понедельник, 18 августа 2014 г.

ЗИНДАГИИ ҚАЛБ БО ИМОН АСТ

Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим

Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло моро офарида ва дар рӯи замин барои сукунат кардан имкон додааст, то як вазифаи бузургеро анҷом дода бошем, ки он иҷро намудани бандагии Аллоҳ таъоло аст.
"Ва ман ҷину инсро танҳо барои ибодати худам офаридаам". Қуръон. Сураи Зориёт, ояти 56.
Ин бандагӣ ҳақиқате дорад, ки бояд исбот карда шавад. Ва бар асоси он ҳақиқат лозим аст инсон дар фазои он бандагӣ умр ба сар барад ва осори бандагӣ дар рафтору гуфтор ва муомилоту муносибатҳояш зоҳир гардад.

Бандагии Аллоҳ таъоло маънояш варшикастагӣ, хоксорӣ, тасмили комил шудан ба Аллоҳ таъоло, итоати амрҳои Ӯро намудан, бардавом аз Ӯ тарсидан, эҳсоси эҳтиёҷмандии мутлақ ба он доштан ва муҳтоҷии комилро ба Ӯ эҳсос кардан аст. Бинобар ин аз Ӯ таъоло бардавом талабу дархост намудан, ба ӯ эҳтиёҷмандии худро изҳор кардан, бар ӯ таваккул намудан, холисона ва бо муҳаббати Ӯ таъоло ба тарафаш таваҷҷӯҳ кардан ва баргузидани ончӣ ӯ дуст медорад ва ҳар чизеро, ки хушнӯдии Ӯ таъоло дар он аст, мебошад. То ин ҳама дар рафтори инсон намудор гардад ва дар натиҷа ҳама диққати андешаи ӯ анҷом додани он ҷизҳое бошад, ки мавлояшро розӣ месозад ва ба сабаби он амалҳо раҳмату фазл ва подошеашро, ки барои бандагони муттақиаш ваъда додааст, ба худ ҷалб менамояд. Аз ин ҷиҳат саъю кӯшиши ӯ барои анҷоми ҳар коре, ки ба ҷаннат наздикаш месозад ва аз оташи дӯзах дураш мегардонад, зиёда мешавад.
Бандагии ҳақиқӣ ин ғолиб омадани имон дар қалби инсон ва шуъури ӯ мебошад. Яъне вақте, ки имон тамоми қалби ӯро фаро гирифт ва дар шуъураш танҳо ин имон ҷой дошта бошад, ки дар он дигар чизе вуҷуд надошта бошад, ин ҳолатро бандагии ҳақиқӣ метавон номид. Ин инсон дигар дустдориаш ба Аллоҳ субҳонаҳу ва таъолоро маҳбубтарин чизҳо медонад ва тарси ӯ аз Аллоҳ таъоло тарсноктарин чизҳо хоҳад шуд.
Ин аст, ки дигар танҳо ба Худованд итминон дорад ва ба Ӯ таъоло бовар мекунад ва ба қудрати беинтиҳо ва қурбу наздикии Ӯ таъоло ва илм доштанаш ва иҳота карданаш ба ҳами чиз бовар мекунад ва бар он такя менамояд. Бинобар ин бар Ӯ таваккул мекунад ва тақвои Ӯро пеш мегирад, дӯсташ медорад ва муштоқи Ӯ таъоло мебошад.
Бар Аллоҳ таъоло таваккул намудан, дӯсташ доштан ва аз Ӯ тарсидан, инҳо далел бар қуввати имон ва қуввати бандагиаш ба Аллоҳ таъоло мебошад:
-         "Ва бар Худованд таваккул кунед, агар имондор бошед" Сураи Моида. Ояти: 23.
-         "Пас Худованд ҳақноктар аст, ки аз Он битарсед, агар имондор бошед" Сураи Тавба. Ояти: 13.
-         "Ва тақвои Аллоҳро пеша бигиред, агар имондор бошед" Сураи Моида. Ояти: 57.
Ба кадом андозае, ки имон дар қалби инсон ҷой гирифт, рафтори инсон мутобиқ ба ҳамон андоза хуб мешавад. Аз ин ҷиҳат аст, ки Расулуллоҳ (с) фармуданд: "Огоҳ бошед, ки дар ҷасад як гӯштпорае аст, ки агар дуруст шавад, тамоми ҷасад дуруст мешавад ва агар вайрон шавад тамоми ҷасад вайрон мешавад, огоҳ бошед, ки он қалб аст" Муттафақун алайҳ.
Имон ин ангезае барои истиқомат варзидан ва рафтори дуруст доштан аст.
"Ва ҳеч марди муъмин ва зани муъминро нарасад, ҳангоме, ки Худо ва Паёмбараш кореро ҳукм кунад, он ки онҳо дар корашон ихтиёре бошад" Сураи Аҳзоб. Ояти: 36. Яъне дар баробари амри илоҳӣ ва паёмбараш дар ҳар коре набошад, дигар марду зани муъмин ихтиёре надоранд, ҷуз амри онҳоро барои иҷро намудан ихтиёр кардан.
"Ва Худо ва расулашро итоат кунед, агар имондор бошед" Сураи Анфол. Ояти: 1.
"(Ҳукм) ин аст ва касе ки шаъоири илоҳиро бузург дорад, пас бегумон ин (кор) аз тақвои қалбҳо аст" Сураи Ҳаҷ.  Ояти: 32.

Комментариев нет:

Отправить комментарий