понедельник, 11 февраля 2013 г.

Муҳаббати Худову Расулаш ин неъмати бузург аст.



Дили ман волаву Шайдои Муҳаммад бошад, 
Сари ман хоки қадамҳои Муҳаммад бошад. 
Ин тани хокии ман бе рухи ӯ зинда мабод, 
Ҷон фидои қаду болои Муҳаммад бошад. 
Ҷибриил буд, ки ӯ сидранишини малакут, 
Дар фироқи рухи зебои Муҳаммад бошад. 
Маҳу хуршед ба хоки дари ӯ саҷда баранд, 
Аршу Курсӣ ба таманнои Муҳаммад бошад 
Рӯзи маҳшар ба шафоат чу барад дасти дуо, 
Ҳама олам ба тамошои Муҳаммад бошад. 
Ҷазбиё, халқи ҷаҳонро ҳама дар рӯзи ҷазо, 
Чашм бар ҳиммати аълои Муҳаммад бошад 




Ҷон бод фидои қаду болои Муҳаммад,
Бо гесӯи мушкини сумансои Муҳаммад.
Ҷибрил ҷилавдори Буроқаш шаби меъроҷ,
Ҳӯрон сафи дар саф ба тамошои Муҳаммад.
Арш аст сарафроз зи ташрифи қудумаш,
Курсист ба болиш зи таманнои Муҳаммад.
Хуршед гирифт хӯшае аз хирмани ҳуснаш,
Маҳ рӯйканон бӯса зад аз пои Муҳаммад.
Ташрифи заминаш ҳамаро вола намуда,
Ташрифи само ҷумла ба ғавғои Муҳаммад.
Шуд гулшани олам зи туфайли гули рӯяш,
Аз шавқ ҳама булбули гӯёи Муҳаммад.
Омад ба қадаш хилъати лавлок мувофиқ,
Тоҷе ба сараш қавси "авадно"-и Муҳаммад.
То-ҳо лақабаш, васфи қабояш ба Музаммил,
Баҳри зафари хасм "фатаҳно"-и Муҳаммад.
Фардо, ки кунад ҷилва ба бозори қиёмат,
Маҳшар шавад он рӯз ба тамошои Муҳаммад.
Аз баҳри шафоъат ба ҳама уммати осӣ,
Бандад камари ҳиммату аъло Муҳаммад.
Хоки қудумаш сурма ба чашмони Ҷунунӣ,
К-ӯ ҳаст ба ҷон волаву шайдои Муҳаммад.
(Саллаллоҳу алайҳи васаллам) 

Ҳарчи доранд ин ҷамоат аз дуои модар аст.

Модар- сарчашмаи хушкнашавандаи инсоният маҳсуб меёбад. Чӣ калимаи зебову пурмаъноест, Модар! Бо овардани ин калима ба забон дар дили кас меҳру муҳаббати зиёде пайдо мешавад. Модар мӯъҷизаи офаридаи Худои муттаъол аст.
Аз ин рӯ мо фарзандон, модарони худро чун гавҳараки чашм бояд азиз донем. Зеро, ки модар барои фарзанд аз ҳама чизи нодиртарин ва муқаддастарин ба ҳисоб меравад. Бале, модарон сарчашмаи ҳаётанд, ки чун чароғ хонадони ҳар яки моро равшан месозанд. Ва онҳо мехоҳанд, ки фарзандонашон номбардори миллату ватан бошанд. Чун кабутарон дар осмони софу беғубор болу пар зада, ба қуллаҳои баланди умеду орзуҳои худ бирасанд. Аз ин хотир модарон дар ғами мо мӯи сари хеш сафед менамоянд.
                                                     Аё модар дилу ҷонам фидоят
Ҳамехоҳам бибӯсам хоки поят.

Заминро саҷдаҳо баҳри ту созам,

Ки шояд ман бигирам як дуоят.
Маҳз дуои модар дили моро чун чароғ равшан мекунад. Ва хушбахтии фарзанд ин хушбахтии модар аст. Ҳамаи он коре, ки бо дуои модар оғоз мекунем, бо файзу бо баракат хоҳад шуд. Зеро дуои модарон роҳнамои ҳаётамон аст. Аз ин хотир мо фарзандон бояд, бо кадри шири покаш, бо қадри дили бузургаш бирасему дасташ гирем ва ҳамеша аз ҳолу аҳволаш воқиф бошем. Сари таъзим наздаш фуруд оварем.
Биҳишт, ки ризои модарон аст, дар зери қудуми Модарон аст. Бале Модар қиматарин неъмати дунё, сарчашмаи муҳабати беканор, химматбаландтарин шакхси башар аст. Канори модар худ мақсади аввалини ҳаёти мост. Мисли оғӯши модар биҳиштосо макони дигаре нест. Модар мисли замин танҳо ва яктост. Модар дар ҳама ҳолат чӣ ҳозиру чӣ ғоиб пайваста дар ёди фарзанд ҳаст. Аз даст рафтани Модар барои фарзанд фоҷеаи хело гарон аст;Оре, давлати фарзандон модар аст. Зиндагӣ худ шеър аст, ки бо аллаи модар ибтидо гирифта, бо номи он хотима меёбад. Ҳар фарзанде,ки қимати модарро донад бо дуояш хушбахту шӯҳратёр мегардад.
Паёмбар дар ҷои дигар фармуда: «Хушнудии Худо дар хушнудии падару модар аст ва хашми Худо дар хашми падару модар аст». Дар ин маъно шоире фармуда:
Ҷаннат, ки ризои модарон аст,
Дар таҳти қудуми модарон аст.
Хоҳӣ, ки ризои мо биёбӣ,
Он кун ки ризои модарон аст.

Ҷаннат талабӣ, талаб ризои модарон,
Мекун ту тавоф хоки пои падарат.
Аз амри Худо муайяд аст амри падар,
Хушнудии ҳақ аст ризои падарат.





четверг, 31 января 2013 г.

ИШҚ ВА ДИН

Ишқ эҳсоси хуши рӯҳу тану ҷони инсонӣ аст, ки ҳадяи худовандиаш мехонанд. Инсонро вақте ошиқ мешуморанд, ки касеро дӯст медорад. Агар касеро дӯст бидорӣ, барояш тамоми хушиву хушбахтиҳои дунёро орзу мекунӣ. Барои молик шудан ба хурсандиву хушбахтиҳои вай ҳама чиз, ҳатто ҷону ҳаёти хешро қурбон кардан мехоҳӣ. Пас, Худованд ишқи якеро ба қалби дигаре чун василаи муҳаббат, дӯстдорӣ, эҳдои хушбахтӣ ва кулли накӯии олам ҷо мекунад. Оё метавон касеро дӯст надошта ба вай эътимод ва чизеро дӯст надош­та ба он эътиқод кард?
 Дар кулли адёни олам ишқ-дӯст доштан, хоса дар оиладорӣ аз ҳадяҳои худовандӣ ва бахти инсонҳо шумурда мешавад. Дар ҳама каломи худовандӣ таблиғи муҳаббат ба Парвардигор ва ишқи инсонҳо ба ҳамдигар дар мисоли эҳтироми калонсолон, гирифтани дасти уфтодагон, сила кардани сари ятимон, хайру сахо кардан ба камбизоатон, ҳолпурсии беморон, иззати меҳмон, арҷи мусофирон, накӯӣ ба атфол, посдории рӯҳи гузаштагон, ҳурмати устод, қиблагоҳии волидон ва ҳатто садақа ба гадоён ҳамчун амалҳои савоб маҳсуб гашта, хилофи ҳар амале бар ин фармудаҳо гуноҳ шумурда мешавад, ки ҳамаи онҳо сарчашма аз ишқ, муҳаббату меҳрубонӣ ба инсон мегиранд.
Дини мубини Ислом ҳатто никоҳи зану мардеро. ки ҳамдигарро намехоҳанд (яъне дӯст намедоранд, бар ин никоҳ розӣ нестанд) дуруст намешуморад. Пас ин воизон ин қадар сахтиҳову бадбиниҳо ва зулму носипосиро нисбати занон (ба ҳеҷ ваҷҳ ман наметавонам бовар кунам. ки фармудаи динӣ ҳастанд) аз куҷо меоранд? Ва гузашта аз он, чаро ба омма чун фармудаҳои шариат талқин мекунанд?
Аз ин рӯ, инсонҳоро нахуст савод, ақл ва шинохту идроки мантиқӣ мебояд. Ва агар ин ҳамаро надоранд, ақаллан бояд аз касе бипурсанд, ки ин «фармуда» дар кадом ояти Қуръон аст? Азбаски «Каломи шариф» ба хати кириллӣ қариб дар ҳар як хонадон дарёфт мегардад ва тафсирҳои хубе ҳам рӯйи кор меоянд, метавон роҳат ба суоли хеш посух ёфт. Дигар мо дар он замони ҷаҳолате нестем, ки ду- се «чашми хатдор» рӯшангари роҳамон бошад. Шукр, ки босаводии саросарӣ дорем.
Дини мо ҳеҷ гоҳе хилофи ишқу дӯстдорӣ, эҳтирому муҳаббат миёни инсонҳо, хоса зану шавҳар нест. Беҳтар аст, ки Исломи ҳақиқиро худ биомӯзем, то як нафаре натавонад бо ваъзи «талхакафкунанда»-и хеш ҳаёти моро ба ҷаҳаннам бадал созаду ба ҷои дӯст доштану бо муҳаббат зистан тарс, даҳшат, зулм бар занону духтарон ва поймол кардани ҳақи онҳоро бароямон тарғиб кунад.
Ишқ ҳадяи илоҳист, ҳамдигарро дӯст доред ва бидонед, ки ҳатто муносибати мо ба Худованд ва дин ҳам бояд дар асоси муҳаббат бошад, на тарс!

среда, 30 января 2013 г.

Эй Худои хубу дӯстдоштанӣ! Эй Худое, ки ҳама чизро офаридӣ! Эй Худое, ки ҳама чизро
мебинӣ, медонӣ, мешунавӣ ва мефаҳмӣ! Эй Худое, ки ҳамаро дӯст медорӣ!                           Танхо ХУДО фарёдраси касе хаст,ки гарки гаму андух гаштааст.Пас шукргузори кун ва
сипос  гуй ХУДОЕРО,ки дидори мулокот ва хисобу китобашро якин
дори.Хушо ба холи касе,ки  ба ягонагии ХУДОВАНДИ тавоно,фариштагону паёмбарон,китобхои осмони, такдиру худованди, ба зинда гардонидани
баъд аз миронидан, неъмату азоби кабр ва рузи махшару хисобу китоби
 илохи бовар дорад ва худро барои он рузи пурдахшат омода сохтааст.
 Хар,ки омад ба чахон ахли фано хохад буд, Он,ки пояндаву бокист ХУДО хохад буд.

Худоҷӯён саропо нури нуранд,
Ки дур аз лағву Ҳақро дар ҳузуранд.
Касоне аҳли имонанду мӯъмин,
Ки аз беҳуда гуфтан дури дуранд.

Ҳар лаҳзаи умри мо ҳисоб хоҳад кард,
Аз некию бадии мо як китоб хоҳад кард,
Вақто ба рӯзи охир хонанд онро,
Бар ҳар як гуноҳи мо азоб хоҳад дод!
Бе хайру саховати дунё парво накунӣ,
Як бор намози худ бар по накунӣ,
Дар рӯзи ҳисоб назди холиқи ҷаҳон,
Шарманда зи халқи ҷаҳон парво накунӣ!

Гуфтам: Худоё дилгирам! Гуфт: хатто аз ман?
Гуфтам: Худоё диламро рабуданд! Гуфт: пеш аз ман?
Гуфтам: Худоё чикадар дури! Гуфт: ту ё ман?
Гуфтам: Худоё танхотаринам! Гуфт: пас ман?
Гуфтам: Худоё ёри хостам! Гуфт: аз гайри ман?
Гуфтам: Худоё дустат дорам! Гуфт: беш аз ман?




Хохари муъмин ва мусалмон! Занони сабур ва шуҷоъи кишварам!


Эй мусалмонон надонам то чи даврон омадаст, 
Ин чи бедорию бадбахти ба халкон омадаст. 
Ин чи бедорию бадбахти дар олам,ки муставхи шудаст, 
Аз барои чабру зулму бори исён омадаст. 
Авратон бешарм гашта кудакон пас беадаб, 
Лофу кизбу бехаёи бенамози кори эшон омадаст. 
Илмро кадре намонда олимонро хурмате, 
Вакти танбуру рубобу ною анбон омадаст.a 
Олиме аз дар дарояад бо хазорон илму фазл, 
Тахнахо созанд ки муфлис аз пайи нон омадаст. 
Золиме аз дар дарояад бо хазорон чабру зулм, 
Хона орояанд,ки у аз пеши султон омадаст. 
Дар замонаш неъмату мурги кабоб оранду пеш, 
Ки фалон ибни фалон имруз мехмон омадаст. 
Олимонро хор доранд золимонро бас азиз, 
Лочарам бар халк мехнат хамчу борон омадаст. 
Ту Саноиро биомурз эй Карим аз фазли хеш, 
З-он ки ин дунё бар у Валлохи зиндон омадаст. (Cанои)

среда, 7 ноября 2012 г.

Мусулмонӣ ду чиз асту бас


Худованди Карим, ки олими ҳақиқист, аввалин илмеро, ки барои банда лозиму зарурӣ донистааст, илми имон аст. Ҳеҷ амали банда бе имон қабул намешавад. Дар мазҳаби Имоми Аъзам раҳматуллоҳи алайҳ имон иқрор кардан аст бар забон ва тасдиқ кардан аст ба дил, ки Худованд яккаву ягона асту Муҳаммад салаллоҳу алайҳи ва саллам Пайғамбари Ӯст. Аз ин рӯ, таи 13 соли аввали пайғамбарии ҳазрати Муҳаммад (саллаллоху алайхи вассалам) асосан оятҳои тавҳидӣ нозил шуд ва аз аҳкоми имон танҳо намозро ба саҳобагон баён кардаанд. Ибни Аббос (р) мефармояд: “Моён аввал имон омӯхтем, баъд Қуръон”. Саҳобагон аз муаллиме дарси имон гирифтанд, ки устодаш Худованди Карим буд.

Нақл аст, ки дар замони Мӯсо алайҳиссалом шахси бадкоре вафот кард, ки ҳеҷ кас барои адои ҷанозааш омода набуд. Худованд ба Мӯсо (а) ваҳӣ фиристод, ки ҷанозаи онро бихон. Мӯсо (а) бо амри Парвардигор намози ҷанозаи он мардро хонда, сипас ба даргоҳи илоҳӣ муноҷот кард: “Ҳикмати авф кардани ин бадкор дар чӣ буд?”.
Худованд Ҷалла ҷаллалоҳу фармуд: “Ин банда боре дар “Таврот” номи ҳабиби ман Муҳаммад (саллаллоху алайхи вассалам)-ро хонда, ба ӯ дуруд гуфт. Ман аз баракати номи ҳабибам ӯро авф кардам”.
Чандин паёмбарон, ки номи ҳазрати Муҳаммад (саллаллоху алайхи вассалам)-ро дар китобҳои худ хонда, аз мақоми он ҳазрат (саллаллоху алайхи вассалам) бохабар шуданд, дуо карданд, ки “Худоё, моро аз уммати Муҳаммад (саллаллоху алайхи вассалам) бигардон!”.
Худованд мақоми шафоатро дар байни ҳамаи анбиё ба ҳазрати Муҳаммад (саллаллоху алайхи вассалам) ато кардааст. Аммо касе аз шафоати Пайғамбар (саллаллоху алайхи вассалам) бонасиб шуда метавонад, ки дар дунё ба суннат (равиш)- он ҳазрат (саллаллоху алайхи вассалам) зиндагӣ карда бошад. Дар бораи равиши зиндагии худ Расули Худо (саллаллоху алайхи вассалам) фармудаанд: “Маърифат сармояи ман, ақл асли дини ман, муҳаббат асоси ман, шавқу алоқа маркаби ман, зикри Худои Меҳрубон аниси ман, ҳилм (мулоиматӣ) силоҳи ман, сабр чодари ман, зуҳд (тақводорӣ) пешаи ман, ризо ба қазову қадар сарвати ман, яқин қуввату нерӯи ман, ростӣ шафеъи ман, тоат маҳбуби ман, ҷиҳоди нафс ахлоқи ман, намоз нури дидагони ман аст”.
Баъд аз имон ба Худову Расул ҳар мӯъминро лозим аст, ки намозҳоро дар вақташ адо карда, ҳуқуқи дигаронро риоя намоянд. Яъне эҳтироми падару модар, хешовандон, ҳамсоягон, ятимонро ба ҷо ораду ҳаққи касеро поймол насозад. Агар банда ҳаққи касеро бихӯрад, ё дар ҳаққи нафаре хиёнат кунад, то ӯ (ҷабрдида) набахшад, аз азоб халос намешавад. Ноҳақ хӯрдани моли мардум ва озори кас дар дини ислом аз бузургтарин гуноҳон ба шумор мераванд:

Мусулмонӣ ду чиз асту бас,
Махӯр моли мардум, маёзор кас.

Худованди Мутаъол моро аз айбҷӯӣ, баёни нуқсон, таъна ва эрод гирифтан ба дигарон, ки боиси ҳиҷолат мешавад, манъ кардааст.Зеро чунин рафтор кинаву адоват бор меорад. Касоне, ки аз таҳқиру истеҳзо ва лақаби бад додан ба дигарон дурӣ намеҷӯянд, ба нафси худ зулм мекунанд. Агар инсон дар вақти ғазаб худро идора карда тавонад, аз озори дигарон худдорӣ хоҳад кард. Ҳазрати Муҳаммад (саллаллоху алайхи вассалам) дар ин хусус фармудаанд: “Паҳлавон касе нест, ки дар гӯштӣ ва зӯрозмоӣ неруманд бошад, балки касест, ки ҳангоми хашм бар нафси худ ғолиб ояд”.
Бинобар ин касоне, ки худро ба ахлоқи ҳамида оростан мехоҳанд, бояд худро ба бурдборӣ ва сабру таҳаммул одат кунонанд. Вақте инсон худро аз хашму ғазаб ва озори дигарон боздошт, аз мушкилоти фаровони дунёву охират эмин мемонад.

воскресенье, 28 октября 2012 г.

Оё ҳиҷоб монеъе дар тараққӣ ва пешрафт аст ё на?


Ба номи худованди бахшанда ва меҳрубон

Барои ин, ки ҷавоби ин суолро даёфта бошем, ки оё ҳиҷоб монеъи пешрафти як кишвар аст ё на? Аввал бояд донист, ки ҳиҷоб чист? Зеро бидуни донистани он наметавонем аҳдоф, манофеъ ва азрори онро бифаҳмем. Баъд аз фаҳмидани он бояд тасмим бигирем, ки кадом тараққиро мо мехоҳем ба даст биёрем, чун бидуни маълум кардани ин нуқта наметвонем бифаҳмем, ки Оё ҳиҷоб монеъе дар тараққӣ ва пешрафт аст ё на?
Ҳиҷоб дар асл калимаи Арабӣ буда, дар форсӣ ба маънои парда ҳам метавонем бигӯем. Ин калима дар Қуръони Карим, дар ҷое зикр шудааст, ки дар он Худованд аз рафтан бо хонаи Паёмбар (дуруди Худо бар ӯ бод) бидуни сабаб наҳй карда ва дастӯр додааст, ки агар аз занҳои хона чизе дархост шавад, онро аз пушти парда дархост намоянд.
Аҳкоми ҳиҷоб аз ҳамин ҷо оғоз гардид ва ҳар он чӣ аз аҳкоми ҳиҷоб баъд аз он нозил шуд, маҷмӯъи онро "ҳиҷоб" номиданд.
Аҳкоми ҳиҷоб дар сураи Нур ва Аҳзоб бо ҳама тафсилоташ мавҷуд аст. Ба воситаи аҳкоми "хиҷоб" ба занон амр шудааст, ки дар хонаҳои худ бо виқор бишинанд, ва монанди занони замони ҷоҳилият ҳусну ороиши худро ба намоиш нагузоранд. Агар барои зарурате берун баромаданд, чодареро бар худ кунанд ва зеваре, ки аз он овоз мебарояд напушанд. Дар дохили хона низ байни мардони маҳрам ва номаҳрам фарқ гузоранд ва аз мардони маҳрам, ходимони хона ва заноне, ки бо онҳо нишасту бархез мекунанд, бо зиннит ва ороиш намоён нашаванд.
Баъд занонро ҳидоят мекунад, то дар муқобили мардони маҳрам, низ чодаро бар гиребон ва сина бор кунанд ва ҷойҳои сатри бадани хешро бипушонанд. Ба мардони хона низ ҳидоят намудааст, ки агар назди хоҳарон ва модарони хеш мераванд, бояд иҷозат бигиранд (дарро кубанд), то мабодо нигоҳи онҳо бо ҳолате афтад, ки ҷое аз бадани хоҳарон ва модарон бараҳна бошад.
Ин аҳкомест, ки дар Қуръон зикр шудааст ва номи онро "аҳкоми ҳиҷоб" гузоштаанд. Паёмбари Худо(с), дар шарҳи ин аҳком фармудаанд, ки сатри занҳо ғайр аз рӯй, дастҳо то банди даст ва поҳо то буҷулак,  ҳама ҷисми онҳо аврат мебошанд ва бояд онро аз ҳама пушонанд, ҳатто аз падар ва бародарони хеш.
Ҳамчунон занҳо набояд чунон либоси нозук пушанд, ки хатҳои ҷисми онҳо намоён шавад. Ва ҳамчунии Паёмбари Худо(с) танҳо мондани занҳоро бо мардони номаҳрам манъ кардаанд ва ҳамчунин истеъмоли хушбуйиро барои занҳо дар беруни хона манъ кардааст.
Дар масҷид Паёмбари Худо(с) барои занҳо ҷойи ҷудогонае таъйин менамуд, ва иҷоза намедод то зану мард шона ба шона дар як саф намоз гузоранд ва мардон баъди намоз дар масҷид боқӣ мемонданд, то ки занҳо аз масҷид хориҷ намешуданд.
Инҳо аҳкоме ҳастанд, ки дар сураи Нур ва Аҳзоб ва кутуби аҳодис зикр шудаанд.
Он чӣ, ки мо имрӯз ҳиҷоб меномем, агар чӣ дар амалӣ кардани он дар ифроту тафрит воқеъ шудаем, вале усул ва қавоъиди он дар садри Ислом аз ҷониби Паёмбари Худо(с) дар Мадинаи Мунаввара нофиз шуда буд.
Агар чӣ банд намудани даҳони касе аз номи Худо ва Расулаш дуруст нест, аммо бояд ба сароҳат гуфт, ки баланд намудани ин шиор ки, "ҳиҷоб монеъи пешрафти мост", нишонаи намоёне аз зеҳнияти дуҷониба ва дугонаи мост ва беҳтараст бигӯем, ки ҳадафи аслии ин гуна шиъорҳо, нишонае аз беэътимодии мо  ба зоти Худованд ва Паёмбараш(с) аст. Ва мафҳуми ин гуна шиъорҳо инаст, ки гуё Худованд ва Паёмбараш дар роҳи пешрафт ва тараққии мо, монеъа эҷод намудаанд.
Агар мо чунин фикр мекунем, пас чаро ҷабран худро мусалмон нишон медиҳем, ва чаро аз пазируфтани дини Худо ва Паёмбараш инкор намеварзем, ки бар мо (ба Худо паноҳ мебарам) чунин зулмеро раво доштаанд?.
Ва аз ин савол наметавонем бо ин ҷавоби саросарӣ бигзарем, ки Худо ва Расулаш(с) моро ба риъоят намудани ҳиҷоб амр нанамуданд. Чунон чӣ дар боло зикр шуд, ки ҳиҷоб чист? Чӣ маъно дорад? Ва ҳар касе бихоҳад метавонад аҳкоми тафсилии ҳиҷобро дар сураҳои Қуръони Карим ва кутуби суннат дарёфт кунад ва агар касе аз саҳеҳ будани аҳодис мункир бошад, боз ҳам аҳкоми возеҳи Қуръони Каримро чӣ тавр метавонад инкор кунад?.
Агар аҳкоми ҳиҷобро, ки Ислом моро ба риъояи он амр кардааст, бо диққат мутолиъа кунем, се ҳадафи бузурги онро метавонем бифаҳмем:
1. То аз ахлоқи марду зан ҳифозат шавад, ва дарвозаи ҳама он харобиҳое, ки дар натиҷаи равобити озодона байни марду зан падид меояд, баста шавад.
2. То маҳдудаи кори зану мард аз ҳам ҷудо гардида ва ба ин тартиб вазифаеро, ки фитрат барои зан супурдааст бо сукун ва оромиш анҷом диҳад, ва корҳое ки мард ба анҷоми он муваззаф шудааст, ба итминон ба ҷо расонад.
3. То низоми хона ва хонаводагӣ, қавӣ ва маҳфуз бимонад, ки аҳамияти он камтар аз дигар низомҳои зиндагӣ нест, балки бештар ҳам ҳаст. Ононе ки низоми зиндагӣ ва хонаводаро бидуни ҳиҷоб сохтанианд, дар ҳақиқат занро ғулом сохта ва ӯро аз ҳама ҳуқуқаш маҳрум намудаанд. Ва онҳое, ки бо додани ҳуқуқи занон, онҳоро аз ҳиҷоб манъ кардаанд, низоми хонавода ва зиндагии онҳо фурӯ пошидааст ва рӯз ба рӯз пошидатар мегардад.
Дар ҳоле, ки Ислом аз як сӯ тамоми хуқуқи занро барояш медиҳад, ҳамзамон бо он, низоми хонавода ва зиндагиро низ мехоҳад маҳфуз нигоҳ дорад.  Ва ин ҳадаф ба даст намеояд то замоне, ки аҳкоми ҳиҷоб ҳифз нашавад.
Биёед бо оромӣ ва хунсардӣ ба аҳдоф ва мақосиде фикр кунем, ки Ислом аз тариқи риъояти ҳиҷоб, мехоҳад ба даст биёрад.
Агар ахлоқ назди касе арзиш дошта бошад, пас бояд диққат намояд, ки дар ҷомеъаи мухталат вақте занон баъд аз он, ки худро меороянд ва озодона гашту гузор мекунанд ва дар ҳар бахш коре дар зиндагӣ дар канори мардон иҷро мекунанд, дар он ҷо чӣ гуна метавон аз фосид шудани ахлоқ ҷалавгирӣ кард?
Чунон чӣ мо дар кишварҳои худ мушоҳида мекунем, ки ба ҳар андозае, ки системи мухталат афзоиш меёбад, бо ҳамон андоза ҷароими чинсӣ афзуда мешавад, ва ин гуфта ки сабаби аслии ҳама ин харобӣ ва мафосид, парда ва ҳиҷоб аст ва агар парда набошад, дилҳои мардон аз занон сер хоҳад шуд, тамоман ғалат аст.
Чунон чӣ дар кишварҳое, ки беҳиҷобӣ ва озодии комил ҳукмфармост, низ дили мардум сер нашудаст, ва хостаҳои ҳавасолуди онҳо корро ба сари манзили бараҳнагии комил расонид ва то ҳол аз иҷозатномаи бараҳнагии комил дили онҳо сер намегардад, ҳамон гуна ки мушоҳида мекунем, ҷароим зиннати рузномаву маҷалоти Амрикову Англистон ва соири кишварҳо мегардад.
Оё ин гуна ҳолат қобили қабул ва итминон аст?
Ин мавзӯъ танҳо мазӯъи ахлоқ нест, балки мавзӯъи фарҳанг ва анъанаи мост. Ба ҳамон андоза, ки ҷомеъаҳои мухталат афзоиш меёбанд, масрафҳои ороиш ва либоси хонумҳо ҳам бо ҳамон андоза афзоиш пайдо мекунад ва он гоҳ даромади андаки хонаводаҳо барои масраф нокофӣ гардида дар натиҷа ришвархурӣ, ихтилос ва соири ҳаромхуриҳо афзоиш меёбанд, ва ҳамин ҳаромхуриҳо боъис шуда, то ҳеҷ қонуне дар кишварҳо ва ҷомеъаҳо ба таври дуруст нофиз ва татбиқ намегардад.
Ва ҳамчунон ин нуқта ҳам қобили таваҷҷӯҳ аст, ки касе дар мавриди хостаҳои худ бо назм ва тартибот одат надошта бошад, чӣ гуна метавонад дар дигар муъомалот побанди назм бошад.
Агар дар зиндагии хонаводагии худ вафодор набошад, чӣ гуна метавон аз вай тавақуъ дошт, ки дар масоили миллӣ ва кишварӣ вафодор хохад буд?
Ҷудо намудани доираҳои кории марду зан ба зоти худ, аз муқтазаёти фитрат аст. Вакте  фитрат вазифаи модарӣ ва модаршуданро бо зан супурдааст, ба хубӣ возеҳ сохтааст ки ҷои аслии вазифаи хонум дар куҷост. Ва ҳангоме, ки вазифаи падарӣ ва падар будан ба мард супурда шудааст, худ возеҳ аст, ки барои чӣ коре уро аз бори сангини модар будан фориғ сохтааст?
Худованд барои иҷрои ҳар ду қисм хадамот ва умур барои занон ва мардон аҷсоми ҷудогона ва мутафовит аз ҳамдигар ато намудааст ва барои ҳар ду низ дарҳои ҷудогона, сифоти ҷудогона додааст, ва ҳатто ҳолати равони ҳар дуро мутафовит халқ намудааст.
Касеро ки фитрат барои модар шудан паёдо намудааст, барояш сабр ва таҳаммул бахшидааст, дар хуй ва одоташ нарми офарида, дар вуҷудаш меҳри модариро ҷойгузин кардааст, ва агар ин чизҳо дар зан вуҷуд намедошт, имрӯз мо ва шумо дар ҳолати кунунӣ қарор намедоштем.
Касеро, ки барои ин кор гумошта шуда, барои корҳое ки дар он ба сахтхуйи ва сахтӣ зарурат аст, мувофиқ нест, ва ин гуна корҳо, ки дар он ба сахтмизоҷӣ зарурат аст, барои касе мувофиқ мебошад, ки барои модаршудан, офарида нашудааст ва ӯро аз масъулиятҳои бузурге озод нигаҳ доштаанд, ки барои модар шудан лозим аст ва агар касе мехоҳад ин тақсими фитратро аз байн барад, пас бояд файсала кунад, ки дигар дар рӯйи ҷаҳон зарурате барои модар вуҷуд надорад. Ва пас аз гузашти як муддате, насли инсон бидуни истеъмоди бомби атоми худ ба худ аз байн хоҳад рафт.
Вале агар тасмим надоред, ки модар шуданро дар рӯйи замин хотима бахшед ва тақсими фитратро ҳам дар мавриди вазоиф ва воҷиботи зану мард намепазиред, пас ин беинсофии бузург нисбати зан мебошад, ки ҳам вазифаи  бузурге, ки фитрат бар дӯши зан ниҳодааст, вазифае, ки мард ба андозаи як ангушт ҳам наметавонад бардорад ва ҳам дар корҳои сиёсат, тиҷорат, санъат ва ҷангуҷидол, шона ба шона бо мардон иҷро кунад.
Ҳоло биёед андаке бо зеҳни ором баяндешем. Ними қисмате аз хидмат ба инсоният онаст, ки ҳамаро ба таври комил зан анҷом медиҳад. Ҳеҷ марде ба андозаи зарра ҳам наметавонад дар бардошти он бор кумак намояд, ва ҳоло шумо тақозо доред, то аз нисфи боқимондаи он, ним ҳиссаашро зан анҷом диҳад, ба ин тартиб 3 бар 4 ҳиссаи масъулият бар дӯши занҳо гузошта шуд ва як аз чаҳор ҳисса бар дӯши мардҳо. Оё инсоф ҳамин аст?
Ва хонумҳо ҳам ин зулмро ба хуши қабул намудаанд ва ҳатто ба исрор ва пофишори ин масъулиятро бо дӯш мегиранд, ки ҷомеъа аз додани хайсият ва иззату обрӯ барои онҳо ба ҳайси як зан инкор намудааст.
Ҷомеъа имрӯз зани соҳиби авлодро мавриди масхара қарор дода ва зани хонашинро бехайсият мехонад.
Ҳамаи хидматхое, ки зан дар хона анҷом медиҳад, ба ҳеҷ ваҷҳ аз хадамоте, ки мард анҷом медиҳад, ҳамчун сиёсат, иқтисод ва ҷанг, камтар зарурӣ ё муфид нестанд.
Ислом занро он кадар мавриди иззиту эҳтиром қарор додааст, ки бо вуҷуди зан будан, ва ҳамроҳ бо анҷом додани хидматҳои занона, барояш ҳайсият ва мақоми баробар бо мард ато намудааст ва ҳатто дар мақоми модарӣ, мақоми болотар ва волотар  аз мард барояш додааст.
Ҳоло, ки ҷомеъаи имрӯз иддаъо дорад, ки хиҷоб монеъаи пешрафти ҷомеъа аст, ба ин маъно аст, ки аз зан тақозо дорад, ки ҳам модар бошад, ҳам қозӣ дар маҳкама ва ҳам аз тариқи рақс ва суруд барои тафреҳи мардҳо вақт бидиҳад ва ба ин гуна ҷомеъаи имрӯза он қадар бор бар шонаи зан мегузорад ки билахар тавоноии анҷом додани хеҷ гуна хидматеро надошта бошад.
Ҷомеъаи имрӯза тақозои анҷоми кореро аз зан дорад, ки ӯ барои он офарида нашудааст. Ва занро бо майдоне мекашонад, ки наметавонад дар онҷо бо мард муқобала кунад, ҷое ки мард аз ӯ пешҷадам хохад буд.
Дар ҷое, ки агар зан битавонад худро бо даст биёварад, танҳо дар ҳоли тараҳум бар зан будани ӯ хоҳад буд, ё ба ибораи дигар, зан аз дидгоҳи зан ҳақи худро танҳо аз роҳи "ҷамол" ва зебогӣ ба даст оварда метавонад, на аз тарики камол, чун аз дидгоӯи ҷомеъаи имрӯза, иҷрои ин корҳо барои пешрафти кишвар зарурӣ шумурда мешавад.
Хона ва хонаводае, ки ҷомеъаи имрӯз дар хушхолӣ, таракӣ ва пешрафт аҳамияти онро фаромӯш намудааст, дар ҳақиқат фабрикаест, ки инсон дар он сохта мешавад, ки бешак аҳамият ва зарурати он аз фабрикаҳои тавлидкунандаи тупу тонк ва туфанг камтар нест. Мувосафот, ҳолати равонӣ ва истеъдоде ки барои пешрафти умури ҷанин (фабрикаи инсонсозӣ) зарурат аст, талош, захматкашию сахткорӣ, ки барои пешрафти ин фабрика зарурат аст, фитрат пеш аз ҳама онро бар шонаҳои зан бор намудааст.
Кор барои анҷом додан дар ин навъ фабрикаҳо хело зиёд аст, ва агар касе бо эҳсоси масъулият ва он гуна, ки ҳаққи онаст, ин корҳоро бихоҳад анҷом дихад, шояд вақти сархоридан ҳам наёбад. Ва агар дар пешбурди ин гуна фабрикаҳои инсонсозӣ, ҳар қадар аз истеъдод ва салиқаву донишмандӣ кор гирифта шавад, ба ҳамон андоза инсоне дорои сифоти баланд дар он сохта мешавад ва барои ин кор зарурат аст то занро аз таълим ва тарбияи хуб ҳарчӣ бештар мустафид созем ва барои ин, ки умури ин гуна фабрикаҳои инсонсозӣ, бо сукуну итминон ва эътимод ба пеш бурда шавад, Ислом назм ва дисциплини хиҷобро нофиз сохтааст, то зан битавонад бо итминони хотир кори худро анҷом дихад ва таваҷҷуҳи вай ба самтҳои нодуруст равона нагардад ва мард ҳам бо итминони комил, ин бахши зиндагиро ба занон вогузорад. Вале ҷомеъа мехоҳад ин назм ва дисциплинро ба хотири пешрафт ва тараққии кишвар аз байн барад.
Аммо баъд аз хотимаи ин назм ва дисциплин, яке аз ин ду сурат ҳоким хоҳад шуд:
1. Ё бояд занро бо паёравӣ аз тамаддунҳои ҳиндӣ ва тамаддунҳои пешини масеҳият ва яҳудият ба шакли ғулом нигоҳ дорем, то низоми зиндагии хонаводагӣ аз ҳам напошадю
2. Ё бояд барои ин кор омодагӣ бигирем, ки фабрикаҳои инсонсозӣ аз байн рафта, фабрикаҳои тавлиди танку туп рушд ва инкишоф намояд.
Ба сароҳат бояд гуфт, ки имкон надорад, ки ҳамроҳ бо барқарор нигаҳ доштани ҳуқуқи комили қонунӣ ва иқтисодӣ, ки Ислом ба занон дода аст, касе дисциплин ва низоми нофизаи Исломро бишканад ва бо вуҷуди он низоми хонаводагии вай аз табоҳӣ ва барбодӣ наҷот ёбад.
Пас беҳтараст ҳар меъёре  аз "тараққӣ" ва "пешрафт"ро ки шумо дар зеҳни худ доред, бо дар назардошти он бияндешед, ки шумо чӣ чизро мехоҳед ба даст биёваред ва омодагии аз даст додани чӣ чизеро доред?!
Тараққӣ ва пешрафт, як калимаи бисёр васеъ ва бо мафҳуми бузург аст ва наметавон ба як мафҳуми воҳид ва ягона барои он иктифо кард.
Мусалмонон як замоне бар соҳаи васеъе аз замин аз халиҷи Бангол гирифта то баҳри Атлантик ҳукмронӣ доштанд. Ҳамчунон дар риштаҳои Улум ва Фалсафа, устоди ҷахон буданд. Дар бахши ахлоқ ва тамаддун, ҳеҷ қавме дар ҷаҳон наметавонист ба эшон баробар шавад, вале маълум нест, ки аз дидгоҳи кадом қомусе метавон ин ҳама пешрафтро "тараққӣ" номид ё на? Вале агар инро метавонем тараққӣ бигуем, пас ин пешрафт ва тараққӣ марбут ба ҷомеъаест, ки ҳиҷоб ва парда дар он ба сахтӣ роиҷ буд.
Тарихи ислом пӯр аз номӯои авлиёву мудаббирин, уламову ҳукамо, мусаннифину фотеҳини бузург аст, ва ҳатмист, ки ин гуна афроди азимушаън дар оғуши модарони ҷоҷил бузург нашудаанд. Ҳамчунон дар тарихи Ислом номҳои занони бисёр бузургворро дар меёбем. Ин идда хонумҳое буданд, ки дар илму фан ва адаб ба дарҷаи камол расида буданд, вале хиҷоб хеҷ гоҳе монеъи чунин пешрафти мусалмонон нагардида буд ва нахохад гашт.
Имрӯз ҳам агар мо бо ҳамон гуна тараққӣ ва пешрафт дилчаспӣ дошта бошем "ҳиҷоб" монеъи мо намегардад, вале агар мафҳум аз тараққӣ ва пешрафт дар назди мардум танҳо он навъе аз тараққӣ бошад, ки аҳли Ғарб ба он расидаанд, яқинан ки дар мавҷудияти ҳичоб, наметавонем ба он гуна тараққӣ даст ёбем, вале набояд фаромӯш кард, ки ҷаҳони Ғарб бо ба хатар андохтани низоми ахлоқӣ ва хонаводагии хеш, тавонистаанд ин пешрафт ва тараққиро ба даст биёваранд.
Тараққӣ ва пешрафти ғарб, занро аз маҳдудияти кории хеш ба ҳайси зан хориҷ намуда ва уро дохили маҳдудаи кории мард намудааст.
Ба ин гуна ҷомеъаи Ғарбӣ агар аз як тараф тавонист барои пешбурди умури дафотир ва корхонаҳои худ дасти дувум (тавоноии зан)ро дар ёбад ва ба зоҳир ба пешрафту тараққӣ ҳам ноил шавад, вале сукун ва роҳати хонаводагии худро аз даст дод. Агар имрӯз ҳам кадом манзиле дар ҷомеъаи ғарбӣ обод аст, танҳо аз баракати хонӯмҳои хона аст.
Хонӯмҳое, ки шона ба шона бо мардон кор мекунанд ва пӯл ба даст  меоваранд, дар хеҷ нуқтае аз дунё низоми хонаводагиро ба пеш намебаранд ва на ҳам метавонанд онро ба пеш бибаранд.
Издивоҷҳои ин табақа бо як талоқ хотима меёбад. Авлоди эшон табоҳ мешаванд. Ин табақа агар ҷоеро барои буду бош доранд, ё клуб аст  ё меҳмонхона. Хона ва манзил, дигар барои эшон ҷойи сукун ва оромиш нест, ва кори сохтори инсон хуб барои ҷойгузинии худро ин табақа, тарк намудаанд.
Ҳоло агар ба ин тараққӣ касе дилчаспӣ дошта бошад, метавонад дил бибозад.( Сайида Парвини Ризавӣ)