четверг, 28 ноября 2013 г.

Эй хоҳари ҷон


Гарра машав ба ҳусну ба ҷамол эй духтар,
Сайъ кун дар талаби илму камол эй духтар.
Заррае ақл агарат дар васати хеш бувад,
Беҳ, ки дар кунҷи лабат донаи хол эй духтар.


Аз гуноҳ дури бичӯй, гарчанде ҳасти хушрӯй,
Бо ашкҳои надомат, руйи зебоят бишӯй.
Илму ҳикмат биомӯз, фазлу шараф биандӯз,
То ки боши сарбаланд ҳам имрӯзу ҳам он рӯз.
Ризои Парвардигор, бошад бароят шиор,
Ҳам ризои Паёмбар, мақсади оли шумор.
Эй модари меҳрубон, эй хоҳари дилу ҷон,
Насиҳат гар пазири, доим боши дар амон.

Дилатро ба донишвари дор хуш,
Чу донисти он гаҳ дар кор куш.

Мактаб ба ту ёд медиҳад илму адаб,
Мактаб зи ту мебарад ғаму ранҷу тааб.
Як нуктаи мухтасар зи мактаб бигӯям,
Одам нашавад касе магар аз мактаб.
*
Эй хуш аз тан куч кардан, хона дар дар чон доштан,
Руй монанди пари аз халк пинхон доштан.
Дар хучуми турктозону камондорони ишк,
Синае омода бахри тирборон доштан.
Равшани додан дили торикро бо нури илм,
Дар дили шаб партави хуршеди рахшон доштан.

вторник, 26 ноября 2013 г.

Мунодии Шайтон

Мунодии Шайтон
Аз  ҳазрати Абӯамона (р.а)  ривоят  шудааст ,ки  Расулуллоҳ (Саллаллоҳу  ъалайҳи ва  салам)  фармуд:
Вақте  Шайтон  хост   бар  рӯи  замин  биёяд  ба Худованд  арз  намуд:
Эй  бори Илоҳо , ту  маро  ба  сӯй  замин  мефиристонӣ  маро  рондаи  даргоҳат  менамоӣ, барои ман  маношоҳе муқаррар  бифармо.
Худованд   фармуд:
Манзили ту  ҳаммом  мебошад.
Шайтон  гуфт:
Барои ман  нишастангоҳе   муайян  бифармо.
Худованд  фармуд:
Бозорҳо  ва  роҳҳо  нишастагоҳҳои ту  мебошанд.
Шайтон  гуфт:
Парвардигоро  тартиби ғизояиро  ҳам  бидеҳ.
Худованд  фармуд:
Ғизоят  ҳарон  чизе  аст , ки  номи  Худо   бар  он  гирифта нашавад.
Шайтон гуфт:
Бароям  нӯшидание  ҳам муқарра  кун.
Худованд  фармуд:
Ҳар  чизи  нашъаовар  нӯшидании ту  мебошад.
Шайтон  гуфт:
Бароям  василае  муқаррар кун  то мардумро ба  сӯйам даъват   намоям.
Худованд  фармуд:
Мусиқӣ  ва  асабони  он  мунодиёни  ту  ҳастанд.
Шайтон  гуфт:
Бароям  чизе  муқаррар  кун  ,то  бор  бор  хонда шавад.
Худованд  фармуд:
Шеърҳои  зишт  Қуръони ту  мебошанд.
Шайтон гуфт:
Тавони   навиштани  чизе  иноят  фармо.
Худованд  фармуд:
Нишон  дуруст  кардан  бар  рӯй   ҷисм  навиштани  ту  мебошад, яъне  он  расмҳое ,ки  бар пӯсти  бадани  худ  нақш  мекунанд.
Шайтон  гуфт:
Парвардигоро, бароям  сухан  ҳам муқаррар  фармо.
Худованд  фармуд:
Дуруғ  гуфтан  каломи ту мебошад.
Шайтон  гуфт:
Бароям  доме  дуруст кун.
Худованд  фармуд:

Занон  доми  ту  ҳастанд.

Ҳикояҳо

Се дӯсти  инсон
Илму  сарват  ва  иззат  се  дӯст буданд  ва  замаоне  ба  ҳам  дар мунозира  шуданд. Илм  гуфт:
-Маро  дар  синфхонаҳои  дарсӣ  ҷустуҷӯ  мекунанад.
Саравт  гуфт:
-Маро  дар  иморатҳову  қасрҳои  амирону  подшоҳон  метавон  ҷустуҷӯ  намуд.
Иззат  хомӯш  гашт. Илму  сарват   ба  иззат  гӯфтанд:
-Чаро   хомӯш  гаштӣ?
Иззат  бо  оҳе  сард  гуфт:

-Ҳар  гоҳ  ман  аз  касе  рӯй  гардонидам, дубора  ба  сӯяш  бознамегардам  ва  дигарбора  ба  даст оварда  нахоҳам  шуд.

Ақсоми  чаҳоргонаи дил.
Дар “Муснад”-и  Имом  Аҳмад  омадааст,ки  Расулуллоҳ  (Саллаллоҳу  ъалайҳи ва  салам)  фармуд:Дил  ба  чаҳор  қисм  мебошад:
1.     Диле,ки  монанди  чороғи  равшан  дурахшанда  мебошад.
2.     Диле,ки ғилофаш  олуда  мебошад.
3.     Диле,ки оғуштаву  омехта  мебошад.
Аввалин  дил ,дили   мӯъмин  аст ,ки  ба  таври комил  дурахшон мебошад.
Дуввумин  дил  дили  кофир  аст ,ки  бар  он  ғилоф  афканда  шудааст.
Саввумин  дил  дили  мунофиқе  аст ,ки  медонад  ва инкор  мекунад.
Чаҳорумин  дил, дили  мунофиқе  аст ,ки  омехта  ба имону  куфр  аст.
Мисоли Имон  монанди  сабза  аст ,ки  дар  об  мезабзад  ва  мисоли  нифоқ  монанди  обила  аст ,ки  пур  аз  чирк  мебошад.

среда, 20 ноября 2013 г.

СОҲИБИ ИМОНАМ КУН

СОҲИБИ ИМОНАМ КУН!
Эй бор Худо соҳиби имонам кун,
Хонандаву донандаи Қуръонам кун.
Гар хондани Қуръон муяссар нашавад,
Аз ҷумлаи мардуми намозхонам кун.
Ормониям аз зиёрати хонаи ту,
Ҳоҷии дари дили ятимонам кун.
Тавфиқ бидеҳ ба ин дили саркаши ман,
Озод зи банди макри шайтонам кун.
 Навмед наям зи боргоҳи каромат,
Бахшидани ҳар гуноҳ арзонам кун.
Аллоҳ Ту акбари ва Раҳмону Раҳим,
Раҳме ба мани ғофили нодонам кун.
Бар ҷумлаи бандагон ҳабибиву табиб,
Ранҷури ду оламам кун, Ту дармонам кун.
Шукронаи дарду ранҷи бахшидаи ту,
Вақти сакарот расид, осонам кун.
Дар гуфтани "Ло илоҳа..." пеши ду малак,
Дар хонаи охират гӯёям кун.
Дар олами фонӣ шукри ҳар бешу камат,
Дар рӯзи ҷазо лутф фаровонам кун.
 Ман бандаи осӣ-"Назри Оллоҳ"-и туям,
Ту дар роҳи ишқи пок қурбонам кун.