пятница, 29 августа 2014 г.

Ҳафтоду панҷ васият ба ҷавонон

Он чӣ меояд васиятҳои исломии бо арзишест, ки дар тамоми мароҳили зиндагӣ аз ибодот, муомалот, ахлоқ, одоб… вуҷуд дорад, ки мо онро ба ҷавонони мусалмон барои тазакур ва ёдоварӣ тақдим медорем, зеро тазакур ва ёдоварӣ ба мусалмонон нафъ мерасонад. Умедворем, ки Худованд ба василаи он касеро ки онро мехонад ё ба он гӯш медихад, нафъ бирасонад ва подоши бузург барои касе, ки онро таълиф карда ё навишта ё ба он амал кардааст. Худованд барои мо кофист ва Ӯ беҳтарин ҳофиз ва нигаҳбон аст.
Ин васиятҳо иборатанд аз:
1. Холис гардонидани ниятҳо барои Худои мутаол ва дурӣ аз риё дар гуфтору кирдор.
2. Пайравӣ намудан аз Паёмбари гиромӣ (с) дар гуфтору кирдор ва ахлоқ.
3. Пеша кардани тақво ва тасмим гирафтан барои иҷрои тамоми авомири Худованд ва тарк намудани тамоми он чӣ ки Худованд онро наҳӣ кардааст.
4. Тавбаи холиса ба даргоҳи Худованд ва бисёр истиғфор кардан.
5. Эътиқод ҷозим доштан ба ин, ки Худованд дар тамоми корҳо ва зиндагӣ, муроқиб ва нигаҳбон аст ва донандаи он чӣ анҷом дода мешавад ва дар дарун хутур мекунад.
6. Имон доштан ба Худованд, Малоика, Китобҳои осмонӣ, Паёмбарон, рӯзи охират ва ба тақдири хайр ва шар.
7. Худдорӣ кардан аз тақлиди кӯркӯрона.
8. Дар адои амалҳои нек, бар дигарон пешдастӣ кун, ба хотири он подош ва савоби касоне, ки ба ту дар анҷоми он пайравӣ мекунанд, ба ту низ мерасад.
9. Китобҳои Риёзусолиҳини имом Набавӣ ва Зоду-ал-Миъоди Ибни Қайми Ҷавзиро ба даст биёр ва онҳоро бар худ ва хонаводаат бихон.
10. Доимо бо вузӯ ва покиза бош ва пайваста худро аз палидӣ ва наҷосати моддӣ ва маънавӣ, пок дор.
11. Намозро дар аввали вақт бо ҷамоъат адо намо, хосатан намози бомдому хуфтан.
12. Аз чизҳое, ки бӯи бад доранд ва боиси нороҳатии мардум мешаванд, пархез кун, мисли сирпиёз, сигор ва нос ва ғайра.
13. Побанди намози ҷамоъат бош то ба савоби зиёд ноил шавӣ.
14. Какотро адо кун, ва онро аз мустаҳикин дареғ мадор.
15. Ба намози Ҷумъа қабл аз вақт, иқдом кун.
16. Моҳи шарифи Рамазонро аз рӯи имон ва ба даст овардани савоб ва ризои Худо рӯза бигир, то Худованд гуноҳи гузашта ва ояндаро бибахшад.
17. Бикӯш то рӯзе аз моҳи шарифи Рамазонро бидуни узри шаръӣ тарк накунӣ, то гунаҳгор шавӣ.
18. Шабҳои Рамазонро, хосатан шабҳои қадрро аз рӯи имон ва ба даст овардани савоб, бо тасбеҳу дуо сипарӣ кун.
19. Барои адои Хаҷҷи фарзӣ ва Умра ба сӯи Байтуллоҳи Ҳарам шитоб кун, ҳаргоҳ тавоно бошӣ ва аз тахир пархез кун.
20. Қуръонро бо тадаббур бихон ва авомири онро ба ҷо овар ва аз манҳиёти он пархез кун, то дар рӯзи қиёмат шафеъ ва дастгир бошад.
21. Зикри Худоро ошкору пинҳон ва истодау нишаста, бисёр кун ва аз он ғофил мабош.
22. Дар маҷолиси зикр ва ёди Худо хозир бош, зеро он боғе аз боғҳои биҳишт аст.
23. Чашмонатро аз ҳаром нигаҳ дор, зеро нигоҳ тире аз тирҳои заҳролуди шайтон аст.
24. Либосатро аз буҷулаки пой дарозтар макун ва аз роҳрафтани мутакабирона худорӣ кун.
25. Либоси абрешими мапӯш ва аз истифодаи тилло худдорӣ кун, зеро ин ду барои мардон ҳаром аст.
26. Худро ба занон ташбеҳ макун ва магузор занонат ҳам ба мардон ташбеҳ кунанд.
27. Ришро бигзор ва ба гуфтаи Паёмбари Худо амал кун, ки мефармояд: «муйлабатонро кӯтоҳ ва ришатонро вогузоред».
28. Халол бихур ва халол бипӯш, то дуоят мустаҷоб шавад.
29. Хӯрокатро бо ном ва хамду ситоиши Худо оғоз ва анҷом деҳ.
30. Тамоми корҳоятро бо дасти рост анҷом деҳ.
31. Аз зулм дар ҳазар бош, зеро зулм аз торикиҳои рӯзи киёмат аст.
32. Ҷуз инсони Мӯъмин ба дӯсти магир ва ғизоятро ҷуз бо парҳезгор махӯр.
33. Аз ришвахурӣ, ришвадиҳӣ ва миёнҷӣ будани он, дар ҳазар бош, зеро ҳамаи онҳо лаънатшуда ҳастанд.
34. Ризои мардумро дар хашми Худо маҷӯ, то шомили хашми Худо нагардӣ.
35. Аз улуламр дар корҳои машрӯъ итоъат кун ва барои ислоҳи онҳо дуо кун.
36. Аз шаҳодати дурӯғ ва пинҳондоштани он пархез кун, зеро Худованд мефармояд: «ҳар кас онро китмон кунад, қалбаш гунаҳкор аст, ва Худованд ба он чӣ анҷом медиҳад, доност.
37. Амри ба маъруф ва нахй аз мункар кун ва бар осебе, ки ба ту расидааст собир бош, зеро ин амри Худованд аст.
38. Маъруф он аст, ки Худо ва Расулаш ба он амр кардаанд ва мункар чизест, ки Худо ва расулаш аз он наҳӣ кардаанд.
39. Аз тамоми муҳаррамоти хурду бузург, иҷтиноб кун ва маъсияти Худоро анҷом мадеҳ ва касеро дар маъсияти Ӯ ёрӣ марасон.
40. Ба зино наздик машав, зеро Худованд мефармояд: «ولا تقربوا الزنا إنه كان فاحشة وساء سبيلا.» Яъне «ба зино наздик машавед, ҳамоно зино зишт ва бад роҳест».
41. Ба падару модар некӣ кун ва аз нофармонии онҳо ҳазар кун, зеро Худованд мефармояд: «وبالوالدين إحسانا», яъне «ба падару модар некӣ кун».
42. Робитаи хешовандиро барқарор кун ва аз қатъи силаи раҳм парҳез кун.
43. Ба ҳамсоя некӣ кун ва ӯро азият нанамо ва аз азияти ӯ дар хаққи худ, сабр намо.
44. Ба хотири ризои Худо ба мулоқоти солиҳин ва бародарон бирав.
45. Ба хотири Худованд дӯст бидор ва ба хотири Ӯ душманӣ варз, зеро он аз нишонаҳои имон аст.
46. Аз ҳамнишинӣ бо бадон парҳез кун ва ҳамнишини солиҳин бош.
47. Дар паи дур кардани ҳоҷоти мардум бош ва бикӯш, то суруре дар дили онҳо дохил намо.
48. Аз шитобкорӣ парҳез кун ва меҳрубону шикебо ва бурдбор бош.
49. Суханони дигаронро катъ макун, балки бо беҳтарин шева ба суханон гӯш бидеҳ.
50. Салом доданро бо шиносу ношинос тарк макун.
51. Салом додан суннат аст (ассалому алайкум) ва ба ишораи даст ва сар иктифо макун.
52. Касеро дашном мадеҳ ва ба бади ӯро васф макун.
53. Касеро лаън накун, ҳатто чаҳорпаён ва ҷамодотро.
54. Аз бӯҳтон ва тӯҳмат дар обрӯи мардум парҳез кун, зеро он аз гуноҳони кабира аст.
55. Аз сухарчинӣ, ки сабаби фасод ва низоъ байни мардум мебошад, парҳез кун.
56. Аз ғайбати мардум парҳез кун.
57. Мусалмонеро матарсон ва азият макун.
58. Байни мардум ислоҳ ва сулҳ барқарор кун, зеро он бофазилаттарин аъмол аст.
59. Ё сухане нек гӯ, ё хомӯш бош.
60. Содиқу ростгӯ бош ва дурӯғ магӯ, зеро он туро ба сӯи гуноҳҳо ва гуноҳ ба сӯи оташи дӯзах мебарад.
61. Дурӯя мабош.
62. Ба ҷуз ба Худованд савганд махур ва аз савгандхурдани бисёр пахез кун, агар чӣ барҳак бошӣ.
63. Дигаронро таҳқир макун, зеро фазл ва бузургӣ, ҷуз ба тақво нест.
64. Пеши коҳину фолбин ва соҳир марав ва сухани ӯро тасдиқ макун.
65. Аз кашидани сурати инсон ва ҳайвон худдорӣ кун, зеро сахтарин азоб дар рӯзи қиёмат барои мусаввирин аст.
66. Дар хона шакл ва сурати зиндаруйро магузор, зеро он монеъи дохил шудани малоикаҳо ба хона мешавад.
67. Ҷавоби атсакунандаро баъд аз ҳамди ӯ бо (ярҳамукаллоҳ) бидеҳ.
68. Аз савт ва даст задан дурӣ кун.
69. Аз тамоми гуноҳҳо тавба кун ва бадиро ба некӣ маҳв соз ва аз таъхир андохтани тавба дурӣ ҷӯ.
70. Ба бахшиш ва раҳмати Худо умедвор ва нисбати Ӯ гумони хуб дошта бош.
71. Аз азоб ва муҷозоти Худованд битарс ва аз уқубаташ дар амон мабош.
72. Ҳангоми сахтӣ ва бало, собиру шикебо ва ҳангоми осоиш ва роҳатӣ, шукргузор бош.
73. Ба аъмоле, ки баъд аз мурданат бароят фоида мерасонад, монанди сохтани масчид, интишори илм ва ғайра, кӯшиш бикун.
74. Биҳиштро аз Худованд бихоҳ ва аз оташи дӯзах паноҳ бибар.
75. Дуруду саломи фаровон бар Расули Худо бифирист.

Васиятхои Луқмон


Намозро ҳамон гуна, ки шоиста аст ба ҷо ор.
Насиҳату андарзи дигаронро ҳеҷ гоҳ фаромӯш накун.
Дар муқобили пешомадҳо шакибо бош!
Аз мардум рӯй нагардон ва бо онҳо беэътино набош!
Бо мардум бо ғуруру такаббур рафтор накун!
Дар маҷолис ангушт дар бинӣ наяндоз!
Розу асроратро назди худ нигоҳ дор!
Дӯстро дар ҳангоми сахтӣ озмоиш кун!
Бо бадон ва ҷоҳилон ҳамнишин нашав!
Бо донишмандон ҳамроҳ бош!
Дар касб ва кори нек ҷиддӣ бош!
Бар кӯтаҳфикрону заифон эътимод накун!
Бо оқилони имондор ҳамеша машварат кун!
Сухани санҷидаро баён кун!
Дӯсту ёронро эҳтиром кун!
Бо дӯсту душман хӯшахлоқ бош!
Харҷатро камтар аз даромадат дошта бош!
Ҷавонмардӣ ва гузаштро пеша кун!
То метавонӣ бо меҳмон меҳрубон бош!
Дар ҳангоми сухан гуфтан матин ва ором бош!
Ба кам хӯрдану кам гуфтан ва кам хуфтан худатро одат бидеҳ!
Ноомӯхта устодӣ накун!
Бо заъифон ва кӯдакон сирри худро дар миён нагзор!
Ҳамеша дар ёрӣ ва кумаки дигарон бош!
Аз бадон интизори некӣ ва мардонагӣ надошта бош!
Коре накун, ки ҷоҳилон бо ту ҷуръати густохӣ пайдо кунанд!
Фарзандам ҳеҷ кас ва ҳеҷ чизро ба Худованд шарик насоз.
Ба ҷуз Худованд ҳеҷ кас ва ҳеҷ чизро фармонраво ва фарёдраси хеш машмор!
Вуҷуди падару модаратро ғанимат бишмор!
Устодатро ҳамчун падар дӯст бидор!
Сарчашмаи зиштиҳоро дунёпарастӣ ва мастӣ ва нодонӣ бидон!
Агар биҳиштро металабӣ аз фасоду ситам ва гарданкашӣ парҳез кун!
Умрро барои амалу ибодат ва покию парҳезкорӣ ғанимат бидон!
Дар мол ва мақоми дигарон тамаъ накун!
Бо Худованд содиқ ва бо мардум боинсоф бош!
Дар ҳузури меҳмон бар касе хашм нагир!
Меҳмонро бар ҳеҷ коре дастур надеҳ!
Аз пеши дигарон ғизо ва мева барнадор!
Дар роҳ рафтан аз бузургон пешӣ нагир!
Аз мурдагон ба некӣ ёд кун!
Аз ҷангандозӣ ва хусумат парҳез кун!
Аз хостаҳои нобаҷои зан ва фарзандон пайравӣ накун!
Ҳурмати ҳар касро дар ҳадди худ нигоҳ дор!
Ҳеҷ касро пеши дигарон хиҷил ва расво накун!
Бо чашм ва абрӯ бо дигарон сухан нугӯ!
Ҳеҷ гоҳ покон ва парҳезгоронро ғайбат накун!
Худхоҳ ва мутакаббир набош!
Кори хуби дигаронро кори худ нишон надеҳ!
Бо падару модарат беҳтарин рафторро ихтиёр кун.
Бидон, ки ҳеҷ чиз аз Худованд пинҳон намемонад.
Бо мардум ором сухан бигӯ ва фарёд назан!
Андарзеро, ки ба дигарон медиҳӣ худат бештар амал кун!
Суханро ба андоза бигӯ!
Ҳаққи мардумро ба хубӣ адо кун!
Рӯзҳои ҷавониро ғанимат бишумор!
Марди дунё ва ҳам марди охират бош!
Дар маҷолис чашм ва забонро аз гуноҳ боз дор!
Назофатро ҳеҷгоҳ фаромӯш накун!
Дӯстон ва ҳамкешонатро ҳеҷгоҳ тарк накун!
Фарзандонатро дониш ва диндорӣ биёмӯз!
Ҳеҷ кореро пеш аз андеша ва тадбир анҷом надеҳ!
Кори нокардаро кардаи худ надон!
Бо бузургтар аз худ мазоҳ накун!
Бо бузургон сухани тӯлонӣ нагу!
Ҳолати хастагиро дар ҳузури дигарон зоҳир накун!
Дар роҳ рафтан миёнарӯ бош! !

Тарбияи духтарон

Зан поягузори вуҷуди ҳаёти одамӣ аст. Дар пайрезии асос ва сохтори шахсияти инсон, зан меъмори нақшофарин ва ҳунарманди чирадаст аст. Ӯ бо рафтори худ ояндаи тифлро дурахшон месозад. Доноёни аҳли ҳукамо ва донишмандон дар ин амр иттифоқи назар доранд, ки инсон дар сояи тарбияи хуб ба саодат мерасад. Дар омӯзишгоҳи бузурги ҳаёт нақши аввал дар таъини сохтори шахсияти кӯдак ба ӯҳдаи модар аст. Ӯ меҳвари отифии хонаводаро дар қудрати худ дорад ва муҳаббаташ сабаби рушди отифӣ мегардад. Ҳосили ин вижагӣ ва нақшпазирии кӯдак аз афъол ва ақвоми модар аст, ки ояндаи ӯро маънӣ мебахшад.
Эҷодиёти даҳонакии халқ таҷрибаи занони заҳматкашу озодихоҳро ба таври бадеӣ инъикос карда меояд. Беҳтарин хислатҳои миллӣ ва анъанаҳои гуногуни мардумро таҷассум мекунад ва ба ҳамин нақши тарбиявии худро иҷро менамояд ва доираи шуури занонро такомул медиҳад.
Мо ин маънӣ ва маромро дар афсонаҳои халқӣ равшантар мушоҳида менамоем. Афсонаҳои халқӣ яке аз сарчашмаҳои тарбия дар педагогикаи этникӣ ва халқӣ ба шумор меравад. Дар афсонаҳо орзую умеди занон ва духтарон, бартарии нек бар бад, тантанаи ҳақиқат акс ёфтаанд. Аз ҳамин сабаб, афсона аз даҳон ба даҳон, аз насл ба насл гузашта ба мо боқӣ монд. Ин мероси пурганҷ ифодакунандаи ҳаёт аст, ки то ба имрӯз дар тарбияи духтарон васеъ истифода бурда мешавад. Афсонаҳо аҳамияти бузарги тарбиявӣ доранд. Қисме аз онҳо ба мавзӯи сифатҳои ахлоқӣ, қаҳрамонӣ, хирадмандии духтарон бахшида шудааст, ки ин дар афсонаи «Духтари ҷасур» инъикос ёфтааст.
Дар афсона, вақте ки падар нобино мешавад ва хабари табибе, ки дар шаҳри бегона барои чашм аз гиёҳ дору тайёр мекунад, шунида, оҳи сард кашида мегӯяд, ки агар писар медоштам, рафта он доруро меоварду аз азоби нобиноӣ халос мешудам.
Корнамоии бебоконаи духтар барои пайдо намудани табиб ва овардани доруи дарди чашм боиси шифо ёфтану шодии падар гардид, ки ба ин чунин ақидаи халқӣ гувоҳӣ медиҳад: «Духтари хуб аз даҳ писари бад болотар меистад».
Падар дар ҳаққи духтараш дуо карда чунин мегӯяд: – «Духтари азизам, дигар фикр намекунам, ки писар надорам, ту кори даҳ писарро кардӣ, илоҳи умрат дароз ва бахт ёрат бошад».
Мақсади қаҳрамони афсона ба даст овардани ашёҳои (предмети) табиат – дарахти аз меваи он дору тайёркардашаванда ва худи дору мебошад. Духтар барои аз нобиноӣ наҷот додани падараш ба девҳо рӯ ба рӯ мешавад.
Дар ин афсона ғояи хеле баланд – мубориза барои дигаргунсозии табиат, яъне дарахтшинонӣ ва нигоҳубини он, барои саломатӣ аҳамияти калон доштан ва барги дарахтон ба миён гузошта мешавад.
Агар чунин афсонаҳо дар китобҳои дарсии синфҳои ибтидоӣ мешуданд, ин ба муаллим имконият медод, ки бачагонро ба фаъолияти эстетикӣ водор намояд, дар бораи комёбиҳои илми тибби имрӯза, масалан оид ба ҷарроҳии чашм васеъ истифода бурдани гиёҳҳо дар саноати дорусозӣ маълумот диҳад. Аз ин афсона духтарон бисёр чизҳо, аз ҷумла одоби муомила, ҷасурӣ, ҳушёриро меомӯзанд ва иродаи матин ҳосил мекунанд, дар онҳо устуворӣ ва серҳаракатии мақсаднок парвариш меёбад.
Духтарон аз рӯи табиати худ ба зоҳир намудани ҳисси ғамхорӣ, нигоҳубин бештар майлу рағбат доранд. Масалан, нигоҳубин кардан, ғамхорӣ дар ҳаққи бародарон ва хоҳарони хурдсоли худ, дар иҷрои кор бо эҳтиёт будан ва ғайра.
Чунин хислатҳо дар афсонаи дорои шеър дар «Фауст» ном романи манзуми нависандаи немис Ҳёте, ки байни мардуми мо бо «Булбулаки саргашта» машҳур гардидааст, тасвир шудааст. Ин афсона ба суруди дар Эрону Афғонистон маълуму машҳур аст, монанд мебошад.
Ман булбули саргашта,
Дар кӯҳҳою дар пушта.
Падар маро кушта,
Моиндар маро хӯрда
Ҷон апеки дилсӯхта
Устухони маро чида
Дар сабадча андохта,
Дар шохи чинор овехта.
Бар ман болу пар дод ӯ,
Булбул карда, сар дод ӯ.
Дар афсонаи «Булбули саргашта» модари ӯгай ба хӯрдани гӯшти писарча майл мекунад, ки ин асари давраҳои ваҳшонияти инсон аст. Хоҳари писарак устухонҳои ӯро ҷамъ карда овехта мемонад. Дар қадим аҷдодони халқҳои эроннажод устухони хешовандони худро ба сабадча андохта, овехта мемонданд.
Бинобар ин, афсонаҳои сеҳрангез ба гузашта не, балки ба оянда нигаронида шудаанд. Дар онҳо орзуи инсон дар бораи халос шудан аз машақатҳои зиндагӣ, ташкили ҳаёти осудаву зебо, аз миён бардоштани бадӣ, осон кардани корҳои тоқатшикан ва ғайраҳо ифода ёфтааст.
Ғояи афсона худ аз худ маълум аст. Дар афсона аз як тараф зиштхӯӣ, бадфеълию бадкинагии модари ӯгай ва нодонию бераҳмии падар, аз тарафи дигар дилсӯзию меҳрубонии духтар инъикос ёфтааст. Афсонаҳо ҳақиқати ҳаётӣ доранд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки бисёрзанӣ, якдигарнофаҳмӣ дар оила боиси чунин нохушиҳо мегардад.
Афсона дар ҳаёти духтарон аз замонҳои қадим нақши асосиро бозидааст. Модаркалонҳо, бобоён, модарону падарон дар ҳамаи давру замон ба фарзандони худ афсонагӯӣ мекарданд. Тавассути афсонаҳо духтаронро дар рӯҳияи меҳнатдӯстӣ, пуртоқатӣ, ватандӯстӣ, инсондӯстӣ ва дигар сифатҳои инсонӣ тарбия мекарданд.
Солҳои охир чунин анъанаҳо қариб аз байн рафтаанд Падару модарон аз афсонагӯӣ фориғболанд. Ҷои афсонагӯии модару бибиро тамошои телевизор гирифтааст. Ба муаллим зарур аст, ки чунин анъанаҳои пешинро дар байни падару модарон аз нав эҳё созад, то ки тарбияи духтарон дар оила дуруст ба роҳ монда шавад. Духтаронро зарур аст, ки маънии ҳаёти ҳақиқиро донанд, чунки онҳо худ модари оянда ҳастанд ва дар қалбашон меҳри модарӣ ҷӯш занад.
Дар педагогикаи этникӣ ва халқӣ назокати зан дар симои модари хуб будани ӯ ифода меёбад. Мардум ба воситаи афсонаҳо зарурати некию накӯкорӣ, одамдӯстӣ ва саховатмандию бофаросатиро тарғиб кардаанд.
Як гурӯҳ афсонаҳо сухан дар бораи алоқамандии инсон бо ҳайвонот. Таҷрибаҳои ҳаётӣ нишон додааст, ки инсонҳо аз қадим ба ром кардани ҳайвонот машғул буданд. Намунаи барҷастаи ин афсонаи «Ҳезумкаш ва хирс» мебошад.
Дар афсона камбудиҳои занон вобаста ба муошират дида мешавад. Ин бештар дар ҳамон лаҳзаҳо ба назар мерасад, ки ҳезумкаш хирсро ба оғӯш мегирад. Вақте ки хирс ба хонаи ҳезумкаш ба меҳмонӣ меояд. Зан ин ҳолатро дида, – «Вой рӯям сиёҳ» дӯсти шумо ҳамин ҳайвони бадбӯ ҳаст? Ин суханони носазо ва талхи зани ҳезумкаш ба хирс таъсири калон мерасонад. Хирс аз суханони пичингомези зан сахт меранҷад ва дар ғазаб шуда, ба дӯсташ мегӯяд, ки бо ҳамин табар ба ҷабинаш занад. Ҳезумкаш аз рафтори бадкирдонаи занаш дар хиҷолат монда, гуфт:
- Ҳар дуи мо ошноем, чӣ хел табарро боло мекунаму туро мезанам?
Хирс гуфтааст ё мезанӣ, ё мехӯрамат!
Ҳезумкаш бо тамоми қувваташ ба ҷабини хирс мезанад. Баъди чанд вақт онҳо бо ҳам вомехӯранд. Ҳезумкаш мебинад, ки аз захми табар осоре дар ҷабини хирс намондааст. Ин воқеаро хулоса карда хирс чунин изҳор менамояд: захми табар аз бадан мераваду захми гапи бад аз дил не.
Санъати тарбия пеш аз ҳама санъати сухан – муроҷиат ба қалби одамиро дар бар мегирад. Сухани нек шарбати зиндагист.
Аз ин рӯ, падру модаронро зарур аст, ки дар тарбияи фарзандон, ба хусус духтарон диққати махсус диҳанд.
Дар масъалае, ки педагогикаи этникӣ ва халқӣ ба он эътибори махсус додааст, ин тарбия намудани латофат, нафосат ва назокати занона мебошад.
Он яке аз вазифаҳои муҳими тарбияи ахлоқӣ-эстетикии духтарон ба шумор меравад. Дар таҷрибаи ҳаёт халқ ба чунин хулоса омадааст, ки латофат ва назокати зан на танҳо дар ҳалимӣ, ғамхорӣ, меҳрубонӣ, қобилияти дарк намудани дигарон, хушмуомилагӣ, кушодарӯӣ, самимият, ҳаётдӯстӣ, балки дар сарбаландӣ, ҳисси шарафи худро риоя намудан, нисбат ба дигарон ғамкор будан, садоқатмандӣ маҳорати соҳибхоназнӣ, дилкаш будан, ахлоқи хуб доштан ва ғайра инъикос меёбад.
Ба падару модар зарур аст, ки ҳангоми тарбияи духтарон ба ҷиҳатҳои психологии онҳо аҳамияти калон диҳанд. Дар асоси ба ҳисоб гирифтани ин хусусиятҳои онҳо тарзи тарбияи духтарон ба роҳ монда шавад. Аз давраи кӯдакӣ афсонаҳое, ки ба синну соли духтарон мувофиқ аст, нақл кунанд. Ба онҳо нағз афсона гуфта додан ин қадами аввалини тарбияи маданӣ мебошад. Тарбияи неки духтарон ба анъанаҳои оила ва ба модар вобаста аст. Бинобар ин, модар намунаи духтар бошад. Ба ин чунин зарбулмасал шаҳодат медиҳад: «Модар чӣ гуна – духтар намуна», ё ки «Модарро бин, духтарро гир».
Мардуми мо пеш аз ҳама аз рӯи авлод ва аҷдоди ҳамон оила ба симои духтар баҳо медиҳанд. Яке аз одатҳои беҳтарини халқи тоҷик ин меҳмоннавозӣ мебошад. Падару модарон кӯшиш мекарданд, ки дар фарзандони худ аз хурдсолӣ ҳисси меҳмондӯстиро тарбия намоянд. Ҳисси меҳмондӯстӣ ва меҳмоннавозии халқи тоҷик дар афсонаҳои халқӣ низ ифода ёфтаанд, ки ин дар афсонаи «Ду зан» инъикос ёфтааст.
Боре шоҳу вазир дар ростои шаҳр дӯконеро диданд. Ду бародар соҳибони ин дӯкон буданд. Калонӣ фарбеҳу тарзу тоза, хурдӣ харобу рангпарида мисли пирамардон қоматхамида буд.
- Сирри аз якдигар ба ин андоза фарқ кардани бародарон чӣ бошад? – пурсид подшоҳ.
- Подшоҳам, барои фаҳмидани ин сир аз хонаҳои онҳо дидан лозим аст, ки рӯзгорашон чӣ ҳоле дорад, ҷавоб дод вазир.
Онҳо ба пеши бародарон рафта гуфтанд:
- Мо дарвешем, аз роҳи дур омадем, шуморо дидему орзуе дар диламон пайдо шуд.
- Марҳамат, бигӯед, чӣ орзу? – пурсиданд бародарон.
- Мехоҳем меҳмонатон бошем, то бубунем шумоён чӣ зисте дореду чӣ зидагӣ. Калонӣ ин гапро шунида, хурсанд шуд.
Меҳмононро зани хандонрӯ бо меҳрубонӣ истиқбол кард:
- Марҳамат, марҳамат, меҳмонони азиз, нури дида, тоҷи сар! Хуш омадед! Зан ба кӯза об баровард, меҳмонон даст шустанд, дастпоккун (саҷок) дароз кард. Меҳмонон даст пок карданд. Баъд онҳоро ба хона даъват кард, дастархон густурд, нони гарму қанду шарбати набот рӯи хон гузошт. Як чойники қирмизӣ чой бароварду дар тараддуди ошпазӣ шуд.
Зани бародари хурдӣ чунин қоидаҳоро ба ҷо наовард. Ӯ бо суханони дилхарошу чеҳраи тира табъи меҳмононро хира кард:
- Эй ту, чӣ хел мард?! Медонӣ, ки дар ин хонаи истоқӣ кори ман аз мӯи сарам ҳам зиёд. «Болои сӯхта намакоб» то боз меҳмон кашола карда омадаӣ.
Ҳамаи гап дар сари занҳояшон будааст. Беҳуда нагуфтаанд, ки «тоҷ бар сар мекунад, зан мекунад. Хок бар сар мекунад, зан мекунад»! Аз забони яке шакар мерехту аз забони дигараш заҳр.
Ба муаллимони синфҳои ибтидоӣ лозим меояд, ки ҳангоми фаҳмондани афсонаҳо дар синфҳои ибтидоӣ ба хислат ва рафтори қаҳрамонҳои онҳо бештар диққат дода, хусусиятҳои ғоявӣ-эстетикиашонро ба эътибор гиранд, зеро ин ба идроки эстетикии онҳо мувофиқанд. Тадқиқоти этнографӣ шаҳодат медиҳад, ки занони оддӣ фарзандони худро аз хурдсолӣ ба меҳнат тайёр мекарданд.
Масалан, духтарон аз панҷсолагӣ ба модаронашон об меоварданд, нах мересиданд, мебофтанд, чорво мебониданд ва ғайра.
Далерию матонат, зиракию ҳушёрӣ, нотарсӣ барин хислатҳо, ба замми қувваи беинтиҳо, ба иҷрои ҳама гуна мақсадҳои каҳрамон мусоидат мекунад. Чунин хислатҳо дар афсонаи «Духтари зирак» ифода ёфтааст.
Капирак духтараке дошт ҳушёру чаққон. Духтарак боре ҳам бекор наменишаст: ҳавлӣ мерӯфт, хона меғундошт, хӯрок мепухт, ресмон меришт, мато мебофт, либос медӯхт.
- Вақти хоб шуд, духтарам, чароғро кушу хоб кун, мабодо балое аз дашти Карбало омада, чароғро дида, ба хонаи мо надарояд.
Духтарак ба гапи модараш гӯш надода, корашро давом додан гирифт. Кампирро як хобаш бурду баъд сарашро бардошта нигоҳ кард, ки духтараш машғули бофтан аст, гуфт:
- Эй духтари гапнодаро, кай хоб мекунӣ?
- Боф-бофи бофон мекунам, бурбури бурон мекунам, дӯздӯзи дӯзон мекунам, пӯшпӯши пӯшон мекунам, баъд хоб мекунам, – гуфт духтар.
Духтар корашро ба охир расонда буд, ки Девбарзагӣ хандакунон даромада омаду гуфт:
- Чароғи тобонро дидам, духтари рахшонро дидам, хурсанду хандонро дидам, либопӯшонро дидам.
Модар гуфт:
- Ба гапи ман надаромадӣ, сарамонро ба бало монондӣ.
Кампир аз ҷояш хеста чароғро даргиронда, пеши Девбарзангӣ дастархон андохта, нон гузошт. Девбарзангӣ дасташро ба нон дароз карда буд, ки духтар гуфт:
- Будаст магаро, будӣ набудаст магаро одати девон даст нашуста нон хӯрдан будаст магаро?!
-Кучо даст шӯям? – пурсид Девбарзангӣ.
Духтар тозон берун баромад. Дар кунҷи ҳавлӣ чоҳе буд. Духтар болояш бӯрё партофту Девбарзангиро берун даъват кард.
- Мана об бигиру дастатро шӯй, гуфт ба ӯ.
Девбарзангӣ шитобон бегумон ба рӯи бӯрё по монда буд, ки якбора ба чоҳ афтод. Духтарак даҳони чоҳро маҳкам кард.
Ана, бо ҳамин тадбир духтарак балоро аз сарашон дур карду чӣ хеле, ки дилаш мехост, ҳамон хел зиндагӣ карда гашт.
Ҳамаи ин ба тарбияи неки духтарон таъсир мерасонад. Падару модар кӯшиши кунанд, ки хислатҳои беҳтаринро аз давраи хурдсолӣ ба духтарон ёд диҳанд. Духтарон оҳиста-оҳиста дар натиҷаи ёддиҳӣ доир ба рафтори дуруст таҷрибаи муайян аз худ намоянд. Духтарон бояд ба намунаи ибрати модарон такя намуда, сифатҳои беҳтарини худро такмил диҳанд.
Таҷрибаи педагогикаи этникӣ ва халқӣ шаҳодат медиҳад, ки камолёбии духтарон ба фаъолияти меҳнатии онҳо алоқаи бевосита дорад. Меҳнати маишӣ дар оила, ҷалб намудани духтарон ба корҳои дӯзандагӣ, тайёр кардани намудҳои гуногуни хӯрок, хусусан шириниҳо, нигоҳубини хурдсолон на танҳо ба он кӯмак мерасонад, ки малакаҳои муайяни меҳнатӣ ҳосил намоянд, балки барои шуурона калоншавии онҳо мадад мерасонад.
Дар духтарони синни хурди мактабӣ шавқу ҳаваси шунидан ва хондани афсонаҳо боқӣ мемонад, аммо муносибат ба мазмуни онҳо тағйир меёбад. Духтарон оҳиста-оҳиста чизи бофта ва хаёлиро аз воқеият фарқ мекунанд. Бо вуҷуди ин онҳо ҳангоми бозӣ ба олами хаёлӣ дода шуда, нақши қаҳрамонони афсонавиро иҷро мекунанд. Олами хаёлӣ, ки дар афсона кушода мешавад, ба онҳо барои он ҳам мароқовар аст, ки дар он сабаби воқеӣ инъикос меёбад.
Ғайр аз ин, барои бачагони синни хурди мактабӣ бисёр афсонаҳои ҷолиб, аз қабили «Хурмачаи шӯлапазак», «Бибигамбусак», «Булбули саргашта», «Гунҷишк», «Духтари доно», «Подшоҳ ва духтари оҳангар», «Духтари ҷасур», «Духтари доно ва марди лаванд» (синфҳои II – IV) дар китоби «Афсонаҳои халқи тоҷик» гирд оварда шудаанд, ки онҳо ба ташаккули идрок ва ҳиссиёти эстетикии духтарон аҳамияти калон доранд.
Мамадносирова Моҳбегим - ассистенти кафедраи педагогикаи умумии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ