Домулло Иброҳими Сайиднуриддин
Фидои Сарварам бошад равонам.
Фидои Сарварам бошад равонам,
К-азу омад сафои ҷисму ҷонам.
Бароям ҳарчи ҳаст аз илму имон,
Зи файзи рӯи хубаш мешиносам.
****
Барояш ҷой дода ман диламро,
Фидояш бод аҳлу молу ҷонам.
Зи ҷон ширинтар омад вуҷудаш,
Агар номаш набудӣ, ман кӣ будам?!
****
Нидояш ҷонбахши одамӣ шуд,
Садояш роҳате шуд бар равонам.
Хабисе туҳмати Хайрулбашар зад,
Биёзурда даруну ҳам равонам.
****
Бигӯ он тирабахти бадзабонро,
Ки дузахро барояш ҳайф хонам.
Ба рамзи туҳру иффат таъна кардӣ,
Зи саг поинтар-ат ман мешуморам.
****
Диёрат хубсу мардум ғарқи фаҳшо,
Аз ин бадтар ҳаёте менадонам.
Ба номи ҳуррият ҷурме намуданд,
Ки нафрин бар чунин озодӣ хонам.
****
Ба худ бад кардаӣ, эй пасттинат,
Туро хоҳам, ки расвотар бубинам.
Агар кураст чашми бенасибат,
Ба хуршеди ҷаҳон айбе набинам.
****
Мақоми Сарварам чун моҳ болост,
Туро ман дар замин чун хас набинам.
Забони он палидат нест лоиқ,
Ки номи Мустафо дар ӯ бубинам.
****
Бигӯ бар кофарон, эй тирабахтон!
Ба зиштӣ ном бурдӣ, ҷанг хоҳам.
Бале сабр аст дар ман эй азизам,
Ва лекин сабр то андоза дорам.
****
Надорам тоқати ботил шунидан,
Куҷо гар Мустафоро таъна бинам?!
Расули мо, ки номаш нақши дилҳост,
Фидои номи покаш ҳарчи дорам.
****
Чароғи бо фуруғе номи ӯ шуд,
Бубинам, гар назар Қуръон намоям.
Ҷаҳон зулмот буду ӯ барафрухт,
Зи ӯ дар дидаҳо ман шӯъла дидам.
****
Зи файзи номи покаш ҷумла олам,
Бишуд равшан чу шамъе дар сароям.
Агар ҷон бахшамаш бе гила сад бор,
Ман ин хидмат барояш кам шуморам.
****
Агар қалбам надонад Мустафо кист,
Ман ин дилро ба дасти худ бисузам.
Набошад маъние дар зиндагонӣ,
Агар ишқи Ҳабиби ҳақ надорам.
****
Зи шамъи дини софаш олам афрухт,
Зи суннат кард бино дидаҳоям.
Ба роҳи ҳақ равон бинмуд моро,
Зи ӯ ман банда гаштам бар Худоям.
*****
Агар покиза номаш ман шунидам,
Паёму сад саломе ҳадя дорам.
Салоту ҳам саломи поки Яздон,
Ҳамеша бар равонаш ман бихонам.