо садои баланд мегирист ва мегуфт: «ба худоям чи бигӯям….? Чи кор кунам, вақте ки дар пешгоҳи Худованд ҳозир шавам»….? Ва зор-зор гиря мекард. Монанди касе, ки дар ҳамон рӯз фарзандашро аз даст дода бошад. Дӯстонаш мегӯянд: «мо ҳамон рӯз дар Макка роҳ мерафтем, гап мезадем, шухӣ мекардем ва механдидем, аммо ӯ сухан мегуфт ва чашмонаш пур аз ашк буд. Сухан мегуфт ва суханаш зикри Худо буду истиғфор. Ҳамеша мегуфт: «Худо раҳматат кунад, эй дӯсти ман! Агар он рӯз ман ба ҷойи ту мемурдам ҳозир чи коре мекардам? Аз Худо мехоҳам маро ба ту бипайвандад, сахт муштоқи дидори туам». Аз ӯ суол мекардем он шахс кист? Мегуфт: «касе, ки бо маргаш маро ба ин роҳ даъват кард. Касе, ки маргаш сабаби ҳидояти дигарон бошад, ҷойгоҳ ва мақомаш дар он дунё қобили васф нахоҳад буд».
Суханонаш тамом нашуда буд, ки ногоҳ аз болои сохтмоне санге ба сараш афтод ва дар ҳоле ки лабханд мезад гуфт: «бароям дуо кунед ҳамон тавр, ки барои бародарам дуо кардам». Бо ин сухан паррандаи зебои рӯҳи латифаш ба сӯйи боғҳои ҷаннат ба парвоз даромад, то дар он макони абадӣ бо он дӯсти қадимии исломӣ хушҳолу ором бошанд. Умедворем, ки хонандаи нуктасанҷ худ азин достон бори маънӣ барчинад ва дарси ибрат баргирад.

Ҳуқуқ ва масъулиятҳои дуҷонибаи зам ва мард

Хонавода рукни асосии ҷомеъа мебошад. Агар он ислоҳ шавад , тамоми ҷомеъа ислоҳ мешавад. Бинобар ин, дини Ислом таваљҷўњи зиёде ба хонавода дода ва бар зану мард масъулиятҳои дуҷониба ва вазифаҳои умумиеро воҷиб гардонидааст, ки риъояи онҳо саъодату хушбахтӣ ва муҳити солими хонаводаро таъмин менамояд.
Ислом хонаводаро муассисаи хурде медонад, ки аз ду шахсият (мард ва зан ) бино ёфтааст ва мард масъулияти сарпарастӣ, пешбурд ва ҳифозати онро бар ӯҳда дорад. Қуръони карим дар ин замина мефармояд:
«Мардон бар занон сарпарастанд (ва дар ҷомеъаи кўчаки хонавода ҳаққи роҳбарӣ доранд ва ҳифзу нигаҳбонии занон бар ӯҳдаи онҳост), ба он хотир, ки Худованд (барои ҳифзи низоми ҷомеъа ва танзими хонавода, мардонро дар баъзе сифатҳо бар занон бартариҳое бахшидааст) ва баъзеро бар баъзе фазилат додааст. Ҳамчунин барои он. ки (маъмулан мардҳо ранҷ мекашанд) ва аз моли худ (барои хонавода) харҷ менамоянд. Пас занони солеҳа онҳое ҳастанд, ки фармонбардори (амрҳои Худо ва Паёмбар (с) ва мутеъи гуфтаҳои шавҳарони худ ) буда, ҳифзкунандаи асрор (-и заношавҳарӣ) мебошанд, зеро Худованд ба ҳифзи он (асрор) дастур додааст».
Масъулиятҳои шавҳар
Аз нигоҳи Ислом зан ҳуқуқҳои зиёде бар шавҳари худ дорад. Дар Қуръони карим, дар ояти 228, сураи Бақара маълумоте зикр шуда, ки он асоси ҳуқуқии занонро дар ҳаёти оилавӣ ташкил медиҳад:
«(Занон) ба монанди масъулиятҳо ва ҳуқўқҳое, ки бар онон аст, ба таври шоиста ҳуқуқе ҳам бар (ўҳдаи мардон) доранд» .
Аз ҷумла:
1- Таъмини хўроку пўшок ва ҷои хобашон ба сурати шоиста ва муносиб ба ҳоли ҳардуяшон.
2- Анҷоми робитаҳои ҳамсарӣ дар ҳадди маъмул.
3- Риъояи ҳуқуқ ва баробарӣ дар байни онҳо, агар аз як зан зиёд дошта бошад.
4- Барои мард хуб аст, ки ба ҳамсараш иҷозат диҳад то ба аёдат ва дидорбинии хешовандони бемораш биравад ва дар ҷанозаи онҳо иштирок намояд ва дигар хешовандон ва бастагони худро хабар гирад. Албатта, бояд дар назар дошт, ки ин амалҳои анҷом медодаи зан бар хилофи масолеҳи шаръии мард набошанд.
Масъулиятҳои зан
Мардон ҳам бар занони худ ҳуқуқҳое доранд. Худованд дар ояти 228, сураи Бақара мефармояд:
«(Занон) ба монанди масъулиятҳое, ки ( дар баробари шавҳарони худ ) доранд, онҳо низ бар мардон ҳуқуқҳое шоиста доранд».
Аз ҷумла:
1- Зан бояд дар тамоми корҳо аз шавҳараш итоъат намояд. Албатта, бояд дар назар гирифт, ки мурод аз тамоми корҳо, корҳое аст, ки дар онҳо гуноҳ ва нофармонии Худованд нест ва корҳое аст, ки аз тавону тоқати зан берун намебошанд.
2- Зан бояд, ки амволу дороӣ ва хонаву манзил ва инчунин номусу ҳайсияти шавҳарашро ҳифз намояд. Бе ризоият ва огоҳии шавҳар аз хона ва манзили истиқоматиаш берун наравад.
3- Зан дар сурати зарурат ва бо дархости шавҳар ба ҳамроҳи вай ба сафар биравад.
4- Зан бояд ба хостаҳои фитрӣ ва ниёзҳои машрўъи шавҳар посухи мусбат диҳад.
5- Вақте шавҳар дар хона ҳузур дошта бошад ва мусофир набошад, зан бе иҷозати вай наметавонад рузаи нафлӣ бигирад.
6- Занро лозим аст, ки фарзандонашро ба хубӣ тарбият намояд ва дар ҳузури шавҳараш аз фарзандонаш нороҳат ва ғазабонӣнашавад. Онҳоро дашном надиҳад ва дар ҳаққашон дуъои бад накунад, зеро ин корҳо боиси нохушӣ ва ранҷиши шавҳар мешаванд.
7- Бо падару модар ва хешону наздикони шавҳар хушмуъомила бошад, зеро зане, ки бо падару модар ва наздикони шавҳар бадӣ ва муъомилаи беҷо менамояд, дар ҳақиқат ба шавҳараш бадӣ кардааст.

пятница, 7 марта 2014 г.

ҚИМАТИ МОДАР

Қиммати модар Дар замоне ду бародар зиндагӣ мекардан ва модари пире доштанд, ки эҳтиёҷ ба хизмат дошт. Ҳар шабе бо навбат хизмати модар менамуданд ва дигаре бо ибодат машғул мешуд. Шабе бародаре, ки бояд хизмати модар мекард ба додараш гуфт: - Имшаб ҳам ту хизмати модар бикун ва ман ибодат мекунам. Додар қабул намуд. Бародар ибодат намуд. Дар саҷда хобаш бурд ва хобе дид. Садое баромад: - Додаратро авф кардем, туро ҳам ба хотири ӯ авф кардем. Бародар: - Ман ба Аллоҳ Таъоло (ҷ.ҷ.) ибодат дорам. Додарам хизмати модар дорад. Маро ба хотири амали додарам авф кардед? Садо: - Бале, мо ба ибодати ту эҳтиёҷ надорем, аммо модарат ба хизмати додарат эҳтиёҷ дорад. *** Аз ибодати нафл хизмати модар афзал аст. Султон Увайси Қаранӣ (р.а.) фармудааст: - Хизмат ва эҳтироми модар, ҷомаи пайғамбар мепӯшонад. Хизмат ва дуои модар буд, ки Расулуллоҳ (с.а.с.) ҷомаи мубораки худро ба Увайси Қаранӣ (р.а.) равон намуд. Аллоҳ Таъоло (ҷ.ҷ.) дар сураи Луқмон ояти 14 фармудаст: - Одамиро дар бораи падару модараш супориш кардем. Модараш ба ӯ ҳомила шуд ва ҳар рӯз нотавонтар мешуд ва пас аз ду сол аз шираш бозгирифт. Васупориш кардем, ки Марову падару модаратро шукр гӯй, ки бозгашти ту назди Ман аст. ХУДОБАХШ( Субҳон)

ЗАН

Магар имкон дорад,ки Худованд боз чунин занхое дар олам биофарад?
Ё замонаро толеъаш баланди мекарда бошад,то чашмаш мисли онхоро боз бубинад?
Бале,манзурам Румайсо аст.
Хамон зане,ки дишаб аз издивочаш бо Абу Талха шунидем...ва инки ягона занест дар таърихи Ислом,ки махраш икрор намудани калимаи пок
Шаходати тавхид буд
Калимае,ки арзишаш аз хама хасти болотар,вазнаш аз осмонхову замин бештар аст он буд...Хуш ба холи сохиби ин шараф,офарин бар молики ин неъмат...
Ха,бале хамон аст,он зане,ки ба комати ба иззати имонаш баланд шуда ончо истода аст
Бо худ кудаке дорад гуянд писараш аст ва исмаш Анас.
Анас хамин аст,он Анасе,ки дар оянда олиме бузургу забардаст,хакиме хирадманду доно ва обиде раббониву пархезгоре мерагдад...
Имруз Мадинаи мунаввара туйи бо шукухе дорад,Мадинаро имруз такдир ба чашми лутф назар карда барояш тухфае оварда аст.
Шахр аз фарти шодиву фарах меболад...
Чун кадами муборактарин башар,охарин фиристодаи Худо,Мухаммад,с, ончо мерасад.
Хатто дару девори Мадина шод буданд
Дарахту чуйи он мераксиданд
Туюраш нагмахои шоди месуруданд ва тасбеху шукр мегуфтанд...аммо аз тамошои шодии дарахту кухи Мадина биёед фараху шодмонии сокинонашро тамошо намоем
Инаш чолибтар,ачабтар ва зеботар аст...
Хар нафаре аз ёрони шайдои Паёмбар,с, ки каблан ба у имон оварда буданду чашмашон он пайки хушпаёмро акнун мебинад шодиаш канор надошт ва дарунаш оламе аз авчу шавку вафо буд...
Мардумон бо тараннум нашиди зебоеро хонда ба майдони шахр баромада буданд...кудакон пешопеши эшон давутоз мекарданду хандон буданд,занхо бошанд кудакони навзодашонро руи даст бардошта болои бому теппахои пушти хона баромада суи майдон менигаристанд...
Агар дунё ифтихор кунад,ки дар худ ингуна рузе дошта аст сазовораш бошад 
Ва агар аёми дахр бинозад,ки ин руз дар хисоби таквимаш вучуд дорад арзанда бошад...
Аммо васфи шодии хама мардумони Мадина дар сафхае чун ин намегунчад ва забоне,ки чашми он забон,он айёмро надида аст тавони тасвирашро надорад...
Аз ин хотир мо диккатамонро танхо суи Румайсо равона созем бехтар аст ва шодиву хушхолии танхо уро бингарем кифоя аст чун олам аст...
Барои икрому иззати ин Мехмони шариф...на,дакиктараш Шарифтарин Мехмон,харнафаре аз ахли Мадина чизе аз бехтарин таом ва ё пушидание аз зеботарин либос тухфа меоварданд...
Аммо шодии Румайсо ба кудуми ин мехмон бештар аст,чун 
Чмонаш комилтар
Рухаш шаффофтар 
Ва хуббаш беканор аст...
Худо ва Паёмбарашро чунон дуст дошта,ки дар дилаш барои дигарон на онкадар чое монда аст...
Пас мебояд хадяаш барои Паёмбар ба кадри имонаш ва иззату икромаш муносиб бо мухаббату вафодориаш бошад...
Аз ин аст,ки он кудаке ки пахлуяш истодааст ва дасташро гирифта аст бо худ оварда аст...
Яъне тухфаи у гушаи чигараш ва нури чашмаш Анаси азизаш аст? 
Дуруст дарк кардед,нури чашмашро туфаи Хайрулбашар оварда аст...
Шояд ин порчаи таърихи мо ба афсона шабохат дошта бошад,аммо афсона нест!
Ва шояд ба хотири нафаре хутур кунад,ки муболага бошад,ки низ муболага нест!
Аз инки таъриху муаррихонро зери шубха бибарем чаро ба имони худ тачдиди назар накунем?!
Ва дар ивази шакк намудан бар хакикати рухдодаи таърих чаро дар холи калби худ нангарем?!
...идома дорад. (  Иборҳими Саиднуриддин)

среда, 5 марта 2014 г.

Сафари бебозгашт



Роҳҳои ҳавоии охират.
Хатсайр:Парвоз аз Дунё ба Охират
Вақти парвоз: Ҳар лаҳзае метавонад парвоз бикунад.
Масъул: Азроил (а.с.)
Борҳое, ки метавонӣ ҳамроҳ бигирӣ: 4 метр сони сафед, амали солеҳ, илми бо амал.
Диққат: Барои солим расидан  лозим аст:Таълимоти Қуръони Карим ва Ҳадиси Шарифро итоъат бикунед.
Диққат: Чипта танҳо барои рафтан аст.
 Диққат: Ба саволҳои зерин ҷавобҳои муфассал дода, ба масъули хати павоз супоред:
1. Ҷавониро дар куҷо сарф кардед?
2. Молҳоятро аз куҷо ба даст овардӣ ва дар куҷо сарф намудӣ:
3. Умратро дар чӣ сарф кардӣ?
4. Аз барои Аллоҳ чӣ кор анҷом додӣ?

Бо таманнои сафари пур аз Раҳмати Аллоҳ!

ЭЙ ХУДОҶОНАМ,,,


Гунҷишк ба Худо гуфт : Лонаи кучаке доштам оромгоҳу  ҳастагиям буд сарпаноҳи бекасиям  буд туфони ту онро аз ман гирифт он лонаи кӯчаки ман куҷои дунёи туро танг кардаю гирифта буд? 
Худованд гуфт : Море дар лонаат буду  ту  хоб буди бодро гуфтам, ки лонаатро вожгун кунад . Он гоҳ ту аз камини мор гурехти . Чи балоҳое, ки ман ба воситаи муҳаббатам аз ту дур кардаму ту надониста ба душманиам бархости . Пас бидон  эй дӯст  ҳар як нохушие ба ту мерасад  сабр кун  ва  ё хушие  ба ту мерасад  шукр кун чун,ки ҳар яке сабабе дорад.
Ҳамон гуна, ки ин бузургон нидои Аллоҳро лабайк гуфта ва ниҳоли сабрро дар нафси хеш шукуфо сохтанд, бар мо лозимаст, ки ба онҳо иқтидо намуда ва дар тамоми шуъӯни зиндагии рӯзмараамон ва дар бархурд бо дигарон, аъам аз аҳли хонавода, падару модар, ҳамсару фарзанд, ҳамсоя ва дӯст, ҳамкору коргар, устоду муаллим, шогирд ва зердаст, ҳама ва ҳама ба ин сифати писандида, ороста шавем ва ба пирӯзӣ ва растагории ҷовидона даст ёбем.