Шеърҳо

↷↷↷↷↷↷↷↷↷↷↷↷

56 комментариев:

  1. Зи куҷо омадаму боз куҷо хоҳам рафт?
    Зи Худо омадаам, сӯи Худо хоҳам рафт.
    Пок аз кинаву тазвиру риё омадаам,
    Пок аз кинаву тазвиру риё хоҳам рафт.
    Нест дар рафтани ман ҳеч нишоне зи адам,
    Аз шумо чун биравам, сӯи шумо хоҳам рафт.
    Нарму оҳиставу хомӯш бубинӣ саҳаре
    Зи кафи дасти ту чун ранги ҳано хоҳам рафт. Гарчи аз чарх ҳама санги ҷафо меборад,
    Ба кафам шишаи номӯси вафо хоҳам рафт.
    То шифои дили бемори ту хоҳам зи Худо,
    Зи лаби гарми табат мисли дуъо хоҳам рафт.

    ОтветитьУдалить
  2. Чизе , ки ман аз ту ба дуъо хостам ,
    Асбоби надомат хама чо хостам .
    Ё раб караме , ки вакти охир гуям ,
    Аз хазрати ту хамин туро хостам .
    ( Халилй )
    Афсус , ки дар кисмати мо шодй нест ,
    Чуз ранчу гаму чафову барбодй нест ,
    Илму хунару санъату неруву низом ,
    Инхо хама хечанд чу озоди нест .
    ( Халили )
    Зебо ватанам чаннати дуньё ватанам !
    Ай нарку хуну ашки танхо ватанам !
    Ман чуз ту дигар ном наорам бар лаб ,
    Ай во ватанам ! во ватанам !во ватанам !
    ( Халили )
    Худоё теги такдират бинозам ,
    Ба хун олуда шамшерат бинозам .
    Зади тире , ки аз пуштам баромад ,
    Камонат бусаму тират бинозам .
    ( Халили )
    Зи гардун тир меборад сипар ку ?
    Сари парвоз дорам болу пар ку ?
    Диёри дустон дур аст , ё раб !
    Кабута ку , сабо ку , номабар ку ?
    ( Халили )
    Худоё дидаи ахли ризо бахш !
    Диле бо дарди ишкам хамнаво бахш !
    Зи хоки рохи мардони худобин ,
    Ба чашми хираи ман , тутиё бахш !
    ( Халили )
    Худоё хушк шуд обу гили ман ,
    Дар оташ сухт яксар хосили ман ,
    Худоё ишк бор аз абри файзат ,
    Ки гул руяд зи сахрои дили ман .
    ( Халили )
    Худовандо диламро биниш омуз !
    Чароги мурдаамро тобиш омуз !
    Ба булбул ёд доди нагмаи субх ,
    Маро хам дар шаб нолиш омуз !
    ( Халили )
    Чоомест , ки акл офарин мезанадаш ,
    Сад буса зи мехр бар чабин мезанадаш !
    Ин кузагари дахр чунин чоми латиф .
    Месозаду боз ба замин мезанадаш .
    ( Халили )
    Дар дида ба чои хоб об аст , маро ,
    Зеро , ки ба диданат шитоб аст , маро
    Гуянд бихоб , то ба хобаш бинй ,
    Эй бехабарон чи чои хоб аст , маро
    ( Абусаъид )
    Гар марди рахи миёни хун бояд рафт !
    Аз пой фитода сарнагун бояд рафт !
    Ту пой ба рох дарнеху хеч мапурс ,
    Худ рох бигуядат , ки чун бояд рафт .
    ( Аттор )
    Ту , ки нушам най нешам чарой ?
    Ту , ки ёрам най пешам чарой ?
    Ту , ки мархам най захми диламро ,
    Намакпошй дили решам чарой ?

    Чунин гуфт Фирдавсии покзод
    Ки рахмат бар он турбати пок бод
    Маёзро муре , ки донакаш аст
    Ки чон дораду чони ширин хуш аст .

    Биё то кадри якдигар бидонем ,
    Ки ноогох зи якдигар намонем .
    Каримон чон фидои дуст карданд
    Саги бигзор охир мардумонем .
    ( Мавлавй )

    ОтветитьУдалить
  3. Як дуои модар эмин дорад аз садҳо хатар,
    Бигзаронад аз миёни сад балояш безарар.
    Як дуои модар аз сад ганҷи Қорун қимат аст,
    Як дуои ӯ тилисме ҳаст, бар садҳо зафар.
    Дар шаби торат дуои ӯ чароғи равшан аст,
    Дар дили зиндон дуояш аз бароят равзан аст.
    Дорад эмин аз ҳазорон захми теғу тири кас,
    Дар тани покаш дуои неки модар ҷавшан аст.
    Бигзаронад зинда аз сад маргу тӯфони бало,
    Берун орад аз дари чоҳу зи коми аждаҳо.
    Он қадар нолад, ки то даргоҳи Ҳақ дар во кунад
    То бирезад бар сари ту лутфу эҳсони Худо,
    Модари ман, меҳани ман, қалъаи имони ман.
    Аз ҳама дури дуриҳо, балогардони ман.
    Бо дуои ту дар ин дунё шафоат ёфтам,
    Ҳам дар он дунё дуоят бод пуштибони ман.

    ОтветитьУдалить

  4. Умрам ҳамаро табоҳ кардам чи кунам
    Парвандаи худ сиёҳ кардам чи кунам
    Ту афв куни аз карамат аммо ман
    Аз инки туро гуноҳ кардам чи кунам

    Бо ман ҳама ҷо рафиқи роҳи ё Раб
    Аз дарди нагутаам гувоҳи ё Раб
    Ман абди залили ту Худованди ҷалил
    Аз ман оҳе зи ту нигоҳе ё Раб

    Бигзашта гуноҳам аз шумора ё Раб
    Ҷуз афви ту нест роҳи чора ё Раб
    Ман абди фирори туам ё Аллоҳ
    Дар боз кун омадам дубора ё Раб

    Умре ба гуноҳ по фишурдам ё Раб
    Бори дили худ ба душ бурдам ё Раб
    Ту нози маро кашидиву ман ғофил
    Сили зи ҳавои нафс хурдам ё Раб

    ОтветитьУдалить

  5. Рамазон омаду дил масти муноҷоту дуост
    Ғарқи зикри саҳари маҳви мулоқоти Худост
    Рузадорони саҳархез, пайи розу ниёз
    Вирди лабҳои ҳама нағмаи мавло мавлост
    Ҳамчу хуршеди дурахшон ки сипеҳрафрӯз аст
    Лайлатулқадр дар ин моҳи муборак рахшонаст
    Лайлатул қадр ки Қуръон шуда нозил дар он
    Шаби густардагии суфраи эҳсону сахост

    Нардабонест ниёиш ки аз ин пиллаи нур
    Метавон рафт ба ҷое ки дили ором онҷост
    Ё навои хуши мурғони саҳархон бархез
    Ки саҳаргоҳ пазироии ту ҳаққ ҷалои алост
    Гуши дил во куну бишнав ки зи гулдастаи васл
    Мезанад ҷор малик, ошиқи дидор куҷост
    Ҳаққ туро хонда дар ин моҳ ба меҳмонии нур
    Баҳра баргир аз ин суфра ки баҳрат орост
    Дар раҳи тавба бикушу мадеҳ фурсат аз даст
    Ки надомат зи гуноҳони пули ғуфрони Худост
    Ҷуз дар ин моҳ ки дар ҳар нафасат тасбеҳест
    Дар чи моҳе дигар аз баҳри ту ин аҷру ҷазост
    Талъати дуст агар металаби, оина шав
    Акси ҷонон ҳама ҷо дар бағали оинаҳост
    Ё Раб аз қудсият ин ҳоли муноҷот магир
    Эй ки номи ту даво, марҳами ёди ту шифост

    ОтветитьУдалить

  6. Рамазон рафту дилам --رمضان رفت و دلم
    Рамазон рафту дилам дар табу тоб аст ҳанӯз
    Тарсам аз ғафлати даврон шабоб аст ҳанӯз
    Мани саргашта кунун дидаву дилро чи кунам
    Дил ки вайронаву ҳам дида хароб аст ҳануз
    Рӯзадорон саҳар аз банди Шаётин растанд
    Вой ҳар ғофили бечора ки хоб аст ҳанӯз
    Эй хуш он орифи масте ки ба шавқи Рамазон
    Сару кораш ба намоз асту китоб аст ҳанӯз
    Қатраи шабнами гул зинати субҳ аст вале
    Ашке аз дида саҳар гавҳари ноб аст ҳанӯз
    Эй дил аз баҳри Худо гирди гуноҳон ту магард
    Дар гузаштан зи гунаҳ айни савоб аст ҳанӯз
    Лаззати фонии дунёву ҷаҳони гузаро
    Нек чун менигарам мисли сароб аст ҳанӯз
    Осмонҳову замин баҳри ту машғуланд суҷуд
    Қамару шамсу ҷабал, наҷму давоб аст ҳанӯз
    Ба амал кор барояд ба сухандони нест
    Фикри нон бош дуло харбуза об аст ҳанӯз

    ОтветитьУдалить

  7. Тавофи Каъба -- طواف کعبه
    Хушо ба нима шабе бо Худо сафо кардан
    Забони ҳол гушудан зи дил дуо кардан
    Тамоми лаззати олам намерасад қадраш
    Ба як дақиқа муноҷот, бо Худо кардан
    Ба сад ҳазор қабулии умра меарзад
    Ба даҳр як гиреҳ аз кори халқ во кардан
    Ба иддао натавон барад баҳраи фардо
    Ки баҳра аз амал ояд на иддао кардан
    Дар ин сарои ду дар, аз дар даро эй дуст
    Ки ҳоҷате битавон аз касе раво кардан
    Барои ҷалби ризои Худо бикуш эй дил
    Ки мушкил аст Худоро зи худ ризо кардан
    Ба зарқу барқи зар эй дил маноз, мебози
    Ки кори зар, бувад аз ҳаққ туро ҷудо кардан
    Жулидаи Нишопурӣ

    ОтветитьУдалить

  8. Бикун панди маро овезаи гӯш
    Худоятро макун ҳаргиз фаромӯш
    Ризои ҳақ талаб гар менамоӣ
    Ба рӯзу шаб ба кори мардумон кӯш

    ОтветитьУдалить

  9. Қадри ин умри гаронро на ту дониву на ман
    Аспи омоли ҷаҳонро на ту дониву на ман
    Гарам аз лутфи Худо умри ду сад Нуҳ куни
    Бо хабар бош ки охир на ту мониву на ман

    ОтветитьУдалить

  10. Эй бод! Ба хоки Мустафоят савганд
    Ман бе ту даме қарор натвонам кард
    Аз боди сабо дилам чу бӯи ту гирифт
    Афсус ки аёми ҷавони бигузашт
    Рӯзам ба ғами ҷаҳони фарсуда гузашт
    Эй дар ту аёнҳову ниҳонҳо ҳама ҳеҷ
    Дар кишвари ишқ ҷои осоиш нест
    Мо дил ба ғами ту баста дорем эй дуст
    Эй дуст эй дуст эй дуст эй дуст
    Дунё ба ҷуй вафодори надорад эй дуст
    Эзад ки ҷаҳон дар қабзаи қудрати ӯст
    То меҳри Абутуроб дамсози ман аст
    Моро ба ҷуз ин ҷаҳон ҷаҳони дигар аст
    Эй холиқи халқ раҳнамое бифирист
    Ёди ту шабу рӯз қарини дили мост
    Ё Раб ғами ончи ғайри ту дар дили мост
    Гар толиби роҳи ҳақ шавӣ раҳ пайдост
    Ман бандаи осияму ризои ту куҷост
    Ончунон каз рафтани гул хор мемонад ба ҷо
    Мо куштаи ишқуму ҷаҳон муслахи мост
    Он ёр ки аҳди дустдори бишкаст
    Корам ҳама нолаву хурушаст имшаб
    Ё Раб ба карам даре баруям бигшо
    Ё Раб ба карам даре баруям бигшо
    Дар дида ба ҷои хобаст маро
    Дар дида ба ҷои хобаст маро
    Дар дида ба ҷои хобаст маро
    Эй дуст даво фирист беморонро
    Ё Раб макун аз лутф парешон моро
    Боз о боз о ҳар ончи ҳасти боз о
    Эй тарки ҷон накардаву ҷононат орзӯст
    Назаре фикан ба ҳолам ки зи даст рафт корам
    Эй бор Худо ба ҳаққи ҳастӣ
    Ҳар он шамъе ки Эзад барфурузад
    Гирифт хоҳам зулфайни анбарини туро
    Худовандо
    Беруи дуст, душ шаби мо саҳр нашуд

    ОтветитьУдалить
  11. Хоҳам аз Худо ки бенавоям накунад,
    Ғарқам бикунад вале раҳоям накунад.
    Як хостае дорам зи Худои Мутаол,
    Дар ҳар ду ҷаҳон аз худ ҷудоям накунад.

    ОтветитьУдалить
  12. Пушти ҳар куҳи баланд,
    Сабзазорест пур аз ёди Худо.
    Ва дар он боғ касе мехонад:
    Ки Худо ҳаст, дигар ғусса чаро?

    ОтветитьУдалить
  13. Ҳар ки манзури худ аз ғайри Худо металабад.
    Ӯ гадоест ки ҳоҷат зи гадо металабад.
    Заҳр аст атои халқ ҳарчанд ки даво бошад.
    Ҳоҷат зи ки мехоҳи онҷо ки Худо бошад.

    ОтветитьУдалить
  14. Ба ҳар ҷое, ки бошӣ боимон бош,
    Гули хушбӯ миёни мардумон бош.
    Ҳамеша соябони тоҷикон бош,
    Расӣ бар сад ҳамон гули ҷавон бош!

    ОтветитьУдалить
  15. Дилхуш аз онем ки Ҳаҷ меравем,
    Ғофил аз онем ки каҷ меравем.
    Каъба ба дидори Худо меравем,
    Ӯ ки ҳаминҷост куҷо меравем.

    Душман чу ба мо дарнигарад бад бинад,
    Айбе ки бар мост яке сад бинад.
    Мо оинаем, ҳар ки дар мо нигарад,
    Ҳар неку баде ки бинад аз худ бинад.

    Зан агар бе сатр бошад луқмаи Шайтон шавад,
    Сайди муфти фосиқони дур аз имон шавад.
    Дину маърифату илмаш қадри зан афзун кунад.
    Ғафлаташ як офатест з-ин қадри вай поён шавад.

    ОтветитьУдалить
  16. Гар нигаҳдори ман он аст ки ман медонам,
    Шишаро дар бағали санг нигаҳ медорад.

    Хасрати дунё ба дил охир пушаймон меравӣ,
    Дар ҷахон бо дасти холи омади дида гирён меравӣ.
    Талхи ҷон канданатро тангаву тилло чи суд,
    Гар кафан гардад насиб печа бар он меравӣ
    Ту бигу зикри Худову ойяти Куръон ба дил,
    Хок буди оқибат бар хок яксон меравӣ


    Ё Расулаллоҳ! Басе дармондаам.
    Бод бар каф, хок бар сар мондаам.
    Бекасонро кас туӣ дар ҳар нафас.
    Ман надорам дар ду олам ҷуз ту кас.
    Як нафас сӯи мани ғамхора кун.
    Чораи кори мани бечора кун.
    Гарчи зоеъ кардаам умр аз гуноҳ,
    Тавбакарди узри ман аз ҳақ бихоҳ.
    Гар зи "Ло таъман" бувад тарсе маро,
    Ҳаст аз "Ло тайасу" дарсе маро.
    Рӯзу шаб биншаста дар сад мотамам,
    То шафоатхоҳ бошӣ як дамам.
    Аз дарат гар як шафоат даррасад,
    Маъсиятро муҳри тоат даррасад.

    ОтветитьУдалить

  17. Хуш бувад гар маҳаки таҷриба ояд ба миён,

    То сияҳруй шавад ҳарки дар ӯ ғаш бошад.(Ҳофиз)

    Диди ки хуни ноҳақи парвона шамъро,

    Чандон амон надод ки шабро саҳар кунад.

    Ҳофиз

    Макун то тавони дили халқ реш,

    Вагар мекуни, мекани бехи хеш.

    Саъдӣ

    Эй ҳудҳуди сабо ба сабо мефиристамат,

    Бингар ки аз куҷо то ба куҷо мефиристамат.

    Ҳофиз

    Илоҳӣ ҳар ки туро шинохт ва илми меҳри ту барафрохт, ҳарчи ғайр аз ту буд бияндохт.

    Абдуллоҳи Ансорӣ


    ОтветитьУдалить
  18. Офарин ҷонофарини покро,

    Онки ҷон бахшиду имон хокро.

    Аттор

    Ҳар, ки бе устод кард оғози кор,
    Кору бори ӯ надорад эътибор.

    Ҳар вақт ман ғамгин шавам

    Ба ёди ту ором шавам.

    Зикри Худои мерабун,

    Дар назди ӯ хам шавам.

    ОтветитьУдалить
  19. Эй тарки ҷон накардаву ҷононат орзӯст,

    Зуннор нобуридаву имонат орзӯст.

    Дар ҳеҷ вақт хидмати марди накардаӣ,

    Вонгаҳ нишаста суҳбати мардонат орзӯст.

    Абусаиди Абулхайр

    Эй бор Худо ба ҳаққи ҳастӣ,

    Шаш чиз маро мадад фиристӣ.

    Имону амону тандурустӣ,

    Фатҳу фараҷу фарохдастӣ.

    Абусаиди Абулхайр

    Ҳар он шамъе ки Эзад барфурузад,

    Касе ки пуф кунад ришаш бисузад.

    Абусаиди Абулхайр

    ОтветитьУдалить
  20. Ё Раб ғами ончи ғайри ту дар дили мост,

    Бардор ки бесоҳили аз ҳосили мост.

    Алҳамд ки чун ту раҳнамое дорем,

    Каз гумшудагонем ки ғам манзили мост.

    Абусаиди Абулхайр


    Гар толиби роҳи ҳақ шавӣ раҳ пайдост,

    Ӯ рост бувад бо ту, ту гар боши рост.

    Вонгаҳ ки ба ихлосу дарун софи,

    Ӯро боши бадон ки ӯ низ турост.

    Абусаиди Абулхайр

    ОтветитьУдалить
  21. Ман бандаи осияму ризои ту куҷост,

    Торик дилам нуру сафои ту куҷост.

    Моро ту биҳишт агар ба тоатбахшӣ,

    Ин байъ бувад лутфу атои ту куҷост.

    Абусаиди Абулхайр


    Он ёр ки аҳди дустдори бишкаст,

    Мерафту маниши гирифта доман дар даст,

    Мегуфт дигар бора ба хобам бинӣ,

    Пиндошт ки баъд аз ӯ маро хобе ҳаст.

    Абусаиди Абулхайр

    ОтветитьУдалить
  22. Ё Раб макун аз лутф парешон моро,

    Ҳарчанд ки ҳаст ҷурму исён моро.

    Зоти ту ғани будаву мо меҳтоҷем,

    Муҳтоҷ ба ғайри худ магардон моро.

    Абусаиди Абулхайр

    Ё Раб ғами ончи ғайри ту дар дили мост,

    Бардор ки бесоҳили аз ҳосили мост.

    Алҳамд ки чун ту раҳнамое дорем,

    Каз гумшудагонем ки ғам манзили мост.

    Абусаиди Абулхайр

    ОтветитьУдалить
  23. Мохи Рамазон си руза мехмон омад.
    Аз дини Расули Хак ба Куръон омад.
    Эй бандаи гофиле,зи хобат бархез.
    Бахшидани гунохи хар мусалмон омад!

    Мавлавӣ фармудааст:
    Ҳаст рӯзаи тоҳир, имсоки таъом
    Рӯзаи маънӣ, таваҷҷӯҳ дон тамом.
    Ин даҳон бастӣ, даҳоне, боз шуд
    Ки хӯранда, донаҳои роз шуд.
    Ҷӯъ мар хосони ҳақро додаанд
    То шаванд аз ҷӯъ шерон зӯрманд.

    Ё Раб! Камоли офияташ бардавом дор.
    Иқболу давлату шарафаш мустадом дор.
    Солу маҳаш мубораку рӯзу шабаш ба хайр,
    Бахташ баланду гардиши гетиш ба ком дор.

    Моҳи муборак омад, эй дӯстон башорат

    Каз сӯи дӯст моро ҳар дам расад ишорат
    Омад навиди раҳмат, эй дил зи хоб бархез
    Бошад, ки боқӣ умр, ҷуброн шавад хасорат.
    *** Мужда, ки шуд моҳи муборак падид
    Ба осиён ваъдаи раҳмат расид
    Омад Рамазон ҳаст дуоро асаре
    Дорад дили ман шуру навои дигаре
    Мо бандаи осию гунаҳкори Туем
    Эй Довари Бахшанда ба мо кун назаре
    ***
    Афсус, ки аёми шарифи Рамазон рафт
    пн ид ба як мартаба аз дасти ҷаҳон рафт
    Соиб
    ***
    Рамазон рафт ва лекин дили пок нашуд
    Гунаҳолуд дилам лоиқи Он пок нашуд
    Ҳама гулҳои ҷаҳон чоки гиребони Туянд
    Дар шугуфтам, ки чаро синаи мо чок нашуд
    ***
    Ганҷинаи нуронии Қуръон Рамазон аст
    Оромиши дилҳои парешон Рамазон аст
    Маҷмуаи гулҳост шабу рӯзи азизаш
    Яъне ба ҳақиқат, ки гулистон Рамазон аст
    Дар домани ин баҳри гиронмоя бубинед
    Дарёи гуҳарҳои фаровон Рамазон аст
    Бо зикри муноҷоти Худо дар дили шабҳо
    Бар ҳастии мо дасти гулафшон Рамазон аст
    Тасвири шафак гашта чу саҷҷодаи Мавло
    Оинаи он муҳри фурузон Рамазон аст
    Пас он садафи нур ба Қуръон Рамазон аст

    ОтветитьУдалить
  24. Рамазон он махи киммату бо микдор омад,

    Он зи Хак муниси пирони гунахкор омад.
    Эй чавони гунахкор махи тавба расид,
    В-андар у махфирати Хазрати Чаббор омад.
    Наъраву валвалаи масти харобот намуд,
    Нолаву зикри гунахкори дилозор омад.
    Душ дар айни сахар буд,аз хостаи вай,
    Нолаи сухтае суи мани зор омад.
    Зор зореду бигуед,ки; ин мох расид,
    Ки аз у мужда начоти мани гамхор омад.


    Ин мохи Шарифи Рамазона садка,
    Мехмони азизи хонадона садка.
    Аз субхи сафо то ба дами шоми зухал,
    Ду дидаи сери мардумона садка..

    Эй ошиқон муборак моҳи валодат омад,
    Он гавҳари дурахшон шамъи рисолат омад.
    Аз ҷамъи хошимиён хуршеди ҳак тулуъ кард,
    К-он моҳи осмони бахри ҳидоят омад..
    Дунё таваллуд ёфт к-он нозанин биомад,
    Дар фасли тобистон моҳи имомат омад..```
    Мохи Рамазон си руза мехмон омад.
    Аз дини Расули Хак ба Куръон омад.
    Эй бандаи гофил,зи хобат бархез.
    Бахшидани гунохи хар мусалмон омад!
    Ганчинаи нуронии Куръон Рамазон аст,
    Оромиши дилхои парешон Рамазон аст.
    Мачмуаи гулхост шабу рузи азизаш,
    Яъне ба хакикат, ки гулистон Рамазон аст.
    Дар домани ин бахри гаронмоя бубинед,
    Дарёи гухархои фаровон Рамазон аст.
    Бо зикри муночоти Худо дар дили шабхо,
    Бар хастии мо дасти гулафшон Рамазон аст.
    Тасвири шафак гашта чу саччодаи Мавло,
    Оинаи он мухри фурузон Рамазон аст.
    Пас он садафи нур ба Куръон Рамазон аст

    ОтветитьУдалить
  25. Назме дар фазоили ин мох.
    (бо кумаку сухулати Мавло тахияшудаи хамин лахзахост)
    ---------------------------------------------
    Бо ситоиш ман кушоям чумлаи огозро,
    Арза дорам бахри ёрон хубии ин мохро.
    Аз фазоил пур шуда дастони хайраш бе итоб,
    Хам зи асрору хикам* бини ту дар у бе хисоб.
    Бартаринаш аз миёни он хама хайру чило*,
    Пайки Куръон омадан,бар калби поки Мустафо.
    Охирин дастури Рахмон бахри кулли бандагон,
    Хам хидоят, хам шифову хам чилову хам сафо.
    Рахнамои бандагон дар зиндаги хам баъди марг,
    Хам шифо аз кулли ранчу хам рахо аз хар бало.
    Хам амони муъминон аз чумла шуру хар шарар,
    Рахмати Холик чу абре руи сар у дар само*.
    Исми у омад"Шифои садр"* аз хар дарду гам,
    Манбаъи хайру саодат, чашмаи фатху чило.
    Гар зи хасрат тарс дори,гар зи гам хохи гурез,
    Чанг бар оёти у зан, бахра ёби бе адо.
    Хам зи шайтон чавшане бошад биронад он рачим,
    Нест бехтар дар ду олам хамчу Куръон муттако*.
    Панду андарзу хикоёти ачибаш ахсан* аст,
    Манхачи бе зайги* шаръаш неъмати хар мучтабо*.
    Харки ру овард бар у куваташ афзун шавад,
    Иззаташ боло шавад, кадраш биафзояд Худо.
    Зиндагиро тибки Куръон тархи нав овар,ки гар
    Рохрав Куръон набошад, умр гардад чун дучо*.
    Мохи Куръон омада то мо тиловатхо кунем,
    Хам зи хар харфе ба дах гирем савобу хам ато.
    Чаннати Фирдавсро гар толиби бикшо Китоб,
    Чаннате,к-у вусъаташ* чун арзу пахно чун само.
    ------------------
    Тавзехи баъзе калимот:
    Хикам, шакли чамъи хикмат.
    Само,осмон.
    Садр,дил,калб.
    Зайг,качи,нодурусти.
    Мучтабо,интихобшуда,рахматшуда.
    Чило,тозаги,поки.
    Муттако,такягох.
    Ахсан,зеботарин,хуштарин.
    Дучо,шаби торик.
    Вусъат,васеъи,пахнои.
    Арз,замин.

    ОтветитьУдалить
  26. Туро ман панд гуям ҷони модар,
    Писарҷон,панди ман бо худ нигаҳ дор.
    Ба гӯши ҷон шунав ин панди моро.
    Ба ҳар як мушкили то оядат кор.
    Ҳалиму ботамизу боадаб бош,
    Ки бошад беадаб шармандаву хор.
    Ба даст овар дилеро то тавони,
    Шавад пайдо туро ёрони ғамхор.
    Маҷу ҳаргиз бади,зеро Худованд,
    Набахшад золимони мардумозор.
    Намо андешаву в-он гаҳ сухан кун,
    "Сухан бисёр гуфтан-ин ба хар бор".
    Пайи таълими илму маърифат шав,
    Зи устодон сабақ омузу асрор.
    Касе,ки соҳиби илм асту дониш,
    Варо бошад ҳамеша қадри бисёр.
    Ба ҳар ҷо эй ҷигарбанди азизам,
    Фурутан бошу ботамкину бо ор.

    ОтветитьУдалить
  27. Магир аз сарат хичоб, бо он басо
    кашанги,
    Хичобат бошад чу дил, даруни он
    ту нанги.
    Аз куча гузар карди, бикардам
    суят назар,
    Он хичоби сари ту, зи Куръон
    бинмуд хабар.
    Рафтам хона шитобон, ба даст
    гирифтам Куръон,
    Расидам ба ин оят;" Икраъ"-яъне,
    ки бихон !
    Кардам сатри ту пайдо, ман зи
    сураи" Ахзоб",
    Нурафшон гашт ду дида, Валлох,
    ки мисли мохтоб.
    З-ояти панчою нух(59), меомад
    буи гулоб,
    Зеро дар он ба занхо, амр аст, ки "
    Кунед Хичоб".
    Ва хам дар сураи " Нур", дар ояи
    сию як(31),
    Тарзи бастани хичоб, фахмондааст
    як-як.
    З-ин ру магир ту хичоб, зи сар, ки
    мешави хор,
    Бихиштро бинех бар сар, иваз
    масозаш бо Нор!!

    ОтветитьУдалить
  28. Бода пур хӯрдану ҳушёр нишастан саҳл аст,
    Гар ба давлат бирасӣ, маст нагардӣ, мардӣ!

    Аё эй холиқи якто, ба ҳоли ман тараҳҳум кун,
    Дар ин саҳро манам гирён, ба ҳоли ман тараҳҳум кун.
    Ба меҳру шафқати афзун ба ҳоли ман тараҳҳум кун,
    Ба сӯзи ҳаҷр бигзоштй ту бо рӯи сияҳ манро.

    Бигӯем бар Расулуллоҳ салавот.

    Барои фазлу афзунии тоъот,
    Барои қурбати Халлоқи ҷаннот,
    Барои рафъати фазлу мақомот,
    Барои ҳалли ҳар матлубу ҳоҷот.

    Бигӯем бар Расулуллоҳ салавот,
    Бигӯем бар Ҳабибуллоҳ салавот.

    Ба ҳар маҷлис, ки бо ёрон нишинем,
    Ҷамоли ҳамдигар шодон бубинем,
    Зи боғи маърифт гулҳо бичинем,
    Агар ҷӯяндаи роҳи яқинем.

    Бигӯем бар Расулуллоҳ салавот,
    Бигӯем бар Ҳабибуллоҳ салавот.

    Барои ин ки Ҳақ тоъат пазирад,
    Чароғи маърифат дар дил намирад,
    Азозил гавҳари имон нагирад,
    Муҳаммад рӯзи маҳшар даст гирад.

    Бигӯем бар Расулуллоҳ салавот,
    Бигӯем бар Ҳабибуллоҳ салавот.

    Муҳаммад хоси даргоҳи Худо шуд,
    Муҳаммад дофеъи ширку ҳаво шуд,
    Барои халқи олам раҳнамо шуд,
    Маризи дарди исёнро даво шуд.

    Бигӯем бар Расулуллоҳ салавот,
    Бигӯем бар Ҳабибуллоҳ салавот.

    Ба мо пайғоми Ҳақ ирсол бинмуд,
    Тариқу роҳи истиқлол бинмуд,
    Ҳама расми куҳан помол бинмуд,
    Зи ҳикмат кофиронро лол бинмуд.

    Бигӯем бар Расулуллоҳ салавот,
    Бигӯем бар Ҳабибуллоҳ салавот.

    Расули Ҳақ араб бошад аҷаб нест,
    Ки ҳар миллат сазои ин рутаб нест,
    Чу маҳ кавкаб далели роҳи шаб нест,
    Рамузи кори Холиқ бесабаб нест.

    Бигӯем бар Расулуллоҳ салавот,
    Бигӯем бар Ҳабибуллоҳ салавот.

    Чу Сиддиқ ёри Ӯ шуд, босафо шуд,
    Умар маҷмуъаи адлу вафо шуд,
    Ҳам Усмон ҷомеъи ҳилму ҳаё шуд,
    Али худ маъдани ҷуду сахо шуд.

    Бигӯем бар Расулуллоҳ салавот,
    Бигӯем бар Ҳабибуллоҳ салавот.

    Чароғи дини ӯ буданд ёрон,
    Ҳама дар роҳи шаръаш ҷонсупорон,
    Ҳама бар маснади дин шаҳриёрон,
    Хусусан Буҳанифа бо ҳазорон.

    Бигӯем бар Расулуллоҳ салавот,
    Бигӯем бар Ҳабибуллоҳ салавот.

    Зи Ҳақ Наққош мехоҳад шабу рӯз,
    Ки бошанд аҳли Ислом шоду фирӯз,
    Зи хулқи Мустафову бахти фируз,
    Миёни халк чун моҳи шабафрӯз.

    Бигӯем бар Расулуллоҳ салавот,
    Бигӯем бар Ҳабибуллоҳ салавот.

    ОтветитьУдалить
  29. Гар ҳар нафасе ба зикри Ҳақ машғули
    Шукрона бикун: ки назди Ҳақ мақбули
    Бифристи дуруди беадад бар Аҳмад
    Андар раҳи Ҳақ ҳарису пурмаҳсули.

    эй бародар то тавони тавбаро бисёр кун,
    Дил зи дунё баркану ук,бои худ обод кун.
    Гар ба неки хох,и ки гиранд номат одамон,
    Рав ба кори нек дили одамеро шод кун.
    Максадат бошад, ки гарди дар ду олам сарбаланд,
    Хонаи кибру гурурро баркану барбод кун.
    Гар ятимеро ту бини пойбанди дарду гам,
    Бах,ри ризои Худованд ту варо озод кун.
    Дур будан аз Худо бошад расми нокасон,
    Чашмае аз ишк,и АЛЛОХ,дар дилат бунёд кун.
    Эй бародар то тавони тавбаро бисёр кун,
    Х,ар ки тавба мекунад ч,ояш гулистон мешавад.

    ОтветитьУдалить
  30. Рӯзе ҳаё намонад, поёни ин ҷаҳон аст,
    Шарм аз Худо намонад, поёни ин ҷаҳон аст.
    Рӯзе ки дасти сабзе боло бар осмонҳо
    Баҳри дуъо намонад, поёни ин ҷаҳон аст.
    Рӯзе ки халқи олам душман шаванд бо ҳам,
    Ду ошно намонад, поёни ин ҷаҳон аст.
    Кӯдак ба сар битозад бозору сӯи мактаб
    Як бор по намонад, поёни ин ҷаҳон аст.
    Рӯзе ки ағниёро касбе барои рӯзӣ
    Ғайр аз рибо намонад, поёни ин ҷаҳон аст.
    Рузе, ки бевафоӣ қонуни ом гардад,
    Қадри вафо намонад, поёни ин ҷаҳон аст.
    Рӯзе, ки одамият боқӣ намонд -Олам-

    ОтветитьУдалить
  31. Эй Худо эй Кибриё ман шукри Номат мекунам!
    Холиқи арзу само ман шукри Номат мекунам!
    Ҳастӣ зи Ту буньёд шуд ҳарду ҷахон обод шуд!
    Эй ду ҷаҳонро Ибтидо ман шукри Номат мекунам!
    Рӯзу шабон дар фикри Ту дорам ҳамеша зикри Ту..
    Эй дарду ранҷамро Даво ман шукри Номат мекунам.!
    Эй Махзани Лутфу Карам ҳастӣ ҳамеша ёварам.
    Эй Дӯсти ҷон дар ду саро ман шукри Номат мекунам!
    Эй Ҳастии беинтиҳо меҳри Ту ҷонамро даво..
    Эй Ҳастии роҳатфизо ман шукри Номат мекунам.!
    Аз Ту ҷахон пурнур бувад ҳар синае пуршӯр бувад.!
    Эй Рӯҳфизо эй Дилкушо ман шукри Номат мекунам.!
    Будӣ ту Аввал ибтидо, бошӣ Ту Охир интиҳо.
    Эй Ибтидову Интиҳо ман шукри Номат мекунам!

    ОтветитьУдалить

  32. Ислом اسلام
    Худовандо мубарро кун вуҷудам,
    «Аналҳақ» кун ҳама буду набудам.
    Чу шамсе дар дилам гар худ натобӣ,
    Чӣ суд аз зикру тақвову суҷудам.

    Тўӣ анҷому оғозам Худоё,
    Ба Ту гўям фақат розам Худоё.
    Маро аз гавҳари пок офаридӣ,
    Ба номи поки ту нозам, Худоё.

    Хохарону модарони мехрубон, Кардаед зебо чашму рўятон,
    Гесў хушбўю ќади дилчўятон, Марди номахрам масти бўятон,
    Куртахои ранг ба ранг орзуятон, Бехичоби, бадзабони хўятон,
    Лаънати хаќ беадад шуд сўятон, Бозгашти хамамон сўйи Худост.
    Хохари чон, як даме андеша кун, Аз барои рўзи фардо тўша кун.
    Зумра занхоро бубини ту мудом, Бо сару дасти барахна субху шом.
    Зумраи дигар ба лолу ќоли худ, Гаштаанд машѓул бари уболи худ.
    Дигаре карда ба рўяш чанд намуд, Аз крему рангхои бенамуд.
    Хохари чон, як даме андеша кун, Аз барои рўзи фардо тўша кун.
    Дигаре дар тан либоси мардаки, Гашту гарди ў бувад чун кудаки.
    Баъзешон хастанд доим беќарор, Аз Худо шарме надоранд, беизор.
    Дигаре дорад хичоби тангу тор, Инчунин хичоб, кай бошад шумор.
    Хохари чон, як замон андеша кун, Аз барои рўзи фардо тўша кун. —-
    Нашояд дам бидуни зикри Аллоҳ, Нафас ҳайф аст бе “Алҳамдуллилоҳ”

    ОтветитьУдалить
  33. Эй дил, садои марг туро ҳам расиданист,
    Субҳи аҷал зи матлаъи умрат дамиданист.

    Бар тахту наълу болиши абрешимӣ маноз,
    Танҳо ба ҷои танг туро орамиданист.

    Пайвастагӣ макун ба ҷаҳон, дил дар ӯ мабанд,
    Зеро, ки з-ин ҷаҳон-т ба куллӣ буриданист.

    Аз гӯши хеш мешунавӣ, к-он фалон намонд,
    Дар гӯши дигарон хабарат ҳам расиданист.

    Эй дил, макун гунаҳ, ки таҳқиқ мурданист,
    Аъмоли нек кун, ки қиёмат расиданист.

    Ғарра машав бад-ин гулу бустони рӯзгор,
    Боди хазон бад-ин гулу бустон вазиданист.

    Аз марги худ битарс, ки танҳо равӣ ба гӯр,
    Бо Мункару Накир ҷавоби ту доданист.

    Чун «куллу нафс зоиқату-л-мавт» ҳукм шуд,
    Медон яқин, ки шарбати маргат чашиданист.

    Чизе шикор кун, ки ба майдони рӯзгор,
    Ин маркаби ҳаёт на доим давиданист.

    Чун ҳазрати Расули Худо дар ҷаҳон намонд,
    Касро чи эътимод, ба нобуд буданист.

    Саъдӣ, дар ин қафас ки тавон дошт мурғро,
    Охир қафас шикаставу мурғаш париданист.

    ОтветитьУдалить
  34. Вучуди хок аз санге чудо нест,
    Сиришти охан аз занге чудо нест.
    Хато чуён хатои худ бичуед,
    Ба дунё бехато гайр аз Худо нест.

    Кам бувад азми чавонмарди дар ин дунеи пир,
    Хар ки дасти мо бигирад, эй Худо дасташ бигир.

    ОтветитьУдалить
  35. Дӯстон, мужда, ки моҳи Рамазон меояд,
    Вақти омурзиши ҳар пиру ҷавон меояд.

    Метавон кард нисори қадамаш ҷони азиз,
    Ки зи даргоҳи Худованди ҷаҳон меояд.

    Суфраи раҳматаш уфтодаву ин моҳи шариф,
    Ба хабар кардани мо бехабарон меояд.

    Сайқале аз маҳи нав дар кафи рӯшангари файз,
    Ба ҷило додани оинаи ҷон меояд.

    То кунад пок зи олоиши исён ҳамаро,
    Мавҷи раҳмат зи карон то ба карон меояд.

    Нест маҳ, балки ҳумоест, ки аз авҷи шараф,
    Бар сари халқи ҷавон болфишон меояд.

    Мекунад пушти ҷаҳоне сабук аз бори гуноҳ,
    Гарчи бар нафси шикамхора гарон меояд.

    То ба шаб абри карам файзу ато меборад,
    То саҳар тири дуъоҳо ба нишон меояд.

    Гул бичин з-ин чамани файз, ки даҳ рӯзи дигар,
    Гулшани умри туро фасли хазон меояд.

    Бирабо гӯи саъодот аз ин майдон зуд,
    Ки аҷал сӯи ту хуш гарм-инон меояд.

    Амали хеш ту имрӯз, накӯ кун, Воъиз,
    Ки баду неки ту фардо ба миён меояд.

    Воъизи Қазвинӣ, Девони ашъор, ғазали 362

    ОтветитьУдалить
  36. Он ки мехмони Худо хаст,Худо ёраш бод,
    Дар ду олам ки Худо хаст,мададгораш бод.
    Рузадорон,хама ин мужда шуморост,якин,
    Рузи махшар ки Худо хаст,вафодораш бод!

    Дар дахаи охир эй Худо,ёрам бош,
    Дар сахтиву мушкили мададгорам бош.
    Чуз Ту наравам ба даргахи ёри дигар,
    Ман омадаам,ки Ту харидорам бош!

    ОтветитьУдалить
  37. Аз биъсати Ӯ ҷаҳон ҷавон шуд,
    Гетӣ чу биҳишт, ҷовидон шуд.
    Ин ид ба аҳли Дин муборак,
    Бар ҷумлаи Муслимин муборак.

    Муждаи мунтазирон моҳи Худо омадааст,
    Моҳи тасбеҳу, таровеҳу, дуо омадааст.
    Моҳи дилдодагии банда ба Маъбуд расид,
    Бар сари суфраи шоҳона гадо омадааст.

    Омад Рамазон хаст дуъоро асаре,
    Дорад дили ман шуру навои дигаре.
    Мо бандаи оси ва гунахкори Туем,
    Эй довари бахшанда ба мо кун назаре
    Ишқ аст тариқи роҳи пайғамбари мо,
    Мо зодаи ишқу ишқ буд модари мо.
    Эй модари мо, нуҳуфта дар чодари мо,
    Пинҳон шуда аз табиати кофари мо.

    ОтветитьУдалить
  38. Эй азизон ҳар, ки бар Қуръон итоъат мекунад,
    Он чи Ҳақ дода ба ӯ сабру қаноъат мекунад,
    Ин чунин касро Худо дохил ба Ҷаннат мекунад,
    В-он, ки кофир кард ба Қуръон халқ нафрат мекунад,

    Гар тавони як дили бишкастаеро шод кун,
    Гар Худо молат диҳад бечорагонро ёд кун.
    Молу давлат гар шавад ҳосил Туро аз фазли Ҳақ,
    Ҷаннатулмаъво хоҳи мардумонро шод кун.

    ОтветитьУдалить
  39. Ё Раб,зи ту ман афви гунох мехохам,
    Бар даргахи ту шому сабох мехохам.
    Чун даргахи ту даргахи навмеди нест,
    Ман омадаам зи ту панох мехохам!

    То амон бошӣ зи қаҳри Кирдигор,
    Садақа мадеҳ дар ниҳону ошкор.
    Садақа деҳ ҳар бомдоду ҳар пагоҳ,
    То балоҳо аз ту гардонад Аллоҳ.
    Ҳар, ки ӯро хайр одат мешавад,
    Бегумон умраш зиёдат мешавад.
    Он ки некӣ мекунад дар ҳаққи нос [мардум, башарият],
    Беҳтарини мардумон ӯро шинос.
    Он қӣ аз вай ҳаст мардумро зарар,
    Дар миёни халқ набвад з-ӯ батар.
    Дин надорад ҳар кӣ набвад тарскор,
    Нест ақл онро, ки бошад нобакор.

    ОтветитьУдалить
  40. Ё раб макун аз лутф парешон Моро,
    Ҳарчанд ки ҳаст ҷурму исён Моро.
    Зоти Ту гани будаву Мо мӯҳтоҷем,
    Мӯҳтоҷ ба ғайри худ магардон Моро...

    Ёрат ширин аст дар зиндаги роҳат кун,
    Гоҳ заҳри забонаш мезанад тоқат кун.
    Замбӯри асал ғайр аз асал заҳр дорад,
    Хӯрди асалаш ба заҳрашам тоқат кун...

    ОтветитьУдалить
  41. Хар кас ки дили бандае ношод кунад
    Сабру ситаму Сафову бедод кунад.
    Дар холати маргу вакти ч,онкандани худ.
    Бо дарду азоб доду фарёд кунад.

    Сахаргохон садо дорад муазин,
    Зи хоб бархез аё эй фарди мумин.
    Бигуяд ассалот хайру минан навм,
    Намоз бехтар бувад аз хоби ширин.

    ОтветитьУдалить
  42. Кош будам лола то ҷуянд дар саҳро маро,
    Кош доғи дил ҳувайдо буд аз симо маро.
    Кош будам чун китоб афтода дар кунҷе хамуш,
    То нагардад рубару ҷуз мардуми доно маро.

    ОтветитьУдалить
  43. Казо гуфт: Гиру! Кадар гуфт: Дех!
    Малак гуфт: Ахсан! Фалак гуфт: Зех!

    Тоъат он нест, ки бар хок ниҳӣ пешонӣ,
    Сидқ пеш ор, ки ихлос ба пешонӣ нест. Саъдӣ

    Хусни бешарм аз хучуми булхавас машхар шавад,
    Эмин аз гулчин набошад бог чун бедар шавад.(бедил)

    Фарзанди касон намекунад фарзанди,
    100 тавки тило ба гарданаш барбанди.
    1 тавки тило ба гардани хар банди,
    Хам бор барад, хам бикунад фарзанди!

    Солхо чустам хаме ман "Одами",
    "Одами"гумгаштаи олам будаст.
    Меравам андар сурогаш, эй Худо,
    "Одами"дар хасрати "Одам"будаст!

    ОтветитьУдалить
  44. Шаби кадр
    Бор Илохо бар дарат бори гунох овардаам
    Узрхохи кардаву пушти дуто овардаам.
    Бор Илох,аз ман чи хохи номаи аъмоли ман,
    Номаи пур аз гунохи бас табох овардаам.
    Моликонат амр созанде маро суи азоб,
    Зору нолон номи Ахмадро гувох овардаам.
    Бин ки доим даъвии номи Мухаммад мезадам
    Уммати шармандаам руи сиёх овардаам.
    Бар сиротат пой ларзон аст,Худоё даст гир,
    "Раббано"гуям "заламно"оху вох овардаам.
    Аз тунукзарфи надорам тушае бахри савоб,
    Такя бар лутфи ту имшаб узрхох овардаам
    Ин Фурутан дар шаби кадрат хамегуяд дуо,
    Рахм кун,суям нигар, бар ту панох овардаам!(М Раҷабзода)

    ОтветитьУдалить
  45. Хоси мусалмон
    Донишкадаи таълими ирфон рамазон аст,
    Дарси адабу таќвии имон рамазон аст.
    Дар печухами умр, ки бас бехудатозист,
    Мохе, ки карин аст ба инсон рамазон аст.
    Оромиши рўху дили саршори мухаббат,
    Чамъияти авзои парешон рамазон аст.
    Он шаб, ки хама файзи чахон аст дар он шаб,
    Бе шубха, ки Кадр асту хаме он рамазон аст.
    Ин мох азиз аст ба мо боз аз он вачх,
    Мохе, ки бувад нозили Куръон рамазон аст.
    Дар доираи таквими хар рузу шаби умр,
    Фасле, ки бахор асту гулафшон рамазон аст.
    Хар равза дар он авфи гунох асту савобест,
    Боге, ки зи некист шукуфон рамазон аст.
    Хар мох азиз асту гуворост, валекин
    Мохе, ки бувад, хоси мусалмон рамазон аст.(Аҳлидини Ҳисори)

    ОтветитьУдалить
  46. Ин Иди Шарифи Рамазона садқа,
    Мехмони азизи хонадона садқа.
    Аз субҳи сафо то ба дами шоми зуал,
    Шодию нисори мардумона садка.


    Муночот
    Шаби кадр асту дил аз ваъдаи дидор ноором,
    Ба дарёе хамемонад,
    Ки андар он
    Хазор андешаи умеду мавчи ноумеди хаст дар тугён.
    Шаби кадр аст,
    Шаби ишку умеду интизорихо,
    Шаби умедворихо.
    Шаби Куръон,
    Шаби бахшоиши инсон.
    Шабе, ки бехтар аст он аз хазорон шаб,
    Шаби тавба, шаби имон.
    Худоро, рахмате фармо,
    Ба муштокони мехру ишк, бар умедворонат
    Даре аз мехри худ бикшо.
    Худоё, аз камоли мехрубонихо,
    Ва аз лутфе, ки дар бахшоишат дори,
    Намозу рузаи моро,
    Дуову тавбаи моро,
    Ба даргохат кабул фармо.

    ОтветитьУдалить
  47. ШЕЪРҲО ДАР ВАСФИ РАМАЗОН ИДИ САИДИ ФИТР.

    Афсӯс, ки айёми шарифи Рамазон рафт,

    Сӣ ид ба як мартаба аз дасти аҳон рафт.
    Афсӯс, ки сӣ пораи ин моҳи муборак,
    Аз даст ба як бору чу авроқи хазон рафт.
    Моҳи Рамазон ҳофизи ин галла буд аз гург,
    Фарёд, ки зуд аз сари ин галла шубон рафт.
    Шуд зеру забар чун сафи мижгон сафи тоат,
    Шерозаи амъияти бедордилон рафт.
    Беқадрии мо чун нашавад фош ба олам,
    Моҳе, ки Шаби Қадр дар ӯ буд ниҳон рафт.
    Бархост тамиз аз башару соири ҳайвон,
    Он рӯз, ки ин моҳи муборак зи миён рафт.
    Бо қомати чун тир дар ин маърака омад,
    Аз бори гуноҳ бо қади монанди камон рафт.
    Бардошт зи дӯши ҳама кас бори гуноҳро,
    Чун бод сабук омаду чун кӯҳ гарон рафт.
    Чун ашки ғаюрон ба саропард аи мижгон,
    Дер омаду зуд аз назари они аҳон рафт.
    То оташи ӯъи Рамазон чеҳра барафрӯхт,
    Аз номаи аъмол сиёҳӣ чу рухон рафт.
    Аз рафтани Юсуф наравад бар дили Яъқуб,
    Онро, ки ба Соиб зи видоъи Рамазон рафт.


    Моҳи пурфайзу муборак моҳи Қуръон меравад
    Моҳи хатму моҳи Рамзон, моҳи Раҳмон меравад
    Бин, ки аз қалбам ба гушат чӣ садое мерасад
    Ин садои ҳасрат аст, ки моҳи ғуфрон меравад

    Мохи Рамазон чи пур ато мегузарад ,
    Ин умри азиз ба сад чафо мегузарад.
    Хун гиря кунед зи рафтани Мохи Шариф
    Тасбеху таровеху дуо мегузаад.


    Мохи рамазон рафт зи мо сад афсуз.
    Хам нури худо рафт зи мо сад афсуз,
    Мо тавба накардем дар ин мохи бузург.
    Вой ба холи зори мо сад афсуз.

    Мохи рамазон турфа мохи пурнур аст ,
    Аз рафтани ин мох дилам магрур аст .
    Эй бандаи хору хун машав ту гофил,
    Чоят чаннату хамнишинат хур аст.

    ОтветитьУдалить
  48. Иди фитрам аз барои одамаст,
    Ояти Куръон садои форамаст,
    Оятеро гар ту мехони ба сидк,
    Аз китобат кули усёнат камаст.,


    Моҳи муборак омад, эй дӯстон башорат

    Каз сӯи дӯст моро ҳар дам расад ишорат
    Омад навиди раҳмат, эй дил зи хоб бархез
    Бошад, ки боқӣ умр, ҷуброн шавад хасорат.
    *** Мужда, ки шуд моҳи муборак падид
    Ба осиён ваъдаи раҳмат расид
    Омад Рамазон ҳаст дуоро асаре
    Дорад дили ман шуру навои дигаре
    Мо бандаи осию гунаҳкори Туем
    Эй Довари Бахшанда ба мо кун назаре
    ***
    Афсус, ки аёми шарифи Рамазон рафт
    пн ид ба як мартаба аз дасти ҷаҳон рафт
    Соиб
    ***
    Рамазон рафт ва лекин дили пок нашуд
    Гунаҳолуд дилам лоиқи Он пок нашуд
    Ҳама гулҳои ҷаҳон чоки гиребони Туянд
    Дар шугуфтам, ки чаро синаи мо чок нашуд
    ***
    Ганҷинаи нуронии Қуръон Рамазон аст
    Оромиши дилҳои парешон Рамазон аст
    Маҷмуаи гулҳост шабу рӯзи азизаш
    Яъне ба ҳақиқат, ки гулистон Рамазон аст
    Дар домани ин баҳри гиронмоя бубинед
    Дарёи гуҳарҳои фаровон Рамазон аст
    Бо зикри муноҷоти Худо дар дили шабҳо
    Бар ҳастии мо дасти гулафшон Рамазон аст
    Тасвири шафак гашта чу саҷҷодаи Мавло
    Оинаи он муҳри фурузон Рамазон аст
    Пас он садафи нур ба Қуръон Рамазон аст

    ОтветитьУдалить
  49. Ганчинаи нуронии Куръон Рамазон аст,

    Оромиши дилхои парешон Рамазон аст.
    Мачмуаи гулхост шабу рузи азизаш,
    Яъне ба хакикат, ки гулистон Рамазон аст.
    Дар домани ин бахри гиронмоя бубинед,
    Дарёи гухархои фаровон Рамазон аст.
    Бо зикри муночоти Худо дар дили шабхо,
    Бар хастии мо дасти гулафшон Рамазон аст.
    Тасвири шафак гашта чу саччодаи Мавло,
    Оинаи он мухри фурузон Рамазон аст.
    Пас он садафи нур ба Куръон Рамазон аст.



    Рамазон он махи киммату бо микдор омад,

    Он зи Хак муниси пирони гунахкор омад.
    Эй чавони гунахкор махи тавба расид,
    В-андар у махфирати Хазрати Чаббор омад.
    Наъраву валвалаи масти харобот намуд,
    Нолаву зикри гунахкори дилозор омад.
    Душ дар айни сахар буд,аз хостаи вай,
    Нолаи сухтае суи мани зор омад.
    Зор зореду бигуед,ки; ин мох расид,
    Ки аз у мужда начоти мани гамхор омад.

    Эй ошиқон муборак моҳи валодат омад,
    Он гавҳари дурахшон шамъи рисолат омад.
    Аз ҷамъи хошимиён хуршеди ҳак тулуъ кард,
    К-он моҳи осмони бахри ҳидоят омад..
    Дунё таваллуд ёфт к-он нозанин биомад,
    Дар фасли тобистон моҳи имомат омад..```
    Мохи Рамазон си руза мехмон омад.
    Аз дини Расули Хак ба Куръон омад.
    Эй бандаи гофил,зи хобат бархез.
    Бахшидани гунохи хар мусалмон омад!
    Ганчинаи нуронии Куръон Рамазон аст,
    Оромиши дилхои парешон Рамазон аст.
    Мачмуаи гулхост шабу рузи азизаш,
    Яъне ба хакикат, ки гулистон Рамазон аст.
    Дар домани ин бахри гаронмоя бубинед,
    Дарёи гухархои фаровон Рамазон аст.
    Бо зикри муночоти Худо дар дили шабхо,
    Бар хастии мо дасти гулафшон Рамазон аст.
    Тасвири шафак гашта чу саччодаи Мавло,
    Оинаи он мухри фурузон Рамазон аст.
    Пас он садафи нур ба Куръон Рамазон аст.

    ОтветитьУдалить
  50. Барг таҳвил мекунад Рамазон,
    Бори тавдиъ бар дили ихвон.

    Ёр нодида сер, бирафт,
    Дер наншаст нозанин меҳмон.

    Ғодара-л-ҳуббу суҳбата-л-ихвон,
    Форақа-л-хилла ъашрату-л-хиллон.

    Моҳи фархунда рӯй барпечид,
    Ва алайка-с-салому, ё Рамазон!

    Алвидоъ, эй замони тоъату хайр,
    Маҷлиси зикру маҳфили Қуръон.

    Муҳри фармони эзидӣ бар лаб,
    Нафс дар банду дев дар зиндон.

    То дигар рӯза бо ҷаҳон ояд,
    Бас бигардад ба гуна-гуна ҷаҳон.

    Булбуле зор-зор менолид,
    Бар фироқи баҳор вақти хазон.

    Гуфтам, андуҳ мабар, ки боз ояд,
    Рӯзи Наврӯзу лолаву райҳон.

    Гуфт: Тарсам, бақо вафо накунад,
    В-арна ҳар сол гул дамад бустон.

    Рӯзи бисёру ид хоҳад буд,
    Тирамоҳу баҳору тобистон.

    То ки дар манзили ҳаёт бувад,
    Соли дигар, ки дар ғарибистон.

    Хок чандон аз одамӣ бихурад,
    Ки шавад хоку одамӣ яксон.

    Ҳар дам аз рӯзгори мо ҷузвест,
    Ки гузар мекунад чу барқи ямон.

    Кӯҳ агар ҷузв-ҷузв баргиранд,
    Муталошӣ шавад ба даври замон.

    То Қиёмат, ки дигар оби ҳаёт,
    Боз гардад ба ҷӯи рафта равон.

    Ё раб, он дам, ки дам фурӯ бандад,
    Малакул-мавт воқифу шайтон.

    Кори ҷон пеши аҳли дил саҳл аст,
    Ту нигаҳ дор ҷавҳари имон! (Саъдии Шерозӣ, мавоъиз, қасоиди форсӣ)

    ОтветитьУдалить
  51. Тоъату ибодоти азизон мақбул бод!
    _____________________________
    Фароҳонӣ гуфта:
    Моҳи Рамазон бинҳуфт он чеҳраи нуронӣ,
    Иди Рамазон омад бо фарраи яздонӣ.
    Барои хуҷастабоди бародарону хоҳарон сухане гуфтам, биҷӯям, табрикоте беҳтар аз ончи Масъуди Саъди Салмон гуфта пайдо накардам:
    Маймуну ҳумоюнат иди тозӣ,
    Иди Рамазон ва суннати Паямбар.
    Мақбул кунод аз хайру тоъат,
    Рӯзидеҳи халқ, эзиди акбар.
    Бодат мусавван бақои давлат,
    То ҳаст ҳамеша фалак мудаввар.
    Идатон муборак ва тоату ибодат мақбул ва пас аз Рамазон бар наҳҷи моҳи парҳезгорӣ равон бошеду ба руни он, ҳар рӯзатон ба биҳишт наздиктар ва аз дӯзах дуртар ва Худо аз шумо хушнудтар бод!

    ОтветитьУдалить
  52. Ба қалбам меҳри худ ҷо кун, Худоё,
    Раҳо аз ҷумла ғамҳо кун, Худоё.
    Ба зикри номи покат ҳар замоне,
    Лабонам шакаросо кун, Худоё.
    Дари ганҷинаи ирфону ҳикмат,
    Ба рӯям ҳамчу гул во кун, Худоё.
    Макун муҳтоҷ бар шахсе Ту имрӯз,
    Муродам ҷумла эҳё кун, Худоё.
    Ҳам аз ганҷинаҳои олами ғайб,
    Маро рӯзӣ муҳайё кун, Худоё.
    Ба имон қабз кун арвоҳи моро,
    Муқими боғи аъло кун, Худоё.
    Зи тоби оташи гармои маҳшар,
    Ба зери Арш маъво кун, Худоё.
    Зи ҳавзи Кавсарам сероб гардон,
    Ба дидорат Ту бино кун, Худоё

    ОтветитьУдалить
  53. Макун аз кибp даъвои калонӣ,
    Яқин пӯсида мушту устухонӣ,
    Бикун имpӯз фикpи коpи пухта,
    Ки фаpдо мебаpанд pӯйи тахта,

    Чи бошад нафъи молу симу асбоб,
    Ки бигузоpи куни андаp лаҳад хоб.
    Зи ту оҷизтаpу мазлумтаp нест,
    Даpеғо, ки туpо аз худ хабаp нест.

    ОтветитьУдалить
  54. Пайғамбар |С.А.В|
    Шайтонро
    Пурсиданд Эй Шайтон Ҳаминишини
    Ту Кист? Шайтон Гуфт: Марди Рибо |
    Суд| Хур.
    "-"-"-"-"-"-"-"-"-"-"-"-"-"-"-"-"-"-"-"-"
    -"- Пас Пурсиданд Дустат Кист?
    Шайтон Гуфт: Зинокор.
    "-"-"-"-"-"-"-"-"-"-"-"-"-"-"-"-"-"-"-"-"
    -"- Пас Пурсиданд Ҳамхобаи Ту Кист?
    Шайтон Гуфт: Марди Шаробнуш
    "-"-"-"-"-"-"-"-"-"-"-"-"-"-"-"-"-"-"-"-"
    -"- Пас Пурсиданд Меҳмонат Кист?
    Шайтон Гуфт: Дузд
    "-"-"-"-"-"-"-"-"-"-"-"-"-"-"-"-"-"-"-"-"
    -"- Пас Пурсиданд Хабар Расони Ту
    Кист? Шайтон Гуфт: Чодугар
    "-"-"-"-"-"-"-"-"-"-"-"-"-"-"-"-"-"-"-"-"
    -"- Пас Пурсиданд Нури Чашмонат
    Чист? Шайтон Гуфт: Шахсе Қасам Ба
    Талоқ Мехурад
    "-"-"-"-"-"-"-"-"-"-"-"-"-"-"-"-"-"-"-"-"
    -"- Пас Пурсиданд Киро Дуст
    Медори? Шайтон Гуфт: Шахсе
    Намози Чумуъаро Тарк Мекунад.
    "-"-"-"-"-"-"-"-"-"-"-"-"-"-"-"-"-"-"-"-"
    -"- Пас Пурсиданд Чи Пуштатро
    Мешиканад? Шайтон Гуфт: Овози
    Аспи Мучоҳид Дар Роҳи Аллоҳ.
    АЪУЗУ БИЛЛОХИ МИНАШ ШАЙТОНИ
    РАЧИМ!

    ОтветитьУдалить
  55. Гофил мабош ки банда умрат дубора нест,
    Зикри Худо бигу ки аз марг чора нест.
    Дароҳи ҳак бикуш ки фурсат ғанимат аст,
    Зеро ки рузи марг ба кас ошкора нест.

    Хар киро бинам дар ин дунё гирифтори гам аст,
    Як дили бегам надидам ин ачоиб олам аст.
    Ман намегуям эй такдир маро саргардон макун,
    Хар чи мехохи бикун, мухточи БЕИМОН макун

    Ё раб, бинамо маро рахе суи начот,
    Мухточи туам чи дар хаёту чи мамот,
    Аз чурму гунохи ман саросар бигузар,
    Шарманда макун маро ба рузи арасот.

    ОтветитьУдалить
  56. Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст,
    Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст.
    Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест,
    Мо таҷриба кардем, касе ёри касе нест.

    Зи бисмиллоҳ бикшодам дари роз,
    Санои зоти бечун кардам оғоз.
    Зи бисмиллоҳ гуё шуд забонам,
    Аён шуд ин ҳама рози ниҳонам.
    Зи бисмиллоҳ Сарвар ломакон дид,
    Висоли холиқи бечун аён дид.
    Зи бисмиллоҳ шуд то қобу қавсайн,
    Зи бисмиллоҳ пайдо кард кавнайн.
    Зи бисмиллоҳ дид он қурби меьроҷ,
    Зи бисмиллоҳ Одам ёфт он тоҷ,
    Зи бисмиллоҳ Мусо нури дидор,
    Зи бисмиллоҳ бино гашт Яьқуб,
    Зи бисмиллоҳ дармон дид Айюб.
    Зи бисмиллоҳ Исо дар фалак шуд,
    Зи бисмиллоҳ Исо чун малак шуд.
    Зи бисмиллоҳ Султон шуд Сулаймон,
    Парию дев уро зери фармон.
    Зи бисмиллоҳ Ғуфрон асту Саттор,
    Бар Иброҳим карда нор гулзор,
    Зи бисмиллоҳ бигуям ҳамди яздон,
    Зи бисмиллоҳ коми анбиё дод,
    Шуд аз зиндони меҳнат Юсуф озод.
    Зи бисмиллоҳ ҳоҷатҳо иҷобат,
    Зи бисмиллоҳ мақбул шуд ибодат.

    ОтветитьУдалить