среда, 14 января 2015 г.

Қиссаи пандомез

Ҳасани Басрӣ(раҳ) гуфтааст: “ Рӯзе бо ҷавони зоҳиде  дар кучаҳову  бозорҳои  Басра гардиш мекардем.Ногаҳон  ба пизишке  бархурд кардем,ки бар як  сандали нишаста буд.Дар атрофаш чанд марду зан ва кудакон истода буданд.Ва ҳар яке шишае,ки миқдоре  об  дар он буд,дар  даст  доштанад  ва ҳар як  доруи бемории  худро мехостанд. Ҷавон наздики пизишк рафт ва гуфт:
-Эй табиб доруе дорӣ,ки  гуноҳонро  бишуяд  ва бемори қалбро  муолиҷа кунад?
Табиб гуфт:
-Бале
Ҷавон гуфт:
-Лутфан ба  ман бидеҳ.
Табиб  гуфт:
-Инҳоеро ки мегӯям  бо диққат амал кун.Арақи дарахти фақру арақи дарахти  тавозуъро бигир. Бо ҳалилаи тавба комилан омехта кун ва дар хонаи ризо бирез.Ба қаноат хуб бикуб  ва хурд хурдаш кун.Сипас  дар зарфи тақво  бирез.Оби ҳаёву шармро  бар он бирез. Бо оташи муҳаббат онро  биҷушон. Баъд дар соғари  шукру  сипосгузори бирез. Бо бодбезани умед  сардаш кун. Бо қошуқи  ҳамду  сано  онро бихӯр. Ба ростӣ  агар  онҳоро хубу  дуруст анҷом диҳӣ  аз балову  бемории дунёву охират  наҷот хоҳи ёфт.


2 комментария:

  1. асалому алейкум Шахлои Мухамадзода мебахшед сахтатон нарасад мехостам мегуфтед шавхар доред ё на издивочи бо чунин зан ва чунин хури чанати дар либоси башарияат болои замин ин фахр аст барои хар марди мусалмон мисли маряами поксиришт ходимони исломро ба воя расонад
    бо арзи салом ва пузиш
    ssalohi@mail.ru

    ОтветитьУдалить
    Ответы
    1. Воалекум салом вараҳматуллоҳи ва баракотуҳ бародари аҳли ислом.Пурсиш ва фаҳмидан ҷойи айбе нест баръакс хуб аст. Ман оила дор соҳиби 4 фарзанд ҳастам Алҳамдулиллоҳ. Аллоҳ аз ҳами мою шумо хушнуд бошад



      Удалить