среда, 20 ноября 2013 г.

СОҲИБИ ИМОНАМ КУН

СОҲИБИ ИМОНАМ КУН!
Эй бор Худо соҳиби имонам кун,
Хонандаву донандаи Қуръонам кун.
Гар хондани Қуръон муяссар нашавад,
Аз ҷумлаи мардуми намозхонам кун.
Ормониям аз зиёрати хонаи ту,
Ҳоҷии дари дили ятимонам кун.
Тавфиқ бидеҳ ба ин дили саркаши ман,
Озод зи банди макри шайтонам кун.
 Навмед наям зи боргоҳи каромат,
Бахшидани ҳар гуноҳ арзонам кун.
Аллоҳ Ту акбари ва Раҳмону Раҳим,
Раҳме ба мани ғофили нодонам кун.
Бар ҷумлаи бандагон ҳабибиву табиб,
Ранҷури ду оламам кун, Ту дармонам кун.
Шукронаи дарду ранҷи бахшидаи ту,
Вақти сакарот расид, осонам кун.
Дар гуфтани "Ло илоҳа..." пеши ду малак,
Дар хонаи охират гӯёям кун.
Дар олами фонӣ шукри ҳар бешу камат,
Дар рӯзи ҷазо лутф фаровонам кун.
 Ман бандаи осӣ-"Назри Оллоҳ"-и туям,
Ту дар роҳи ишқи пок қурбонам кун.

Комментариев нет:

Отправить комментарий