суббота, 26 июля 2014 г.

Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим

Бо номи Худо ва Дуруд бар Паёмбари Сулҳу Сафо, Ҳазрати Мустафо Салаллох алайхи ва Салам.Ассалому алайкум дустони арчуманду оликадр!
Сипос Худовандеро сазовор аст, ки касе аз раҳмати ӯ маъюс нагардад ва аз неъматҳои фаровони ӯ берун натавон рафт. Худованде, ки аз омурзиши ӯ ҳеҷ гунаҳкоре ноумед нагардад ва аз парастиши ӯ набояд сарпечӣ кард. Худое, ки раҳматаш қатъ намегардад ва неъматҳои ӯ поён надорад.

Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим

Худоё, қарор деҳ бароям дар ин рӯзҳои арафи иди саиди Фитр , роҳнамое ба сӯи хушнудиҳоят ва ризоят ва қарор мадеҳ шайтонро дар он (рӯз) бар ман роҳе ва қарор бидеҳ
биҳиштро бароям манзил ва осоишгоҳ, эй бароварандаи ҳоҷатҳои ҷӯяндагон.
Дар дуои имрӯз аз Худои хеш мехоҳем роҳнамое барои касби ризояти ӯ дар пеши роҳамон қарор диҳад. Худованде, ки чӣ гуна будан ва талош барои илоҳӣ шуданро аз инсон хост, роҳи висол ва роҳнаморо ҳам худ мушаххас кардааст.
Роҳнамоёни илоҳӣ ошкору ниҳонанд, Худованд ақлро дар ниҳоди башар қарор дода то неку бадро бишносад. Анбиёро фаротар аз андешаи башарӣ ба ҷамъи инсонҳо фиристода то роҳи осмонҳоро бинамоёнанд. Авлиёи илоҳӣ низ дар ин роҳ ба мадади одамӣ меоянд то дар ҷое агар пои хирад дар гили васвос ва таҳайюр монд, дасти ақлро бигиранд ва ӯро ба роҳи дуруст ва сироти мустақими ҳидоят бозоранд.
Қуръон низ роҳнамое дигар аст аз сӯи Худованд ва маншуре барои ҳидояти башар, аммо наметавон беҳамраҳии Хизр ин марҳаларо тай кард кард ва бояд аз хатароти гумроҳӣ тарсид!
Аҳли байти Расули Акрам (с) низ машъали ҳидоят ва нишонаҳои тақво дониста шудаанд...
Акнун, ки дар ин рӯзҳо аз Худованд роҳнамо металабем, хуб аст оштии дуборае бо ин хуҷаҷи зоҳирӣ ва ботинии Худованд дошта бошем ва ба ресмони лутфашон чанг андозем то бо мадади ин киштиҳои наҷот аз ғарқоби гуноҳ ва ҳастии моддӣ худро бираҳонем.

Хулули мохи мубораку магфират, мохи баракату саодат, мохи хайру саховат, мохи ибодат, мохи шарифу рахмат ва мохи начот ёфтан аз оташи чаханам, мохи “Рамазон”-ро барои кулли муъминону мусалмонон муборак мегуям. Аз Парвардигор бо тавассул бо хама исмхои зебо ва сифоти баландаш дуогуи онам, ки барои мо бандагонаш тавфике иноят фармояд барои бандаги кардан ва амал кардане, ки он амалхо макбули даргохи У бошад ва рузахое, ки дар ин мох мегирем ва киёми лайле, ки дар шабхои ин мох анчом медихем аз мо кабул фармояд. Парвардигоро, дар ин мохи мубораку рахмат ва озоди барои рафъи хама гаму андух ва мушкиливу гирифторихо даст ба дуо мебардорам ва мегуям:
Эй гамгусор ва эй андухзудо, эй бахшандаи дар ин чахону он чахон ва эй мехрубон дар харду олам, бар Мухаммаду Оли Мухаммад дуруд фирист, андухамро бубар ва гамамро аз миён бардор.
Эй Парвардигори якто, ки хамагон ниёзи худро ба назди Ту оваранд, эй он ки на зодаи ва на зода шудаи ва хеч кас хамтои Ту нест, маро аз бадихо нигах дор ва аз гунох покиза бидор ва гирифториамро бартараф гардон.
Худоё, ман инак, монанди касе хастам, ки сахт ниёзманд гардида, нерую тавонаш ру ба заъф гузошта ва гунохонаш фаровон шудааст, монанди касе, ки чуз Ту барои дармони ниёзи худ фарёдрасе намебинад ва на барои заъфи худ нерудихандае ва на барои гунохонаш бахшандае. Эй сохиби бузурги ва бузургвори, аз Ту мехохам, ки маро ба коре тавфик диҳи, ки хар кас онро анчом дихад, Ту дусташ медори ва якине бубахши, ки хар кас дар чараёни нофиз будани фармонат ба хакикати он якин бирасад, аз он бахраманд шавад.
Худоё, бар Мухаммаду оли Мухаммад дуруд фирист ва маро бар сидқи рости бимирон ва риштаи ниёзамро аз дунё чудо соз ва маро танхо ба чизе, ки назди Туст, рогиб гардон, то азсари шавки мулокот, Туро хохам ва чунон кун, ки ба рости бар Ту таваккул намоям.
Ман хохони бехтарин такдире хастам, ки бароям мукаддар кардаи ва аз сарнавишти баде, ки пеш аз ин мукаддар фармудаи, ба Ту панох мебарам. Ман аз Ту тарси ибодаткунандагон ва итоати хошеъон ва якини таваккулкунандагон ва таваккули муъминонро мехохам.
Худоё, рагбати ман ба дархост кардан аз худро ба хангоми хохиш, монанди рагбати авлиёи худ гардон ва он гуна аз Ту бимнок бошам, ки дустони Ту аз Ту бимноканд ва маро дар рохи хушнудии худ чунон ба кор гир, ки чизе аз ахкоми дини Туро ба сабаби тарс аз бандагонат фуру нагузорам.
Худоё, ниёзи ман ин аст, пас шавки маро барои расидани ба он фаровон кун ва узру бахонаамро дар ин хостахо ошкор намо ва хуччати маро дар он ба ман бифахмон ва чисмамро дар талабаш саломат нигах дор.
Худоё, хар кас ба гайри Ту умеду итминоне дошта бошад, эътимоду умеди ман дар хамаи корхо танхо ба Туст, пас, барои ман чизеро мукаддар кун, ки охираш аз хама некутар аст ва маро аз фитнахои гумрохкунанда начот дех, эй мехрубонтарини мехрубонон.
Худои Мутаол, дуруд фирист бар сарвари мо Мухаммад (с) - Паёмбари баргузидаат ва хонадони покизаи У.

пятница, 25 июля 2014 г.

ИДИ САИДИ ФИТР МУБОРАК БОШАД БА ҲАМАИ ДӮСТОНУ ҲАМВАТАНОН


Ҳамду сипос ва шукри шоистаи он Парвардигорест, ки ба мо тавфиқ дод моҳи рамазонро рӯза бигирем, пас ҳар яки мо ба худ баргардем ва худро муҳосаба намоем, ки дар ин моҳи муборак, дар ин меҳмонии Аллоҳ, чӣ анҷом додаем, чун фардое меояд ва ба нафъ ё ба зарарамон гувоҳ хоҳад шуд, бар ҳасби он чӣ, ки дар ҳаққи ӯ анҷом додаем, пас бишитобем ба сӯи тавба ва истиғфор ва гуфтору кирдори солеҳ ва тазарруъу зории Аллоҳи зулҷалол, то шояд ҷуброни кӯтоҳкориҳоямон шавад.Азизони ман! Аллоҳи мутаъол дар поёни ин моҳ, ибодатеро машрӯъ намуда, то имонамон афзоиш ва ибодатҳоямон комил ва неъматҳояшонро беҳтару комилтар бароямон арзонӣ бахшад ва он закоти фитр ва такбиру намози ид аст.

Иди фитр неъмат, шодӣ, ибодат аст ва такмилкунандаи ибодоти рамазон мебошад ва дар он закоти фитр қарор дорад, ки мояи пок шудани рӯзадор аз корҳои беҳуда ва гуноҳони сағира аст ва бисёре аз зоҳираҳои иҷтимоъӣ ва инсонии Ислом дар он намоён мешавад, зеро дар ид қалбҳо бо ҳам наздиктар мешаванд ва мардум бо ҳам ҷамъ мешаванд ва ид ёдовари ҳаққи заъифон дар муҷтамаъи исломӣ мебошад, то шодии ид ба ҳамаи хонаводаҳоро дарбар бигирад. 

Тамоми мардуми мусалмонро ба фаро расии иди Саиди Фитр самимона табрик гуфта барои Шумо аз даргохи Иллохи 
 қабули тоату бандагӣ ва тандурустиву хонаободӣ хоҳонам. 

 Дар ин рӯзи  саид аз Парвардигор оромиву ободӣ, пешрафту тараққиёт ва баракату фаровониро барои мардум ва кишвари худ талаб намудан, нияту гуфтор ва рафтору амали худро ба кори нек, дастгирии якдигар, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми наздикону ҳамватанон равона сохтан аз суннатҳои асили милливу динии мардуми соҳибфарҳанги тоҷик мебошад.
Моҳи шарифи рамазонро хайрбод гуфта, тамоми мардуми Тоҷикистони азизамонро бори дигар бо фаро расидани иди саиди Фитр табрик мегӯям ва аз даргоҳи Худованди мутаол барои ҳар яки шумо саодатмандӣ, сарбаландӣ, тандурустӣ, ризқу рӯзии фаровон, имони комил ва хонаи обод, инчунин ободии диёру рушди Ватани азизамонро орзу менамоям.

Худованд то рамазони оянда ҳамаи шуморо нигаҳбон бошад ва дар ин рӯзҳои муборак бародарони мусалмони худро, ки дар гушаву канори дунё мавриди қатлу азобу шиканҷа ҳастанд дар ҳаққашон дуои нек кунед, ки Худованд бар болои душманони ислом пирузашон кунад ва парчами исломро дар тамоми дунё партавафшон бикунад. Идатон  муборак бод! Худованд тоату ибодатҳои  мову шуморо қабул фармояд!Омин


Илоҳо ҳар куҷо бошед,дар дини Худо бошед, 
Муҳиби хонадони Ҳазрати Ҳак Мустафо бошед. 
Илоҳо гушатон сомеъ шавад амри Илоҳиро, 
Қабули қавми пайғамбар кунед дар ҳар кучо бошед.



ШАБИ ИДИ РАМАЗОН «Лайлатулҷоиза» АСТ


Бо номи Худо ва Дуруд бар Паёмбари Сулҳу Сафо, Ҳазрати Мустафо Салаллох алайхи ва Салам. 

Иди Рамазон бар ту муборак бошад, 
Ҳамроҳи ту «Ёсин»-у «Таборак» бошад. 
Дар авҷи фалак фариштаҳо мехонанд: 
«Сад раҳмати Ҳақ ба умматонат бошад!» 

Гӯё дирӯзакак буд, ки аз омадани моҳи мубораки Рамазон хушнудӣ мекардем. Шабу рӯзҳо гузаштанду ин роҳи муборак низ сипарӣ шуд. Намозгузорон се шаби охир дар таровиҳ бо моҳи Рамазон хайрбод намуда мегӯянд: Алвидоъ, моҳи Рамазон! Алвидоъ, эй моҳи таровиҳ, тасбеҳгӯӣ ва хатми Қуръон!» Даҳрӯзаи аввали Рамазон - раҳмат, миёнаи он махфирати гуноҳон ва даҳрӯзаи охир халосӣ аз оташи дӯзах аст». Ҳазрати Муҳаммад (саллаллоху алайхи вассалам) фармудаанд: «Касе, ки моҳи Рамазонро аз рӯи имон ва талаби ризои Худованд рӯза бигирад, гуноҳони гузаштаи ӯ бахшида мешавад». Мегӯянд, ки бегоҳи Иди Рамазон барои рӯзадор халосномае аз оташи дӯзах навишта мешавад. 
Вақте шаби Ид фаро мерасад, он шабро «Лайлатулҷоиза» мегӯянд. Яъне, бегоҳи идро «Шаби гирифтани мукофот» ном ниҳодаанд. Аз рӯи гуфтаи Расули Акрам (саллаллоху алайхи вассалам) рӯзи Ид Иблиси лаъин бо овози баланд фарёд мезанад. Тамоми шайтонҳо гирди ӯ ҷамъ омада мепурсанд: «Эй сардори моён, ба ту чӣ ҳол рӯй дод? Шайтон мегӯяд: «Эй фарзандон, имрӯз Аллоҳ Таъоло умматони Муҳаммад алайҳиссаломро мағфират кард. Пас шумоён тараддуд кунед, баъзеи онҳоро ба шаҳвати нафсонӣ ва нӯшидани май машғул созед, то Аллоҳ Таъоло ба онҳо азоб кунад»... 
Субҳи Ид барвақт аз хоб бархостан суннат аст. Дар ин рӯз ғусл кардан, дандонҳоро мисвок задан, хушбӯӣ кардан суннат аст. 
Ҳамчунин дар ин рӯз нохун гирифтан, мӯйлабро кӯтоҳ намудан либоси нав ё тоза пӯшидан савоб аст. Агар касе саҳаргоҳ тиловати Қуръон кунад савоби зиёд мегирад. Пеш аз рафтан ба намоз беҳтар аст, ки наҳорӣ кунед. Зеро ҳазрати Муҳаммад (саллаллоху алайхи вассалам) пеш аз намози Ид рафтан ягон хел ширинӣ ё мева (хурмо) тановул мекарданд. 
Намози Ид ду ракаат буда, хонданаш воҷиб аст. Адо кардани намози Ид сабаби саодату хушбахтии бандаи мӯъмин мегардад. Дар ин рӯз ба аёдати падару модар ва хешу ақрабо бояд рафт. Ба ҳар кадоме, ки баҳри зиёрати падару модар гузошта мешавад, ҳазор савоб навишта хоҳад шуд. Агар онҳо фавтида бошанд, ба қабристон рафта, мазорашонро зиёрат бояд кард. 
Яъне Қуръон хонда рӯҳи онҳоро шод намудан лозим. Хондани «Ояталкурсӣ» ва сураи «Ихлос» савоби калон дорад. 
Яке аз суннатҳои рӯзи Ид он аст, ки аз як роҳ ба намозгоҳ рафта бо роҳи дигар ба манзил баргардӣ. Зеро ҳар дарахту бутта ва сангу хоки роҳҳо рӯзи қиёмат ба амалҳои неку бади мо мисли шоҳид гувоҳӣ хоҳанд дод. Рӯзи Ид ҳар як бандаи мӯъмин бояд бо табъи болида ва шукргузорӣ ба неъматҳои Худованд сӯи намозгоҳ ояд. Дар роҳ ба бародарони мусулмон салом дода, онҳоро бо ид табрик намояд ва дуо кунад, ки Худованд тоаташро қабул фармояд. 



среда, 23 июля 2014 г.

РАМАЗОН ҲАДЯЕСТ АЗ ҶОНИБИ ХУДО

Моҳи Рамазон моҳи нузули Қуръон аст. Ин моҳро моҳи покизагардонии рӯҳу ҷон мегӯянд. Рамазон моҳи хушнудгардонии Раҳмон ва моҳи шиканандаи қомати Шайтон аст. Моҳест, ки миёни 11 моҳи сол монанди Юсуф алайҳиссалом дар байни бародаронаш аст. Яъқуб (а) 12 писар доштанд. Миёни писаронашон Юсуф (а) аз ҳама зеботару маҳбубтар буд. Рамазон низ маҳбубтарин ва дӯстдоштатарини моҳҳо дар назди Парвардигор аст. Агар мо ин моҳро ба ихлосу муҳаббат рӯза дорем ва дар ин моҳ бандагии Худоро бо ихлосу муҳаббат ба ҷо орем, метавонем 11 моҳа камбудиҳои хешро ислоҳ кунем. Зеро ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармудаанд: “Касе моҳи Рамазонро ба покӣ рӯза дорад ва бо имону ихлос ибодат кунад, Парвардигор гуноҳони гузаштаи ӯро мағфират мекунад”.
Моҳи Рамазон бо ин бузургӣ ва шарофате, ки дар назди Худо дорад, мо пайравони Қуръонро водор месозад, ки дар ин моҳ одобро риоя кунем. Забони худро аз ғайбат, ҳақорату дурӯғ гуфтан, фиреб додани бародари мусулмон нигоҳ дорем. Дар ин моҳи бофазилат бояд чашмони худро аз нигоҳи ҳаром ҳифз намоем. Дар ин моҳ бояд гӯши худро аз шунидани садоҳои ҳаром нигоҳ дорем, то ба он савобе, ки ваъда шудааст, ноил гардем.
Расули Акрам (саллаллоху алайхи вассалам) фармудаанд: “Ҳар ки дар моҳи Рамазон як рӯзадорро ифтор диҳад, ин боиси омурзиши гуноҳони ӯ мегардад”. Пайғамбари Худо (саллаллоху алайхи вассалам) худ ҷавонмарду саховатманд буданд. Саҳобагон ва дигар умматони хешро ба саховатмандӣ тарғиб менамуданд. Бубинед, ки бо ифтор додани як нафар чӣ қадар ваъдаи бузург шудааст. Ҳар кас тавонад як нафар, ё аз он зиёдтарро дар моҳи Рамазон ифтор диҳад, (агарчи кам ҳам бошад) ин ҷавонмардиаш боиси омурзиши гуноҳаш мегардад. Хушо ба ҳоли сарватмандоне, ки дар ин моҳ аз сармояи ҳалоли худ рӯзадоронро ифтор медиҳанд. “Ин ифтор сабаби халосии ифтордиҳанда мегардад” - гуфтаанд Расулуллоҳ (саллаллоху алайхи вассалам) дар идомаи ҳадис. Агар касе даҳ нафарро ифтор диҳад, Худованд ба миқдори даҳ нафар аз хазинаи хеш савоб медиҳад. Аз ин ифтор додан савоби рӯзадорон кам намешавад, балки аз хазинаи хеш ба ифтордиҳанда савоб ато мекунад. Чӣ қадар рӯзадорон бештар бошанд, ҳамон қадар ба ифтордиҳанда аҷру савоб бештар мерасад. Ин танҳо савоби ифтор додан, яъне рӯзакушоӣ аст. Сер кардан савоби алоҳида дорад. Масалан, нафаре ду қуттича хурмо оварда, ба масҷиди маҳалла миёни рӯзадорон тақсим мекунад, то рӯзаашонро кушоянд. Ана ҳамин аст савоби ифтор додан. Аммо агар рӯзадоронро бо таом зиёфат диҳад, савоби он дигар аст. Расули Худо (саллаллоху алайхи вассалам) мефармоянд: “Касе рӯзадоронро сер намояд, Парвардигор ба ӯ рӯзи Қиёмат аз Ҳавзи Кавсар обе менӯшонад, ки то даромадани ҷаннат аз гармои Қиёмат ташна намемонад”.
Чаро Расулуллоҳ (саллаллоху алайхи вассалам) дар моҳи Рамазон тарғиб ба таом додан кардаанд? Зеро таом додани рӯзадорон нишонаи имондорист. Ин саховатпешагӣ нишонаи аҳли имон аст. Шахсе аз ҳазрати Муҳаммад (саллаллоху алайхи вассалам) пурсид:
-Мал имону (Имон чист?)
Расули Худо (саллаллоху алайхи вассалам) гуфтаанд: “Имон - таом додану сер кардани гуруснагон аст”.
Мехоҳед, ки мусулмони комил ва пайрави Расулуллоҳ (саллаллоху алайхи вассалам) бошед? Пас, камбағалонро сер созед. Худо ба ту неъмату сарват додааст, аз ин неъмату сарват гуруснагонро сер намо. Хусусан дар айёми Рамазон.
Расули Худо (саллаллоху алайхи вассалам) ба ҳолати он саволкуноанда нигариста ҷавоби болоро доданд. Зеро дар табиати он саволдиҳанда мумсикиву хасисӣ мавҷуд буд. Вақте Расули Акрамро аз “ҳаҷҷи мабрур” (қабулшуда) пурсиданд, ишон дар ҷавоб гуфтанд: “Ҳаҷҷи мабрур ин саховатпешагӣ кардан аст”. Вақте ҳоҷӣ аз зиёрат баргашту саховаташ нисбати фақирону бечорагон афзун гашт, ин нишонаи қабул шудани ҳаҷҷи вай аст. Ва забонаш аз ҳолати пешинааш дигаргун гардад, яъне ширинзабон шаваду аз гуфтани суханҳои қабеҳ бозистад, донад, ки ҳаҷҷи вай мақбул аст.
Вақте рӯзадор аз қуввати ғизои ифтордиҳанда рӯза мегираду намози таровиҳ мехонад, ифтордиҳанда ба савоби рӯзаю таровиҳи рӯзадор шарик мешавад. Расули Худо (саллаллоху алайхи вассалам) дар хусуси таом додан таъкиди дигаре ҳам доранд: “Вақте таом медиҳӣ, ба зиёфат афроди ботақвоию худотарсу парҳезкорро даъват кун!” Афсӯс, ки ҳоло иддае дар шаҳрҳо ифтор медиҳанд. Дастурхони зебо меороянд, лекин гоҳо аз рӯзадор дида, ёру ҷӯраи рӯзахӯр дар ифтор бештар ҳозир мешаванд.
Моҳи Рамазон моҳи ба даст овардани Биҳишт аст. Бояд шахси ифтордиҳанда бештар афроди Худотарсу мӯҳтоҷро ифтор диҳад. Зеро ифтор барои рӯзадор аст.
Рамазон ҳадяест аз ҷониби Худо барои уммати ислом. Ин кароматест, ки Худо ба умматони Муҳаммад (саллаллоху алайхи вассалам) ато кард. Парвардигор ба сабаби эҳтиром кардани моҳи мубораки Рамазон гуноҳи рӯзадоронро мебахшад. Ҷасадҳои нозукашонро дар оташи Дӯзах намесӯзонад. Оре, Худованд бандагонеро, ки эҳтироми Рамазонро ба ҷо оварда, гуруснаву ташна монда, сабр мекунанд, ба азоби Дӯзах гирифтор намекунад. Вой ба ҳоли он касоне, ки қадри ин моҳро надонистанд.
Рӯзе Имом Ҳасани Басрӣ раҳматуллоҳи алайҳ як гурӯҳ ҷавононро диданд, ки рӯзахӯр буданду ба чизе механдиданд. Он ҳазрат назди ҷавонон рафта боодобона гуфтанд: -Эй ҷавонони хуб! Парвардигор моҳи мубораки Рамазонро барои бандагонаш моҳи мусобиқа қарор додааст.
Ҷавонон пурсиданд: -Чӣ гуна мусобиқа?
Имом Ҳасан ҷавоб доданд: “Бандагони Худо дар ин моҳ дар бандагӣ, зикр, тоат, кори хайр мусобиқа мекунанд, ки кӣ бисёртар тоат мекунаду кӣ камтар? Бандагоне, ки дар моҳи Рамазон дар ин мусобиқаи илоҳӣ пешсаф мешаванд, соҳиби ҷаннат мешаванд. Касоне, ки дар ин мусобиқа ҷои намоёнро гирифтанд, ба олитарин мукофот, яъне дидани ҷамоли Парвардигор мушарраф мешаванд. Аммо касоне, ки дар ин мусобиқа ақиб монданд, (яъне, эҳтироми моҳи Рамазонро ба ҷо наоварданд) зиён мебинанд. Қароргоҳи ишон Дӯзахи сӯзон мегардад. Ман тааҷҷуб дорам аз шумоён, ки худро дар ин мусобиқа маҳрум кардед...”
Ин сухани касест, ки ҳам муфассир асту ҳам муҳаддис, ҳам ориф асту ҳам аҳли тасаввуф.
Худованд ҳамаи моро аз ҷумлаи пешсафони ин мусобиқаи илоҳӣ гардонад...
 



РӮЗА ҒИЗОИ РӮҲ АСТ 

Дар як ҳадиси ҳазрати Муҳаммад салаллоҳу алайҳи ва саллам омадааст: "Ҳар чизро закотест ва закоти бадан рӯза аст. Рӯза нисфи сабр аст". Оре, тавре ки ғизо ба ҷисми инсон қувват мебахшад, рӯза низ ба рӯҳ қувват мебахшад. Ҳамчунон, ки зиндагӣ ба истеъмоли ғизо номумкин аст, рӯҳ низ бе рӯза зиста наметавонад. Рӯҳ бе рӯза сукут намуда, мавриди эҳтиёҷу истифода қарор намегирад, балки шурӯъ ба зиёноварӣ мекунад. Маҷрӯҳи маънавӣ на танҳо аз одамгарӣ хориҷ мешавад, балки хору залил мегардад. Ба таъбири Қуръон "Онҳо мисли ҳайвон, балки аз ҳайвон ҳам бадтар..." мешаванд. 
Ҷасад маҳсули ин ҷаҳон аст. Рӯҳ бошад маҳсули олами маъност. Ҳама медонанд, ки ҷисми бе рӯҳ ба ҳеҷ чиз кор намеояд. Аз ин рӯ ба рӯҳ бештар эътибор бояд дод. Рӯза бошад ба рӯҳ ғизо дода, сабабгори ривоҷи он мегардад. 
Агар касе "рӯза инсонро заиф месозад"- гуфта фикр кунад, иштибоҳи бузург мекунад. Шояд рӯза одамро ҷисман заиф гардонад, аммо имону маънавиёти ӯро мустаҳкам месозад ва рӯзадорон ба иҷрои корҳое қодир мешаванд, ки пурқувваттарин баҳодурону паҳлавонон аз содир кардани он оҷизанд. 
Яке аз саҳобагони гиромӣ Талҳа разияллоҳ анҳу ғайр аз рӯзҳои ид соли дароз рӯза медошт. Дар муҳорибаҳо ҳазрати Талҳа шуҷоатҳои бузурге нишон додааст. Ӯ дар ҷанги Уҳуд дар ҳоле, ки 80-ҷои баданаш захмӣ гашта буд, "Фидока обӣ ва уммӣ, ё Расулуллоҳ!" (Эй Расули Худо, падару модарам фидои ту бод!) - гуфта синаашро ба ҳазрати Муҳаммад (саллаллоху алайхи вассалам) сипар намуда буд.Чунин фидокорӣ танҳо аз қуввати имон пайдо мешавад, ки ба ин шубҳае нест. 
Аз ин рӯ ту низ аз рӯза матарс. Бояд на танҳо ҷисм, балки рӯҳи ту низ рӯзадор бошад. Яъне, агар рӯзадор бошӣ, бо ҳар кас ғавғо макун, доду фарёд мазан, касеро маранҷон. Рӯзадор бошӣ бештар ибодат кун. Ба намозҳои нафлӣ, ҳамчун ишроқ, аввобин, таҳаҷҷуд диққати махсус деҳ. Зеро вақт мисли бод ва оби равон босуръат мегузарад. Беҳуда гузаронидани умри худ гуноҳ ва ғафлати бузургест. 
Рӯза дар қиёмат рӯзадоронро шафоат намуда, мегӯяд: "Парвардигоро, инҳо баҳри ризоияти Ту хӯрдану нӯшидан ва шаҳватро тарк намуда, рӯза доштанд. Ишонро ба ман бахш!" 
Қуръон низ тиловаткунандагонашро: "Парвардигори ман, инҳо шабона хобро, рӯзона корҳояшонро як сӯ гузошта, ба тиловати китоби ту машғул гардиданд. Инҳоро низ ба мо бубахш!"- гӯён шафоат мекунад. 
Шафоати рӯзаву Қуръон низ мисли шафоати Расулуллоҳ (саллаллоху алайхи вассалам) рад намегардад ва боиси мағфирати илоҳию вориди ҷаннат гаштан хоҳад шуд. 
Рамазон аслан моҳи маърифат, раҳмат, дигаргунсозии феълу атвор аст. Пиромуни бузургиву шарофати моҳи мубораки Рамазон дар ҳадиси шариф таъкид шудааст: " Ба шумоён моҳи Рамазон соя афканд. Ин моҳ пурбаракат буда, дар он хайри зиёдест. Аллоҳ Таъоло шумоёнро дар раҳмати худ ғарқ месозад ва раҳматашро нозил мекунад. Дар ин моҳ гуноҳон бахшида мешаванд, дуоҳо қабул мегарданд. Ҳақ Таъоло рағбату хайротатонро нисбати ин моҳ дида, дар ҳузури фариштагон аз шумоён фаҳр менамояд. Шумо рӯзаи Рамазони шарифро, ки ҳаққи Худованди Таъолост, бидоред ва корҳои савоб бикунед. Ҳар касе, ки аз раҳмати ин моҳи муборак маҳрум монда бошад, бадбахт аст". 
Рамазони муборак - султони ёздаҳ моҳи дигар аст. Мо бесаброна мунтазири ин моҳи бузург мегардем. Бо баробари вуруди Рамазон дар хона, кӯчаву хиёбон ва масҷиду маҳаллаҳо аломати файзи илоҳӣ ва тоату ибодат ба назар мерасад... 
Як худи зикру қуръонхониҳо, пандгӯиву намозҳои таровиҳи масҷидро то чӣ ҳад таърифу тавсиф кунем ҳам, кам аст. Шаби Қадр то субҳ мунтазири раҳмату файзи Худованд гардида, бо умед ба зикру ибодат машғул гаштанро як пеши назар оред. Агар одам дар ин айём холисона ибодат кунад, дараҷааш аз фариштаҳои зиёд мегардад. Ҳамаи ин гувоҳӣ медиҳад, ки Рамазон моҳи пурбаракат аст.

Аз китоби "Рӯза-шифои рӯҳ"-и Муҳаммад ЗОҲИД 

вторник, 22 июля 2014 г.

Шаммае аз Шаби қадр: фазилатҳо ва аломатҳо


Худованд уммати Муҳаммад (с)-ро бо чанд хусусияте ва фазилатҳое махсус гардонид, ки дар дигар умматҳо набудааст. Аз ҷумлаи ин хусусят ва фазилатҳо ин аст, ки вақте умрҳои фарзандони ин умматро кам намуд дар ивази он барояшон вақтҳои ниҳоят гаронбаҳоро дод. Аз ҷумлаи ин вақтҳо моҳи шарифи Рамазон аст. Ҳасанот дар ин моҳ дучанд мешаванд. Балки аз карами Худованди мутаъол ба ин уммат шаберо дар ин моҳ шаби бузург ва дорои қадр барояшон гардонид. Ин шаб шаби қадр аст. Ибодат карданро дар ин шаб аз ҳазор моҳ беҳтар қарор додааст, ки ҳазор моҳ ҳаштоду се сол ва чанд моҳ мешавад, яъне ибодати якшабаи инсон аз ин адади рӯзу шабҳо дар назди Худованд ва мизони аҷру подошаш, беҳтар аст.
Донишмандон дар мавриди сабаби шаби қадр номидани ин шаб чанд иллатро зикр кардаанд.

Баъзе аз онҳо гуфтаанд: Аз он ҷиҳат "шаби қадр" номида шудааст, ки он дар назди Худованди мутаъол дорои қадру манзалати бузург мебошад.
Ва низ гуфтаанд: Зеро дар он шаб ончӣ дар он сол хоҳад шуд, муқаддар мегардад. Худованди мутаъол фармудааст: "Дар он шаб ҳар амри боҳикмат файсала (ва тадбир) мешавад" Сураи Духон:4.
Ва гуфта шуда, ки: Дар он шаб малоики соҳиби қадру манзалат фуруд меоянд.
Ва гуфта шуда, ки: Зеро, ки дар он шаб Китоби соҳиби қадр, ба воситаи фариштаи соҳиби қадр, бар Расули соҳиби қадр ва ба уммати дорои қадр, нозил шудааст.
Ва гуфта шуда, ки: Зеро тоату ибодатҳо дар он шаб қадри бузург доранд.
Ва гуфта шудааст: Зеро касе онро барпой дорад ва шабзиндадорӣ кунад, соҳиби қадр мегардад.
Монеъае нест, ки маънои шаби қадрро ба ҳамаи ин маъноҳо ҳамл намуд ва маънидод кард, яъне метавонад дорои ҳамаи ин маъноҳо ва шояд аз ин ҳам бештар бошад. Валлоҳу аълам.
Зикри фазилати шаби қадр ва бартариҳои он дар Китоб ва Суннат:
Аввал: Худованд дар он сураи комилеро нозил кард, ки он сураи ал-Қадр мебошад. Ва баёни ин ки амалҳо дар он шаб беҳтар аз амалҳои ҳазор моҳ дар ғайри ин моҳ мебошанд.
Дуввум: Худованд дар он Қуръонро аз Лавҳи маҳфуз ба осмони дунё фуруд овард.
Саввум: Шаъни ин шабро Худованд бузург гардонид, дар ҷое, ки фармудааст: "Ва мо адрока мо лайлату-л-қадри" (Ту чӣ дони, ки шаби қадр чист?).
Чаҳорум: Он аз ҳазор моҳ беҳтар аст ё аз ончӣ аз ҳаштоду се сол бештар буда.
Панҷум: Малоика дар он фуруд меоянд. Малоика бошад ҷуз ба хайру баракат ва раҳмат нозил намешавад.
Шашум: Он солим ва салом аст аз ҷиҳати зиёд будани саломатӣ аз иқобу азоб дар он шаб.
Ҳафтум: Касе ин шабро аз рӯи имондорӣ ва интизории подош дар охират зинда бидорад, барояш ончӣ аз гуноҳон гузаштааст, мағфират карда мешавад. Аз Абу Ҳурайра (р) ривоят шуда, аз Расулуллоҳ (с), ки гуфт: "Касе шаби қадрро аз рӯи имондорӣ ва интизории подош дар назди Худованд, барпо намуда бошад, барояш ончӣ аз гуноҳон гузашта мағфират мешавад" ривояти Бухорӣ ва Муслим.
Аз ин ҷиҳат буда, ки Расулуллоҳ (с) дар ҷустуҷӯи  он кушиш мекард, балки дар хонадони нубувват дар даҳ рӯзи ахир аз моҳи рамазон, ҳамлаи умумиро эълон менамуд, аз ҷиҳат тамаъ доштанаш ба комёб шудан ба шаби қадр. Модари муъминон Оиша (р) ривоят карда гуфтааст: "Вақте даҳ (-и ахири рамазон) медаромад, шабро зинда медошт ва аҳлашро бедор мекард ва (дар ибодат намудан) кушиш мекард ва банди миёнашро муҳкам мебаст". Ривояти Бухорӣ, Муслим ва ин лафзи Муслим аст. Аммо мусалмонҳо имрӯз, ки мо ва онҳоро Худованд ҳидоят кунад, чунин ба назар мерасад, ки вақте даҳи ахири рамазон даромад, дар қалби баъзеи онҳо заъфу нотавонӣ ҷой мегирад, фаъол буданаш кам мешавад, ҳимматаш суст мегардад, балки баъзеи онҳоро мебини, ки ба зану фарзандон ба бозорҳо ҳамла меоваранд, то талаботҳои идиро харидорӣ намоянд.
Ин шаб, дустони азиз, танҳо дар моҳи рамазон аст. Зеро Худованди мутаъол дар он Қуръонро нозил кардааст ва хабар додааст, ки фуруд омаданаш дар моҳи рамазон будааст. Худованди мутаъол фармудаанд: "Ҳамоно мо онро дар шаби қадр нозил кардем" ва боз Худованди мутаъол фармудааст: "Моҳи рамазон, ки дар он Қуръон нозил шудааст". Ва он дар даҳи ахир мутааккидтар аст, махсусан дар рӯзҳои  тоқи он ва умедвортарини онҳо шаби бисту ҳафтум мебошад. Саҳобии бузург Убай ибни Каъб (р): қасам мехурад, ки он шаби бисту ҳафтум аст. Ҳамчуноне, ки аз ӯ хабар расида, ки барояш гуфта шуд: Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) мегуяд: Касе тамоми солро барпо дошт шаби қадрро дармеёбад. Убай (р) гуфт: "Савгад ба Худое, ки Илоҳе ҷуз Ӯ нест, ҳамоно он дар моҳи рамазон аст, савганд мехурад ва истисно намекунад. Ва савганд ба Худо, ки ман медонам он кадом шаб аст, он шабе аст, ки моро Расулуллоҳ (с) фармоиш дод, ки шабашро барпо дорем он шабест, ки субҳи  он бисту ҳамфут аст. Ва аз аломатҳои он ин аст, ки офтоб дар субҳи ҳамон рӯз сафеде мебарояд, ки бешуъоъ (бешуъла) аст". Муслим.
Бинобар ин бар ҳамаи мо лозим аст, ки бар ҷустуҷӯи шаби қадр дар ин шабҳои даҳаи ахир, бисёр ҳарис бошем ва дар он тиловати Қуръонро бештар намоем ва дар шаб намоз хондан дар ҳоле, ки мардум дар хоб мебошанд ва ин ки хешовандонро пайвандӣ намуда зиёрат кунем ва аз дилҳоямон кина ва кудурате буда дур намоем ва садақа карданро бештар намоем, Парвардигори азза ва ҷалларо дуъо кунем ва аз Ӯ бахшиши гуноҳонро талаб намоем ва ин ки аҳли Исломро иззату каромат бидиҳад ва ин ки дар вақти дуъо кардан ба сӯи Худованди мутаъол исрор варзем ва дуъояшро бештар намоем. Махсусан ин дуъоро, ки Расулуллоҳ (с) худаш барои мо онро таълим додааст: "Эй бори Худоё ҳамоно ту бахшандаи, бахшиш карданро дуст медори, пас маро бибахш". Чигунае, ки ин аз ҳадис модари муъминон Оиша (р) ривоят шудааст, ки ба Паёмбар (с) гуфт: Ба ман хабар деҳ, ки агар дар шаби қадр истодам, дар он чӣ мегуям? Гуфт: "Бигу: Эй бори Худоё, ҳамоно ту бахшандаи, бахшоишро дуст медори, пам маро бибахш". Тирмизӣ. Аллоҳумма иннака ъафуввун туҳиббул ъафва фаъфу ъаннӣ.
Аломатҳои шаби қадр
Шаби қадр барои худ аломатҳо дорад. Баъзеи ин аломатҳо ҳамдуши шабанд ва баъзеаш баъди он шаб аз пушташ мерасанд.
Аз ҷумлаи аломатҳое, ки ҳамдуши он шаб аст, яъне ки дар аснои шаб мебошанд инҳоянд:
1. Қуввати равшанӣ ва нур дар он шаб. Ин аломате аст, ки дар вақти ҳозир танҳо касе метавонад онро эҳсос намояд, ки дар даштҳо ва деҳот дур аз нурҳои барқӣ бошад.
2. Итминону оромиш: Яъне оромиши қалбӣ ва кушодагии синаи муъминон. Ӯ дар шаби қадр як роҳат, оромиш ва кушодагиеро дар синааш пайдо мекунад, ки аз шабҳои дигар дида  бештар аст.
3. Бодҳо дар он шаб ором мебошанд. Дар он шаб тундбод ва боди сахти шикананда намебошад, балки фазо ва ҳаво муносибу хуб мебошанд.
4. Гоҳо мешавад, ки Худованд инсонеро дар хобаш ин шабро нишон медиҳад, ҳамчуноне, ки барои баъзе аз асҳоби киром рух дода буд.
5. Инсон дар барпо доштани он шаб лаззатеро пайдо мекунад, ки аз ончӣ дар шабҳои дигар аст, бештар мебошад.
Аломатҳое, ки баъди шаб аз пуштар меоянд:
1. Офтоб дар субҳи он рӯз мебарояд дар ҳоле, ки шуъоъ надорад. Соф мебошад, на ҳамчун ҳолатҳои одатӣ дар дигар рӯзҳо. Ба ин гуфта ҳадиси Убай ибни Каъб (р) далолат мекунад, ки гуфт: Расулуллоҳ (с) ба мо хабар дод: "Ки он (офтоб) дар он рӯз мебарояд, дар ҳоле ки шуъоъ надорад". Ривояти Муслим.
Ин буд чанд фазилат ва аломати шаби қадр. Инсон бояд ин фурсатҳоро ғанимат бидорад ва бо шавқу завқ онҳоро пешвоз бигирад ва аз он истифода намояд, зеро мо абадӣ нестем ва намедонем то рамазони дигар ҳаёт дорем ё не. Бинобар ин аз ин лаҳзаҳои тиллоӣ истифода намудан ин айни хирад ва боақлии инсон аст. Вале касе аз ин лаҳзаҳо истифода накард ва дар хобу хур ва тамошои дигар чизҳое, ки ба ибодат алоқа надоранд вақташро гузаронид, дар ҳақиқат хирадро ба кор  набурдааст ва худро аз неъматҳои бузурги Худованд маҳрум намудааст, ки ин неъматҳоро ба ин сурат дар дигар моҳҳо пайдо намекунад. Ҳар инсон худаш бояд ин лаҳазотро ғанимат бидонад ва дигаронро барои истифода аз ин чанд лаҳзаи ҳаёт ташвиқ кунад. Агар дид, ки касе баръакс вақти онро дар ин чанд лаҳза бо гапу кори беҳуда мегирад, дарҳол роҳи раҳоии худро пайдо кунад ва ба алоқамандии Худованд худро бизанад.
Аз Худованди бузург талаб мекунем, ки мо ва шуморо аз ҷумлаи касоне, ки ба ҷаннатҳо ва ҳурони нексурат ва назар кардан ба Малики Даён, комёб мешаванд, пируз бигардонад. Раббано отино фиддунё ҳасанат ва филохирати ҳасанат ва қино азобаннор. Аллоҳумма иннака ъафувву, туҳиббул ъафва фаъфу ъаннӣ.

Корҳое, ки дар даҳи ахири рамазон анҷом дода мешаванд.


Бисмиллоҳи-р-раҳмони-р-раҳим
Бародарон ва хоҳарони исломӣ! Мавзуъи суҳбати мо дар ин чанд лаҳза дар баёни амалҳои даҳи ахири рамазон хоҳад буд.
Даҳ рӯзи охири рамазон дар назди Расулуллоҳ (с) ва асҳоби киромаш (р) аҳамияти ниҳоят хосса доштанд. Дар ин рӯзҳо равиши махсусеро пеш мегирифтанд. Дар ин лаҳзаҳои ахирро ба тоату ибодат намудан, намози қиёму зикр кардан ниҳоят як ҳирсу хоҳиши сахт доштанд. Мо ҳам аз фурсатҳо ва соату дақиқаҳои боқимонда истифода намуда, бар муҳимтарин амалҳое, ки бар онҳо ҳирси сахт доштанд, ошно шавем ва дар баробари ин лозим аст, ки мо низ дар амал кардан ба онҳо пайравӣ намоем.
Пеш аз ин ки ба баёни амалҳо гузарем, мехостам ба як масъала аҳамияти хосса бидиҳем. Мо, алҳамду лиллоҳ, худро мусалмон медонем ва ин барои мо аз ҳама неъматҳои дунё болотар аст. Мусалмон яъне касе, ки ба дини Ислом гаравида, бовар карда ба мутобиқи он ҳаёташро мехоҳад гузаронад. Роҳе, ки бояд инсон онро дар асоси Ислом тай намояд, алҳамду лиллоҳ дар Китоби Худованд ва Суннати Расулуллоҳ (с) маҳфуз мондааст. Вале на ҳамаи мо метавонад мустақиман аз Китоб ва Суннати Расуллоҳ (с) истифода намояд. Барои амалӣ шудани ин кор Худованд як тоифа мардумро машғули омузиш ва омузондани мардум гардонидааст, ки онҳо олимон ва донишмандони ин уммат мебошанд. Мо барои ҳаёти худро дуруст ба роҳ мондан лозим аст, ки тибқи Қуръон ва Суннат қадам занем. Вале барои мукаммал шудан ва дуруст будани роҳи рафтаи худ мутобиқи Ислом лозим меояд, ки ба ҳаёти Расулуллоҳ (с) ва саҳобаҳои киром ошно шавем ва бубинем, ки онҳо Исломро чигуна дарк карданд, чигуна онҳо ба ин оятҳо ва аҳодис амал мекарданд? Қалби онҳо нисбат ба ин масъалаҳо чигуна метапид? Забони онҳо чигуна ин иршодотро ба анҷом медод? Чашмони онҳо чӣ ҳолат доштанд? Ё умуман вуҷуди онҳо чигуна бо ин гуфтаҳо сарукор дошт. Зеро имрӯз чунин нашавад, ки ҳама корро инсон анҷом диҳад, вале фардо барояш маълум гардад, ки Ислом анҷоми ин корро дигар намуд талаб мекард, вале ту ба шакле анҷом додаи, ки Худованд онро қабул наменамояд, мисли се нафари аввале, ки ба оташи дузах андохта мешаванд ва онҳо ҳам яке соҳиби қуввату шаҷоат буд ва ба шаҳодат расида буд ба назари худаш ва дигаре аз молаш хайри зиёд мекард ва саввумаш илм омухта ва дигаронро меомузонд. Вале чун дар як масъала онҳо натавонистанд худро дуруст намоянд ҳама ин корҳои анҷом додаашон дар назди Худованд қиммат пайдо накард. Он масъала ин буд, ки инсон ҳар кореро ки анҷом медиҳад, агар барои Аллоҳ таъоло холис набошад, ба ин сурат, ки кореро анҷоме медиҳад барои мардум айбаш нагиранд ва амсоли инҳо бошад, дар назди Худованди мутаъол ин амалҳо қиммате надорад, балки баръакс дарди сараш мешаванд. Бинобар ин мо ҳам рӯза медорем, вале бояд бубинем, ки Расулуллоҳ (с) ва шогирдону талабаҳое, ки аз мадрасаи ӯ баромадаанд, яъне саҳобаҳои киром (р) чигуна рӯза мегирифтанд? Барои онҳо чӣ чиз зиёд аҳамият дошт? Онҳо ин амалҳоро ба кадом сурат анҷом медоданд? Бояд ин умур мисли онеки онҳо анҷом доданд анҷом гирад, зеро беҳтарин касе, ки ин динро фаҳмида ва ба он амал намудааст ин шогирдони мактаби Расулуллоҳ (с) буданд, ки онҳоро беҳтарин таълим додааст. Ва дар ин маврид гуфтааст, ки: “Беҳтарин аср асри ман аст, сипас касоне ки баъди онҳо меоянд, сипас касоне ки баъди онҳо меоянд, сипас дуруғ паҳн мешавад”. Ва Расулуллоҳ (с) гуфтааст: “... касе онҳоро дӯст дошт ба дӯст доштани ман онҳоро дӯст доштааст ва касе онҳоро бад дид ба бад дидани ман онҳоро бад дидааст ва касе онҳоро озор ва азият дод маро озор ва азият додааст ва касе маро озору азият дода бошад, Худовандро озор ва азият додааст. Ва касе Худовандро озор додааст, қариб аст, ки онҳоро ба азоб гирифтор кунад”. Аз ҷиҳати дуруст шудани амалҳо ва ба сурати лоиқ анҷом гирифтанашон бо ин сурат ба онҳо бархурд намуда аз онҳо омузиш намуда амал намоем. Мегузарем ба амалҳое, ки дар даҳ рӯзи ахири рамазон Расулуллоҳ (с) ва саҳобагони киромаш (р) ба онҳо аҳамияти хоса медоданд ва чигуна онҳоро анҷом додаанд?
1. Муҳимтарин ин амалҳо: Шабзиндадорӣ кардан, яъне шабро ба гузоридани намоз сипарӣ намудан. Дар саҳеҳайн собит шудааст, аз модари муъминон Оиша (р), ки Расулуллоҳ (с) вақте  даҳаи ахири рамазон ворид мешуд, шабро зинда медошт ва аҳлашро бедор мекард ва миёнбандашро муҳкам мебаст. Маънои ин ки шабро зинда медошт ин аст, ки: Ҳангоми шаб ғарқи намоз хондан, зикр кардан, Қуръон хондан ва дуо кардан ва ғайри инҳо буд.  Дар китоби Насоӣ аз модарамон Оиша (р) омадааст, ки гуфта: “Ман Расулуллоҳ (с)-ро намедонам (яъне ёд надорам ва надидаам), ки дар як шаб тамоми Қуръонро хонда бошад ва на шабро то субҳ зинда дошта бошад ва на моҳеро комил рӯза гирифта бошад ҳаргиз, ба ғайр аз рамазон” яъне танҳо рамазонро комилан гирифтааст, дигар моҳеро комилан рӯза надоштаанд. Пас аз ин ҷо маълум мегардад, ки зинда доштани шаб дар рамазон ва ғайри он мақсад барпо доштани бештари шаб аст на ҳамаи он. Вале мутобиқи баъзе роҳҳои ривояти аҳодиси дигар, эҳтимол дорад, ки ҳамаи шабро зинда медошт.
2. Аз амалҳои бузург дар ин даҳаи ахир: Бедор кардани аҳлу хонавода, аз тарафи роҳбари оила аст, барои намоз гузоридан.
Аз равиши Расулуллоҳ (с) дар ин даҳа ин буда, ки аҳлашро барои намоз гузоридан бедор мекард, ҳамчуноне ки дар Бухорӣ аз модарамон Оиша (р) ривоят шудааст. Ин ҳам аз ҳирсу хоҳиши сахти Расулуллоҳ (с) буда, бар ин ки аҳлаш фазилатҳои шабҳои ин моҳи каримро дарк намоянд. Зеро танҳо ба ин тамом намешавад, ки худаш амал кунад ва аҳлашро гузорад, ки хоб кунанд, ҳамчуное ки баъзе мардумон инро анҷом медиҳанд. Шаке нест, ки ин рафтор хато ва тақсири (кутоҳии) ошкор мебошад.
3. Аз амалҳои даҳаи ахири ин моҳ ин аст, ки чун он ворид шуд, миёнбандашро мустаҳкам мебаст. Ҳамчуноне ки дар саҳеҳайн омадааст. Маънои ин кирдори Расулуллоҳ (с) чунин аст, ки дар ин даҳаи ахир аз ҳамсарон дур мешавад ва ба тоату ибодат машғул мешавад. Ин аз он ҷиҳат аст, ки то нафс аз кудуратҳо, ғашиҳо, кинаҳо ва ончӣ инсон иштиҳову хоҳиши онро дорад, софу покиза шавад. Дар натиҷа, барои баландмартабагӣ ва олигии қалб ба меъроҷҳои қабул наздиктар ва барои нафс ҷиҳати ҳамдуши фазои малоикӣ будани он поктар мебошад. Ин чизе аст, ки барои равандаи роҳ лозим аст, то анҷомаш диҳад.
4. Аз ҷумлаи умуре, ки дар даҳи ахир ниҳоят бояд ҳарис буд ин: Дар масҷид эътикоф нишастан аст. Дар он масҷиде ки намоз мегузорад. Аз равишу роҳи Расулуллоҳ (с) ин буда, ки ҳамеша дар даҳи ахир эътикоф менишаст, то он замон ки Худованд ӯро ба назди худ хонд, ҳамчуноне ки дар саҳеҳайн аз модари муъминон Оиша (р) ривоят шудааст.
Инчунин аст, ки дар ин даҳае, ки эътикоф менишастанд, дар он шаби қадрро талабу ҷустуҷӯ мекард, то аз дигар корҳояш худро қатъ карда бошад ва барои шабҳои он даҳ рӯз худро фориғ намуда бошад ва барои муноҷоти Парвардигораш ва зикру дуои он бо худ танҳо монда бошад. Ӯ худро бо бурёе монеъа мекард, то дар он аз мардум танҳо бошад, бо онҳо омезиш накунад ва ба онҳо машғул нашавад.
Дар Бухорӣ ривоят шудааст, ки дар соле, ки Расулуллоҳ (с) вафот карданд бист рӯз эътикоф нишастанд.
Имом аз-Зуҳрӣ (раҳ) мефармояд: “Кори мусалмонҳо тааҷҷубовар аст. Эътикофро тарк кардаанд, бо вуҷуди онки Паёмбар (с) аз вақте, ки ба Мадина омад, то вақте ки Худованди азза ва ҷалла қабзаш кунад, таркаш нанамуданд”.
Аз асрори эътикоф ин аст, ки: Сафои қалб ва руҳ ҳосил мешавад. Ба ёд дошта бошем, ки мадори ҳама амалҳо бар қалб вобаста мебошад, ҳамчуноне ки дар ҳадис омадааст: “Огоҳ бошед, ки дар ҷасад гуштпорае аст, ки агар ислоҳ шавад тамоми ҷасад ислоҳ мешавад ва агар фосиду вайрон шавад тамоми ҷасад фосиду вайрон мешавад, огоҳ бошед, ки он қалб аст”.
Ҳамчуноне, ки рӯза доштан барои қалб аз ҳалокатгоҳҳои машғулкунандаи шаҳвонӣ виқоя ва ҳимояе аз хурдани бештар, нушидани бештар ва ҳамхобагии бештар аст, инчунин эътикоф сирри бузургеро дар худ дорад. Он ҳимоят намудани банда аст аз таъсироти суҳбати бештар намудан, каломи бештар гуфтан ва бештар хоб рафтан ва ғайри инҳо аз умури машғулкунандае, ки кори қалбро пароканда мекунад ва ба тоати Худованд ҷамъ омаданашро вайрон менамояд.
Як масъалае, ки лозим аст ин ҷо зикр шавад ва огоҳие низ бошад, ин аст ки бештари мардумон чунин эътиқод доранд, ки эътикофи инсон дуруст намешавад, магар ин ки агар ҳамаи даҳ рӯз ва шабҳои онро эътикоф нанишинад. Ва баъзеи дигар чунин ақида доранд, ки бояд дар масҷид дар тули рӯз ва шабҳои даҳ рӯз бимонад, вагарна эътикофаш дуруст намешавад. Ин дуруст нест. Чунки эътикоф агарчӣ суннат дар он ҳамаи даҳ рӯзро нишастан аст, магар ин ки баъзеи рӯзҳои даҳгонаро низ нишастан, баробар аст, ки рӯзҳояш бошад ё шабҳояш, дуруст мешавад. Ҳамчуноне ки агар корҳое дошта бошад, ки ӯро аз эътикофаш мебурида бошад, дуруст аст, ки инсон як ҷузъе аз вақтро чи аз шаб ё рӯз бошад, бинишинад. Агар масалан барои кори муҳиме ё барои адои вазифае баромад, вақте баргашт нияти эътикофашро таҷдид мекунад. Зеро дар даҳи ахир эътикоф нишастан суннат аст, аммо агар эътикофи воҷиб бошад, монанди ин ки назр намуда, ки эътикоф биистад, дар ин сурат бо баромаданаш аз масҷид бе ҳоҷати инсонӣ аз ҳоҷатхона рафтан ва ончӣ дар ин маъно мебошад, ботил мешавад.
5. Аз муҳимтарин амалҳо дар ин моҳ ва дар ин даҳаи ахир махсусан, тиловати Қуръони карим кардан аст. Вале он бояд бо тадаббуру андеша, фурӯтанӣ ва эътибор додани маъноҳои он аз амрҳо ва наҳйҳояш бошад. Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло фармуданд: “Моҳи рамазоне, ки дарон Қуръон нозил шудааст. Китобе, ки ҳидоят барои мардум аст ва (дарбардорандаи) нишонаҳо ва далоили ошкор ва равшан аз ҳидоят ва ҷудокунандаи ҳақ аз ботил аст...” Сураи Бақара: 185.
Расулуллоҳ (с) ба фазилати тиловат намудани Қуръон ишора намуда гуфтааст: “Қуръонро бихонед, ҳамоно барои шумо дар баробари ҳар ҳарф ҳасанае аст ва як ҳасана даҳ баробараш мебошад, аммо ман намегуям, ки алиф лом мим як ҳарф аст, валекин алиф ҳарфе аст, лом ҳарфе аст ва мим ҳарфе аст” Тирмизӣ (раҳ) ривоят кардааст ва иснодаш саҳеҳ аст.
Инчунин Паёмбар (с) хабар дода, ки Қуръон аз ҷои соҳибаш дар рӯзи арзи бузург муҷодала намуда ҳуҷҷат меорад. “Дар рӯзи қиёмат Қуръон ва аҳли онро, ки дар дунё ба он амал мекарданд, оварда мешаванд, пешо-пеши он сураи Бақара ва Оли Имрон меояд, ки барои дифоъ аз соҳибашон муҷодала мекунанд” Муслим.
Гузаштагони бузургу шоистаи мо бар хондани Қуръон ниҳоят ҳарис буданд, махсусан дар моҳи рамазон. Асвад ибни Язид (р) Мусҳафро дар шаш шаб хатм мекард. Чун рамазон дохил мешуд, дар ҳар се шаб онро хатм мекард. Ва вақте даҳи ахир медаромад дар ҳар шаб як маротиба онро хатм мекард. Имом Абу Ҳанифа ва имом Шофеъӣ (р) низ ривоят шуда, ки дар як шаб онро хатм мекарданд.
Ҳофиз ибни Раҷаб (раҳ) дар мавриди наҳйе, ки дар камтар аз се рӯз омадааст, чунин назарро баён намудааст, ки ин наҳй дар хатми Қуръон дар камтар аз се рӯз дар ҳоле аст, ки агар одат шавад, аммо дар маконҳои дорои фазилат мисли Макка барои касе ки дар он дохил мешавад ё дар замонҳои фазилат дошта мисли моҳи рамазон ва даҳи ахири он, макруҳ намебошад. Гузаштагони шоистаи мо бар ин сурат амал кардаанд.
Ин буд шаммае аз дастурот ва равиши Расулуллоҳ (с) ва саҳобагони киромаш (р) дар моҳи рамазон ва махсусан дар даҳаи ахири рамазон. Бубинед, чигуна шавқ доштанд ва чигуна барои анҷоми ин амалҳо вақт пайдо мекарданд, аниқтараш вақт ҷудо мекарданд. Як чизро ба инобат бояд гирифт, ки онҳо инсонҳои солеҳ буданд, бо вуҷуди он ин қадар ба тоату ибодат ҳарис буданд. Вале дар замони мо бошад, дараҷаи мардуми ин замон дар тақво ва салоҳ бо вуҷуде, ки ба онҳо намерасад, дар тоату ибодатҳо камтар аз онҳо рағбат доранд. Чаро? Ин суоле аст, ки ҳар инсон бояд ба худаш онро диҳад ва ҷавобашро бигирад. Оё мо мисли онҳо ба тоату ибодат ниёз надорем? Ё мо вақти кам дорем? Оё вақти худро дар ҳаёт аз онҳо беҳтар мегузаронем? Ҳамаи инҳоро лозим меояд андеша намоем ва роҳи дурустеро, ки онҳо рафтаанд мо интихоб намоем.
Аз Худованди мутаъол дуо мекунем, ки моро ба тоаташ муваффақ гардонад ва дар роҳи ризояташ истеъмол намояд ва моро бо роҳи солеҳон бибарад ва хотимаи амри моро нек гардонад ва аз мо амалҳои солеҳро қабул фармояд, ки ҳамоно Ӯ ҷаводу карим аст.